-0.1 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 48

Фарзандхондашро бо НОС кушт

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз як ҷинояти куштани кӯдаки 6-сола тавассути падарандар хабар дод.

Ин ниҳод рӯзи сешанбе, 2-юми сентябр дар сомонааш хабар дод, ки кормандони ШВКД-2 дар н.Сино Бахтиёри Намоз, сокини 33-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо гумони даст доштан дар қатли писари ҳамсараш дастгир карданд.

Вазорат мегӯяд, марди боздоштшуда дар содир намудани ҷинояти “аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани кӯдаки хурдсол” гумонбар дониста мешавад. 

“Номбурда санаи 22-юми августи соли ҷорӣ, дар кӯчаи Ф.Муҳаммадиев Назаров С., 6-сола, ки фарзанди ҳамсараш мебошад, лату кӯб намуда, ба таври маҷбурӣ маҳсулоти тамокуро (нос) ба даҳони кӯдак андохтааст. Дар натиҷа ноболиғ Назаров С., дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расид.”, омадааст дар шарҳи хабар.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Бахтиёри Намозро боздошт намуда, ӯ ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва бар зидди ӯ бо моддаи 108-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин бори аввал нест, ки ҳодисаҳои қатлу куштор аз ҷониби войлидан дар хонаводаҳои тоҷик сурат мегирад. Охири моҳи июли соли ҷорӣ хабари кушта шудани Хисрави 15-сола тавассути падараш, Парвиз Одинаве, сокини шаҳри Турсунзода ҳамаро такон дод. Пеш аз ӯ, 30-юми июни соли ҷорӣ Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор аз рашки зиёд 4 фарзандашоро дар дарё ғарқ карду кушт, ки он ҳам хеле дар байни ҷомеаи Тоҷикистон хабарсоз шуд.

Ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки яке аз сабабҳои шиканҷа дар дохили хонаводаҳо ва ҳатто ба марг расондани фарзандон, ин тоб наовардани бузургсолон дар баробари мушкилоти ҳаёт аст. Аз ҷумла, мушкилоти оилавӣ, иқтисодӣ, фақру бекорӣ баъзе волидайнро ба он водор мекунад, ки қаҳру ғазаби худро болои зану фарзандон холӣ кунанд ва дар натиҷа, надониста даст ба ҷиноятҳои мудҳиш мезананд.

Даргузашти Муҳаммадазизи 17-сола дар Амрико

0

Муҳаммадазизи 17-сола, ки тақрибан се ҳафта дар шуъбаи эҳёгарии Шифохонаи кӯдакони шаҳри Филаделфияи Амрико дар кома буд, 1-уми сентябри соли ҷорӣ даргузашт.

Дар ин бора блогерони тоҷики муқими Аврупо хабар додаанд ва ҳоло дар вебсайти хайрияи “Gofundme” саҳифае боз кардаанд, то мардум ба қадри тавонашон ба волидайни ин навҷавони тоҷик барои маросими ҷаноза ва дафнаш кумак кунанд.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадазиз Раҳматзода, ки ҳамроҳи волидайнаш дар канори шаҳри Филаделфия мезисту дар яке аз мактабҳои Амрико таҳсил мекард, шаби 14-уми август дар як занозании гурӯҳӣ миёни навҷавонон дар ноҳияи Монтгомерии аёлати Пенсилвания аз сараш сахт осеб дид.

То ҳол дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани занозанӣ ва омилони ин кор маълумоти дақиқе нест ва таҳқиқи қазия низ идома дорад.

Боздошти як тоҷик бо иттиҳоми ҳамла ба пулис дар Русия

0

Зодаи Тоҷикистон дар ҳамла ба як пулис дар назди маркази савдои “Глобус”-и шаҳри Шелково гумонбар мешавад.

Расонаҳои русӣ, аз ҷумла канали “BAZA” хабар медиҳанд, ки дар шаҳри Шелковои вилояти Маскав се нафар, ки зодагони кишварҳои пасошӯравӣ ҳастанд, ба як корманди пулис дар назди маркази савдои “Глобус” ҳамла кардаанд. 

Ба гуфтаи манбаъ, пулис, ки либоси ғайрирасмӣ бар тан дошт, шоҳиди баҳси ҳамлагарон бо муҳофизони маркази савдо мешавад. Ӯ худро муаррифӣ намуда, талаб мекунад, ки онҳо маконро тарк кунанд. Вале дар посух ин се мард ба пулис ҳамла карда, ӯро лату кӯб менамоянд. Гарчанде корманди пулис талош кард бо таппончаи травматикӣ муқобила кунад, аммо ба таври шадид осеб дидааст.

Маъмурони Росгвардия тавонистанд як нафари ҳамлагаронро дар ҷои ҳодиса дастгир кунанд. Мақомот гуфтанд, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ду гумонбари дигар низ баъдан боздошт шуданд, ки лаҳзаи боздошти онҳо дар навор сабт шудааст.

Ин ҳодиса мавҷи нигарониҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, эҳтимоли афзоиши тафтишу бозҷӯиҳо аз ҷониби мақомоти интизомӣ оиди будубоши муҳоҷирон дар Русияро бештар мекунад.

Қурбониёни заминларзаи Афғонистон ба 1400 нафар расид

0

Мувофиқи омори ҷадид шумори ҷонбохтагон бар асари заминларзаи шаби гузашта дар Афғонистон ба беш аз 1400 нафар расидааст.

Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон рӯзи сешанбе, 2-юми сентябр омори кушташудагони заминларзаи вилояти Кунари Афғонистонро 1411 ва захмиёнро 3124 нафра эълон кард.

Ба гуфтаи ин мақомдорои Толибон, ба сабаби камбуди нерӯҳои наҷот ва таҷҳизоти лозимӣ мардуми маҳаллаҳои гирду атроф ба кумаки гирифторони зери овораҳо шитофтанд, вале боз ҳам кори наҷот ба сахтӣ пеш меравад ва ин боис шуда, ки мардуми зиёде гирифтор дар зери овораҳо ҷони худро аз даст бидиҳанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сухангӯи Толибон дирӯз омори ҷонбохтагони ин заминларзаро 800 нафар ва захмиёнро 2500 кас эълон карда буд. Ӯ ишора карда буд, ки вобаста ба вазъият эҳтимоли афзоиши омори қурбониён зиёд аст.

Бо омодани Толибон аз соли 2021 то кунун ҳамасола чандин маротиба заминларза дар Афғонистон рух додааст, ки 3-тои онро маргбортарин заминларзаҳо унвон мекунанд. Ба иттилои расонаҳо, соли 2021 дар ин кишвар дасти кам 1 заминларза, соли 2022 – 6, соли 2023 – 7, соли 2024 – 5 ва соли 2025 то кунун дасти кам 5 маротиба заминларзаҳо сабт шудааст, ки кушта ва захмиёни ин ҳамаро бештар аз 10 ҳазор нафар арзёбӣ мекунанд.

Дар пайи заминларза аксари кишварҳои дунё дирӯз ҳамдардии худро бо мардуми Афғонистон баён карданд. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз бо нашри баёнияе ба осебдидагони ин кишвар таслият гуфтааст. ВКХ заминларза ва ҳалокати садҳо нафар дар Афғонистонро “фоҷиаи ғамангез” хонда, мафзояд, ки марги мардуми зиёд дар пайи ин ҳодиса “боиси андуҳи амиқи мардуми Тоҷикистон гардидааст”.

Ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Аврупо, заминларзаи маргбори Афғонистон соати 11:17 шаби якшанбе, 31-уми август вилояти Кунар ва шаҳру навоҳии гирду атрофи онро ларзонд. Бар асоси иттилои ин пойгоҳ, шиддати заминларза 6 дараҷаи Рихтерро ташкил дода, маркази он дар 25-километрии шаҳри Саъдобод – маркази вилояти Кунар рух додааст.

Раҳмонов аз кишварҳо хост дар истихроҷи маъдан сармоягузорӣ кунанд

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) аз кишварҳо хост дар соҳаи истихроҷи маъдани Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Ҷаласа 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тянҷини Чин бо иштироки беш аз 20 раҳбари ҷаҳон, аз ҷумла Владимир Путин, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, Масъуд Пизишкиён ва дигарон баргузор шуда, роҳбарони кишварҳо рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, масоили амният ва таҳкими институтсионалии созмонро баррасӣ карданд.

Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон аз рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва истифодаи самараноки иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон гуфта, имкониятҳои ҷалби сармоя ба соҳаи саноат, таъсиси корхонаҳои муосири коркарди маъданҳо ва рушди бахши агросаноатиро муаррифӣ кардаву иштирокдорони ҳамоишро ба ҳамкории фаъол дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ ва табобатӣ дар Тоҷикистон даъват кардааст.

Раҳмонов мисли ҳамеша аз амнияти минтақавӣ гуфта, ҳамкории кишварҳои аъзои Созмонро дар муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, радикализм, таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намуди ҷинояткории фаромиллӣ зарур донистаааст.

Инчунин ӯ аз роҳбарони кишварҳои узви СҲШ барои дастгирӣ аз таъсиси Маркази зиддимухаддиротиии Созмон дар Душанбе изҳори сипос намудааст.

Дар суханрояш Эмомалӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳоро низ фаромӯш накардааст.

Дар охири ҷаласа беш аз 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла “Эъломияи Тянҷин” ва “Стратегияи рушди СҲШ то соли 2035” қабул гардидааст.

Гуфта мешавад, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки Чину Русия онро ҷойгузини НАТО медонанд, як созмони минтақавӣ буда, соли 2001 таъсис ёфтааст ва Русия, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон, Эрон, Узбекистон ва Белорус аъзои аслии ин созмон мебошанд.

Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамасола як бор доир мешавад ва ба гуфтаи коршиносон, ин созмон тадриҷан рӯзномаи худро аз масъалаҳои амният ба иқтисод ва инфрасохтор васеъ карда истодааст, аммо ихтилофи манфиатҳои кишварҳои узв маълум нест кори онҳоро то куҷо хоҳад расонд.

Заминларзаи шадиде дар Афғонистон ҷони 800 касро гирифт

0

Шаби гузашта дар вилоятҳои Кунар, Нангарҳор, Лағмон ва Нуристони Афғонистон заминларзае шадиде ба вуқуъ пайваст.

Гуфта мешавад, маркази заминларза дар шарқи Афғонистон дар вилояти Кунар буда, 6 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст. Бархе сокинони Тоҷикистон гуфтанд, ки нимаи шаби гузашта заминларзаро эҳсос карданд, вале мақомоти кишвар расман дар ин бора чизе нашр накардаанд.

Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон имрӯз, 1-уми сентябр дар нишасти матбуотие дар Кобул гуфт, ки омори ҷонбохтагон бар асари ин заминларзаи шаби гузашта ба 800 нафар расида, беш аз 2500 каси дигар маҷруҳ шудааст. Муҷоҳид афзуда, ки ин омори ниҳоӣ нест ва эҳтимол дорад шумори қурбониён афзоиш ёбад.

Бино ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, сухангӯи Толибон рӯзи душанбе гуфта, ки аксари қурбониёни ин фоҷеа сокинони вилояти Кунар мебошанд. Ӯ ҳамчунин афзуда, ки дар вилояти Нангарҳор 12 нафар ҷон бохта, 255 нафар захмӣ шудааст. Аммо дар вилояти Лағмон ва Нуристон 64 нафар захмӣ шудаанд ва дар Панҷшер ҳам 5 хона вайрон шуда, то ҳол талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

Ин мақомдори Толибон мегӯяд, дар вилояти Кунар бархе хонаҳо ба таври куллӣ хароб шудаанд. Ва азбаски гурӯҳҳои кумакрасон то ҳанӯз ба ҷойҳои ҳодиса пурра нарасидаанд, эҳтимоли афзоиши омори қурбониён зиёд аст.

Ӯ аз кишварҳо ва созмони байналмилалӣ барои рафъи мушкилоти ин фоҷеаи бузурги инсонӣ дархости кумак кардааст.

Дар пайи ин ҳодиса Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Қатару Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳо изҳори ҳамдардӣ намуда ва омодагии худро барои кумак расондан ба зарардигаон изҳор доштаанд.

То лаҳзаи нашри хабар, Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба ин кишвар изҳори ҳамдардӣ накардааст. Ва расонаҳои давлатӣ низ аз номи Эмомалӣ Раҳмон чизе нашр накардаанд.

Муҳоҷири тоҷик барои ихроҷ нашудан аз Олмон кордро дар гулӯяш гузошт

0

Як муҳоҷири тоҷик дар Олмон кордро дар гулӯи худаш гузошта, то мақомоти ин кишвар ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд.

Расонаҳои олмонӣ иттилоъ медиҳанд, ки чанде пеш як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон дар Олмон бо иттиҳоми пайравӣ аз ДИИШ боздошт шуда буд. Додгоҳи олии ин кишвар ӯро ба 5 соли зиндон, бидуни истирдод ба Тоҷикистон маҳкум кард. Аммо Додгоҳи маъмурии Мюнстер бо ин ҳукм розӣ нашуда, ҳукми истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро содир кард.

Додгоҳи маъмурии Мюнстер гуфтааст, ки сафорати Тоҷикистон дар Олмон ба онҳо итминон дода, ки парвандаи ин ҷавон мувофиқи қонун дида мешавад ва ӯ дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа қарор намегирад. Додгоҳи маъмурии Мюнстер мегӯяд, сафорат ниҳоди муътамади як кишвар аст ва мутмаин шудаанд, ки ӯро ихроҷ кунанд, зеро мавриди шиканҷа қарор намегирад.

Дафтари федеролии дифоъ аз Қонуни Асосии Олмон низ изҳор дошта, ки дар Тоҷикистон далели нақзи ҳуқуқи башар вуҷуд надорад. Ва ин шахс истирдод шавад, мавриди шиканҷа қарор намегирад.

Додгоҳи маъмурии Мюнстер гуфтааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба таври шифоӣ ба ин ҷавон итминон доданд, ки барои ҷиноятҳое, ки дар Олмон маҳкум шудааст, пас аз истирдод дар кишвар ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Ҳатто қозии додгоҳи мазкур гуфта, ки парвнадаҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ба Тоҷикистон истирдод шудаанд, ба онҳо чизе рух надодааст.

Гуфта мешавад, Дафтари федеролии муҳоҷирати Олмон моҳи октиябри соли 2024 ҳукми истирдоди ӯро содир карда буд. Моҳи феврали соли 2025 ин ҷавон ҳангоми дар шуъбаи пулиси ноҳияи Варендорф будани кордро дар гулӯи худаш гузошта, ки ӯро ихроҷ накунанд. Пас за ин Додгоҳии олӣ ҳукми истирдоди ӯро бекор кард ва гуфт, ки дар ҳоли истирдод эҳтимоли шиканҷа шуданаш хеле зиёд аст.

Тибқи иттилои манбаъ, ин ҷавони тоҷик ба он муттаҳам мешавад, ки соли 2015 ба сафи ДИИШ пайваста ва ба Сурияву Ироқ сафар кардааст. Додгоҳи олии вилояти Дюсселдорф ӯро соли 2017 ба ин далел ба зиндон маҳкум карда буд. Дар соли 2018 Идораи федеролии муҳоҷират бо сабаби таҳдиди шиканҷа шудан дар Тоҷикистон ӯро ихроҷ накард. Дар соли 2024 идораи мазкур ин қарорро бекор кард. Аммо ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Додгоҳи маъмурӣ шикоят кард.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳи хонаводааш дар ноҳияи Варендорф дар Мюнстерланд зиндагӣ мекунад. Дархостҳои паноҳандагии ӯ дар Олмон борҳо рад шудааст. Мақомот аз ӯ ном нагирифтаанд, назари худи ӯ ва наздиконаш дар ин маврди низ дастарс нест.

Мақомоти Олмон пештар Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви баландпояи ҲНИТ Шамсиддин Саидов, Билол Қурбоналиев, узви “Гурӯҳи 24” ва Дилмурод Эргашев, узви ҶИРТ-ро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буд, ки баъдан Абдуллоҳ ба 7 солБилол ба 10 сол ва Дилмурод ба 8 соли зиндон маҳкум шуданд.

Қатъи равобити иқтисодии Туркия бо Исроил

0

Туркия фазои ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои Исроил баста, равобити иқтисодиро бо ин кишвар қатъ мекунад.

Дар ин бора 29-уми августи соли ҷорӣ, вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон дар ҷаласаи изтирории парлумони кишвараш, ки вазъи Ғаззаро баррасӣ доштанд, хабар дод.

Ба гуфтаи Фидон, Исроил дар Навори Ғазза қатли ом анҷом дода, ба расонидани кумаки башардӯстона монеъ мешавад ва гуруснагиро ҳамчун силоҳ истифода мебарад.

Ӯ изҳор дошта, ки Туркия иҷозат намедиҳад киштиҳои туркӣ ба бандарҳои Исроил ворид шаванд ва киштиҳое, ки техникаи низомӣ ба Исроил мебаранд, ба бандарҳои Туркия роҳ ёбанд.

Ба иддаои ин вазири турк, то имрӯз ягон кишвар нисбат ба Исроил чунин қадамҳои ҷиддӣ набардоштааст, ҷуз Туркия.

Ҳамчунин Ҳокон Фидон Исроилро дар нооромсозии Сурия муттаҳам намуд ва гуфт, ки Тел-Авив мехоҳад ихтилофи қавму мазҳабҳоро барои тақсим кардани ин кишвар истифода барад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар Туркия тавонад бо Исроил равобити дипломатӣ ва тиҷоратияшро пурра қатъ кунад, ин метавонад ба иқтисоди Исроил зарба ворид карда, боиси болоравии қимати чиптаҳои ҳавопаймо, сӯзишворӣ ва дигар маводҳо дар Исроил хоҳад шуд. Ва эҳтимол як хезиши бузурги мардумӣ алайҳи ҳукумати Натанёҳу низ аз эҳтимол дур нест.

“Роғун” бо чӣ миқдор пул ва кай сохта мешавад?

0
Коллажи-Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни мулоқот бо кормандоин НБО “Роғун” гуфт, ки то моҳи августи соли 2027 Тоҷикистон пурра ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.

Худи Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам зимни суханронияш дар ин дидор таъкид кард, ки аз оғози истифодаи ду чархаи аввалини Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” 9,1 миллиард кВт-соат барқ тавлид шудааст, ки аз рӯи арзиш 2,1 миллиард сомонӣ (тақрибан $219 миллион)-ро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки бояд то поёни соли 2026 чархаҳои доимии панҷум ва шашуми ин нерӯгоҳ насб карда мешаванд, ки бо насби онҳо тавлиди барқ боз ҳам бештар мегардад. Гуфта мешавад, чархаҳо ва дигар таҷҳизоти асосии тавлиди барқи ин нерӯгоҳро ширкати австриявии “Voith Hydro” таъмин намудааст.

Мақомоти кишвар ин пружаи бузургро солҳо боз оғоз кардаанд, ки вале тақрибан ҳар сол маълумот дар бораи маблағии умумии он тағйир меёбад. Қаблан ҳаҷми умумии ин лоиҳа 3 миллиард доллар гуфта мешуд, вале ҳоло ин маблағ ба 8 миллирад доллар бардошта шудааст.

Тибқи оморҳои расмӣ, соли 2024 барои лоиҳаи НБО “Роғун” 2,8 миллиард сомонӣ (тақрибан $292 млн) маблағ ҷудо шуда буд, ки бо истифода аз захираҳои дохилии кишвар ин миқдор ба 4,8 миллиард сомонӣ (зиёда аз $500 млн) расид. Аммо соли 2025 хароҷоти ин лоиҳа ба 4,3 миллиард сомонӣ (тақрибан $450 млн) баробар шудааст.

Кори ин лоиҳа ба таври расмӣ ва оммавӣ аз соли 2008 оғоз шудааст. Худи мақомоти кишвар хароҷоти умумии ин лоиҳаро аз оғози кор, аз соли 2008 то кунун намегӯянд чӣ миқдор масраф шудааст, аммо сомонаи TRT GLOBAL дар як гузорише маҷмуи сармоягузорӣ аз ҳамаи манбаъҳоро то кунун зиёда аз 48,1 миллиард сомонӣ (тақрибан $5 млрд) арзёбӣ кардааст.

Тоҷикистон то кунун барои бунёди ин лоиҳа аз даҳҳо созмону бонкҳои молиявии ҷаҳонӣ маблағҳои ҳангуфт гирифтааст, вале то ҳол дар ҳеч омори расмие маълумот надодааст, ки маблағҳои умумии гирифтааш, чӣ миқдор аст. Аммо тибқи ииттилои расмӣ, Бонки ҷаҳонӣ ба ин лоиҳа дар маҷмуъ $650 млн ҷудо карда, ки $350 миллиони он дар шакли грант мебошад.

Илова бар ин, ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди ин нерӯгоҳ бо Бонки осиёии Рушд дар ҳаҷми 500 миллион доллар, Бонки исломии Рушд ва фондҳои арабӣ ба маблағи 450 миллион доллар ва ахиран бо Фонди Рушди Қатар ба маблағи 50 миллион доллар шартномаҳо баста шудааст. Ҳоло гуфтушунидҳо оид ба гирифтани қарзҳо ва грантҳои нав ба маблағи 1,7 миллиард доллар идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” лоиҳаи бузургтарини энергетикии Тоҷикистон буда, анҷоми сохтмони он то соли 2031 ба нақша гирифта шудааст. Пас аз анҷом, он бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ бо иқтидори 3600 МВт ва истеҳсоли солонаи 13 то 17 миллиард кВт / соат хоҳад буд.

Дар Русия телеграм-бот бо номи “Стоп мигрант” фаъол шуд

0

Дар Думаи давлатии Русия барои маҳдуд сохтани фаъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар телеграм-боти “Стоп мигрант” фаъол шуд.

Муаллифони тарҳ вакилон аз ҳизби “Справедливая Россия – За правду” буда, тариқи ин бот шаҳрвандон метавонанд дар бораи қонуншиканиҳои эҳтимолӣ аз ҷониби муҳоҷирон хабар диҳанд.

Раҳбари ин ҳизб ва вакили рус Сергей Миронов гуфта, ки ба бот метавон паёмҳо дар бораи “хонаҳои резинӣ”, будубоши ғайриқонунии муҳоҷирон дар кишвар, вайрон намудани қоидаҳои ҷамъитӣ, рафтори дағалона ва дигар ҳолатҳои қонуншиканиро ирсол кард.

Ӯ иддао карда, ки ҳамаи муроҷиатҳо санҷидаву ба пулис фиристода мешаванд ва аз мақомоти қудратӣ вокуниши муносиб ба ҳар як муроҷиатро талаб хоҳанд кард. Вале, маълум нест бо хабарҳои дурӯғе, ки аз ҷониби русҳо ворид хоҳад шуд, чӣ хоҳанд кард.

Коршиносон бар ин назаранд, ки фаъол шудани чунин ботҳо дар замоне ки муҳоҷирбадбинӣ дар Русия ба авҷи худ расидааст, боиси зиёд ворид шудани маълумотҳои дурӯғу носанҷида дар бораи муҳоҷирон мешавад ва он метавонад барои шаҳрвандони хориҷӣ дардисарсоз гардад.

Гуфта мешавад, ҳизби “Справедливая Россия – За правду” бо раҳбарии Сергей Миронов муаллифи чандин тарҳи қонунҳои зидди муҳоҷирӣ буда, ин ҳизб ҷонибдори ҷорӣ намудани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, манъ кардани ҷалби муҳоҷирон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ба мисли сохтмон ва нақлиёт мебошад.

Ҳамзамон Миронов борҳо гуфта буд, ки танҳо муҳоҷироне бояд ба Русия роҳ дода шаванд, ки дорои маълумоти биометрӣ ва суғуртаи тиббии пулакӣ ҳастанд ва вуруди муҳоҷирон бо оилаҳо маҳдуд шуда, танҳо ба онҳо усули кории “омад-кор кард-рафт” иҷозат дода шавад. Инчунин ҳизби ӯ пешниҳод карда буд, ки маблағи махсусе барои эҳтимоли ихроҷи муҳоҷирон аз онҳо пешакӣ ситонида шавад то бо пули андози ба гуфтааш русҳо ин кор сурат нагирад.