10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 5

Додситони кул тирпарронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

0

Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ аз ҷузъиёти ҳодисаи тирпаронӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфт.

Ба гуфтаи Воҳидзода, рӯзи 31-уми январи соли ҷорӣ, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд се маҳкумшуда, ки барои содир кардани ҷиноятҳои террористӣ-экстремистӣ ба муҳлати аз 12 то 14 соли зиндон маҳкум шуда буданд, дар ҳуҷраи гаштугузор ва баромад ба кормандони муассиса бо истифода аз предметҳои гуногун ҳамла кардааанд. Ҳамчунин ин се зиндонӣ як маҳкумшудаи дигарро, ки дар он ҷо қарор доштааст, латукӯб кардаанд.

Додситони кул изҳор дошт, ки маҳкумшудагон ба талабҳои кормандони муассиса барои қатъи амалҳои худ итоат накарда, муқобилият нишон додаанд ва ба ҷони кормандон хатари ҷиддӣ эҷод кардаанд, ки дар натиҷа аз ҷониби зиндонбонҳо “безарар гардонида”, яъне кушта шудаанд.

Воҳидзода таъкид кард, ки дар натиҷаи задухӯрд ягон корманди маҳбас кушта нашудааст, аммо бар асари муқобилият нишон додани маҳкумшудагон кормандон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Шумораи кормандони захмӣ мушаххас гуфта нашуд.

Ба иддаои Воҳидзода, ин афрод қаблан низ дар зиндон чандин бор низоми адои ҷазоро вайрон карда, бо қарори додгоҳ нисбати онҳо низоми маҳбасӣ муқаррар шуда буд ва ҳамлаварон барои интиқоли минбаъда муваққатан дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешуданд.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома доштааст.

Дурустии гуфтаҳои додситонро намешавад, аз ҷойи дигар тадиқ кард, чун рӯзи пеш вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён аз посух ба суол дар бораи ин ҳодиса худдорӣ кард.

Аммо пештар “Радиои Озодӣ” бо такя ба манобеи худ дар бораи ҳодисаи тирпаронӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфта буд, ки 31-уми январи соли ҷорӣ ҳашт маҳбус баъди паррондани як нигаҳбони Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд бо нияти фирор вориди нуқтаи ҳоил шуданд, аммо нигаҳбонони дигар ба тарафи онҳо тир андохта, се маҳбусро мекушанд ва агар ин зиндониҳо аз нуқтаи ҳоил мегузаштанд, дигар як дарвозаи баромад буд ва метавонистанд гурезанд.

Ҳамчунин манобеи ин расона аз идораи тандурустии вилояти Суғд гуфтааст, ки аз боздоштгоҳ се маҳбуси кушташуда ва як захмӣ ба муассисаи тиббӣ интиқол дода шудаанд.

Муносибати Тоҷикистону Чинро кӣ вайрон кардан мехоҳад?

0

Додситони кулли кишвар иддао дорад, ки бо ҳамла аз хоки Афғонистон мехоҳанд муносибати Тоҷикистону Чинро вайрон кунанд.

13-уми феврали соли ҷорӣ, додситони кулли кишвар Ҳабибулло Воҳидзода дар ҳузури хабарнигорон даргироҳои ахир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро, ки охири соли 2025 дар ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз рух доданд, шарҳ дод.

Ба гуфтаи Воҳидзода, ин амалиёт кори дасти баъзе гурӯҳҳои ҷиноӣ буда, дар пайи он ду марзбони тоҷик ва панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.

“Шаҳрванди Чин ба роҳсозӣ машғул аст, куштори ҳамон ба кӣ даркор? Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе шаҳрвандон ва гурӯҳҳои ҷинояткор ҳастанд, ки тинҷию оромиро намехоҳанд ё мехоҳанд муносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд. Вагарна роҳсоз чаро дар вақти корӣ паронда мешавад, махсусан, мардуми Чин?” – мегӯяд Воҳидзода.

Аммо додситон аз гурӯҳе ном набурда, танҳо гуфт, ки “ин куштор аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ карда нашудааст”.

Ҳамчунин ӯ илова кард, ки дар робита ба ин ҳодисаҳо бо иттиҳоми куштор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад ва ҳамаи ҳолатҳо дар доираи парвандаҳои ҷиноӣ тафтиш ва муайян карда мешаванд.

Аммо суоли асосӣ инҷост, ки баъзе гурӯҳҳои ҷиноие ки Воҳидзода мегӯяд кадом гурӯҳ аст ва чаро мехоҳанд муносибати Тоҷикистону Чинро вайрон кунанд?

Пештар Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии рӯзи 9-уми феврал низ гуфта буд, ки яке аз омилҳои аслии даргириҳои охир дар сарҳад гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба ҳукумати феълии Афғонистон итоат намекунанд. Ӯ низ аз гурӯҳе ном набурда буд. Ҳамчунин, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бе додани ҷузъиёт гуфта буд, ки барои пешгирии низоъ дар сарҳад мақомоти қудратии ду кишвар ҳамкорӣ доранд.

Дар соли гузашта 21 мансабдор бо ҷурми тасарруфи амволи давлатӣ боздошт шуданд

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти 21 мансабдоре хабар дод, ки дар соли 2025 даст ба дуздии амволи давлатӣ задаанд.

Дар ин бора рӯзи 13-уми феврал директори Агентии зидди фасод Султонзода Сулаймон Саид зимни нишасти матбуотии ниҳодаш ба расонаҳо иттилоъ дод. Ӯ аз мансадорони боздоштшуда, ҷуз Исматулло Абдуллозода номи каси дигареро набурд.

Султонзода зимни ироаи гузориш аз фаъолияти Агентӣ гуфт, ки дар соли гузашта аз байни 21 мансабдоре, ки бар зиддашон парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми тасарруфи амволи давлатӣ боз шуда буд, парвандаи 20 нафари онҳоро ба додгоҳ фиристоданд. Аммо парвандаи Абдуллозода Исматуллоҳ, собиқ раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо, ки бо дуздии беш аз 1 миллиард сомонӣ гумонбар мешавад, ба додгоҳ нафариситоданд.

Директори Агентии зидди фасод мегӯяд, азбаски Абдуллозода дороиҳояшро ба номи фарзандон ва хешу таборонаш сабти ном кардааст, ҷамъоварии маблағ душвор шудааст. Бинобар ин, Агентӣ тасмим гирифта, ки ба шарти набаромадан аз ҷои зист ӯро озод кунад, то тавонад маблағҳоро бозпас гардонад.

Абдуллозода, ки моҳи майи соли 2025 боздошт шуда буд, ба гуфтаи Султонзода, пас аз оне, ки бо шарти набаромадан аз ҷои зист озод карда шуд, то ҳол тавониста 94,3 млн. сомонӣ қарзашро пардохт кунад, 922 млн сомонӣ мабалғи пардохт накардааш боқӣ мондааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 12-уми феврал Мирзозода Рустам, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки 14 нафаре, ки ба парвандаи собиқ раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рабт доштанд, бо пардохти 217 млн сомонӣ озод шуданд.

Ба гуфтаи Султонзода, дар маҷмуъ дар соли 2025 барои назорати буҷети давлатӣ ин ниҳод 467 тафтишу санҷишҳо гузаронида, “ба маблағи 924,4 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд, ки бо назардошти рӯёнидани бақияи зарарҳои соли қаблӣ – 951,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла 704,4 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 246,8 млн. сомонӣ ба корхонаю муассисаҳои давлатӣ барқарор карда шудааст.”

Инчунин директори Агентии зидди фасод аз боздошти кормандони давлатӣ дар ниҳодҳои гуногун хабар дод, ки аксарашон дар дуздӣ, азонихудкунӣ ва изофанависӣ муттаҳам мешаванд. Аз ҷумла, мувофиқи омори ин ниҳод, танҳо дар ширкати “Барқи тоҷик” ва шабакаҳои тақсимоти барқ дар соли 2025 ҳудуди 50 ҷиноят содир шуда, ки дар пайи он 33 нафар аз кормандони он боздошт шудаанд.

Омори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон баёнгари он аст, ки сатҳи фасод дар кишвар то рафт афзоиш меёбад. Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони Transparency International “Индекси дарки фасод”-ро барои соли 2025 нашр кард, ки Тоҷикистон бо гирифтани 19 хол аз 100 дар миёни 182 кишвари ҷаҳон дар ҷои 166-ум қарор гирифт.

Аммо Агентӣ ба ин шохиси байналмилалӣ вокуниш нишон дода, онро “арзёбии нодуруст ва ғайри воқебинона” хонд. Сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи ин ниҳод гуфт, ки созмони Transparency International ҳангоми нашри гузориши “Индекси дарки фасод” кишварҳои ҳамсояро пурра баррасӣ карда, аммо Тоҷикистонро таҳлили пурра накардааст.

Коршиносон мегӯянд, фасод ва ришва дар Тоҷикистон ниҳодина шудааст. Аз як сӯ агар маоши пасту шароити душвор аксари мақомдорони тоҷикро ба чунин кор маҷбур созад, аз сӯи дигар назорати начандон қавӣ ва олуда будани худи нозирони фасод ба ришва дигаронро водор месозанд, ки даст ба дуздии амволи давлатӣ бизананд.

Раҳимзода: Ҷиноятҳои террористӣ афзоиш ёфтаанд

0

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 12-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ аз афзоиши ҷиноятҳои террористӣ хабар дод.

Дар ҷараёни нишаст Рамазон Раҳимзода аз натиҷаҳои умумии фаъолияти Вазорати корҳои дохилии кишвар (ВКД) дар соли 2025 гузориш дод. Ӯ зимни ироаи оморҳо, иддаои кард, ки соли гузашта 1422 ҷинояти марбут ба терроризм ва экстремизм дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Вобаста ба ин навъи ҷиноят 501 гумонбар, ки ба хориҷ аз кишвар фирор карда буданд, ба Тоҷикистон баргардониданд.

Инчунин дар ҳамин давра 12 оилаи иборат аз 63 нафар, ба иддаои вазир, ба гурӯҳҳои террористӣ пайваста будаанд, ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Дар идома Раҳимзода гуфт, ки 105 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд дар хориҷ боздошт ва ба кишвар баргардондаанд. Ва дар дохили кишвар сохторҳои қудратӣ 348 нафарро, ки 153 нафарашон ҷавонон мебошанд, бо ҳамин иттиҳом боздошт кардаанд.

Дар ин нишаст Ҳотамзода Саидаҳтам, раҳбари Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД низ дар бораи баргардондани аъзои гурӯҳҳои террористӣ омореро ироа кард, аммо дар наворҳои нашршуда садояш шунида намешуд.

Вазири корҳои дохилӣ сабаби шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро ба “таълими ғайриқонунии динии сокинон” дар назди муллоҳо ва бегонапарастӣ рабт дода, гуфт, ки дар соли гузашта 308 ҷавон ва 149 ноболиғро ошкор кардаанд, ки ба чунин дарсҳо ҷалб шуда буданд ва нисбаташон чораҷӯӣ карда шуд.

Дар умум, ба гуфтаи намояндагони ВКД, беш аз 6 ҳазору 700 ҷинояткор бо иттиҳомоти гуногун дар ҷустуҷӯ карор дошта, аз ин теъдод беш аз 2 ҳазор 600 тан дастгир шуданд, ки 835 нафарашон дар хориҷи кишвар дастгир карда ва ба ҷумҳурӣ оварда шудаанд. Ин омор дар ҳолест, ки Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии моҳи августи соли 2025 гуфта буд, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли 2025 беш аз 7500 нафар дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Дар нишасти имрӯза ба фарқ аз нишасти моҳи августи соли 2025, вазир аз ҳолатҳои кӯшиши анҷом додани ҳамлаи террористӣ дар дохили кишвар ва маблағгузории фаъолияти террористӣ чизе нагуфт. Ӯ дар нишасти гузашта гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2025 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду кӯшиши анҷом додани ҳамлаи террористиро дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат пешгирӣ кардаанд. Вале вазир нагуфта буд, кадом гурӯҳ чӣ кореро мехостаанд анҷом диҳанд.

Ҳамчунин ӯ он замон аз ошкор намудани 162 ҳолати маблағгузории фаъолияти террористӣ гуфта буд, ки бо ин иттиҳом 51 нафарро боздошт карда буданд.

Раҳимзода он замон нагуфта буд, ки маблағҳо ба куҷо фиристода мешуданд, вале иддао кард, ки шаҳрвандони камбизоат ва фирефташуда пули охирини худро ба гурӯҳҳои ифротгаро дар Аврупо ва дигар кишварҳо мефиристанд ва аъзои гурӯҳҳои “террористӣ” бо ин маблағ зиндагии бошукуҳ мекардаанд.

Дар ҳоле мақомоти Тоҷикистон ҳамасола аз мубориза бо терроризму боздошти аъзои гурӯҳҳои ифротӣ мегӯянд, ки бисёре аз боздоштшудаҳо аъзои гурӯҳҳои мухолифон мебошанд. Ҳуқуқшиносону коршиносон мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи муборизаи бо терроризму ифротгароӣ, асосан фаъолони фаъолони динӣ ва мухолифони сиёсии ҳукуматро боздошту зиндонӣ мекунанд.

Чаро вазири адлия аз посух ба суолҳо дар бораи зиндонҳо худдорӣ мекунад?

0

Вазири адлияи Тоҷикистон аз ҷавоб додан ба суоли рӯзноманигорон дар бораи зиндонҳо худдорӣ кард.

Имрӯз, 12-уми феврал зимни нишасти матбуотии Вазорати адлияи Тоҷикистон хабарнигори Радиои Озодӣ аз Музаффар Ашуриён, вазири ин ниҳод дар мавриди рух додан ё надодани тирпарронӣ дар зиндони шаҳри Хуҷанд пурсид, аммо вазири адлияи кишвар аз посухи возеҳ фирор карду ҷавоби қонеъкунанде надод.

Баръакс, Ашуриён ба хабарнигор суол дод, ки “Шумо худатон чӣ хабар доред?” ва вақте посух мегирад, ки тирпарронӣ сурат гирифтааст, мегӯяд, ки “ин ҷиноят аст ва дар салоҳияти мо нест ва ба суолатон посух намедиҳам” ва ба гӯш кардани дигар суолҳо мегузарад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки хабарнигор танҳо мехост бифаҳмад, ки ҳодисае рух додааст ё на.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки Музаффар Ашуриён аз додани посух ба суолҳои муҳим ба мисли вазъи зиндониёни сиёсӣ, шароити нигаҳдории зиндониён дар маҳбасҳои кишвар ва ғайра “мегурезад”. Аммо ба суолҳо дар бораи сабти аснод ва ғайра ҳамеша посухи равшан ва дақиқ медиҳад ва ҳамеша талош мекунад то нишасти матбуотиро, ки ҳамагӣ як бор дар шаш моҳ баргузор мешавад барвақтар ҷамбаст кунад.

Ёдовар мешавем, ки дар як тирпаронӣ дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд дасти кам се зиндонӣ ва як нигаҳбон кушта шудаанд.

Гуфта мешавад, 31-уми январи соли ҷорӣ ҳашт маҳбус баъди паррондани як нигаҳбони Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд бо нияти фирор вориди нуқтаи ҳоил шуданд, аммо нигаҳбонони дигар ба тарафи онҳо тир андохта, се маҳбусро мекушанд ва агар ин зиндониҳо аз нуқтаи ҳоил мегузаштанд, дигар як дарвозаи баромад буд ва метавонистанд гурезанд.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Isloh.net” дар саҳфаи фейсбукиаш рӯзи 2-уми феврал навиштааст: “Имрӯз як зиндонии кушташуда аз Рӯдакиро зери тадобири амниятӣ гӯронданд. Адади кушташудаҳоро то 15 ва маҷруҳин ҳам зиёданд.”

Ангезаи ҳамла дар Боздоштгоҳи Хуҷанд то ҳол маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон ҳам ин ҳодисаро шарҳ надодаанд ва ин боиси тахмину оморҳои гуногун гаштааст.

Бар асари тирандозӣ дар як мактаб 9 нафар кушта шуд

0

Дар як ҳодисаи тирандозӣ дар мактаби миёнае дар иёлати Бритиш Колумбияи Канада 9 нафар кушта шуда, дасти кам 25 каси дигар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои пулис, ҳодиса рӯзи 11-уми феврал соати тақрибан 13:20 ба вақти маҳаллӣ дар шаҳраки кӯчаки Тамблер-Риҷи иёлати Бритиш Колумбия, ки ҳамагӣ 3 ҳазор ҷамъият дорад, рух додааст. Тибқи гузоришҳои ахир, вазъи саломатии ду нафар аз захмиён вазнин арзёбӣ мешавад.

Мақомоти пулис агарчи ҷузъиёти бештаре аз ин ҳодисаро нашр накардааст, аммо таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, ки ҳамлагар як зани ҷавони 18-сола буда, бо силоҳ муҷаҳҳаз будааст. Гуфта мешавад, муҳоҷим аввал ду нафар аз афроди хонаводаашро, ки яке модараш ва дигарӣ бародари 11-солааш буд, кушта, сипас ба мактаб омада, шаш нафар – як омӯзгор ва панҷ хонанди дигарро мепарронад ва дар охир худашро низ мекушад.

Пулиси иёлати мазкур ба расонаҳо гуфта, ки гумонбаршудаи ҳамла духтари 18-солаи сокини маҳаллӣ бо номи Ҷесси Ван Рутселар будааст. Пулис таъкид карда, ки Ҷесси аз ҷиҳати биологӣ мард ба дунё омада буд, аммо тақрибан шаш сол пеш даст ба тағйири ҷинсият зада, худро дар ҷомеа зан муаррифӣ мекард.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки пулиси маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти хонаводагии ҳамлагар борҳо ба хонаи онҳо даъват шудааст. Ва ҳатто ду сол пеш аз хонаи хоби ӯ чанд адад силоҳи оташфишон пайдо ва мусодира шуда буд.

То ҳол ангезаи ҳамла ва куштани нафарони зиёд аз ҷониби ҷавони 18-сола маълум нест. Ва инчунин гуфта мешавад, ки ҳеч қурбоние ҳадафмандона интихоб нашудааст, ки далели кинаву адовати қаблӣ вуҷуд дошта бошад. Пулис мегӯяд, дар ин бора парванда боз карда, таҳқиқот идома дорад.

Тирпарронӣ дар мактабҳо ва куштани хонандагону омӯзгорон чанд соли ахир дар кишварҳои ғарбӣ бештар шудааст. Ба гуфтаи коршиносон, қонуни иҷозати истифода аз силоҳ дар Амрико ва Канада омори чунин ҷиноятҳоро бештар мекунад. Ҳукумати Канада баъди ҳодисаи мушобеҳи маргбори соли 2020 назорат бар силоҳро сахттар карда буд.

Имсол ҳам Тоҷикистони фасодзадатарин кишвар шинохта шуд

0

Тоҷикистон дар соли 2025 дар миёни кишварҳои фасодзадатарини дунё қарор гирифтааст.

Transparency International “Индекси дарки фасод”-ро барои соли 2025 нашр кард, ки Тоҷикистон бо гирифтани 19 хол аз 100 дар миёни 182 кишвари ҷаҳон мақоми 166-умро касб кардааст.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Тоҷикистон танҳо Туркманистон натиҷаи пасттар дошта, бо гирифтани ҳамагӣ 17 хол дар мақоми 167 ҷой дорад.

Бино ба арзёбии созмон, Қирғизистон бо 26 имтиёз дар ҷойи 142, Узбекистон бо 31 имтиёз дар ҷойи 124 ва Қазоқистон бо 38 имтиёз дар ҷойи 96 қарор доранд.

Ин нишондиҳандаҳо бар асоси 13 манбаи мустақили беруна, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, марказҳои таҳлилӣ ва ширкатҳои рейтингӣ ҳисоб карда мешаванд ва созмон ҳамчунин дар гузоришаш бар арзёбии коршиносон ва соҳибкорон такя мекунад.

Дар гузориши Transparency International гуфта мешавад, ки пойинравии сатҳи демократия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон боис гаштааст, фасоди молӣ бештар ва фазо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ тангтар гардад.

Ба ҳамин хотир ин созмон аз мақомоти кишварҳои фасодзада хостааст, ки ҳарчи зудтар мустақилии додгоҳҳо, фаъолияти озоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаффофияти ниҳодҳои давлатиро тақвият диҳанд.

Дар миёни кишварҳои фасодзадатарини дунё қарор гирифтани Тоҷикистон дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша иддао мекунад, бар зидди коррупсия ва решакан кардани он мубориза мебарад ва мақомдорон ба қабули Стратегияи муқовимат ба коррупсия то соли 2030 дар соли 2021 ишора мекунанд. Аммо баръакс, дар муқоиса ба соли 2021 Тоҷикистон дар радабандии Transparency International 9 зина пойин рафтааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақом ва хешутаборбозӣ реша паҳн кардааст. Тасдиқи гуфтаи коршиносон ин хабари боздошти солона даҳҳо мақомдор бо иттиҳоми гирифтани пора мебошад, ки худи расонаҳои давлатӣ онро пахшу нашр мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, фасод ва ришва дар тамоми соҳаҳои кишвар чунон афзоиш ёфтааст, ки пеши ин ҷиноятҳоро гирифтан маҳол аст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ҳар мансабдори ҷадид худаш мансабро бо додани пул мехарад ва сипас ӯ низ барои рӯёндани маблағҳои сарф кардааш ҳамеша даст ба ришваву фасод мезанад. Пас ба ҳамин тариқ решаи ин кор рафта ба нафарони асосии кишвар мерасад, ки маҳви он аз имкон дур аст.

Эълоне, ки қаблан собиқа надошт. Оё вокуниши мухолифон ҳукуматро нигарон кард?

0

Барои бори аввал аст, ки расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз мулоқоту барномаҳои ояндаи Эмомалӣ Раҳмон маълумот нашр мекунанд.

Рӯзи чоршанбе, 11-уми феврал Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон бо нашри иттилоияе навишт, ки “Рӯзҳои наздик чанд мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чорабиниҳои дигар дар назар аст.

Аммо, торихи мулоқотҳо зикр нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки қарор аст дар рӯзҳои наздик раисҷумҳур бо президенти Бонки сармоягузориҳои инфрасохторӣ хонум Ҷоу Ҷиайи ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошербаев дидор кунад.

Пас аз чанд соате Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон як матлаби дигаре нашр кард, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон зери рақами №АП-971 ба Вазорати молияи Тоҷикистон фармон додааст, ки “аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 67 ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо ду миллиону чил ҳазор сомонӣ ҷудо намояд.”

Ин амри Президентро қариб тамоми ниҳодҳои ҳукуматӣ, ки дар Фейсбук саҳифа доранд, нашр карданд. Аз ҷумла, Паёми Душанбе, Ҷавонони Тоҷикистон, (ки ҳам дар сомонааш ва ҳам дар саҳфаи фейсбукияш нашр кард) Шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор ва инчунин чандин ниҳоди дигар.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон тайи беш аз ду ҳафта аст, дар расонаҳо дида намешавад, дар ҳоле ки қаблан ӯ ҳатто барои ифтиҳоҳи мағозаву роҳҳои оддӣ ҳам дар расонаҳо пайдо мешуд. Ва аз ӯ дар расонаҳои давлатӣ ба шиддат таърифу тамҷид мешуд. Ин ғайбати ӯ дар шабакаҳои тоҷикӣ бозтоби васеъ ёфта, ҳатто расонаҳои хориҷӣ ҳам онро пӯшиш доданд.

Нопадид шудани Эмомалӣ Раҳмон баҳсу гумонҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда, ки раисҷумҳур ё бемор аст ва ё ҳодисае ба сараш омадаву мақомот онро эълон намекунанд.

Чунин ҳолатҳо қаблан ҳам сурат гирифта буд, ки Эмомалӣ Раҳмон чанд муддате аз расонаҳои давлатӣ ва маҷлисҳои ҳукуматӣ ғайб мезад. Борҳо дар бораи вафот ё беморияш овозаҳо нашр мегашт, аммо пас аз нашри овозаҳо, боз дар расонаҳо пайдо мешуд.

Вале ин бор, бахусус пас аз оне, ки мақомот насиҳатҳои васиятгунаи Эмомалӣ Раҳмонро нашр карданд, ки ӯ дар он наворҳо ба ҷавонону кӯдакон ва шаҳрвнадони кишвар хитоб намуда, аз худ ситоиш мекунад, ки умрашро барои ободии давлати Тоҷикистон бахшидааст, баҳсҳоро бештар кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи Раидио Озодӣ, Эмомалӣ Раҳмон барои табобат ба Чин сафар кардааст. Аммо мақомоти давлатӣ дар ин бора чизе намегӯянд.

Ба назари коршиносон, матлабе, ки Дастгоҳи Президент дар бораи мулоқотҳо ва барномаҳои ояндаи Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, дар асл як посухест ба мавҷи овозаҳо, ки ҳамаро пур кардааст. Ва мехоҳанд ба ин тариқ ба мардум бирасонанд, ки ӯ саломат асту барномаҳояш ҳам мисли қаблӣ идома доранд.

Боз қонуни нав: Шароити муҳоҷирон дар Русия душвортар мегардад?

0

Шароити будубоши муҳоҷирон дар Русия дар пасманзари қабули пайдарпайи қонунҳои нав сахттар мешавад.

Комиссияи ҳукуматӣ оид ба фаъолияти қонунгузорӣ ислоҳот ба қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР” ва Кодекси андозро ҷонибдорӣ кард. Дар ин тағйирот талаботи иловагӣ барои тасдиқи даромади муҳоҷирон ва уҳдадориҳои нави андозӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни тасдиқшуда, шаҳрвандони хориҷие, ки муваққатан дар Русия зиндагӣ мекунанд, уҳдадор мешаванд, то ба ВКД маълумот дар бораи даромадҳои қонунии худро пешниҳод намоянд. Ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунанда маълумотнома дар бораи даромад, нусхаи эъломияи андоз ва санадҳои пардохти андоз қабул карда мешавад.

Дар сурати тасдиқ нашудани даромад, муҳлати будубоши муваққатии муҳоҷир ва аъзои оилаи ӯ, ки дар таъминоташ қарор доранд кӯтоҳ карда мешавад.

Ҳамчунин барои гирифтан ё тамдиди патенти меҳнатӣ даромади муҳоҷир бояд аз сатҳи ҳадди ақали зиндагӣ дар минтақа бо дарназардошти “коэффициенти” минтақавӣ кам набошад. Дар ин ҳолат истисно барои гирифтани нахустини патент ва инчунин барои шаҳрвандони хориҷие пешбинӣ шудааст, ки назди шахсони воқеӣ танҳо барои эҳтиёҷоти шахсии онҳо кор мекунанд.

Илова бар ин, барои муҳоҷирони корие, ки назди шахсони воқеӣ фаъолият доранд, пардохти пешакии андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ) ҷорӣ карда мешавад. Ҳаҷми пардохт бо ҳар як кӯдаки ноболиғи дар таъминотбудааш 50 фоиз зиёд мегардад.

Ба гуфтаи раиси ҳайати Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Русия Владимир Груздев, меъёри асосии пардохти пешакии моҳона барои кормандони ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ 1,2 ҳазор рубл ва барои кормандони назди шахсони воқеӣ, ки барои эҳтиёҷоти шахсӣ ба кор гирифта шудаанд, 1,7 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Муаллифони ташаббус қайд мекунанд, ки ислоҳот ба тақвияти назорат аз болои даромади шаҳрвандони хориҷӣ ва боло бурдани ҷамъоварии андоз аз даромади шахсони воқеӣ равона шудааст.

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон боз чӣ гузашт?

0

Қочоқбарони афғон боз марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур карда, бо нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон даргир шудаанд.

Бино ба иттилои Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар, шаби 10-уми феврали соли ҷорӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии “Дарқад” дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон 4 қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангии сарҳадбонон як қочоқбар бо номи Авалмир валади Абдулҳаким, тахминан 45-сола, сокини деҳаи Майдапатаи вулусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон боздошт ва аз ӯ 46 баста маводи мухаддири навъи “ҳашиш” мусодира гардид. Аммо ба 3 қочоқбари дигар муяссар шуд, ба самти Афғонистон фирор кунанд.

Ҳамчунин аз ҷойи ҳодиса 2 камераи резинӣ дарёфт карда шуд, ки қочоқбарон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳад аз он истифода бурдаанд.

Мақомоти Тоҷикистон вобаста ба ин ҳодиса бар асоси се банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла қочоқ ва ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад парванда боз карда, тафтишот оғоз шудааст.

То ҳол назари Толибон, ки ҳукуматро дар Афғонистон дар даст доранд, дастраси расонаҳо нашудааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки дар чанд моҳи охир даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон афзоиш ёфтаанд. Аз ҷумла, рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ Кумитаи марзбонии Тоҷикистон хабар дод, ки дар минтақаи марзии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чаҳор нафар, ки онҳоро «аъзои гурӯҳи террористӣ» номид, кушта шудаанд. Аммо мақомоти Толибон дар Афғонистон иддао карданд, ки ин афрод қочоқбар буданд.

Ҳамчунин рӯзи 24-уми декабри соли гузашта дар ҷараёни як задухӯрди мусаллаҳона дар ҳамин ноҳияи марзӣ ду афсари Қӯшунҳои сарҳадӣ Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон он замон хабар доданд, ки се ҳамлагар, аз «аъзои ташкилоти террористӣ» нобуд карда шуданд.

Илова бар ин, дар аввали моҳи декабри соли гузашта дар ду ҳамлаи дигар аз қаламрави Афғонистон дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон беш аз 10 шаҳрванди Чин куштаву захмӣ шуданд.