29.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 482

Боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми терроризм зиндонӣ шуд

0

Дар вилояти Сахалини Федератсияи Русия як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти террористӣ маҳкум ба зиндон шуд. Дар ин бора Прокуратураи вилоят дар сомонаи рамияш хабар дод.

Додгоҳи якуми ҳарбии ҳавзаи Шарқӣ нисбати ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси қисми 2-и модда 205-и Кодекси ҷиноятии Федратсияи Русия (Даъвати оммавӣ ба фаъолиятҳои террористӣ, сафедкунии оммавии терроризм ва таблиғи терроризм, ки бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ содир шудаанд) парванда боз карда, ӯро барои 3 солу 4 моҳ ба зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Дар хабари Додгоҳ гуфта мешавад, ки “соли 2019 маҳкумшуда ҳангоми дар қаламрави вилояти Сахалин буданаш бо истифода аз Интернет дар саҳифаи шахсии электронии худ, инчунин дар гурӯҳҳои дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” таъсис додааш, маводи видеоӣ, аудиоӣ ва аксӣ, ки дорои даъватҳои оммавӣ ба фаъолиятҳои террористӣ ва сафедкунии оммавии терроризм мебошанд, паҳн кадааст”.

Бино ба иттилои Додгоҳ, қарори эълоншуда то ҳол дар ҳукми иҷро надаромадаст ва дар ҳоли розӣ набудани маҳкумшуда ба ҳукм метавонад ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.

Аммо Додгоҳ ному насаби маҳкумшударо нашр накардааст ва то ҳол назари на худи ӯ ва на вакили дифоъ ва наздиконаш дастрас нест. Ва маълум нест, ки ин шаҳрванд аз кадом ноҳия ва шаҳри Тоҷикистон аст.

Ато Муҳаммаднур дар ҷанг бо Толибон ақибнишинӣ кард

0

Ато Муҳаммаднур, собиқ волии вилояти Балхи Афғонистон ва аз тоҷиктаборони ин кишвар пас аз даргирии шадид бо Толибон дар ноҳияи Шӯртеппаи вилояти Балх ақибнишинӣ кард ва ноҳия ба тасарруфи Толибон даромад. Ато Муҳаммаднур иллати ақибнишинияшро нарасидани нерӯҳои иловагии давлатӣ арзёбӣ кард.

Бино ба гузориши “tolonews” дар шабонарӯзи гузашта панҷ ноҳия аз чаҳори вилояти Афғонистон аз тасарруфи нерӯҳои давлатӣ берун шуда зери тасарруфи Толибон даромаданд.

Ноҳияҳои Шӯртеппа аз вилояти Балх, – ки дар он Атто Муҳаммаднур бо сарбозонаш ҳамроҳи Толибон меҷангид, Чак ва Саидободи вилояти Майдони Вардак, Растоқ аз вилояти Тахор ва Арғастон дар вилояти Кандаҳор дар 24 соати гузашта ба тасарруфи Толибон даромаданд.

Намояндагони мардуми Тахор дар парлумони Афғонистон гуфтанд, ноҳияи Растоқ 13-умин ноҳия дар ин вилоят аст, ки контроли он аз дасти нерӯҳои давлатӣ хориҷ мешавад.

Ҳамидуддин Юлдош, яке аз намояндагони парлумони ин кишвар гуфт, ки “Бандар Шерхон суқут карда, амалн дар контроли Толибон аст. Хабарҳо ҳокӣ аст, ки Бандари Оқина ҳам суқут кард. Дар Тахор ҳам Бандари Ойхонум аст, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, дар онҷо ноҳияи Дасшти Қалъа суқут кард, баъд Ойхонум ҳам суқут кард”.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати дифои Афғонистон ҳафтаи гузашта хабар дода буд, ки Шерхон-Бандар, ки нуқтаи убури гумрукӣ бо Тоҷикистон аст, аз дасти Толибон бозпас гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки Толибон давоми ду моҳи ахир 108 ноҳия аз вилоятҳои гуногуни Афғонистонро пурра ишғол кардаанд ва ё бо нерӯҳои давлатӣ даст ба даст кардаанд.

Дар Тоҷикистон то имрӯз беш аз 205 ҳазор нафар воксини зидди COVID-19 заданд

0

Аз рӯзи эълони маъракаи эмгузаронии аҳолии Тоҷикистон то рӯзи 27 июн 205 ҳазор 619 нафар воксини зидди COVID-19 заданд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии кишвар, аз ин шумор 18 ҳазору 29 нафар марҳилаи дуввуми воксинро низ гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз хабар додани пизишкону сокинон аз вуҷуди коронавирус ва навиштани расонаҳо, рӯзи 21 июн Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 эътироф кард, ки дар Тоҷикистон мавҷи дигарбораи ин беморӣ хуруҷ кардааст. Дар пайи он рӯзи 24 июн Вазорати тандурустии кишвар дар шаҳри Душанбе маъракаи эмгузаронии густардаи сокинони аз 18-сола болоро эълон кард.

Пеш аз эълони маъракаи эмгузаронии умумии сокинон дар марҳилаи аввал, ки аз 23 моҳи марти соли ҷорӣ оғоз ёфт, пеш аз ҳама кормандони соҳаи беҳдоштӣ, соҳаи маориф ва илм ва шахсони аз 60- сола бар зидди бемории коронавирус эмгузаронӣ мешуданд.

Тоҷикистон то имрӯз аз ду воксинаи зидди коронавирус истифода мекунад. Ҳукумати кишвар моҳи марти соли ҷорӣ дар чорчӯби барномаи Созмони ҷаҳонии беҳдошти (COVAX) 192 ҳазор воксини “AstraZeneca” ва аввали моҳи июн 300 ҳазор воксини “CoronaVac”-и чинӣ дастрас кардааст.

Ваксинаҳои бар зидди COVID-19 ба кишвар ройгон, ҳамчун кумаки башардӯстона оварда шуданд.

Қаблан Бонки осиёии рушд барои хариди 3,4 миллион воя воксинаи зидди коронавирус ба Тоҷикистон аз ҷудо кардани 25 миллион доллар маблағи грантӣ хабар дода буд.

Вуруди навбатии сарбозони Афғонистон ба хоки Тоҷикистон

0

Нисфирӯзии 27 июн дар натиҷаи ҳамлаи Толибон ба постгоҳи наздимарзии Чукчуки вулусволи Калдори вилояти Балхи Афғонистон 17 нафар аз сарбозони давлатии Афғонистон ба муқовимат тоб наоварда, ба қаламрави Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон хабар дод.

“Дар натиҷаи ин задухӯрд, ки то соати 12:50 идома ёфт, 17 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритус”, сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намуданд”, – омадааст дар хабар.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон вазъ дар он тарафи марзро ногувор арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 низ 134 сарбози нерӯҳои давлатии Афғонистон ба ҳамлаи Толибон тоб наоварда аз гузаргоҳи Шерхон-Бандар ба Тоҷикистон паноҳ бурданд. Ҳамчунин рӯзи 23 июн Хадамоти марзбонии Узбекистон низ аз вуруди сарбозони давлатии Афғонистон ба хоки ин кишвар хабар дод.

Маврид ба зикр аст, ки давоми чанд рӯзи ахир байни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон даргириҳои шадид сурат гирифт, ки дар натиҷа Гурӯҳи Толибон чандин вилояту ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияҳои вилояти Балху Бағлон ва Қундӯзу Тахорро зери тасарруфи худ дароварданд. Ҳатто то Шерхон Бандер – гузаргоҳи гумрукии Тоҷикистону Афғонистон ба дасти Толибон афтод.

Дар ҳамин ҳол имрӯз Вазорати дифои Ағонистон хабар дод, ки давоми ду рӯзи ахир вилоятҳои Балху Бағлон, чанд навоҳии Қундуз ва Шерхон Бандарро аз дасти Толибон бозпас гирифтаанд.

Давлат ё дуздхона?

0

Бо як имзо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бар шумори ҳайати кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон 80 воҳиди нав илова кард. Ва, воҳиди корӣ (штат) дар маъмурияти раёсати ҷумҳурӣ аз 270 ба 351 расонида шуд. Ба навиштаи “Спутник” дар як соли ахир ин дуввумин бор аст, ки Раҳмон теъдоди воҳиди корӣ дар Дастгоҳи иҷроияашро зиёд мекунад.

Шуруъ аз январи соли 2016 роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бар ӯҳдаи Озодаи Раҳмон духтари дуввуми худи Эмомалӣ Раҳмон  вогузор шудааст. Шавҳари Озодаи Раҳмон Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Дар пайи қарори афзоиши ҷойи корӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президент ба вазорати молия дастур дода шудааст, ки барои маошу маҳалли кору афзору анҷоми кории штатҳои нав пул пайдо кунад. Мусаллам аст ки вазорати молия боз ҳам аз ҳисоби бе ин ҳам  ба тороҷрафтаи  байтулмоли кишвар-бюҷети давлатӣ маблағ пайдо карда ва барои ин 80 нафар маошу мизу курсиву «констовар»-то компютеру ноутбуку планшету ғайраву ҳоказоҳо, мошину ронандаву маводди сӯхт фароҳам хоҳад кард.

Гуфта намешавад, ки ин воҳидҳои корӣ барои кадом соҳаҳо пешбинӣ шудаанд ва чи корҳоеро барои давлат анҷом медиҳанд. Аммо аз онки дар раҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президент Озода Раҳмон қарор дорад, Вазорати молия билодиранг ҳама «корҳои ташкилӣ»-ро дар зудтарин фурсат анҷом хоҳад дод. Бахусус, ки дар ин авохир барои ҳифзу ҳимояти шахси роҳбари Дастгоҳ ва обрӯи беш аз пеш дар ҳоли коҳишёбии вай ҳатто ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ низ ҷалб шудаанд.

Аз ин рӯ бархе аз огоҳони умур ҳадс мезананд, ки иллати афзоиши шумори кормандони Дастгоҳи иҷроия нашру пахши риштаматолиби ифшокунанда ва ошкорсозандаи ҳаёти пушти пардаи Озодаи Раҳмон дар расонаҳои озод ва мустақили тоҷикӣ дар хориҷ аз кишвар  аст.

Аз қиссаи муносибати Озода бо Шаҳбоз Раҷабзода сар карда то равобиташ бо афғони ронандаи пешини Аҳмадшоҳи Масъуд ва сафарҳои розомези табобатии ӯ ба Олмон ва ҳамчунин масдуд шудани суратҳисобҳои офшориаш дар  хориҷа,ки ингор як мақоми баланди Бонки миллии Фаронса ифшо кард, водор кардааст, ки шумораи ҳайати кормандони Дастгоҳи иҷроия,ки амалан «дубл» ва ё «неруи  кумакӣ» ба «фермаи ҷавоб» хоҳанд буд, афзуда шавад.

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон феълан аз котибот, ёрдамчиҳо, хадамоти матбуот ва худи роҳбар иборат аст. Ҳар кадоме аз ин идораҳо сардору ҷонишинҳо, бархеашон раёсат, шуъба ва бахшҳои бешумор дорад. Барои мисол дар соли гузашта дар ҳайати Дастгоҳ Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоот ташкил ва тазаккур дода шуд, ки «ҳадафи ташкили Раёсат таҳкими таҳлили кор дар бахши маориф, фарҳанг ва иттилоот мебошад, ва Раёсат ба ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар умури таълиму тарбияи ҷавонон ва рушди варзиш машғул хоҳад шуд».

Мусалламан, вақте як Раёсате ба ин азамат:-«маориф,фарҳанг,иттилоот» ташкил мешавад, чандин шуъба ва бахш ҳам дорад, ки дар ҳар кадоме аз онҳо «кор» мекунанд. Вале агар ҳадаф «таҳкими таҳлили кор… ва ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар умури таълиму тарбия» буда бошад, пас вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, раёсатҳои ҳамном дар вилоят ва шӯъбаҳои масъул дар навоҳӣ ба чи коре машғуланд?

Афзун бар ин аз чанд сол ба ин сӯ бо баҳонаи ислоҳоти сохторӣ ниҳодҳое бо номи Хадамоти назорати давлатӣ, масалан дар соҳаи маориф, дар соҳаи фарҳанг, дар соҳаи тандурустӣ ва дар тамоми соҳаҳо ташкил ва фаъол карда шудаанд, ки онҳо низ ҳадафи худро айни ҳамин чизи зикршуда эълон кардаанд. Ҳамаи ин вазоратҳо хадамотҳо, ки дар таркиби ҳукумат ҳастанд ва низ Раёсатҳои дар ҳайати Дастгоҳи иҷроияи Президент,магар як корро айни ҳамон корро намекунанд? Чи зарурат бар ташкили ин ҳама урдуи буҷҷахӯр, чиновникҳои сарборӣ?

Ҳамаи инҳо, барои мисол меоянд ба маҳалҳо ва ба ҷуз аз ситонидани ришваву пора коре дигар надоранд. Хадамоти давлатии назорати арсаи тандурустӣ меояд бемористон ва сардухтур аз тамоми бахшҳо пул ҷамъ карда ӯро «розӣ» мекунад. Тамом вассалом. Ҳамин тавр тамоми хадамотҳое, ки дар арсаҳо таъйин кардаанд.

Масалан, дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон раёсати махсус дар бораи фарҳанг чи кореро анҷом медиҳад, дар ҳоле, ки вазорати фарҳанг ҳам ҳаст ва Хадамоти назорати давлатии фарҳанг ҳам ва вазорати фарҳанг даҳҳо раёсат дорад.

Оҷонси мубориза бо коррупсия ва назорати амволи давлатӣ ва Палатаи ҳисоб як корро доранд анҷом медиҳанд, ҷудо аз Додситонии кул, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазорати дохилӣ, ки инҳо ҳам ҳатман ин ҳуқуқ ва салоҳияту ваколатҳоро, ки ин ду ниҳод доро мебошанд, доранд. Ҳоло Раёсати мушобеҳ, ки бо ҳамин кор машғул аст, ба чи дарде мехурад?

Чаро дидаву дониста маблағи бюҷети кишвар ба як чунин корҳои бесуду бесамар ва бидуни кадом манфиат сарф карда мешавад? Бюҷети мамлакат, ки зарра-зарра аз ҳисоби мардум пур карда мешавад, чаро бо ин гуна бемасъулиятӣ ва беинсофӣ харҷ хоҳад шуд? Ин ҳама ниҳодҳои такрорӣ ва комилан нозарур чаро ташкил карда мешаванд?

Дуздӣ танҳо аз хона ва ё мағоза ва ё аз ҷайби касе задан нест. Масраф ва харҷи барзиёд, ҳамон исрофе, ки мардум мегӯянд, яъне огоҳона барбод додани пули мардум низ навъи дигари дуздӣ аст.

Вақте ҳукумат қасд дорад, ки баҳои неруи барқ ба мардумро аз тирамоҳ боз 10-15 дирам зиёд кунад, ин тарафи масъаларо, ки чаро солбасол артиши чиновникҳоро зиёд мекунад,намеандешад? Бо инки ҳарсол бар шумори даҳҳо ҳазории чиновникҳо афзуда мешавд чӣ масъала ва мушкили мардум ҳал мешавад ё ки шуд?

Воқеият ин аст ки Эмомалӣ Раҳмон ё аз вазъи мавҷудаи кишвар комилан иттилоъ надорад ва ё амдан, дидаву дониста болои мардум мушкил меофарад. Вай аз бюҷети давлат тавре масраф мекунад, ки ингор аз суратҳисоби шахсиаш, корти бонкиаш ва ё ҳамон дипломати дар дасти яке аз муҳофизонаш бошад. Хоҳад китоби «Тоҷикон» чоп мекунад. Ва, домодаш Шамсулло Соҳибов аз ин ҳисоб 80 миллион сомонӣ даромади соф ба даст меоварад. (Дар асл ин як роҳи дуздӣ аз бюҷети мамлакат аст)

Чандин сол аст ки бо аҳмақ ва аблаҳ кардани мардум аз ҳисоби бюҷети мамлакат Фонди Президент ташкил кардааст. Солона 2% бюҷети давлатӣ ба ҳисоби ин Фонд гузаронида мешавад. Тамоми масрафи он дар ихтиёри худи Раҳмон аст ва назди ҳеҷ ниҳоде ҳисоб пас намедиҳад. Ҳамин гуна Фондро барои Асосгузори сулҳу ваҳдат ҳам ташкил кардаанд. Маълум нест, ки аз ҳамин ҳоло ба он низ маблағ ҷудо шуда бошад ва ё инки баъди ба фаъолияти расмӣ пардохтани институти «Асосгузор» ниҳоде, ки дар ягон давлати дунё вуҷуд надорад.

Вале аз соли 1994 ба ин тараф, ки Раҳмон раиси ҷумҳурӣ аст ҳаҷми маоши вайро ҳамчун сирри давлатӣ  пинҳон кардаанд.

Чаро дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ин ҳама нафар кор бикунад? Ҳукумату вазоратҳову кумитаҳояш чӣ кор мекунанд? Ин ҳама Хадамот чӣ? Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ чӣ? Ҳоло дар ин 351 нафари Дастгоҳи иҷроияи кормандони фаннӣ шомил намешудаанд. Магар «обмурӣ аз боғ калон нест»?

Аз як сӯ пули халқу миллат барои ҷашнҳову пешвозгириҳои пурзарқу барқ, ки миллионҳо ҳазина дорад, аз сӯи дигар таъсиси воҳидҳову ҷойҳои корӣ барои курсинишинҳо ва аз сӯе барои чопи бемавриди китобҳо, ки фақат ба хотири даромади домод сурат гирифтааст, касро бар ин хулоса меоварад, ки давлати Тоҷикистон ба як дуздхона мубаддал шудааст. Дуздхонае мисли «Фароз», мисли «Исмоили сомонӣ-асри 21», мисли даҳҳову садҳо ширкату корхонае, ки Раҳмон ва бастагони вай доранд. Аз ин рӯ мешавад гуфт, ки давлати Тоҷикистон дигар ба ҶДММ «Раҳмониён» табдил шудааст.

Масалан барои шумо мояи тааҷҷуб ва ҳайрат нест, ки «Искандаркӯл» ҳоло чунин ном дорад: «Муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ва ё як ниҳоде дигар аст ки «Дирексияи сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон»ном дорад. Ва, ҳамин «Дирексияи сохтмон дар танҳо ноҳияи Ванҷ «аз ҳисоби 680 миллион сомонии буҷети давлатӣ қариб 100 иншооту биноҳои нав ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ бунёд кардааст. Дар ин давра аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ 150 иншоот ба маблағи 70 миллион сомонӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст. Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳия ба маблағи умумии 54 миллион сомонӣ 14 иншоот, аз ҷумла 7 муассисаи таълимӣ бунёду таъмир карда шудааст».

Ҳоло савол инҷост, ки чаро «Искандаркӯл» ва даҳҳо чунин мавозеи сайёҳӣ дар ихтиёри Дастгоҳи иҷроияи Президент асту масалан дар тавозуни ҳукумати ноҳияи Айнӣ нест? Ва ё ҳамин тавр чаро ин ҳама иншоот дар ноҳияи Ванҷ (на танҳо ноҳияи Ванҷ, дар тамоми ноҳияҳо, масалн ба ҳангоми 3000 солагии ноҳияи Ҳисор ва ё 5500 солагии Саразм), ки аз бюҷети давлатӣ сохта шудаастро Дирексияи сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон анҷом диҳад?

Як мисоли дигар меоварем, то рушантар шавад, ки чи гуна аз пули бюҷети давлатӣ Раҳмон барои худ ва наздиконаш «зиндагӣ» месозад.

Вақте Шерали Хайруллоев,вазири мудофиаи Тоҷикистонро ба нафақа фиристод, барои онки ӯ бекор набошад як штати дигар: «мушовири давлатӣ (ҳоло ёрдамчӣ) оид ба амният ва дифоъро дар Дастгоҳи иҷроия ташкил дода ӯро то чанд соле маош дод. Ҳамин, ки ӯ калонсол ва пир шуд ӯро аз кор барканор ва ин штатро ҳам дигар ликвидатсия кард.

Ҳадаф танҳо яке аст. Дуздӣ ва талаву тороҷи бюҷети давлатӣ аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президент, ки роҳбарии онро Озода Раҳмон, духтари худи Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад. Ва, ҳоло афзоиши шумораи кормандони ин Дастгоҳ ҳам на ба хотири рушду ривоҷи Тоҷикистон, балки вогузории маблағҳои бештар барои истифода ва ҳимояти Озода аст.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Таъкид бар ҳифзи муҳити зист

0

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо мудири минтақавии барномаи тавсеаи созмони милали муттаҳид дидору гуфтугӯ кард. Дар ин мулоқот паёмадҳои тағйири иқлим ва зарурати ҳифзи пиряхҳои табии мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Хабаргузории “Форс” аз Душанбе гузориш дод, ки Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Миряна Сполярич Эггер, мудири минтақавии БРСММ барои Аврупо ва ИДМ дар мавриди мавзӯъҳо ва чашмандози тавсеаи ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид табодули назар ва ҳамкории мутақобил дар бисёре аз заминаҳо, монанди тавсеаи пойдори иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зистро мусбат арзёбӣ кардаанд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба талошҳои давлати Тоҷикистон дар заминаи манобеи об, таваҷҷӯҳ ба мавзӯи паёмадҳои тағйири иқлим ва зарурати ҳифозат аз пиряхҳои табииро муҳим арзёбӣ кард. Вай дар ин замина бар зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар чорчуби “Оби Душанбе ” таъкид намуд.

Тайи ин дидор мудири минтақавии БРСММ низ бар алоқамандӣ ва омодагии ин созмон барои густариши ҳамкориҳо ва иҷрои барномаҳои муштарак дар робита бо масоил ва мавзӯъҳои мавриди алоқаи муштарак таъкид намуд.

Митч Макконнелл: афғонҳо ҳақ доранд бипурсанд, ки чаро Амрико аз ҷанг бо Толибон даст бардошт?

0

Дирӯз 24 июн раҳбарони Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Вошингтон дар Маҷлиси Сино бо раҳбарони ҳизбҳои ҷумҳурихоҳ ва демократҳо дидору гуфтугӯ анҷом доданд.

Бино ба иттилои хабаргузории ВВС пас аз ин умлоқот сенатор Митч Макконнелл эъломияе пахш карда ва ибрози умедворӣ намуд, ки идораи Раисҷумҳур Ҷо Байден раванди хуруҷи нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон ба таъхир меандозад. Ба гуфтаи ӯ, хатари терроризм ҳанӯз ҳам маҳор нашудааст.

Сенатор Макконнелл гуфта, ки раҳбарони Афғонистон ва дар умум афғонҳо ҳақ доранд бипурсанд, ки чаро Амрико аз ин ҷанг даст бардошт ва роҳро барои таҳдидоти бештари террористӣ ҳамвор кард?

Қарор аст то 11 сентябри соли равон нерӯҳои амрикоӣ ва хориҷии мустақар дар Афғонистон хоки ин кишварро тарк кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз 24 июн Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии ин кишвар, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ва дигар шахсони масъули ҳукумати Афғонистон бо сафари расмӣ ба Амрико рафтанд.

Бар асоси эъломи пешакӣ ҳайати Афғонистон бо Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ва дигар шахсони масъул дидору гуфтугӯ хоҳанд кард. Баррасии масъалаҳои таҷҳиз ва ҳимоят аз нерӯҳои амниятӣ, муборизаи муштарак бо терроризм, рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ва дигар маосил дар назар аст.

Густариши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия

0

Намояндагони Русия ва Тоҷикистон барои гуфтугӯи муфассал оиди густариши робитаҳои тиҷорӣ мулоқот намуданд.

Ба нақл аз “Спутник” Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо вазири рушди иқтисодии Русия Максим Решетников дидору гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои намояндагии тиҷории Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, музокирот дар ҳошияи Форуми иқтисодии СҲШ, ки рӯзи 23 июн дар Душанбе баргузор гардид сурат гирифт.

Ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки барномаи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2021-2023-ро ба имзо расонанд.

Мушаххас шуда аст, ки ин стратегия ба тақвияти ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон равона шуда аст.

Дар ҷараёни ин дидору гуфтугӯ намояндагони Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки лоиҳаи сохтмони маркази яклухт дар ҷумҳури татбиқ карда шавад, ки он бояд ҷиҳати ташкили мева ва сабзавот кумак расонад.

Убури беш аз 50 сарбози афғонӣ ба қаламрави Узбекистон

0

Рӯзи чоршанбе Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон аз убури 53 низомии афғон аз марз ба ин кишвар хабар дод. Ин ниҳод гуфт, пас аз амалҳои тафтишотӣ, онҳо ба ватанашон баргардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, ки 53 сарбози мусаллаҳи марзбонии Афғонистон ва низомиёни маҳаллӣ рӯзи чоршанбе дар ҷанг бо Толибон тоб наоварда ақибнишинӣ карда, вориди қаламрави ин кишвар шудаанд.

“23 июни соли 2021 53 хизматчии ҳарбии сарҳадбонони Афғонистон ва ҷангиёни милисаи маҳаллӣ бо силоҳ дар қаламрави ноҳияи Шортепа ба Узбакистон гузаштанд. Пас аз гузаронидани расмиёти зарурии тафтишот ва амалҳои тафтишотӣ, ин шаҳрвандони Афғонистон ба ватани худ баргаштанд”, – гуфта мешавад дар изҳороти рӯзи панҷшанбеи ВКХ Узбекистон.

Ин дар ҳолест, рӯзи сешанбе Маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон низ аз убури 134 сарбози давлатии Афғонистон ба қалавмрави худ хабар дода буд.

Гуфта мешавад, ки сарбозони Афғонистон пас аз ҳамлаи мусаллаҳонаи Толибон дар Шерхон Бандар – нуқтаи гумрукӣ байни Тоҷикистону Афғонистон ақибнишинӣ карда, ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон рӯзи чоршанбе Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон зимни як гуфтугӯи телефонӣ вазъи марз бо Афғонистонро “хело ҳам шиддатнок” арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои муштаракро барои дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу амният дар Афғонистони ҳамсоя идома диҳанд.

Боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ҳамкори Иззат Амон

0

Мақомоти интизомии шаҳри Панҷакент алайҳи ҳомии ҳуқуқ ва ҳамкори Иззат Амон дар “Маркази тоҷикон”-и шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 307 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли Бахтовар Ҷумъаев иттилоъ дод.

Парвандае, ки алайҳи Ҷумъаев боз шудааст, яъне қисми 2-и моддаи 307 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, “Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет” маҳрум сохтан аз озодӣ аз 5 то 10 солро пешбинӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Ҷумъаев рӯзи 25-уми июн гуфта, ки рӯзи панҷшанбе Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Панҷакент падарашро даъват намуда, аз боз шудани парванда алайҳи ӯ огоҳ кардаанд.

Падари Бахтовар Ҷумъаев, Умрибой Ҷумъаев мегӯяд, рӯзи панҷшанбе ба шӯъбаи муборизаи ҷиноятҳои созмонёфта даъват шуда, аз ӯ баёнот гирифтаанд.

“Ман гуфтам, ки писарам на тундгаро ҳасту на экстремист ва ин айбномаҳо дар нисбати вай тӯҳмат аст. Муфаттиш номаш Хуршед гуфт, ки ин парвандаро ба ӯ супоридаанд, бояд тафтиш кунад, аз модари Бахтовар ва аз ҳамсояҳо забонхат бигирад”-, иброз дошт Умрибой Ҷумъаев.

Худи Бахтовар ин ҳама иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки ӯ ҷинояте накардааст ва танҳо дар Маскав ҳамроҳи Иззат Амон ба мушкилоти муҳоҷирон расида мекарданд ва аз ҳуқуқҳои онҳо дифоъ мекарданд.

Баъд аз боздошти ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон мақомоти интизомӣ алайҳи ҳамкорони ӯ, ки дар “Маркази тоҷикон” дар Маскав кор мекарданд, парванда боз карда, хонаводаҳои онҳоро зери таъқибу фишор қарор додааст.