Хона блог саҳифа 485

3 нафар дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд

0

Бар асари садамаҳои нақлиётии рӯзҳои 8-ум ва 9-уми май дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон се нафар ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои сомонаи ВКД ҶТ, шоми 8-уми май ронандаи автомобили “Мерседес-Бенс”, Зоиров Ҷовидони 34-сола, пиёдагард Шарипов Маҳсиддинро дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Худи ҳамон рӯз дар роҳи мошингарди “Айнӣ-Панҷакент” ронандаи автомобили “Равон” Амиров Абдулкарими 67-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон, Султонов Улмаси 24-соларо бо мошинаш зер кардааст.

Инчунин 9-уми майи соли ҷорӣ ронандаи 27-солаи “Опел-Астра”, Турсунов Шавкатҷон, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшан ҳаракат мекард, ба скутери сокини 21-сола ноҳияи Б.Ғафуров Шерматов Нурулло бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садамаҳои нақлиётӣ 3 нафар Шарипов Маҳсиддин, Султонов Улмас ва Шерматов Нурулло ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

ВКД-и Тоҷикистон аз боздошти гумонбарон чиза нагуфтааст, аммо аз оғози парванда алайҳи онҳо ва идомаи таҳқиқ хабар дод.

Ҳикматиёр: Афғонистон метавонад ба мухолифони мусаллаҳи тоҷик паноҳ диҳад

0

Гулбиддин Ҳикматиёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон дар хитоб ба мақомоти Тоҷикистон гуфт, кишвараш метавонад барои мухолифини мусаллаҳи Душанбе паноҳгоҳ бидиҳад.

Ҳикматиёр, ки яке аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон шинохта мешавад, дар хутбаи намози ҷумъаи рӯзи 6-уми май иддао кард, ки Тоҷикистон ба мухолифини мусаллаҳи Афғонистон паноҳгоҳ додааст ва ин кораш эълони ҷанг бо Афғонистон аст.

Ӯ гуфт: “Шумо ки ба мухолифини мусаллаҳи Афғонистон дар кишваратон паноҳ медиҳед, медонед маънои ин чист? Маънои ин ҷуз эълони ҷанг бо ҳамсоя ҳеч чизи дигаре буда наметавонад.”

Ҳикматиёр бо таъкид афзуд, ки Тоҷикистон бо паноҳ додани мухолифони афғонистонӣ ва ба онҳо омӯзиш додану дар Фархор пойгоҳи низомӣ додан, амалан бо Афғонистон эълони ҷанг кардааст. Ва дар муқобил Афғонистон ҳам метавонад аз ин ба баъд ба мухолифони мусаллаҳи Тоҷикистон паноҳ бидиҳад.

“Ва агар ин кор шуд, Тоҷикистони заиф, кӯчак ва шикананда ба чӣ сарнавиште рӯбарӯ хоҳад шуд? Ҳазорон на, балки 2-3 ҳазор нафар кофист, ки дар Афғонистон паноҳгоҳ биёбанд, барои Душанбе душвор хоҳад шуд, ки вазъияти маҳор кунад”, мегӯяд ӯ.

Таҳдидҳои Гулбиддин Ҳикматиёр дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд рӯзи пеш гурӯҳе аз мухолифини мусаллаҳи тоҷики аз вуҷуди худ дар Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳеч яке аз раҳбарони мухолифини тоҷики дар хориҷбуда то ҳол таъйид накардаанд, ки дар дохили кишвар чунин ҷиноҳеро ташкил кардаанд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ марбут будани ин гурӯҳи низомиро ба эътилофи худ рад кард, вале дар чунин вазъияти бади сиёсии Тоҷикистон ташкил шудани чунин гурӯҳҳои низомиро амри табиӣ донист.

Эътирози “Пайк” ба сафирони ИМА ва САҲА дар Тоҷикистон

0

Ҳафтаномаи минтақавии “Пайк”-и Тоҷикистон бо нашри як мактуби боз ба сафирони ИМА ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе аз онҳо пурсидааст: “Чаро аз Кӯлоб ҳазар доред!?“

Ҷон Марк Поммершайм- сафири ИМА ва Валериу Кивер, сафири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо 

Ин мактуби “Пайк”, ки дирӯз, 9-уми май бо қалами сармуҳарри он журналист Аҳмади Иброҳим дар саҳфаи расмии ин ҳафтаномаи минтақавӣ дар Фейсбук нашр шуд, таъкид мекунад, ки сафорати Амрико ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе бо онҳо ҳамкорӣ намекунанд.

Муаллифи ин нома мегӯяд, 8 сол боз дар минтақаи Кӯлоб бо ҷамъи 15 нафар хабарнигор фаъолият мекунем ва “мо бо машаққати зиёд бо нерӯйи худ дар музофот як ҳафтавори намунавӣ ва хеле серхонанда таъсис додем, шумо бошед ҷанобон, боре ҳам таваҷчӯҳ зоҳир накардед, ҳамкорӣ он тараф истад.”

Ҳафтаномаи “Пайк” бар ин бовар аст, ки “грантҳо”-и сафорати ИМА ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе бештар ба дасти як гурӯҳ мерасанд ва дигарон аз онҳо маҳрум мемонанд.

Сармуҳаррири “Пайк” сафирони ИМА ва САҲА-ро муттаҳам карда мегӯяд: “Мо ҳатто намедонем шумо киро дар ташкилотҳои ВАО-и кишвари мо раису мудиру сардору директор таъин кардед. Дар ҳоле, ки шумо ба онҳо пул медиҳед, ки моро бинанд, бо мо ҳамкорӣ кунанд. Ин одамакон пулҳои шуморо гирифта ба ҷайб зада гурӯҳбозӣ карда гаштаанд.”  

Ҳафтаномаи “Пайк”, як ҳафтаномаи мустақил ва минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб аст, ки соли 2012 сабти ном шудааст. Ин ҳафтанома барои нашри матолиби интиқодиаш борҳо аз ҷониби мақомоти кишвар зери фишор қарор гирифтааст. “Пайк” ба ҳисоби миёна зиёда аз 10 000 хонандаи доимӣ дорад ва яке аз фаъолтарин расонаҳои мустақил дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ мебошад.

Толибон: мо чархболҳои бурдашударо бозмегардонем

0

Толибон бори дигар иддао доранд, ки чархболҳои низомие, ки сарбозони артиши ҳукумати Ашраф Ғанӣ ҳангоми фирор ба Узбекистону Тоҷикистон бурда буданд, бозгардонида шаванд.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар нишасте рӯзи 8-май ба хабарнигорон гуфт, дар масъалаи бозгардондани чархболҳои ба хориҷ интиқолдодашуда бо Амрико ва кишварҳои ҳамсоя вориди гуфтугӯ шудаанд.

Сухангӯи Толибон онҳоеро, ки чархболҳоро ба хориҷ аз Афғонистон интиқол додаанд, хоин хонда, таъкид намудааст, ки ба зудӣ ин чархболҳо ба кишвараш баргардонда мешаванд.

“Ин ки сарнавишти ин чархболҳо чӣ мешавад, мо бо амрикоиҳо дар ҳоли гуфтугӯ ҳастем. Ва бо кишварҳои ҳамсоя, ки чархболҳои Афғонистон онҷо ҳастанд, гуфтугӯ шуда ва дар талош ҳастем, ки онҳо ба зудӣ баргардонда шаванд.”, – гуфт Забиҳуллоҳои Муҷоҳид.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи пеш Амркио эълон карда буд, 16 чархболе, ки ин кишвар барои артиши собиқи Афғонистон харидорӣ карда буд, ба Украина таҳвил медиҳад.

Моҳи январи соли ҷорӣ Муло Муҳаммад Яқуб, сарпарасти Вазорати дифои Толибон зимни маросими эҳёи фаъолияти чархболҳои нерӯи ҳавоии Афғонистон аз Тоҷикистон ва Узбекистон хоста буд, ки чархболҳои Афғонистонро бозгардонанд ва сабри онҳоро имтиҳон накунанд.

Бар асоси маъулумоти сомонаи “Avia.pro“, беш аз 60 ҳавопаймои низомӣ Афғонистон 15 август ба хориҷ аз Афғонистон интиқол дода шудаанд. Гуфта мешавад, халабонони собиқи Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо ба Тоҷикистон ва Узбекистон интиқол даданд.

Имсол Путин 9-уми майро танҳо ҷашн гирифт

0

Ҷашни Ғалабаи рӯзи 9-уми май ҳамасола дар Маскав бо ҳузури раҳбарони чанд кишвари дунё баргузор мешуд, аммо имсол касе ба ҷуз худи Путин дар ин ҷашн ширкат накард.

Имрӯз 9-уми май дар Майдони сурхи Маскав 77-уми солгарди ғлаба бар фошизм ҷашн гирифта шуд. Аммо дар ин маросим, ки одатан руасои ҷумҳуриҳо низ ширкат мекарданд, касе дида нашуд. Танҳо худи Путин ҳузур дошт, бидуни иштироки меҳмонони хориҷӣ.

Сухангуй Кремл Дмитрий Песков 29 апрел гуфта буд, ки “Ҳеч раҳбаре аз кишварҳои хориҷӣ барои иштирок дар Рӯзи Ғалаба даъват нашудааст”.

Ин дар ҳолест, ки аз ин пештар худи Песков ба хабарнигорон гуфта буд, ки Маскав мунтазири меҳмонҳои хориҷист ва раҳбарони кишварҳои хориҷӣ дар режаи низомии Майдони сурх даъват мешаванд, аммо Путин киҳоро даъват мекунад маълум нест.

Ҳузури раҳбарони кишварҳои хориҷӣ дар Ҷашни Ғалаба пас аз соли 2014, замоне, ки Русия Қримро ба хоки худ ҳамроҳ кард, камранг шуд. Ҳатто соли гузашта дар ин маросим ҳамчун меҳмони хориҷӣ танҳо Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт. Аммо имсол пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ва дар инзивои байналмилалӣ қарор гирифтани Маскав, ҳатто Эмомалӣ Раҳмон ҳам ширкат накард.

Оё дар Тоҷикистон ҷиноҳи низомии мухолифин ташкил мешавад? (САДО)

0

Андрей Серенко, рӯзноманигор ва сиёсатмадори рус дар

Ба иддаои Серенко, мухолифони тоҷик қасд доранд, барои расидан ба ҳадафи худ, яъне сарнагун кардани режими Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз шеваҳои сиёсӣ, балки низомиро низ истифода баранд.

Ин рӯзноманигори рус аз ҳеч гурӯҳи мухолифине мушаххас ном набурдааст, аммо бо такя ба манбааш бо номи “Умар”, ки худро намояндаи ҷиноҳи низомии мухолифини тоҷик гуфтааст, менависад, ки “тасмим дар бораи гузаштан ба усулҳои ҳарбӣ рӯзи 4-май аз ҷониби гурӯҳе аз ҷонибдорони мухолифин, ки бефоида ва нокифоя будани усулҳои танҳо сиёсии муборизаро дарк мекунанд, гирифта шуд”.

Дар идома қайд гардидааст, ки бо бархе аз фармондеҳони собиқи “ИНОТ” ва “Фронти халқӣ”, ки зарурати тағйироти системавӣ дар Тоҷикистонро мехоҳанд, аллакай тавофуқот ҳосил шудааст.

Ба навиштаи Серенко “намояндаи ҷиноҳи низомии мухолифини тоҷик ваъда додааст, ки эъломияи сиёсӣ ва барномаи ҷиноҳи низомии мухолифони тоҷик то охири моҳи май ба нашр мерасад”.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки хабари паҳн намудаи Андрей Серенко, рӯзноманигор ва сиёсатмадори рус “фейк” буда, дасти кори мақомоти амниятии тоҷик ё дасти нерӯҳои хориҷӣ мебошад.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) бар ин бовар аст, ки пайдоиши хабари “ташкили ҷиноҳи низомии мухолифини тоҷик дар дохили Тоҷикистон” раванди табиӣ буда, дасти кори мақомоти амниятии тоҷик ё дасти нерӯҳои хориҷӣ нест. Раҳбари ПМТ мегӯяд, ки дер ё зуд ҳамингуна эълонҳо ҳатман мешуданд ва ӯ дар пайдо шудани ин эълон чанд омилро муассир медонад:  

Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ПМТ (1)

Кабирӣ дар идома таъкид мекунад, ки дар байни ҷавонони мубориз, нерӯҳои мухолифин ва ҳатто баъзе инсонҳое, ки то имрӯз зидди истифодаи силоҳ буданд нафароне бар ин хулоса расидаанд, ки дигар муборизаи сирф сиёсӣ ва расонаиву дипломатӣ бо режими Раҳмон ҳеҷ натиҷае нахоҳад дод.

Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ПМТ (2)

Раҳбари ПМТ мегӯяд, ки “то чанд соли пеш истифодаи қувва ва силоҳ аз ҷониби аксарияти нерӯҳои сиёсии тоҷик, аз ҷумла ҲНИТ дар Тоҷикистон рад мешуд, аммо баъд аз ҳодисаҳои Украина ҷаҳон тағйир кард…”.

Кабирӣ мегӯяд, баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина назари аксари мухолифин тағйир карда, баъзе доираҳо суол мегузоранд, ки “Чаро русҳо ва украиниҳо аз силоҳ барои расидан ба озодӣ, каромат ва шарофати инсонии худ истифода баранду тоҷик ҳаққи истифодаи онро надошта бошад? Ва истифодаи силоҳу нерӯ танҳо дар ихтиёри як тараф, яъне режими диктатории Раҳмон бошад, ки ӯ ҳар вақте бихоҳад ва чи хеле бихоҳад аз нерӯ истифода барад, аммо миллат дар муқобили ӯ халъи силоҳ шуда бошад ва нотавону ночиз бошад?”    

Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ПМТ (3)

Раҳбари ПМТ таъкид мекунад, ки “Мо муборизаро бо роҳи мусолиматомез идома доданӣ ҳастем, аммо оппозитсияи тоҷик танҳо ПМТ нест…”.

Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ПМТ (4)

Ба назари баъзе аз таҳлилгарони мустақил нерӯҳои мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон баъд аз сулҳи соли 1997 дигар қудрати низомӣ надоранд ва Ҳукумат ҳам аз ин ҷониб мутмаин буд, аммо бо омадани Толибон ба сари қудрат ва тақвият ёфтани шохаи ДИИШ ва Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки пайравонаш аксаран зодагони Тоҷикистонанд, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ҷиддан нигарон кардааст.

Баррасии дурнамои рушди Тоҷикистону Олмон

0

Тоҷикистону Олмон баъд аз баррасии дурнамои рушди муносибатҳои сиёсии ду кишвар ба таҳкими робитаҳои худ таъкид карданд.

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “6-уми майи соли 2022 даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардиданд.”

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Олмон зери раҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг гузаронида шуданд.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷиистон “дар рафти муколама ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.”

Гуфтанист, муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатии Тоҷикистону Олмон дар соли 1992 оғоз гардида, ҷонибҳо қасд доранд соли ҷорӣ 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварро таҷлил намоянд.

КДАМ: ДИИШ тасодуфан ба сӯи Тоҷикстон тир кушодааст

0

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи якшанбе расман эълом карданд, ки 7-уми майи соли ҷорӣ аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон 4 мушаки дастсози навъи BM-1 тасодуфан шиллик шудааст.

Акс аз: “РИА Новости”

Тавре АМИТ “Ховар” бо такя ба нерӯҳои марзбонии кишвар хабар дод, “7 майи соли ҷорӣ, соати 11:45 миёни қувваҳои Толибон ва гурӯҳи мусаллаҳи аъзоёни ташкилоти байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” задухурди мусаллаҳона сурат гирифт”.

Ба гуфтаи манобеи амниятии Тоҷикистон, ин даргирӣ байни нерӯҳои Толибон ва ДИИШ дар ноҳияи Хоҷағори вилояти Тахор сурат гирифта ва аз сабаби наздик будани макони даргирӣ бо марзи Тоҷикистон тасодуфан ба хоки кишвар 4 мушак расидааст.

Аммо шохаи Хуросони гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишори паёме масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт ва таъкид кард, ки нерӯҳояш манотиқи марзии Тоҷикистонро бо 7 мушаки (Катюша) мавриди ҳамла қарор додаанд.

Дар ҳамин ҳол баъзе манобеи амниятии Тоҷикистон ин ҳамларо кори дасти гурӯҳи Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки пайравони он аксаран зодагони Тоҷикистон ҳастанд, медонанд.

То ҳол худи мақомоти Толибон дар ин бора расман чизе нагуфтаанд.

Фаврӣ! Ҳамлаи мушакӣ ба Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистон

0

Аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамлаҳои мушакӣ сурат гирифтааст. Дар ин бора чанд рӯзномагори афғон дар саҳфаи твиттерии худ хабар доданд.

Бино ба иттилои Тоҷиддин Суруш, рӯзноманигори афғон афроди мусаллаҳи ношинос дар хатти марзӣ бо Тоҷикистон дар ноҳияи Хоҷа Ғори вилояти Тахор аз як мошини тамғаи “Тойота” ба хоки Тоҷикистон ҳафт мушак партоб карда, маҳалли ҳодисароро тарк кардаанд.

Инчунин Эрфан Барзегар, хабарнигори маҳаллӣ дар Тахор, хабар дод, ки нерӯҳои тоҷик пас аз партоби чанд мушак аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон, ба сӯи ноҳияи Хоҷа Ғори Тахор оташ кушодаанд.

То ҳол мақомоти расмии ҳарду ҷониб дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ДОИШ аз партоби чанд мушак ба хоки Узбекистон аз қаламрави Афғонистон хабар дода буд. Аммо ҷониби Узбекистон ва Толибон ин хабарро рад карда буданд.

Бо пайдо шудани маълумоти нав хабар такмил мешавад!