14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 477

Ҷаласаи “дилзанак”-и Ҳукумат шуруъ шуд

0

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад.

Дар ҷаласа аъзои ҳукумат, роҳбарияти кишвар, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2021 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2022 муайян карда мешаванд.

Дар мавриди баррасӣ шудани масъалаи тағйироти кадрӣ чизе гуфта нашудааст.

Аммо тибқи одат ҳамасола дар ҷаласаҳои ҷамъбастии Ҳукумати Тоҷикистон ё баъди он аксари тайироти кадрӣ сурат мегирад ва ба ҳамин хотир ин ҷаласаҳо дар байни мардум ва дар матбуот бо номи “дилзанак” маъруф шудаанд.

Дар Қазоқистон салоҳиятҳои “Пешво” бекор ва аз мансабҳояш барканор шуд

0

Парлумони Қазоқистон ба Қонуни ин кишвар “Дар бораи Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбасӣ” тағйиру иловаҳо ворид намуда, бо ҳамин Нурсултон Назарбоев, собиқ президент ва “пешвои” миллати қазоқро аз мансабҳояш барканор кард.

Акс аз “Tengrinews”

Назарбоев аз соли 2019 аз сари қудрат канор рафт, вале ҳамчун раиси Шӯрои амният ва Ассамблеяи мардумии Қазоқистон боқӣ монда буд. Аммо ҳоло ӯро аз мансабҳояш барканор карда, барояш танҳо дар ҷаласаҳои Парлумон ва ҷаласаҳои Ҳукумат ҳангоми баррасии масъалаҳои барои кишвар муҳим иҷозати суханронӣ кардан дода шудааст.

Бино ба гузориши расонаҳои қазоқӣ ин тағйиру иловаҳо дар Парлумони Қазоқистон рӯзи 18-уми январ қабул шудааст.

(Президенти якум ҳуқуқ дорад) дар назди Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон ва палатаҳои он, дар ҷаласаҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ҳангоми баррасии масъалаҳои барои кишвар муҳим суханронӣ намояд; узви Шӯрои конститутсионии Қазоқистон бошад”, – омадааст дар матни тағйирот.

Дар марҳилаи баъдӣ ин тағйиру илова дар Сенати Қазоқистон баррасӣ шуда, сипас барои имзо ба президенти ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев фиристода мешавад.

Гуфта мешавад, Шӯрои амнияти Қазоқистон ниҳоде, ки Назарбоев идорааш мекард, ниҳоди конститутсионӣ буда, сиёсати давлатро дар бахши амнияти миллӣ ва мудофиа ҳамоҳанг мекунад. Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон бошад, ки ин ҳам дар зери идораи ӯ буд, ниҳоди машваратист ва дар порлумон 9 намоянда дорад.

Модари Гулбиддин: Агар ҳақиқатро нагӯед, худамро ба дор меовезам!

0

Модари Гулбиддин Зиёбеков, ҷавоне, ки рӯзи 25-ноябр бо як ваҳшиёнат аз ҷониби мақомоти қудратӣ ба қатл расонида шуд, дар як муроҷиати видеоӣ мегӯяд, ки баъди 20 рӯзи ба вазифаи раиси вилоят таъйин шудани Алишер Мирзонаботов ин ҳодиса рух дод ва қатли Гулбиддин нақшаи пешинаи ӯ буд.

Дар идома модари Гулбиддин мегӯяд, “чунин рафтори ғайриқонунӣ ва ноодилонаи кормандони КДАМ сабаб шуд, ки сокинони вилоят ҷасади беҷони писарамро бо эҳсосу ҳайҷон ба майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ оварданд.”

Ӯ мегӯяд, ман ва мардуми ҷамъомада мехостем сабаби “рафтори ваҳшиёна ва фашистонаи кормандони амниятро фаҳмем. Аммо кормандони КДАМ аз пеш дар идораҳои маъмурии вилоят камин гирифта буданд, тирпарониро ба тарафи мардум шуруъ карданд, ки дар натиҷа 17 нафар захмӣ шуд ва 2 нафари дигар ҷон бохт.”

Аз ютуб-канали “UFUQ tv”

Модари Гулбиддин Зиёбеков дар идома мегӯяд, мо давоми се шабонарӯз бо ҷанозаҳои писаронамон дар хунукии сахт, хоб накарда, аз ҳукумати вилоят ва мақомҳои қудратӣ маънидод кардани чунин рафторашонро талаб кардем, аммо касе назди мо набаромад.

Ӯ ҳамчунин таъкид мекунад, ки марудми онҷо ҷамъомада ҷинояткор нестанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷавонони Бадахшонро “нолаи зори ман ва нолаи модари дигаре, ки дар болои ҷасади писараш фиғон мекашид, ба онҷо ҷамъ кард”. Ба гуфтаи ин модар, ҷамъ шудани мардум баёнгари он аст, ки ҳанӯз ҳам ҷони одам дар Бадахшон арзиш дорад ва мардум ба ҳамдигар ғамшариканд ва ҳиссёти инсонии худро иброз медоранд.

Ин модар иддаои мақомотро дар хусуси он ки фаразандаш Гулбиддинро дар телевизионҳои давлатӣ бидуни он ки тафтишот ба поён расида бошад, ҷинояткор ва террорист нишон медиҳанд, рад карда мегӯяд, фарзандаш ҷинояткор набуд. Ӯ мегӯяд, то ба охир расидани тафтишот ва содир шудани ҳукми суд ҳеч кас ҳақ надорад фарзанди маро ҷинояткор бигӯяд.

Ӯ дар хитоб ба онҳое, ки дар телевизионҳои давлатӣ Гулбиддинро ҷинояткор мехонданд, мегӯяд, “оё метавонед ин ҷинояти содиркардаи писарамро ба ман собит кунед. Оё шумо дар раванди ваҳшиёна куштани фарзандам иштирок доштед?

Модари Гулбиддин дар охир суол мегузорад, ки маънои амният чист? Ва худаш дар посух мегӯяд, маънои амният куштани мардуми бегуноҳ аст. Гӯё фарзанди ман муовини прокурорро як торсак зада бошад, агарчи исбот нашудааст, оё бо як торсак бояд одамро бикушед? Ё ҳамеша телевизиони Бадахшон аз дарахтони буридашуда ва ҷиноятҳои пешакӣ содиршудаи на онқадар вазнин сухан мегӯяд, оё арзиши дарахт аз ҷони инсонӣ болотар аст?

Ин модар дар охир хитоб ба мақомоти давлатӣ мегӯяд, агар додгоҳ адолат ва ҳақиқатро пайдо накунад, ман худамро дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба дор меовезам.

Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 25-уми ноябр тавассути мақомоти қудратӣ дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аз хонааш боздошт ва тавассути мақомот бо зарби 7 тир дар роҳ ба қатл расид. Пас аз додхоҳии модари ӯ ва мардуми Бадахшон мақомот болои гирдиҳам омадагон оташ кушоданд ва дар натиҷа 2 нафари дигар кушта ва 17 тани дигар захмӣ шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон аз рӯзи аввали ҳодиса талош карданд, ки тамоми тамосҳои электронӣ бо ин вилоят, бахусус ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон ва маркази маръумурии вилоят шаҳри Хоруғро қатъ кунанд.

Гуфтанист, қатъи Интернет ва дигар намуди тамосҳои электронӣ боварии мардумро нисбат ба мақомот ва ҳукумати марказӣ дар пойинтарин дараҷа қарор дода, дар замони асри табодули иттиллот ва тиҷорат тавассути Интернет ба мушкилоти мардум афзуда, нигаронии наздикону пайвандони онҳоро зиёдтар кардааст.

Амриддин Аловатшоев ба Душанбе истирдод шудааст

0

Яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон Амриддин Аловатшоев, ки рӯзи 11-уми январ аз ҷониби мақомоти амниятии Русия дар шаҳри Белгород боздошт шуда буд, дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар Душанб қарор дорад.

Pamir Daily News, ки хабарҳои Бадахшонро пӯшиш медиҳад, менависад, ки дасти кам се манбаъ дар мақомҳои баланди Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабари дар Душанбе ва дар боздошт будани Амриддин Аловатшоевро тасдиқ кардаанд.

Гуфта мешавад, Аловатшоевро рӯзи 11-уми январ дар шаҳри Белгород кормандони ФСБ-и Русия боздошт карда, баъдан ӯро ба кормандони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия супурдаанд. Кормадони ВКД-и Русия ӯро ба Маскав бурданд ва баъд ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон пас аз эътирози беш аз ҳазор нафараи сокинони ВМКБ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки дар пай қатли Гулбиддин Зиёбеков сурат гирифта буд, ба таъқиби Аловатшоев шуруъ карданд.

Пас аз чанд соати гирдиҳамоӣ расонаҳои Русия хабаре нашр карданд, ки гуфта мешуд, Аловатшоев бо гумони таҷовуз ба номус таҳти пайгард қарор дорад. Худи Амриддин ин иттиҳомотро рад мекунад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз расман дар бораи боздошти ӯ ва иттиҳом эълоншуда алайҳи ӯ хабаре надодаанд.

Тибқи маълумоти тасдиқнашуда, алайҳи Амриддин бар асоси моддаи 189 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барангехтани кинаву адовати миллӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.  Шояд ин ягона моддае нест, ки ӯ айбдор мешавад.

Наздикон ва нафароне, ки  Аловатшоевро мешиносанд, мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ба корҳои ҷиноӣ даст назадааст.

Амриддин Аловатшоев, дар миёни диаспораҳои сокинони ВМКБ дар Русия эътибори зиёд дорад. Ӯро марди дорои обрӯву эътибор ва ҳамеша омодаи дастгирии ҳамватанон медонанд.

Эмомҳусайни 11-сола шомили китоби рекордҳои “Гиннес” шуд

0

Эмомҳусайн Умарови 11-сола ба китоби рекордҳои “Гиннес” шомил шуд. Дар ин бора мураббии муҳорибаҳои омехта Ризвон Ошурмамадов бо нашри наворе дар шабакаи ютубии худ (Rizvan mma) хабар дод.

Эмомҳусайни наврас ба хотири анҷом додани 5 ҳазору 200 “отжимания” дар ҳузури доварон ба китоби рекордҳои “Гиннес” ворид гаштааст.

Номи Эмомҳусайн Умаров ҳанӯз солҳои 2017- 2018 дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд. Он замон расонаҳо навишта буданд, ки Эмомҳусайн 11 ҳазор “отжимания” бе танафассус анҷом дода метавонад.

Волидонаш мегӯянд, ки Эмомҳусайн беш аз 13 ҳазор маротиба “отжимания” кардааст ва то ҳол касе рекорди ӯро нашикааст.

Эмомҳусайн Умаров зодаи деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд. Ӯ дар оила фарзанди нуҳум ва хурдии хонавода мебошад. Бояд гуфт, ки Эмомҳусейн Умаров дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Красноярски Русия зиндагӣ ва ҳамон ҷо тамрин мекунад

Пентагон: Чархболҳои Афғонистон ба Толибон таҳвил дода намешавад

0

Ҷон Кирби, сухангӯи Вазорати дифои Амрико мегӯяд, чархболҳои низомии Афғонистон, ки тавассути нерӯҳои ҳавоии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистону Узбекистон бурда шудаанд, ба Толибон бозгардонда намешаванд.

Акс аз Интернет

Сухангӯи Вазорати дифои Амрико дар посух ба суоли як хабарнигори амрикоӣ дар бораи сарнавишти чархболҳои артиши Афғонистон, ки рӯзи 15 август аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва Узбекистон парвоз карданд, гуфт, ки “Ман фикр мекунам ки чархболҳои артиши Афғонистон, ки дар Тоҷикистон ва Узбакистон қарор доранд, ба Толибон бозгардонида намешаванд”.

15 августи соли 2021 рӯзе, ки президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аз Афғонистон фирор кард ва Кобул ба дасти Толибон суқут кард, наздики 60 ҳавопаймои ҷангӣ ва чархболҳои артиши Афғонистон ҳамроҳи халабонон ба Тоҷикистон ва Узбакистон парвоз карданд ва дар фурӯдгоҳи Термизи Узбекистон ва Бохтари Тоҷикистон фурӯд омаданд.

Сухангӯи Пентагон мегӯяд, ки “мо барои ҷобаҷой кардани он чархболоҳо кор кардаистодаем ва ҳоло ман маълумоти наве дар бораи ҷобаҷои онҳо надорам. Аммо фикр мекунам, ки ин чархболҳо ба Толибон таҳвил дода нахоҳанд шуд ва дар бораи ба кӣ додани онҳо ва наҳваи ҷобаҷоӣ ва истифодаи онҳо тасмимгириҳо ҷараён дорад”.

Рӯзи 12 январи соли ҷорӣ Муло Муҳаммад Яқуб, сарпарасти Вазорати дифои Толибон дар маросими эҳёи фаъолияти чархболҳои нерӯи ҳавои Афғонистон бори дигар аз Тоҷикистон ва Узбекистон хост, ки чархболҳои Афғонистонро бозгардонанд ва сабри онҳоро имтиҳон накунанд.

Ӯ гуфта буд: “Мо эҳтиромона дархост мекунем, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомиеро, ки халабонон бо онҳо фарор карданд, бозгардонед. Сабри моро имтиҳон накнуед, сабри мо дар ҳоли лабрез шудан аст”.

Бар асоси маъулумоти сомонаи Avia.pro, беш аз 60 ҳавопаймои низомӣ Афғонистон 15 август ба хориҷ аз Афғонистон интиқол дода шудаанд. Халабонони собиқи Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо ба Тоҷикистон ва Узбекистон интиқол даданд.

Ҳавопаймоҳо ва чархболҳои артиши Афғонистон, ки ба кишварҳои ҳамсояҳои шимолии парвоз кардаанд, иборатанд аз 19 чархболи Ми-17, 7 чархболи UH-60, 7 ҳавопаймои ҳамлаи А-29 Тукано, 17 ҳавопаймои тезрави Cessna 209B ва 11 ҳавопаймои Pilatus-12NG. Ин чархболҳо ва ҳавопаймоҳои артиши Афғонистон боиси таниш байни Толибон ва Тоҷикистону Узбакистон гаштааст. Толибон талаб дорад, ки ин ҳавопаймоҳо ба Афғонистон баргардонида шаванд.

Аз замони даъвои Толибон бар сари ин ҳавопаймоҳо ин бори авал аст, ки Вазорати дифои Амрико дар ин бора изҳори назар мекунад.

Саймумин Ятимов ба хидмати мухолифин гузаштааст?

0

Дар бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук дасти кам ду саҳфа ба номи Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сабт шудааст.

Акс аз саҳфаи Саймумин Ятимов дар Фейсбук

Муаллифи ин

Нусха аз саҳфаи Саймумин Ятимов

Аз ҷониби дигар чанд нафаре ҳам ба мисли Маҳмудҷон Файзраҳмонов, Акмал Астанаев аз раҳбарон ва фаъолони мухолифини Эмомалӣ Раҳмон, ки дар кишварҳои Аврупоӣ ба сар мебаранд, ҷузви дӯстони маҷозоии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гардидаанд.

Гуфта мешавад, раҳбарони мақомоти қудратии Тоҷикистон борҳо эълон кардаанд, ки матолиби корбаронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ мекунанд, аммо аксари онҳо расман бо номҳои худашон то кунун саҳфа боз накардаанд ва ё эълон накардаанд, ки аз тариқи кадом саҳфаҳои фейкӣ матолиби корбаронро пайгирӣ мекунанд.

Бо ин вуҷуд, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов то кунун ба матолиби чопшуда дар ин саҳфаи мансуб ба вай расман ҳеч вокунише накардааст.

Додгоҳи Иркутск муҳлати ҳабси се муҳоҷири тоҷикро 4 моҳи дигар тамдид кард

0

Додгоҳи вилояти Иркутски Русия муҳлати ҳабси се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба даст доштан дар як ҷанҷоли пурсарусадо муттаҳам мешаванд, то чаҳор моҳи дигар тамдид кард.

Акс аз Мария Оленникова, “ИА IrkutskMedia”

Ин се муҳоҷири тоҷик пас аз оташ гирифтани макони будубошашон дар вилояти Иркутски Русия моҳи ноябр боздошт шуда буданд. Пулиси Иркутск он замон онҳоро то 13-уми январ ба ҳабси пешакӣ гирифта буд.

Ду нафари онҳо, Қурбонмад Содиқов ва Далер Ҳасанов ба гумони “қасди куштор” ва як нафарашон Ҷумъабой Искандаров ба иттиҳоми “авбошӣ” дастгир шудаанд. Аммо шоҳидони айнӣ мегӯянд, пулис ба ҷои он ки ҷинояткоронро боздошт мекард, муҳоҷирони бегуноҳро боздошт кардааст.

Алишер Ширинов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Иркутск ба Радиои Озодӣ гуфт, иттиҳомоти ҷабрдидаҳои тоҷик беасос аст ва гурӯҳи 4-нафараи вакилони дифоъ талош доранд, бегуноҳии онҳоро исбот кунанд. Ба гуфтаи Алишер Ширинов, рӯзи 12 ноябр се ҷавон ҳангоми кӯшиши наҷот додани ду ҳамсафари худ, ки ба мағоза барои харидани нон рафта буданд, мавриди лату кӯб қарор гирифтанд. Аммо расонаҳои Русия мегӯянд, занозанӣ пас аз “сӯҳбати”-и муҳоҷирони тоҷик бо як духтари рус рух додааст.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳе аз муҳоҷири кории тоҷик дар як вагон дар ноҳияи Заларински вилояти Иркутск зиндагӣ мекарданд. Шаби 12 ноябри соли 2021 гурӯҳе аз ҷавонони сокинони он минтақа ҷои зисти онҳоро оташ заданд. Дар натиҷа ду муҳоҷири тоҷик кушта ва як тани дигар захмӣ шуд. Мақомоти интизомии Ирутск пас аз ин фоҷеа се муҳоҷирро, ки дар он вагон зиндагӣ мекарданд, боздошт кард. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия қабл аз оташ задани вагонҳои муҳоҷирон ин се нафар бо як гурӯҳи сокинони маҳаллаи Залар занозанӣ карда буданд.

Додхоҳии ҳамсар ва писари Муҳаммадалӣ Ҳаит аз СММ ва дигар созмонҳои байналмилал

0

Савринисо Ҷӯрабекова ва Фирӯзи Маҳмадалӣ, ҳамсар ва писари Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши муроҷиати саркушодае ба Дафтари Комиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид, Салиби сурх, САҲА ва дигар созмонҳои байналмиллалӣ, аз онҳо хостанд дар пайдо кардани иттилоъе дар бораи сардори хонаводаашон кӯмак кунанд.

“Беш аз ҳафт моҳ мешавад, ки мо ҳеҷ хабаре дар бораи вазъи саломатӣ ва ҳаёти Маҳмадалӣ Ҳаит надорем. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон мо ҳақи танҳо як мулоқот бо ӯ дар шаш моҳро дорем. Бори охир мо ӯро моҳ майи соли гузашта дида будем. Мулоқоти навбатии мо бояд 24 ноябри соли 2021 баргузор мешуд. Аммо он рӯз ба мо гуфтанд, ки вохӯрӣ бо зиндонӣ Маҳмадалӣ Ҳаит наметавонад баргузор шавад, чун ӯ чазо гирифтааст. Кормандони зиндон ва инчунин Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия сабаби манъи вохӯрӣ бо ӯро ба мо фаҳмонида натавонистанд” — омадааст дар муроҷиатнома.

Дар ин муроҷиат ҳамчунин гуфта мешавад, ки хонаводаи Маҳмадалӣ Ҳаит ба таври хаттӣ ба сардори СИҶ ВА Мансурҷон Умаров, Додситонии кулл ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон муроҷиат карда, аммо ҳеҷ посухе дарёфт накардааст.

“Дар мулоқоти охир Маҳмадалӣ Ҳаит аз вазъи саломатиаш шикоят мекард ва мегуфт, ки ӯро махсус дар ҳуҷрае бо як қотил ҷо додаанд ва он қотил ҳамеша мекӯшад низоъ барангезад. Маҳмадалӣ Ҳаит ба раҳбарияти зиндон муроҷиат кард, то ӯро ба ҳуҷраи дигар гузаронанд, чун ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад. Раҳбарияти зиндон дархости ӯро рад кард” — навиштаанд ҳамсару фарзанди Ҳаит.

Онҳо изҳори нигаронии шадид аз он кардаанд, ки ҳодисае бо сардори хонаводаашон рух додааст ва мақомот барои ифшо нашудани он иҷозаи мулоқот намедиҳанд.

“Шумо хуб медонед, ки парвандаи Маҳмадалӣ Ҳаит сиёсӣ аст. Бо заҳмату кӯшишҳои шумо қатъномаи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар бораи Маҳмадалӣ Ҳаит қабул шуд. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ин ҳуҷҷатро эътироф накардаанд ва нияти амаль кардани талаботи онро надоранд, мо умедворем, ки шумо аз талаби иҷрои бечуначарои он даст намекашед” — омадааст дар идома.

Дар охир муаллифони муроҷиатнома аз созмонҳо дархост кардаанд дар ба даст овардани маълумот дар бораи Маҳмадалӣ Ҳаит  кӯмак кунанд.

Манбаъ: Паём.net

Гуфту гузорҳо дар бораи вазъи саломатии Эмомалӣ Раҳмон

0

Коршиносони мустақил бар ин боваранд, ки вазъияти саломатии Эмомалӣ Раҳмон пас аз оғози ҳодисаҳои ахири Қазоқистон рӯ ба вахомат овардааст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон бори ахир аз тариқи расонаҳо 10-уми январи соли ҷорӣ дар нишасти ғайри навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ, ки тариқи он-лайн баргузор шуд, дида шуд. Сомонаи Хадамоти матбуоти Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам охирин матлаби худро рӯзи 10-уми январи соли ҷорӣ дар ҳамин нашр кард.

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) “Ховар” ҳам охирин хабари худ дар бораи “Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” рӯзи 13-уми январи имсол нашр кард, вале ягон акси ҷадиде аз ӯ чоп накард, ки бозгӯкунандаи аҳволи саломатиаш бошад.

Пойгоҳи иттилоърасонии “Паём.нет”, ки марбут ба мухолифини Ҳукмати Тоҷикистон аст, дирӯз 18-уми январ бо нашри як гузориш зери унвони “Қазоқистон, СПАД ва ояндаи инқилоб дар Тоҷикистонхабар дод, ки “ҳаводиси Қазоқистон, бахусус тахриби ҳайкали Назарбоев, “пешвои миллат”-и қазоқон, то ҳаде раисҷумҳури Тоҷиикистонро зери таъсир қарор доданд, ки барои табибони ӯ лозим омад навбатдории шабонарӯзиро то сатҳи “вазъи изтирорӣ” тақвият бахшанд.”

Манбаъҳои Паём меафзоянд: “Дертар, вақте нерӯҳои СПАД, аз ҷумла 200 сарбози тоҷик вориди Қазоқистон шуданд ва эътирозот саркӯб гардиданд, Эмомалӣ Раҳмон каме ором шуд ва ҳатто муддате табъи хуш дошт. Аммо бо дарки вазъияти баамаломада ва ояндаи торики худаш, дубора вориди депрессия гашт.”  

Хабари рӯ ба вахомат овардани саломатии Эмомалӣ Раҳмон замоне дубора дар расонаҳо ва бахусус шабакаҳои иҷотимоӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, ки хабаргузории русии “Спутник-Тоҷикистон” иттилоъ дод, ки “Сафари Раҳмон ба Ҳиндустон лағв шуд: сабаб“.

Ҳар чанд ин расона сабаби асосии лағв шудани сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳидустонро авҷ гирифтани коронавирус дар он кишвар қаламдод кардааст, аммо чун то кунун мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора ҳеч иттилои расмие ироа накардаанд, корбарон ба хуб будани вазъияти саломатии Президенти Тоҷикистон пас аз ҳодисаҳои ахири Қазоқистон шубҳа доранд.

Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи собиқ вилояти Кӯлоб таваллуд шуда, ба қарибӣ 70-сола мешавад. Вай наздик ба 30 сол мешавад, ки дар Тоҷикистон қудратро дар даст дорад ва бо вуҷуди пирӣ то кунун ҳеч гоҳ расман ба рухсатии меҳнатӣ нарафтааст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо ТВ