13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 607

Баҳор омад кай лимити барқ бардошта мешавад?

0

Мӯҳлати лағви лимити интиқоли барқ ​​ба аҳолии деҳоти Тоҷикистон ҳанӯз муайян нашудааст. Дар ин бора Нозирҷон Ёдгорӣ, роҳбари маркази матбуоти ҶСК “Барқи Тоҷик” ба хабаргузории “Авеста” хабар дод.

Ба қавли Ёдгорӣ мӯҳлати лағви лимити интиқоли нерӯи барқ ​​то ҳол бо сабаби кам ворид шудани об муайян карда нашудааст. Аммо ӯ дар бораи ҳаҷми воридшавии об ба дарёи Вахш дар минтақаи обанбори Норак ва ҳаҷми истеҳсоли шабонарӯзии барқ ​​дар ҷумҳурӣ чизе нагуфт.

Моҳи феврали соли равон роҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, ки пас аз таҳлили вазъ аз ҷониби мутахассисони соҳа ҷадвали нави интиқоли нерӯи барқро таҳия мекунад.

Дар Тоҷикистон лимит расман аз рӯзи 6-уми январ эълон шуда буд. “Барқи тоҷик” сабаби онро зиёд шудани истифодаи барқ ва кам шудани сатҳи об дар обанбори Норак арзёбӣ карда буд.

Айни замон нерӯи барқ ​​барои аҳолии деҳоти кишвар аз соати 23 шаб то 5 субҳ қатъ карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, дар тӯли ду моҳи соли равон Тоҷикистон аз интиқоли нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 7 миллион доллар фоида ба даст овардааст. Мувофиқи маълумоти бахшҳои соҳаи энергетика, ҳаҷми содироти нерӯи барқ ​​нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 1,9 маротиба афзудааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҶСК “Барқи тоҷик” бо ширкатҳои энержии Афғонистон ва Узбекистон барои интиқоли нерӯи барқ ​​ба ин кишварҳо барои соли 2021 шартнома бастааст.

Тибқи созишнома, дар фасли баҳор-тобистон ба Узбекистон тақрибан 1,5 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​содир карда мешавад.

Тибқи иттилои ширкати “Барқи тоҷик”, содироти нерӯи барқ ​​дар соли 2020 нисбат ба як соли қабл бинобар камбуди манбаъҳои об беш аз 48% коҳиш ёфта, дар охири соли 2020 ҳамагӣ 1,6 миллиард кВт / соатро ташкил додааст.

Интизор меравад, ки то охири соли равон беш аз 3 миллиард кВт / соат нерӯи барқи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар интиқол дода шавад.

Қарзи музди меҳнат то аввали соли ҷорӣ ба 7,5 млн$ расид

0

Маблағи умумии қарзи музди меҳнат бо назардошти солҳои қаблӣ то аввали моҳи феврали соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 84,7 миллион сомонӣ (тақрибан 7,5 миллион доллар) -ро ташкил дод.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо дар моҳи январи соли равон ин рақам беш аз 4,2 миллион сомониро ташкил додааст, ки 5,2 фоизи ҳаҷми умумии қарзро ташкил медиҳад.

Қарз дар аввали моҳи феврали соли равон беш аз 4,8 миллион сомонӣ (6,9%) афзуда, беш аз 74,5 миллион сомониро ташкил дод. Афзоиши қарзи музди меҳнат тақрибан дар ҳама намудҳои фаъолияти иқтисодии кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Музди камтарин дар Тоҷикистон барои кормандони соҳаи кишоварзӣ, шикор, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ буда, он 630 сомонӣ мебошад.

Музди аз ҳама баландтарин дар истихроҷи канданиҳои фоиданок – 2,7 ҳазор сомонӣ, дар соҳаҳои барқ, газ ва об – 2,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар умум дар бахши воқеии иқтисод музди миёнаи моҳона дар моҳи январи соли равон тақрибан 1,9 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба моҳи январи соли 2020 2,1% зиёд шудааст.

Дар бахши хидматрасонӣ музди аз ҳама баландтаринро кормандони миёнаравии молиявӣ ва суғурта мегиранд, ки музди меҳнаташон беш аз 3,4 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.

Музди миёнаи моҳона дар Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон 1,4 ҳазор буда, музди меҳнати ҳадди аққал 400 сомониро ташкил медиҳад.

Раҳмон дар рӯзҳои наздик ба Ворух сафар мекунад

0

Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик ба ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом бидиҳад. Котиби матбуоти президенти Тоҷикистон, Абдуфаттоҳ Шарифзода 31-уми март ба Радиои Озодӣ қасди сафар доштани Раҳмонро ба ин ҷамоат тасдиқ карда, вале гуфта, ки таърих ва барномаи сафар ҳанӯз мушаххас нест.

Гуфта мешавад, эҳтимолан сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати Ворух рӯзи 4-уми апрел сурат бигирад, вале расман тасдиқ нашудааст. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, низ ба Ворух рафтааст.

Сафари Раҳмон ба Ворух дар ҳоле сурат мегирад, ки баҳси марзӣ дар ин гӯшаи кишвар дар як ҳафтаи ахир доғтар шудааст, хусусан баъд аз изҳороти Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар бораи гирифтани Воруху додани 12 ҳазор гектар замин аз Бодканд, ки ба вокунишҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд.

Ба гуфтаи ин мансабдорои воломақоми Қирғизситон ин кишвар ҳоло бар асоси қонун сарҳадҳои Ворухро андоза мегирад то бузургтар нашавад. Аз тариқи қаламрави худ ба ворухиҳо фақат барои истифода як роҳ медиҳанд то гузашта тавонанд.

Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, мо барои табодули қитъаҳои баҳсӣ ба ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон ҳатто феҳристи қитъаҳоро пешниҳод кардаем, аммо то ҳол ҷониби Тоҷикистон посухи расмие надодааст.

Барои ҳалли масоили марзӣ музокирот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон 15 то 18 март дар ш.Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид ва ба фарқ аз музокироти қаблӣ ин гутфушунид зери раҳбарии масъулони КДАМ-и ин ду кишвар доир шуд.

Ҷамоати Ворух дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст ва дар ин минтақа бисёре аз гӯшаҳои марзи ду кишвар аломатгузорӣ нашудааст. Чизе, ки пайваста боиси ҷанҷоли сокинони ду тараф мешавад.

Қайди номи қавмҳо дар шиносномаҳои миллии Афғонистон доғ шудааст

0

Сарвар Дониш, муовини дуввуми раиси Ҷумҳурии Афғонистон ба нашри ин рӯйхати ақвом вокуниш намуда мегӯяд, дарҷ гаридани номи қавмиятҳо дар шиносномаҳои электронӣ “ҷанбаи касбӣ ва илмӣ надорад”.

Ба андешаи ӯ, “тасмимҳои аҷулона ҳам ҳукуматро мавриди пурсиш қарор медиҳад ва ҳам дар миёни мардуми мо тафриқа ва беэътимодӣ эҷод мекунад”.

Дар ҳамин ҳол, Салоҳуддини Раббонӣ, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон, Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроияи Ҷамъияти исломӣ ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси палатаи намояндагон навиштанд, ки ҷудо кардани ин ақвом аз баданаи қавмҳои дигар нифоқафканӣ аст ва ба руҳияи миллатсозӣ осеб мерасонад. Шуморе аз аъзои Сенат низ ба ин қазия вокуниш нишон додаанд.

Муҳаммад Алам Издиёр, муовини раиси Сенат гуфта, “Афғонистон ба ваҳдат ниёз дорад, ба ҳамбастагӣ ниёз дорад ва бояд як миллат шавад”. Ӯ меафзояд: “Дар ин вазъ, мо бояд баррасӣ кунем, ки афзалиятҳои кадом аст.”

Аммо Шӯрои ҳамоҳангии ақаллиятҳои Афғонистон рӯзи якшанбе дар нишасте дар Кобул аз ин тасмими идораи миллии омор (сабти асноди шаҳрвандӣ) истиқбол карда ва аз ҳукумат талаб кард, ки ақаллиятҳо низ дар тасмимгириҳои бузурги сиёсӣ дохил бошанд.

Аҳмад Шакиб Санин, раиси Шӯрои ҳамоҳангии ақаллиятҳо мегӯяд: “То ба имрӯз мо мисли мурдаҳо будем ва рӯҳ надоштем, мо хор шудем, зеро дар ҳама ҷое, ки мерафтем, ақаллият будем.”

Дафтари миллии омор ва маълумот мегӯяд, ки ин қавмҳо бо дархости намояндагони худ ба таври электронӣ сабти ном шудаанд.

Роина Шаҳабӣ, сухангӯи Идораи миллии омор ва маълумоти Афғонистон мегӯяд: “Барои ворид кардани номи гурӯҳҳои дигари қавмӣ ба ҷуз аз чаҳордаҳ қавм дар Афғонистон дар низоми ID-и электронӣ ҳеҷ монеае вуҷуд надорад.”

Аз ин тасмими Идораи омори милӣ Афғонистон аз ҳама бештар ақалятҳо истиқбол кардаанд. Гулназар Фарҳод яке аз бошандаҳои Шуғнони Бадахшони Афғонистон дар сӯҳбат бо “Аздо тв” аз ин тасмим истиқбол кард ва гуфт, ки ҳар ақвоме дар ҳар куҷое зиндагӣ мекунанд, талош мекунанд, ки бар асоси номи қавми худ шинохта шаванд.

Дар суоли он, ки оё танҳо қавмҳои тоҷиктабор бештар тақсимбандӣ шудаанд ё дигар қавмҳо низ ҳастанд, оғои Гулназар гуфт, “ман аслан фикр намекунам, ки ба расмият шинохтани ақвом боиси тафриқа бишавад ва ин ҳеҷ рабте ба чизи дигаре надорад. Ин як ҳақиқат аст, ки ҳар қавм бо ҳамон ҳақиқати вуҷудии худ шинохта шадвад”.

Гулназар Фарҳод ҳамзамон гуфт, ақвоме, ки худашон хоста бошанд ҳувияташон бо ҳамон қавми худ шинохта шавад ҳеҷ монеъае надорад. Ин хости ақвом аст, ки онҳо тасмим бигиранд, ки ҳамон қавмияташон ва ҳамон ҳувияташон шинохта бишаванд ва тасмими онҳо мавриди қабули давлату ҳукумати Афғонистон хоҳад буд. Ҳувияти қавмӣ ҳаққи ҳар қавм ҳаст ва ҳар қавм бояд ба ҳамон ҳувияти худ шинохта шавад ба шарте, ки он қавм худаш хоста бошад то ҳувияташ дар шиноснома дарҷ шавад.

“Ва дар зимн бояд илова бикунам, ки дар ин барнома танҳо ақвоме бештар дар ростои ҳувияташон иддаои шиноси ҳувияташон шудаанд, ки тафовутҳои куллӣ бо миллатҳое, ки то кунун идғом дар дарнуи онҳо буданд. Ба мисле, ки шуғнониҳо то кунун ба номи тоҷик ёд шудаанд, дар ҳоле, ки шуғнониҳо тафовути забонии куллӣ доранд бо бародароне, ки худро тоҷик мегӯянд. Ва тоҷикҳо мегӯянд, ки мо аламбардори забони форсӣ ҳастем. Шояд шумо бидонед, ки шуғнониҳо забони аслиашон ва забони аввалиашон шуғнонист ва форсиро дар даврони таҳсил ва дар даврони омузиш  ёд мегиранд, ки форсӣ забони дуввумии шуғнониҳо аст”.

Дар соли 2017 ҳукумати Афғонистон комиссиюне таъсис дод, ки гурӯҳҳои этникии муқими ин кишварро муайян мекунанд, аммо кори ин комиссиюн муваффақ набуд ва ба натиҷае нарасид. Ба ҳамин хотир Додгоҳи олӣ қарор кард, ки гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон чордаҳ қавме ҳастанд, ки дар Сарқонун зикр шудаанд.

Тавзеи шиносномаҳои электронӣ дар ин кишвар чанд соле пеш оғоз шуд, аммо дарҷи вожаи “Афғон” дар он ба мухолифатҳое рӯбарӯ шуд. Дар натиҷа тасмим гирифта шуд, ки номи қабилаҳоро дар баробари калимаи Афғонистон ҷой бидиҳанд.

Ҳамчунин барои бештар фаҳмо шудани ин қазия мо аз Алим Шеразмонов хостем ин қазияро шарҳ бидиҳад. Ӯ чунин гуфт:

ФАВРӢ: Ҷузъиёти тоза дар қазияи Иззат Амон аз забони вакили мудофеаш (Садо)

0

Имрӯз 30 март вакили мудофеи Иззат Амон Кирилл Жаринов Георгиевич дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, Холов И.А, ки ҳукумати Тоҷикистон иддао карда ин ном Иззат Амон (Холов Иззатулло Амонович) мебошад, он кас нест. Холов И.А умуман дигар нафар аст.

Ӯ гуфт: “Имрӯз ман дар Додгоҳи Тверской ш. Маскав будам ва худам бо парвандаи Холов.И.А ошно шудам ва парвандаи ӯро ба ман нишон доданд. Маълум гашт, ки ин Холов И.А Иззат Амон ( Холов Изатулло Амонович) нест ва хеле ҷавонтар аз Иззат Амон мебошад. Ному насаби дигар дорад ва танҳо аввали ҳарфи ному насабаш бо ному насаби Иззат Амон шабоҳат дорад ва ин як тасодуф аст. Дар Додгоҳи Тверской ш. Москав таъйид карданд, ки парвандаи Холов Изатулло Амонович ҳаргиз дар ин додгоҳ баррасӣ нашудааст ва аз чунин парвандае онҳо хабар надоранд. Ин маълумоти дақиқ аст, вале ман наметавонам маълумоти Холов И.А-ро расонаӣ кунам, чун вакили мудофеи ӯ нестам”.

Вакили мудофеи Иззат Амон дар идома афзуд, “эҳтимолан ВКД-и Тоҷикистон маъуломтро дар вебгоҳи Додгоҳи Тверской дида ё чун мо фикр карданд ин шахс Иззат Амон аст ё бардуруғ онро ба Иззат рабт доданд”.

Ӯ дар охири суҳбаташ гуфт, “ҳеҷ додгоҳе ҳукми ихроҷи Холов Изатулло Амоновичро аз Русия содир накардааст ва ҳукми ихроҷи ӯ вуҷуд надорад”.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 27 март гузориш дода буд, ки Иззат Амон, фаъоли сиёсӣ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон бо қарори Додгоҳи Тверской шаҳрвандияш лағв ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Пас аз он дар Душанбе аз ҷониби ин ниҳод боздошт шуд.

ВКД як рӯз қабл аз ин, 26 март аз оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Иззат Амон бо моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) хабар дода буд.

Тибқи ин парванда ВКД ӯро дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дод. Субҳи рӯзи 27 гуфта шуд, ки Иззат Амон дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Шарҳи расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон дар мавриди барқароршавии парвозҳои доимӣ

0

Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукии худ дар иртибот ба тартиби азсаргирии парвозҳои эъломшуда байни Русия ва Тоҷикистонро ба таври расмӣ шарҳ дод.

Сафорат эълом дошт, ки аз ин пас ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба Русия сафар кунанд.

Дар навиштаи “Азия плюс” ба таври муфассал ба ҳамаи суолҳои додашуда дар иртибот ба азсаргирии парвозҳо посух гуфт.

Дар посух ба ин суол, ки кай парвозҳои доимӣ байни Русия ва Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, сафорат посух дода аст, ки бар асоси қарордоди ширкатҳои ҳавопаймоии байни ду кишвар парвозҳои доимӣ байни Маскав ва Душанбе дар ҳафта ду маротиба, рӯзҳои ҷумъа аз 2 апрел ширкати ҳавонавардии “Ютэйр” ва рӯзҳои сешанбе 6 апрел ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” роҳандозӣ мешаванд ва дар оянда шояд ба тедоди парвозҳо афзуда шавад.

Ба навиштаи ин сомона ҳар шахрванд метавонад аз ин парвозҳо байни Душанбе-Маскав истифода намояд, касоне, ки дар Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд ва хамчунин шаҳрвандони Русия низ.

Ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки хулосаи аслии ташхиси тиббиро ба забони русӣ дар мавриди набуди строяти корновирус на пештар аз се рӯз омадан ба Маскав пешниҳод кунад.

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон тирпарронӣ шудааст

0

Бино ба маълумоти расман тасдиқнашуда дар Бадахшони Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон тирпаронӣ сурат гирифта, нуҳ тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон захмӣ шудаанд, ки дар байнашон ноболиғон низ ҳастанд.

Як сокини Бадахшон дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ давоми се рӯз мешавад, баста аст. Ва роҳ байни Дарвозу Ванҷ низ банд буд.

Тибқи гузориши манбаъ, “аз тарафи Афғонистон минтақаи марзии Тоҷикистон мавриди гулӯлаборон қарор гирифта, ҳудуди нӯҳ тан аз шаҳрвандони мулкии Тоҷикистон захмӣ шудаанд, ки дар байнашон афроди ноболиғ ҳам ҳастанд”.

Манбаъ афзуд: “Имрӯз бошад дар даромадгоҳи ноҳияи Ванҷ сангпораи калоне дар сари роҳи мошингард ғалтида даҳҳо мусофир ва худравҳои боркаш инак чанд рӯз дар байни оташу санг гир мондаанд”.

Аммо ин хабар то ҳол аз ҷониби ду кишвар расман шарҳ дода нашудааст. Ва сабабу омилони ин тирпаронӣ ҳанӯз маълум нест.

Тасдиқи хабар аз дигар манобеъ барои “Аздо тв” муяссар нашуд. Дар сурати дастрасӣ ба маълумоти тоза дар ин бора хабар такмил меёбад.

БАОР: рушди иқтисод дар Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст

0

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дар бораи оқибатҳои пандемия дар соли 2020-ро барои иқтисоди кишварҳои узви ин Бонк – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон гузориш нашр кардаанд.

Ба навиштаи “Asia-Plus” дар гузориши таҳлилӣ гуфта мешавад, суръати имконпазири рушди иқтисод дар аксари кишварҳои минтақа ба андозаи 0,5-1 дарсад ба сатҳи то пандемия коҳиш ёфта.

Гуфта мешавад, ки коҳиш ёфтани рушди иқтисоди кишварҳои узви Бонк дар шароити таъсири манфии пандемия ба рушди сармоягузорӣ, инчунин вазъи захираҳои корӣ ба вуҷуд омадааст.

Инчунин таҳлилгарон гуфтаанд, ки агар рушди иқтисодӣ дар ҳама кишварҳои узв камтар шуда бошад, дар Тоҷикистон “танҳо ба таври назаррас суст шудааст”.

Коршиносони ин Бонк коҳиши фаъолмандии кориро ба сустшавии талаботи дохилӣ ва беруна, поинравии нархҳо ба молу маҳсулоти энергетикӣ, бад шудани рӯҳия дар тиҷорат ва маҳдудиятҳо дар истифодаи нақлиёт рабт додаанд.

Бино ба арзёбии мутахассисони Бонк, тадбирҳои дастгирии аҳолӣ ва тиҷорат аз ҷониби давлат имкон дод, ки аз оқибатҳои бештар назарраси манфӣ пешгирӣ шавад.

Соли 2020 ҳаҷми ММД Тоҷикистон ба 82,5 млрд сомонӣ (7,9 млрд доллар) баробар шуд, ки 2,5% -и он 2,1млрд сомонӣ (200 млн доллар бо қурби миёнаи соли 2020)-ро ташкил медиҳад. Рушди воқеии ММД Тоҷикистон дар соли 2020 аз 7,5%-и соли 2019 то ба 4,5% дар соли 2020 поин рафт.

Мувофиқи пешгӯиҳои БАОР, соли 2021 рушди ММД Тоҷикистон 6,1%, Арманистон – 4,9%, Қазоқистон – 4,4%, Қирғизистон – 7,3% ва Русия – 3,2%-ро ташкил хоҳад дод.

Лату кӯб шудани як муҳоҷир аз ҷониби кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав (Видео)

0

Бино ба иттилои корбарон, рӯзи гузашта як ҷавони тоҷикро дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав кормандони он мавриди лату кӯб қарор доданд.

Гуфта мешавад, рӯзи гузашта иддае аз шаҳрвандони тоҷик назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ омаданд то эътирози худро аз боздошти Иззати Амон ба гуши мақомот бирасонанд. Аммо маъмурони пулис ҳамаи онҳоро боздошт ва ба шуъбаҳои минтақавӣ бурданд. То ҳол тақдири онҳо норӯшан боқӣ мондааст.

Муҳоҷирони муътариз навореро ба “Аздо тв” ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад, як ҷавонро, ки дирӯз (29.03.2021) дар назди сафорати Тоҷикистон на ҳамчун эътироз баро озодии Иззат Амон, балки барои тартиби аснодаш ба сафорат муроҷиат кардааст, кормандони сафорат ӯро зери мушту лагад қарор додаанд. Ба гуфтаи худи ӯ ба хотири ришаш ӯро чаҳор корманди сафорат лату кӯб кардаанд.

Ба гуфтаи худи наворбардорон, гӯё кормандони сафорат ин ҷавони тоҷикро барои дашном доданаш лату кӯб кардаанд, аммо худи ҷавон инро рад мекунад. Ин ҷавон мегӯяд, ки ӯро ба хотири ришаш задаанд. Дар мавриди лату кӯб шудани ин ҷавон то ҳол назари ҷониби сафорат дастарс нест ва маълум нест, ки ӯро кормандони сафорат чаро ва бо кадом асос задаанд.

Ин бори аввал нест, ки ҷанҷол ва муноқиша дар назди сафорати Тоҷикистон рух медиҳад. 24 сентябри соли гузашта низ як шаҳрванди Тоҷикистон ду корманди сафоратро лату кӯб карда буд. Он замон сабаби муноқишаро рафтори дағалонаи кормандони сафорат арзёбӣ карда буданд. Аммо баъдтар корманди сафорат будани лату кӯбшудаҳо рад шуд.

Соли гузашта дар авҷи интишори пандемия ва навбатпоии муҳоҷирон барои сабти ном шудан дар парвозҳои чартаерӣ барои баргаштан ба ватан низ чунин ҳодисае зиёд расонаӣ шуда буд.

Дар Тоҷикистон ташхиси коронавирус боз пулакӣ шуд

0

Дар Тоҷикистон аз ин ба баъд меҳмонон ва сокиноне, ки мехоҳанд ба хориҷи кишвар сафар кунанд, 120 сомонӣ барои ташхис аз каронавирус пардохт мекунанд.

Бояд гуфт, ки моҳи декабри соли 2020 баъд аз ба қайд гирифта нашудани беморони COVID-19 дар Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Тоҷикистон фармон дода буд, ки ба ҳамаи сокинон дар озмоишгоҳҳои кишвар ба таври ройгон ташхиси каронавирус (ПЦР) гузаронида шавад.

Аммо бо гузашти беш аз як моҳ 12 январи соли ҷорӣ озмоиши коронавирус дубора пулакӣ шуд.

Абдумавлон Абдуллозода, сардори Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд дар суҳбат ба “Sputnik” гуфт, ташхиси пулакӣ ба онҳое, ки азми сафар ба хориҷаро доранд дахл дорад ва ба онҳое, ки дар дохили кишвар қарор доранд ва мехоҳанд аз вазъи саломатии худ огоҳ бошанд, гирифтани ташхиси коронавирус ройгон аст.

Агар дар озмоишгоҳҳои давлатӣ нархи ташхис 120 сомонӣ бошад, ташхиси коронавирус дар ширкатҳои хусусӣ, аз ҷумла “Луқмони Ҳаким” ва “Диамед” 160 сомонӣ мебошад. Ин намуди ташхис дар озмоишгоҳҳо аз луоби даҳон гирифта мешавад ва давоми 6-8 соат муайян шуда, давоми 72 соат ва ё 3 шабонарӯз эътибор дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сар аз 1-уми апрел парвозҳои мунтазам байни Русия ва Тоҷикистон барқарор гардида, барои муҳоҷирони меҳнатӣ бо худ доштани варақаи ташхиси коронавирус ҳатмӣ мебошад.