Хона блог саҳифа 492

Муфтии Покистон аз Толибон хост мактабҳои духтаронаро боз кунад

0

Муфтӣ Муҳаммадтақӣ Усмонӣ, яке аз шинохтатарин чеҳраҳои мазҳабӣ дар Покистон ва ҷаҳони ислом аз раҳбарияти Толибон хостааст, ки дари мактабҳоро ба рӯи духтарон боз кунанд.

Муҳаммадтақӣ Усмонӣ, муовини Дорулъулуми Карочии Покистон бо ирсоли номае ба раҳбари Толибон Мулло Ҳибаттуллоҳ Охундзода таҳсили духтаронро як амри шаръӣ ва яке аз заруратҳои замони муосир дониста, аз вай хостааст, ки “ба хотири пешгирӣ аз таблиғоти манфӣ алайҳи Аморати исломӣ дар дунё” тибқи талаботи шаръӣ лозим аст, ки духтарон ба мактабу мадрасаҳо ҷалб карда шаванд.

Вай дар ин номааш бо пешниҳоди ду роҳ гуфтааст, ки метавон осон мушкили набуди ҷои алоҳида барои дарсхонии духтаронро бартараф кард:

а) писарон дар як баст ва духтарон дар басти дигар дар як бино метавонанд алоҳида дарс бихонанд.

б) дар ҳолати дуюм, метавон синфхонаҳои як биноро ду тақсим карда, дар як бахши он писарон ва дар қисми дуюм духтарон дарс бихонанд.

Толибон аз замони дубора сари қудрат омаданашон дар 15-уми августи соли 2021 бо иддаои он, ки замону макони муносибе барои таҳсили духтарон дар Афғонистон вуҷуд надорад, таҳсили духтаронро дар мактабҳо ва донишгоҳҳо манъ кардаанд.

Ба хотири бекор кардани ин қарори Толибон то кунун садҳо нафар аз духтарону бонувони Афғонистон ва сиёсатмадорони дунё дар дохил ва хориҷ аз ин кишвар эътироз кардаанд. Толибон ҳам пайваста гуфтаанд, ҳар вақте шароит фароҳам шуд, духтарон ба мактабу донишгоҳҳо ҷалб карда мешаванд.

Як корманди Додситонии кул барои таҳқири Юсуф Раҳмон боздошт шуд

0

Зокир Назарзода, собиқ сардори раёсати корҳо ва ободонии Додситонии кул, ки рутбаи сарҳанг (полковник)-ро дорад, боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Назарзода расман ба “аз худ кардани маблағҳои давлатӣ” гумонбар аст ва парвандаи ӯро Раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кули кишвар месанҷад.

Аммо наздиконаш ӯро бегуноҳ мешуморанд ва боздошташро қасосгирӣ номидаанд. Яке аз наздикони Назарзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ӯро ноодилона аз кор озод карда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Боздошти Зокир Назарзода дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ӯ гӯё дар як маҳфил додситони кул Юсуф Раҳмонро таҳқир кардааст.

То ҳол Додситонии кул аз боздошти собиқ кормандаш расман хабар надодааст.

Раиси ноҳияи Дарвоз фармони Эмомалӣ Раҳмонро итоат накард

0

Баъд аз хароб шудани хонаҳои сокинони деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз комиссияи давлатӣ ба сокинон ваъдаи сохтани хонаро дод, аммо раиси ноҳия гуфтааст, ки танҳо 3 ҳазор сомонӣ ҳақ доранд.

Акс аз саҳифаи фейсбуки МИҲД дар ВМКБ

Баъд аз ҷорӣ шудани сел дар ноҳияи Дарвоз охири моҳи март ва хароб шудани 12 хона дар деҳаи Умарак, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Алишер Мирзонаботов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳайати як комиссия аз шаҳри Душанбе бо мардуми зарардида вохӯрӣ анҷом дода, ба 15 нафар ваъда додаанд, ки дар деҳаи Паткнови ноҳия барояшон пурра аз ҳисоби давлат хона сохта медиҳанд.

Мулоқоти сокинони зарардида аз сел бо комиссияи давлатӣ

Дар хабаре, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ВМКБ рӯзи 4-апрел дар

Почобиби Абдуллоева ва Қосими Диловар Абдулқодир муовинони раиси ноҳияи Дарвоз

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, Шералӣ Кабир дар вохӯрӣ гуфта буд, ки хонаҳо қисман аз ҷониби ҳукумат ва қисман аз ҷониби чанд соҳибкор сохта мешаванд, вале раиси ноҳия маблағи хонаҳоро аз кормандони ҳукумат ва мардум ҷамъоварӣ дорад.

Azda tv барои назари мақомоти ноҳияро пурсидан натавонист тамос барқарор кунад. Дар ҳоли вокуниши мақомоти ноҳияи Дарвоз, омода аст назари онҳоро низ нашр кунад.

Афзоиши парвозҳо миёни Тоҷикистону Қазоқистон

0

Шумораи парвозҳо миёни Қазоқистону Тоҷикистон зиёд мешавад. Дар ин бора Кумитаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ширкати тоҷиии “Сомон Эйр” аз 25-уми апрели соли 2022 тасмим гирифтааст, ки шумори парвозҳо аз Душанбе ба Алмааторо аз як ба ду парвоз дар як ҳафта афзоиш диҳад.

Инчунин Ширкати қазоқии “Аir Astana” аз 1-уми майи соли ҷорӣ теъдоди парвозҳо байни Душанбеву Алмааторо аз як ба се парвоз ва аз 1 июн аз се ба чаҳор парвоз дар як ҳафта зиёд мекунад.

Ҳамин тариқ, шумораи умумии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон дар як ҳафта ба шаш парвоз хоҳад расид.

Таъкид шудааст, ки парвозҳо бо риояи қатъии талаботи санитарию эпидемиологӣ ва тибқи ҷадвали дар сайтҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ нашршуда анҷом дода мешаванд.

Шикасти навбатии “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC

0

Қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бозии чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022-ро низ бохт ва комилан шонси роҳ ёфтан ба даври навбатии ин мусобиқаро аз даст дод.

“Истиқлол” дар даври чоруми ин мусобиқа дар гурӯҳи “А” аз тими “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Бар асоси натоиҷи чаҳор давр “Ал-Ҳилол” дар гурӯҳи “А”, 12 хол ба даст оварда, дар ин гурӯҳ пешсаф аст. Дар мақомҳои дуввум ва севум “Ал-Райян”-и Қатар бо 7 хол ва “Шарҷа”-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо 4 хол қарор доранд. “Истиқлол” баъд аз чор даври бозиҳо дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гурӯҳи худ мақоми охирон қарор дошта, ягон хол ба даст наовардааст.

“Истиқлол”-и Душанбе дар ду бозии боқимондаи марҳилаи гурӯҳӣ бо дастаҳои “Ал-Райян” (23 апрел) ва “Шарҷа” (27 апрел) бозӣ мекунад.

20 соли зиндон барои қатли ҳамсар

0

Суди вилояти Суғд мардеро бо иттиҳоми худсарона амалиёти ҷарроҳӣ кардани ҳамсари ҳомилааш, ки боиси марги зану кӯдак шудааст, ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Акс аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 20-уми апрели соли 2022 Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дода, ки “Суди вилояти Суғд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷангазиев Ваҳобҷон Норбоевичро бо моддаи 104 қисми 2 банди “д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров ба анҷом расонида шуда буд, баррасӣ намуд.”

Бино ба иттилои манбаъ, Ваҳобҷон Ҷангазиев рӯзи 14-уми январи соли 2021 вақте ҳамсараш “ба дарди шадиди бачадону шикам гирифтор гардида, аз ӯ ёрии таъҷилӣ мехоҳад, ӯро бо зудӣ ба  таваллудхона набурда, қасди шахсан бо роҳи ҷарроҳӣ таваллуд кунонидан намуда” аст.

Ба гуфтаи мақомоти прокуратура, Ваҳобҷон Ҷангазиев тахминан 04:20 дақиқаи ҳамон рӯз бо корди хоҷагӣ шиками ҳамсарашро “бурида кӯдак ва бачадонро, ки узви ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад, ба берун мебарорад ва мебинад, ки кӯдак дар бачадон мурдааст, аммо баъд барои  наҷот додани ҳаёти ҳамсараш чораандешӣ карда натавониста, ҳамсараш вафот менамояд.”

Суди вилояти Суғд Ваҳобҷон Ҷангазиевро бо иттиҳоми куштори зани ҳомилааш бар асоси моддаи 104 қисми 2 банди “д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, “ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъйин карда шудааст.”

Дар хабари Прокуратураи генералии Тоҷикистон назари маҳкум шуда Ваҳобҷон Ҷангазиев, ки муттаҳам ба қатли ҳамсар аст ва ё вакили мудофеи ӯ  оварда на шудааст.

Барканории се судя дар Тоҷикистон

0

Имрӯз, 20-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон раисони суди ноҳияи Мурғоб, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Душанберо аз вазифа сабукдӯш кард.

Субҳи имрӯз, 20-уми апрели соли 2022 Президенти Тоҷикистон бо судури фармоне раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Меҳмон Аловиддин Бозгулро бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифа озод кард.

Инчунин дар ин фармони Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, ки “Раҳимзода Абдусалим аз вазифаи судяи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд,
Умарзода Ирода Бахтиёр аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сабаби вазъи саломатӣ озод карда шаванд.”

Меҳмон Аловиддин Бозгул дар гузашта раиси суди ноҳияи Рӯшон ва сипас дар вазифаи раиси суди шаҳри Хоруғ кор карда буд ва 7-уми феврали соли 2020 раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳситони Бадахшон таъйин шуда буд.

Раҳимзода Абдусалим ҳам дар парвандаи худ кор дар вазифаи судяи суди шаҳри Душанберо дорад. Вай 13-уми августи соли 2020 бо сабаби ба поён расидани муҳлати ваколат аз вазифа озод карда шуда буд ва сипас соли 25-уми ноябри соли 2021 ба вазифаи судяи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин шуда буд.

Ва аммо Умарзода Ирода Бахтиёр бошад 7-уми феврали соли 2020 ба вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин шуда буд.

Сокинони Ворух: шикояти мо аз мақомоти тоҷик аст на аз қирғизҳо

0

Сокинони Ворухи шаҳри Исфара мегӯянд, аз сабаби “бесалоҳиятӣ” ва гузаштҳои беасоси мақомоти тоҷик қирғизҳо оби дарёи Чоркӯҳро қатъ карда, онро дигарбора боз каданӣ нестанд.

Чанд сокинони Ворух, ки нахостанд номашон фош шавад, дар тамос ба Аздо тв гуфтанд, ки он фишореро, ки мақомоти тоҷик болои сокинони наздимарзӣ, аз ҷумла Ворух меоранд, қирғизҳо чунин намекунанд. Яке аз ҳамсуҳбатони мо гуфт, “агар кор ҳаминхел давом кардан гирад, ду сол пас Ворухро ҳам мегиранд қирғизҳо”.

Ба гуфтаи манобеи Аздо тв, ҳар сол 1-уми моҳи апрел қирғизҳо обро қатъ мекарданд, ҳавзи Боткентро аз об пур мекарданду гашта обро сар медоданд. Аммо имсол обро бастаанд ва боз карданӣ нестанд.

Ин сокинони Ворух таъкид карданд, ҷониби Қирғизистон имсол мехоҳад дар 150 ҳазор гектари заминҳои наздимарзӣ киштзору ниҳол шинонанд ва ба эҳтимоли зиёд дигар ба мардуми поёноб об доданӣ нест.

Як манбаи Аздо тв мегӯяд, бар иловаи фишорҳои қирғизҳо мақомоти тоҷик низ болои сокинон бо ҳар баҳона фишорҳо меоранд, то он ҷо, ки нисбати беш аз 70% ҷавонони Ворух бесабаб парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ боз кардаанд ва ҳар сол ин корро мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз сабаби чунин фишорҳои зиёди мақомоти тоҷик нисбати сокинон, аксари ҷавонон Ворухро тарк карда, ба Русия ва дигар кишварҳо паноҳ бурдаанд. Аз ин фурсати муносиб қирғизҳо истифода карда, хонаҳои мардум медароянд ва молу дороиҳояшонро мебаранд. Ӯ мегӯяд, ба сабабе, ки мӯйсафедони деҳаро ба масҷид бурдааст ва онҳо дар роҳ суҳбати Ҳоҷӣ Мирзоро гӯш кардаанд, мақомот нисбаташ парванда боз карда, бо пардохти 5 ҳазор сомонӣ халос ёфтааст.

Як ҳамсуҳбати дигари Аздо тв гуфт, “Қирғизҳо дар набуданам говҳои моро аз хона бурданд, вақте пайдо кардем ва хостем бозпас бигирем, кормандони амнияти тоҷик дахолат карда, нагузошанд молҳои худамонро бигирем.” Ӯ мегӯяд, “КДАМ-и мо ҳамеша ба манфиати қирғизҳо кор мекунад ва ҳар сокини Ворух агар барои ҳаққи худро талаб карданд талош кунад, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ мекушоянд ва ё ҷаримааш мекунанд”, мегӯяд ҳамсуҳбати мо.  

Шикояти сокинони Ворух аз фишорҳои мақомот дар ҳолест, ки чанде пеш гурӯҳе аз марзбонони кишвар бо навиштани номаи кушода аз бесалоҳиятии сардорони кумитаҳои марзбонии кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон шикоят карда буданд. Марзбонон дар номаи кушодаашон ба раисҷумҳур аз он гила доштанд, ки масъулони болоӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои тиҷоратии ширкати “Фароз” ҳатто дар ҳолати хатар ҳам иҷозати аз худ дифоъ карданро ба онҳо намедиҳанд. Ва ба ин хотир дар ҳар даргирӣ чанд марзбони тоҷик захмӣ ва кушта мешаванд.

Боздошти як муҳоҷири тоҷик бо гумони даст доштан дар куштор

0

Кормандони ВКД-и Русия рӯзи 17-уми апрел дар шаҳри Маскав як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро, ки ба куштори як мард дар шаҳри Киренск гумонбар мебошад, дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои Раёсати тафтишоти вилояти Иркутск, шаби 16-уми августи соли гузашта дар қаҳвахонаи “Оазис” воқеъ дар дар шаҳри Киренски вилояти Иркутск байни ду гурӯҳ мардон муноқиша сар зад, ки дар натиҷа он ба кордзанӣ анҷомида. Дар натиҷаи ин муноқиша як марди 34-сола бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш аз корд дар беморхона ба ҳалокат расидаааст.

Баъд аз таҳқиқи ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ муайян карданд, ки дар куштор се нафар даст доранд. Якеро ҳамон шаб ва дуюмиро баъди 6 моҳ дар шаҳри Красноярск боздошт кардаанд. Шахси сеюм, ки дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор дошт ва гуфта мешавад шаҳрванди Тоҷикистон аст, баъд аз 8 моҳ дар шаҳри Маскав боздошт карда, ба вилояти Иркустк интиқол доданд.

Дар ҳоли ҳозир  ҳарсе гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Ному насаби шаҳрванди Тоҷикистон ва назари ӯ дар ин бора дастраси расонаҳо нест.

Раиси ноҳияи Файзобод ба “амалҳои ғайриқонунӣ” муттаҳам шуд

0

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри баёнияе рӯзи 17-уми апрел хабар дод, ки собиқ раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода бо судури чанд фармон даст ба амалҳои ғайриқонунӣ задааст.

Акс аз “faraj.tj”

Раҷабзодаро Додситонӣ ба он муттаҳам карда, ки давоми солҳои 2019 ва 2020 “бо қарорҳои ғайриқонунии худ аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ барои сохтмони ҳаргуна иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷудо карда додааст”.

Дар хабар таъкид мешавад, ки ҷудо намудани заминҳои кишоварзӣ барои сохтмони биною иншоот дар салоҳияти худи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аммо бо вуҷуди ин раиси ноҳияи Файзобод аз пеши худ ба тақсими заминҳо чарогоҳӣ ва наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ даст задааст.

Дар пайи парвандаи собиқ раиси ноҳияи Файзобод, нисбати чанд масъули дигри ноҳия низ парвандаҳо боз шудааст. Тавре Додситони кул хабар дод, “нисбати собиқ раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод, Ҳасанов И.И., аъзоёни комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва роҳбари ХД “Бедил” Раҳимов Қ.Қ. барои ғайриқонунӣ додани замин, қаллобӣ ва сохтакории шаҳодатномаи конунгардонии молу мулк бо моддаҳои 3381 қисми 2 банди “б” (гайриқонунӣ додани замин бо истифода аз ваколати мансабӣ), 247 қисми 4 банди “б” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2 банди “б” (сохаткории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешкӣ, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст.”

Аммо дар хабар аз боздошт ва парванда боз шудан нисбати худи Раҷабзода чизе гуфта намешавад. Танҳо ишора шуда, ки 15 адад фармонҳои ғайриқонунии раиси ноҳия бекор, 0,75 га замини наздиҳавлигӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуда ва маблағи 28505 сомонӣ андози замин ба фоидаи буҷети давлат ситонида шуд.

Аммо назари худи Раҷабзода, собиқ раиси ноҳияи Файзобод дар бораи иттиҳомоти эълоншуда алайҳи ӯ дастрас нест.

Раҷабзода Миралӣ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз 9-уми апрели соли 2015 ҳамчун иҷрочии раиси ноҳияи Файзобод ва баъдан раиси ноҳия таъйин гардида, 24-уми ноябри соли 2020 бо сабаби “ба дигар кор гузаштан” аз вазифаи раиси ноҳияи Файзобод сабукдӯш карда шуд.

Хариду фурӯши заминҳо ба сурати ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон ба як падидаи ҳалнашаванда табдил ёфтааст. Таҳлилгарон даст задани раисону масъулони баландпояи шаҳру ноҳияҳоро ба заминфурӯшӣ ва фасод дар он мебинанд, ки худи онҳо бо ришва мансаб харидаанд ва ин кор онҳоро водор мекунад то ба фасодкорӣ ва ришваситонӣ дар ҳама соҳаҳо идома бидиҳанд.