Хона блог саҳифа 545

Мадина Маҳмадҷонова дар бемористон даргузашт

0

Ҷавонзани тоҷик Мадина Маҳмадҷонова, ки чанде пеш бар асари шиканҷа ва лату кӯби шадид дар бемористон бистарӣ шуда буд, дирӯз, 15-уми декабр аз олам даргузашт.

Мадина Маҳмадҷонова

Дар ин бора расонаҳои тоҷикӣ аз қавли наздикон ва вакили мудофеи ин зани тоҷик хабар  доданд. Наздикони ӯ гуфтаанд, ки Мадинаи 32-сола дирӯз пас аз нисфирӯзӣ дар бемоистони “Қрияи боло”, ки онҷо дар ҳолати беҳушӣ “кома” қарор дошт ва табобат мегирифт, даргузаштааст ва қарор аст имрӯз ҷасади ӯ ба хок супорида шавад.

Вафоти Мадина дар ҳолест, ки шоми 14-уми декабр Додгоҳи олии кишвар Парвиз (Лутфулло) Давлатовро, ки Мадина ҳамсари дуюми ӯ маҳсуб мешуд, барои 5 солу 4 моҳ

Амволи пойгоҳи 201-и Русия дар Кӯлоб ба Тоҷикистон дода мешавад

0

Амволи пойгоҳи низомии 201-уи Русия дар шаҳри Кӯлоб ба ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон вогузор мешавад.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 15-уми декабри соли ҷорӣ протоколи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия дар бораи ба Тоҷикистон додани амволи ғайриманқули воҳидҳои ҳарбии ин пойгоҳро ба тасвиб расонданд.

Муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода зимни шарҳи ин санад қайд кард, ки молу мулки ғайриманқул аз бинову иншоотҳои гуногун, аз ҷумла хобгоҳҳои афсарону сарбозон, хонаҳои истиқоматӣ, амборҳои нигоҳдории маводҳои ақибгоҳӣ, нуқтаи тиббӣ, зеристгоҳи барқӣ, қитъаҳои замин ва дигар инфросохтори дахлдори ҳарбӣ иборат мебошанд.

Ба гуфтаи муовини вазир, барои қабул ва интиқоли ин амвол як комиссияи муштарак таъсис дода шуда, макони собиқи низомиёни Русия дар Кӯлоб барои ҷойгиркунии қисму воҳидҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон  истифода хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Русия соли 2015 пойгоҳашро аз шаҳри Кӯлоб ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонд.

Пойгоҳи низомии 201 мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар хориҷ аз кишвар ба шумор меравад. Бино ба баъзе маълумот то 7 ҳазор афсару сарбоз дар ин пойгоҳ адои хидмат мекунанд ва тибқи тавофуқоти Душанбеву Маскав то соли 2042 дар хоки кишвар бидуни пардохти молиёт боқӣ хоҳад монд.

Мулоқоти муовини ВКХ бо гузоришгари вежаи СММ

0

Имрӯз, 15-уми декабри солри ҷорӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоришгари Созмони Миллали Муттаҳидро ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ муовини вазири корҳои хориҷӣ “гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба савдои одамон Шивон Муллалиро ба ҳузур пазируфт.”

Ба иттилои манбаъ, “дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва СММ-ро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла пешгирӣ ва муқобилият бо савдои одамон баррасӣ намуданд.”

Дар рафти вохӯрӣ гузоришгари вежа инчунин оид ба натиҷаи мулоқотҳои анҷомдодаи худ бо намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ маълумот дод.

Падари К.Устопириён дар садамаи маргбор гумонбар шуд

0

Усто Устопиров падари паҳлавони шинохтаи тоҷик, Комроншоҳи Устопириён дар садамаи маргбор гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ин садамаи маргбор рӯзи 10-уми декабр дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дода, бар асари он Баҳром Ҳоҷиеви 50-сола зери чархи мошини Усто Устопиров ҷон бохтааст.

“Усто Устопиров, таҳти идораи автомашинаи “Киа Спортейҷ” рақами қайди давлатиаш ТҶ 0082 ВО02 ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, километри 296, ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Баҳром Ҳоҷиев соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати Ёваро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намуд. Дар натиҷа пиёдагард аз ҷароҳати бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.”- хабар додаанд аз Раёсати корҳои дохилаи Суғд ба расонаҳо.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ дар роҳе, ки садама рух додааст, аломати роҳи пиёдагард дида намешавад ва маълум нест, ки Баҳром Ҳоҷиев чаро аз ин қисмати роҳ убур кардааст.

Гуфта мешавад, раёсати корҳои дохила ба таҳқиқи садама шуруъ карда мошини Усто Устопировро ба экспертизаи автотехникӣ супурдаанд. Худи Устопиров бо модаи 212, яъне “вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт” муттаҳам мешавад.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки Усто Устопиров дар боздошт қарор дорад ё дар озодӣ, аммо наздиконаш ба расонаҳо гуфтаанд, ки вазъи саломатии устоди шинохтаи варзиши куштӣ хуб нест.

Усто Устопиров, падари варзишгарони шинохтаи тоҷик Комроншоҳ ва Фаридун Устопириён ва устоди шинохтаи куштӣ аст. Ӯ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд мактабҳои варзишӣ дорад.

КДАМ: Нерӯҳои амниятӣ омодаи анҷоми амалиёт дар Хоруғ ҳастанд

0

14-уми декабр намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон, ки дар Комиссияи муштараки таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков ширкат доштанд, расман аз ҳамкорӣ бо ВКД ва КДАМ даст кашиданд.

Намояндагони ҷомеаи мадании Бадахшон изҳор доштанд, ки аз ин ба баъд дигар бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ намекунанд ва танҳо бо додситонӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Гурӯҳи 44-нафараи ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, ки қарор буд дар ҳамкорӣ бо мақомот сабабҳои қатли Гулбиддин Зиёбековро таҳқиқ кунанд, пас аз беэътиноӣ ва таҳдидҳои Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълони қатъи ҳакморӣ карданд.

Пойгоҳи телеграмии

Толибон пеши роҳи тиҷорати домоди Э.Раҳмонро гирифтанд?

0

Баъд аз 10 сол аввалин маҳмулаи фаровардаҳои нафтии тоҷирони афғон аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон расиданд. Дар ин бора

Акс аз “Tolonews”

Ба иттилои расонаҳо, ин маҳмулаҳои нафтӣ дар Қазоқистон боргирӣ шуда, 59 тоннаву 910 литрро ташкил медиҳанд ва аз Шерхонбандар, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рӯзи душанбе вориди шаҳри Қундузи Афғонистон шуданд. Аз роҳи Тоҷикистон расман ворид кардани маҳсулоти нафтӣ 10 сол боз иҷозат дода намешуд.

Тоҷирони афғон гуфтаанд, ворид шудани фаровардаҳои нафтӣ аз роҳи Тоҷикистон ба Афғонистон арзиши ин маҳсулоти заруриро дар ин кишвар арзонтар хоҳад кард.

Аммо огоҳони умур мегӯянд, дар давоми ин 10 сол ширкати “Фароз”-и мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти нафтиро бо роҳҳои қочоқ аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон мерасонид. Аммо бо омадани Толибон ва фирори ҳамшарикони “Фароз” аз Афғонистон пеши роҳи ин тиҷорати қочоқӣ гирифта шуд. Ва ин маҳмулаҳои расида аввалин маҳмулаҳои фарвардаҳои нафтие маҳсуб мешаванд, ки бо роҳҳои расмӣ аз роҳи Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя ворид мегардад.

Қазияи Мадина Парвиз Давлатовро барои 8 сол равонаи зиндон кард

0

Рӯзи 14-декабр Додгоҳии олии Тоҷикистон Парвиз (Лутфулло) Давлатовро барои 8 сол аз озодӣ маҳрум кард, аммо бо татбиқи Қонуни афв ҳукми ӯ ба 5 солу 4 моҳ кам карда шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ Додгоҳи олии кишвар Давлатовро бар асоси се банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – “азобу уқубат”, “бисёрзанӣ” ва “расонидан ба худкушӣ” гунаҳкор дониста, ин ҳукмро содир кардааст.

Ин дар ҳолест, ки пештар Додситонии кулли Тоҷикистон Давлатовро бо як ҷурм, яъне бо банди “в” қисми 2 моддаи 117 (азобу уқубат) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор эълом буд.

Гуфта мешавад, дар қазияи лату кӯби бераҳмона шудани Мадина Маҳмадҷонова Парвиз Давлатов нафари аввал аст, ки аз озодӣ маҳрум шуд, аммо баррасии парвандаи ҳамсараш, Азиза Давлатова, ки ӯ дар ин қазия гунаҳкори асосӣ дониста мешавад, ҳоло ба итмом нарасидааст.

Қазияи бераҳмона лату кӯб шудани Мадина Маҳмадҷонова аз ҷониби Азиза Давлатова, ҳамсари Лутфулло Давлатов дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.

Гуфта мешавад, Азиза Давлатова дар охирҳои моҳи август маъшуқаи ҳамсараш, Мадина Муҳаммадҷоноваро дуздида аз шаҳр берун бурда аст. Ин зани ҷавон то ҳаде лату кӯб ва шиканҷа шудааст, ки муддати се моҳ мешавад дар беморхона дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.

Бо вуҷуди ин пештар мақомот қазияи мазкурро баъд аз тафтиш пӯшонд ва мувофиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 7 сентябри соли ҷорӣ тафтиши парвандаро қатъ кард. Танҳо пас аз вокунинши тунди фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ  шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ шахсан ба қазияи латукӯби бераҳмонаи Мадина ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахси гунаҳкор дахолат кард ва таҳқиқи қазия аз нав гирифта шуд.

Пас аз шуруъи дубораи парванда 3-4 мақомдори сохторҳои қудратӣ – муовни додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, чанд масъули ШВКД-и ҳамин ноҳия барои хунукназарӣ нисбати ин парванда аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Назари муттаҳамон ва ё вакили мудофеи онҳо ба ин қазия то ҳол маълум нест. Додситони куллли Тоҷикистон дар шарҳи қазия рӯзи 1-уми ноябр гуфт, ки дар қазияи лату кӯби Мадина Муҳаммадҷонов ду нафар, Азиза Давлятова ва шавҳараш Лутфулло Давлятов гумонбар дониста мешаванд.

Шукрона Охунова дар Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойи сеюи гашт

0

Шукрона Охунова дар Олимпиадаи IV байналмилалии “Озмоишгоҳи  таълимии истеъдодҳо-2021”,сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ин бора маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Ин олимпиада аз 6-уми то 11-уми декабр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз фанҳои математика, химия ва физика бо иштироки 18 намояндаҳои давлатҳои ИДМ ва Балтика баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар ин олимпиада Тоҷикистонро 3 хонанда, Фирдавси Фаридун, Муҳаммадробеи Муҳаммадёр (ҳарду аз шаҳри Душанбе)  ва Охунова Шукрона хонандаи синфи 9-уми Муассисаи таълими давлатӣ барои хонандагони болаёқат муаррифӣ намуданд.

Гуфтанист, Фирдавси Фаридун ва Муҳаммадробеи Муҳаммадёр дар олимпиада соҳиби сертификати иштирокчӣ гаштаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Шукрона Охунова дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон аз фанни химия иштирок намуда, сазовори ҷои якум ва медали тилло гардида буд.

Заҳролудшавии сокинон бо хӯрдани мурғи “Грил”

0

Чанд сокини шаҳри Хуҷанд пас аз хӯрдани мурғи “Грил” заҳролуд шуданд. Мақомот соҳибкорро боздошт ва дари дуконашро бастанд. Дар ин бора мақомоти шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Акс аз Интернет

Ба иттилои расонаҳо, айни замон додситонии шаҳри Хуҷанд нисбати ин соҳибкор, ки аз ӯ Муҳсинҷон Тоҷибоев ном бурда мешавад, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 207 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардидааст, боз кардааст.

Ба иттилои манобеъ, шумори шаҳрвандоне, ки аз мурғҳои пӯхтаи Тоҷибоев заҳролуд шудаанд, ба беш аз 35 нафар расидааст, ки дар байни онҳо кӯдакон низ ҳастанд. Ҳамчунин мақомот аз шаҳрвандони Хуҷанд даъват намудааст, ки ҳар ки аз ин мурғҳо заҳролуд шуда бошад, метавонад ба мақомот шикоят кунад.

Гуфта мешавад, ин соҳибкор дар шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои 77 ҳамроҳи аъзоёни оилааш дар дукони мурғпазӣ “Грил” кор мекарда, пас аз тафтиш маълум гашта, ки ӯ талаботи қонунгузории санитарию эпидемологиро дағалона вайрон намудааст.

Ин соҳибкорро ҷарима дар ҳаҷми аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ, ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат дар пеш интизор аст.

Муин Ғафуров барои 6 моҳ аз рақобатҳо маҳрум шуд

0

Муин Ғафуров, варзишгари шинохтаи тоҷик давоми шаш моҳи дигар наметавонад дар муҳорибаҳои омехта рақобат кунад.

Бино бар иттилои MMA Fighting дар допинг санҷиш муаян шудааст, ки дар бадани Муини 26 сола маводи барои варзишгарон мамнуи канренон мавҷуд аст ва ӯ то 6 моҳи дигар наметавонад дар мусобиқаҳо ширкат кунад. Дар баробари ин Муин аз ҷониби NAC (nevada athletic commission) 750 доллар барои истифодаи допинг ҷарима мешавад. Дар ин бора то ҳол назари худи варзишгари тоҷик дастраси расонаҳо нашудааст.

Якҷо бо намояндаи Тоҷикистон Лукаш Бржески лаҳистонӣ, ки барои шикаст додани Дилан Поттер бо UFC шартнома баста буд, низ аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Муин Ғафуров охирин қувваозмоии худро бо Чад Анхелигери канадагӣ 7-уми сентябри соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби мусобиқаи Dana White’s Contender Series, барои роҳ ёфтан ба UFC анҷом дод. Муин метавонист дар таърих ҳамчун аввалин варзишгар аз Тоҷикистон, ки бо UFC шартнома мебандад, сабт шавад, аммо бо қарори доварон ӯ мағлуб эълон шуд.

Қобили зикр аст, ки Ғафуров то имрӯз аз рӯи рейтинги MMA размкори рақами 1 дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд.

Гуфтанист, варзишгари ҷавон рақобатҳои касбияшро аз соли 2013 оғоз карда то кунун 21 рақобат гузаронида, 17 ғалаба ба даст овардааст.

Ҳаводиси бо допинг муттаҳам шудани варзишгарони тоҷик нав набуда, дар гузашта Дилшод Назаров барои истифодаи допинг муттаҳам дониста шуд ва барои 2 сол аз ширкат дар мусобиқот, аз ҷумла дар Олимпиадаи Токио-2020 маҳрум гардид.