Хона блог саҳифа 567

Фейсбук тағйири ном мекунад

0

Бузургтарин ширкати шабакаи иҷтомӣ – Фейсбук рӯзи панҷшанбе аз тағйири номаш аз “Facebook” ба “Meta” хабар дод.

Марк Зукерберг, раҳбари шабакаи Фейсбук гуфт, ҳадаф аз тағйири ном кардани ширкаташ бар асоси дидгоҳҳои оянданигарӣ дар мавриди дунёи маҷозӣ, ки дар оянда рух хоҳад дод, сурат мегирад.

Марк Зукерберг рӯзи панҷшанбе гуфт, ки ояндаи ширкаташ “Метаверс” ном дорад ва ба ин далел номи ин ширкат ба “Мета” иваз мешавад. Ба гуфтаи ӯ, “Метаверс” як фазои себуъдӣ (3D) ва “муҳити маҷозӣ” хоҳад буд, ки корбарон ба ҷои он ки дар экранҳои компютер ба он нигоҳ кунанд, вориди он мешаванд.

Виктория Петрок, таҳлилгари технологияҳои навин бар ин назар аст, ки чашмандози ояндаи Facebook дар бораи воқеияти маҷозӣ ҷанбаҳои дигари ҳаёти онлайнӣ, аз ҷумла хариду фурӯш ва шабакаҳои иҷтимоиро дар бар хоҳад гирифт.

Марк Зукерберг гуфт, ки вай интизор дорад шумори корбарони “Metavars” то даҳ соли оянда ба як миллиард мерасад. Муассиси Фейсбук бар ин назар аст, чӣ гунае, ки гӯшиҳои ҳушманд ҷойгузини компютерҳои собит шудаанд, “Metawares” дар оянда василаи робита байни одамон бо якдигар хоҳад буд.

Нигаронии Русия аз зиёд шудани бегонаситезӣ байни муҳоҷирон

0

Дабири Шӯрои Амнияти Русия, Николай Патрушев талаб кард, ки сатҳи амният дар ҷойҳои иқомати муҳоҷирони корӣ беҳтар карда шавад.

Сурат: (TASS)

Бино ба иттилои РИА Новости, котиби Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев аз роҳбарони вилоятҳо ва мақомотҳои ҳифзи ҳукук инчунин аз хадамотҳои вижа талаб кард, ки сатҳи амният дар ҷойҳои будбош ва кори муҳоҷирони меҳнатӣ, бояд афзоиш дода шавад.

Вай қайд кард, ки вуруди густурдаи муҳоҷирони корӣ хатари афзоиши ҷурму ҷиноят ва ҳамчунин ба миён омадани даргириҳои қавмиву мазҳабиро зиёд мекунад.

«Аз роҳбарони вилоятҳо, сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсус хоҳиш мекунам, ки масъалаҳои пешгирии паҳншавии идеологияи радикалӣ дар байни муҳоҷирони хориҷиро зери назорати махсус гиранд», – таъкид кард, Патрушев дар ҷаласа оид ба назорати амният дар Русия.

Ӯ инчунин илова кард, ки риояи қонунҳои Русия барои муҳоҷирон ҳатмист ва бояд аз зуҳури бегонаситезӣ байни онҳо ҷилавгирӣ шавад.

Пештар муовини раиси Кумитаи амният ва мубориза бо фасоди Думаи давлатии Русия Анатолий Виборний пешниҳод карда буд, ки ба далели задухӯрдҳои зиёди оммавии муҳоҷирон дар ин кишвар ҷазоҳои маъмурӣ 5 маротиба бештар ва ё ҳукми аз Русия ихроҷ барои муҳоҷирон татбиқ карда шаванд, то ин падидаи номатлуб коҳиш ёбад.

Заҳролӯдшавии зиёда аз 40 нафар дар зиндони Ваҳдат

0

Дар зиндони нави шаҳри Ваҳдат ҳудуди 40 тан аз маҳбусон заҳролӯд шуда, бо марг дасту панҷа нарм мекунанд.

Муассисаи ислоҳии ҷазои ҷиноятии ЯС 3/1-и Вазорати адлия дар шаҳри Ваҳдат

Манобеи Аздо тв аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ), ки дар шафати роҳи Душанбе-Ваҳдат нав бунёд шудааст, мегӯянд, дар як ҳафтаи ахир ҳудуди 40 нафар аз зиндониён заҳролӯд шуда, беморон айни замон дар шуъбаи беҳдоштии зиндон (санчаст), дар долонҳои он ва қисме ҳам дар катҳои хоби худ бистарӣ шудаанд.

Ба гуфтаи манобеи Аздо тв, сарчашмаи ин заҳролӯдшавии гусутурдаи зиндониён хазонаи зеризаминии оби муассиса будааст, ки дар натиҷаи дуруст ҳифозат накардани он оби ошомидании зиндон заҳролӯд гаштааст.

Интиқоли зиндониён ба ин муассисаи ислоҳӣ, ки нав бунёд шудааст, се моҳ пеш оғоз шуда буд. Аммо Аздо тв ҳанӯз ду моҳ қабл дар як гузориши муфассали худ иттилоъ дода буд, оби ошомидание, ки дар ин маҳбасхона барои зиндониён ихтисос додаанд, бо сабабҳои риоят нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ нӯшидани он ба саломатии маҳкумшудагон зарар дорад.

Аммо пас аз расонаӣ шудани аҳволи бади зиндониён дар ин муассисаи ислоҳӣ, рӯзи 13-уми октябри соли ҷорӣ Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода аз ин зиндон дидан намуд ва иддаъо кард:

“Умуман дар рафти суҳбат маҳкумшудагон аз шароити нигоҳдорӣ, либос, хӯрок ва муносибати кормандони муассиса изҳори миннатдорӣ намуданд.”

Бар асоси маълумоти ба даст расида беморони заҳролӯдшуда, аввал ин, ки иштиҳо надоранд, вале вақте ҳам ягон хӯрок бихӯранд, дарҳол дилбеҳузӯрӣ пайдо карда, хӯрокҳои тановулкардаашонро қай мекунанд. Акнун шуъбаи беҳдоштӣ ва атрофи онро бӯйи нофорами таъомҳои қайшуда фаро гирифта, тамизкорони зиндон низ тавре мебояд сари вақт утоқҳо ва раҳрави шуъбаро тамиз намекунанд.

Гуфтанист, ба Аздо тв муяассар нашуд, ки ҳувияти афроди заҳролӯдшударо якояк муаяйн кунад ва мушаххас намояд, ки оё дар байни касоне, ки тайи як ҳафтаи ахир аз нӯшидани оби ошомиданӣ дар ин муассиса заҳролӯд шудаанд, афроди фавтида ва ё касе аз зиндониёни сиёсӣ низ вуҷуд дорад ё на?

Аммо иттилоъ дақиқ аст, ки аксари кулли беморони заҳролӯдшуда зиндониёне мебошанд, ки аз оилаҳои камбизоат ва ё аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон ҳастанд ва тавони пулие надоранд, ки мисли дигарон барои нӯшидан оби тоза бихаранд. Агар як зарфи 5 литраи оби тоза дар берун аз зиндон 7 сомонӣ қиммат дошта бошад, дар дохили муассиса онро бо нархи 10 то 12 сомонӣ мефурӯшанд, ки ҳама тавони хариди онро надорад.  

Мақомоти расмӣ ва бахусус Сарраёсати иҷорои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин заҳролӯдшавии маҳсубон ягон хабару гузориш надодаанд, аммо таҷриба нишон дода, ки мақомот дар ҳодисаҳои ба ин монанд аксар маврид аз расонаӣ кардани ахбор худдорӣ мекунанд.

Бинои нави Муассисаи ислоҳии ҷазои ҷиноятии ЯС 3/1-и Вазорати Адлияи Тоҷикистон дар шафати роҳи Душанбе-Ваҳдат бунёд шуда, се моҳ пеш ба кори худ оғоз кардааст. Пеш аз ин муассиса дар 300-метрии хонаи президент Эмомалӣ Раҳмон дар маркази пойтахт ҷойгир буд. Бинои кӯҳнаро харобу валангор карда, айни замон Таҳминаи Эмомалӣ, духтари раисҷумҳур барои худаш дар ҷои он маркази тиҷоратӣ месозад.

Русия: Бимаи тиббӣ барои муҳоҷирон ҳатмист (Видео)

0

Русия се намуди суғуртаи тиббиро ба муҳоҷирон пешниҳод карда, интихоби яке аз онҳоро ҳатмӣ эълон кард.

Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия, Вадим Кожено дар як навори видеоӣ шарҳ дод, ки як муҳоҷири корӣ дар ин кишвар чӣ гуна метавонад, бимаи тиббиро дастрас кунад.

Коженов дар ин навори видеоӣ мегӯяд, суғурта барои ҳар як хориҷӣ ҳатмист ва бояд дониста шавад, ки имрӯз барои онҳо се намуди суғурта вуҷуд дорад: “Бимаи саломатии муҳоҷир”, “Бимаи саломатии муҳоҷир +” ва “Бимаи саломатии муҳоҷир ва кӯдакон”.

“Бимаи саломатии муҳоҷир”

Гуфта мешавад, арзиши он дар яксол 2,5 ҳазор рубли русӣ буда, ба шахс имкон медиҳад, ки дар давоми эътибори ҳуҷҷат ба маблағи то 100 ҳазор рубл табобат гирад:

Эзоҳ:

то 25 ҳазор рубл – барои табобати амбулаторӣ;

то 25 ҳазор рубл – барои табобат дар маркази травматологӣ;

то 50 хазор рубл – барои дар беморхона хобидан.

“Бимаи саломатии муҳоҷир +”

Довталаби ин намуди суғурта солона метавонад бо пардохти 4 хазор рубл онро дастрас намояд. Тибқи ин санад, дорандаи “Бимаи саломатии муҳоҷир +” дар ҳолати зарурат метавонад кумаки тиббӣ ба маблағи то 250 хазор рубли русиро дарёфт кунад.

Дар ин вариат тафовут дар он аст, ки суғуртаи тамдидшуда ба муҳоҷир имкон медиҳад, ки дар сурати осеб дидан дар натиҷаи садама то 50 ҳазор рубл пули нақд дарёфт мекунад.

Дар бораи марги шахси сугурташуда низ шарте мавчуд аст: ба хешу табори марҳум мабалғи то 50 ҳазор рубли русӣ дода мешавад. Илова бар ин, хароҷоти интиқоли ҷасад ба ватан то 50 ҳазор рублро фаро мегирад.

“Бимаи саломатии муҳоҷир ва кӯдакон”

Кӯдаки то 12-сола, аз ҷумла метавонад дар давоми муҳлати эътибори ин санад дар ҳаҷми то 100 ҳазор рубл табобат гирад. Ҳаҷми суғурта ҳамон тавре, ки дар вариантҳои қаблӣ вуҷуд дорад, мебошад.

Барои калонсолон ва кӯдак, якчунин суғурта дар як сол 5 ҳазор рубл арзиш дорад.

Тафсилоти бештар: дар вебсайти Федератсияи муҳоҷирони Русия

Мавқеъи иштирокдорони нишасти Теҳрон дар бораи ҳукумати Толибон

0

Аксари иштироккунандагони даври дуюми Нишасти вазирони хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бар ташкили тавлати фарогир дар ин кишвар таъкид карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони хориҷии Теҳрон гуфт, ки Тоҷикистон ҳукумати зӯр ва ғайримардумӣ дар Афғонистонро ба расмият намешиносад.

Ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамеша аз барқарории сулҳу субот дар Афғонистон пуштибонӣ мекард ва ба ин мавқеъаш содиқ мемонад.

Сироҷиддин Муҳриддин инчунин ба вазъи вилояти Панҷшер ишора карда, аз набуди асосҳои демократӣ, поймол шудани ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқи занон изҳори нигаронӣ кард.

Тавре зикр гардид, Тоҷикистон ҳамеша аз таъсиси ҳукумати фарогир бо иштироки тамоми нерӯҳои иҷтимоӣ ва этносиёсии кишвар ҷонибдорӣ мекунад.

Сергей Лавров вазири корҳои хориҷаи Русия дар ин нишаст тариқи маҷозӣ суҳбат мекард, гуфт, вазъиятии феълии Афғонистон натиҷаи ҳузури чандинсолаи низомиёни амрикоӣ дар ин кишвар аст. Ӯ аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хост, кӯшиш кунанд дар хоки худ ба НАТО пойгоҳ надиҳанд.

Лавроф ҳамчунин аз ташкили давлати фарогир ва риояти ҳуқуқи тамоми ақвом дар Афғонистон ҷонибдорӣ кард.

Ҳамзамон дар ин нишаст паёми Антони Гуттерш, Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид низ шунида шуд. Ӯ аз авзоъ дар Афғонистон нигаронӣ карда афзуд, аз ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи башар, ҳамлаҳои террористӣ ва вазъияти инсон дар Афғонистон пас аз ба сари қудрат омадани Толибон ба шиддат нигарон аст.

Кишвари Чин низ таъкид кард, ки омода аст барои кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон иқдом кунад ва ягона роҳи ҳалли авзоъро дар ин кишвар бо роҳҳои дипломатик донист.

Инчунин вазири корҳои хориҷаи Туркманистон гуфт, ки мо бояд талош кунем ҳама қавмиятҳо дар ояндаи Афғонистон намояндае дошта бошанд ва ҳуқуқи ҳама мардуми ин кишвар баробар таъмин шавад.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, ки мизбони ин нишаст буд, буҳрони Афғонистонро натиҷаи дахолати қудратҳои хориҷӣ донист ва бар зарурати эҷоди иттиҳоди дохилӣ миёни ақвом ва аҳзоби ин кишвар таъкид кард. Ӯ аз сӯи дигар иттиҳоди ҷомеаи байналмиллалӣ ва минтақавиро дар қиболи таҳаввулоти Афғонистон зарур донист. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати адами ташкили ҳукумати фарогир дар ин кишвар минтақаро ноамниҳо таҳдид мекунанд.

Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ дар ин нишаст аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, барои беҳбуд шудани вазъ дар Афғонистон пулҳои мунҷамидшудаи ин кишвар боз карда шуда ва ба ин миллат баргардонида шавад. Ӯ инчунин бар ташкили давлати фарогир таъкид кард.

Чин дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ месозад

0

Парлумони Тоҷикистон санадеро ба тасвиб расонид, ки мувофиқи он кишвари Чин дар водии Вахони ноҳияи Ишкошими вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои сарбозони тоҷик пойгоҳи низомӣ месозад.

Ба гузориши

Аз ҷумла хабаргузории “Iran International” тобистони соли гузашта дар як гузориши вижа аз вуҷуди сарбозони Чин дар Помири Тоҷикистон хабар дод. Сабаби ҳузури Чин дар минтақаи Помир вуҷуди роҳи стротегии Вахон, ки дар оянда долони иқтисодии Чину Покистон аз онҷо мегузарад, гуфта шудааст.

Сокинони деҳаи Шаймоқи ноҳияи Мурғоб вуҷуди пойгоҳи низомии чиниро дар ин минтақа тасдиқ карда буданд.

Башир Убанбеков, як сокини ин деҳа ба “Iran International” гуфта буд:

“Постгоҳи низомиёни Чин ба постгоҳи мо хеле наздик аст. Фақат 100 метр фосила дорад. Постгоҳи низомиёни Афғонистон ҳам ҳудуди 10 километр аз инҷо дур аст.”

Да гузориш омадааст, ки исми ин пойгоҳ “Ситод” мебошад ва соли 2016 бо ҳадафи таъмини амнияти марзи Афғонистон аз се давлат, Чин, Тоҷикистон ва Афғонистон ташкил ёфтааст. Чин бо баҳонаи хавфи вуруди ҷангҷӯёни ӯйғур, ки ба гуфтаи ӯ онҳо метавонанд аз Афғонистон ба воситаи Тоҷикистон ба минтақаи ғарби Чин ворид гашта, онҷоро ноором кунанд, ҳузури худро дар ин пойгоҳ ҳатмӣ медонад.

Ин пинҳонкорӣ сабаби нигаронии аксари сокинони Мурғоб шудааст, онҳо ба “Iran International” гуфтаанд, ҳузури низомиёни чиниро дар Мурғоб дида, тааҷҷубомез мепурсанд, ки ин низомиён инҷо дунболи чӣ мегарданд.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки агарчи аз солҳо қабл вуҷуди низомиёни чинӣ дар қаламрави Тоҷикистон мушоҳида мешуд, аммо мақомоти ду кишвар ҳамеша онро инкор мекарданд ва расман ҷое тасдиқ нашуда буд. Аммо акнун. ки вазъ дар Афғонистон ноором аст, мақомот фурсати муносиберо барои иқрор ва ошкор сохтани нисбии он пайдо карданд.

Шикасти Лоиқ Раҷабов аз Рауш Манфио

0

Лоиқ Раҷабов, варзишгари шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи ахираш аз 1 миллион доллар маҳрум шуд.

Шаби 28-уми октябри соли ҷорӣ дар Ҳолливуди ИМА дар “Hard Rock Hoteland Casino” мусобиқаи PFL 10 барои камарбанд дар вазни сабук ва 1 миллион доллар баргузор гардид.  

Дар майдон намояндаи 30-солаи Тоҷикистон Лоиқ Раҷабови 30-сола ва Рауш Манфиои 29-солаи бразилӣ вохӯрданд.

Бо қарори якдилонаи доварон пирӯзӣ ба намояндаи Бразилия Рауш Манфио (48-46, 48-46, 49-46) дода шуд. Рауш Манфио дар муҳорибаҳои омехта 15 ғалаба ва 4 шикст дорад. Ӯ бо шикаст додани Лоиқ Раҷабов соҳиби камарбанди PFL ва 1 миллион доллар гардид.  

Лоиқ Раҷабов баъди бохт дар муроҷиате аз мухлисонаш узр пурсида, сабаби шикасташро ба дуруст кор накардани баданаш дар ҷараёни мусобиқа ва мушкилии роҳи нафас рабт дод. Дар рафти мусобиқа ҳам дидан мумкин буд, ки Лоиқ баъди раунди сеюм хаста менамуд.

Гуфтанист, ин бори дуюм аст, ки Лоиқ Раҷабов ба финали PFL роҳ меёбад. Ӯ соли 2019 дар шаҳри Ню-Йорк дар финали PFL аз варзишгари бразилӣ Натан Шулт шикаст хӯрда буд.

Лоиқ Раҷабов 30 сол дошта, яке аз варзишгарони шинохтаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Лоиқ дар карераи худ дар муҳорибаҳои омехта 12 ғалаба, 1 мусовӣ ва 4 шикаст дорад.

.

Баёнияи муштараки вазирони хориҷа дар нишасти Теҳрон

0

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар охири нишасти Теҳрон рӯзи 27- уми октябр дар як баёнияи муштаракае тавофуқоти худро эълом карданд.

Вазирони корҳои хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон дар баёнияи муштарк ба 11 банд мувофиқа карданд. Яке аз тавофуқоти аслии ин баёния ин аст, ки танҳо роҳи ҳалли мушкилоти амнӣ ва сиёсии Афғонистон ташкили давлати фарогир, ки ҳама ақвом дар он шомил бошанд, мебошад.

Дар нишасти мазкур бар ҳимоят аз ҳокимияти миллӣ, истиқлоли сиёсӣ, ваҳдат ва тамомияти арзӣ, адами мудохила дар умури дохилии Афғонистон таъкид шуд.

Дар яке аз бандҳои дигари баёнияи муштараки ин нишаст аз кишварҳое, ки масъули аслии мушкилоти Афғонистон дониста мешаванд ва ҷомеаи байналмиллаӣ хоста шуда, ки барои мардмуи Афғонистон, ки дар ҳолати бади иқтисодӣ ва маишӣ қарор доранд, ба тааҳудоти худ пойбанд бимонанд ва кумакҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаи худро ҳарчи зудтар ба ин кишвар бирасонанд.

Инчунин дар нишаст таъкид бар он шуд, ки созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ, ба хусус Созмони Миллали Муттаҳид ва аъзои Шӯрои амнияти СММ ба масъулияти худ дар заминаи пешбурди ҳаллу фасли масоили Афғонистон пойбанд бошанд ва аз кумакҳои башардӯстонаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои мардуми ин кишвар ҳимоят кунанд.

Ҳамалҳои террористӣ ба ҳар шаклу сурате, ки бошанд, аз ҷумла ҳамлаҳои ахир дар масоҷид зидди қавмҳо ва мазҳабҳо нигаронида шуда буд, аз ҷониби вазирони умури хориҷӣ маҳкум карда шуд.

Дар охири нишаст замони баргузории даври сеюми он зикр шуд. Гуфта шуд, ки нишасти навбатӣ соли 2022 дар Чин баргузор хоҳад шуд.

Баёнияи муштарки вазирони хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон – Теҳрон 27-уми октябр

Афзоиши 17%-и гардиши мол байни Туркия ва Тоҷикистон

0

Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Туркия дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ ҳудуди 17 дарсад афзоиш ёфтааст.

27-уми октябри соли ҷорӣ Ашӯрбой Солеҳзода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мулоқот бо Эмре Зеки Карагол, сафири Туркия дар Тоҷикистон хабар дода гуфт: дар 9 моҳи соли 2021 афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар 16,9 фоизро ташкил дода, 58 фоизи ҳаҷми умумии гардиши мол ба содироти Тоҷикистон рост меояд.

Солеҳзода таъкид намуд, ки рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Туркия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад.

Дар ин мулоқот, ҷонибҳо масъалаи таъсиси гурӯҳи корӣ барои омода кардани харитаи роҳ барои афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот ҷонибҳо ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд

Оғози Нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон

0

Имрӯз 27-уми октябр дар Теҳрон дуввумин Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон оғоз шуд.

Дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷӣ ва баъзе мақомҳои кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Покистон, Чин ва Русия ширкат ва суханронӣ мекунанд. Аммо касе аз намояндагони Толибон дар ин нишаст ҳузур надорад.

Даври аввали Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон моҳи августи соли ҷорӣ бо мизбонии Покистон ба сурати маҷозӣ баргузор шуд. Дар он ба чанд банд, аз ҷумла ташкили давлати ҳамашумул, ҳимоят аз истиқлол ва тамомияти арзии Афғонистон тавофуқ сурат гирифт.

Дар нишасти имрӯза намояндагони Чин ва Русия ба сурати маҷозӣ ширкат мекунанд. Қарор аст, Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раисҷумҳури Эрон дар ин нишаст суханронӣ кунад.

Пас аз суқути давлати Афғонистон ва тасаллути Толибон бар ин кишвар таҳаввулоти зиёде дар ин кишвар рух дод. Ин таҳаввулот паёмадҳои ногузире дар ҷанбаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ барои минтақа, ба хусус барои ҳамсоягонаш дорад.

Гуфта мешавад, масоили таъмини амният, ташкили давлати фарогир, расидан ба мушкилоти муҳоҷирон ва оворагон, рафъи буҳрони иқтисодии Афғонистон дар ин нишасти Теҳрон баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ин нишаст аз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ширкат кард.

Акс аз Вазорати корҳои хориҷаии Тоҷикистон

Бино ба иттилои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон Сироҷидди Муҳриддин  дар ҳошияи ин нишаст, бо вазири хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён мулоқот карда, вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд. Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистонро таъкид карданд.