Хона блог саҳифа 484

Боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шуд

0

Алиҷон Сафарови 25-сола сокини деҳаи Ҷонсӯзи ноҳияи Файзобод дар Украина кушта шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли наздикони ин сарбоз хабар дод.

Алиҷон Сафаров, сокини ноҳия Файзобод дар ҷанги Украина кушта шуд. Акс аз Радиои Озодӣ

Гуфта мешавад, Сафаров 8-уми май дар Украина кушта шудааст. Хабари кушта шуданашро мақомоти рус ба хонаводааш расондаанд. Аммо ҷасади ӯро ба Тоҷикистн меоранд ё не маълум нест. Ба қавли манбаъ, Сафаров аз чанд соли пеш дар артиши Русия хидмат мекард.

Аз ин пеш низ чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи нерӯҳои Русия дар Украина меҷангиданд ва хеле ҷавон буданд, кушта шуданд. Аз ҷумла Абубакр Нозимови 24-сола, зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд 12-уми апрел дар шаҳри Харкови Украина кушта шуд ва ҷасади ӯро 23-уми апрел дар шаҳри Барноули Русия ба хок сипурданд.

Ҳамчунин 28-уми апрел ҷасади Маҳмадалӣ Абдуллоҳеви 22-соларо, ки охири моҳи март дар Изюми Украина кушта шуда буд, ба зодгоҳаш ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оварда дафн карданд.

Шумори дақиқи кушташудагон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Украина маълум нест. Рӯзи 29-уми апрел як манбаъ ба Azda tv гуфта буд, ҷасади ҳудуди 15 тоҷикистониро, ки дар Украина кушта шудаанд, ба шаҳри Самараи Русия овардаанд, шояд ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд, маълум нест.

Ҳамзамон як манбаи дигар аз Русия гуфт, ки тоҷикони зиёде дар ин ҷанг кушта шудаанд, ки омори дақиқи онҳоро касе намедонад. “Оморҳое, ки мо ҳаррӯз мешунавем, тоҷикони кушташуда дар Украина хеле зиёданд. Танҳо аз як хонавода ду бародар кушта шудааст. Онҳо аз ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон буданд.”, гуфт манбаъ.

Қатли журналист Ширин Абуоқила дар Фаластин

0

Ширин Абуоқила, хабарнигори кӯҳанкори шабакаи хабарии “Алҷазира”-и Қатар дар вақти адои вазифа тавассути нерӯҳои исроилӣ кушта шуд.

Субҳи имрӯз, 11-уми майи соли 2022 шабакаи хабарии “Алҷазира”-и Қатар бо нашри як баёния аз кушта шудани хонум Ширин Абуоқила, ки ҳудуди 25 сол дар Фаластин барои ин расона кор мекард, хабар дод.

Шабакаи “Алҷазира”-и Қатар бо маҳкум кардани ин ҳодисаи дарднок нерӯҳои исроилиро масъули қатли хабарнигораш дониста, аз тамоми кишварҳо ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар дунё хостааст, ки қатли Ширин Абуоқиларо маҳкум кунанд.

Аммо ба гуфтаи ББС, нерӯҳои исроилӣ даъво доранд, ки эҳтимол дорад, ки Ширин Абуоқила бо тири нерӯҳои мусаллаҳи фаластинӣ дар урдугоҳи Ҷанин ба қатл расида бошад.

Бо ин вуҷуд, хабаргузории расмии Фаластин “ВАФО” ба нақл аз Самудӣ, ҳамкори хонум Ширин Абуоқила, ки аз ноҳия камар захмӣ шудааст, хабар дода, ки ӯ, хонум Ширин ва чанд тани дигар аз хабарнигорон, ки ҳама дар тан либоси махсус барои хабарнигорон “PRESSA” доштанд, дар назди мадориси Ожонси имдод ва кори СММ ҳузур доштанд, мавриди ҳамлаи низомиёни исроилӣ қарор гирифтаанд.

Ал-Самудӣ дар идома гуфт:

“Ҷойе, ки рӯзноманигорон дар он ҳузур доштанд, барои сарбозони ишғолгар (исроилӣ) рӯшан буд ва дар он минтақа афроди мусаллаҳ ва ё даргирие вуҷуд надошт ва онҳо ба сурати амдӣ мавриди ҳадаф қарор гирифтанд.”

Тибқи ин баёния журналист хонум Ширин Абуоқила ҳангоми адои вазифа, дар вақти ба наворгирии як роҳпаймоии фаластиниҳо, ки дар минтақаи Ҷанин баргузор мешуд, тавассути нерӯҳои исроилӣ аз ноҳия сар бо зарби тири туфанг ба қатл расид ва ҳамкораш аз ноҳия камар ҷароҳат бардошт.

Телевизиони Фаластин ҳам бо нашри як хабар гуфтааст, ки нерӯҳои исроиӣ пас аз тирборон кардани хабарнигорони “Алҷазира” дар Ҷанин ҳангоми интиқоли онҳо ба бемористон низ монеагузорӣ карданд ва ба самти онҳое, ки хабарнигорон бардошта бемористон бурданд, тир шиллик карданд.

Тамоми нерӯҳои фаластинӣ қатли хонум Ширин Абуоқиларо маҳкум карда, гурӯҳе аз ҳуқуқдонҳои Фаластин ҳам онро ҷинояти сангин дониста гуфтаанд, ки парвандаи ӯро таҳқиқ ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони қатли он ба додгоҳҳои байналмилалӣ мебаранд.

Ширин Абуоқила мутаваллиди соли 1971 мелодӣ дар Қусди ишғолӣ буд. Вай хатмкардаи факултаи хабарнигорӣ дар яке аз донишгоҳҳои Урдун буда, аз соли 1997 то имрӯз, замони ба қатл расидан дар шабакаи хабарии “Алҷазира”-и Қатар кор мекард ва ба гуфтаи худаш садои фаластиниҳои мазлумро ба ҷаҳониён мерасонид.

Воридот 2 баробар бештар аз содирот

0

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон 2 баробар бештар назар ба содирот, маҳсулот ворид шудааст.

Тибқи оморҳои расмӣ, ҳаҷми воридоти маҳсулот аз Узбекистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 93,3 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба содирот 48,5 миллион доллар бештар мебошад.

Гуфта мешавад, то соли 2019 содироти маҳсулот ба Узбекистон нисбат ба воридот бештар буд. Дар ин муддат хариду фурӯш байни кишварҳо афзоиш ёфта, соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 34,2% зиёд шуда, ба беш аз 447,8 миллион доллар расид.

Дар ибтидои солҳои 2000-ум Узбекистон яке аз се шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буд ва ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо дар як сол беш аз 500 миллион долларро ташкил медод.

Маҳсулоти асосие, ки аз Тоҷикистон ба Узбекистон содирот мешаванд ин алюминий, нерӯи барқ, намак, семент, оҳак ва ғайра буда, аз Узбекистон ба Тоҷикистон нуриҳои минералӣ ва кимиёвӣ, гази табиӣ, асбобҳои рӯзгор, либос ва ғайра ворид мешавад.

Таркиши нуқтаи сӯзишворӣ дар Мастчоҳ 6 захмӣ баҷо гузошт

0

Шоми 10-уми май дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ таркиши бузург рух дод, ки дар натиҷа 6 нафар захмӣ шуда, дар бемористони ноҳия бистарӣ шуданд.

Акс аз навори фиристодаи корбарон

Як манбаъ аз ҷамоати мазкур бо шарти ифшо нашудани номаш ба Azda tv гуфт, нуқтаи сӯзишворӣ дар наздикии бозори марказии ҷамоати Оббурдон ҷойгир буда, пас аз таркиш пурра хароб шудааст.

Гуфта мешавад, ҳодиса ҳангоми холӣ кардани сӯзишворӣ аз комиюни бензин (бензовоз) ба зарфҳои нигаҳдории маводи сӯхт сар задааст.

Наворро корбарон аз ҷои ҳодиса ба Azda tv фиристоданд.

Дар шарҳи ҳодиса манбаъ гуфт: “Бегоҳ буд, як комиюни бензин ба зарфҳои нигаҳдории маводи сӯхт сӯзишвории бензин холӣ мекард, ногоҳ оташ гирифт ва оташи он ба комиюни газ, ки каме дуртар меистод расид ва бо ҳамин як таркиши хеле сахт ба вуқуъ пайваст, ки тирезаҳои хонаҳои гирду атроф рехтанд.”, мегӯяд манбаъ.

Ба қавли манбаъ, дар наздикии ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мактаби миёнаи рақами 26-и ҷамоат ва корхонаи пахтатозакунии “Вализода” ҷойгир буданд, ки тирезаҳои онҳо низ ба пуррагӣ рехтанд.

Хушбахтона аз ин таркиши сахт талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ба қавли манобеъ 5-6 нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба бемористон мунтақил шуданд.  

Гуфта мешавад, нуқтаи сӯзишвории мазкур ба соҳибкори ҳамин ҷамоат Наврӯзов Ҷамшед тааллуқ дорад.

То ҳол мақомоти кишвар расман дар бораи хисороти ворида аз ин ҳодисаро эълон накардаанд.

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Бердимуҳаммадов

0

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ зимни сафари расмияш ба Туркманистон бо собиқ президенти ин кишвар ва раиси амалкунандаи Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Қурбанқулӣ Бердимуҳамадов мулоқот кард.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот ҷонибҳо дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон, инчунин ҳамкории ду кишварро дар дигар мсамтҳо баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо дар бораи Афғонистон изҳори назар намуда, мураккабшавии вазъи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳкимёбии мавқеи гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ дар ин кишварро, ки бо Тоҷикистону Туркманистон ҳамсарҳад аст, “ташвишовар” хондаанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 11-уми май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе ва писари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ бо як сафари расмӣ озими пойтахти Туркманистон шаҳри Ишқобод шуда буд.

Сардор Бердимуҳаммадов ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов

Гуфтанист, моҳи марти соли ҷорӣ дар Туркманистон интиқоли қудрат аз падар ба писар сурат гирифта буд. Сардор Бердимуҳаммадов, писари собиқ Президент Қурбанқулӣ Бердимуҳаммадов бо гирифтани 72,97%-и овозҳо дар интихоботи президентии моҳи март дар ин кишвар ба курсии қудрат нишаст.

Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустами Эмомалӣ

Бештари коршиноcон бар ин назаранд, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон бо ин шакл интиқоли қудрат сурат гирифта, Рустами Эмомалӣ ба ҷои падараш, Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 сол мешавад зимоми қудратдро дар даст дорад, президенти Тоҷикистон хоҳад шуд.

Тоҷикистон ва Туркманистон дар шохисҳои байналмилалӣ ду кишвари аз ҳама зиёд саркӯбкунандаи озодии баён ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонашон дониста мешаванд.  

Фарёди тоҷикони Афғонистон: “Тоҷиккуширо бас кунед!”

0

Фаъолони тоҷиктабори Афғонистон бо роҳандозии ҳаштаге зери унвони “StopTajikGenocide” иқдомеро ба роҳ андохтаанд, ки имрӯзҳо ба яке аз калидвожаҳои асосӣ дар бахши форсии шабакаи иҷтимоӣ Твиттер ҷо уфтодааст.

10-уми майи соли 2022 ҳаштаги “

Акс аз ББС, ирсоли нерӯҳои тозанафаси Толибон ба Панҷшер

Гуфтанист, тибқи гузоришҳои расонаҳои муътабар ва наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар даргириҳои ахир байни нерӯҳои Аморати исломӣ ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вилоятҳои Панҷшеру Бағлон ва Тахор даҳҳо нафар аз сарбозони Толибон куштаву захмӣ ва асир гирифта шудаанд.

Толибон вуҷуди ҳар навъ даргириеро дар Панҷшер рад мекунанд, аммо тавре расонаҳо ва фаъолони ҷомеаи мадании Афғонистон гузориш медиҳанд, Аморати исломӣ чунин зарбаи сангинеро дар муддати 8 моҳи гузашта, ки қудратро дар даст дорад, то ҳол аз ҷониби нерӯҳои зиддитолибонӣ дар Афғонистон таҷриба накарда буд. Ба ҳамин хотир, бо ирсоли нерӯҳои бештар ва анҷоми қатлҳои дастаҷамъӣ мехоҳад фарҳанги тарсу ваҳшатро дар ин се вилояти умдатан тоҷикнишин зиёдтар кунанд.

Илон Маск: мамнуъияти Трамп дар Твиттерро бекор мекунам

0

Илон Маск, мудири нави шабакаи иҷтимоии “Твиттер” гуфта, ки мамнуъияти Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрикоро дар ин шабакаи иҷтимоӣ бекор мекунад.

Ба гуфтаи соҳиби нави ин расонаи иҷтимоӣ, Трамп низ ҳақ дорад дар ин шабака фаъол бошад. Ӯ гуфт, мамнуъ кардани ҳузури Трамп дар Твиттер “аз назари ахлоқӣ бад” ва “ниҳояти ҳамоқат” буд.

Вай таъкид карда, ки мамнуъияти доимии ҳисобҳои Твиттер бояд нодир бошад ва барои “ҳисобҳое, ки кулоҳбардорӣ мекунанд ва ё робот ҳастанд, эъмол мешавад”.

Илон Маск мегӯяд, ҳоло моликияти комили Твиттер ба ӯ нагузаштааст ва бинобар ин тасмимаш ниҳоӣ нашудааст. Охири моҳи гузашта эълон шуда буд, ки Илон Маск, мудири ширкати худравсози “Тесло” шабакаи иҷтимоии Твиттерро бо қимати 44 миллиард доллари ИМА мехарад.

Ёдовар мешавем, ки шабакаи иҷтимоии Твиттер дар моҳи июн ҳисоби Доналд Трампро ба далели “таҳрик ба хушунат” масдуд кард.

Доналд Трамп пас аз масдуд шудани ҳисобаш дар Твиттер ин ширкатро ба поймол кардани озодии баён муттаҳам кард ва гуфта буд, ки дар ҳоли бозгардонданиҳисобаш дигар баргаштан ба онро надорад. Гуфта мешавад, ӯ ҳоло дар пай эҷоди шабакаи хосси худаш бо номи “Truth Social” аст.

Помириҳоро маҷбур доранд, ки алайҳи Вазирбеков шаҳодати бардурӯғ диҳанд

0

Фаъолони помириро дар Маскав маҷбур доранд, то алайҳи Ораз Вазирбеков шаҳодати бардурӯғ диҳанд. Дар ин бора P

Ба навиштаи манбаъ, дар ҳафтаҳои охир фишори болои нафароне, ки дар паёмҳои видеоӣ сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар қиболи ВМКБ-ро маҳкум карда буданд, аз ҷониби мақомоти амниятии тоҷик зиёд шудааст.

Гуфтанист, аз моҳи ноябр то моҳи март даҳҳо чунин муроҷиатҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки мақомоти амниятии тоҷик бар ивази озод шудан аз таъқиби “ҷиноӣ” ба фаъолон пешниҳод кардаанд, ки алайҳи Ораз Вазирбеков шаҳодат бардурӯғ диҳанд. Ва гӯё Вазирбеков шахсан матнҳоро омода карда, мардумро маҷбур кардааст, ки сабти видеоӣ намуда, онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунанд.

Инчунин манбаи Pamir Daily News мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон алайҳи фаъоли ҷомеаи мадании ВМКБ Ораз Вазирбеков парвандаи ҷиноӣ омода доранд.

Ёдовар мешавем, ки Ораз Вазирбеков, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон дар Русия моҳи феврали соли ҷорӣ бо пахши баёнияи видеоӣ хабар дод, ки ҷонаш дар хатар аст ва аз мақомоти Русия хост аз ӯ ва хонаводааш ҳимоят кунанд.

Белҷик: Ҳукми 53 соли зиндон ба се эронӣ

0

Додгоҳе дар Белҷик (Белгия) се эрониро, ки ҳамзамон шаҳрвандии ин кишвари аврупоиро доштанд, ба 53 соли зиндон маҳкум кард.

Акс аз ББС

Ба гузориши ББС, имрӯз, 10-уми майи соли 2022 як додгоҳи таҷдиди назар дар шаҳри Антверпени Белгия пас аз се соли мурофиа, ҳукми ниҳоии се муттаҳам ба кӯшиши бомбгузорӣ дар нишасти Созмони Муҷоҳидини Халқ дар соли 2018-ро эълон кард.

Бар асоси ҳукми додгоҳ Амир Саъдунӣ ва ҳамсараш Насима Нуъомӣ ҳар кадом ба 18 сол ва Меҳрдоди Орифонӣ ба 17 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ба гуфтаи Радиои Фардо, (Радиои Озодӣ) бар асоси ҳамин ҳукми додгоҳ, мақоми шаҳрвандии Белҷикии ҳар се аз ин маҳкумшудаҳо барои ҳамеша бекор карда шуд ва низ ҳар сеи онҳо муваззаф ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 60 ҳазор евроӣ ҳам шуданд.

Додгоҳи марҳилаи аввал дар Белҷик дар соли 2021 Асадулло Асадӣ, дипломати аршади сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Утриш (Австрия)-ро ба 20 соли зиндон маҳкум карда буд. Асадулло Асадӣ аз шикоят худдорӣ кард, аммо додгоҳи таҷдиди назар бар асоси шикояти Амир Саъдунӣ, Насима Нуъомӣ ва Меҳрдод Орифонӣ баргузор шуд.

Шӯрои миллии муқовимат (шохаи сиёсии Созмони Муҷоҳиди Халқ) ва 25 нафари дигари ба сурати хусусӣ аз даъвогарони ин парванда баданд.

Асадуллоҳи Асадӣ, дипломати 50-солаи эронӣ аст, ки дар сафорати Эрон дар Утриш (Австрия) кор мекард, тобистони соли 2018 маъмурони амниятии Олмон ба иттиҳоми қасди амалиёти террористӣ дар Фаронса ӯро боздошт карданд ва сипас дар Белҷик ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Гуфтанист, боздошт ва маҳкум шудани ин дипломати эрон тайи 3 соли гузашта ба яке аз муъзалҳои танишзо байни Эрон ва Аврупо табдил шудааст. Эрон аз замони боздошти ин дипломати худ борҳо иттиҳомоти кишварҳои арупоиро рад карда, “ба далели доштани масунияти дипломатӣ ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ хонда”, хостори озодии Асадуллоҳ Асадӣ шудааст, аммо ҷониби Аврупо мегӯяд, ки омода нест, ӯро бо ягон зиндонии аврупоӣ дар Эрон мубодила кунад.