10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 6

Муҳоҷиронро дар Русия бо кадрҳои дохилӣ иваз кардан мехоҳанд

0

Дар Русия ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, тақрибан 13–15 дарсадро ташкил медиҳад ва ин соҳа бо норасоии кадрҳо рӯ ба рӯст. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар канали Telegram-и худ хабар дод.

Володин таъкид кардааст, ки ҳалли камбуди нерӯи корӣ дар соҳаи сохтмон бояд пеш аз ҳама тавассути баланд бардоштани самаранокии меҳнат ва престижи касбҳо, инчунин тариқи омодасозии мутахассисони дохилӣ амалӣ гардад, на ин ки ба ҷалби васеи муҳоҷирон такя карда шавад.

Ба иддаои ӯ, истифодаи кори муҳоҷирон аксар вақт ҳамчун роҳи осон ҳисобида мешавад, аммо такяи доимӣ ба чунин равиш метавонад дар оянда ба мушкилоти ҷиддӣ оварда расонад, ки чунин таҷриба дар баъзе кишварҳои хориҷӣ, махсусан дар Аврупо, дида мешавад. Аммо раиси Думаи давлатӣ аз ягон мушкилоти – ба гуфтааш – ҷиддӣ ном набурдааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳиссаи воқеии муҳоҷирон дар сохтмон метавонад аз 13–15 дарсади расмӣ бештар бошад, аммо Володин бо вуҷуди эътирофи камбуди коргар бо овардани ин омор мехоҳад саҳми муҳоҷирони кориро дар ин соҳа камтар нишон диҳанд.

Дар баробари ин, Володин аз ташаббусҳои марбут ба танзими сиёсати муҳоҷират ва сахттар кардани талабот ба муҳоҷирони корӣ гуфта, таъкид кардааст, ки меъёрҳои дар ду соли охир қабулшуда самаранокии худро нишон додаанд ва ҳоло қонунҳои амалкунанда дар ин самт ба 22 адад мерасад.

Раиси Думаи давлатӣ ба танзими таҳсили фарзандони муҳоҷирон низ ишора намуда, иддао кардааст, ки барои беҳтар мутобиқшавии кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд, механизми санҷиши дониши забон ҷорӣ гардидааст ва онро ҳамчун роҳи ҳалли масъалаи мутобиқшавӣ ва сифати таҳсил номидааст.

Бояд гуфт, вакилони рус барои сахттар кардани шароити муҳоҷирон зуд-зуд қонунҳои наверо пешниҳод, баррасӣ ва қабул мекунанд.

Аз ҷумла, 18-уми март вакилони Думаи давлатӣ дар хониши аввал лоиҳаи қонунеро қабул карданд, ки талаботи навро нисбат ба муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо ҷорӣ мекунад. Тибқи ин қонун, фарзандони муҳоҷирон пас аз расидан ба синни 18-солагӣ гар асоси қонунии дигари иқомат надошта бошанд бояд дар давоми 30 рӯз қаламрави Русияро тарк кунанд ва ё патент гирифта, андоз супоранд.

Илова бар ин, пешниҳод шудааст, ки иҷозаи иқомати муваққатӣ ё доимии муҳоҷироне, ки камтар аз 10 моҳ дар як сол кор кардаанд, бекор карда шавад ва ба шаҳрвандони хориҷие, ки даромади паст доранд, додан ё тамдиди патенташон рад карда шавад.

Трамп: Агар ба созиш нарасем, ҳама зерсохторҳои барқии Эронро нобуд мекунем!

0

Раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп 30-юми март бо нашри паёме дар шабакаи Truth Social таҳдид кард, ки агар ба зудӣ бо Эрон ба созиш нарасад, тамоми зерсохторҳои энержӣ ва чоҳҳои нефти ин кишварро нобуд мекунад.

Трамп зимни матлаби таҳдидомезаш ҳамзамон аз гуфтушунидҳои ҷиддӣ бо ҳукумати Эрон хабар дод ва афзуд, ки дар ин самт “пешрафти калон” ба даст омадааст. Ӯ гуфт: “Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳукумати НАВ ва АҚЛОНИТАР дар Эрон гуфтушунидҳои ҷиддӣ дорад, то амалиёти низомии худро дар Эрон қатъ кунад.”

Трамп таъкид кард, агарчи дар раванди музокироти пешравиҳое ҳаст, вале дар сурати ба зудӣ ба созиши ҷиддӣ нарасидан ва фавран боз нашудани тангаи Ҳормуз “барои тиҷорат”, нерӯҳои амрикоӣ бар иловаи зерсохторҳои энержӣ ва чоҳҳои нефтӣ инчунин ҷазираи Харк (маркази асосии содироти нефти Эрон) ва ҳатто полоишгоҳҳои обтозакуниро “комилан” нобуд мекунад.

Трамп ин амалро “хотимаи зебои меҳмонии мо дар Эрон” номид ва иддао кард, ки инҳо ҳадафҳое ҳастанд, ки то ҳол мавриди ҳамла қарор нагирифтаанд. Ӯ инро “интиқом барои сарбозони амрикоие, ки дар тӯли 47 соли гузашта аз ҷониби ҳукуматдорони Эрон кушта шудаанд”, арзёбӣ кард.

Ин таҳдиди Трамп дар ҳолест, ки ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон 28-ми феврал оғоз шуд ва инак беш аз як моҳ мешавад, ки идома дорад. Ва ҳоло тангаи Ҳормуз – роҳи асосии баҳрӣ, ки наздики 20% нефти ҷаҳон аз он ҷо убур мекунад, аз ҷониби Эрон баста мондааст.

Трамп дар аввал барои ҳамла кардан ба зерсохторҳои муҳими Эрон ба хотири боз кардани тангаи Ҳурмуз 48 соат муҳлат дода буд, аммо ин муҳлатро то 5 рӯзи дигар тамдид кард ва ахиран боз то 10 рӯз (6-уми апрел) ин муҳлатро дароз кард.

Трамп иддао дорад, ки ИМА қариб ба тамоми аҳдофаш дар Эрон расидааст ва аллакай “тағйири режими” дар ин кишвар бо кушта шудани роҳбарони калидӣ, аз ҷумла Оятуллоҳ Хоманаӣ амалан сурат гирифтааст ва ҳоло бо “ҳукумати нав” сарукор дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҷумҳурӣ исломии Эрон борҳо дар посух ба навиштаҳои Трамп дар бораи дастовардҳои гуфтушунидҳо вокуниш карда, вуҷуди гуфтушунидҳо ва ё пешрафте дар ин самтро рад кардааст. Ва ҳоло коршиносон тахмин мезананд, ки аз навиштаи ахири Трамп мешавад фаҳмид, ки эҳтимоли ҳамлаи заминии Амрико ба Эрон хеле зиёд шудааст.

Танҳо табибони рус ҳақ доранд, муҳоҷиронро дар дохили Тоҷикистон аз ташхис гузаронанд

0

Вазорати тандурустии Русия тасмим дорад барои ташхиси ҳатмии тиббии муҳоҷирони коре, ки аз Тоҷикистон ба Русия меоянд, як маркази ягона дар Тоҷикистон ташкил кунад.

Бар асоси як лоиҳаи нав, ки барои баррасӣ ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст, Вазорати тандурустии Русия мехоҳад, бо ташкили маркази ягонаи тиббӣ дар Тоҷикистон масъулияти ташхиси муҳоҷирони корӣ танҳо дар дасти табибони рус бошад.

Бо қабули ин тарҳ, танҳо табибони рус дар қаламрави Тоҷикистон ҳаққи анҷоми ташхиси муҳоҷиронро доранд. Гуфта мешавад, ҳадафи ин тарҳ “пешгирӣ аз вуруди афроде мебошад, ки гирифтори бемориҳои барои ҷомеа хатарноканд.”

Маркази миллии таҳқиқоти тиббии Русия мегӯяд, пас аз қабули тарҳи мазкур кормандони ин ниҳод, ки мустақиман дар Тоҷикистон фаъолият хоҳанд кард, салоҳият пайдо мекунанд, шаҳрвандонеро, ки қасди кор дар Русияро доранд, расман аз ташхиси тиббӣ гузаронанд ва онҳо пас аз вурудашон ба Русия маҷбур нестанд дигарбора аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Ёдовар мешавем, ки аз 9-уми октябри соли 2025 байни мақомоти Тоҷикистон ва Русия созишномаи дуҷонибае ба имзо расидааст, ки тибқи он бояд тамоми шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба Русия барои кор сафар кунанд, бояд аввал дар дохили Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Аммо дар созишномаи дуҷониба зикр нашудааст, ки кадом тараф бояд раванди ташхисро анҷом медиҳад. Ҳоло ҷониби Русия мехоҳад танҳо табибони рус ин ташхисро анҷом диҳанд. Ба гуфтаи коршиносон, ин иддаои Маркази миллии таҳқиқоти тиббии Русия баёнгари он аст, ки Русия ба ташхиси табибони Тоҷикистон эътимод надорад ва мехоҳад худаш ташаббусро ба даст гирад.

Ин тағйирот дар ҳоле пешниҳод мешавад, ки Русия сиёсати муҳоҷиратиашро ҳар замон шадидтар мекунад. Аз ҷумлаи ин раванд, гирифтани суғуртаи тиббии ройгон мебошад, ки қаблан муҳоҷирон бо доштани 3 соли қонунӣ кор кардан, метавонистанд ба даст оранд, аммо ҳоло муҳоҷир ҳадди ақал 5 сол қонунӣ бояд кор карда бошад, ки онро бигирад. Инчунин пешниҳод шудааст, ки муҳлати гузаштани муоинаи тиббӣ баъд аз воридшавӣ аз 90 рӯз то 30 рӯз кам карда шавад.

Ба назари таҳлилгарон, ташхиси пешакии муҳоҷирон, ҳатто дар давлати худашон баёнгари ошкори ташдиди сиёсатҳои муҳоҷиратии Русия мебошад. Гарчанде ин иқдом метавонад баъзе равандҳоро барои онҳое, ки ба Русия барои кор сафар кардан мехоҳанд, соддатар намояд, аммо ҳамзамон назорат ва талабот болои онҳоро бештар мекунад.

Тоҷикистон аз ҳуши сунъӣ барои мудирияти об истифода мекунад

0

Созмони Милали Муттаҳид аз истифодаи ҳуши сунъӣ барои беҳтар кардани мудирият ва назорати захираҳои об дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад.

Намояндаи СММ дар Тоҷикистон, Парватӣ Рамасвамӣ, рӯзи 27-уми марти соли 2026 дар сомонаи расмии ин созмон изҳор доштааст, ки истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад дар баробари дигар абзорҳо барои пешбинии дақиқтари обшавии пиряхҳо, ҷараёни об ва масири ҳаракати он мусоидат кунад. Ба гуфтаи ӯ, чунин технологияҳо имкон медиҳанд, ки тадбирҳои саривақтӣ ва муассир барои идоракунии захираҳои об андешида шаванд, ки барои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя низ манфиатовар хоҳанд буд.

Ба таъкиди ӯ, ҳуши сунъӣ аллакай абзорҳои амалиро, аз ҷумла назорати моҳвораиро фароҳам овардааст, ки барои харитасозии дақиқтари пиряхҳо, омӯзиши ҷараёни дарёҳо ва муайян кардани ҳавзҳои обӣ истифода мешаванд. Ожонсиҳои СММ дар Тоҷикистон бо ҳукумат ҳамкорӣ доранд, то шароити истифодаи самараноки ин технологияҳоро фароҳам созанд.

Ҳамчунин, яке аз намунаҳои ахир пешниҳоди абзорҳои “воқеияти маҷозӣ” барои донишмандони тоҷик мебошад, ки ба онҳо имкон медиҳад равандҳои марбут ба ҳаёти пиряхҳоро ба таври моделсозӣ (симулятсия) таҳлил намоянд.

Ин иқдом идомаи пешниҳодест, ки Тоҷикистон соли 2025 дар СММ таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” ироа карда буд.

Бо вуҷуди ин, коршиносон таъкид мекунанд, ки худи зеҳни сунъӣ низ бо баъзе чолишҳои муҳити зистӣ рӯ ба рӯ аст. Марказҳои дода ва системаҳои марбут ба он миқдори зиёди об ва нерӯ, бахусус барои хунуксозӣ, масраф мекунанд. Ин масъалаҳо саволҳоеро дар бораи истифодаи оқилонаи об, таъсири эҳтимолӣ ба муҳити зисти маҳаллӣ ва шаффофияти фаъолияти иҷрокунандагон ба миён меоранд.

Мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати идоракунии нодуруст, ин навоварие, ки барои ҳифзи об ва муҳити зист пешбинӣ шудааст, метавонад баръакс ба онҳо зарар расонад.

Истеъмор ё истиқлол – ҳосили ҷанги Амрико ва Эрон

0

Раисҷумҳури Амрико ҳамла болои зерсохтҳои энержии Эронро аз панҷ ба даҳ рӯз ба таълиқ даровард. Ин тасмими Доналд Трамп дар 23-юми март, пас аз баста шудани тангаи Ҳурмуз аз тарафи Эрон расонаӣ шуд. Зимнан Теҳрон эълом карда буд, ки ҳамла болои зерсохтҳои энержии ин кишвар мунҷар ба ҳадафи машруъ қарор гирифтани зерсохтҳои мушобеҳи кишварҳои шарики Вашингтон дар Ховари Миёна хоҳад шуд.

Пас аз эҷоди монеа дар масири нафткашҳо дар тангаи Ҳурмуз масъалаи ҳадаф қарор додани зерсохтҳои энержии Эрон матраҳ шуд, ки дар аввал Теҳрон гуфт, феълан тангаи мазкур баста нашуда, балки зери контрол аст. Ба иддаои мақомоти эронӣ, танга барои кишварҳои “ғайри душман” боз аст. Аммо рӯзи 27-уми март Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон расман эълон кард, ки тангаи Ҳурмузро бастааст.

Мавзеъгирии мақомоти кишварҳои мутахосим дар ҷиҳати музокирот қарор аст, гардиши ҷиддиеро дар таниши ду тараф рақам бизанад. Ҷониби Амрико аввал шуда аз оғози гуфтушунидҳо дар ҷиҳати боз кардани тангаи Ҳурмуз ва оташбас хабар дод. Дар аввал, пас аз ироаи шурути Амрико ба Эрон аз тариқи Покистон Аббоси Ироқчӣ идомаи музокиротро такзиб кард. Вале рӯзи 26-уми март расонаҳо аз ироаи шартҳои Эрон барои поён додани ҷанг ба ҷониби Амрико низ гузориш доданд. Сухангӯи Кохи Сафед ҳам пас аз мавзеъгирии аввали Аббоси Ироқчӣ эълон кард, ки низоми исломӣ агар бақои худро мехоҳад, шикаст дар ин ҷангро бояд бипазирад, вагарна ба вазъи бадтар аз ин рӯ ба рӯ мешавад.

Омодагӣ барои ҷанги хунин?

Эълони ба таъвиқ уфтодани ҳамла болои таъсисоти энержии Эрон, агар аз як тар аф “ақибнишинӣ”-и Амрико дар ҷиҳати ҳифзи шариконаш аз ҳамла болои онҳо талаққӣ шавад, аз тарафи дигар фурсате барои омодагии ҷиддитари он ба таҷовузи густардатар қаламдод шуда, ки интиқоли нерӯи низомии бештари амрикоӣ ба Ховари Миёна чун далеле бар фарзияи дувумӣ истифода мешавад. Ин тасмим шомили интиқоли беш аз 2 000 нерӯи низомии дарёӣ ва садҳо киштӣ ба Ховари Миёна аст, ки дар 18-уми март рӯйи кор омадааст, ҳол он ки низомиёни амрикоии мустақар дар Ховари Миёна аз 40 то 50 ҳазор гуфта мешаванд. Тасмими мазкур панҷ рӯз қабл аз ба таълиқ даровардани ҳамла болои таъсисоти энержии Эрон иттихоз шуд, ки далели мантиқии иқдомоти ҷиддитари Амрико барои тадовуми ҷанг дар Эрон хоҳад буд.

Ба назари коршиносони низомӣ, Эрон дар ҷанги клоссикӣ (conventional warfare) қудрати рӯёрӯӣ бо Амрикоро надорад, аз ин рӯ, истифода аз аҳроми фишори иқтисодӣ дар ин ҷанг ҷойгоҳи Эронро тақвият мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳадс зада мешавад, ки пас аз анҷоми муҳлати даҳрӯза Амрико бо нерӯи бештар иқдом ба ишғоли ҷазираи Хорг, аз тавобеи устони Бушаҳр хоҳад кард, то аз он ба унвони ҳирами фишор барои боз кардани тангаи Ҳурмуз кор гирад. Ба иттилои манобеи ғарбӣ, 90 дарсади нафти хоми Эрон аз ин ҷазира бармехезад. Аммо ишғоли он барои Амрико кори саҳлу содае нахоҳад буд, зеро ба навиштаи “Daily Mail”, “нерӯҳои амрикоӣ ниёз ба садҳо километр киштиронӣ аз тариқи тангаи Ҳурмузи маргборро доранд”, то ба ин ҷазира бирасанд. Дар ҳамин ҳол, Фил Инграм, сарҳанги мустаъфии англис дар суҳбат бо “Телеграф” гуфтааст, “ворид шудан ба он ҷо ва ҳифзи ҷазира ҷанги хунинеро ба дунбол хоҳад дошт. Амрикоиҳо… бояд барои аз даст додан, захмӣ ё кушта шудани 10-20 дарсад аз нерӯҳои худ омода бошанд”.  

Ин тарфанди Амрико, бешак, барои мақомоти эронӣ чун сир боқӣ намондааст. Зеро ҳанӯз аз замони пирӯзии Инқилоби Исломӣ ба ин сӯ мақомоти эронӣ ба тааҳҳудҳои Амрико ба чашми шак менигаранд. Хуруҷи яктарафаи Амрико аз БарҶОМ ва таҷовуз ба хоки Эрон дар тобистони соли гузашта дар зимни музокироти ҳастаии Теҳрону Вашингтон бори дигар бадаҳдии Амрикоро барои онҳо собит кард, ки натиҷаи мушаххасеро аз гуфтугӯҳои ахир интизор надоштанд, ҳол он ки анҷоми бесуди онҳо барои тарафҳо собит шуда. Ба ҳамин далел аст, ки расонаҳо аз эъзоми нерӯи низомии бештар ва падофанди ҳавоии эронӣ ба ҷазираи Харг хабар медиҳанд ва ҳатто минкории роҳҳои расидан ба онро такзиб намекунанд. Дар ин зимн Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси парлумони Эрон гуфтааст, агар қадаме бар ин ҷазира аз тарафи амрикоиҳо гузошта шавад, зерсохтҳои ҳаётии кишварҳои минтақаро бидуни маҳдудият ҳадаф қарор хоҳанд дод.

Ба ин далоил, метавон ҳадс зад, ки агар шурути Амрико тағйир накунанд, минтақа вориди даргирии шадиде хоҳад шуд, ки кишварҳои ҷадидро ҳам ба унвони тараф ва ҳам ба унвони ҳадаф ба коми худ мекашад. 

Урупои берун аз машварат

Идомаи ҷанг ба ин шева ба суди Амрико ва ҳич кишвари урупоие нахоҳад буд. Зеро бо баста боқӣ мондани тангаи Ҳурмуз иқтисоди ин кишварҳо бори гаронеро мутаҳаммил мешавад. Ба унвони мисол, пас аз изҳороти Саид Аббоси Ироқчӣ дар бораи қатъи музокира бо Амрико қимати нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ се дарсад боло рафт. Ин дар ҳолест, ки феълан вобастагии Иттиҳоди Урупо аз маводи нафтӣ 57 дарсад гуфта мешавад, ки танҳо 16 дарсади онро Амрико таъмин мекунад. Бар асоси додаҳои Шохиси мудирияти харидорӣ, то кунун ҷанги Амрико ва Эрон мунҷар ба расидани қимати коло ба болотарин сатҳ дар бозори Урупо дар се соли ахир шуда, ки идомаи он рукуди таваррум дар ин минтақаро рақам мезанад. Ҳол он ки бастани тангаи Ҳурмуз феълан 35 дарсад қимати газро дар Урупо афзуда, ки ин вазъ ҳатто бадтар аз буҳрони сӯхт дар соли 1970 гуфта мешавад.

15-уми апрели имсол Кумиссиюни Урупо тайи ҷаласае бояд масъалаи даст кашидан аз нафти Русияро ба сурати қонунӣ таъйид мекард. Аммо ҷаласаи мазкур бидуни он ки рӯзи дигаре барои баргузории он таъйин шавад, мавқуф гузошта шуд. Ҳарчанд ҳарфи мушаххасе дар бораи сабабҳои ба таъвиқ уфтодани ҷаласа гуфта нашудааст, аммо ҳадс мезананд, ки азсаргирии харидории нафти Русия ба унвони як гузинаи эҳтиётӣ то замони ҳалли қазияи тангаи Ҳурмуз боқӣ мемонад. 

Бархе аз мақомоти урупоӣ ба ин назаранд, ки ин таҷовузи Амрико ба Эрон бидуни машварат бо онҳо сурат гирифтааст ва онҳо наметавонанд дар ин ҷанг дахил бошанд. Гузашта аз ин, бархе сиёсатмадорони урупоӣ дар маҷмуъ ҷонибдори роҳбурди Амрико барои тағйири низоми сиёсӣ дар Эрон ҳастанд, аммо аз роҳкори он дар ҷиҳати барандозии низом ба далели нокомии чунин рӯйкардҳо дар нисбати Афғонистон, Ироқ ва Либӣ ҳимоят накардаанд. Аз ин рӯ, мақомоти урупоӣ феълан таъкид бар ҳалли мусолиматомези масъала мекунанд. Аммо мавзеъгирии мақомоти урупоӣ метавонад қобили тағйир бошад, зеро амнияти ин кишварҳо бо вуҷуди НАТО гиреҳ хӯрдааст ва Амрико аз лиҳози молӣ нақши бештаре дар таъмини молии ин паймони низомӣ дорад, ки дар ҳар лаҳзаи мумкин метавонад аз ин имкон истифода кунад. Ҳудуди ду сол қабл Амрико хостори тахсиси пули бештар аз кишварҳои урупоӣ барои НАТО шуд, ки дар аввал ин кишварҳо дархости Трампро рад карданд, вале баъдтар Вашингтон бо таҳдиди вогузории таъмини амнияти ин кишварҳо ба худи онҳо шарикони урупоияшро “розӣ” кард. 

Тарҳи Ховари Миёнаи Нав

Тарҳи Ховари Миёнаи Нав ё Ховари Миёнаи Бузургтар аз тарҳҳоест, ки зимни таҳоҷуми Амрико ба Ироқ дар соли 2003 муаррифӣ шуд. Он кишварҳои арабӣ, шимоли Африқо, Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Исроил ва Қибрисро шомил мешавад. Аммо дар зимни пиёда кардани ин тарҳ, ки аз Ироқ шуруъ шуд, ҳарҷу марҷи зиёде ба вуҷуд омад. Амрико бо баҳонаи силоҳи ҳастаӣ вориди Ироқ шуд, аммо пас аз қатли Саддом Ҳусейн тавсеаи демократия онро барои солҳои тӯлонӣ он ҷо мустақар кард. Вале ин вазъ дар асл чанддастагиеро дар ҷомеаи Ироқ ба вуҷуд овард, ки аз он Эрон ҳам истифода ва дар Ироқ нерӯи ниёбатӣ пайдо кард. Метавон гуфт, ин тарҳ боис шуд, то се қудрат – Амрико, Исроил ва Эрон дар аввал ба сурати ниёбатӣ ва баъдан мустақим вориди даргирӣ шаванд. Пас аз Ироқ Сурия ҳадафи Амрико қарор гирифт, ки ахиран Эрон дар ин ҷабҳа дар рӯйёрии ниёбатӣ Димишқро бохт, аммо дар Яман нуфузи худро тақвият кард. Аз тарафи дигар ҳамлаҳои паёпай ва ғосибонаи Исроил ба хоки Лубнон, куштани саркардаҳои “Ҳизбуллоҳ” ва тарҳи халъи силоҳи ин ҳизб аз дигар барномаҳои тазъифи нерӯҳои ниёбатии Эрон дар минтақа барои роҳандозии роҳати Ховари Миёнаи Ҷадид аст. Аммо оғози ҷанги миёни Эрон ва Амрико, бахусус ҳамлаҳои Эрон ба хоки кишварҳои минтақа масъаларо печидатар кард. Феълан дар миён ду масъала матраҳ аст, ки яке дин, фарҳангу ҳамҷаворӣ аст ва дувумӣ амният. Печидагии қазия ин аст, ки кишварҳои Ховари Миёна, бахусус Халиҷи Форс аз лиҳози фарҳангӣ-динӣ ба Эрон қаробат доранд, вале аз лиҳози амниятӣ ба Амрико. Бинобар ин, ин кишварҳо дар дуроҳаи интихоб боқӣ мондаанд: ҳамроҳӣ бо Исроилу Амрико ё таҳрим ва соири рискҳоеро, ки аз ҳамроҳӣ накардани ин ду кишвар дар рӯ ба рӯи онҳо қарор мегирад.

Ин вазъ дар ҳолест, ки кишварҳои арабӣ таъсиси Исроил дар минтақа, низоъҳои миёни он ва кишварҳои арабӣ, балъидани Фаластин, ғасби хоки Сурия ва Лубнон аз тарафи Исроил, ҳамлаи Телавив ба Қатарро фаромӯш накардаанд. Аз тарафи дигар иқдомоти Эрон дар баробари кишварҳои мантақа, бахусус ҳадаф қарор додани хоки онҳо бо далели вуҷуди амволи амрикоӣ шакку гумонҳоро нисбати ин кишвар низ бештар карда, ба ҳадде, ки мегӯянд, “Эрон хатти қирмизро гузашт”. 

Ба ҳар сурат, ҷанги Амрико бо Эрон идомаи масири муборизаи истеъмор бо истиқлол хоҳад буд, ки дар сурати пирӯзии аввалӣ кишварҳои минтақа бо истиқлол хайрбод хоҳанд гуфт ва дар садри марҳалаи ҷадиди истеъмор дар Ховари Миёнаи Нав Исроил қарор хоҳад гирифт.

Ҷое, ки пои пулис нарасад, пои “дрон” мерасад. Равиши нави пулиси Русия ҳангоми “рейдҳо”

0

Дар вилояти Нижний Новгороди Русия дар доираи амалиёти “Муҳоҷирони ғайриқонунӣ” мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои амалиёти бозрасии муҳоҷирон аз паҳподҳои дурбиндор (дронҳо) истифода бурданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, пулис паҳподҳои дурбиндорро ҳамчун воситаи иловагӣ барои фарогирии бештари ҳудудҳо ва бо самар гузарондани санҷишҳо истифода бурда, бо онҳо майдонҳои сохтмон, нуқтаҳои савдо ва чойхонаву хобгоҳҳоро, ки ҷойи ҷамъшавии муҳоҷирон аст, тафтиш кардаанд. Ва пас аз муайян кардани он ки дар ин нуқтаҳо шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд ё не пулис ба он ҷой мерафтааст.

Дар доираи ин амалиёт кормандон пулис 66 шаҳрванди хориҷиро санҷида, 17 протоколи маъмурӣ тартиб додаанд.

Тибқи маълумоти пулис, бо қарори додгоҳ ба ҳамаи қонуншиканон ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи 2 000 рубл таъйин гардида, се муҳоҷири кориро дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ барои ихроҷ бурдаанд.

Илова бар ин, нисбати корфармоёне, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кор ҷалб кардаанд, тафтишоти маъмурӣ оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, ҳоло дар тамоми минтақаҳои Русия тафтишу бозрасии муҳоҷирон аз сар гирифта шудааст. Вале, бар асоси иттилои расонаҳои русӣ, ин бори аввал аст, ки пулис ҳангоми гузарондани чунин тафтишҳо аз паҳподҳои дурбиндор истифода мебарад.

Бояд гуфт, солҳои ахир фазои муҳоҷирбадбинӣ дар Русия хеле афзоиш ёфта, дар баробари тафтишу бозҷӯиҳои сахт ва ба таври иҷборӣ фиристодани онҳо ба ҷанги зидди Украина, вакилони рус чандин қонунро қабулу баррасӣ карданд, ки будубош ва корро барои муҳоҷирон сахттар кардааст.

Ба назари коршиносон, ин тағйири ҷиддӣ дар сиёсатҳои муҳоҷиратии Русия дар ҳолест, ки иқтисоди Русия то ҳол ба қувваи кории муҳоҷирон, махсусан дар сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, кишоварзӣ ва логистика, вобастагии зиёд дорад. Баъзе корфармоёни рус ҳам борҳо нигаронӣ карда буданд, ки сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратӣ метавонад ҷалби қувваи кориро мушкилтар кунад.

Бо баҳонаи кумак даҳҳо ҳазор долларро аз худ кардааст

0

Дар Дубай нишаста, мардумро бо баҳонаи хариди тилло ва дигар ашёи қиматбаҳо фиреб дода, даҳҳо ҳазор долларро соҳиб шудааст.

Вазорати корҳои дохилии кишвар бо нашри матлабе аз боздошти нафаре хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод, дар қаллобӣ бо ҳаҷми калон гумонбар мешавад. Марди гумонбар сокини 39-солаи шаҳри Хуҷанд буда, ҳоло аз ҷониби кормандони пулиси шаҳр дастгир шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи хабар мегӯяд, гумонбаршаванда, моҳи августи соли 2024, замоне ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қарор дошт, бо роҳи фиреб аз як ҷавонзани 26-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо баҳонаи равнақ додани тиҷорат ва хариди 2-адад бастаи ҷавоҳиротҳои тиллоӣ бо алмос 60 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки ба пурраги маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, аммо гумонбаршаванда маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

ВКД нагуфтааст, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи кадом моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шудааст, аммо таъкид мешавад, дар робита ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад. Вале то ҳанӯз назари шахси гумонбар дар мавриди ин иттиҳом дастрас нест.

Шартҳои Амрико ва Эрон барои поёни ҷанг маълум шуд

0

Ҷанги Амрико ва Исроил бар зидди Эрон ба марҳилаи нав ворид мешавад. Тарафҳо аллакай шартҳои худро барои поёни ҷанг рӯи миз гузоштанд.

Дар ҳоле ки ҷанг дар Ховари Миёна наздик ба як моҳ мешавад идома дорад, ҳукумати Амрико тавассути миёнҷигарии Покистон ба Эрон шартҳои 15-бандии худро барои хотимаи ҷанг ва сулҳи пойдор пешниҳод кардааст. Аммо Теҳрон ин пешниҳодро “орзуҳои аз ҳад зиёд” номида, рад кардааст.

Дар ҳамин ҳол имрӯз, 26-уми март ҷониби Эрон низ шартҳои худро, ки аз панҷ банд иборат аст, ба дасти Покистон супорида ва мунтазири посухи Амрико аст. Ба гуфтаи коршиносон, ин раванд баёнгари он аст, ки раванди дипломатӣ ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад.

Ба иттилои манбаъҳои расмӣ ва расонаҳои байналмилалӣ, пешниҳоди ИМА, ки рӯзи 25 март тавассути Покистон ба Эрон расонида шуд, Амрико пешниҳод намуда, ки дар аввал оташбаси 30-рӯза барқарор шавад. Дар ин муддат ҷонибҳо бояд дар бораи созиши 15-бандӣ гуфтушунид кунанд. Шартҳои асосии Вашингтон аз инҳо иборатанд:

  • . Барҳам додани қобилиятҳои ҳастаии Эрон дар маконҳои ҳастаии Натаңз, Исфаҳон ва Фордо;
  • . Қатъи комили ғанисозии ураниюм дар қаламрави Эрон ва супоридани захираҳои ғанӣшуда ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (ОБЭА);
  • . Маҳдуд кардани барномаи мушакии Эрон ва истифодаи он фақат барои дифоъ;
  • . Кушодани тангаи Ҳурмуз барои ҳаракати озоди нақлиёти баҳрӣ;
  • . Қатъи кумак ба гурӯҳҳои ниёбатӣ дар минтақа.

Дар иваз Амрико ваъдаи сабукгардонии таҳримҳо ва ҳамкорӣ дар бахши ҳастаие, ки ба нафъи шаҳрвандӣ аст, додааст. Доналд Трамп изҳор дошт, ки “рҳбарони Эрон хеле мехоҳанд созиш кунанд, аммо метарсанд” ва ҳушдор дод, ки дар сурати нокомии гуфтушунидҳо зарбаҳои ҷиддӣ идома хоҳанд ёфт.

Аммо Эрон пешниҳодҳои Амрикоро дар умум рад карда, шартҳои худро эълон намудааст. Расонаҳои эронӣ бо такя ба манобеи амниятии ин кишвар хабар доданд, ки Теҳрон барои поёни ҷанг панҷ шарти асосӣ пешниҳод кардааст:

. Қатъи комили “таҷовуз ва куштори мақомот” аз ҷониби душман;

. Эҷоди механизмҳои мушаххас барои пешгирӣ аз такрори ҷанг;

. Пардохти ҷуброни пурраи хароҷот ва зарарҳои ҷангӣ;

. Фавран поён додани ҷанг дар ҳамаи ҷабҳаҳо, аз ҷумла бар зидди гурӯҳҳои муқовимат дар минтақа (аз қабили Ҳизбуллоҳ);

. Расмиятбахшии ҳокимияти Эрон бар тангаи Ҳурмуз ҳамчун ҳаққи табиӣ ва қонунӣ.

    Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ таъкид мекунад, ки ҳеҷ гуна гуфтушуниди мустақим бо ИМА вуҷуд надорад ва Теҳрон фақат “дар ҳоли баррасӣ” аст. Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳои Эрон ба Исроил ва кишварҳои арабии Халиҷ, аз ҷумла ба Кувейт ва Байҳрайн идома доранд.

    Миёнаҷигарҳо, аз ҷумла Покистон, Миср ва Туркия кӯшиш мекунанд, ки ҷонибҳоро ба миззи музокирот кашонанд. Покистон омодагии худро барои мизбонии гуфтушунидҳо эълон кардааст. Аммо то ҳол ҳеҷ созише ба даст наомадааст ва ҳарду ҷониб ҳанӯз ҳам дар ҳолати “гуфтушунидҳои ғайримустақим” қарор доранд.

    Коршиносони байналмилалӣ мегӯянд, ки пешниҳодҳои ду тараф метавонад дарҳои дипломатияро кушода нигоҳ дорад, аммо фарқияти ҷиддии шартҳо, аз ҷумла масъалаҳои ҳастаӣ, пардохти ҷубронҳо ва ҳокимият бар тангаи Ҳурмуз, раванди сулҳро душвор мегардонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо нигаронӣ мушоҳида мекунад, ки оё ин кӯшишҳо ба оташбаси воқеӣ мубаддал мешаванд ё ҷанг боз ҳам тӯл мекашад.

    Мошинҳои паранда ба Тоҷикистон меоянд

    0

    Сомонаи StreetInsider рӯзи 26-уми марти соли ҷорӣ хабар дод, ки 50 адад мошини парвозкунандаи як ширкати амрикоӣ ба Тоҷикистон фурӯхта мешавад.

    Ба иттилои манбаъ, Сэм Боусфилд, директори иҷроия ва асосгузори ширкати “Samson Sky”, бо Бахтиёр Баҳодуров, мушовири тавсеаи байналмилалӣ ва сиёсатгузорӣ, ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд. Баҳодуров дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун шахсе шинохта мешавад, ки барои барқарории робитаҳо миёни давлатҳо ва сармоягузорон мусоидат мекунад.

    Тибқи ин санад, ширкати “Samson Sky” уҳдадор мешавад, ки ба ҳукумати Тоҷикистон дар такмили қонунгузории авиатсияи умумӣ кумак расонад. Ҳадаф аз ин иқдом фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои ба қайд гирифтан ва истифодаи мошинҳои парвозкунандаи модели “Switchblade” дар кишвар мебошад.

    Ёддошти мазкур ҳамчунин фурӯши 50 адад чунин воситаи нақлиётро ба маблағи умумии 11,5 миллион доллари ИМА дар бар мегирад.

    Дар доираи ҳамкорӣ инчунин роҳандозии барномаҳои омӯзиши халабонҳо, фароҳам овардани дастрасӣ ба симуляторҳои пешрафтаи парвоз, омӯзиши мутахассисони техникӣ барои хидматрасонӣ ва таъмини қисмҳои эҳтиётии “Switchblade” пешбинӣ шудааст.

    Маросими имзои ёддошти тафоҳум дар ҷараёни чорабинии “SAMSON SKY – Welcome to Central Asia” дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он намояндагони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони бахши бонкӣ ва авиатсия, инчунин тоҷирону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок доштаанд.

    Аз ҷумла, дар ин чорабинӣ Бахтиёр Шералиев, сардори раёсати сертификатсия ва назорати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, Ҳасан Асадуллозода, раиси раёсати Ориёнбонк, Гулонор Атобек, директори иҷроияи Алиф Бонк ва Абдулқосим Валиев, директори иҷроияи “Somon Air” низ ҳузур доштаанд.

    Имтиҳонро барои кӯдакони муҳоҷирон осон мекунанд?

    0

    Вакилони парлумони Қирғизистон (Жогорку Кенеш) ба Русия пешниҳод карданд, ки имтиҳонҳоро барои кӯдакони муҳоҷирон соддатар кунанд.

    Ҳайате аз вакилони қирғиз бо роҳбарии раиси Жогорку Кенеш Марлен Маматалиев бо сафари расмӣ ба Русия сафар карда, аз мактаби “Марьина Роща”-и Маскав дидан кардаанд ва бо раванди тести кӯдакони муҳоҷир барои дохил шудан ба синфҳои русӣ ошно шудаанд.

    Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, вакилон шахсан имтиҳон супурданд, то фишоре, ки кӯдакон рӯбарӯ мешаванд, арзёбӣ кунанд.

    Вакилон аз мураккабии саволҳо гуфта, қайд карданд, ки баъзе саволҳо аз ҳадди санҷиши дониши асосии забони русӣ берунанд ва пешниҳод карданд, ки имкони соддатар кардани имтиҳонҳо барои хориҷиҳо баррасӣ шавад.

    “Масъалаи дастрасӣ ба таҳсил барои кӯдакони ҳамватанони мо дар хориҷ ҳамеша афзалиятнок аст. Муҳим аст, ки шароити санҷиш фаҳмо ва адолатмандона бошад”, — таъкид кардааст Марлен Маматалиев.

    Ҳайати вакилони қирғиз бояд бо раиси Думаи Давлатии Русия Вячеслав Володин ва раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко мулоқот кунанд ва маълум нест ин пешниҳодро дар ин сатҳ хоҳанд кард ё на.

    Ёдовар мешавем, ки раисҷумури Русия Владимир Путин дар моҳи декабри соли 2024 қонунеро тасвиб карда буд, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон танҳо дар сурате ба мактаб қабул карда мешаванд, ки будубоши онҳо дар Русия қонунӣ бошад ва сатҳи дониши забони русии онҳо тавассути имтиҳон тасдиқ гардад.

    Аммо коршиносони соҳаи таълим ва таҳлилгарон аз ин қонун интиқод карда, ҳушдор дода буданд, ки он боиси дур мондани наврасон аз таълиму тарбия ва наздик шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ мегардад.

    Бо вуҷуди ин ҳушдорҳо раиси Дума Володин назорат аз болои татбиқи ин қонунҳоро муҳим дониста, мегӯяд, ки дар ҳолати зарурӣ ба онҳо ислоҳоти иловагӣ ворид карда мешаванд. Ҳамчунин ӯ гуфта буд, ки шумораи назаррасе аз кӯдакони муҳоҷир натавонистанд чунин имтиҳонро супоранд ё шароити зарурии иқомати худро тасдиқ кунанд, ки ин монеа барои қабули онҳо ба мактабҳо шуда буд.

    Ва эҳтимоли зиёд меравад, ки пешниҳоди вакилони қирғиз барои соддатар кардани имтиҳонҳо қабул намешавад, чун дар охири моҳи январ 2026, Қирғизистон ба Додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) шикоят карда буд, ки Маскав қоидаҳои иттиҳодро вайрон мекунад ва ба аъзои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии қирғиз суғуртаи тиббиро намедиҳад, аммо ин додгоҳ шикояти ҷониби Қириғистионро бароварда накард.