20.8 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 464

Пурра маблағгузорӣ нашудани сохторҳои ҳукумат

0

Дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ бахшҳои давлатӣ дар Тоҷикистон пурра маблағгузорӣ нашудаанд.

Ба ғайр аз бахши сӯзишворию энергетикӣ, то аввали моҳи июли соли ҷорӣ ягон бахши давлатӣ 100% маблағгузорӣ нашудааст. Танҳо бахши сӯзишворию энергетикӣ аз ҳисоби маблағи умумии дар буҷет пешбинишуда 100,8% маблағгузорӣ карда шуд.

Дар ин давра барои рушди бахши сӯзишворию энергетикӣ 1 миллиарду 946,3 миллион сомонӣ (171,9 миллион доллар) ҷудо шуда, қисми зиёди ин маблағ ба сохтмони НБО Роғун равона шудааст.

Фоизи бештари маблағгузорӣ дар бахшҳои дигар ба нақлиёт ва алоқа (82,1%) ва  суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (75,8%) рост меояд. Дигар соҳаҳо ба ҳисоби миёна 62% -и маблағи дар буҷет пешбинишударо гирифтаанд.

Бино бар иттилои Avesta.tj қисми даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 6,5% барзиёд иҷро шуда, зиёда аз 13,2 млрд ташкил додааст.

Маҷидов соҳиби медали нуқра шуд

0

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни калонсолон медали нуқра ба даст овард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа рӯзҳои 7-8 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия баргузор шуд.

Гуфта мешавад, Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар мусобиқа дар вазни то 90 кг рақобат мекунад, дар нахустин қувваозмоияш зодаи Тоҷикистон Ёқубҷон Назировро, ки Русияро намояндагӣ мекунад, шикаст дод.

Дар чорякфинал Маҷидов нисбат ба Эмил Қурбонови рус қавитар баромада, дар нимфинал бар варзишгари дигари Русия Адам Утиев ғалаба намуд.

Дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҷаҳонгир Маҷидов аз намояндаи Русия Мирзо Шикориев, ки зодаи Тоҷикистон аст шикаст хӯрд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ду паҳлавони дигари тоҷик – Алиҷон Сафаралиев ва Амирҷони Насимҷон ҷойҳои 7 -умро соҳиб шуданд. Дар маҷмӯъ, дар Ҷоми Аврупо дар Оренбург 197 варзишгар (130 мард ва 67 зан) аз 14 кишвар ширкат доштанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 8 гуштигир – Давлаталӣ Назаралиев, Алиҷон Сафаралиев, Маҳмудҷон Раҳимов, Ҳақназар Назаров, Хушвақт Идиев, Ҷаҳонгир Маҷидов, Амирҷони Насимҷон ва Абубакри Акобир намояндагӣ карданд.

Ихроҷи 12 иштирокчии задухӯрдҳои Маскав

0

Русия 12 нафар аз иштирокчиёни задухӯрди оммавии ахир дар Митиши Маскавро депорт кард.

Додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав дар бораи ихроҷи 12 муҳоҷири корӣ аз Русия, ки дар задухӯрди густурда ва тирандозӣ ширкат доштанд, ҳукм содир кард. Дар ин бора Суди шаҳри Митиши ба ТАСС хабар дод.

“Бо қарори суди Митишии вилояти Маскав Каримов Х., Дундиев Д., Кранов Э., Дундиев М., Юсупов Д., Самандари М., Ҳоҷимуродов Ю., Ядгоров С., Раҳмонов А., Қурбонов М., Ятимов Ш. ва Қурбонов К. тибқи моддаи 18.8 Кодекси маъмурии Федератсияи Русия (аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ вайрон кардани низоми будубош дар Федератсияи Русия) гунаҳкор дониста шуданд. Ба Онҳо ба маблағи 6 ҳазор рубл ҷаримаи маъмурӣ ва ихроҷ аз Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст. Онҳо пас аз ҳодиса боздошт шудаанд” – омдааст дар қарори Суди Митиши.

Гуфта мешавад, Суди шаҳри Митиши тасдиқ кард, ки 12 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати шахсони дар боло зикршуда тафтиш кардаанд. Аммо дар бораи натиҷа ва ҷузъиёти он чизе гуфта намешавад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 6-август як гурӯҳ муҳоҷирон бо теъдоди 40-60 нафар дар кучаи Пограничнии шаҳри Митишии Маскав бо ҳам занозанӣ карданд, ки дар натиҷа он ба тирпаронӣ анҷомид. Ба қавли шоҳидони ин ҳодисаи хунин 3 тан аз зодагони Чеченистон захмӣ шудаанд.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, қисми зиёди иштирокчиёни муноқиша муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯбекистон ва Чеченистони Русия будаанд.

Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки Вазорати корҳои дохили Русия алайҳи иштирокчиёни ин ҳодиса аз рӯи моддаи 213 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишот идома дорад.

Таъмини пойгоҳи 201 бо силоҳҳои нав

0

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон маъруф ба “201” дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон бо силоҳҳои нав таъмин карда шуд.

Ин силлоҳо иборатанд аз системаҳои мушакии зиддиҳавоии “Верба”, автоматҳои навъи “Калашников”, АК-12, снайперҳои навин ва дигар силлоҳҳои оташфишони сохти муосир.

ИНТЕРФАКС бо такя ба Маркази матбуоти Округи ҳарбӣ хабар дод, ки “Пойгоҳи низомии 201-ум охирин мудели милтиқҳои АК-12, Калашников, таппончаҳои “Яригин” ба ҷои таппончаҳои “Макаров”, снайперҳои калибрии калонҳаҷми АСВК-М, мушакҳои дурпарвоз ва “Верба”-ро дарёфт карданд”.

“Ҳамаи ин силоҳҳоро ҷузъу томҳои Русия ҳангоми машқҳои муштарак бо Тоҷикистон ва Узбакистон, ки дар пасманзари нооромии вазъи Афғонистон сурат гирифтаанд, истифода кардаанд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки пас аз нооромиҳо дар Афғонистон ва зери тасарруфи Толибон даромадани минтақаҳои марзии ин кишвар, кишварҳио ҳамсоя, бахусус Тоҷикистону Узбекистон нерӯҳои амниятии худро дар марзҳо бо Афғонистон тақвият бахшиданд.

Дар пасманзари ин нооромиҳо Тоҷикстону Узбекистон ва Русия машқҳои низомии муштаракро аз 5 то 10-уми моҳи ҷорӣ дар “Ҳарбмайдон”-наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон доир карданд.

Нишасти навбатии гурӯҳи кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон

0

Бино ба иттилои

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон

Аммо маълум нест, ки тарафҳо ба чӣ хулоса расиданд ва сари кадом нуқтаҳои баҳсии марз тавофуқ ҳосил карданд, Вазорати хориҷа инро шарҳ надодааст.

Танҳо ҳамин гуфта мешавад, ки тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир кунанд ва вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Пас аз даргириҳои хунини ахири моҳи апрели соли ҷорӣ, ҳайати гурӯҳи кории топографӣ аз ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон барои муайян ва аломатгузории нуқтаҳои номушаххаси марзи ду кишвар ташкил карда шуд.

Пеш аз оғози даргириҳо ва баъд аз он ҳам бештари гуфту шунидҳои ҷонибҳо паси дарҳои баста мегузарад ва ё ҷузъиёти он ба расонаҳо шарҳ дода намешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам 980 км марзи муштарак доранд, ки аз он 520 километраш муайян ва аломатгузорӣ шуда ва боқӣ 460 километри дигараш аломатгузорӣ нашудааст. Ва солҳост, ки дар ин нуқтаҳои муайян ва аломатгузоринашуда муноқишаҳо рух медиҳад.

Кумакҳои Шведсия ва Олмон ба Тоҷикистон

0

Шведсия дар дораи ташаббусҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт –COVAX барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории куруно ба Тоҷикистон беш аз 128 ҳазор воя воксини навъи “AstraZeneca” кумак кард.

Дар ин бора бахши Тоҷикистонии  Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (UNICEF) дар сафҳаи Фейсбукиаш хабар дод.

Ба навиштаи “UNICEF-Tajikistan“, дирӯз, 9-уми август, кумакҳои Ҳукумати Шветсия  дар ҳаҷми 128 ҳазору 640 воя воксини зидди бемори COVID-19  дар Душанбе ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тақдим шуд.

Ин кумакҳо ба вазорати тандурустӣ имкон медиҳад, ки теъдоди зиёдтари сокинони кишварро эм кунад ва аз паҳншавии ин беморӣ ба қадри имкон пешгирӣ намояд.

Ҳамзамон ба навиштаи “DW“, кишваи Олмон эълом кардааст, ки дар доираи барномаҳои мусоидат ба кишварҳои дар ҳолати рушд ба Тоҷикистон 100 ҳазор 800 воксини навъи “AstraZeneca” кумак мекунад.

Тоҷикистон то кунун дар чор марҳила кумакҳои башардӯстонаро дар ҳаҷми наздик ба аз ду миллиону 200 ҳазор воксин аз кишвраҳои Ҳиндустон, Озарбойҷон, Чин, Амрико ва инак аз Шведсия ворид кардааст.

Маскав: Задухурди тоҷикон бо чеченҳо

0

Дар натиҷаи задухурди гурӯҳӣ ва мусаллаҳонаи муҳоҷирони тоҷик бо қафқозиҳо дар Маскав дасти кам се нафар аз чеченитаборҳо захмӣ шудааст.

Манобеи Аздо тв аз Маскав хабар медиҳанд, ки ҳодисаи хунин шаби ҷумъаи 6-уми август сурат гирифтааст. Ба гуфтаи шоҳидон, мақомот пас аз ин муноқиша ба маҳалли ҳодиса расида, афродеро ки аз ин макон боздошт намуданд, бо ҳукми суд онҳо ихроҷ ва вуруди ишонро ба Русия то 40 сол манъ карданд.

Ба қавли расонаҳои русӣ, пеш аз ин ҳодиса як задухурди дигаре ҳам дар ҳамин рӯз ва дар ҳамин минтақа байни муҳоҷирони кишварҳои пасошӯравӣ низ рух дода буд, ки иштирокчиёни онро байни 40 то 60 нафар арзёбӣ мекунанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, иштирокчиёни ин задухӯрдҳо зодагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва Чеченистони Русия буданд, ки муноқишаи онҳо бо тирпаронӣ анҷом ёфт.

Пештар чанде аз муҳоҷирони тоҷик ба Аздо тв наворҳое фиристода буданд, ки дар назди метрои Теплий Стани шаҳри Маскав полис даҳҳо муҳоҷиронро боздошт ва савори Автобусҳо карда бо худ мебурданд.

Ҳамсуҳбатони мо мегуфтанд, дар миёни муҳоҷирон бештар шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ҳастанд. “Қариб 10-12 рӯз мешавад, ки дар назди бозор ва метрои Теплий Стан нерӯҳои ОМОН бо 6 – 7 автобус омада муҳоҷиронро савор карда бо худ мебаранд ва то соати 22:00 шаб ҳамин кор идома меёбад.”

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6-август дар шаҳри Одинсово ва Митишии назди Маскав ду задухӯрди оммавӣ сурат гирифт, ки дар онҳо аз 40 то 60 нафар аз муҳоҷирон иштирок карданд.

Баргузории ду рейди бузург алайҳи муҳоҷирон дар Маскав

0

14-уми август дар Маскав барои тафтиши муҳоҷирон ду рейди бузург аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, Бозрасии давлатии бехатрии ҳаракат дар роҳ ва Горди миллии ин кишвар оғоз мешавад.

Ин тафтишот дар Маскав ва вилоятҳои пойтахт дар якҷоягӣ бо афсарони полис, Бозрасии давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Гвардияи Русия барои тафтишоти муҳоҷирон гузаронида мешавад. Дар ин бора “Pravda.ru” 8-уми июл хабар дод.

Тафтишот аз ду бахш рейди таксиронҳо (Рейд Таксист) ва рейди муҳоҷирон (Рейд Мигрант) иборат буда, рейдҳо аз 14-уми август оғоз меёбад. Гуфта мешавад, муҳоҷирони корие, ки дар бахши хизматрасонии таксиҳои Маскав кор мекунанд, бояд дар системаи “КИС” ва “ART” (системаи иттилоотии корпоративӣ ва назорати таксӣ) сабти ном дошта бошанд.

Дар ин рейд аз технологияҳои “Smart City” истифода мешаванд. Вазифаи асосии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарёфт ва татбиқи ҷазои ҳуқуқӣ ба ронандагоне мебошад, ки дар системаи “ART” сабти ном нашудаанд.

Дар робита ба бахши дуввуми санҷиш рейди муҳоҷирон (Рейд Мигрант) мақомоти Русия ният доранд, аз ҷойҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ дидан карда ҷойҳои истиқоматии онҳоро тафтиш кунанд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки назорати шадид барои риояи тартибот аз тарафи Гвардияи миллии Русия амалӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои баргузории чунин рейдҳо ва назорати шадид болои муҳоҷирон ин ҳодисаҳои охир дар ҷанубу шарқии пойтахт мебошад, ки он боиси боздоштҳои сершумор шуда, даҳҳо нафар муҳоҷирон аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон аз тарафи мақомот дастгир ва аз Русия ихроҷ шудаанд.

Эҳтимоли шуюъи навъи навини коронавирус

0

Энтони Фаучи, донишманди вирусшиноси амрикоӣ ва мушовири Кохи Сафед аз эҳтимоли шуюъи сатҳи хатарноктари вируси короно ҳушдор додааст. Ба қавли ӯ, ин вирус аз навъи “Делта” ҳам хатарноктар аст.

Бино ба гузориши “DW”, ин вирусшиноси амрикоӣ гуфта, ки дар сурати гирифтории ҳолатҳои зиёд ба короно замина барои ҷаҳиши вируси хатарноктар аз ин навъҳои корона ҳамвор мешавад.

Энтони Фаучи дар пасманзари мавҷи тозаи корона дар Амрико ва кам гаштани воксингирии шаҳрвандони ин кишвар, инчунин дар иртибот ба густирши бемориҳои уфунӣ эълом карда, ки хатари шуюъи сатҳи нави вируси корона хеле ҷиддӣ аст.

Мушовири Кохи Сафед эм шудани аҳолиро ягона роҳи муассир дар баробари ин бемории ҳамагир медонад. Энтони пешбинӣ мекунад, ки навъи ҷадид метавонад аз дигар навъҳои ин вирус ба маротиб хатарноктар бошад ва эҳтимол воксинҳои мавҷуда низ дар баробари он корсоз набошанд.

Ба қавли донишмандон суръати навъи “Делта”-и COVID-19 аз вируси маъмулии он 50 дарсад бештар буда, ба таври миёна 6-9 нафарро олуда мекунад. Ва дар сурати хуруҷи  навъи ҷадид, суръати паҳншавии он аз “Делта” ҳам бештар хоҳад буд.

Гуфта мешавад айни замон 4 навъи вируси “SARS-Cov-2” бо номҳои “Beta” (аввалин бор 18 декабри соли 2020 дар Ҷануби Африқо сабт шудааст), “Alpha” (аввалин бор 18 декабри соли 2021 дар Бритониё сабт шудааст), “Gamma” (аллаин бор 11 январи соли 2021 дар Бразиля сабт гардид) ва “Delta” (бори нахуст 4 апрели соли 2021 дар Ҳиндустон ба қайд гирифта шуд) вуҷуд дорад, ки ҳар кадом аз ҳамдигар ба навъе фарқ мекунанд.

Аскар Акаев узр пурсиду ба Маскав баргашт (ВИДЕО)

0

Ба иттилои АКИпресс, 8-ум август Аскар Акаев, собиқ президенти Қирғизистон ҳамроҳи писараш Илимом ба Маскав баргаршт.

Ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ, собиқ президенти Қирғизистон Аскар Акаев, ки санаи дуюми август баъди 15 соли табъид ба Бишкек баргашта буд, пас аз бозпурсӣ аз ҷониби мақомоти амниятии ин кишвар дар робита ба парвандаи кони тилои “КУМТОР”, аз мардумаш узр пурсиду дубора ба Маскав баргашт.

Аскар Акаев бо нашри як навор мегӯяд, дар давоми рӯзҳое, ки дар Бишкек ҳузур дошт, рӯзона дар робита ба парвандаи кони ҚУМТОР ва чанд парвандаи дигар мавриди бозпурсӣ қарор дошт. Вай эътироф мекунад, ки ӯ дар ин парвандаҳо ба иштибоҳҳои бузурге дар замони раҳбариаш роҳ додааст.

Дар иттилоияи КДАМ-и Қирғизистон гуфта мешуд: Тафтишот ба амали ҳамаи шахсони муттаҳаме, ки дар амалисозии лоиҳаи маъруф ба кони “КУМТОР” дар замони раҳбарии Аскар Акаев даст доштанд, баҳои ҳуқуқӣ додааст. КДАМ барои барқарор кардани адолати таърихӣ дар робита ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани Аскар Акаев ва ворид кардани ӯ ба қаламрави ин кишвар фаолона талош мекард.”

Пеш аз ин Аздотв хабар дода буд, ки Аскар Акаев бо даъвати президенти феълии Қирғизистон барои аёдати модараш ба Бишкек сафар кард, вале дар пойтахт аз ҷониби мақомоти амниятии ин кишвар боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифт.

Аскар Акаев, собиқ президенти Қирғизистон, ки аз соли 1991 то 2005 раҳбарии ин кишварро ба уҳда дошт, баъд аз канор рафтан аз қудрат кишварашро тарк карда, дар давлатҳои Русия ва Беларус ба корҳои илмӣ ва тадрис машғул буд.