Хона блог саҳифа 599

▶️Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 24.08.2021 | AZDА TV | برنامه ای خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

🔴 Намоишгоҳи фурӯши китоб дар Душанбе

🔴 Шарҳи расмии гарон шудани гази моеъ

🔴- Таъсиси Шӯрои 12-нафарӣ барои раҳбарии Афғонистон

🔴 Русия дастрасии муҳоҷиронро ба хадамоти бонкӣ осонтар кард

Русия дастрасии муҳоҷиронро ба хадамоти бонкӣ осонтар кард

0

Шурӯъ аз имрӯз, 24-уми август бонкҳои Русия дар шуъбаҳои худ барои дастрасӣ ба хидматрасониҳои бонкӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ корти муҳоҷиратиро талаб намекунанд.

Дар ин бора агентии иттилоотии иқтисодии “Прайм” хабар дода менависад, агар қаблан аз муҳоҷирон корти муҳоҷиратӣ ё ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандро барои будубош дар Федератсияи Русия тасдиқ мекард, талаб карда мешуд, ҳоло дигар бо як ҳуҷҷати будубош ё худ истиқоматӣ кофист, ки аз хидматрасониҳои бонкӣ баҳраманд шаванд.

Ҳамин тариқ, аз як тараф коғазбозии (бюрократизатсия) Хадамоти муҳоҷират коҳиш меёбад ва аз тарафи дигар, шаҳодатномаи муваққатии ивазкунандаи корти муҳоҷират, ки ҳоло ҳам тавассути он давлат ва мақомоти дахлдор метавонанд ин шартҳоро назорат кунанд, озод мешаванд,- мегӯяд Лариса Крушанова, дотсенти кафедраи фанҳои ҳуқуқии Донишгоҳи “Синергия”.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир муҳоҷирон аз кортҳои пластикии бонкҳои Русия истифода мекунанд, онҳо ба оилаҳои худ озодона пул интиқол медиҳанд ва аз хидматрасониҳои қарзии бонкӣ низ истифода мекунанд.

“Имрӯз шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ (шиносномаи хориҷӣ), иҷозати иқомаи доимӣ ва иҷозати иқомаи муваққатӣ дар ҷои будубош, патент ё иҷозатномаи кории муваққатӣ дар якҷоягӣ бо қонуни мубориза бо шустушӯи пул ба давлат имкон медиҳанд, ки аз корти муҳоҷират даст кашад,” – хулоса мекунад коршинос.

Қаблан хабар дода будем, ки камбуди муҳоҷирон дар Русия боиси афзоиши музди меҳнат ва талабот ба нерӯи кории ғайрикасбӣ низ афзудааст.

Шарҳи расмии гарон шудани гази моеъ

0

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сабабҳои гаронтар шудани нархи гази моеъ дар кишварро шарҳ дод, вале як таҳқиқи кӯчак маълум мекунад, ки на ҳамаи онҳо воқеият доранд.

Ҳабиб Абдуллозода, сардори Раёсати танзими монополияҳои табии Хадамоти зиддиинҳосории Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории “Asia-Plus” гуфта, ки яке аз сабабҳои асосии қиматтар шудани гази моеъ ба камбӯд ва болоравии нархи он дар кишварҳои содиркунанда рабт дорад.

Сардори ин раёсат мегӯяд, нархи ин маҳсулот дар кишварҳои содиркунанда аз аввали соли ҷорӣ қариб 60% афзоиш ёфта, аз 385 доллар дар моҳи январ то 615 доллар барои як тонна дар моҳи август расидааст.

Ба иддаои Абдуллозода болоравии бештари нархи гази моеъ дар 2 ҳафтаи охир сурат гирифта, 120 доллари дигар ба нархи қаблӣ илова шудааст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, арзиши боркашонӣ тариқи роҳи оҳан асосан аз ҳисоби интиқоли бор бо роҳҳои оҳани Қазоқистон (ба 21 доллар) низ афзуд.

Сабаби дигари болоравии нархҳоро Ҳабиб Абдуллозода ба фармони охири Вазорати энергетикаи Қазоқистон рабт дода, таъкид мекунад: Вазорати энергетикаи Қазоқистон ба корхонаҳои коркард дастур дод, ки бинобар сабаби камбуди гази моеъ дар бозори дохилии ин кишвар, содироти ин навъи сӯзившориро муваққатан қатъ намоянд.

Ба гуфтаи ӯ таҳвилгарон дастрасии мустақим ба корхонаҳои коркарди газро дар Қазоқистон надоранд, аз ин рӯ газро аз миёнаравон бо нархи қимматар мехаранд.

Сабаби дигари болоравии нархи ин навъи сӯзишворӣ дар яктарафа баста будани марз бо Қирғизистон будааст, ки як қисми гази моеъ аз ҳамин кишвар ворид мешудааст.

Абдуллозода зикр кард, ки 93% аз ҳаҷми умумии гази моеъ нимсолаи аввал аз Қазоқистон, 6% – аз Ӯзбекистон ва қисмати боқимонда – аз Русия ва дигар кишварҳо ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд.

“Asia-plus” аз қавли Абдуллозода менависад, ки барои ба эътидол овардани вазъ дар бозори дохилии сӯзишворӣ, ҳукумат роҳандозии воридоти гази моеъ аз Туркманистон ва афзоиши ҳаҷми интиқоли ин навъи маҳсулот аз Ӯзбекистонро баррасӣ дорад.

Дар ҳоли ҳозир дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Газпром”-и Маскав нархи 1 литр гази моеъ ба 30.69 рубл муодили 4.72 сомонӣ аст. Ҳамзамон нархи 1 литр гази моеъ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Royal Petrol”-и Алмаатои Қазоқистон ба 98 тенге муодили 2.61 сомонӣ мебошад. Нархи литр гази моеъ дар Ӯзбекистон камтар аз як сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Таъсиси Шӯрои 12-нафарӣ барои раҳбарии Афғонистон

0

Толибон қасд доранд ба хотири раҳбарии Афғонистон бо шумули Аҳмад Масъуд, як шӯрои 12-нафарӣ таъсис диҳанд.

Ба навиштаи “Foreign Policy“, интизор меравад дар ин шӯро аз роҳбарони намоёни Толибон мулло Абдулғанӣ Бародар, мулло Муҳаммад Яъқуб, писари асосгузори ин ҳаракат мулло Муҳаммад Умар ва инчунин Халил Ҳаққонӣ аъзо бошанд.

Ин нашрия меафзояд, ҳаракати Толибон аз таъсиси мансабҳои бузург ба мисли президент ва ҳатто мақоми амир канорагирӣ карда, саъй дорад шӯрои роҳбарикунандаро бо эътирофи ҷомеъаи байналмилалӣ таъсис бидиҳад.

Пеш аз ин Ваҳидуллоҳ Ҳошимӣ, яке аз аъзои баландпояи Толибон ба хабаргузории “Ройтерз” гуфта буд, мумкин аст Афғонистонро дар оянад як шӯро раҳбарӣ кунад ва эҳтимол дорад ин шӯро аз сӯи Мулло Ҳайбаттулоҳ Охундзода, раҳбари Толибон идора шавад.

Бо ин вуҷуд, то замони омодашавии хабар ҳанӯз Толибон расман эълон накардаанд, ки ин шӯро аз чанд нафар ва бо раҳбарии кӣ идора мешавад.

15-уми августи соли 2021 ҳукумати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ пас аз 11 рӯзи ҷанг дар шаҳрҳо ба дасти Толибон суқут кард ва президенти пешини ин кишвар аз Кобул ба Абу Забии Амороти Мутаҳидаи Араб фирор кард.

Намоишгоҳи фурӯши китоб дар Душанбе

0

23-уми август дар боғи Рӯдакии шаҳри Душанбе ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон намоиши “Фурӯши китоб” баргузор гардид.

Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, дар ин намоиш аксари нашриёт ва корхонаҳои табъу нашри кишвар таълифоти худро бо тахфифи 30 дарсадӣ ба фурӯш гузоштанд.

Гуфтанист, муаллифон ва нашриёти кишвар 160 номгӯи китоб бо 25 ҳазор адад пешкаши дӯстдорони китоб намуданд. Аммо муаллифон аз кам будани харидорон изҳори нигаронӣ карда гуфтанд, ки ташаббускорон корро дуруст ба роҳ намонданд, вале Вазорати фарҳанги кишвар, ки ташкилкунандаи ин намоиши китоб аст, мегӯяд, пеш аз ин чорабинӣ мардумро тариқи расонаҳо огоҳ карда буданд.

Ба гуфтаи ташаббускорони дар ин намоишгоҳи фурӯши китоб осори адибони класиику муосир, китобҳои дарсӣ барои хонандагони мактабҳои миёнаи кишвар ва инчунин адабиёти бачагона тақдими харидорон гардида буд.

Муаллифони китоб мегӯянд, бо заҳмат китоб таълиф мекунем, вале харидор пайдо намекунем. Аммо коршиносон китоб нахаридани сокинони кишварро ба чанд омил рабт медиҳанд.

Ба назари онҳо, вазъияти сахти иқтисодии кишвар, ки дар натиҷа сокинон корҳои муносиб пайдо на мекунанд ва даромади хубе ҳам на доранд аз иллатҳои асосии харидор пайдо накардани китобҳост. Аммо аксари онҳое, ки дар раъси қудрат қарор доранд ва ё ба тиҷорат машғул ҳастанду даромади фаровонтаре доранд, ба китобхонӣ ва хариди китобҳо камтар таваҷҷуҳ мекунанд.

Русия: Талабот ба мардикорон зиёд шуд

0

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бинобар камбуди муҳоҷирон ва афзоиши талабот ба мардикорон ҳаққи меҳнат дар соҳаҳои касбӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Сурат: РИА Новости

Ба гуфтаи коршиносон, дар натиҷаи камбуди муҳоҷирон афзоиши хароҷот ва болоравии нархи маҳсулот инчунин ҳаққи музди меҳнат шудааст. Айни ҳол истеҳсолот ва тамоми корҳои дигар ба худи ширкатҳо низ хароҷоти бештарро талаб мекунад. Дар ин бора РБК бо истинод ба омори HeadHunter хабар медиҳад.

Наталя Данина, директори Департаменти таҳлилии “HeadHunter” қайд кард, ки ҳангоми мавҷи аввали коронавирус муҳоҷирон ба таври оммавӣ ба ватанҳояшон баргаштанд ва аз тобистони соли 2021 ин раванд камбуди муҳоҷирон бетағйир боқӣ мондааст. Вай хотиррасон кард, ки гарчанде парвозҳои мунтазами ҳавоӣ байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо дар моҳи апрели соли 2021 аз сар гирифта шуда бошад ҳам, аммо моҳи май мавҷи сеюми пандемия ба вуҷуд омад.

“Дар нимаи аввали соли 2021 шумораи довталабон барои кор аз Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта амалан бетағйир боқӣ монд, аммо шумораи ҷойҳои кории холӣ дар соҳаҳои касбӣ, ки аз тарафи ширкатҳо муҳоҷиронро фаъолона ҷалб мекунанд, афзоиш ёфтааст. Афзоиши теъдоди довталабон ҳам аз Осиёи Маркази ҳамагӣ ду дарсадро ташкил медиҳад, ки ин талафотро ҷуброн карда наметавонад.” – мегӯяд Наталя Данина, директори Департаменти таҳлилии “HeadHunter”.

Инчунин мудири иҷроии “Avito Rabota”, Артем Кампел изҳор дошт, ки норасоии нерӯи корӣ дар бахши хоҷагии манзилию комуналӣ, сохтмон ва кишоварзӣ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ ширкатҳо аз мушкилоти ҷалби норасоии кормандон дар бахши хадамот ва хидматрасониҳои таксӣ шикоят мекунанд.

Гуфта мешавад, дар давоми як сол шумораи ҷойҳои холии хидматрасонӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва лоҷистикӣ 136 дарсад, сохтмон – 104% ва истеҳсолот – 127 дарсад афзоиш ёфтааст, ки омор дар бораи интиқоли 720 миллион доллар дар як моҳ ба хориҷа нишондиҳандаи афзоиши музди меҳнатро дар соҳаҳои ғайрикасбӣ тасдиқ мекунад.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия ба кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил (ИДМ) танҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ тариқи системаҳои интиқолдиҳандаи пул аз Русия 720 миллион доллар маблағ интиқол шудааст, ки дар се соли охир ин нишондиҳанда ҳамчун “рекорд” унвон шудааст.

Тоҷикистон: Нархи газ бо бензнин баробар мешавад

0

Сокинони шаҳри Душанбе аз гароншавии нархи сӯзишворӣ шикоят карда, мегӯянд, ки қимати як литр гази моеъ дар пойтахт ба 9 сомонӣ баробар гардида, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ камёфт шудааст.

Азиз Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик ва муқими пойтахт дар саҳфаи фейсбукии худ навиштааст, ки нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Душанбе ба 9 сомонӣ расидааст ва дар аксар Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) газ пайдо карда намешавад.

Ҳамзамон рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо нашри як акс аз нархномаҳои нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Бензойл” нишон додааст, ки нархи як литр газ 9 сомонӣ ва як литр бензини навъи 92 10 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Ҳамзамон хабари гароншавӣ ва камчин шудани гази моеъ дар Тоҷикистонро Радиои Озодӣ низ пӯшиш дода, навиштааст, ки  пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ дар баъзе аз гӯшаҳои кишвар низ мушкил шудааст.

Бо болоравии нархи газ ронандагон аз беамалии мақомот барои танзими нарх шикоят карда, мегӯянд, масъулин бояд чора андешанд.

Аммо намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ниҳоди нозири нархҳо дар Тоҷикистон, пештар гуфта буд, ки сабаби якбора гарон шудани сӯзишворӣ “болоравии нарх дар бозори ҷаҳонӣ аст”.

Аммо дар Тоҷикистон маводи сӯхт, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Газпром”-и Маскав нархи 1 литр гази моеъ ба 30.69 рубл муодили 4.72 сомонӣ аст. Ҳамзамон нархи 1 литр гази моеъ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Royal Petrol”-и Алмаатои Қазоқистон ба 98 тенге муодили 2.61 сомонӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон аксар ронандагон аз гази моеъ истифода мекунанд. Гарон шудани нахри газ дар бозорҳои кишвар вокуниши тунди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро низ ба бор овардааст.

Барои мисол, рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ навиштааст, ки “ду рӯз шуд мошинам дар «истироҳат» аст! Ҳоло дигар ҷойи фикр нест, агар кори заруре ҳаст, пас БЕНЗИН рехта гаштан бигиред! Бо бензин мошин бештар мегардад нисбати газ! Чи даркор газ, вакте нархи ҳарду якест?! ШАРМАНДАГӢ!!!!”

Дар посух ба ӯ, Суннатулло Давлатзода гуфтааст, “Бародари азиз тавонед мошинатонро ба “рухсатӣ” фиристонед. Бовар кунед савоби ҳамон техникаи безабонро мегиред.”

Ширкатҳои “Фароз”, “Газпром”, “Газойл”, “Ориё”, “Роҳи Сомон нафт”, “Се ганҷ” ва “Суғднефт” аз воридкунандагони асосии маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Ба вуҷуди он, ки ширкати “Газпром-Тоҷикистон” аз воридкунандагони асосии маводи сӯхт дар кишвар аст, ба навиштаи Радиои Озодӣ дар НФС-ҳои ин ширкат низ пайдо кардани гази моеъ рӯзи 22-юми август номумкин буд.

ПМТ: Тоҷикистон дар ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ ҷиддитар бошад

0

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри як баёния дар хусуси ҳаводиси ахири Афғонистон аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст, ки аз раҳбарони мардумии ин кишвар истиқбол ва аз манофеи миллӣ бо ҷуръаттар ҳимоят кунад.

Матни баёния чунин аст:

“Паймони Миллии Тоҷикистон аз вазъи ба вуҷудомада дар кишвари ҳамсоя ва дуст – Афғонистон нигарон буда, амният ва суботи ин кишварро барои субот дар Тоҷикистон ва ҳамаи минтақа муҳим медонад.

Мо умедворем, ки неруҳои сиёсии кишвари ҳамсоя битавонанд, як ҳукумати шомили ҳамаи гурӯҳҳо ва қавмиятҳоро ташкил бидиҳанд ва ин халои ҳокимиятӣ ҳарчӣ зудтар хотима ёбад.

Ҳамзамон, Паймони Миллии Тоҷикистон таъкид бар он мекунад, ки тайи 20 соли гузашта миллати шариф ва бародари афғон дар масоиле мисли озодии баён, таъмини ҳуқуқ ва озидиҳои шаҳрвандон, ба вежа занон дастовардҳои муҳиме доштааст. Ҳифзи ин дастовардҳо дар оянда барои таъмини сулҳу субот дар ин кишвар ва ҳамаи минтақа муҳим аст.

Миллат ва давлати Афғонистон, ки имрӯз худ бо мушкилоти зиёде рубарӯ ҳастанд, борҳо дар ҳолатҳои душвор ба миллати тоҷик дасти кумак дароз кардаанд. Кофист, ки мо аз пазироии даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик  дар солҳои ҷанги дохилӣ (1992-1997) ва талош барои расидан ба сулҳи байни тоҷикон ёдовар шавем.

Мардуми Афғонистон дар умум ва қисми зиёди нерӯҳо ва шахсиятҳои сиёсии ин кишвар нисбати давлат ва миллати мо нигоҳи хайр ва дустона доранд. Манфиатҳои стратегии кишвари мо тақозо менамояд, ки Тоҷикистон, ба хусус, роҳбарияти он, нисбати тақдири шахсиятҳо, неруҳои сиёсӣ ва мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ҳамсӯ бо ормонҳову сиёсатҳои миллати мо бетафовут набошанд.

Бетафовутӣ, бетарафӣ ва хомушии фурсатталабонаи мақомоти расмии кишвари мо нисбати таҳаввулоти нигаронкунандаи кишвари ҳамсоя на танҳо ба талошу муборизаи шахсиятҳои сиёсӣ ва нерӯҳои ҳамсӯ, балки ба ояндаи забон, фарҳанг ва ҷойгоҳи тоҷикони он тарафи Омӯ зарбаи ҷонкоҳ мезанад.

Ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, ки барои таъмини манфиатҳои миллӣ ва давлатии кишварамон, инчунин, барои расидан ба як тавозуни сиёсии муносиб дар кишвари ҳамсоя, ки битавонад манфиатҳо ва ҳуқуқи ҳамаи миллатҳо ва қавмиятҳои Афғонистонро таъмин намояд, як силсила иқдомҳои ҷиддиро амалӣ намояд. Аз ҷумла:

  • Бо ҳадафи мусоидат ба як сулҳи пойдор дар кишвари ҳамсоя, ба таври ошкор ба Тоҷикистон даъват кардан ва пазироӣ аз шахсиятҳои сиёсӣ ва роҳбарони мардумии Афғонистон, ки имрӯзҳо маҷбур ба ҳиҷрат шудаанд ва дар кишварҳои гуногун ба сар мебаранд. Ба хусус аз шахсиятҳое, ки дар ростои ормонҳои миллии мо ва мардуми Афғонистон пайкор мекунанд;
  • Бозидани нақши ҷиддитар ва боҷуръаттар дар ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ дар сатҳи минтақа;
  • Иқдомҳои мушаххас ва ройзаниҳо бо кившарҳои минтақа ва неруҳои зирабти Афғонистон барои кумак ҷиҳати расидан ба як ҳалли сиёсии муносиб, ки манфиатҳои милли мо низ таъмин гардад.”

Паймони Миллии Тоҷикистон як эътилофи мухолифини Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар аст, ки аз бархе сиёсатҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба давлатдории миллӣ интиқод мекунад ва хоҳони тағйир дар низоми кунунии кишварамон мебошад.

Муҳосираи Панҷшер тавассути Толибон

0

Шиддат гирифтани ҷанги иттилоотӣ байни Толибон ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар вилояти Панҷшер то рафт доманашро густурдатар мекунад.

Музокирот барои ҳалли мусолиматомез байни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ва байни Толибон зоҳиран бенатиҷа будааст. Рӯзи якшанбе таҳрики Толибон хабар дод, ки нерӯҳои низомияшро ба Панҷшер фиристодааст.

Дар ҳамин ҳол

Навори твиттерӣ

Инчунин Қорӣ Ҳаётхон, яке аз намояндагони Толибон дар Твиттер навишт, ки “Панҷшер дар муҳосира аст ва бо камбуди ғизо рӯбарӯ шудааст, зеро қисматҳои дигари Панҷшер таҳти назорати Толибон қарор доранд. Панҷшериён наметавонанд тавассути ҳавопаймо ба вилоят ғизо ва логистика расонанд.”

Инчунин хабаргузории Ал-Ҷазира аз қавли манбааш иттилоъ дод, ки нерӯҳои Толибон дохили Панҷшер шудаанд ва мунтазири фармони ҳамла ба маркази вилоят ҳастанд.

Аммо ба гузориши “Тулуъ нюз” то субҳи рӯзи душанбе дар дараи Панҷшер даргирие байни нерӯҳои Аҳмад Масъуд–писари Аҳмадшоҳ Масъуд ва Толибон сурат нагирфтааст.

Аз сӯи дигар Аҳмад Масъуд ҳушдор дода, ки агар Толибон роҳи низомиро пеш гиранд, кишвар даргири ҷанги дохилӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, писари моршол Абдурашид Дӯстум бо нерӯҳояш ба Панҷшер рафта бо Ҷабҳаи муқовимат пайвастааст.

Панҷшер танҳо вилоятест дар Афғонистон, ки то имрӯз дар контроли Толибон нест. Толибон замони ҳукмронияшон солҳои 1996-2001 низ ин вилоятро тасарруф карда натавониста буд.

Ду медали варзишкорони тоҷик дар Санкт-Петербург

0

Ду паҳлавони тоҷик – Акмалиддин Каримов ва Садр Боев дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми президенти Федератсияи ҷаҳонии самбо (FIAS) медал ба даст оварданд.

Сурат: olympic.tj

Бино ба иттилои  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ин мусобиқа рӯзи 22 август дар шаҳри Санкт -Петербург бо ширкати беҳтарин гуштигирони самбои ҷаҳон дар ҳафт вазн миёни мардону занон баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро чор варзишгар: Акмалиддин Каримов (то 58 кг), Хушқадам Хусравов (то 64 кг), Ёқубҷон Боқиев (то 71 кг) ва Садр Боев (то 88 кг) намояндагӣ карданд.

Акмалиддин Каримов қувваозмоии худро аз даври ниманиҳоӣ оғоз кард, ки дар он пирӯз шуда, дар финал аз намояндаи Гурҷистон Вахтанг Чидрашвилӣ шикаст хӯрд. Каримов 7,5 ҳазор доллар ва медали нуқра ба даст овард.

Садр Боев медали биринҷӣ ва 5 ҳазор доллар ба даст овард. Паҳлавони тоҷик дар чорякфинал бар варзишгари эронӣ Саидмуҳаммадризо Саидимаданӣ ғолиб омада, дар нимфинал аз намояндаи Узбекистон Ихтиёр Эшмуродов шикаст хӯрд.

Дар мусобиқа барои ҷои севум Садр Боев, Ҳусейн Чакирии марокаширо шикаст дод.