16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 4

Ихроҷи тоҷикон аз Кореяи Ҷанубӣ

0

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ дар ин чанд рӯзи ахир бархе аз муҳоҷирони тоҷикро дастаҷамъона боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Имрӯз, 15-уми апрел як манбаъ бо шарти зикр нашудани номаш ба Azda tv гуфт, ки мақомоти кишвари Кореяи Ҷанубӣ чанд муҳоҷири кории тоҷикро, ки чанд сол боз дар ин кишвар кор мекарданд, ихроҷ карда ва як нафари дигарро аз фурӯдгоҳ роҳ надодаанд, ки ба ин кишвар ворид шавад ва ӯро ба Душанбе бозпас фиристодаанд.

Манбаъ афзуд, ки ҳоло тамоми сохторҳои қудратии ин кишвар дастур гирифтаанд, ки тоҷиконро боздошт ва ихроҷ кунанд. Дар ин шабу рӯзҳо муҳоҷирони тоҷик аз тарси ихроҷ нашудан аз хонаҳо намебароянд. Ба гуфтаи онҳо, агар ба кӯча бароянд шояд аз тарафи пулис боздошт ва ихроҷ мешаванд, дар ҳоле, ки баъзе онҳо аз бонкҳо қарздоранд ва намехоҳанд дар ин вазъият ихроҷ шаванд.

Аммо то ҳанӯз барои Azda tv муяссар нашуд, ки хабарро аз роҳҳои расмӣ тасдиқ кунад. То ҳол дар ин бора на ҷониби Тоҷикистон ва на Кореяи Ҷануби изҳороте нашр накардаанд.

Azda tv аз хонандагон ва бахусус муҳоҷироне, ки дар ин кишвар қарор доранд, хоҳиш мекунад, ки ҳар маълумоте дар ин бора дошта бошанд, ба унвонии расона бифиристанд, то маълумоти онҳо дар матлабҳои баъдӣ илова шавад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳодисаи хунини Маскав, ки тоҷикон гумонбарони аслии он ҳастанд, вазъи муҳоҷирон дар Русия ва баъзе кишварҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ҷойҳо кору зиндагӣ мекунанд, ногувор шуда, ҳатто бидуни далел ихроҷ мешаванд.

Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

0

Бо фармон ва қарорҳои нави Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар аз як вазифа озод ва ба вазифа дигар таъйин шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15-уми апрел Қосим Роҳбарро аз мақоми раиси шаҳри Ҳисор озод ва Носирзода Ҷаббор, собиқ муовини вазири кишоварзиро иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр таъйин кардааст.

Сабаби барканори Косим Роҳбари 60-сола, ки ду соли пеш раиси шаҳри Ҳисор таъйин шуда буд ва аз ҳампаймони президент Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешуд, маълум нест. Аммо ду сол пеш муҳаққиқони OCCRP ҳисоби бонкии ӯро дар Швейтсария ёфта буданд, ки ин ҳисоб соли 2004 боз шуда, то соли 2011 фаъол буд ва дар он зиёда аз 9 миллион долларро нигоҳ доштаанд.

Инчунин бо фармони дигари Раҳмонов, Билол Иброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод ва ба ҷои ӯ Олимзода Сафар Маҳмадшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи таъйин шудааст.

Ҳамзамон Наимӣ Аъламхон Қодириён бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда, Ҷалолзода Фирдавс Маҳмадмурод ба ин мақом таъйин гардид. 

Пештар аз ин низ дар дигар ниҳодҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои қудратии кишвар ҷойивазкуниҳо сурат гирифта буд.  

Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳамасола тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисосу донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонавода аст.

Ҳамчунин коршиносон тағйироти кадрӣ дар вазорату кумитаҳои Тоҷикистонро танҳо ҷойивазкунӣ меноманд, чун аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд.

Истирдоди як фаъоли тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон

0

Мақомоти Лаҳистон ҳафтаи гузашта боз як шаҳрванди 35-солаи тоҷикро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кард.

Дар ин бора Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониëни сиëсӣ рӯзи душанбе дар суҳбат ба Azda tv хабар дод.

Тибқи малумоте, ки ба дати Azda tv расид, номи ин шаҳрванди Тоҷикистон Фарух Икромов буда, 35 сол дорад. “Ӯ соли 2016 ҳамроҳи зану фарзандонаш ба Лаҳистон паноҳанда шуд, вале дар 7 соли сукунаташ дар Лаҳистон дархости паноҳандагияш ҳамеша рад шудааст ва аз тарси ихроҷ ба Тоҷикистон тирамоҳи соли 2023 ӯ ба Олмон фирор карда, онҷо дархости паноҳандаги медиҳад.” – гуфт Бобоев.

Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки кишвари Олмон тибқи қарордоди ДУБЛИН Икромвро баъд аз чанд моҳ зиндагӣ дар охирҳои моҳи январи соли 2024 боздошт ва ба Лаҳистон ихроҷ мекунад ва аз он замон Фарух Икромов дар урдугоҳи бастаи муҳоҷирон қарор дошт.

Икромов охирин бор дар тамоси телефонӣ ба дӯстонаш рӯзи 10 апрел гуфтаст, ки аз ӯ акс гирифтаанд ва сабабашро намедонад ва як рӯз баъд аз аксгирӣ телефонаш хомӯш шуд ва то ҳол дар тамос нест. Аммо шоми рӯзи 11-уми апрел афроде, ки бо Икромов дар “лагер” буданд, ба дӯстони ӯ тамос гирифта, хабар додаанд, ки ӯро ба ҷои номъалум интиқол доданд.

Гуфта мешавад, вакили мудофеи Фарух Икромов билофосила баъд аз нопадид шудани ӯ бо Кумитаи марзбонии Лаҳситон дар тамос шудааст, аз ин ниҳод ба ӯ гуфтаанд, ки зерҳимояаш дар Фурудгоҳи шаҳри Кракови Лаҳистон қарор дорад.

Таҳқиқоти Azda tv мушахаст кард, ки дар ҳақиқат рӯзи 13-уми апрел як ҳавопаймои хурди Нерӯҳои ҳавоии Лаҳистон бо парвози PLF044 Краковро ба мақсади Тиблиси тарка кардааст ва баъд аз тавақуфи кӯтоҳ парвозашро ба самти Тоҷикистон идома дода ва дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе нишастааст.
Маълум нест, ки Фарух Икромов бо ин парвоз интиқол дода шуда ё на, вале ғайбзадани ӯ бо ин парвоз ҳамзамон аст ва ҳамчунин маълум нест, ки ӯ танҳо будааст дар ин парвоз ва ё шаҳрвандони дигаре низ ҳамроҳаш будаанд.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта низ Кумитаи марзбонии Лаҳистон як чунин парвозе ба Тоҷикистон анҷом дод, ки дар он чанд шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла Сорбон Абдураҳимзодаро ихроҷ карда буд.

Ҳамзамон ба дасти Azda tv маълумоте расид, ки тибқи он, авоили моҳи апрел низ як ҷавони тоҷике, ки шаҳрвандии Қирғизистонро дошт аз Лаҳистон ба Қирғизистон ихроҷ шуд, вале то ҳанӯз аз сарнавишташ хабаре дар дастрас нест.

Ёдовар мешавем, ки Лаҳистон дар солҳои гузашта Мустфао Ҳаётов, узви “Гуруҳи 24”, Сорбон Абдураҳимзода ва чандин шаҳрвандони дигари Тоҷикистонро ихроҷ ва ё ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Фарҳод Одинаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирин мегӯяд, ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Аврупо ду омили асосӣ дорад:
1- бе таваҷҷуҳӣ дар ҳуҷатгузорӣ;
2- густариш ёфтани ҳамкории сафорати Тоҷикитон дар Олмон бо ниҳоди депортатсионии Олмону Лаҳистон, хусусан баъд аз таъйин шудани Имомидин Сатторов ба ҳайси сафири фавқулодаи Тоҷикистон дар Олмон.

Ба гуфтаи ин ҳомии муҳоҷирон, нақши Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон дар амалиёти истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон аз Аврупо хеле зиёд аст ва маҳз баъд аз омадани ӯ ба Олмон ихроҷи мухолифин бештар шудааст. Одинаев бар ин бовар аст, ки маҳз Имомуддин Сатторов дар пушти ихроҷи Иззат Амон, Каромат Шарипов ва дигар фаъолони тоҷик дар Русия меистад ва инак ҳамон таҷрибаи Русияро дар Аврупо такрор дорад.

Солҳои ахир шумораи истирдоди паноҳандагони Тоҷикистони аз кишварҳои аврупоӣ бештар шудааст ва ин раванд боиси нигаронии мухолифини сиёсӣ гаштааст. Соле пеш кишвари Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин ва Билол Қурбоналиевро ихроҷ кард, ки ҳардуи онҳо дар Тоҷикистон ба 7 ва 10 соли зиндон маҳкум гаштанд. Кишвари Утириш, ки Ҳизбулло Шовализодаро ихроҷ кард, ӯро дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум карданд. Кишвари Литва низ чанде пеш як паноҳандаи тоҷикро ихроҷ карда буд ва ахиран фаъоли сиёсӣ Сулаймон Давлатовро бо баҳонаи таҳдид ба амнияти миллӣ боздошт кардааст ва ӯро низ ихроҷ таҳид мекунад.

Чаро ҷавонон ифротгаро мешаванд?

0

Маънои луғавӣ ва истилоҳии ифротгароӣ

Ифротгароӣ дар луғат ба маънои аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан ва зиёдаравӣ кардан аст (фарҳанги форсии Муин, фарҳанги форсии Амид). Калимаҳои мутародиф ва ё ҳаммаъно бо ифрот иғроқ, газофа, муболиға, сахтгирӣ, ғулув ва монанди ин мебошанд.

Таърифҳои истилоҳии ифротгароӣ низ бо таваҷҷӯҳ ба масоили мухталиф гуногунанд. Аз ҷумла:

– Дифоъ кардан аз мавқеъ, андеша ва ё ақидаи худ бо истифода аз таҳдиду хушунат ва бидуни далелро ифртгароӣ мегӯянд;

– Бовар доштан ба инки танҳо фикр, андеша, эътиқод ва бовари як шахс, ҳизб, гурӯҳ ё созмон ҳақ аст ва барои пиёда кардани он дар ҷомеа истифода аз ҳар равиш ва василае машруъ ва муҷоз аст, ифротгароӣ гуфта мешавад;

– Дар луғати арабӣ ифротгароӣ (ат-татарруф) ба маънои дар як тарафи тарозу қарор гирифтан ва аз васати он (аз эътидол) дур гардидан шарҳ дода мешавад. Баъдан он ба маънои фосила гирифтан ва дур шудан аз эътидол дар дин, фикр ва ахлоқу рафтор низ ба кор рафтааст.

Таърихчаи ифротгароӣ ва ё экстремизм ба даврони Юнони бостон бармегардад ва аз охирҳои асри 17 дар Англя он ҳамчун мафҳуми сиёсӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. То ба имрӯз неруҳои ростгароро дар аксари кишварҳои аврупоӣ ҳамчун неруҳои ифротӣ ва ё радикал ном мебаранд. Аммо мафҳуми ифротгароӣ бештар баъд аз ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 дар Амрико дар маҳофили сиёсӣ ва илмии ҷаҳон вирди забонҳо гардида аҳамияти бештар пайдо кард. Ба хусус вақте, ки гурӯҳҳои динӣ мисли Алқоида, Толибон, ДОИШ ва дигарон бо амалкардашон боиси нобасомониҳои зиёде дар ҷаҳони муосир шуданд мафҳуми ифротгароии динӣ ривоҷ пайдо кард. Ба иборати дигар ин гурӯҳҳо бо рафторашон амалан ифротгароии диниро ҳамчун ҷаҳл, ақибмондагӣ ва таассуб дар муқобили илм, пешрафт ва таҳаммулпазирӣ муаррифӣ намуданд.

Ифротгароии динӣ

Ифротгароӣ дар матнҳои исломӣ ҳам ба шаклҳои мухталиф вуҷуд дорад. Манобеъи исломӣ ифротгароиро ҳамчун як падидаи мазмум (номатлуб) муаррифӣ намуда, ба таври ошкоро мусалмононро аз ифрот дар дин барҳазар медорад ва зиёдаравиро ҳамчун як падидаи хатарнок шарҳ медиҳанд. “Мабодо дар дин зиёдаравӣ кунед, зеро касоне пеш аз шумо ҳалок шудаанд ба сабаби зиёдаравӣ дар динашон буда аст”. (Муснади имом Аҳмад, Нисоӣ, Ибни Моҷа).

“Дар дини худ зиёдаравӣ накунед…”(Сураи Нисо, ояти 171)

Аммо фаъолият ва амалкарди гурӯҳҳое мисли ДОИШ, Алқоида, Толибон, Боко Ҳаром ва ғайра вуҷуди ифротгароии диниро ба як воқеияти талх дар ҷомеаҳои исломӣ табдил кардааст. Ин созмонҳои ифротӣ низ тамоми фаъолияти худро мисли аксарияти мусалмонон мубтанӣ бар Қуръону суннат медонанд. Албатта ин ба маънои муқассир будани дин нест, балки ба он маъност, ки бардоштҳо аз дин мутафовитанд ва имрӯз бардоштҳои ифротгароёна аз дин як воқеияти раднопазир аст.

Аз тарафи дигар пайдоиши ифротгароии динӣ бо муҳит низ робитаи бевосита дорад.

Барои мисол муҳити демократӣ ва озод дар Ҳинд ва Малайзияву Индонезия бар амалкард ва бардошти мусалмонони ин кишварҳо аз дин таъсири мустақим доштааст ва онҳоро бештар дар руҳияи эътидол ва таҳаммулпазирӣ бор овардааст. Ба ҳадде, ки бо вуҷуди ҷойгир будани тақрибан ниме аз мусалмонони ҷаҳон дар ин минтақа мо ҳеҷ гурӯҳи ифротии хашин мисли ДОИШ ё Алқоидаву Толибонро дар онҷо пайдо намекунем. Аммо муҳити диктатурӣ ва ноозод дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ баръакси онро нишон медиҳад, ки метавонад мавзӯъи омӯзишҳои дигаре бошад.

Нигоҳе ба торихчаи ифротгароӣ дар Тоҷикистони пас аз имзои созишномаи сулҳ

Агар мо каме ба қафо баргардем ва ба фазои кишварамон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ диққат кунем, мебинем, ки дар солҳои 2000 то 2010 бо вуҷуди онки силоҳ дар дасти мардум хеле зиёд буд, амалҳои террористӣ ва гароиш ба гурӯҳҳои ифротӣ чандон зиёд набуд. Бо як ҷустуҷӯи содда дар интернет метавон ба ин натиҷа расид, ки дар он замон бештари амалҳои террористӣ аз тарафи ҲИУ ва Ҳизби Таҳрир анҷом мешуд, ки бештари пайравони онҳо узбектаборон буданд.

Аммо пас аз даргузашти Ислом Каримов ва руи кор омадани Шавкат Мирзиёев ва вазидани насими мулоими озодӣ дар ин кишвар, мардум каме ҳам бошад нафаси роҳат кашиданд, фурсати баёни афкору андеша дар онҳо ба вуҷуд омад ва каме ҳам бошад аз нигоҳи равониву эҳсосӣ тахлия шуданд. Андешаҳои интиқодиву афкори эътирозӣ ба ҷои онки ба кинаву нафрат табдил шаванду ба хушунат бианҷоманд, фурсати иброз пайдо карданду тахлия шуданд. Ба ҳамин хотир гароиши узбекҳо ва узбектаборон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва анҷоми амалҳои терористӣ аз ҷониби онҳо коҳиш ёфт.

Дар муқобил дар кишвари мо чун фишорҳо бештар шуданду фазои бастаи амниятӣ боз ҳам шадидтар гардида, эҳсосоти динии мардум бо амалҳои ифротии як идда мақомот ва мансабдор ҷариҳадор карда шуд ва ҳатто ба зиндагии шахсии ҳар як шахс дахолат карданд, аз нигоҳи равонӣ нороҳативу руҳияи эътирозӣ дар мардум бештару бештар гардид, ки заминаи гароиш ба гурӯҳҳои ифротиро низ фароҳам намуд.

Ҳамчунин низоми диктатурии дар ҳоли шаклгирӣ дар Қирғизистон ҳам ба назар мерасад ҷавонони ин кишварро ба ҳамин самт тела дода истодааст. Боздошти як шаҳрванди ин кишвар дар Туркия ва ширкати қирғизҳо дар ҳодисаҳои Маскав ва чанд ҳодисаи дигар ҳам далели ин гуфтаҳост ва бо қавитар шудани диктатура дар ин кишвар эҳтимоли бештар шудани гароишҳои ифротгароёна низ тақвият хоҳад ёфт.

Албатта дар кишвари мо дар ин даврон иттифоқҳои дигаре низ рух додаву равандҳое низ шакл гирифтааст, ки дар мақолаи дигаре ба онҳо хоҳем пардохт.

Ду омили гароиши тоҷикон ба гурӯҳҳои ифротӣ

Барои решаёбии омилҳои гароиши тоҷикон ба ифротгароӣ бояд тамоми ҷанбаҳои онро дар назар гирифт. Аммо инҷо ман ба ду омили равонии ин падидаи вайронгар тамаркуз мекунам.

1. Талқини ифротгароӣ: талқин як фароянди равоншинохтист, ки дар илми равоншиносӣ бо шеваҳои гуногун мавриди истифода қарор мегирад. Ин фароянд гоҳе огоҳона ва гоҳе нохудогоҳ аз тарафи афрод ё гурӯҳе истифода мешавад. Мутаассифона хоста ё нохоста аз тарафи ҳукумат ҳамин фароянд ба таври васеъ истифода шудааст. Мақомот ифротгароӣ ва тероризмро дар чеҳраи афроде, мисли Сайдумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалии Ҳаит, Сайфуллозода, Зайд Саид, Далери Эмомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Фаромуз Эргашев, Ҳушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева ва садҳо нафар мухолифи сиёсии дигараш таъриф кардааст. Дар воқеъ бо ин кораш ҳукумат дар зеҳни мардум талқин кардааст, ки гуруҳҳои ифротӣ ва терористӣ чандон хатарнок нестанд ва ҳатто бархеҳо шояд аз пайвастан ба онҳо ифтихор ҳам дошта бошанд. Зеро онҳо дар чеҳраи афроди дар боло зикр шуда мубориз ва озодихоҳро мебинанд на ифротгаро ва терористро. Мақомот ҳам бо ин корашон нохудогоҳ гурӯҳҳои ифротгаро ва терористиро ҳамчун гурӯҳҳои озодихоҳ ва муборизони роҳи озодӣ ва адолат муаррифӣ кардааст. Ба иборати дигар ҳар як шахсе, ки мавқеъи худашро мухолиф бо мавқеъи ҳукумат мебинад ва дар масоиле назари интиқодӣ ба амалкарди мақомот дорад, ба таври нохудогоҳ худашро дар радифи афроди ифротгаро мебинад ва земинаи гароиш ба он гурӯҳҳо дар зеҳнаш шакл мегирад.

Нуктаи дигар инки вақте мақомот ба кишварҳои дуру наздик листи дуру дарози шаҳрвандони худашро ҳамчун ифротгаро мефиристаду онҳоро ҳамчун ифротӣ муаррифӣ мекунад, мақомоти он кишварҳо ҳам ба таври нохудогоҳ дар чеҳраи ҳар як тоҷик ифротгарову терористро мебинанд. Махсусан руйхати дурударозе, ки ба Русия ва ба Туркия ирсол шудааст, паёмадашро мо имрӯз шоҳид ҳастем.

2. Яъс ва ноумедӣ: Бо камоли таассуф бояд гӯфт, ки насли нави тоҷик як насли ноумед ва сархурда аст. Аксарияти ҷавонони мо аз даврони мактабхонӣ ба фикри рафтан ба Русия ва кор кардан ҳастанд. Умед ба ояндаи хуб дар кишвар дар ин насл қариб намондааст. Фурсатҳо танҳо дар ихтиёри як гурӯҳ, имконоти иқтисодии кишвар маҳдуд дар як чанд хонавода ва фазо ба шиддат ноумедкунанда гашта аст. Аз тарафе на дар мактабҳо дарси ҷиддӣ вуҷуд дорад ва на хонандагон шавқи хондан доранд. Мутаассифона аксарияти ҷавонони мо баъди хатми мактаби миёна, на ҳунару маҳорате меомӯзанд ва на саводи кофӣ мегиранд. Ба ҳамин шакл муҳоҷират ба Русия каъбаи омолу орзуҳояшон мегардад. Вақте ба Русия мераванд ва ба осонӣ кор пайдо намекунанду муносибати мақомот ва мардуми ин кишварро мебинанд, кохи орзуҳояшон фуру мерезад. Дучори ноумедиву яъс мешаванд ва як ҳисси нафрат ва интиқом нисбат ба муҳит ва дигарон дар онҳо шакл мегирад. Зери фишори бекорӣ ва таҳқирҳои мақомоти рус аз нигоҳи равонӣ ба ҳам мерезанд. Аксарияти онҳо чун диндор ва аз ҷомеаи суннатӣ ҳастанд, барои пайдо кардани оромиш ва гурез аз мушкилот ба дин паноҳ мебаранд. Дар ҷустуҷӯи омӯзишҳои динӣ бархе аз онҳо ҳатман ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Гурӯҳҳои терористӣ, низ аз ҳисси нафрату интиқоми шакл гирифта дар вуҷуди ин афрод суистифода намуда, онҳоро ба қурбонӣ табдил медиҳанд. Пас яке аз омилҳои аслии ҷазби ҷавонони мо ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамин яъс ва ноумедист.

Чаро ифротгароҳо дар Тоҷикистон амалиёти терористӣ анҷом намедиҳанд?

Пас аз онки дар чандин кишвари хориҷӣ аз тарафи тоҷикон амалиётҳои харобкорона анҷом шуд, дар бархе кишварҳо фишор болои тоҷикон ба авҷи худ расид. Дар Русия муносибати бади ин мардум бо тоҷикон боз ҳам бадтар гардид. Туркия низоми бидуни раводидро лағв кард. Ҳатто дар кишварҳои демократӣ ҳам аз тоҷикон эҳсоси хатар карданд. Ин раванд дар зеҳни коршиносон саволеро ба вуҷуд овард, ки чаро тоҷикон бо вуҷуди онки бештар аз ҳама ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб мешаванду дар дигар кишварҳо даст ба амалҳои терористӣ мезананд, дар муқобил дар дохили кишвари худашон ба чунин амал даст намезананд?

Аз нигоҳи ман барои ин чанд далел вуҷуд дошта метавонад.

– Баракси иддаои мақомот, дар дохили кишвар ягон ташкилоти созмонёфтаи терористӣ вуҷуд надорад, ки ин неруҳоро истихдом намояд ва ба амалҳои терористӣ равона созад.

– Созмонҳои терористӣ Тоҷикистону Русияро ҳамчун пойгоҳи муносиби ҷазби неру намехоҳанд ноором кунанд, то битавонанд ба осонӣ ва роҳат аз ин кишварҳо ҷазби нерӯ намоянд. Баъд аз ҳодисаи Маскав эҳтимол меравад онҳо ба ҷои Русия ҷойгузине барои ҷазби неру пайдо кардаанд.

– Эҳтимол дорад ҳамонгуна, ки дар бархе расонаҳо садо медиҳад, бархе мақомоти кишвар ба хотири ҳифзи қудрат ва имиҷи худашон ба гунае дар ин раванд шарик бошанд ва онро мудирият намоянд.

Бобоҷон Қаюмзод

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Вазифаи нави ҷияни Эмомалӣ Раҳмон

0

Бародарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар яке аз мақомҳои калидии кишвар мансаби навро соҳиб шуд.

Исломиддин Раҳмон, ки моҳи январи соли ҷорӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Данғара озод ва то ин муддат мақоми расмӣ надошт, раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъйин шудааст.

Гуфта мешавад, қарори Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора имрӯз, 15-уми апрел нашр шудааст.

Исломиддин Раҳмони 40-сола дар гузашта дар Бонки Миллӣ ва “Ориёнбонк” кор карда, аз соли 2015 то 2018 муовини раиси Бонки давлатии “Амонатбонк” буд. Ичнунин ӯ 6 соли охир дар вазифаи раиси ноҳияи Данғара кор кардааст.

Исломиддин Раҳмон аз пайвандони раисҷумҳури Тоҷикистон ягона нафаре нест, ки дар вазифаҳои калидӣ дар кишвар кор мекунад. Аз ҷумла, писараш Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси ФФТ аст. Духтаронаш Озода ва Рухшона Раҳмон яке раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва дуввумӣ сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ мебошад. Қудои раисҷумҳур Бег Сабур раиси Хадамоти алоқаи кишвар буда, домоди Раҳмон Ашрафҷон Гулов сафири Тоҷикистон дар Туркия мебошад.

Инчунин даҳҳо нафар аз пайвандони дуру наздики Раҳмон дар вазифаҳои гуногун дар ҳукумати кишвар кор карда, қисме аз пайвандонаш тиҷоратҳои гуногуни кишварро инҳисор карда, аз имтиёзҳои зиёди давлатӣ бархурдоранд.

Коршиносон ин суолро матраҳ мекунанд, ки оё Исломиддин Раҳмон, ки раиси Хадамоти зиддинҳисории кишвар таъйин шудааст, метавонад бар зидди монополия кардани аксар тиҷоратҳо аз ҷониби пайвандонаш дар кишвар мубориза барад?

“Муомила ба мисл”. Тоҷикистон низ барои шаҳрвандони Туркия виза ҷорӣ мекунад

0
Tajikistan and Turkey flags together textile cloth, fabric texture

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои шаҳрвандони Туркия аз 20-уми апрели соли ҷорӣ низоми раводидро ҷорӣ мекунад. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” иттилоъ дод.

Имрӯз, 15-уми апрел “Ховар” дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар навишт, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия низоми раводид татбиқ менамояд”. Аммо худи вазорат ин хабарро дар сомонааш то ин лаҳза нашр накардааст.

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид карда, ки ҷорӣ намудани низоми раводид барои шаҳрвандони Туркия бо қарори Ҳукумати кишвар “аз 28 марти соли 2024 бо мақсади татбиқи принсипи муомила ба мисл, шуруъ аз 20 апрели соли 2024” татбиқ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи ҷорӣ мақомоти Туркия низоми бераодидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор карда буд. Ба гуфтаи коршиносон, ин иқдоми Туркия пас аз ҳодисаи хунини Маскав, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар мешаванд, сурат гирифт, вале худи Туркия сабаби ин иқдомашро расман шарҳ надодааст.

Ва имрӯз Тоҷикстон низ принсипи “муомилаи ба мисл”-ро нисбати шаҳрвандони Туркия ҷорӣ кард. Мақомоти тоҷик гуфтаанд, шаҳрвандони Туркия метавонанд раводиди Тоҷикистонро аз сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷа дастрас кунанд.

Ҳамлаи талофиҷӯёнаи Эрон ба Исроил, натиҷа ва паёмадҳои он

0

Дар пасманзари амалиёти талофиҷӯёнаи Эрон ба Исроил ҳадсу гумонҳо дар бораи ин ки ин ҳамла чӣ натиҷа дод ва дар оянда чӣ паёмадҳое дошта метавонад, зиёд шудааст.

Ҷумҳурии исломӣ ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии худро ба Исроил амалиёти талофиҷӯёна ба ҳамлаи ин кишвар ба консулгарии Эрон дар Сурия, ки дар пайи он чанд тан аз низомиёни радаҳои болоияш кушта шуданд, унвон кардааст.

“NBC” аз қавли як масъули баландпояи кобинаи Натанёҳу хабар дод, ки Исроил чунин ҳуҷуми бузургеро, ки дар торихаш бори аввал рух медиҳад, бепосух нахоҳад гузошт, вале қарор барои анҷоми рад дар дасти Ситоди ҷанг аст ва ҳар вақтеро муносиб донад, қабул хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Туркия низ эълом дошт, ки қабл аз оғози ҳамлаи паҳподии Эрон ба Исроил паёмҳои Эрону Амрикоро ба ҳамдигар мерасонд ва талош карда, то посух муносиб ва аз ҳадди худ зиёд набошад.

Расонаи бритониёии “Financial Times” менависад, ки Иттиҳоди Аврупо дар пайи ҳамлаи Эрон ба Исроил масъалаи ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодии навро алайҳи Ҷумҳурии исломӣ баррасӣ хоҳад кард.

Дар робита ба ин ки Амрико ва Аврупо Сипоҳи посдорони Эронро террористӣ эълон мекунанд ё на, дақиқан маълум нест. Аммо вазири корҳои хориҷаи Бритониё дар посух ба ин суол гуфта, ки “ҳоло чунин қароре қабул нашудааст, вале он баррасӣ хоҳад шуд.”

Вазорати хориҷаи Эрон дар паёме гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ Эронро ба хештандорӣ даъват мекунад, “вале касе ҷиноёти Исроилро намебинад ва аз ӯ чунин даъвате ҳам намекунад.”

Эрон иддао дорад, ки бо партоби мушакҳо ва паҳподҳо пойгоҳҳои низомии Исроилро ҳадаф қарор доданд ва мақсадашон танҳо тазъифи бахши низомии ин кишвар будааст. Эрон ҳамчунин мегӯяд, ин ҳамла мутобиқи банди 51 Созишномаи Созмони Милали Муттаҳид “Дар бораи дифоъ аз худ” ва посухе ба террорҳо ва ҳуҷумҳои “бемасъулонаи” Исроил буд, ки чанд сол боз идома дорад.

Расонаи амрикоии “Bloomberg” аз қавли собиқ мудири истихбороти Исроил хабар дод, ки “Ин ҳамлаи Эрон ба ҷанги Исроил дар Ғазза ва ҳатто хотимаёбии он тағйири стратегиеро ба вуҷуд хоҳад овард.”

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки аз ин ҳамлаи Эрон Исроил истифодаи бузург кард. Ба гуфтаи онҳо, аз ҷумла, Исроил ҷойгоҳ ва ҳимояти байналмилалии худро, ки дар пайи ҳамлаҳо ва кушторҳои бераҳмона мардуми бегуноҳ дар Ғазза аз даст дода буд, аллакай онро дигарбора ба даст овард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дошт аз Исроил худро канор мегирифт, дигарбора ӯро мазлум ҳисобида, дар бари ӯ истод ва Эронро давлати мушкилофар дар минтақа муаррифӣ хоҳад кард ва инчунин дар ташдиди ҳамлаҳо ба Фаластин дасти ӯро бозтар кард.

Аммо иддае бар ин назаранд, ки Эрон барои ҳфзи ҷойгоҳи минтақавии худ ба ҷуз чунин посух додан роҳи дигаре надошт ва посух саривақтӣ ва муносиб буд, агарчи Исроил аз ин ҳамла зарари моддие надид. Ба назари ин гурӯҳ, ҳадафи Эрон аз ин ҳамла осеб расондан набуд, балки паём ба Исроил ва ҳомиёни ӯ буд, ки дар оянда агар Исроил ба ҳар иқдоме даст бизанад, ки манофеи Эронро дар минтақа ҳадаф қарор бидиҳад, ба ҷанги мустақим омода аст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 13 ба 14-уми апрели соли ҷорӣ беш аз 300 мушак ва паҳпод аз Эрон, Ироқ ва Яман бо ҳадафи интиқомгирӣ аз ҳамлаи Исроил ба консулгарии он дар Сурия зери номи “амлиёти ваъдаи содиқ” ба сӯи Исроил партоб шуд, ки ба иттилои расонаҳо, наздик ба 100 паҳпод хориҷ аз хоки Исроил тавассути Бритониё, Амрико ва Урдун раҳгирӣ ва хунсо шуд.

Расонаҳои исроилӣ худи ҳамон шаб иттилоъ доданд, ки дар маҷмуъ Эрон ба сӯи ин кишвар 185 паҳпод, 36 мушаки навъи “Круз” ва 110 мушаки замин ба замин партоб кард, ки 7 мушак ба пойгоҳи низомии Ромун ва дигар пойгоҳҳо исобат карда, вале аз талафоти ҷонӣ иттилоъ дода нушудааст.

Рейди худсаронаи миллатгароҳои рус алайҳи ҳиҷоби занон

0

Дар ноҳияи Новосибирски Русия фаъолони ҷамъияти “Русская народная дружина” дар ҷойҳое, ки занони ҳиҷобпӯш кор мекунанд, худсарона “рейд” гузаронданд.

Миллатгароҳои рус аз бозори “Хилокский” чанд дукону қаҳвахона ва дорухонаи “Мелодия здоровья”, ки дар он як зани ҳиҷобдор, ки ҳувияташ маълум нест кор мекунад, дидан кардаанд.

Дар дорухона онҳо аз ин зан талаб карданд, ки ҳиҷоби худро кашад ва ба гуфтаашон ба “барангехтани адоват” машғул нашавад. Сипас миллатгароҳои рус дар бораи кори дорухона дар сомонаҳои “Flamp” ва “2GIS” шарҳҳои манфӣ навиштаанд.

Миллатгароҳои рус иддаои доранд, ки танҳо “исломиёни радикал” ҳиҷоб мепӯшанд ва ин дар миёни мусалмонони Русия пазируфта намешавад.

“Русия деҳа нест! Давлати дунявист! Дар деҳа ҳичоб пӯшидан мумкин аст, аммо дар Русия не. Исломи радикалӣ бад аст. Намоиши мансубият ба исломи радикал баробар ба терроризм аст. Шароити ин гуна “зебоҳо” бояд сахттар бошад, ё ҳиҷобашро аз танаш кашида, дар кишвари мутамаддин корашро идома медиҳад, ё дар ҷомеаи мо барои ӯ кор ва ҷой нест! Ё он чизе, ки дар “Крокус Сити Ҳолл” рӯй дод, барои шумо кофӣ нест?” – гуфта шудааст дар паёме дар гурӯҳи телеграмие, ки ба ин миллатгароҳо рабт дорад.

Дар ҳамин ҳол аз болои амали ин миллатгароҳои рус “Маркази дастгирии ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандӣ” ба сардори Вазорати корҳои дохилии Новосибирск шикоят бурдааст ва бояд амали онҳоро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиш кунанд.

Аммо маълум нест, то куҷо ин афрод ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Чун ин “рейд”-и зидди ҳиҷоби занон миллатгароҳои рус дар пасманзари ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл” гузашт ва дар Русия фазои исломбадбинӣ ва муҳоҷирбадбинӣ, бахусус муҳоҷирони тоҷик авҷ гирифтааст.

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст. Аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифта истодаанд.

Ҳатто Владимири Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо мақомдоронаш гуфт, ки сиёсати муҳоҷират дар кишвараш бояд “аз реша дигар шавад” ва ба онҳо супориш дод, ки сари ин масъала кор кунанд ва ВКД-и Русия низ тарҳи нави қонунеро пешниҳод, кардааст ки вазъи муҳоҷирон дар ин кишвар сахттар хоҳад шуд.

Боздошти як тоҷик дар Италия бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

0

Як шаҳрвнади 32-солаи Тоҷикистон бо гумони узвият дар ДИИШ дар яке аз фурудгоҳҳои кишвари Италия боздошт шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои Италия, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ Илҳом Сайраҳмонзода ном бурда мешавад, рӯзи душанбе, 8-уми апрел соати 11:45 ба вақти маҳаллӣ аз шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд ба фурудгоҳи Фиумичинои шаҳри Рум фуруд омада ва дар ҳамонҷо дастгир гардид.

Пулиси Рум гуфта, ки ин нафар ба иттиҳоми пайвастан ба сафи гурӯҳи даҳшатафкани ДИИШ ва рафтан ба Сурия дар соли 2014 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар пайгарди байналмилалии ИНТЕРПОЛ қарор дошт.

Мақомоти ин кишвар мегӯянд, Сайраҳмонзода ба хотири фирор аз ҷавобгарӣ аз шиносномаҳои кишварҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Украина бо номҳои гуногун истифода мекардааст. Аммо маълум нест вақти вориди хоки ин кишвари аврупоӣ шудан ин шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи кадом кишварро шуд. Танҳо зикр гардида, ки ӯ бо ҳувияти бардурӯғ аз Ҳолланд фуруд омад ва кормандони пулис баъд аз гирифтани изи ангуштон ҳувияти ӯро ошкор ва дарҳол боздошташ карданд.

Гуфта мешавад, Сайраҳмонзода қаблан ҳам дар Украина бо ҷурми қочоқи силоҳ маҳкум шуда буд ва ҳамчунин моҳи июли соли гузашта дар Белгия низ боздашт, вале баъдан раҳо шуд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Италия боздошти Сайраҳмонзодаро як “амалиёти муҳим” ва дастоварди бузург барои кормандони амниятӣ ва интизомии ин кишвар хондааст.

Вазири корҳои дохилии Италия Маттео Пиантедоси дар суҳбат ба расонаҳо боздошти ӯро натиҷаи ҳамкориҳои хуби кишварҳо бо ҳамдигар дар соҳаи амният номида, таъкид кардааст, ки масъалаи дархости Тоҷикистонро баррсӣ хоҳанд кард. Ба эҳтимоли зиёд ӯ ба дасти мақомоти Тоҷикистон супорида мешавад.

То ҳанӯз назари и шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон дар мавриди иттиҳоми эълоншуда нисбаташ дастарси расонаҳо нашудааст ва низ маълум нест ӯ ин иттиҳомотро пазируфта ё на.

Давоми се ҳафтаи ахир, бахусус пас аз ҳамлаи хунини Маскав, ки даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷо гузошт, чандин нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои гуногун бо иттиҳоми ҳамкорӣ ва ё узвият дар ДИИШ боздошт шудаанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз ба ин боздоштҳо, ки ба гуфтаи коршиносон, бархе онҳо беасосанд, вокунише накардааст.

Ҷузъиёти боздошти Сулаймон Давлатов аз забони вакили дифоаш

0

Сабаби боздошти Сулаймон Давлатов, яке аз фаъолони сиёсӣ ва паноҳанда дар Литва, ки рӯзи ҷумъаи гузашта боздошт шуда буд, маълум шуд.

Игнотас Унгайла (Ignotas ungaila) адвокати Сулаймон Давлатов рӯзи душанбе дар суҳбат ба Azda tv ҷузъиёти боздошти ӯро шарҳ дод. Ӯ гуфт, зерҳимяашро Нерӯҳои марзбонии Литва боздошт ва ба Марказ (лагер)-и паноҳандагон интиқол додаанд.

Вакили мудофеи Сулаймон Давлатов гуфт, ки зерҳимояи ӯро ба иттиҳоми таҳдид ба амнияти миллии ин кишвар боздошт кардаанд ва нисбаташ шикояти шифоҳӣ вуҷуд дорад.

Адвокат афзуд, ки эҳтимол дорад паноҳандагӣ ва иқомати доимии ӯро мақомоти Литва лағв кунанд, вале бо ин иттиҳомот ихроҷ шудан аз ин кишвар ӯро таҳдид намекунад.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Литва рӯзи ҷумъа, 5-уми апрели соли ҷорӣ ин фаъоли сиёсиро дар маҳали кораш боздошт карданд. Сулаймон Давлатов ҳамроҳи зану фарзандонаш дар шаҳри Вилнюси Литва зиндагӣ дорад ва ӯ ҳамроҳи фарзандонаш дорои паноҳандагии сиёсӣ мебошад.

Шоҳидони ҳодисаи боздошти Давлатов дар суҳбат ба Azda tv гуфтанд, ки “рӯзи ҷумъа соатҳои дуи баъд аз зуҳр ду нафар бо либоси мулкӣ аз мошини минивен берун омада, бо Сулаймон даст додаанд ва ба самти минивен рафтанд, дарҳол ду нафар бо ниқоб аз мошин берун шуда, ӯро ба дохили мошин маҷбуран савор карда бурданд.

Рӯзи якшанбе, 7-уми апрел додгоҳе дар шаҳри Вилнюси Литва баргузор шуд ва ҳукми ҳабси пешакӣ барои Давлатов содир кард ва тибқи ҳукми додгоҳ ба муддати 2 моҳ, то 6 июн дар боздошт қарор хоҳад дошт.