Хона блог саҳифа 546

Тоҷикистон имсол зиёда 1.5 миллон муҳоҷири корӣ ба Русия фиристод

0

Аз якуми январ то 30-юми октябри соли ҷорӣ зиёда аз якуним миллион муҳоҷири меҳнатии Тоҷикистон барои кор ба Русия рафтааст.

Возорати корҳои дохилии Русия бо нашри як феҳристи оморӣ дар бораи вуруди муҳоҷирони ба қаламрави ин кишвар гуфтааст, ки дар соли 2021 Ӯзбекистон дар мақоми аввал буда, аз ин кишвар барои кор ба Русия 3 миллиону 54 ҳазору 180 нафар сафар кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, тайи 11 моҳи соли аз Тоҷикистон барои кор ба Русия 1 миллион 597 ҳазору 481 нафар рафтааст ва Тоҷикистон дар раданбандии содироти муҳоҷирони корӣ ба Русия пас аз Ӯзбекистон дар мақоми дуюм қарор гирифтааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳамеша омори муҳоҷиронро кам нишон медиҳанд. Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар 10 моҳи соли ҷорӣ 331 ҳазору 353 нафар аз кишвар барои ҷустуҷӯи кор ба Федератсияи Русия сафар кардааст.

Тибқи омори ин феҳристи нашр шуда, Қирғизистон бо ирсоли 623 ҳазору 465 нафар дар ҷои сеюм ва Арманистон бо фиристодани 298 ҳазору 801 нафар дар мақоми чорум қарор доштанд.

Гуфтанист, дар давоми моҳҳои аз январ то октябри соли ҷорӣ зиёда аз 10 миллиону 615 нафар барои кор ба Русия рафатааст, ки наздик ба 50 дарсади онҳоро нерӯи кории се кишвари Осиёи Марказӣ, Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, Русия ягона кишвари мақсади кор барои муҳоҷирони кории тоҷик нест, ки балке яке аз онҳост. Муҳоҷирони кории тоҷик бар иловаи Русия ба кишварҳои Қазоқистону Туркия, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Амрико, Канада ва кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ҳам сафар мекунанд.

Шакл гирифтани як ҳаракати сиёсии ҷадид дар Бадахшон

0

Дар Бадахшон як ҳаракати мардумии сиёсӣ ҷадид шакл гирифта, ки ояндаи наздик дар тамоми Тоҷикистон доман паҳн хоҳад кард.

Дар ин бора Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигори шинохта ва директори “Радиои Имрӯз” ва муассиси рӯзномаи “Имрӯз Нюс” дар саҳфаи фейсбкиаш хабар дода, гуфтааст: “Акнун як ҳаркати бузурги сиёсӣ дар Бадахшон ва Тоҷикистонро фаро мегирад.”

Ҷонӣ сабабҳо ва ё омили пайдоиши ин ҳаракати нави сиёсӣ дар Бадахашонро ҳодисаҳои ахир дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рабт дода, гуфтааст, ки мардум ба вуҷуди ҳукумат бовар карда, назди бинои вилоят додхоҳӣ омада буданд, вале дар ҷавоб “ҳукумат ба мардум кун гардонд ва ганд зад, мардумро тирборон кард, дигар на (ба ҳукумат) эътимод монду на эътиқод…”

Мақомоти Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир тавассути васоити ахбори омма ва таблиғгарони сиёсати ҳукумат бидуни ироаи далиле дар ҳодисаҳои ахири Бадахшон нерӯи сеюму чорумеро муттаҳам мекунанд.

Рустами Ҷонӣ нерӯҳои амниятро ба хиёнат муттаҳам карда, меафзояд, ки митинги Хоруғ қазияи дохилӣ буд ва дар қазияҳои дарунӣ нерӯи хориҷӣ “бозӣ кардан бо виҷдони мардум аст”. Вай меафзояд, “дар ин қазия нерӯҳои сеюму чаҳорум ва панҷум худи ҳукумат буд.”

Ин рӯзноманигор, ки қазияҳои Бадахшонро бештар пайгирӣ мекунад, таъкид дорад: “Аз ин ба баъд ҳар ҳаракати мардум дар Бадахшон фаҳмиданист. Метавонад қонунӣ ҳам набошад. Чунки онҳо бо чашми сар диданд, ки аз ҳаққи онҳо кам мекунанд. Ба дархости қонунии онҳо ҷавоби тунд медиҳанд. Роҳи қонунии ҳалли қазияҳоро мебанданд. Ин ҳукумат аст, ки бо роҳи сулҳ намеравад. Нуги камонаш ба синаи мардум. Вокуниш аз мардум тундтар хоҳад буд.”

Ҷалби қарз барои НОБ-и “Роғун” аз Кувейт

0

Сафири Тоҷикистон дар Кувейт Зубайдулло Зубайдзода бо Мудири кулли Фонди тавсиа ва рушди Кувейт Марвон ал-Ғоним дар масъалаи ҷалби қарз аз ин фонд барои тарҳи “Роғун” гуфтугӯ карданд.

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷкуистон

Мулоқоти ҷонибҳо рӯзи 12 декбар дар давлати Кувейт сурат гирифта, дар он ҷонибҳо атрофи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи рушди иқтисодӣ ва сармоягузорӣ гуфтугӯ карданд.

Расонаҳои маҳаллии Кувейт хабар медиҳанд, ки дар ин мулоқот масъалаи ҷалби қарз аз Фонди тавсиа ва рушди Кувейт барои маблағгузории тарҳи “Рагон” дар Тоҷикистонро, ки яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳои обии барқӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, баррасӣ карданд. Аммо дар масъалаи ҳаҷми қарз ва навъи он чизе гуфта намешавад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки хабарро рӯзи 13-уми декабр нашр кард, дар мавриди ҷалби қарз барои НОБ-и “Роғун” ишорае накардааст.

Сохтмони нерӯгоҳи обии барқии “Роғун” дар Осиёи Марказӣ калонтарин НОБ буда, тибқи маълумотҳои расмӣ, соли 1976 сохтмони он оғоз шудааст. Иқтидори лоиҳавии НОБ-и “Роғун” ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 чархаи 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шудааст. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17 млрд кВт-соат нерӯи барқ истещсол кунад, ки ин мицдор ду баробар аз масрафи дохиль бештар аст. Ва метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқи арзонтар таъмин кунад.

СПАД: Чорабиниҳои ҳарбии худро дар ОМ меафзояд

0

Русия дар пасманзари афзоиши таҳдидҳо теъдоди тамринҳои муштараки худ бо кишварҳоро дар Осиёи Марказӣ афзоиш медиҳад.

Ба навиштаи Интерфакс, “Бо назардошти таҳдидҳои афзояндаи низомӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, барои рушди минбаъдаи маҳорату малакаи эътилофӣ ва гурӯҳҳои муштараки нирӯҳо дар соли 2022 теъдоди чорабиниҳои муштараки омӯзиширо бештар хоҳем кард. Муҳимтарин тамрини муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) зери унвони “Бародарони вайроннашаванда-2022″ баргузор хоҳад шуд”-, гуфтааст, фармондеҳи фармондеҳи Ҳавза-Округи марказии ҳарбии Русия Александр Лапин.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар соли ҷорӣ дар вокуниш ба таҳдидҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ Округи ҳарбӣ ҳудуди 50 чорабинии байналмиллалӣ баргузор кардааст, ки умдатан 11 тамрини муштарак дар қаламрави Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҳузури қуввахои мусаллахи даҳ давлати аъзо гузаронида шуданд.

Дар баҳори соли ҷорӣ замони қудратгирии бештари Толибон дар Афғонистон ва ниҳоятан дар 15-уми август сари қудрат омадани онҳо кишварҳои минтақа ва ҳамсояҳои Афғонистон, ба хусус Тоҷикистон то кунун аз минбарҳои мухталиф садо баланд мекунанд, ки марзҳояшонро хатарҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад, дар Афғонистон нерӯҳои силоҳбадасти мухолифи ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба хусус Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистону Чин зери чатри Толибон ҳузур доранд. Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Чин, ки бо сиёсатҳои саркӯрагаронаи мухолифони худ машҳур ҳастанд, тарсашон аз он аст, ки гурӯҳҳои назири “Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Ӯзбекистону Ҳаркати исломии Туркистон марзи онҳоро рахна накунанд.

“Облава”-и ҷавонон баъд аз анҷоми даъвати тирамоҳӣ

0

Як сокини 20-солаи шаҳри Турсунзодаро аз назди зинапояи ҳавопаймо дар фурӯдгоҳи Кӯлоб “облава” карда, ба артиш бурданд. Дар ин бора “Азия-Плюс” аз қавли як хеши наздики он ҷавон хабар дод.

Гуфта мешавад, ин ҷавон 2 сол боз дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштааст ва бо шунидани бемории бибиаш рӯзи 9-уми декабр ба Тоҷикистон баргаштааст.

Ба гуфтаи яке аз наздикони ин ҷавон, вақте падару модараш ӯро дар хона интизор буданд, ӯ ногаҳон ба падараш занг зада гуфтааст, ки дар фурӯдгоҳи Кӯлоб “облава” шудааст.

Баъд аз шунидани ин хабар падари ҷавон аз шаҳри Турсунзода ба фурӯдгоҳи Кӯлоб меравад ва кормандони фурӯдгоҳ ба ӯ мегӯянд, ки писарашро ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ бурдаанд.

Падари ҷавони “облавашуда” ҷомадони писарашро аз дасти корманди фурӯдгоҳ мегирад ва ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ меравад, аммо писарашро онҷо пайдо намекунад.

Пас аз як рӯз ин ҷавон худаш занг зада мегӯяд, ки дар комиссариати ҳарбии шаҳри Бохтар қарор дорад ва ба зудӣ ба қисми ҳарбӣ фиристода мешавад.

Вақте падараш ба Бохтар меравад, миёнаравҳое онҷо пайдо шудаанд, ки барои озод кардани ин ҷавон аз артиш бар ивази маблағи ҳангуфт  пешниҳодҳое карданд, вале ӯ розӣ намешавад.

“Дирӯз, 12-уми декабр ҷиянамро ба яке аз қисмҳои низомии шаҳри Турсунзода фиристоданд”, – мегӯяд яке аз наздикони ин ҷавон.

Дар ҳамин ҳол, Қурбон Сафаров, муовини директори фурӯдгоҳи байналмиллалии Кӯлоб ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “То анҷоми даъват чанде бо либоси мулкӣ назди даромадгоҳи фурӯдгоҳ меистоданд, лекин зиёда аз як ҳафта аст, ки онҳоро дар ин ҷо мушоҳида накардаам. Дар бораи “шикор” (облава)-и ҷавони 20-сола чизе нашунидаам ва хабар надорам”.

Инчунин “Азия-Плюс” аз як ҳодисае, ки чӣ тавр ҷавонро ногаҳон аз донишгоҳ хориҷ карда, ба артиш бурданд, хабар дод.

“Бародари хурдии ман Фурқатҷон Рӯзиев дар факултаи “Киммиё ва биология”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мекард. То ин дам ӯ мудом дар дарсҳо иштирок мекард ва пули шартномаи таҳсилро саривақт пардохт кард. Лекин 7 декабр ӯро аз донишгоҳ гирифта, ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд. Аз куҷое дар китоби давомоти донишгоҳ зиёда аз 48 соат аломати “ғоиб будан дар дарс” (НБ) пайдо шудааст”, – мегӯяд яке аз наздикони ин донишҷӯ.

Дар ҳоле ин ҷавон аз донишгоҳ хориҷ ва ба хизмат бурда мешавад, ки ба гуфтаи ҳамкурсонаш ӯ дар ҳама дарсҳо ҳузур дошт.

Чанде пеш Фаридун Маҳмадализода сухангӯи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, ки 30-юми ноябри соли ҷорӣ даъвати тирамоҳӣ ба анҷом расид, аммо комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо то оғози маъракаи навбатӣ даъватшавандагонро ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мекунанд.

Маҳмадализода тамоми сол ҷалб шудани ҷавонон ба артишро ба омодагии пешакии ҳарбӣ қабл аз адои хидмати дусолаи сарбозӣ рабт дода буд.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хидмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро ба артиш сафарбар мекунад, ки ин амали мақомдорон ҳамеша дар ҷомеаи Тоҷикистон мавриди баҳс қарор дорад.

Боздошт бо гумони қаллобӣ наздики ним миллион доллар

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нафаре хабар дод, ки бо қаллобӣ дар ҳаҷми хеле бузург-наздики ним миллион доллар муттаҳам мешавад.

Дар хабар, ки рӯзи 10-декабр дар сомонаи ВКД нашр шудааст, ному насаби ҷабрдида ва шахси гумонбар зикр нагардидааст, аммо гуфта мешавад, як марди 41-сола сокини шаҳри Душанбе “бо роҳи фиреб ба бовории марди 44-солаи сокини шаҳри Ваҳдат даромада, аз ӯ 6-адад автомашинаҳои гуногунтамға: “Волва”, “Мерседес-Бенс”, “Актрос”, “Ман”, “БМВ” ва “Мерседес-Бенс”-ро нархгузорӣ карда гирифта, ба шахсони дигар фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зарари расонидашуда 442 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нафари гумонбар марди 41-солаи сокини пойтахт айни замон боздошт ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шудааст.

Назари ҷабрдида, гумонбар ва ё наздиконашон то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст.

Оғози парвозҳои ҷадид аз Екатеринбург ба Бохтар

0

Парвозҳои ҷадид аз фурӯдгоҳи Колтсовои Екатеринбург ба шаҳри Бохтар Тоҷикистон оғоз шуданд.

Акс аз Интернет

Ба иттилои хабаргузории “Тасс“-и Русия, “ин парвозҳои мустақим тавассути ширкати “Nordwind Airlines” аз Фурудгоҳи Байналмилалии Колтсово ба шаҳри Бохтари Тоҷикистон анҷом мешаванд. Имрӯз парвозҳои мустақими мусофирбарӣ аз Колтсово бо се шаҳри дигари Тоҷикистон – Хуҷанд, Кӯлоб ва Душанбе низ анҷом мешаванд.”

Дар бозори мусофиркашонии ҳавопаймоии байни Тоҷикистону Русия асосан ширкатҳои тоҷикии “Somon-air”, “tajik-air”, ва ширкатҳои русии “Ural Airlines”, “Utair”, ва “Airlines” ва ширкати “Nordwind Airlines” фаъолият мекунанд.

Аммо бо ин вуҷуд, сомонаи фурӯдгоҳи шаҳри Бохтар дар ҷадвали парвозҳои имрӯзии худ қайд кардааст, ки субҳи имрӯз саривақт парвози ширкати “Nordwind Airlines” аз Маскав анҷом шуд, вале дар бораи фурӯди ҳавопаймои мусофиркашонии ин ширкат аз Екатерингбург маълумоте ироа накардааст.

Теъдоди парвозҳои мустақим ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба хориҷ ба хусус аз Русия, ки мо ҳудуди 3 миллион муҳоҷир дар он ҷо дорем ва дар фасли сол маъмулан хеле аз онҳо ба ватан сафар мекунанд, то рафт зиёд мешаванд, вале дар бораи арзон шудани нархи билетҳо хабаре нест.

Гуфта мешавад, мусофирони тамоми парвозҳо ба Тоҷикистон бояд гувоҳиномаи саломатӣ ва ё воксина шудан ва нусхаи санҷиши манфии коронавирусро, ки на дертар аз 72 соат пеш аз убури сарҳад анҷом дода шудааст, пешниҳод кунанд. Ба кӯдакони то сесола шаҳодатнома лозим нест.

Миҷгона Самадова барандаи Ҷоми ҷаҳонии бокс гардид

0

Миҷгона Самадова, бонуи муштзани тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт” сазовори медали тилло шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Миҷгона Самадова дар вазни 57кг миёни бонувон қувваозмоӣ намуда, дар даври аввал Мишидма Эрденеделай аз Муғулистон, дар чорякфинал Моника Серафин аз Лаҳистон, дар нимфинал Малика Шаҳидова аз Русия ва дар финал Мунгунсаран Балсанро аз Муғулистон шикаст дода, соҳиби медали тилло ва ҷоизапулӣ гардид.

Инчунин дар ин мусобиқа 6 варзишгари дигари тоҷик – Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Шамшер Саидов (67кг), Наврӯз Ҷафоев (86кг), Сулаймон Нидоёров (+92кг) миёни мардҳо ва Шоира Зулқайнарова (60кг) миёни бонувон дар даврҳои аввал аз ҳарифони худ шикаст хурданд.

Ҷоми ҷаҳонии бокс аз 7-ум то 11-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар ин мусобиқа, ки варзишгарон дар 13 вазн миёни мардҳо ва 6 вазн миёни бонувон қувваозмоӣ намуданд, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 давлат иштирок карданд.

Миҷгона Самадова соли 2017 барандаи медали тиллоӣ дар бозиҳои Осиё дар шаҳри Ишқобод, соли 2019 дар шаҳри Маскав барандаи медали биринҷӣ ва моҳи майи соли 2021 дар шаҳри Дубай дар чемпионати  бокси касбии Осиё барандаи медали биринҷӣ гардидааст.

95% муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд

0

Ҳудуди 95 дарсади муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон Русияро барои кору зиндагӣ интихоб карда, ҳар сол ба онҷо сафар мекунанд. Дар ин бора Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо

Шаҳноза Нодирӣ, акс аз “Азия-Плюс”

Тибқи гуфтаи муовини вазири меҳнати кишвар “Тақрибан 95 дарсади муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Аксари онҳо ба вилоятҳои Иркутск, Новосибирск, Ростови лаби Дон, Маскав, Санкт-Петербург мераванд”.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар 10 моҳи соли ҷорӣ 331 ҳазору 353 нафар аз кишвар барои ҷустуҷӯи кор ба Федератсияи Русия сафар кардааст. Аммо ба гуфтаи ҷониби Русия, ин рақам ба маротиб бештар аст.

Нодирӣ сабаби вуҷуди ихтилоф дар омори ду кишварро ба он рабт дода, ки ба гуфти ӯ, бисёре аз муҳоҷирони тоҷикистоние, ки шаҳрвандии Русияро доранд, ҳангоми хориҷ шудан аз ин кишвар ҳамчун шаҳрванди Русия сабти ном мешаванд ва дар омори Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати корӣ шомил намешаванд. Вай афзуд, “аммо мақомоти Русия онҳоеро, ки аз Тоҷикистон ба Русия мераванд ва ҳатто дорои шиносномаи русӣ ҳастанд, низ ба рӯйхати муҳоҷирон шомил мекунанд.”

Ба маълумоти муовини вазир, муҳоҷирони кории Тоҷикистон пас аз Русия ба Қазоқистон, дигар кишварҳои ИДМ ва ё ба Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб барои кор мераванд.

Зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз маблағи мефиристодаи муҳоҷирони корӣ мечархад. Маблағи муҳоҷирон манбаи аслии даромади хонаводаҳои онҳо ва ҳатто қисми бузурге аз даромади будҷаи кишварро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул ба кишвар беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2018 6% бештар буд. Аммо раванди интиқоли маблағ соли гузашта бо сабабҳои ҷорӣ будани пандемия ва дигар мушкилот коҳиш ёфт.

“Хуҷанд” бори панҷум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд

0

Дастаи футболи “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи “Истиқлол”-и Душанберо шикаст дода, соҳиби ин ҷом гашт.

Бозии дастаҳо 9-уми декабри соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Дар вақти асосии бозӣ дастаҳо натавонистанд ягон гол ба дарвозаи якдигар бизананд. Дар вақтҳри иловагӣ футболбозони “Хуҷанд” ба задани 2 гол даст ёфтанд. Голи якумро дар дақиқаи 105-ум Ҳоҷибой Зиёев ва голи дуюмро дар дақиқаи 117-ум Артём Сердюк ба дарвозаи “Истиқлол” заданд.

Дар гузашта низ дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар финал бо ҳам вохӯрда буданд. Соли 2010 дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 5:0 ва соли 2017 дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардидаанд.

Ин бори панҷум аст, ки дастаи футболи “Хуҷанд”, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон мегардад. Ин даста дар мавсимҳои 1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 дар Ҷоми Тоҷикистон ғолиб гардида буд.