30.8 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 476

Шералӣ Абулқайсов даргузашт

0

12-уми июл, Шералӣ Абулқайсов, ҳунарманди шинохтаи кишвар дар синни 70-солагӣ вафот кард.

Шералӣ Абулқайсов чанд вақти ахир бо нишонаҳои бемории коронавирус дар бемористони Қарияи болои пойтахт бистарӣ буд ва субҳи имрӯз олами фониро тарк кард.

Мавсуф аз соли 1973 ба ин сӯ дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахт кор мекард. Вай дар баробари ҳунарнамоӣ дар театр дар робита ба масоили рӯз низ ҳам дар расонаҳо ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ назарҳои хосси худро баён мекард.

Шералӣ Абулқайсов хатмкардани Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон буда, зодгоҳаш ноҳия Рӯшони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Италия қаҳрамони Аврупо

0

11-уми июл мунтахаби Италия дастаи Англияро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, пирӯзи Евро-2020 эълон шуд.

Финали қаҳрамонии Евро-2020 бо иштироки дастаҳои миллии Италия ва Англия баргузор гардид. Тимҳо бо ҳам дар варзишгоҳи “Уэмбли”-и Лондон (Англия) вохӯрданд. Вақти асосӣ ва изофии вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.

Итолиёвиҳо дар задани силсилаи пеналтӣ ғалабаро (3:2) ба даст оварданд.

Финали қаҳрамонии Евро-2020-ро дастаи доварон аз Ҳолланд бо роҳбарии Бёрн Куйперс доварӣ мекарданд.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 3-юм тими миллии Англия боз кард. Ҳимоятгари дастаи “Манчестер Юнайтед” Люк Шоу аввалин голи худро, дар ҳайати Англия зад.

Тими миллии Италия дар дақиқаи 67-уми бозӣ, ҳисобро баробар кард. Тӯпро ба дарвозаи Англия, Леонардо Бонуччи, ҳимоятгари дастаи “Ювентус” ворид кард. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Дар 30 дақиқаи замони изофӣ низ ҳисоб тағйир наёфта, ғолиби бозиро силсилаи пеналтӣ муайян кард. Дар задани зарбаҳои 11-метрӣ Италия бо ҳисоби 3:2 ғолиб шуд. Букайо Сака бозигари тими миллии Англия пеналтии ҳалкунандаро ба нишон расонид.

Гуфтанист, тими миллии Италия бори чаҳорум дар таърихи худ ба финали қаҳрамонии Евро роҳ ёфт ва бори дувум ғолиб шуд.

Бояд гуфт, ки тими миллии Англия бо раҳбарии сармураббӣ Гарет Саутгейт тавонист аввалин бор ба финали қаҳрамонии Аврупо роҳ ёбад.

Италия ва Англия дар даври ниманиҳоии қаҳрамонии Евро-2020 тимҳои миллии Испания ва Данияро шикаст дода, ба финал роҳ ёфта буданд.

Евро-2020 мебоист тобистони соли гузашта баргузор гардад, аммо бо сабаби пандемияи коронавирус, мусобиқа ба соли 2021 гузошта шуд. Бозиҳо аз 11 июн дар чанд давлат, аз ҷумла Озарбойҷон, Англия, Венгрия, Олмон, Дания, Испания, Италия, Ҳолланд, Русия, Руминия ва Шотландия баргузор гардид.

Евро-2016 ба фарқ аз Евро-2020 дар як давлат дар Фаронса баргузор гардид. Ғолиби қаҳрамонии Евро-2016 тими миллии Португалия

буд. Евро-2024 дар Олмон баргузор мегардад.

Заминларза: Афзоши теъдоди захмиҳо

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон теъдоди захмиҳои заминлараза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикободро 16 нафар эълон кард. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар додааст.

Пеш аз, 10-уми июл ин кумита гузориш дода буд, ки бар асари заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 5 нафар, аз ҷумла як зани 70-сола ва 4 кӯдаки аз 6 то 12-сола ҷонбохта, дасти кам 2 каси дигар захмӣ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда эълом кард, “маркази зилзила дар 165-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 21- километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи он дар маркази заминларза 5 – 6 балл, дар Душанбе 2 – 3 баллро ташкил дод.”

Ҳамзамон сомонаи “Раидио Озодӣ” хабар дод, ки дар ноҳия Тоҷикобод “дар деҳаҳои Кӯли Боло, Саричашма, Деҳи Мазори ҷамоати Лангари Шоҳ дар умум 300 манзили зист хароб шудааст.”

Дар ноҳияи Рашт бошад бештарин зарарро сокинони “деҳаҳои Ҳазорчашма ва Ярхаби ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак 7 хона, дар деҳаҳои Шархо ва Сари Шухони ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт 12 хона” мутаҳҳамил шудаанд.

72 сол пеш аз дар ин минтақа заминларзаи 7,5 баллӣ низ ба қайд гирифта шуда буд, ки бар асари он дар Ҳоит беш аз 30 ҳазор нафар қурбон гардид.

Гуфтанист, бархе фаъолонишабакаҳои иҷтимоӣ ба фарқ аз мақомоти расмӣ теъдоди ҷонбохтагонро 9 нафар ва захмиҳоро бештар аз ду нафар медонанд.

Даргузашти Қурбоналӣ Раҳмон

0

Қурбоналӣ Раҳмон, ҳунарманди маъруфи тоҷик, ки бо аломатҳои бемории коронавирус субҳи имрӯз вафот кард.

Овозхони шинохтаи кишвар тайи чанд рӯзи беҳӯшу беёд дар шифохонаи Маркази тибии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба “якум касалхонаи як Советский” аз коронавирус ранҷ мебурд.

Вай пас аз чанд рӯзи дасту панҷа нарм кардан ба ин беморӣ, дирӯз , 9-уми июл ба ҳӯш омада, чашмонашро боз карда буд. Аммо субҳи имрӯз расонаҳо хабар доданд, ки ҳунарманди шинохтаи тоҷик Қурбоналӣ Раҳмон дар синни 67-солагӣ аз олам чаш пӯшид.

Бузургмеҳр Ёров 50-сола шуд

0

9-уми июл, вакили дифои шинохтаи тоҷик, зиндонии сиёсӣ, Бузургмеҳр Ёров зодрӯз дорад. Бузургмеҳр 50-сола шуд.

Ӯ соли 2015 барои ҳимоят аз ҳуқуқи аъзоёни боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мавриди фишору таъқиб ва бозпурсӣ қарор гирифта, санаи 28-уми сенятбри ҳамон сол тавассути мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Мақомоти корҳои дохилӣ дар аввал алайҳи ӯ бо иттиҳоми “қаллобӣ” ва “сохтакории ҳуҷҷатҳо” парванда боз карданд. Моҳи майи соли 2016 мурофиаи додгоҳии ӯ бар асоси 5 модда (моддаҳои: 189, 247, 307, 307 иловаи 1 ва 340-и КҶТ) оғоз шуд.

10-уми июни ҳамон сол, 35 рӯз пас оғози муҳокима додгоҳ ӯро ба 23 соли зиндон маҳкум кард, аммо соли 2017 бар ҳукми ӯ боз 5 соли дигар илова карданд, ва дар маҷмӯъ ӯро ба муддати 28 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Соли 2019 бар асоси қонуни афв 6,5 сол аз ҳукми ӯро кам карданд ва ҳоло 17 сол ҳукми зиндонаш боқӣ мондааст.

Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2015 баъд аз террористӣ эълон кардани ҲНИТ фишорро болои тамоми қишрҳои ҷомеа шиддат бахшид. Дар ин муддат даҳҳо ҳомиёни ҳуқуқу рӯзноманигоронро боздошту зиндонӣ кард. Ва баъзе ҳам аз кишвар ба хотири набудани озодӣ дар фаъолиятҳои касбияшон ватанро тарк карданд ва ба кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон ба ҷуз Бузургмеҳр Ёров, инчунин чандин ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаро низ боздошт ва зиндонӣ кардааст. Аз ҷумла Нуриддин Маҳкамов ва пештар аз он Шуҳрат Қудратов ва моҳи марти имсол Иззат Амонро низ боздошт кард.

Соли 2016 Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, ки яке аз вакилони дифоъ дар парвандаи аъзои ҲНИТ буд, бо иттиҳоми “фош кардани сирри давлатӣ” дастгир шуд. 26 август додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ӯро маҳкум ба зиндон кард ва дертар бар асоси қонуни авф озод шуд. Ҷамшед Ёров ҳимояи муштариёни худро дар парвандаи ҲНИТ идома дод ва ба озори мақомоти амниятӣ рӯбарӯ гардид. Дар ниҳоят, ӯ маҷбур шуд Тоҷикистонро тарк кунад.

Муаззамахон Қодирова, ягона вакили дифоъ, ки парвандаҳои Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро ба душ гирифт, низ зери фишори мақомот тарки кишвар кард. Парвандаи ин ду адвокатро аз тарси интиқоми мақомот касе ҳозир нашуд ба душ бигирад.

Созмонҳои байнамаллиалии ҳуқуқи инсон мурофиаи судии Бузургмеҳр Ёровро ноодилона медонад ва ҳамчунин Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи СММ озодии фаврии ӯро талаб кард.

Созмони Авфи Байналмиллалӣ (Amnesty International) ба муносибати 50-солагии Бузургмеҳр Ёров менависад: “Дар Тоҷикистони имрӯза адвокат, хусусан ҳомии ҳуқуқи инсон будан маънои бо хатарҳои бемисл рӯбарӯ шуданро дорад”.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқии дунёро ба инобат нагирифтааст.

Русия иҷозатномаи иқомати муваққатиро (РВП) бекор мекунад?

0

Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод карда, ки иҷозати иқомаи муваққатӣ (РВП) бекор карда шавад. Ин тарҳро кормандони ин вазорат омада кардаанд.

Дар лоиҳаи мазкур пешниҳод шуда, ки барои будубоши муҳоҷирон дар Русия се режим муқаррар карда шавад.

– Будубоши кӯтоҳмуддат (дар маҷмӯъ на бештар аз 90 рӯз дар давоми сол);

– Будубоши дарозмуддат (дар маҷмӯъ зиёда аз 90 рӯз дар давоми сол бидуни гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ);

– Будубоши доимӣ (бемуҳлат).

Инчунин гуфта мешавад, шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозати иқомаи муваққатӣ (РВП) доранд, метавонанд будубошашонро дар ин кишвар бидуни убури марз тамдид кунанд.

Пешниҳод шуда, ки низомнома дар асоси маълумоти расмӣ ба танзим дароварда шавад: феҳристи электронии расмии корфармоёне, ки коргарони хориҷиро ба кор ҷалб мекунанд ва феҳристи расмии коргарони хориҷӣ тартиб дода шавад.

Ғайр аз ин, Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод кард, ки фаъолияти шаҳрвандони дигар давлатҳо бо истифода аз феҳристи коргарони хориҷӣ ва феҳристи электронии корфармоён назорат карда шавад.

Аз моҳи марти соли 2020 Вазорати сохтмони Федератсияи Русия дар бораи нарасидани тақрибан 1 миллиону 200 ҳазор коргар дар бахши сохтмон хабар дода буд.

Дар навбати худ, президенти Русия Путин ислоҳоти қонунгузории муҳоҷиратро тасдиқ кард ва ба ҳукумат супориш дода буд, ки масъалаи танзими сиёсати муҳоҷират, аз ҷумла ҷалби соддаи муҳоҷирони меҳнатиро ба сохтмонҳо баррасӣ кунанд.

Ван И ба Тоҷикистон меояд

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сафари қарибулвуқӯи Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон 8-уми июл бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро мулоқот кард.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо сафари расмии вазири корҳои хориҷаи Чин ба Душанберо дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷиии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон санаи дақиқи сафари вазири корҳои хориҷаи Чин ба Душанберо эълом накардааст.

Деваштич: Тирпаронӣ дар марз

0

8-уми июл дар ноҳия Деваштич дар асари як тирпаронӣ чанд сарбоз захмӣ ва як нафар кушта шуд. Тоҷикистон ва Қирғизистон якдигарро ба оғози тирпаронӣ дар ин ҳодиса муттаҳам мекунанд.

Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори иттилоияе сарбозони қирғизро дар убури ғайриқонунӣ аз сарҳад ва тиркӯшоӣ ба самти сарҳадбонои тоҷик муттаҳам кард.

Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон мегӯяд, чаҳор сарҳадбони Қирғизистон бо либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ ва силоҳи оташфишони “АК” сарҳади Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд “ғайриқонунӣ гузаштанд”.

Аммо расонаиҳои қирғизӣ аз қавли КДАМ-и ин кишвар навиштаанд, ки ҷониби Тоҷкистон дар ин қазия муттаҳам аст ва сарбозони тоҷик “ҳамлаи ногаҳонӣ” ба нерӯҳи марзбонии Қирғизистонро анҷом додаанд.

Ба навиштаи хабаргузории “24.kg” дар ин ҳодиса сарбоз Хуснидин Хозиеви 27-солаи Қирғизистон кушта шуд. Мақомот сабабҳои марги ӯро таҳқиқ мекунанд.

Намояндагони марзбонии ду кишвар таҳқиқи ин ҳодисаро идома медиҳанд. Дар бораи вуҷуд доштани талафоти ҷонӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз мақомоти кишвар иттилоъ надодаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 км бо ҳам марзи муштарк доранд, вале то ҳол 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ин боис гардида, ки ҳамасала байни сокинони наздимарзии ду кишвар муноқишаҳои зиёд рух медиҳад

Боздошти муовини раиси Кӯлоб

0

Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб тавассути нерӯҳои амниятӣ дар бахши сохтмон дар маҳалли кор боздошт шудааст.

Ба гузориши “Озодӣ”, 5-уми моҳи июли соли ҷорӣ нерӯҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо иттиҳоми  “қаллобӣ” ва “сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ” дастгир кардаанд.

Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб айни замон дар боздошт қарор дорад ва парвандаи ӯ аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Кӯлоб таҳқиқ мешавад. Назари хонавода ва адвокаташ дар бораи ин иттиҳомоти мақомот ҳанӯз маълум нест. {Такмили хабар идома дорад}

Ҳамла накардани Толибон ба Тоҷикистон

0

Ба гузориши “The Jerusalem Post“, “Дафтари сиёсии Толибон гуфтааст, Толибон ба Тоҷикистон ҳамла нахоҳад кард.”

Аммо як коршиносӣ исроилӣ пешбинӣ кардааст, ки “Толибон пас аз забти Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамла хоҳанд кард.” Гузориш додааст, “Спутник“.

Шоми дирӯз, пас аз нишасти ду рӯзаи Теҳрон, ки бо мизбонии ин кишвар байни афғонҳо сурат гирифт, Ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар баёнияе муштарак онро самимӣ хонданд ва таъкид карданд, ки “ҷанг роҳи ҳалли масъалаи Афғонистон набуда ва бояд ҳама талошҳо дар ҷиҳати расидан роҳи ҳалли сиёсӣ ва сулҳомез тавҷиҳ гарданд.”

Ҳамзамон дар ин баёния таъкид шудааст, ки “хоки Афғонистон бар хилофи ҳеч касе истиъмол намешавад ва дигарон ҳам дар умури мо мудохила накунанд.

Толибон тайи ду моҳи бо шиддат дар ҳоли пешравӣ дар Шимол ва Шимолу Шақи Афғонистон, манотиқи ҳаммарз бо кикишварҳои Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мебошанд. Аксари ноҳияҳои ин вилоятҳо зуд-зуд даст ба дасти Толибону нерӯҳои Ҳукумати Афғонистон мешаванд. Ин чиз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро нигарон кардааст.

Тоҷикистон ба хотири кам кардани сатҳи нигарониҳо ва пешгирӣ аз ҳамлаи Толибон 20 ҳазор нерӯи эҳтиётӣ ҳам ба марз бо Афғонистон эъзом кардааст.