12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 606

Вазъи саломатии Сайфуллозода дар зиндон бад шудааст

0

Ҳикматулло Сайфуллозода, зиндонии сиёсӣ ва собиқ узви Раёсати Олии ҲНИТ-ро ба хотири бад шудани вазъи саломатияш аз маҳбас ба шифохона интиқол додаанд. Гуфта мешавад, Сайфуллозодаро бояд ҷарроҳии қалб кунанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Як манбаъ аз зиндони шаҳри Ваҳдат ба ин расона ин хабарро тасдиқ намуда, аз гуфтани тафсилоти он худдорӣ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд. Фароғат Сангинова, ҳамсари Сайфуллозода низ ба шифохона интиқол ёфтани шавҳарашро тасдиқ намуда, гуфтааст, ки “Рӯзи ҷумъаи гузашта бояд тавасути телефони муассиса ба ман занг мезаданд. Доим ҳамин корро мекарданд. Як дақиқа суҳбат мекунем. Ҳафтаи гузашта занг назаданд. Хавотир шуда, рӯзи душанбе ба муасссиса рафтам. Дар онҷо гуфтанд, ки вазъаш бад шудаву ба беморхонаи зиндон бурдаанд”.

Ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода сабаби ба шифохона интиқол ёфтани шавҳарашро хуруҷи бемории қалб гуфт.

Сангинова дар суҳбат бо Озодӣ гуфта, ки то ҳанӯз бо шавҳараш дар шифохона дидор накардааст. Ӯ мегӯяд, масъулони зиндон гуфтаанд, шавҳараш аввал табобати қалб гирифта, баъд аз супоридани ташхис, ба ҷарроҳӣ омода мешавад.

Ӯ мегӯяд, барои харидани доруҳои шавҳараш дар як моҳ то 200 сомонӣ ва барои табобати ӯ дар ҳар се моҳ ҳудуди 1500 сомонӣ лозим аст, ки надоранд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозодаи 70-сола, зиндонии сиёсӣ, рӯзноманигор ва узви Раёсати Олии ҲНИТ дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти кишвар он сол 14 узви аршади ҳизбро бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), ки Ҳукумат онро “кудато” нимида буд, баъзеро барои солҳои тулонӣ ва баъзеи дигарро ба ҳукми абад равонаи зиндон кард.

Раҳбарияти ҲНИТ иттиҳомоти ироа намудаи мақомотро нисбати ҳизб рад намуда, зиндонӣ намудани аъзоён ва террористӣ хондани ҲНИТ-ро сирф сиёсӣ медонанд.

Дар гузашта пайвандони чанде аз маҳбусон бо ирсоли номае ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон “сабук” ва аз 50-сола боло шуда буданд. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин даъватҳо гуфтанд, вазъият ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд.

Гумонбар дар қатли шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуд

0

Пулиси Маскав аз боздошти марде хабар медиҳад, ки метавонад дар куштори як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми муноқиша байни ронандагони таксӣ дар деҳаи Мосрентгени шаҳри Маскав даст дошта бошад. Дар ин бора ТАСС бо такя ба Сарраёсати ВКД дар Маскав хабар медиҳад.

“Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди соли таваллудаш 1995 дастгир карда шуд”, – омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки шаби 27-уми мар дар Маскави Нав байни ронандагони такси муноқиша сар зад, ки он ба истифодаи корд ва силоҳи травматикӣ анҷом ёфт. Дар натиҷаи ин муноқиша се нафар маҷрӯҳ ва як нафар, ки соли таваллудаш 2000 ва гуфта мешавад, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, кушта шуд.

Бино ба иттилои ТАСС гумонбар дар вилояти Тула боздошт шудааст.

Вокуниши раиси КДАМ-и Қирғизистон ба изҳороти Зарифӣ

0

Ирмӯз 1 апрел Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, Қамчибек Тошиев ба изҳороти Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди Ворух вокуниш кадааст.

Ба гуфтаи раиси КДАМ-и Қирғизистон, ҳама пешниҳодҳои ҷониби Қирғизистон дар мавриди делимитатсияи марз, аз ҷумла қарор дар бораи анклави Ворух, ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дода шуданд.

“Ҳама ҳамин буд тамом, ягон сухани зиёдатӣ нисбати ҳамсоякишвар гуфта нашудааст”, мегӯяд Тошиев.

Ӯ дар идома гуфта, ки “Пас чаро Ҳамрохон бо маданияти паст ва муносибати душманона зоҳир шуда, хеле бад ҷавоб медиҳад? Шояд ба он хотри бошад, ки ман пешниҳодоти онҳоро, ки манфиатҳои кишвари маро дар бар намегирифтанд, напазируфтам?”

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 31 март хабаргузории ҳукуматии “Ховар” матлаберо аз Ҳамрохон Зарифӣ нашр кард, ки номбурда дар он ба қазияи Ворух ишора карда иваз кардани ин гушаи Тоҷикистонро пешниҳоди нодуруст хонда, изҳор дошт, ки Ворух барои ҳамеша замини Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Дарозии марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор танҳо 504 километри он делиматсия ва демаркатсия шудааст. Бо вуҷуди музокироти сатҳи олӣ ва омодагии ду кишвар ба ҳалли мушкилоти марзӣ ва боздоштани муноқишаҳо, боз ҳам муноқишаҳо байни аҳолии марзӣ ба назар мерасад, ҳатто аксар вақт истифодаи силоҳ ва иштироки низомиён ба назар мерасад.

Жужанна Харгитай мудири нави БАРТ дар Осиёи Марказӣ таъйин шуд

0

Бонки аврупоии Таҷдид ва рушд намояндаи нави худро дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ кард. Жужанна Харгитай директори нави ин бонк таъин шуд.

Хонум Харгитай ҳамчун мудири (БАТР) амалиёти Бонкро дар Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон – минтақаи бузурге, ки (БАТР) то имрӯз 16,5 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст, назорат хоҳад кард.

Айни ҳол хонум Харгитай директори минтақавии (БАТР) дар кишварҳои ғарби Булқон ва роҳбари бонк дар Сербия мебошад. Интизор меравад вазифаи навашро дар 17 майи соли ҷорӣ оғоз кунад. Дафтари доимии ин бонк дар Тошканд, пойтахти Узбекистон мустақар аст.

Шаҳрванди Маҷористон Жужанна Харгитаи БАТР-ро дар як қатор кишварҳо, ба мисли Босния ва Ҳерзеговина, Македонияи Шимолӣ, Маҷористон ва Хорватия раҳбарӣ кардааст. Вай инчунин дар идораи марказии Бонк дар Лондон вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол намуда, пеш аз он ки Директори минтақавии Булқони Ғарбӣ шавад, дар соли 2018, ки таҳти роҳбарии ӯ, сармоягузории БАТР ба сатҳи нави рекордӣ расидааст.

Хонум Харгитай ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи мудири (БАТР) дар Осиёи Марказӣ, ба ҷои Андре Куусвек, ки дар аввали соли ҷорӣ президенти Бонки сармоягузории Скандинавия таъин шуда буд, ҷойгузин шуд.

Шуруъи даъвати баҳории сарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ

0

Имрӯз 1-уми апрел даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид.

Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон давоми моҳҳои апрел ва май ҷавонони солҳои таваллуди 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Ёдовар мешавем чанде пеш, Дар Тоҷикистон қонуни нави ҳарбӣ қабул карда шуд, ки навгонии асосии он хизмати пулакӣ мебошад.

Тибқи ин қонуни ба тасвиб расида, агар пештар донишҷӯёне, ки дар кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо мехонданд, аз хизмати ҳарбӣ озод буданд, тибқи тағйироти нав онҳо низ маҷбуранд як сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат кунанд.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба мисли Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон хизмати пулакиро ҷорӣ кард, аммо то ҳол маблағи он дақиқ нест.

Ҳоло дар Тоҷикистон шумораи умумии ҳарбиён 9 ҳазор нафар гуфта мешавад. Илова бар ин, 151,1 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон дар синни аскарӣ қарор доранд.

Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хизмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро ба артиш сафарбар мекунад, ки ин амали мақомдорон ҳамеша мавриди баҳс қарор гирифта буд.

Муовини вазирро барои фарқ накардани Кореяҳо аз мансаб ронданд

0

Дирӯз 31 март Маҷлиси навбатии Ҳукумати кишвар доир гашт ва дар ин ҷаласа қарори аз мансаб барканор кардани чанд мансабдори давлатӣ содир шуд.

Тибқи фармони Президент, таҳти рақами 146 Зоирзода Мӯътабар Яздонӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо сабаби бознишаста шудан озод карда шуд.

Тибқи ҳамин фармон Раҳматзода Тоҷиддин Раҳмат аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуд. Далели барканории Раҳматзода дар фармон зикр нашудааст. Ҳамчунин дар қатори ин ду нафар муовини вазири тандурустӣ Самариддин Ализода низ аз вазифааш барканор шуд.

Номи Самариддин Ализода баъд аз ҷаласаи муаррифии ваксинаи “AstraZenica” рӯзи 18 март сари забонҳо шуд. Ӯ дар ин ҷаласа номи ду меҳмони ниҳодҳои хориҷии ЮНИСЕФ ва Созмони ҷаҳонии беҳдоштро, ки дар чапу росташ нишаста буданд, надонист ва ҳамчунин онҳоро хуб муаррифӣ карда натавонист.

Дар баробари ин, ӯ бар ивази Кореяи Ҷанубӣ Кареяи Шимолиро зикр кард, ки ӯро ислоҳ кардан хостанд, вале ӯ дар ҷавоб гуфт: “Хайр, Корае-да охир, Ҷанубӣ аст Шимолӣ аст фарқаш чи. Худатам ғам доди-да”.

Ин тарзи гуфтори муовини вазири тандурустӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро барпо кард. Корбарон ӯро ба Бек Сабур, вазири алоқа ва Нуриддин Саидов, раиси Кумитаи телевизион ва раидои Тоҷикистон қиёс намуда, мавриди интиқоди сахт қарор доданд.

Сабаби барканории Ализодаро маҳз ба ҳамин ҷаласа рабт медиҳанд. Радиои Озодӣ аз қавли манбааш аз Вазорати тандурустӣ навишт, ки “ин мавзуъ ҳатто дар яке аз ҷаласаҳои вазорат баррасӣ шуд ва маҳз сабаби барканориаш ҳамин нишаст буд.”

Самариддин Ализода 55-сол дорад ва доктори илмҳои тиб мебошад. Дар гузашта дар мансабҳои сардори Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва мудири Пажӯҳишгоҳи тиббӣ- профилактикии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1999 аълочии Вазорати тандурустӣ ва соли 2013 корманди шоистаи Тоҷикистон шудааст. Ӯ ба вазифаи муовини вазири тандурустӣ нӯҳ моҳ пеш таъйин шуда буд.

Путин гуфт, ба забону фарҳанги русӣ дар байни кӯдакони муҳоҷирон диққат дода шавад

0

Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳо гуфт, бояд теъдоди муайяне аз фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия таҳсил кунанд, ки то онҳо ба муҳити забонӣ мутобиқ карда шаванд.

“Дар баъзе кишварҳои аврупоӣ ва ҳатто дар иёлотҳо вақте ки сатҳи кӯдакони муҳоҷир дар мактаб ба як фоизи муайян мерасад, сокинони маҳаллӣ фарзандони худро аз ин мактабҳо мегиранд. Дар он ҷо мактабҳое пайдо мешаванд, ки 100% аз кӯдакони муҳоҷир иборатанд.” мегӯяд Президенти Русия дар ин ҷаласа.

Президент таъкид кард, ки “набояд дар Русия ба ҳеҷ ваҷҳ ба рушди чунин рӯйдодҳо иҷозат дода шавад.”

“Ҳоло ягон дастурамали тайёр вуҷуд надорад, аммо шумораи кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳои мо ба гунае бошад, ки ин ба онҳо имкон диҳад, ки на рамсан балки дар воқеъ ба муҳити забони русӣ мутобиқ шаванд. Ин ҳам на танҳо ба муҳити забон – балки ба муҳити  фарҳангӣ ва дар умум ба низоми арзишҳои русии мо куллан ворид шаванд.” – гуфт Путин.

Қаблан Путин таъкид намуда буд, ки забони русӣ дар ҷомеа аҳамияти махсус дорад.

Ҳукми исломии ваксиназаниро Шӯрои уламои Тоҷикистон содир кард

0

Шӯрои уламои Тоҷикистон дар як муроҷиатномаи худ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тамоми мардум хоста, ки барномаи ҳукуматро дар мавриди эмгузаронӣ дастгирӣ кунанд ва ҳар шахс хоҳ пир аст хоҳ ҷавон талош кунад барои ҳифзи саломатии худ ва дигарон ваксина бизанад.

Шӯрои уламо гуфтаҳои худро бо далел аз Қуръону аҳодиси Паёмбар (с) асоснок кардааст. Ин ниҳоди динии кишвар, эмгузарониро мувофиқ ба талаботи шариат дониста мегӯяд, “Вақте ки аз нигоҳи шариат ба эмгузаронӣ назар кунем, аҳамияти он зоҳир мегардад, чунки ҳар чизе, ки инсонро аз зарар эмин медорад, онро шариат мутобиқи қоидаи ҷилавгирӣ аз зарар ҳатман тақозо менамояд”.

Ба гуфтаи Шӯрои уламо, шариати исломӣ инсони солим ва зебоиро тавсиф намуда, “ба истифодаи доруву дармон даъват менамояд ва инсонро аз анҷоми ҳар амале, ки ба бадани худ ва дигарон метавонад зарар расонад, боз медорад. Чунин таълимот дар оятҳои қуръон ҷой карда шудааст: “Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва накӯкорӣ кунед! ҳамоно Худо накӯкоронро дӯст медорад. ( Сураи “Бақара”, оят 195).

Ин матлаб инчунин дар суханони Паёмбар (с) инъикос ёфтааст, чунончӣ ӯ мефармоянд: “Дар назди Худо муъмини қавӣ нисбат ба муъмини заиф беҳтар ва маҳбубтар аст.”

Паёмбари гиромии Ислом (с) мефармоянд: “Ба худ зиён овардан ва ба дигарон зиён расонидан раво нест”. (Ривояти Ибни Моҷа ва Дорақутнӣ). Ин ҳадис чунин маъно дорад, ки моро шариат ба дур будан аз ҳар чизе, ки ба мо ва дигарон зарар мерасонад, амр кардааст.”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 22 марти соли равон эмгузаронии саросариро дар кишвар эълон кад. То ҳол аз аввалинҳо шуда, вазири тандурустӣ, баъзе намояндагони ниҳодҳои байнулмилалӣ, шуморе аз раҳбарони муассисаҳои тиббии кишвар бо ваксинаи COVID-19 эм карда шуданд.

Варзишгарони тоҷик барои ба даст овардани роҳхати олимпиадаи Токиё ба Қазоқистон мераванд

0

Даҳ варзишгари тоҷик дар мусобиқаи интихобии Осиё оид ба куштии озод ва юнони-римӣ, ки аз таърихи 9-11 апрель дар Қазоқистон баргузор мегардад, ширкат меварзанд. Дар ин озмун роҳхати охирини олимпиадаи Токиё дода мешавад.

Ба навиштаи “Азия плюс” дар федератсияи гуштини миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас шуд, ки киҳо барои ба даст овардани роҳхати олимпиада аз ҷониби Тоҷикистон мубориза мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки бисёре аз варзишгарони саршиноси Осиё ба хусус аз Эрон, Қазоқистон, Узбекистон, Корея, Чин, ва Ҳинд  дар мусобиқаҳои гузашта соҳиби роҳхат гаштаанд.

Аз ҳамсоякишварҳо Қазоқистон-8, Узбекистон-3, Қирғизистон-2 роҳхат ба даст овардаанд.

Ширкат надоштани паҳлавонони қавии Осиё дар охирин мусобиқаи интихобӣ шонси хубест барои варзишгарони тоҷик чиҳати дарёфти роҳхати олимпиадаи Токиё.

Дар ин озмун Тоҷикистонро ин варзишгарон намояндагӣ мекунанд:

1. Муҳаммад Икромов (57 кг)

2. Ҷамшед Шарипов (65кг)

3. Ғуломҷон Шарипов (74)

4. Баҳодур Қодиров (86)

5. Искандари Рустам (125)

6. Фирӯз Мирзораҷабов (60)

7. Шероз Очилов (67)

8. Хатиб Зуҳуров (77)

9. Суҳроб Абдулҳаев (87)

10. Мирзоамин Сафаров (97)

Дар байни ин варзишгарон варзишгари бо таҷриба Искандари Рустам каҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон дар тарзи куштии озод ва юнони-римӣ ҳамчунин ширкаткунандаи бозиҳои олимпиадаи соли 2012 Лондон низ ҳузур дорад.

Изофа мекунем, ки дарҳол пас аз мизбонии чемпионати интихобии Осиё, Алмаато мизбони чемпионати Осиё оиди гуштин мебошад, ки ҳамин варзишгарон Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Русия дар бахши кишоварзӣ ба муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон ниёз дорад

0

Бонки кишоварзии Русия дар як таҳқиқоти ахираш гуфта, ки бо фарорасии мавсими кишт дар ин кишвар ниёз ба қувваи корӣ дар соҳаи кишоварзӣ 35 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи муҳақиқони ин бонк, дар соҳаи кишоварзии Русия бештар мутахассиси тракторчӣ, агрономҳо ва деҳқонони сабзавоткор намерасад.

Музди аз ҳама баланд ба тракторчиён пешниҳод мешавад. Ба гуфтаи масъулони соҳа, дар деҳаи Хворостянкаи вилояти Самара барои таракторчиён то 250 ҳазор рубл маош пешниҳод шудааст.

Дар деҳаи Чебаки вилояти Новосибирск 170 ҳазор пешниҳод карда мешавад. Гуфта мешавад, дар 70 дарсади ҳолатҳо корфармоён мутахассисони ботаҷирбаро ба кор қабул мекунанд.

Дар вилояти Астрахан ба агрономҳо моҳона то 150 ҳазор рубл ва барои деҳқоқнони оддӣ ба ҳисоби миёна то 35 ҳазор рубл маош ваъда мешавад.

Муовини аввали вазири кишоварзии Русия Ҷамбулат Хатуов аз мақомоти кишвараш хост, ки вуруди муҳоҷиронро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ осонтар кунанд. Ба гуфтаи ӯ, деҳқонон аз он шикоят карданд, ки сокинони маҳаллӣ намехоҳанд кор кунанд ё малакаи лозимии кишоварзиро надоранд.

Заминдорон дар Русия ҳамасола муҳоҷиронро аз Тоҷикистону Узбекистон барои кор бо маоши камтар дар заминҳояшон ҷалб мекарданд, аммо ҳоло омодаанд бо маоши баланд ҳам бошад муҳоҷиронро аз ин кишварҳо ба кор ҷалб кунанд.