Шикасти мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Афғонистон
Мунтахабаи зери 19-солаи Тоҷикистон дар мусобиқоти Қаҳрамонии футзали Осиёи Марказӣ 2022 аз мунтахаби Афғонистон бо раҳбарии Толибон ба ҳисоби 1:5 шикаст хурд.

Имрӯз, 15-уми феврал дар мусобиқоти Қаҳрамонии футзали Осиёи Марказӣ 2022 мунтахаби зери 19-солаи Афғонистон бо ҳисоби 5:1 ба Тими миллии футсоли Тоҷикистон пирӯз шуд.
Пеш аз ин 14-уми феврал Тими миллии футзали Афғонистон бо ҳисоби 5:3 Тими миллии футсоли Қирғизистонро ҳам дар Бишкек шикаст дода буд.
Гуфта мешавад, ин бозӣ дар чорчӯби рақобатҳои Қаҳрамонии Осиёи Марказӣ 2022 дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) (англ.Central Asian Football Association – CAFA) — воҳид ва ассотсиатсия дар Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), нозири футбол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. 10 июнисоли 2014 таъсис ёфта, расман ба фаъолият аз 9 январисоли 2015 шурӯъ намуд.
Федератсияҳои футболи Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро мутаҳҳид месозад. То нимаи соли 2015 ташкилот унвони Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ (англ.Central Asian Football Federation)-ро дошт.
Кобул: Эътирозгарони афғон бо садои “марг бар Амрико” ба майдон омаданд

Эътирозгарони Афғонистон мегӯянд, “ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ҳеч рабте ба Афғонистон надоранд ва Ҷо Байдан душаманӣ бо Афғонистонро бас кун.”
Ҳазорҳо тан аз афғонҳо дар шаҳрҳои Кобул, Балх, Ҷалолобод ва дигар бузургшаҳрҳои Афғонистон бо баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ дар робита ба тасмим Ҷо Бойдан дар бораи пулҳои Афғонистон шиори “марг бар Ҷо Байдан”-у “марг бар Амрико”-ро сар доданд.
Эътирозгарони Афғонистон мегӯянд, ки Ҷо Байдан, раисҷумҳури Амрико ба ноҳақ 3,5 миллиард пулҳои блокшудаи Афғонистонро ба сифати ғаромат ё ҷубронпулӣ ба қурбониёни ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико ҷудо карда додааст.

Дар аску
Ба навиштаи ББС, пеш аз ин Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар ҷамъи расонаҳо гуфта буд, ки мардуми Афғонистон худ “қурбонии терроризм” будаанд, чӣ гуна Амрико мехоҳад аз қурбонӣ ғорамат бигирад? Карзай таъкид карда буд: “Ба мардуми Амрико ва ҷаҳон мегӯем, чӣ гуна як миллати фақиру бечораро муттаҳам карда, пулашро мегиред?” Сухангӯи Вазорати хориҷии Чин ҳам дар вокуниш ба он дар сафҳаи тввитриаш гуфта буд, “бойтарин давлати дунё фақиртаринҳоро ғорат мекунад.” Аз ҷониби дигар Ҷамъияти исломии Афғонитсон эълон кардааст, ки “ба озодсозии пули Афғонистон таҳти ҳокимияти Толибон мувофиқ нест ва мехоҳад ин дороӣ ба як ҳукумати қобили қабул таслим дода шавад.” Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо ТВ
Дар Домодедова аз як тоҷик 3 миллион рубл русӣ пайдо карданд
Кормандони гумруки фурудгоҳи Домодевои шаҳри Маскав аз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки мехостааст ба Стамбул парвоp кунад, 3 миллион рубли русӣ пайдо кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ин фурудгоҳ, пулҳоеро, ки шаҳрванди Тоҷикистон аз Маскав ба Стамбул мебурдааст ба расмият дароварда нашуда будаанд.
“Мусофири хатсайри Маскав – Истанбул дар фурудгоҳи Домодедово тариқи долони “сабз” гузашта, ҳангоми пурсиши шифоҳӣ изҳор намуд, ки бо худ ҳудуди 2 млн рубл пули нақд дорад. Аммо дар санҷиши гумрукӣ шаҳрванди Тоҷикистон 2,9 млн рубл ва 3 ҳазору 500 доллар пешниҳод кард”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти гумруки Домодедово.
Аз рӯи ин далел тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Федератсияи Русия чораҳои тафтишотӣ андешида мешаванд.
Гуфта мешавад, ки мутобиқи қонунгузории гумруки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) маблағи пулии бештар аз 10 ҳазор доллари ИМА бояд ҳатман тариқи хаттӣ бо эъломия ба расмият дароварда шавад.
Ҳангоми бо эъломия ба расмият даровардани пули нақд ба маблағи зиёда аз 100 000 доллар ба мақомоти гумрук пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пайдоиши маблағ зарур аст.
Содироти ангишт ба кишварҳои ҳамсоя 10 баробар зиёд шудааст
Тоҷикистон дар соли гузашта содироти ангиштро ба кишварҳои ҳамсоя тақрибан 10 баробар афзоиш додааст. Дар ин бораи Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Имрӯз, 15-уми феврал Бобозода бо рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ дошт, ӯ дар ин нишаст гуфт, дар соли гузашта ба кишварҳои ҳамсоя 30 ҳазор тонна ангишт содирот шудааст.
“Ангишти Тоҷикистон асосан ба Афғонистон, Покистон, Узбекистон ва Қазоқистон содир мешавад. Дар соли 2020 ҳаҷми содироти ангишт каме бештар аз 3 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Ин самти нави содирот аст ва дар оянда боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт” – гуфт ӯ.
Тибқи омор, истихроҷи ангишт дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 1,9 миллион тоннаро ташкил додааст.
Агентии содирот ҳамчунин хабар дод, ки гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2021 беш аз 6,3 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 39,5% ё 1 миллиарду 801,3 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, содироти коло 2 миллиарду 149,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 52,8 % ё 742,7 миллион доллар ва воридоти коло 4 миллиарду 209,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 33 % ё 1 миллиарду 58,6 миллион доллар зиёд мебошад.
Толибон Мир Мафтунро иҷоза надоданд, то дар Наврӯзи Тоҷикистон ширкат кунад
Сарояндаи саршиноси фолклори Бадахшони Афғонистон бо нашри як навор гуфтааст, ки Толибон ба вай иҷозат надоданд, ки то дар маросими Наврӯзӣ дар Тоҷикистон ширкат кунад.

Бино ба иттилои
Инчунин баъд аз бозгашти ӯ ба Бадахшони Афғонистон наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки вай “зинда бод ислом” гуфта барои иддае аз Толибон таронасароӣ мекунанд. Мир Мафтун бори аввали дар соли 2013 меҳмони Тоҷикистон шуд ва аз сӯи президент Эмомалӣ Раҳмон бо ҷомеа қадрдонӣ шуд. Сипас сафарҳои зиёде ба Тоҷикистон дошту танҳо дар соли 2021 се барномаи консертии худро ҳамроҳ бо дигар сарояндаҳои кишвар дар Тоҷикистон баргузор кард.
Пулситонӣ аз сокинон барои сохтмони варзишгоҳ дар н.Балхӣ
Қарор аст имсол ҷашни бо дабдабаи Наврӯзӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳузури Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор шавад. Сокинон мегӯянд, барои омодагӣ ба ин ҷашн мақомоти ноҳия аз онҳо маблағ ҷамъоварӣ мекунанд.

Як манбаъ аз ин ноҳия, ки нахост номаш зикр шавад, ба Аздо тв гуфт, дар маркази ноҳия ва деҳаҳои гирду атроф мақомот хона ба хона гашта барои баргузории ҷашни Наврузӣ 20-30 сомонӣ ва аз соҳибкорон аз ин бештар талаб доранд.
Ҳамчунин як манбаи дигар низ аз ҳамин ноҳия гуфт, ки мақомот аз мардум то шаҳодномаҳои таваллудро талаб карда, тамоми афроди оиларо ба рӯйхат мегиранд ва сипас маблағ талаб мекунанд.
“Вақте хона омаданд, аввал ҳуҷҷатҳои тамоми афроди оиларо хоста ва тафтиш карданд ва баъд 20 сомонӣ маблағ талаб карданд, пурсидам, ки 20 сомонӣ барои чӣ? Яке аз онҳо гуфт, медонӣ, ки имсол Наврӯзӣ дар ноҳияи мо ҷашн гирифта мешавад ва Ҷаноб меояд. Мо барои сабзазор кардани варзишгоҳи марказӣ аз мардум маблағ ҷамъ дорем. Бояд ҳар хонавода на камтар аз 20 сомонӣ бидиҳад.”, мегӯяд манбаъ.

Дар аксҳое, ки аз гугул гирифта шудааст, дида мешавад, ки варзишгоҳ нимсохта ва майдони он то ҳол сабзазор нашудааст. Варзишгоҳи марказии ноҳия тибқи нақша бо 15 ҳазор ҷои нишаст ва дар гирду атрофаш мактабу биноҳои замонӣ сохта ва бояд то ҷашни Наврӯз ба истифода дода шавад. Аммо аз гуфтаи сокинони ноҳия бармеояд, ки ё барои идомаи сохтмон маблағ намерасад ва ё ин ки мақомот мехоҳанд бо баҳонаи ҷашни Наврӯз аз мардум барои фоидаи худ маблағ ҷамъоварӣ кунанд.
Маблағ ҷамъоварӣ кардани мақомот аз сокинони гирду атрофи ноҳия дар ҳолест, ки барои чунин сохтмуонҳои бузург аз буҷаи кишвар миллионҳо сомонӣ ҷудо мешавад, ки то пурра сохтани он басанда аст. Аммо бар иловаи ҷудо шудани чунин маблағҳо мақомоти ноҳияҳо аз соҳибкорон ва мардуми оддӣ маблағҳое бо ҳар баҳона ҷамъоварӣ мекунанд.
Афзоиши шикояти мардон аз занон дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон шикояти мардон аз зӯргӯии ҳамсаронашон зиёд шудааст. Танҳо дар соли 2021 дар кишвар 548 далели зӯроварии занон нисбат ба мардон ба қайд гирифта шудааст.

Ба гузориши “Asia-Plus” раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз 14-уми феврал дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар як соли охир тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 3485 ҳодисаи зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 176 ҳолат ҳолат кам мебошад.
Ӯ дар идома зикр кард, ки аз 3485 ҳолати шикояти хушунати оилавӣ дар 548 ҳолат мардон аз хушунати ҳамсарашон шикоят кардаанд.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳолатҳои шикояти мардон аз зӯргӯии ҳамсаронашон хеле нодир аст ва шикоят ба мақомот аз хушунати занро аксари мардон намепазиранд.
Дар аксар ҷомеаҳои мардсолори шарқӣ шикояти мардон аз занон ор дониста мешавад, вале солҳои ахир дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ шикоятҳои мардон аз зӯроварии ҳамсаронашон афзоиш ёфтааст.
Газ дар Тоҷикистон каме арзон шуд
Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон каме арзон шудааст. Агар як ҳафта пеш як литр гази моеъ 7 сомониву 40 дирам арзиш дошт, 13-уми феврал нархи он то 6 сомониву 80 дирам арзон шуд.

Бархе аз фурӯшандагони гази моеъ поин рафтани қимати ин навъи маводи сӯхтро ба афзоиши воридот аз Қазоқистон марбут медонанд.
Аксари мошинҳо дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд ва боло рафтан ё поин рафтани қимати ин навъи сӯзишворӣ ба “буҷет” и ҳар як шаҳрванди тоҷик таъсир мерасонад.
Соли гузашта қимати гази моеъ дар Тоҷикистон ба 8 сомонӣ баробар шуда буд. Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ инро ба болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар кишварҳои содиркунанда рабт дода буданд.
Тибқи омор, соли гузашта ба Тоҷикистон 410,5 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 211,7 миллион доллар ворид шудааст, ки нархи миёнаи як тонна гази моеъ 516 долларро ташкил додааст.
Тақрибан 90% ҳаҷми умумии гази моеъ аз Қазоқистон, 8,4% аз Ӯзбекистон, 1,1% аз Туркманистон ва 1,08% аз Русия ворид мешавад.
Лашкари 10 ҳазорнафарии Толибон дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон
Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, сардори Ситоди қувваҳои мусаллаҳи Толибон эълон кардааст, ки “10 ҳазор артиши муқтадир ва то дандон мусаллаҳ бо мудернтарин таҷҳизоти системи НАТО ва Амрико дар вилоёти Шимол ва Шимолу Шарқ ҷо ба ҷо” шудаанд.

