17.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 537

Тоҷикистон барои қабули паноҳҷӯёни афғон омода нест

0

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Сурат: ВКД ҶТ

1-уми сентябр дар Душанбе Рамазон Раҳимзода дар мулоқот бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) Мулугета Зевди гуфт, дар ҳоли ҳозир 80 хонаводаи афғон бо шумули фарзандони худ, ки дар минтақаи дахлнопазири марз ҳастанд ва мехоҳанд вориди хоки Тоҷикистон шаванд. Аммо Тоҷикистон бо далели надоштани бунёди зерсохтори паноҳгоҳ барои қабули муҳоҷирон ва таваҷҷӯҳ накардани созмонҳои байналмиллалӣ ба ин масъала қодир нест аз паноҳҷӯёни афғон пазироӣ кунад.

“Дар давоми 20 сол аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст. Бинобар ин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон вуҷуд надорад,” – афзуд Рамазон Раҳимзода.

Пеш аз ин Иттиҳоди Аврупо хабар дода буд, ки мақомоти аврупоӣ қасд доранд ба ҳамсояҳои Афғонистон 600 миллион евро кумаки молӣ пешниҳод кунанд, то паноҳҷӯёни ин кишварро қабул кунанд.

Ҳамзамон чанд рӯз пеш раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) гушзад карда буд, ки “аз нуфузи исломгароёни ифротӣ ба хоки кишварҳои узви СПАД ҷилавгирӣ карда шавад.”

Инчунин Путин як рӯз қабл аз нишасти сарони кишварҳои СПАД рӯзи 22-уми август дар мулоқот бо намояндагони ҳизбаш дар бораи ҷойгир кардани паноҳандагони афғон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ идеяи Ғарбро интиқод карда онро таҳқиромез номид.

Вай афзуд, “Онҳо (кишварҳои Ғарб) мехоҳанд, ки ҳамсояҳои мо муҳоҷирони афғонро бидуни раводид бипазиранд, вале худашон омода нестанд, ки паноҳҷӯёнро бидуни виза қабул кунанд.”

Ин дар ҳолест, ки манобеи Аздо тв мегӯянд, айни замон хобгоҳи Донишгоҳи Носири Хусрав дар Бохтар ба макони қабули муҳоҷирони афғон табдил шуда, донишҷӯён бехобгоҳ мондаанд. Инчунин гузориш шуда, ки қисме аз муҳоҷирони афғонро дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон ҷойгир хоҳанд кард.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълом карда буд, ки омода аст ҳудуди 100 ҳазор паноҳандагонро аз Афғонистон бипазирад. Ва дар навбати худ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар нишасти матбуотияш ба хабарнигорон иброз дошт, “набояд фаромӯш кард, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ сокинони моро қабул карданд. Онҳо моро бо хона ва хӯрок таъмин карданд. Имрӯз онҳо дар изтиробанд ва мо вазифадорем, ки кумак кунем. Албатта, бо назардошти меъёрҳои бехатарӣ ва санитарӣ.”

Шартҳои Аҳмади Масъуд ва оғози ҳамла ба Панҷшер

0

Пас аз ба бунбаст расидани музокирот байни Ҷабаҳаи Муқовимати Миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ва Толибон ҳамлаҳои густурда алайҳи Панҷшер оғоз шудааст.

Акс аз Wall Street Journal

2-уми сентябри 2021, Шабакаи хабарии Алҷазираи Қатар дар истинод ба манбаъи худ аз Ҳаракати Толибон иттилоъ дода, ки дар рафти музокирот байни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон дар Афғонистон, Аҳмад Масъуд шартҳоеро барои қабули тавофуқ пешниҳод карда, ки Толибон онҳоро ғайри мантиқӣ донистаанд.

Манбаи Алҷазира чор шарти музокира байни Аҳмади Масъуд ва Толибонро чунин баён кардааст:

* Нерӯҳои таҳти раҳбарии Ҷабҳаи муқовимат набояд халъи силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ шаванд; * Ҷабҳаи муқовимат 30%-и ҳукумати ояндаи Афғонистон бо раҳбарии Толибонро ташкил диҳад;

* Тамоми раҳбарон дар мувофиқа бо Ҷабҳаи муқовимат таъйин шаванд;

* Ҳар касе, ки вилояти Панҷшерро зиёрат мекунад, зери фишор ва таъқиб қарор нагирад.

Дирӯз, 1-уми сентябри соли 2021 Алӣ Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суҳбат бо бахши форсии ВВС гуфта буд, “даргириҳо бештар аз 72 соат аст, ки идома дорад. Аммо ба фазли Парвардигор ҳар гоҳ, ки инҳо хостанд ба Панҷшер ҳамла кунанд, ҳамлаашон дафъ шуда ва маҷбур ба ақабнишинӣ кардаанд.

Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар суҳбат бо расонаҳо дар ин чор шартро инкор накарда, вале гуфтааст, “мо аз музокирот дунболи ҳалли мушкилоти асосии мардуми Афғонистон будем, дар ҳоле, ки тарафи муқобил пешниҳодҳои шахсӣ дошт, пешниҳоди ҳузури раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ҳукумати Толибон ё ироаи як сит(курсӣ) ба ҷаноби Аҳмад Масъуд ё пешниҳоди ҳифозат аз амвол ва дороиҳояшон.

Ҳукумати Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ рӯзи 15-уми август дар Кобул ба дасти Толибон суқут кард. Панҷшер дар байни 34 вилояти ин кишвар ягона вилоятест, ки ба дасти Толибон суқут накарда, балки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд қиём ва истодагарӣ дорад ва барои қабули Толибон шартҳои худро пешниҳод кардааст.

Орденҳои Тоҷикистон ба Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ

0

2-уми сентябри соли 2021 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва проффессор Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонид.

Дар Фармонҳои алоҳидаи президент Эмомалӣ Раҳмон, ки тибқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудаанд, омадааст: “Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ ва собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонида шавад.”

Проффессор Бурҳониддин Раббонӣ ва шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ду тан аз собиқ раҳбарони Афғонистон, ки дар даврони нооромиҳои Тоҷикистон солҳои 1993-1996 ба кумаки муҳоҷирон ва барқарории сулҳу субот шитофта буданд, бо корнамоиҳои худ  дар байни мардуми Тоҷикистон низ ҷойгоҳи хосса доранд.

Ғайб задани роҳпуливу нонпулии донишҷӯён

0

Гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) аз беадолатие, ки нисбати онҳо дар “маршировка” сурат гирифтааст, шикоят мекунанд.

Ба навиштаи ин донишҷуён, ки шикоятномаашон дар гурӯҳи фейсбукии “

Ба Аздо ТВ муяссар нашуд, ки бо масъулини ДСРТ ҳамсуҳбат шавад ва назари онҳоро бигирад. Дар қабулгоҳи Ректор ба мо гуфтанд, ки Ректор дар ҷойи кориаш ҳузур надорад.  Ҳамчунин гуфтанд, ки масъулияти маршировка дар ДСРТ ба проректори тарбиявӣ вогузор шудааст. Дар қабулгоҳи проректор дар суҳбат ба Аздо ТВ гуфтанд, ки проректор оид ба тарбия дар ҷаласа қарор дорад ва ҳангоми тамосҳои пай дар пай касе нахост дар ин донишгоҳ бо мо суҳбат кунад ва асли воқеаро шарҳ диҳад.

Ҳамасола бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ дар Тоҷикистон маршировка бо иштироки донишҷуён баргузор мегардад. Садҳо донишҷӯёни донишгоҳҳои Душанбе ва мактабҳои миёна низ соли нави таҳсилро дар маршировка оғоз мекунанд. Имсол ба муносибати таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки қарор аст рӯзи 9-уми сентябр баргузор шавад, садҳо донишҷӯ ва муҳассили мактабҳои миёна омодагӣ мебинанд.

Чанд нафар аз иштирокчиёни ин маршировка дар суҳбат ба мо гуфтанд, ки интихоби онҳо аз ҷониби раҳбарияти донишгоҳҳо сурат гирифта, ҷалби онҳо ба раҳмоймоӣ маҷбурӣ будааст.

Ҳамзамон корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ иддаъо доранд, ки дар асл маблағ барои роҳкирои донишҷӯён ҷудо шудааст, вале чун раёсати донишгоҳ фасодзада аст, пули донишҷӯёнро надоданд.

Гуфта мешавад ҳудуди 200 нафар аз донишҷӯёни ДСРТ ба ин маршировка ҷалб шудаанд, агар ин адад дуруст бошад пас ҳангоми тақсими роҳпулӣ ба донишҷӯён ҳудуди 60 ҳазор сомонӣ ғайб задааст. Бо ин вуҷуд ҳануз маълум нест, ки Агентии зидди фасод таҳқиқи ин қазияро оғоз кардааст ё не.

Ошкор шудани сабаби ҷангҳои муҳоҷирон

0

Раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия, Вадим Коженов сабабҳои задухӯрдҳои муҳоҷирон дар Маскавро шарҳ дода гуфт, муноқишаҳо байни муҳоҷирони меҳнатӣ бинобар шиддати кор ва мушкилоти равонӣ ба вуҷуд меоянд.

Сурат: ВКД-и Русия дар Маскав

Ӯ дар ин бора 1-уми сентябр дар канали Telegram-и Радиои “Говорит Москва” суханронӣ карда иттилоъ дод. Коженов дар идомаи суханронияш афзуд, муҳоҷирон ба мушкилии зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд, ки шароити вазнинии кор, ҳавои гарм ва мушкилоти сафар ба хона низ таъсир мерасонад.

“Иллати дигараш ин аст, ки сарҳадҳои мо ҳоло ҳам бастаанд, одам наметавонад берун равад. Чиптае, ки арзишаш 9 ҳазор рубл аст, ҳоло аз 40 то 70 ҳазор рубл аст, он ҳам парвози як тарафа. Ва танҳо барои ба хона парвоз кардану дидани хешовандон ин нархҳо хеле гарон аст, “- меафзояд Коженов.

Инчунин вай мегӯяд, аз сабаби он ки шумораи муҳоҷирон кам шуда ба соҳаҳо нерӯи корӣ намерасад ва муҳоҷироне, ки мондаанд ҳаҷми корашон зиёд аст. Онҳо аз меъёр зиёдтар кор мекунанд, ки ин ба саломатӣ ва ба равони онҳо таъсир мерасонад.

Рӯзҳои ахир дар расонаҳои русӣ занозаниҳои гурӯҳии муҳоҷирон дар Маскав ва дигар минтақаҳои ин кишвар хеле зиёд гузориш мешавад, ки мақомот онро ҳамчун як фоҷеа унвон мекунанд.

Дар навбати худ шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин дар вебсойти худаш гуфта буд, ки тақрибан 200 муҳоҷир бо сабабҳои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва тартиботи ҷамъиятӣ аз пойтахт ихроҷ шуда, ба 17,5 ҳазор нафари дигар вуруд ба Русия манъ карда шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷанҷоли муҳоҷирон дар Маскав

ИА: То поёни сол ҳудуди ним миллион афғон муҳоҷир хоҳад шуд

0

Вазирони дохилаи кишварҳои узви

Акс аз DW

31-уми августи соли 2021 вазирони корҳои дохилаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бо баргузории як нишасти изтирорӣ дар Брюссел, пойтахти Белгия қазияи Афғонистон ва эҳтимоли сарозер шудани муҳоҷирони афғон ба кишварҳои узви ин иттиҳодияро ба баррасӣ гирифтанд.

Вазирони кишварҳои Утриш, Донморк ва Чех дар мавқеъҳои қаблии худ пофишорӣ карда, гуфтаанд, ки муҳоҷирони Афғонистонро қабул намекунанд, вале омодаанд, ки дар минтақа ва бахусус кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро барои пазироӣ аз муҳоҷирони Афғонистон кумак намоянд.

Олмон ҳам эълом кардааст, ки барои таъмини ниёзҳои муҳоҷирони Афғонистон, ки ба ҳамсояҳои ин кишвар панаҳ мебаранд, ҳудуди 500 миллион евро кумак хоҳад кард.

Ҳамзамон Ангела Мерк, садри аъзами Олмон эълом кардааст, ки аз 10 то 40 ҳазор муҳоҷирони Афғонистонро, ки дар гузшата бо нерӯҳои ҳарбии ин кишвар дар Афғонистон ва созмонҳои олмонӣ ҳамкорӣ доштанд, ва дар ҳоли ҳозир хатар ба ҷони онҳо таҳдид мекунад, қабул хоҳад кард.

Вазирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо эълом кардаанд, ки то поёни соли ҷорӣ эҳтимол ним миллион шаҳрванди Афғонистон аз тарси Толибон ин кишварро тарк кунанд ва селе аз муҳоҷирони афғон ба кишварҳои узви ин иттиҳодия сарозер шаванд.

15-уми августи соли 2021 Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон аз пойтахт ба Амороти Муттаҳидаи Араб фирор карда, Кобул ба дасти Толибон суқут кард. Ду ҳафта баъд он рӯзи 31-уми авгсут охирин сарбозони нерӯҳои хориҷӣ пас аз 20 соли ҷанг Афғонистонро тарк карданд. Толибон бо гузашта ду ҳафта аз суқути Кобул ҳанӯз ҳам шакли давлатдории худро эълом накардаанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон сесола мешавад

0

5-уми сентябари соли 2021 Паймони Милли Тоҷикистон солгарди таъсиси худро дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон ҷашн мегирад.

Қарор аст дар ин маросим раҳбарони ин эътилофи мухолифин гирди ҳам ҷамъ шуда, бурду бохтҳои худро ба ҷомеа ва ҷонибдоронашон гузориш диҳанд ва барои ояндаи худ тасмим ва барномарезӣ кунанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон дар оғоз аҳдофи худро ба шакли зайл эълом карда буд:

— баҳри татбиқи сохтори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон;

— ба мақсади эҷоди шароити ҳуқуқӣ ва иқтисодии баробар барои ободии ҳар хонавода ҳамчун асоси рушд, субот ва шукуфоии кишвар;

— барои сохтани ҷомеаи ҳамоҳанг ва масъул бо вуҷуди танаввуъ (гуногунӣ)–и шаҳрвандонаш; ҷомеае, ки руҳияи эҳтироми мутақобил, таҳаммул, дастгирӣ ва бародарӣ байни шаҳрвандонаш ҳукмфармост; ҷомеаи, ки маънавият ва арзишҳои волои инсонӣ афродашро гирди ҳам оварда, ва дар як калом, барои эҷоди зербинои хонаи муштараки ҳамаи мо, ки дар он, ваҳдати миллии воқеӣ ҳоким бошад; ваҳдате бархоста аз ҳар як аз мо ва муҳофизаткунанда ҳар якамонро;

— ба манзури эҷод ва ҳифзи шароит барои эҳёи ҳуқуқи ҳар шаҳрванд; ҳаққи озодии баён, андеша, виҷдон, чамъомад ва гирдиҳамоӣ, ҳаққи ҳаёт, меҳнат, рафту омад, ҳаққи дарёфти хизматрасонии босифати тиббӣ, омӯзиш, ҳаққи таъмин шудан ба манзил, ҳаққи интихоб кардан ва интихоб шудан ва дигар ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд;

— ба хотири эҷод ва ҳифзи шароит барои баргузории интихоботҳои озод ва шаффоф дар ҳамаи сатҳҳо, эҷоди як принсипи бечунучаро барои интиқоли мусолиматомез ва қонунии қудрат дар муддати муайяншуда барои ҳамагон;

— ба манзури анҷоми ислоҳоти решаӣ ва ҳамаҷониба ҷиҳати бинои як кишвари қавӣ ва аз назари иқтисодӣ рушдёфта, ки сиёсати дӯстӣ ва ҳамкориро, чӣ дар робитаҳои дуҷониба ва чӣ дар шаклҳои дигар, барои манофеъи миллӣ пеш мебарад; бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳамаи мо озод таваллуд шудаем, бо истифода аз ҳаққи фитрии худ дар таъсиси созмонҳо,

Паймони Миллии Тоҷикистон бо гузашти се сол аз таъсиси худ то ҳол барномаи мудавван ва муайяне барои идомаи муборизаҳои худ ба ҷомеа пешкаш накардааст, аммо дар ин муддат раҳбарони он ба шакли пароканда аҳдоф ва нақшаи роҳи худро аз тариқи расонаҳо гуфтаанд.

Надоштани барномаи мушаххас ва нақшаи роҳ, ки ҷомеа ва ҳаводорони мухолифинро ба ояндаи рӯшан умедвор кунад, хосси Паймони Миллии Тоҷикистон нест, балки дигар гурӯҳҳои мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дар дохил ва берун аз кишвар низ то кунун ҳеч барномаи хоссеро барои ҷомеа муаррифӣ накардаанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон аз таъсиси худ дарак дода буд. Дар ин ташаккули сиёсӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Ҳаракати ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон гирди ҳам ҷамъ шудаанд.

20 соли зиндон барои қатли бародар

0

Суди Олии Тоҷикистон як сокини ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми қатли бародараш ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Акс аз сомонаи Фараж

Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки субҳи 27-уми апрели 2021 шаҳрванд Биглюнов М.Ҷ. барои аз хона рондани падар бародараш Рамазон Биглюновро бо 10 зарби корд ба қатл расондааст.

Дар шарҳи ин ҳодиса омадааст, 26-уми апрели 2021 Рамазон Биглюнов “падарашро барои нӯшидани нушокии спиртӣ ҷанҷол намуда, аз хона рондааст.”

Баъд аз он падар телефонӣ ба писари калониаш шикоят карда, аз қазияи аз хона ронда шуданаш ӯро огоҳ кардааст. Биглюнови калонӣ субҳи 27-уми апрел ба хонаашон рафта, дар вақти хоб бародарашро 10 корд зада куштааст.

Ба иттилои манбаъ, “Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2021 судшаванда Биглюнов М.Ҷ. бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми сахт таъйин карда шудааст.”

Назари маҳкум шуда ва ё адвокати он вуҷуд надорад. Талошҳои мо низ барои пайдо кардани назари маҳкум шуда то ҳол натиҷа надодааст.

Тарабхонаҳои Русия 50 ҳазор коргар меҷӯянд

0

Русия барои ворид шудани 50 ҳазор муҳоҷири корӣ дар бахши тарабхонаҳо ба Тоҷикистон ва Узбекистон дархост дода аст.

Ба мақомоти Русия аз тарафи соҳибкорон ба хусус соҳибони тарабхонаҳо дархост шуда, ки барои гирифтани иҷозатномаи кор дар Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва пардохти таъминоти муҳоҷирон иҷозат дода шавад.  

Виталий Корнев, президенти Ассотсиатсияи корхонаҳои истеҳсолӣ ва савдои бозори моҳӣ (АПТПРР), асосгузори силсиламағозаҳо ва қаҳвахонаҳои “Moremania” ба сарвазир Михаил мишустин номае бо чунин унвон навиштааст.

Бино ба иттилои рӯзномаи Коммерсантъ тарабхонадорон, ки як қисми коргарони муҳоҷири худро дар давраи пандемия аз даст додаанд, мекӯшанд мушкилоти нарасидани кадрҳоро ҳал кунанд. Дар нома омада, ки омодаанд бар ивази содда кардани тартибот ва барои гирифтани иҷозатномаи кор ба муҳоҷирон худашон молиёти кормандони муҳоҷирашонро бипардозанд.

Инчунин онҳо мехоҳанд, ҳаққи сабти иҷозатнома ва патенти кор барои бақайдгирии муҳоҷиронро худашон дошта бошанд. Аммо Сергей Абашин профессори Донишгоҳи Аврупо дар Санкт-Петербург чунин пешниҳодро дуруст намешуморад.

Ӯ бар ин назараст, ки агар ширкатҳо харҷи муҳоҷиронро барои гирифтани иҷозатномаи кор, патенти корӣ ва амсоли инро бар ӯҳдаи худ бигиранд хавфнок аст. Чун муҳоҷирон вобастаи корфармоён мешаванд ва ин боиси истисмори бештари меҳнати онҳо хоҳад гашт.

Дар дастгоҳи ҳукумат гуфтанд, ки ин мактуб дар ҳоли баррасист ва барои омӯзиш ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати меҳнат фиристода шудааст. Вазорати меҳнати Русия мегӯяд, ки корфармоён метавонанд хориҷиёнро ҷалб кунанд, агар имкони ҷалби кормандон дар дохили минтақа вуҷуд надошта бошад.

“Дар 40 субъекти Федератсияи Русия барои ворид шудан тақрибан ба 50 ҳазор корманд аллакай дархостҳо ворид карда шудаанд. Илова бар ин, бо мақомоти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бораи ҷалб кардани муҳоҷирони меҳнатӣ созиш ҳосил шуда аст,” афзуд Вазорати меҳнати Русия.

Айни ҳол ба гуфтаи коршиносон, бинобар хуруҷи муҳоҷирон дар давраи пандемия, тамоми соҳаҳо тақрибан 30 дарсади потенсиали кориашонро аз даст додаанд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки камбуди муҳоҷирон афзоиши хароҷот ва болоравии нархи маҳсулот, инчунин ҳаққи музди меҳнат шудааст. Гуфтанист, дар давоми як сол шумораи ҷойҳои холии хидматрасонӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва лоҷистикӣ 136 дарсад, сохтмон – 104% ва истеҳсолот – 127 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тавофуқи 50%-и Тоҷикистону Қирғизистон дар таъйини марзҳои муштарак

0

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфт, ҳукуматаш дар мавриди беш аз 50 дарсад таъйин ва аломатгузорӣ намудани марз бо мақомоти Тоҷикистон тавофуқ кадааст.

Президент ин суханҳои худро 30-уми август зимни мулоқот бо корпусҳои дипломатии муқими Қирғизистон ва созмонҳои байналмиллалӣ ба муносибати 30-умин солгарди истиқлолияти давлатии кишвараш иро кард.

Ҷабборов гуфта, ки баъд аз ба даст овардани истиқлол ин кишвар солҳои 1996 ва 1999 марзҳои худро бо Чин ва соли 2001 бо Қазоқистон мушаххас кардааст, аммо бо Тоҷикистон ва Узбекистон ҳанӯз барои демократсия ва делимитатсия музокирот идома дорад.

“Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳалли масъалаҳои марзӣ бо Ӯзбекистон фаъолона ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ идома дорад. Музокирот бо Тоҷикистон низ шиддат гирифта, барои беш аз 50 дарсади марзҳо мувофиқа ҳосил шудааст. Барои ҳалли масъалаи марз бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукуматҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бояд қарори сиёсӣ қабул кунанд ва музокиротро дар асоси принсипи эҳтироми тарафайн идома диҳанд “, – мегӯяд Содир Ҷабборов.

Аммо дар мавриди таъйини 50 дарсади марз ба мувофиқа расидани ҳукуматҳоро то ҳол Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва ё гурӯҳи кории музокиракунанда чизе нагуфтаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам 980 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин миқдор 519 километраш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Боқӣ 461 километри дигар аломатгузорӣ нашудааст, ки дар хеле мавридҳо муноқишаҳо сари нуқтаҳои мушаххаснашуда сарз мезанад.