21.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 551

Данғара вилоят мешавад

0

Мақомоти ноҳияи Данғара тасдиқ карданд, ки корҳо барои ба вилоят табдил додани ноҳияи Данғара – зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад.

Бино ба иттилои “Sputnik-Тоҷикистон”, Ҷамшед Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Данғара 28-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки бо қарори ҳукумат барои ба вилоят табдил ёфтани ноҳия корҳои ободонӣ ва сохтмони биноҳои баландошёна ҷараён дорад.

Ба навиштаи Азия Плюс, Ҷамшед Шарифзода дар ин нишаст гуфт: «Масалан, дар ин ҷо беморхонаи вилоятии сироятии Данғара ба истифода дода шудааст. Бинои Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳоло сохтмони бинои Раёсатҳои ҳифзи муҳити зист, заминсозӣ ва геодезия, маркази саниатрӣ-эпидемиологии вилоят идома дорад, – мегӯяд ӯ. – Ин маънои онро дорад, ки Данғара вилоят хоҳад шуд, аммо мо ҳоло вақти дақиқи ин тағйиротро намедонем”.

Ӯ дар идома изҳор дошт, ки “Ин ҳама ба он маъност, ки Данғара вилоят мешавад, аммо дар бораи замони дақиқи он чизе гуфта наметавонем”.

Пеш аз Суҳроб Шарифов, собиқ муовини Маркази тадқиқоти назди президент пешниҳод карда буд, ки пойтахт ба Панҷакент, Кӯлоб ва ё Данғара,

ВКД: Боз шудани парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ҷиянҳои Эмомалӣ Раҳмон

0

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар суҳбат бо Аздо тв боз шудани парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ҳамлаварони вазири тандурустии Тоҷикистонро рад накард.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохила дар бораи тафсилоти парванда алайҳи ҳамлаварони Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки аз онҳо Фарух, Фахриддин ва Зиёдалӣ Сафаровҳо (Сафарзодаҳо)-ҷиянҳои Эмомалӣ Раҳмон ном бурда мешавад, гап нозада, гӯширо қатъ кард.

Тибқи иттилои дарёфтӣ подполковники милиса Сафарзода Фахриддин Холмумин, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар Шаҳринав, ки яке аз ин ҳамлаварон дониста мешавад, дар баробари иттиҳоми авбошӣ бо сӯиистифода аз мақоми давлатӣ низ гумонбар дониста мешавад.

Пеш аз ин хабари латукӯби вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозодаро муовинаш Ғафур Муҳсинзода рад карда гуфта буд, ки вай дар сафар аст, вале касе ӯро бовар накард.

Хабари латукӯби вазири тандурстии Тоҷикистонро то ҳол мақомоти интизомии кишвар расман шарҳ надодаанд, вале ин хабар дар расонаҳои машҳури ҷаҳон бозтоби густарда ёфтааст.

Хабаргузории “Вашингтон пост” навишт, ки вазири тандурустии Тоҷикистонро наздикони Президент латукӯб карданд. “Вашингтон пост” менависад, ки агарчи ҳукумати Тоҷикистон омода нест дар мавриди гирифторони COVID-19 маълумоти дақиқеро ироа кунад, вале ҳамла ба вазири беҳдошти Тоҷикистон, гузоришҳо аз гирифтор шудани наздикони Раҳмону вуруди воксинҳои нав аз Амрико далели паҳншавии барзиёди ин бемории ҳамагир аст.

Дар расонаҳои форсизабонони Эрон ва Афғонистон низ ин хабар бо унвонҳои гуногун бозтоби густарда дошт. Хабаргузории донишҷӯёни Эрон “Isna” ин матлабро нашр кард, аммо каме баъдтар онро аз саҳифааш пок намуд.

Инчунин Ҳасан Аббосӣ, рӯзноманигори шинохтаи эронӣ дар саҳифаи Твиттериаш навишт, ки “Вазири беҳдошти бекифоят кутак хӯрд”. Ба монанди ин даҳҳо рӯзноманигору корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин хабарро бознашр карданд.

Ҳамчунин хабари латукӯби вазири тандурустии Тоҷикистон дар расонаҳои арабӣ низ бозтоб ёфта, аксар корбарон бо тамасхур онро бознашр кардаанд. Шабакаи маъруфи “Ал-Арабия” дар барномаи вижае хабарро зери унвони “Вазир қиммати (ноуҳдабароияш)-ро пардохт мекунад” бознашр кард.

Хабаргузории биритониёии “MailOnline” низ хабарро нашр кардааст.

Қарор буд пеш аз латукӯб ҷаноби Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш ширкат кунад, вале натавонист ва ба ҷои вай муовини якуми ӯ Ғафур Муҳсинзода ин нишастро баргузор кард.

Ёдовар мешавад, ки 26-уми июл вазири тандурустии Тоҷикитсон ҷаноби Ҷамолиддин Абдуллозода аз сӯи хоҳарзодаҳои президент Эмомалӣ Раҳмон Фарух, Фахриддин ва Зиёдалӣ Сафаровҳо (Сафарзодаҳо) мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар натиҷа ҷоғи вазир осеб дидааст.

Ихроҷи муҳоҷирони ҷангара аз Русия

0

Вазорати корҳои дохилии Русия муҳоҷиронеро, ки дар задухӯрдҳои оммавӣ ширкат варзида буданд, ихроҷ (депорт) мекунад.

Вазорати умури дохилаи Русия тасмим гирифт, ки вуруди хориҷиён ба Русияро, ки дар задухӯрдҳои оммавӣ дар қаламрави ин кишвар ширкат кардаанд, манъ кунад. Дар ин бора Маркази матбуотии ин вазорат дирӯз 28-июл хабар дод.

“Агар онҳо мустақилона қаламрави Федератсияи Русияро тарк накунанд, барои депортатсияи онҳо чораҳо андешида мешаванд”, – омадааст дар иттилоияи ВКД-и Русия.

Қайд карда мешавад, вақтҳои охир шумораи низоъҳо бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ зиёд шудааст, ки он ба ҳаёт ва амнияти шаҳрвандони Федератсияи Русия таҳдид мекунад. Инчунин ба фаъолияти муқаррарии мақомот ва ба ҳаракати нақлиёт халал мерасонданд.

“Даргириҳо дар як қатор субъектҳои Федератсияи Русия ба қайд гирифта шуданд: дар вилоятҳои Амур, Маскав, Свердловск, Ҷумҳурии Доғистон, инчунин дар Санкт-Петербург”, – омадааст дар иттилоия.

Ёдовар мешавем, ки пештар 12- уми ҳамин моҳ ҳудуди 200 нафар аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Маскав бо ҳам занозанӣ кардаанд, ки сару садоҳои зиёдеро дар расонаҳои русӣ ба бор овард.

Аксари иштирокчиёни он аз ҷониби мақомоти ин кишвар боздошт ва дар намуди ҳабс барои 15 шабонарӯз ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, ки дар байни онҳо зодагони Тоҷикистон низ гузориш шудааст.

Аз ин ба баъд муҳоҷирон аз Русия нафақа мегиранд?

0

Созишнома байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар марҳилаи ба имзорасӣ аст.

28 июл Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишатси матбуотии ниҳодаш гуфт, ки ин созишнома то охир ҳамин сол бояд ба имзо бирасад.

“Таъмини нафақаи муҳоҷирон масъалаест, ки аллакай дар баррасии Агентии нафақа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дорад”, – гуфт Амонзода.

Вазири меҳнат дар идома афзуд, ки лоиҳаи созишномаи мазкур яке аз санадҳоест, ки то охири ҳамин сол ба тасвиб расидани он дар назар аст.

Ин дар ҳолест, ки Сарвазири Русия Михаил Мишустин низ рӯзи 27 июл ба сохторҳои дахлдори кишвараш, аз ҷумла Вазорати меҳнат ва Вазорати умури хориҷа дастур дода, ки масъалаи нафақаи муҳоҷиронро бо ҷониби Тоҷикистон баррасӣ ва ба имзо расонанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳаҷми ҳуқуқи бознишастагии муҳоҷирони меҳнатиро вобаста ба ҳаҷми андози пардохткардаашон ба давлати Русия, ки давоми солҳо дар ин кишвар пардохт намудаанд, муайян мекунанд.

Қайд мегардад, ки агар муҳоҷир дар Русия дар корҳои расмӣ фаъолият карда ва андоз пардохт карда бошад, ба Тоҷикистон ҳам баргардад, аз Русия ҳуқуқи бознишастагии худро дарёфт хоҳад кард.

Солҳост масъалаи нафақаи муҳоҷирон дар доираҳои мухталиф баҳсу баррасӣ мешавад. Ба назари коршиносон қишри муҳоҷири меҳнатӣ – аз ҳама қишри заҳматкаш дар Русия солҳо кору зиндагӣ мекунад, аммо пас аз ба синни бознишастагӣ расидан, аз баски дар кишвар кор накардааст касе дар фикри нафақаи ӯ нест. Ба назари онҳо ин масъаларо мақомоти Тоҷикистону Русия бояд ҳарчи сареъ баррасӣ ва ба имзо расонанд.

Шикасти писари Бег Сабур

0

Сиёвуш Зуҳуров, муштзани тоҷик, ки дар ҳайъати тимми миллии олимпии Тоҷикистон ба Токио рафта буд, дар даври аввали Бозиҳои олимпӣ шикаст хӯрд.

Сиёвуш, ки 28 сол дорад, субҳи имрӯз бо натиҷаи 0:5 аз рақиби озаритабори фаронсавиаш Мурод Алиев дар вазни +91 кг, мағлуб шуд.

Дар риштаи бокс қаблан дар ин мусобиқот Шаббос Неъматуллоев дар даври аввал мағлуб гаштаву Баҳодур Усмонов ҳарифи узбекашро интизор аст.

Ҳамчунин дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио – 2020 ҷудокорони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов ва Комроншоҳи Устопириён низ ноком шуданд.

30-юми июл дар Токио ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ мекунад.

Аз варзишгарони тоҷик, шиноварон Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишонов ва Илнур Аҳмадиев аз варзиши сабук вориди сабқат хоҳанд шуд.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 рӯзи 23-юми июл оғоз шуда, то 8 августи соли ҷорӣ идома хоҳанд ёфт.

Эътирози сокинони Литва алайҳи муҳоҷирон (Видео)

0

Даҳҳо нафар аз сокинони Литва, ки муқобили сохтани урдугоҳ (лагер)-и муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо нишони эътироз гирди ҳам омада буданд, полис ҷамъи онҳоро пароканда кард.

Ин ҳодиса дирӯз 27-июл дар полигони ҳарбии Руднинкайи ин кишвар ба вуқуъ пайваст. Дар ин минтақа, ки сохтмони лагер ба нақша гирифта шудааст, ҳудуди 500 нафар сокинони маҳаллӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора шабакаи

Илҳомҷон Ёқубов. Сурат: Фейсбук

“Онҳое, ки ба кишвари Литва омадаанд, ҳамчун паноҳҷӯ сабти ном хоҳанд шуд. Аксари муҳоҷирон аз кишварҳои диктотуриву авторитарӣ ҳастанд ва бештарашон аз Шарқи наздик ва Африқо. Ва беш аз даҳ нафар бо роҳи қочоқӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам вориди кишвари Литва шудаанд.”

Ёқубов дар идомаи сӯҳбаташ мегӯяд, ҳар рӯз тақрибан 100 нафар муҳоҷир бемамоният аз марзи Беларусия вориди хоки Литва шуда ва мардуми бумӣ низ аз зиёд шудани онҳо хеле нигаронанд.

“Дар минтақаҳое, ки муҳоҷирон ҷой дода мешаванд, тазоҳурот ва эътирозҳои мардумӣ баргузор шуда истодааст. Ғайр аз ин худи муҳоҷирон ҳам шарики ин эътирозҳо ҳастанд ва шарти муҳоҷирон ин аст, ки ё дар ин кишвар соҳиби мақоми паноҳандагӣ бо шароити беҳтар шаванд ва ё онҳоро ба ҳоли худ гузоранд то ба дигар кишварҳои ИА бираванд”, – гуфт Ёқубов.

Ин ҳам дар ҳолест, ки 26-уми июл Хадамоти давлатии марзбонии Литва қайд кард, ки дар ин моҳ марзбонон 100 маротиба бештар нисбат ба моҳи январ паноҳҷӯёнро, ки тавассути марзи Беларус қочоқӣ ворид шудаанд, боздошт карданд.

Маҳкум шудани 18 нафар ба 75 соли зиндон

0

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 18 нафар аз сокинин ин ноҳияро бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни “Салафия” аз 1 то 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Хабаргузории “Азия Плюс” дар истинода ба қавли вакили дифои яке аз маҳкумшудаҳо иттилоъ дод, Муҳсин Холматов, ташкилотчии гурӯҳ, 5 солу 6 моҳ ва 13 нафари дигар 5-солӣ ҳукм  гирифтанд. Ҳамаи онҳо бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста шуданд.

Аммо сомонаи додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки барои нашри чунин хабарҳо роҳандозӣ шудааст, дар ин бора чизе нашр накардааст. Хабари охиронашро сомонаи ин додгоҳ 1 октябри соли 2020 нашр кардааст.

Гуфта мешавад, муҳокимаи додгоҳии ин 18 нафар аввали моҳи июли соли ҷорӣ дар додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров анҷом шуда, ки дар байн муттаҳамон ба “Салафия” Абдукамол Аҳадов, маъюби гурӯҳи якум низ ҳузур дорад. “Чор нафари дигар, ки бо моддаи 347 айбдор мешуданд, 1-солӣ аз озодӣ марҳум гардиданд”, – гуфт ин вакили дифоъ.

Вакили дифоъ ва наздикони маҳкумшудагон аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва гуфтаанд, ки ба зинаҳои болотар шикоят мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли ворӣ маъмурони ВКД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳҳаи Хистеварз 18 нафарро аз хонаи Абукамол Аҳадов, ки маъюби гурӯҳи 1 аст, бо гумони пайрави аз ҷараёни “Салафия” боздошт карданд.

Аммо нафарони боздоштшуда ин иттиҳомро рад карда гуфтаанд, ки суҳбати онҳо оддӣ ва дар мавриди масоили рӯзгор буд. Ба гуфтаи пайвандони онҳо маҳкумшудаҳо намедонанд, ки “Салафия” чӣ ҷараёне асту чӣ аҳдоферо дунбол мекунад.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ҷараёни “Салафия”-ро дар қатори чанд ҳизбу ҳаракати исломӣ дар соли 2006 дар қаламрави кишвар манъ кард буд.

103 млн сомонӣ маблағгузорӣ ба соҳаи маориф

0

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз маҷмӯи 969 млн сомонӣ аз ҳама кам ба соҳаи маориф сармоягузорӣ шудааст.

28-уми июл Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш суҳбат мекард, гуфт дар нимсолаи аввали соли 2021 дар соҳаи маориф 103 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки нисбат ба дигар соҳаҳо камтар аст.

Ба гуфтаи ӯ,  то 1-уми июли соли ҷорӣ ба соҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон 38,1 млрд сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Аз ин миқдор маблағ сармоягузорӣ ба бахшҳои энергетика (969 млн сомонӣ), нақлиёт (632 млн), тандурустӣ (148 млн), Хоҷагии манзилию коммуналӣ (160 млн), кишоварзӣ (105 млн сомонӣ), маориф (ҳудуди 103 млн) ва дигар соҳаҳои иқтисод равона шудааст.

Камтаваҷуҳии мақомот ба соҳаи маориф дар ҳолест, ки бештари мактабҳои кишвар аз набуди муаллим ва китобҳои дарсӣ танқисӣ мекашанд. Аз ҷумла рӯзи 27-уми июл Маҳдӣ Орифзода, муовини аввали раиси ноҳияи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонии вилояти Хатлон дар нишасти матбуотиш гуфт, ки “норасоии китобҳои дарсӣ дар ноҳия зиёда аз 13 ҳазор мебошад.”

Ҳамзамон дар мактабҳои миёнаи тамоми 72 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон тибқи иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аҳудуди 2 ҳазору ду сад омӯзгор аз фаннҳои гуногун намерсад.

Ҳамзамон 28-уми июл Ширин Амонзода, вазирин меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ аз норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва касбии вобаста ба ин вазорат хабар дод.

Устопириён аз медал маҳрум шуд

0

Комроншоҳи Устопириён аз рақиби фаронсавиаш дар Токио-2020 шикаст хурд.

28-уми июл дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020, мусобиқаи ҷудо дар вазни-90кг баргузор гардид, ки дар он ҷудокори тоҷик Комроншоҳи Устопириён қувваозмоӣ намуд.

Ҷудокори тоҷик, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо варзишкори фаронсавӣ Аксел Клергет қувваозмоӣ намуда, шикаст хурд.

Комроншоҳ чорумин варзишгари тоҷик мебошад, ки дар Бозиҳои олимпии Токио ноком шуд. Пеш аз ин муштзани тоҷик, Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Ҳамчунин Сомон Маҳмадбеков, ки дар ду даври мусобиқаи ҷудо дар вазни – 73 кг пирӯз гардида буд, дар даври сеюм аз Рустам Оруҷеви озарбойҷонӣ шикаст хурд. Акмал Муродов ҷудокори дигари тоҷик низ, ки даври аввал ба рақибаш аз Гуам пирӯз омада буд, дар даври дуюм шикаст хурда, аз идомаи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум гардид.

Аз миёни муштзанҳои тоҷик, Баҳодур Усмонов дар даври аввали мусобиқа, бар ҳарифи худ аз Доминикан пирӯз омада, дар сабқати баъдӣ рӯзи 31-уми июл бо Элнур Абдураимов, варзишгари қирғизтабори узбекистонӣ, рақобат хоҳад кард.

Дигар варзишгарони тоҷик, ки ба Токио рафта буданд, рӯзҳои баъдӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард. Аз ҷумла рӯзи 29-уми июл Сиёвуш Зуҳуров муштзани тоҷик бо рақибаш аз Фаронса, Мурод Алиев қувваозмоӣ хоҳад кард.
30-юми июл ҷудокори дигари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100кг куштӣ мегирад.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) идома дорад. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Чин бо ба даст овардани 11 медали тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Ҷопон бо 11 медали тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷои дуюм ва ИМА бо 10 тилло, 11 нуқра ва 9 биринҷӣ дар ҷои сеюм қарор доранд.

Оғози сафари Президент ба Суғд

0

28-уми июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи мулоқоти сокинон ва боздиди фаъолияти баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ ба вилояти Суғд сафар кард.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотӣ Президент, сафари серӯзаи Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуда, дар деҳаи Анзоди ноҳия мактаб-интернат ва як таваллудхонаи нав ифтитоҳ гардид.

Инчунин Раҳмон дар ноҳия парчамеро бо баландии 50 метр, дарозии матоъаш 14 ва паҳноии он 7 метр ба истифода дод.

Дар ҳамин ҳол Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд аз баста шудани роҳҳои марказии ноҳияву шаҳрҳо дар вилоят давоми се рӯз хабар дод мақомот ин ҳама роҳбандиҳоро таъмини амнияти Президент медонад.

Мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи таъмини амнияти Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои ӯ ба шаҳру ноҳияҳо ҳарак дар роҳҳои асосиро маҳдуд мекунанд.