12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 544

Толибон афви умумӣ эълон карданд

0

Ҳаракати Толибон рӯзи сешанбе пас аз расидан ба қудрат дар саросари Афғонистон барои тамоми кормандони давлатӣ афви умум эълон каданд ва аз ҳама коркунони идораҳои давлатӣ ва занони коргар тақозо карданд, ки ба сари кори худ баргарданд.

Ҷангҷӯёни Толибон рӯзи якшанбе пас аз хуруҷи Ашрафғанӣ, президенти пешини Афғонистон вориди Кобул шуданд. Ин ҳаракат дар изҳороти рӯзи сешанбе аз шаҳрвандон даъват кард, ки фаъолияти касбии худро дубора оғоз кунанд. “Авфи умумӣ барои ҳамаи кормандони давлатӣ эълон шудааст. Дар натиҷа, шумо бо итминони комил бояд ба корҳои рӯзмарраи худ баргардед”, – омадааст дар баёнияи ин гурӯҳ.

Аммо аз сӯи дигар, бархе кишварҳои ғарбие, ки тайи 20 соли гузашта дар Афғонистон ҳузури низомӣ доштанд, эълон кардаанд, ки тамоми кормандон ва ҳамкорони маҳаллии худро аз ин кишвар хориҷ мекунанд. Ба ин хотир, мардум гурӯҳ-гурӯҳ ба сӯи фурӯдгоҳи Кобул барои фирор аз Афғонистон раҳсипоранд.

Хабаргузории “Ал-Ҷазира” дар сафҳаи Твиттериаш хабар аз масъулони амнияти фурӯдгоҳи байналмилалии Кобул дод, ки гурӯҳе аз мусаллаҳони Толибон вориди фурӯдгоҳи Кобул шуданд. Ин дар ҳолест, ки мулло Яъқуб, масъули комиссиюни низомии гурӯҳи Толибон ба ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дастур дод, ки ба хонаҳо, сафоратхонаҳои холӣ ва фурӯдгоҳ ворид нашаванд.

Аммо дар робита ба ҳамкорӣ намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Толибон вокунишҳои гуногун дида мешавад. Аз ҷумла Амрико мегӯяд, ҳар ҳукумате, ки дар Кобул сари кор меояд бояд ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба ҳуқуқи занон эҳтиром бигузорад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико, Эдвард Прайс дар як паёме дар Твиттер навишт, ки агар давлати ояндаи Афғонистон ҳуқуқи башарро риоят кунад, бо он ҳамкорӣ мекунем. Ҳамчунин давлати Чин низ дар як баёнияе гуфт, ки масъалаи ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Афғонистонро баррасӣ дорад.

Ҳамзамон кишвари Русия низ эълони омодагӣ барои ҳамкорӣ бо Толибон кардааст. Русия мегӯяд, агарчи ин кишвар ҳаракати Толибонро гурӯҳи террористӣ ва мамнуъ эълон кардааст, вале дар асл бо ин гуруҳ “душман” нест. Дар ҳамин ҳол вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, аз назари Маскав тазминҳое, ки гурӯҳи Толибон тай ду рӯзи ахир додаанд, “мусбат”-анд.

Русия дархости 100 ҳазор муҳоҷирро рад кард

0

Шӯъбаҳои муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Русия вуруди наздик ба 100 ҳазор муҳоҷири корӣ ба Федератсияи Русияро рад кардаанд.

Дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират иҷозати вуруди ҳудуди 100 ҳазор шаҳрванди хориҷиро рад кардаанд. Дар ин бора вебсайти расмии Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ: “Дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ 98 ҳазору 339 нафар шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки қаблан ихроҷ шуда буданд, дархости дубора ворид шудан ба Русияро карданд, аммо дархости онҳо аз тарафи ин вазорат рад шудааст.”

Илова бар ин, бино ба гузориши ТАСС, Вазорати корҳои дохилии Русия дар нимаи аввали соли 2021 дар бораи ихроҷи 8 ҳазор 600 шаҳрванди хориҷӣ аз Федератсияи Русия қарор қабул кардааст.

“Дар нимаи аввали соли 2021 нисбати зиёда аз 1000 шаҳрванди хориҷи мӯҳлати будубош дар Федератсияи Русия кам карда шуд ва 8,6 ҳазор нафар ба хориҷи кишвар фиристода шуданд”, – гуфтанд дар вазорат ба расонаҳо.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вақтҳои охир дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар зуд-зуд задухурдҳои гурӯҳӣ байни муҳоҷирон сурат мегирад ва иштирокчиёни он аз тарафи мақомоти интизомии Русия боздошту ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Инчунин қариб ҳамарӯза дар расонаҳои русӣ гузориш мешавад, ки мақомот теъдодеро аз муҳоҷирони тоҷику ӯзбек, қирғизу туркман ва ғайра барои иштирок дар муноқишаҳо ва ё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ аз Русия ихроҷ (депортатсия) ва ба муддатҳои то 40-50 сол вуруди онҳоро ба ин кишвар манъ кардаанд.

Зиндагии бе обу бе роҳ дар Душанбе

0

Сокинони кӯчаи Баҳории ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз беобӣ танқисӣ мекашанд ва бо вуҷуди муроҷиатҳои пайдарпайяшон ба масъулини ноҳия касе ба доди онҳо намерасад.

Иддае аз сокинони кӯчаи Баҳории ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар тамос бо Аздо тв гуфтанд, тақрибан 100 хонавода дар ин кӯча зиндагӣ мекунад, вале бо гузашти қариб 20 сол на оби ошомиданӣ доранду на роҳи асфалтӣ ва на партовгоҳе барои партовҳояшон.

Ба гуфтаи онҳо, сокинон бо маблағи худ чанд сол пеш аз ду километр дурӣ бо лулаҳои обкашӣ хостанд об биёранд, вале масъулини бахши обтақасимкунӣ дар ноҳия на ба таври доимӣ ва на дар вақтҳои муайян обро ба онҳо сар намедиҳанд.

Онҳо мегӯянд, баъзе моҳҳо об ба муддати 5 дақиқа ва ё камтару зиёдтар сар дода мешавад, ки фишори он хеле паст буда ҳатто як сатил ҳам пур ношуда, қатъ мегардад. Биноан, маҷбур мешаванд (дар пойтахти кишвар нишаста) як мошини оби ошомиданиро дар як ҳафта ду маротиба аз 150 то 200 сомонӣ бихаранд.

Манобеъ мегӯянд, ҳар давраи интихобот вакилон меоянд ваъдаҳои зиёд медиҳанд, ки фалон корро анҷом медиҳанд. “Мушкилотамонро баррасӣ мекунанд, вале баъд аз маъракаи интихобот дигар на вакилеро мебинем ва на намояндаеро, ки ҳатто моро бишнавад”. Танҳо як вакили халқӣ, ки аз ӯ Ҳоҷӣ Маҳмуд ном бурда мешавад ва тоҷир ҳам будааст аз ҳисоби шахсияш ба мардуми маҳлла кумак мерасонад.

Барои мисол, “дар оғози паҳншавии бемории ҳамагир ӯ ба номи мардуми маҳалла кумакҳои зиёд оварда ба дасти раиси маҳалла Вайсиддин Холиқов дод, вале ӯ ҳама кумакҳоро бо хешу табор ва шиносҳояш тақсим карду ба мардум чизе надод”, – мегӯяд манбаъ ба Аздо тв.

Ба гуфтаи манобеи Аздо тв, болои ин ҳама мушкилӣ боз дардисарҳо эҷод кардани раиси маҳллаи Баҳорӣ Холиқов Вайсиддин барои сокинон яке аз мушкилии дигари онҳо ба ҳисоб меравад. “Кӯдакони мо ба мактаби миёнаи рақами 39-и ноҳия аз роҳи умумие, ки аз назди хонаи раиси маҳлла мегузашт, мерафтанд, вале Холиқов роҳро баст ва ба замини наздиҳавлигӣ табдилаш дод, ки ин кор роҳро барои кӯдакон ду километр дуртар кард. Акнун кӯдакони маҳлла дар зимистон то мактаб пиёда бо роҳҳои лойӣ бо як машаққат мераванд.”

Сокинон мегӯянд ҳарчанд ба сохторҳои дахлдор барои амалҳои ғайриқонунии раиси маҳлла муроҷиат карданд, вале касе ҳозир нест ӯро ба ҷавобграӣ бикашад. Ба қавли мардуми маҳалла, писарони Вайсиддин, Аслиддин, Камолиддин, Ҷамолиддин ва Аҳлиддин, ки ҳоло дар зиндон аст ва фарзандонӣ онҳо мардумро ба дод овардаанд.

Иштироки 9 паҳлавони тоҷик дар UWW

0

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон оид ба гуштини озод ва юнониву румӣ дар вазнҳои 55-79 кг. ҳунарнамоӣ мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа дар шаҳри Уфаи Русия аз рӯзи 16-уми августи соли ҷорӣ оғоз гардида, то 22-юми август идома меёбад.

Дар ин мусобиқа беш аз 500 гуштингир аз 52 кишвар ширкат доранд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 гуштингир дар навъи гуштии озод ва юнониву румӣ намояндагӣ мекунанд.

Дар гуштини озод Тоҷикистонро Хайрулло Кулулов, Мустафо Ахмедов, Ҷаъфарбек Қурбонов, Саидасан Ашрафхонов ва Абубакр Шукуров намояндагӣ доранд.

Дар гуштини юнониву румӣ Асламҷон Азизов, Фирӯз Мирзораҷабов, Нозимҷон Собиров ва Шероз Очилов бо ҳарифони худ қувваозмоӣ мекунанд.

Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW), ки аз сабаби пандемияи коронавирус танаффуси дусола дошт, мусобиқоти худро айни замон дар шаҳри Уфаи Русия баргузор мекунад.

Фирори мақомдорони афғон ба Тоҷикистону Узбекистон

0

Хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба манобеи маҳаллӣ иттилоъ дод, ки шаби 15 август дар фурудгоҳи шаҳри Бохтар – маркази вилояти Хатлон фуруду парвози зиёди ҳавопаймоҳҳо ба назар мерасид.

Аммо раҳбари фурӯдгоҳи шаҳри Бохтар, Фарҳод Абдурашидзода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” хабарро рад карда, гуфтааст, ки “Овозаҳое, ки гӯё мо чанд тайёраи Афғонистонро қабул карда бошем, асос надорад ва дурӯғ аст”. Аммо сокинони атрофи фурӯдгоҳи шаҳри Бохтар, ки шоҳиди фурӯд ва парвози ҳавопаймоҳои зиёд ҳастданд, ҳадс мезананд, ки ин ҳавопаймоҳои Афғонистон буданд.

Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ низ иттилоъ дод, ки шаби 15 август 143 низомии Афғонистон тавассути ҳавопаймо ба Бохтар омаданд. Инчунин фурӯд омадани чархболу ҳавопаймоҳои ҳомили низомиёни Афғонистонро дар фурӯдгоҳи Бохтар аз манобеаш дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 16-уми август тасдиқ кард.

“Манобеъ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, низомиёни фирории афғонро муваққатан дар хобгоҳи Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав дар Бохтар ҷой кардаанд”- омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки низомиёни афғон бо се ҳавопаймо ва ду чархбол дар фурӯдгоҳи Бохтар поин шуда, аз онҳо 55 силоҳи гуногун гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Tolonews” дар саҳифаи Твиттереаш хабар дод, ки шаби гузашта 18 ҳавопаймои мусофирбарӣ ба Тоҷикистон ва 27 ҳавопаймо аз Кобул ба Ӯзбекистон парвоз карданд, ки бештари онҳо кормандони нерӯҳои ҳавоии Афғонистон мебошанд.

Хамзамон дар як навори дигаре, ки дар Твиттер нашр шудааст, дида мешавад, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби Зоҳир Ағбар дар торикии шаб бо ҷамъе аз паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон дидор мекунад ва мегӯяд: “Буздилҳо он рахбароне хастанд, ки милате, ки ба хотири ӯ қурбонӣ дод, шаходат дод, хамсари худро бева сохт, модари худро бефарзанд сохт, аз ӯ дифоъ кард ва ӯ буздилона фирор кард, агар плони фарор доштӣ, чаро мамлакатро ба буҳрон бурдӣ? Агар қудрат бароят кайф намекард, беҳтарин вақт ҳамин буд, ки аз қудрат канор мерафтӣ, чаро ҷангро дар вилоёт созмодеҳӣ кардӣ ва боз ифтихор дорӣ, ки номат дар торихи Афғонистон сабт шавад.”

Аммо мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон то ҳанӯз ин хабарро таъйид ё рад накардаанд.

Ҳамзамон хабаргузории “

Инчунин телеграм-канали (Topnewsuz) зимни нашри наворе аз маҳалли суқути ҳавопаймои ҳомили нерӯҳои низомии Афғонистон хабар дода, ки ин ҳавопаймо дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон суқут кардааст. Дар навор дида мешавад, ки ба халабони маҷруҳи ин ҳавопаймо кумакҳои авалияи тиббӣ мерасонанд ва ӯ дар замин хобидааст.

Gazeta.uz – Видео и фото
Самолёт с опознавательными знаками ВВС Афганистана потерпел крушение в Шерабадском районе Сурхандарьинской области вечером 15 августа. Источник «Газеты.uz» в Сурхандарье подтвердил, что двое военнослужащих Афганистана были госпитализированы в Термезский филиал республиканского научного центра экст…

Шуруъ аз рӯзи 15 август, замоне, ки шаҳри Кобул ба дасти нерӯҳои Таҳрики Толибон даромад, аксари намояндагони Парлумони ин кишвар бо шумули низомиёну мақомдорон ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Баъд аз зуҳри рӯзи 15 август Ашраф Ғанӣ, акнун собиқ раисҷумҳури ин кишвар низ фирор кард ва то ҳанӯз ба куҷо рафтани ӯ дақиқ гузориш нашудааст. Чеҳраҳои саршиноси давлатии Афғонистон фирори ӯро интиқод намуданд.

Оқибати ҷанҷоли тоҷикон бо чеченҳо

0

Муноқишаи оммавии муҳоҷирон, ки гуфта мешавад дар байни онҳо тоҷикон ва чеченҳо ҳузур доранд дар Санкт -Петербург бо ихроҷи 33 нафар хотима нахоҳад ёфт.

Пас аз занозаниҳои оммавӣ дар Санкт -Петербург 33 муҳоҷири Тоҷикистон ихроҷ карда мешавад. Эҳтимол меравад, вуруди онҳо ба Русия то 50 сол манъ гардад. Дар ин бора Олег Капитанов, раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ ва татбиқи сиёсати муҳоҷират дар саҳифаи “ВКонтакте”-аш хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ айни замон “33 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ҷойгир ва мунтазири ҳукми додгоҳ ҳастанд, ки бо эҳтиомли зиёд онҳо аз Русия депортатсия мешаванд,” – менависад Олег Капитанов.

Бино ба иттилои ин намояндаи расмӣ мақомоти Санкт -Петербург муноқишаи байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Чеченистонро, ки аз ҳарду ҷониб 40 нафар иштирок доштанд, баррасӣ кардаанд.

Тибқи маълумоти мақомоти Санкт-Петербург занозанӣ шоми 28-уми июл дар меҳмонхонаи “Белые ночи” дар хиёбони Большевики ин шаҳр ба вуқуъ пайваст. Полис 140 нафарро аз меҳмонхона боздошт ва 74 протоколи маъмурӣ тартиб додааст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки задухурди гурӯҳӣ ва мусаллаҳонаи муҳоҷирони тоҷик бо қафқозиҳо дар Маскав низ сурат гирифта, дасти кам се нафар аз чеченитаборҳо захмӣ шуда буд. Мақомот иштирокчиёни ин муноқишаро бо ҳукми суд то 40 сол ихроҷ (депортатсия) кард.

Афзоиши парвозҳо байни Русия ва Тоҷикистон

0

Русия аз 27-уми августи соли ҷорӣ шумораи парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад. Дар ин бора “РИА Новости” бо истинод ба ситоди оперативии мубориза бо паҳншавии коронавирус хабар дод.

Бино бар навиштаи “РИА Новости”, муовини сарвазири Федератсияи Русия Татяна Голикова ҷаласаи ситоди оперативии мубориза бо паҳншавии коронавирус дар Русияро баргузор кардааст.

Дар ин ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки шумораи парвозҳои мунтазам бо Венгрия, Миср, Кипр, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар асоси талаботи дутарафа аз 27-уми августи соли 2021 зиёд карда шавад.

Тибқи ин нақша, парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистон, аз ҷумла ба масири Маскав-Душанбе аз 2 ба 7 парвоз дар як ҳафта афзоиш меёбад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки парвозҳо ба Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб аз дигар фурудгоҳҳои Русия низ ҳафтае як маротиба анҷом дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Русия парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро моҳи марти соли гузашта дар иртибот бо пандемияи коронавирус қатъ карда буд. Шуруъ аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дубора парвозҳои мунтазам байни Русия ва Тоҷикистон барқарор гардид.

Камшавии ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон

0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар кишвар тайи чанд рӯзи ахир ба таври рӯзони коҳиш меёбад.

Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус 16-уми август хабар дод, ки дар саросари Тоҷикистон давоми як шабонарӯзи гузашта 60 ҳолати нави гирифторӣ ба бемории ҳамагири COVID-19  ба қайд гирифта шуда, 85 нафар шифо ёфтааст. Ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст.

Пеш аз ин Як рӯз пеш ҳам Вазорати тандурустии кишвар аз 64 ҳолати гирифторон ба ин беморӣ хабар дода буд.

Тибқи омори расмӣ дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии бемории ҳамагир то рӯзи 15 август дар кишвар 16121 нафар гирифторони коронавирус, COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15756 нафар (97,7%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 123 нафар фавтидаанд.

Баъд аз мавҷи дуюмбораи коронавирус дар Тоҷикистон аз моҳи юни соли ҷорӣ Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар кишвар воксингирии аҳолиро иҷборӣ кард.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати тандурустии кишвар, вазорат дастур дода, ки кормандони тиббӣ хона ба хона гашта сокинони аз 18-сола болоро воксин зананд.

Инчунин Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ воксин гирифтанро барои донишҷӯён ҳатмӣ эълон кардааст. 11-уми август, Муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҷаноби Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм дар суҳбат бо Аздо тв гуфт, ба хотири ҳифзи саломатӣ ва пешгирӣ аз панҳшавии коронавирус воксингирии тамоми донишҷӯён ҳатмӣ мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, “касоне, ки дар “маршировкаҳо” ширкат менамоянд ва дар ҷойҳои пуриздиҳом тамрин мекунанд, ҳама бояд воксин гиранд ва инчунин донишҷӯёне, ки аз моҳи сентябр ба донишгоҳҳо рафта дар дарсҳо иштирок мекунанд бояд воксин бигиранд.”

ҒАНӢ КУҶО ШУД?

0

Муҳаммад Ашрафғанӣ пас аз адами иҷозаи фурӯд дар Тоҷикистон ба Уммон рафта, қарор аст аз онҷо ба Амрико сафар кунад. Хабар додааст шабакаи

Ҳамзамон шабакаи Алҷазираи Қатар эълом кард, ки хабар дар бораи сафари Муҳаммад Ашрафғанӣ нахуст ба Ӯзбакистон ва сипас ба Уммон дар ҳоле нашр шудааст, ки то ҳол пурра тасдиқи худро наёфтааст.

Пеш аз ин, дирӯз, 15-уми август Радиои Озодӣ дар такия ба манобеи худ хабар дода буд, ки Ғанӣ пас аз исти кӯтоҳ дар Душанбе ба Уммон сафар кард. Ба иттилои Радиои Озодӣ “мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон дар ҳамоҳанг кардани парвози ҳавопаймои ӯ (Муҳаммад Ашрафғанӣ) аз ҳарими ҳавоии Узбекистон, Туркманистон ва Эрон мусоидат кардаанд.”

Муҳаммад Ашрафғанӣ субҳи имрӯз дар сафҳаи фесбукиаш аз Толибон интиқод карда, сабаби тарк кардани Афғонитонро дар эҳтимоли хунрезӣ маъниндод кард, вале ӯ нагуфт, ки айни замон дар куҷо қарор дорад.

Ҳамзамон хабаргузории русии “РИА Новости” бо истинод ба сафорати Русия дар Кобул навиштааст, ки Мумаҳаммад Ашрафғанӣ бо мошинҳои пур аз пул кишварашро тарк кард ва пулҳоеро, ки бо худ бурда натавонист дар майдони ҳавоии Кобул боқӣ гузошт.

“Чор мошин пур аз пул буд, онҳо қисми дигари пулро ба чархбол пур карданӣ шуданд, аммо на ҳамааш ғунҷида буд. Ва як қисми пул дар майдони ҳавоии Кобул боқӣ монд,” – гуфт котиби матбуоти намояндагии дипломатӣ, Никита Ищенко.

Аммо Бисмиллоҳ Хон, собиқ сарпарасти Вазорати дифои ин кишвар дар сафҳаи Тевиттриаш навиштааст, “Ҷумҳурии сенафара (Ашрафғанӣ, Муҳиб ва Фазлӣ) таёраи холиро ба Тоҷикистон фиристода ва худашон Покистон рафтанд, то гузориши корашонро ба бодорашон (хоҷаашон) ташриҳ кунанд.”

Муҳаммад Ашрафғанӣ дирӯз, 15-уми августи 2021 Афғонистонро тарк кард ва то замоне, ки ин гузориш таҳия мешуд, дақиқ куҷо будани вайро ҳеч расонае гузориш накардааст. Бинобар ин, дар сурати пайдо шудани иттилооти ҷадид дар бораи ӯ, ин гузориш такмил мешавад.

Ваъдаи “афв”-и мақомот ба мухолифин

0

Мақомоти ВКД бархе аз раҳбарони ПМТ-ро барои шомил шудан дар “афви тиллоӣ” ба Тоҷикистон даъват кардаанд.

Ба назари Алим Шерзамонов, дар арафаи чунин афвҳо зиндонӣ кардан ва “афв” намудан дар Тоҷикистон як навъи “бизнес шудааст. Вай меафзояд:

“Рӯзҳои охир мақомот фишор болои нафаронеро, ки дар хориҷ қарор доранд бештар намуда, бо онҳо тамос мегиранд ва ваъда медиҳанд, ки агар ба Ватан то 30-юми сентяб барганд, онҳоро шомили “афв” мекунанд. Мақомот бояд 30 ҳазор нафарро барои шомил намудан ба афв ҷамъ кунад ва аз ҳамин хотир фишор то сентябр болои мухолифин бештар хоҳад буд.”

Ин дар ҳолест, ки чанд тан аз раҳбарони ПМТ дар суҳбат ба Аздо тв гуфтанд, ки дар ҳафтаҳои ахир муовинони Вазорати корҳои дохила (ВКД) ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон мустақиман бо онҳо аз тариқи паёмрасонҳои шабакаҳои иҷтимоӣ тамос гирифта, даъват кардаанд, ки барои шомил шудан ба “афви тиллоӣ” ба Тоҷикистон баргарданд.

Ба гуфтаи ин идда аз раҳбарони ПМТ, ки даъватномаҳои мақомотро дарёфт кардаанд, мақомоти ВКД иддао карда, ки суҳбати онҳо дар сатҳи Вазорат ва муовинони КДАМ изҳор доштаанд, ки ин даъвати онҳо аз мухолифин бо роҳнамоии президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин даъватҳо қатъи фаъолияти мухолифин дар хориҷ аз кишвар ва баргардонидани онҳо ба Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Даъватҳои мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, ки аксаран дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба сар мебаранд, дар гузашта ҳам чандин маротиба аз забони мақомоти Тоҷикистон ва пайвандони онҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ садо дода буд, аммо ин дафъа тасмими мақомоти Тоҷикистон “ҷиддитар” ба назар мерасад.

Аз ҷониби дигар чанд тан аз собиқ аъзо ва ҷонибдорони аҳзоби мухолиф, ки дар ҳоли ҳозир дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, дар суҳбат ба Аздо тв таъкид карданд, ки бо вуҷуд даст кашидан аз фаъолиятҳои сиёсӣ дар чанд соли ахир мақомот дар моҳҳои июл ва августи соли ҷорӣ фишорҳои худро болои хонаводаҳояшон зиёд кардаанд.  Онҳо мегӯянд, мақомот волидонашонро ба шуъбаҳои ВКД ва КДАМ дар шаҳру ноҳияҳо даъват намуда, талаб доранд, ки фарзандонашонро ба Тоҷикистон баргардонанд.

Ҳамзамон Муносибшоҳ Шовайсудинов, як паноҳҷӯ дар Аврупо мегӯяд, ки охирин маротиба падар ва додарашро 5 рӯз пеш дар КДАМ дар шаҳри Душанбе бозпурсӣ намуда, талаб кардаанд, то ӯ аз фаъолиятҳояш даст кашида ба Тоҷикистон баргардад.

Ҳамчунин Исломиддин Ашӯров, як узви ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта, ки мақомот аз волидонаш талаб намудаанд, ки писарашонро ба Тоҷикистон баргардонанд ва дар ин сурат “ӯ афв хоҳад шуд ва агар наояд, ӯро дар пайгарди байналмилалӣ қарор хоҳанд дод.” Исломиддин Ашӯров, бародарзодаи Ҳусейн Ашӯров, муовини раҳбари “Гурӯҳи 24” аст.

Алим Шерзамонов муовини раиси ПМТ фишорҳои ахири мақомот ва ваъдаи онҳоро барои шомил намудани мухолифин ба “афви тиллоӣ” чунин шарҳ дод: “Мақомот одатан дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ ин гуна “пиаравфҳо”-ро барои маҳбубияти бештар касб кардан, роҳандозӣ мекунанд.”

Алим Шерзамонов, ноиби раиси ПМТ

Ба гуфтаи ӯ, “дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолият, мақомот мехоҳад 30 ҳазор нафарро “афв” кунад, вале намехоҳанд он нафароне, ки дар зиндонанд онҳоро шомили ин “афв” кунанд. Мақомот мехоҳанд ҳарчӣ бештар онҳоеро шомили афв кунанд, ки аслан гуноҳе надоранд.”

Пештар сомонаи “Бомдод” хабар дода буд, ки “Душанбе талош дорад, ки мисли солҳои 90 бо миёнаравии Эрон ва мусоидати Русия масъалаи оппозитсияи дар хориҷ қарордоштаро ҳал  ва бо мухолифонаш созиш кунад. Ба хотири қаноати роҳбарони оппозитсия, Душанбе ба як силсила гузаштҳо розӣ шудааст ва аз ҷумла гӯё омода будааст, ки дар пешорӯи ҷашни истиқлол мухолифини зиндонишударо афв ва аз маҳбасҳо озод кунад”.

Бо гузашти қариб ду моҳ то кунун на ҳукумат ва не мухолифин ба ин хабари “Бомдод” расман вокуниш нишон надодаанд.