Хона блог саҳифа 598

Боздошти ду тоҷикистонӣ дар марзи Лаҳистон

0

Марзбонони Лаҳистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мехостанд сарҳадро ғайриқонунӣ убур кунанд, дар марзи Лаҳистону Беларус боздошт кардаанд.

Сурат: Хадамоти марзбонӣ

25-уми август, Хадамоти марзбонии Лаҳистон дар саҳифаи твиттериаш хабар дод, ки боздоштшудаҳо бидуни ҳуҷҷат буда, мехостанд аз роҳҳои ғайриқонунӣ сарҳадро убур карда, вориди хоки Лаҳистон шаванд, вале аз ҷониби марзбонон дастгир шудаанд.

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Лаҳистон дар аввали моҳи ҷорӣ низ гузориш шуда буд. Он замон ‌‌Хадамоти марзбонии Лаҳистон иттилоъ дода буд, ки 1-уми август дар марзи Лаҳистону Беларус дар минтақаи Августов 17 шаҳрванди хориҷӣ: 12 шаҳрванди Афғонистон ва 5 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд.  Бо қарори суд ҳамаи боздоштшудаҳо (4 зан, 13 мард, аз ҷумла 2 ноболиғ) дар марказҳои муҳофизати хориҷиён ҷойгир карда шуданд.

‌‌Инчунин гузориш шуда буд, ки дар оғози моҳи апрел 4 сокини Тоҷикистон ва рӯзи 3-уми майи соли ҷорӣ низ дар минтақаи Августов 5 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои Қӯшунҳои сарҳадии Лаҳистон аз аввали моҳи августи соли ҷорӣ, 3000 ҳолати ғайриқонунӣ убур кардани марзи Белорусу Лаҳистон сабт шудааст.

Шартҳои нави Русия барои муҳоҷирони тоҷик

0

Русия барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар шурути наверо роҳандозӣ карда, ки аз 1 сентябри соли равон дар ҳукми иҷро медарояд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо нашри матлабе эълом кард, шаҳрвандоне, ки ба Русия сафар мекунанд, бояд пеш аз сафар ҳуҷҷат дар намуди “QR-code” дошта бошанд, зеро Русия бидуни ин код шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламраваш роҳ намедиҳад.

Дар баёнияи вазорат гуфта мешавад, ки ин қарор аз ҷониби ҳукумати Русия аз 20-уми июли соли 2021 таҳти рақами №1998 гирифта шудааст ва бояд аз аввали моҳи сентябр амалӣ шавад.

Тавре вазорат мегӯяд, аз ин ба баъд гирифтор набудани шахс ба вируси COVID-19 тариқи расмзи “QR-code” – нишондиҳандаи электронии натиҷаи ташхиси бемории коронавирус санҷида мешавад. Ин барнома дар телефонҳои дастӣ насб гардида, ҳангоми вуруд ба Русия ба марзбонон нишон дода мешавад.

Қаблан мусофироне, ки ба Русия сафар мекарданд, ташхис дар бораи гирифтор набудан ба вируси COVID-19-ро пеш аз 72  соат аз сафар аз озмоишгоҳҳо дастрас мекарданд ва ҳангоми вуруд онро нишон медоданд.

Бино ба тавзеҳи Вазорати тандурустии кишвар тартиби дурусти пайдо намудани ин ҳуҷҷат ин аст, ки нафаре мехоҳад сафар кунад, нахуст  дар телефони мобилии худ аз интернет-мағозаҳо барномаи наверо бо номи “Путешествую без COVID-19” насб намуда, маълумоти лозимаро ворид мекунад.

Дар ин барнома пас ворид кардани маълумот ба мусофир нишон дода мешавад, ки барои гирифтани код ба куҷо муроҷиат кунад ва пас аз гузаштани ташхис, мусофир тамоми маълумоти лозимиро дар шакли рамзи  “QR-code” ба барномаи дар телефон насбшуда ворид мекунад.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, хоҳишмандон метавонанд ин кодро дар шаҳри Душанбе аз озмоишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, махсусан аз Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои ин хадамот дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд ва Озмоишгоҳи миллии референсӣ (воқеъ дар Қараболо) дастрас намоянд.

Тахриби хонаҳои мардум дар Шоҳмансур

0
Акс аз навори тахрибкорӣ

Тахриби хонаҳо дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки рӯзи якшанбе бо ҳузури муовини раиси ноҳия Тоҳир Қаюмов оғоз шуд, имрӯз аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ин хонаҳои тахрибшуда ва ё вайроншаванда, ки дар маҳаллаи Шодии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир ҳастанд, қарор аст, дар ҷои онҳо ширкати сохтмонии “Асрор-С” чанд бинои баландошиёна бисозад.

Дар наворҳои нашр шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷои ҳодиса дида мешавад, ки ҷамъе аз масъулони ширкати сохтмонии “Асрор-С” бо ҳузури муовини раиси ноҳия Тоҳир Қаюмов ба эътирози сокинон гӯш надода, ба ронандаи трактор фармон медиҳанд, ки девори хонаеро ба замин ҳамвор кунад.

Сокинони ин маҳалла эътироз карда мегӯянд, ки бо чӣ далел дар рӯзи равшан хонаи як шаҳрвандро, ки дар дохили занону кӯдакон зиндагӣ доранд, вайрон мекунанд? Аммо касе ба ин суол ва эътирози онҳо эътибор намедиҳад. Ба ин хотир байни муовини раис ва сокинон ҷанҷолҳои лафзӣ оғоз мешавад.

Аздо тв барои фаҳмидани асли қазия ба ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур тамос гирифт. Аз дастгоҳи ҳукумати ноҳия гуфтанд, масъул худи муовини раис Тоҳир Қаюмов аст. Аммо ҳангоми тамос Тоҳир Қаюмов на ба телефони идорааш ва на телефони дастияш ҷавоб надод.

Муовини раиси ноиҳияи Шоҳмансур, Тоҳир Қаюмов. Акс аз навори видеоӣ.

Биноан, Аздо тв аз сокинони маҳаллаи Шодӣ асли қазияро ҷӯё шуд. Яке аз сокинони ин маҳалла, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо мо гуфт, кор аз онҷо шуруъ шуд, ки “аввалҳои моҳи октябри соли 2020 масъулони ширкати сохтмонии “Асрор – С” ҳамроҳ бо намояндагони ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур бо 10 сокини маҳаллаи Шодӣ, ки мехоҳанд дар ҷои хонаҳои онҳо бино истиқоматӣ бунёд кунанд, маҷлис гузаронданд.

Он замон масъулон гуфтанд, ки агар як метри мураббаъи хонаҳоятон дар инҷо $500 арзиш дошта бошад, мо ба шумо $600 медиҳем ва агар хонаҳоятон 100 метри мураббаъ бошанд, мо ба шумо 120 метри мураббаъ медиҳем. Ва агар бо ҳамин маблағ дар Дубай ва ё Маскав хона харидан хоҳед, дар он ҷойҳо низ ба шумо бо ҳамин маблағ хона мехарем”.

Ба гуфтаи манбаъ, масъулини ширкати сохтмонӣ ва ҳукумат бо ин ваъдаҳои зиёд розигии мардумро гирифтанд. Аммо бо гузашти зиёда аз 10 моҳ аз он ваъдаҳо хабаре нест. Кори сохтмончиён ҳам дар маҳалли сохтмон хеле суст ҷараён дорад, ба ин хотир мардум ба ваъдаҳои онҳо шубҳа карданд.

Инчунин дар ҳоли ҳозир ширкати “Асрор-С” аз ваъдаи пул додан низ даст кашида, гуфтааст, ки танҳо ба сокинон дар бинои сохташаванда хона медиҳад. Он ҳам на ба он ҳаҷме, ки қаблан ваъда карда буд, барои мисол агар хонаи яке аз сокинон 100 метри мураббаъ бошад, ба вай 120 метри мураббаъ медиҳанд, аз ин рӯ, мардум акнун аз хонаҳояшон хестан намехоҳанд.

Яке аз ин сокинон мегӯяд, “бар иловаи надодани маблағ, хонаи мо, ки беш аз 200 метри мураббаъ аст ва се оила зиндагӣ мекунем, масъулони ширкат гуфтаанд, мо ба шумо 170 метри мураббаъ медиҳем, яъне камтар аз оне ки пештар даъво мекарданд.”

Ширкати сохтмонии “Асрор-С” то кунун дар ин бора вокуниш нишон надода аст, тамосҳои мо низ бе натиҷа буд. Ин ширкат соли 2014 дар бозори сохтмонӣ кишвар ворид шуда, ин бори аввал аст, ки номи он расонаӣ шуда, ба эътирози густурдаи сокинон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешавад.

PS:Ҳангоми омода шудани ин матлаб аз ҷониби сокинон гузориш шуд, ки қарор аст имрӯз, 25-уми август соати 16:00 намояндагони ширкат ҳамроҳ бо намояндагони ноҳияи Шоҳмансур ва афроди низомӣ ба маҳаллаи Шодӣ рафта тахриби тамоми он 10 хонаеро, ки қаблан бо моликони онҳо мувофиқа шуда буд, оғоз кунанд. Дар сурати пайдо шудани хабарҳои нав дар ин хусус мо ба ин мавзӯъ бар мегардем…

Шарти Раҳмон барои эътирофи Толибон

0

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо Маҳмуд Шоҳ Муҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷаи Покистон таъкид кард, ки тоҷикони Афғонистон 46 дарсад аз сокинони ин кишварро ташкил медиҳанд, бояд дар ҳукумати оянда ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Сомонаи президент, ки машруҳи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуд Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷаи Покистонро нашр кардааст, менависад: “Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.”

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.”

Пеш аз ин Паймони Миллии Тоҷикистон, ки як эътилофи мухолифин дар хориҷи кишвар аст, бо нашри як баёни аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, Ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, ки барои таъмини манфиатҳои миллӣ ва давлатии кишварамон, инчунин, барои расидан ба як тавозуни сиёсии муносиб дар кишвари ҳамсоя, ки битавонад манфиатҳо ва ҳуқуқи ҳамаи миллатҳо ва қавмиятҳои Афғонистонро таъмин намояд, як силсила иқдомҳои ҷиддиро амалӣ намояд. Аз ҷумла:

– Бо ҳадафи мусоидат ба як сулҳи пойдор дар кишвари ҳамсоя, ба таври ошкор ба Тоҷикистон даъват кардан ва пазироӣ аз шахсиятҳои сиёсӣ ва роҳбарони мардумии Афғонистон, ки имрӯзҳо маҷбур ба ҳиҷрат шудаанд ва дар кишварҳои гуногун ба сар мебаранд. Ба хусус аз шахсиятҳое, ки дар ростои ормонҳои миллии мо ва мардуми Афғонистон пайкор мекунанд;

– Бозидани нақши ҷиддитар ва боҷуръаттар дар ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ дар сатҳи минтақа;

– Иқдомҳои мушаххас ва ройзаниҳо бо кившарҳои минтақа ва нерӯҳои зирабти Афғонистон барои кумак ҷиҳати расидан ба як ҳалли сиёсии муносиб, ки манфиатҳои милли мо низ таъмин гардад.

Инчунин Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буд, ки “дари сафоратхонаҳои давлатҳоеро, ки ин низоми бешарафи инсониро дар Афғонистон пуштибонӣ мекунанд, бибандад. Давлатҳои Покистон, Арабистони Саудӣ ва Қатар ба ин гурӯҳи золим ёриҳои бевоситаи пуливу молӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ медиҳанд. Ҳамчунин ба ҳукуматҳое, ки ин низоми терористиро эътироф мекунанд, эътироз баён карда шавад.”

Толибон Покистонро хонаи дуввуми худ медонанд ва Исломобод, яке аз пуштибонони асосии ин ҳаракат дониста мешавад ва гуфта мешавад дар тасмимгириҳои Толибон дар ташкили ҳукумати ояндаи Афғонистон метавонад нақши арзандае бозӣ кунад.

▶️Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 25.08.2021 | AZDА TV | برنامه ای خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

🔴 Шарти Раҳмон барои эътирофи Толибон

🔴 Толибон аз мо виза бигиред

🔴 Чин ба Тоҷикистон боз воксин медиҳад

🔴 Муовини раиси ноҳия хонаҳои мардумро хароб мекунад?

Толибон аз мо виза бигиред

0
Акс аз Интернет

Толибон эълон кардааст, ки шаҳрвандони Эрон визаи Афғонистонро аз марз аз Толибон бигиранд, на аз сафорат, аммо сафорати Афғонистон дар Лаҳистон мегӯяд, “тибқи маъмул ба корҳои худ идома медиҳад.”

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон Тоҳир Қодирӣ дар суҳбат бо АЗДО ТВ гуфт, “Мо кори худро тибқи маъмул бидуни ҳич вақфае дорем идома медиеҳем. Мо коре ба ин ки,  кӣ чи эъломия медиҳад, надорем, кори мо тибқи маъмул феълан идома дорад.”

Сафири Афғонистон дар Лаҳистон гуфт, “таъкиди мо феълан рӯи корҳои башардӯстона аст, то ин ки вазъияти ояндаи Афғонистон мушаххас шавад, дар он сурат ман фикр кунам ки ҳама чиз мушаххас мешавад.”

Пеш аз ин сомонаи “Садои Олмон” гузориш дода буд, ки Толибон дар Ҳирот гуфтанд, раводидҳое, ки дар намояндагиҳои дипломатии Афғонистон дар Эрон дода шудаанд, эътибор надоранд ва эрониҳое, ки барои вуруд ба Афғонистон роҳӣ мешаванд, бояд аз Толибон аз марз раводид бигиранд.

15-уми августи соли 2021 собиқ президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор намуда, ҳукуматаш суқут кард ва Толибон Кобул, пойтахти Афғонистонро бидуни ҷанг ба тасарруфи худ даровард ва бо гузашти 10 рӯз ҳанӯз шакли ҳукуматдории худро эълом накардааст.

Чин ба Тоҷикистон боз воксин медиҳад

0
Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 24-уми август дар шаҳри Душанбе бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бин дар бораи ворид кардани воксини чинӣ суҳбат кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, “дар мулоқот масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ, вазъи амнияти минтақавӣ ва таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.” Аммо вазорат ҷузъиёти бештар надодааст, ки ин бор кай ва чӣ миқдор воксин аз Чин бояд ба кишвар ворид шавад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон то кунун дар чанд марҳила кумакҳои башардӯстона дар чорчӯби барномаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт – COVAX дар ҳаҷми беш аз ду миллион воксин аз кишвраҳои Ҳиндустон, Озарбойҷон, Чин, Амрико, Олмон ва Шведсияро дарёфт кардааст.

Бино ба итиилои Вазоарти тандурустии кишвар, то 23-уми августи соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ 1 млн 891 ҳазору 850 нафар аз шаҳрвандони кишвар бар зидди коронавирус воксин гирифтанд. Аз байни онҳо 363 ҳазору 895 нафар вояи дуюмро низ гирифтааст.

Қатъи кумакҳои Бонки Ҷаҳонӣ ба Афғонистон

0

24-уми август, Бонки Ҷаҳонӣ эълом дошт, ки бинобар нигаронӣ аз сарнавишти занон дар замони ҳукуматдории Толибон дар Афғонистон, дастгирии молии худро ба ин кишвар қатъ мекунад.

Сухангӯи Бонки Ҷаҳонӣ Марсела Санчес-Бендер дар як изҳорот ба CNN Business гуфт: “Мо аз вазъи Афғонистон ва таъсири он ба дурнамои рушди кишвар, бахусус барои занон, сахт нигарон ҳастем.”

Гуфта мешавад, бонки Ҷаҳонӣ барои иҷрои тарҳҳо дар Афғонистон беш аз 5,3 миллиард доллар ҷудо намуда буд.  Ҳамчуни Фонди эътимоди барқарорсозии Афғонистон, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ идора мешавад, беш аз 12,9 миллиард доллар ҷамъ овардааст.

“Мо пардохтҳоро дар доираи амалиётамон дар Афғонистон боздоштем ва вазъро мувофиқи сиёсат ва тартиботи дохилии худ бодиққат назорат ва баҳо медиҳем” гуфт Санчес-Бендер.

Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, ки дар ин замина машварат бо ҷомеаи байналмилалӣ ва шарикони рушдро идома хоҳад дод. Иқтисоди Афғонистон вобастагии зиёд ба кумакҳои хориҷӣ дорад ва ҳоло бо болоравии нархи маводи ғизоӣ рӯбарӯ аст.

‌‌Пештар аз ин Сандуқи байналмилалии асъор дастрасии Афғонистонро ба пулҳои ин сандуқ ва тақрибан 440 миллион доллар захира ба далели возеҳ набудани ҳукумати ин кишвар пас аз ишғоли Кобул аз ҷониби Толибон, боздошта буд.

‌‌

Ҳавопаймои “рабуда”шудаи Укроин дар Афғонистон

0

Расонаҳои русӣ менависанд, як ҳавопаймои Укроинӣ, ки ба қасди ихроҷи шаҳрвандони ин кишвар вориди Кобул шуда буд, бо гирифтани тило ва дигар ҷавоҳироти қиматбаҳо аз мусофирони афғонӣ ба Машҳади Эрон парвоз кардааст.

Пеш аз ин хабаргузории расмии Русия ТАСС иттилоъ дода буд, як ҳавопаймои мусофирбари Укроин, ки барои баровардани шаҳрвандонаш ба Афғонистон рафта буд, дар Кобул аз ҷониби шахсони номаълум рабуда шудааст.

Ҳамзамон хабаргузории “Взгляд” аз қавли муовини вазири корҳои хориҷии Укроин Евгений Енин навишта буд, “Сешанбеи гузашта як ҳавопаймои мо воқеан дуздида шуд, вай ба ҷои он ки украинҳоро берун барорад, бо як гурӯҳи мусофирони номаълум ба Эрон парвоз кард.”

Аммо ББС гузориш дод, Муҳаммад Зибахш, сухангӯи Созмони ҳавопаймоии Эрон гуфта, ки “иддаои Украинро дар мавриди рабуда шудани ҳавопаймо ва вуруди он ба Эрон пас аз рабоишро такзиб мекунем”.

Сухангӯи Созмони ҳавопаймоии Эрон мегӯяд, “ҳавопаймои украинӣ дирӯз дар фурӯдгоҳи Машҳад барои сӯхтгирӣ фурӯд омад ва дубора ва билофосила ба Киев парвоз кард”. Ӯ дар идома афзуд, ки “тибқи расади Созмони ҳавопаймоии Эрон ин ҳавопаймо шаби гузашта соати 21:50 ба вақти Эрон дар фурӯдгоҳи Киев фурӯд омадааст”.

Ҳамзамон Олег Николенко, сухангӯи Вазорати хориҷаи Украина низ хабари рабуда шудани ҳавопаймои украиниро дар суҳбат бо РИА Новости такзиб карда, гуфт, ки “ҳавопаймо саломат ба кишвар баргаштааст.” Ӯ афзуд, “ҳеч ҳавопаймли украинӣ аз Кобул ва ё манотиқи дигари Афғонистон рабуда нашудааст ва иттилооти мунташиршуда тавассути бархе расонаҳо сиҳат надорад.”

Хабари рабуда шудани Ҳавопаймои ураинӣ аз Кобул дар ҳоле мунташир мешавад, ки ҳаракати Толибон душанбеи гузашта, 15 август дар натиҷаи суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ идораи Афғонистонро ба даст гирифт. Аксари кишварҳои дунё парвозҳои худро ба ин кишвар муваққатан қатъ карданд, ва бархе кишварҳои дигар мехоҳанд бо ирсоли ҳавопаймоҳо шаҳрвандони худро аз Афғонистон берун биёранд.

Тамдиди нерӯҳои ИМА дар Афғонистон

0

Амрико мехоҳад ҳузури нерӯҳояш пас аз 31-уми август, ки поёни муҳлати будубошаш дар Афғонистон аст, тамдид кунад, аммо Толибон мегӯяд, ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишварро як рӯзи дигар ҳам таҳаммул нахоҳанд кард.

Пентагон ба президенти Амрико Ҷо Байден тавсия карда, ки дар бораи тамдиди муҳлати берункашии нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон то баъди 31-уми август тасмим бигирад ва ихроҷи 5800 сарбози амрикоӣ аз Афғонистон аз ин муҳлат сӯрат бигирад.

Кохи Сафед мегӯяд, дар 12 сотаи ахир 11 ҳазор нафарро аз Афғонистон берун кашидаанд ва акунун адади тамоми берунбурдаҳо наздики 53 ҳазор нафарро ташкил дода аст.

Амрико уҳдадор аст, ки то охири моҳи ҷорӣ (август) нерӯҳояшро комилан аз Афғонистон хориҷ кунад. Мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан мегӯяд кишвараш пойбанди ӯҳдадориҳояш ҳаст ва қайд карда, ки Вашингтон дар бораи ҳама чизҳое, ки дар пойтахти Афғонистон рух медиҳанд, бо Толибон машварат мекунад.

Вазири дифоъи Бритониё Бен Уоллес мегӯяд, сарвазир Борис Ҷонсон саъй хоҳад кард, то президенти ИМА -ро барои тамдиди маъмурияти нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон қонеъ бисозад.

Дар навбати худ Вазорати корҳои хориҷии Фаронса низ гуфта, тамдиди маъмруияти нерӯҳои армикоӣ дар Афғонистонро зарур медонад.

Аммо Толибон аз пеш эълон кардаанд, ки тамдиди будубуоши неруҳои амрикоиро пас аз ин моҳ як рӯзи даигар дар Афғонистон қабул нахоҳанд кард.