13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 608

Истирдоду ҳабси Иззат Амон чиро бармало сохт?

0

Ончики бо Шарофиддин Гадоев рух дод, дар аввал гуфтанд, ки бо хоҳиши худ ва пои худ омадааст, вале баъди раҳосозии шармандаворашон дигарбора ба сақату дашноми ӯ шурӯъ карданд, дар қазияи Иззат Амон такрор намешавад. Зеро Иззат Амон мақоми паноҳандагии кишвари урупоиро надорад ва вазири хориҷии Русия ба мисли вазири хориҷии Ҳуланд барои озодсозии ӯ қасди анҷоми сафар ба Душанберо намекунад.

Балки ин русҳоянд, ки як шаҳрванди тоҷиктабори худро бо ду дасти адаб ба Тоҷикистон супориданд. Русия ин корро аз ин пеш ҳам карда буд, ки намунаи он сарнавишти Каромат Шарифов аст. Ӯро ҳам русҳо ҳамин тавр ба дасти ҳукумати Тоҷикистон  доданд.

Инки мақомоти тоҷик Иззат Амонро барои қаллобӣ, яъне гирифтану пулҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия муттаҳам эълон кардаанд, танҳо оғози кор аст. Иттиҳомоти сангинеро бори ӯ мекунанд ва аз навиштаҳои “фермаи ҷавоб” бармеояд, ки ӯро дар ҳамкорӣ бо мухолифин ва аз ҷумла ҲНИТ айбдор карданианд.

Барои хадамоти амниятиву интизомии Тоҷикистон “гапзанон” кардан бо ҳамтоёни худ дар Русия дар мавриди ҳар нафар тоҷике, ки бихоҳанд аз Русия бигирандаш ягон мушкил пеш намеояд. Дар Русия низ коррупсия то шохаҳо ва зинаҳои болоӣ, ки метавонанд тасмим бигиранд, нуфуз кардааст. Вақте Иззат Амон дар муроҷиати видеоияш ба Путин мегӯяд, ки ӯро афрод ва гурӯҳҳое аз чанд вақт ба ин тараф таъқиб мекарданд ва бар сари ӯ муомилаҳое дорад анҷом мешавад, ӯ воҳима накардааст, балки айни ҳақиқатро гуфтааст.

Вагарна чаро додгоҳи Твери Маскав бидуни онки худи Иззат Амонро даъват бикунад, мурофиаро дар ғоиби ӯ баргузор намуда ӯро барои надоштани патент (?) муҷрим мешиносад? Агар рӯи ин масъала жарфтар мутаваҷҷеҳ бишавем, боз чӣ қонуншиканиҳое ошкор мешавад? Ончики дар Маскав бо Иззат Амон гузашт, наметавонад кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инҷо кори гурӯҳи муташаккили ҷиноиро анҷом додаанд.

Дар ҳеҷ як гӯшаи дунё чунин мурофиа доир намешавад, ки шаҳрванди ҳозирро ғоибона, яъне бидуни даъват ва овардан ба толори додгоҳ ва ҳузури шахсии вай муҳокима намоӣ. Дар мурофиаи додгоҳӣ, ки гӯё додгоҳи Твери Маскав рӯзи 4 март анҷом додааст, на Иззат Амон, на адвокат ва ҳатто маълум нест, ки на даъвогар ҳузур доштанд. Касе намедонад, ки кӣ ва ё кадом ниҳоди давлатӣ алайҳи Иззат Амон иқомаи даъво кардааст? Чунин муҳокима ва мурофиаи додгоҳӣ наметавонад эътибори қонунӣ дошта бошад ва дар чунин ҳолат мебоист додрас замони баргузориро мавқуф мегузошт.

Нуктаи дигар ин аст,  ки баррасӣ дар додгоҳ рӯзи 4 март оғоз ва худи ҳамон рӯз ҳукм содир шудааст. Чи гуна додрас асноди воридшударо тӯли чанд соат хонда ва бидуни баҳсу баррасӣ ва шунидани фикру андешаи тарафҳои мурофиа қарор содир кардааст? Чунин навъи муҳокимаро ҳам наметавон дар ҷойе дигар суроғ дошт. Чи водор кардааст додрасро, ки ба ин оҷилӣ ва суръати кайҳонӣ ҳукм содир кунад?

Тарафи айбдоркунанда кӣ буд ва кадом ниҳод дар асноди шаҳрванди Русия Иззат Амон хатоӣ пайдо карда ва ба додгоҳ бо далелу мадрак муроҷиат кард? Ба ҷуз аз худи додрас дар додгоҳ киҳо иштирок карданд? Додгоҳи ноҳияи Твер фаъолияти кории Иззат Амонро ғайриқонунӣ донистааст, чунки вай патент надоштааст. Аммо ӯ шаҳрванди Русия аст ва патент зарурат надорад.

Дар ҳоле, ки мақоми шаҳрвандии шахсро танҳо додгоҳ ва он ҳам дар асоси даъвои мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ лағв мекунад, кадом қарору кадом додгоҳе, ки шаҳрвандии Иззат Амонро бекор карда бошад, доир нашудааст ва дар ин бора кадом ҳуҷҷату санаде ҳам касе дар даст надорад. Ҳатто агар ҳам, ки шаҳрвандии ӯ ҷаълӣ буд, қалбакӣ будани шаҳрвандӣ ва шиносномаи русии ӯ мавриди муҳокимаи кадом додгоҳе қарор нагирифтааст.

Инҷо ҳам номаълум боқӣ монда аст, ки чӣ ниҳоде барои лағви шаҳрвандии русии Иззат Амон санад сохта аст ва бар асоси кадом ҷурм? Дар ҳоле, ки барои дарёфти шиноснома ва мақоми шаҳрвандӣ чандин ниҳод хулоса ва назар медиҳад, номаълум аст, ки дар як тарфатулъайн болои ин ҳама хат зада мешавад.

Бо нишон додани ин ҳама ҷараёноти машкук ва мармузи ба ном ҳуқуқӣ метавон ба ин натиҷа расид, ки Иззат Амон дар пайи муомилаҳои пасипардагии хадамоти махсуси Тоҷикистон ва Русия ихроҷ ва дастгир шудааст.

Чуноне дар фавқ ишора кардем ҳоло ин “фермаи ҷавоб” аст, ки талош дорад ҳам ҷойи мақомоти Тоҷикистон ва ҳам ҷойи Русия болои оташи ошӯбу қиёми мардумӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ об бизанад.

Дар навиштаҳои онҳо Иззат Амон на танҳо қаллоб, балки иғвогар, даъвогари ҳукумат, ҳамкору шарики террористҳо, одами ҲНИТ дар Русия, пайрави фирқаи аҳмадия, мехост ҳизб созад ва ғайраву ғайраҳо муаррифӣ мешавад. Яъне талош доранд, ки чеҳраи ӯро сиёҳ созанд ва бадном ҷилва диҳанд. Аммо воқеият ин аст, ки боздошт ва ҳабси ӯ боиси хашму ғазаби ҳазорон ҳазор тоҷики муҳоҷир дар Русия шудааст ва онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ садои эътирози худро баланд карда истодаанд.

Эътирозу нороҳатии мардум дар дохили Тоҷикистон ҳам возеҳу рушан аст ва афзун бар ин созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои машҳури ғайри тоҷик ҳам ин амали Русия ва Тоҷикистонро ва бахусус ҳукумати Русияро таҳти тозиёнаи танқид қарор дода истодаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон шояд бо бурдани Иззат Амон зӯри бозу ва қудрати худро нишон дод, ки дасти дароз дорад ва нишон дод, ки бо русҳо хеле ҳам наздик аст ва талабу хоҳиши ӯро рад намекунанд. Аммо бори дигар мардуми одӣ ба ин чиз муътақид шуд, ки ин ҳукумат ва шахсан Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ дар пушти ӯ намеистад, балки нафарҳоеро, ки ба таври худрӯй ва худҷӯш дар ҳифзу ҳимояти ҳуқуқҳои ҳамватанони дар Русия кору пайкор мекунанд, хуш надорад ва имкони кору амал намедиҳад.

Раҳмон аз ҳар нафаре, ки исми ӯ дар даҳонҳо меуфтад ва шахсият мешавад рашк мекунад ва дар ӯ рақиби худро мебинад. Барои ҳамин бастану бурдани ҳабси Иззат Амон нишонаи қудрат ва зӯри ӯ нест, ин нишонаи тарс ва заъфи ӯ аст.

Аз сӯи дигар, русҳо ҳолати воқеии Тоҷикистон ва Раҳмонро хуб медонанд. Медонанд, ки Раҳмон дар байни мардуми тоҷик эътибор ва ҷонибдор надорад. Хуб медонанд, ки Раҳмон ва ҳокимияти хонаводагии вай кайҳост, ки мавриди нафрати мардум қарор гирифтааст ва ҷомеаи Тоҷикистон мунтазири фурсати муносиб аст то сухани охирини худро ба ӯ ва ҳокимияти хонаводагиаш бигӯяд.

Барои ҳамин афроде мисли Иззат Амонро, ки миёни ҷомеа нуфуз ва обрӯ дорад, таслими Раҳмон карда аз як сӯ ӯро бештар вобаставу мутеъ ва мадюн месозад, аз сӯи дигар руҳияи бадбинии ӯро миёни мардуми тоҷик бештар тақвият дода заминаро барои хезишҳои мардумӣ фароҳам месозад.

Вагарна агар Русия ба ҳарфу дархости Раҳмон бародарона ва ҳамчун шарики роҳбурдӣ лаббайк мегуфт, илтимосу таваллои сесолаи Раҳмон барои афви 270.000 тоҷики депортшударо ба инобат мегирифт ва Путин посухи табъи дили Раҳмонро медод ва ё инки барои ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳҳоро боз карду барои Тоҷикистон ҳамоно диранг дорад, ҳатто донишҷӯёни тоҷикро, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд иҷозаи идома таҳсил намедиҳад, чӣ расад ба моҷароҳои баҳси марзӣ бо Қирғизистон ва пӯшонидани сарҳад аз тарафи ин ҳамсоя, ки Раҳмон ва дору дастааш дар пушти ин ҳама зӯргӯиҳои Қирғизистон нафаси Русияро мешунаванд.

Аммо қазияҳои Шарофиддин Гадоев ва Иззат Амон ин паҳлуи масъаларо ҳам бармало кард, ки як инсон новобаста аз ирқу дину нажоду миллату забун дидгоҳу мавқеи иҷтимоиаш дар Аврупо чӣ қадру арзише дораду дар Русия чӣ манзалате?

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Байни Тоҷикистону Афғонистон роҳи оҳан боз мешавад

0

Имрӯз 30 март Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси нуҳуми “Қалби Осиё-раванди Истанбул”, ки дар Душанбе баргузор гашт, суханронӣ намуда, аз раванди сулҳи байниафғонӣ пуштибонӣ намуд.

Ӯ дар бораи таҳкими равобити ду кишвар, рушди тиҷорату бунёди роҳҳо барои осон гардонидани интиқоли коло таъкид кард. Дар ин замина афзуд, ки ба зудӣ роҳи оҳан байни Тоҷикистону Афғонистон кушода мешавад.

Ӯ гуфт, “Дар ин робита, барои ҳарчи зудтар татбиқ намудани лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, аз ҷумла бунёди қитъаи роҳи оҳани Румӣ-Панҷи Поён-Шерхон Бандар талош карда истодаем.”

Раҳмон пешниҳод кард, ки он ба як ҷузъи роҳи оҳани байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон табдил ёфта, ба долони байналмилалии нақлиётии “Шимол- Ҷануб” пайваст шавад.

Инчунин Раҳмон ба истеҳсоли нерӯи барқ ишора карда афзуд, ки Тоҷикистон қасд дорад истеҳсоли нерӯи барқро ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа дучанд афзоиш диҳад.

“Тоҷикистон ҳамасола нерӯи барқро дар ҳаҷми аз 1 то 1,5 миллиард киловатт/соат (КВТ/С) ба Афғонистон интиқол медиҳад. Тайи даҳ соли охир аз ҷониби мо ба ин кишвари ҳамсоя зиёда аз 10 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ таҳвил гардидааст.”

Нишасти кории Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

0

Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати ҶТ нишасти корӣ баргузор кард, ки дар ҷараёни он масъалаҳои барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуданд.

Охири ҳафтаи гузашта Русия эълом кард, ки парвозҳои муқаррарӣ бо Тоҷикистон аз 1 апрел аз сар гирифта мешаванд ва  як парвоз дар як ҳафта дар масири Душанбе-Маскав-Душанбе сурат мегирад

Дар ҷаласаи корӣ директори Агентӣ Икром Субҳонзода, намояндагони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Сомон Эйр ва ширкати ҳавопаймоии Utair-и Русия дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Зимни ин нишаст Икром Субҳонзода қайд кард, ки вазъи эпидемиологии марбут ба COVID-19 дар Тоҷикистон ба эътидол омадааст, ки барои барқарор кардани парвозҳои доимии байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар ҷаласаи корӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ хоҳиш карда шуд, ки ба болоравии беасоси нархи чиптаҳои ҳавопаймо роҳ надиҳанд ва арзиши чиптаҳоро бо назардошти вазъи иҷтимоии шаҳрвандон дар доираи арзиши аслӣ ба танзим дароранд.

Ҳамзамон аз ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дархост карда шуд, ки сатҳи зарурии хидматрасонӣ ба мусофиронро таъмин намуда, барои бозхондани кормандон аз рухсатии бемузд чораҳои зарурӣ андешад.

Тибқи талабот  мусофирони хатсайрҳои Душанбе-Москва-Душанбе ва Москва-Душанбе-Москва бояд қоидаҳои санитарию гигиениро риоя намуда ва пеш аз парвоз онҳо бояд ташхиси ПЦР-ро бо натиҷаи манфии на дертар аз 72 соат дошта бошанд.

Ёдовар мешавем, ки 20 марти соли 2020 Тоҷикистон дар робита бо пандемияи коронавирус тасмим гирифт, ки ҳаракати ҳавоӣ бо дигар кишварҳоро муваққатан боз дорад.

Дар ҳоли ҳозир байни Тоҷикистон ва Русия  парвозҳои чартерии ширкати “Сомон Эйр” -и Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоии Русия амал мекунад.

Вокуниши Э.Лемон ва Шефченко ба боздошти Иззат Амон

0

Дар пайи боздошти Иззат Амон ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон чанде аз намояндагони созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар вокуниш намуда, боздошти ӯро маҳкум ва талаби озодияшро карданд.

Синат Султаналиева, намояндаи Дидабони Ҳуқуқи Башар дар Осиёи Марказӣ дар Твиттераш менависад:

“Идомаи саркӯби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳамкории Русия хилофи ҳама конвенсиюнҳои ҳуқуқи башари СММ мебошад, ки аз сӯи Тоҷикистон эътироф шудааст. Дар остонаи нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ҷиҳати баррасии давраии ҳуқуқи башар дар соли 2021, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба Тоҷикистон фишор ворид кунанд то ҳамаи зиндониёни сиёсиро озод кунад ва аз таъқибу фишори дигарандешон (фаъолон) даст бардошата, Иззат Амонро низ озод кунад”.

Ҳамчунин Эдвард Лемон, устод Донишгоҳи Буш дар ш. Вашингтон боздошт ва истирдоди Иззат Амонро як мавриди дигаре аз “саркӯби бешармонаи” фаромиллӣ номид.

Э.Л иттиҳомоти ворида бар Иззат Амонро дорои ангезаи сиёсӣ номид ва гуфт, оқои Амон мудофеи сарсахти ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик ва донишманде аст, ки дар конфронсоҳои гуногуне дар бораи муҳоҷират дар Урупо ширкат карда ва мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин Максим Шевченко, сиёсатмадори маъруфи рус, узви Шӯрои назди раисҷумҳури Русия оид ба ҳуқуқи инсон ва вакили Маҷлиси вилояти Владимир низ дар барномаи ютубияш “Итоговый стрим” аз Иззат Амон, раҳбари “Маркази тоҷикон”, ки рӯзи 23 март дар Маскав боздошт ва нопадид шуд, ҳимоят кард. Ӯ аз ҳукумати Русия талаб намуд билофосила шаҳрванди ин кишварро аз Тоҷикистон баргардонад.

Иззат Амон яке аз чеҳраҳои маъруфи тоҷик дар Русия аст, ки аз соли 2000 дар Маскав кору зидагӣ мекунад ва солҳост аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекунад. Ӯ ба мақсади кумак расондан ба муҳоҷирон марказеро бо номи “Маркази тоҷикон” кушод ва аз номи он ба муҳоҷирон ёрӣ мерасонд.

Хусусан муҳоҷироне, ки мефавтиданд, талош мекард ҷасадҳои онҳоро тариқи марказаш ва бо кумаки хайрхоҳон ба Ватан фиристад. Ӯ пештар ҳам навишта буд, ки аз сабаби зиёд дидани ҳолатҳои маргу мири муҳоҷирон хаста шудааст ва мехоҳад марказашро бибандад.

Моро тоҷикони худамон фурӯхтанд. Боздошти муҳоҷирони мӯътариз дар Маскав

0

Мақомоти интизомии Русия як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷикро, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ омада буданд, боздошт кард. Як муҳоҷир, ки дар байни боздоштшудаҳо қарор дорад ба “Аздо ТВ” навореро аз дохили мошини пулис ирсол намуд, ки дида мешавад, пулиси Маскав 6 нафар муҳоҷири тоҷикро боздошт намуда ба шӯъбаи пулис мебарад.

Дар навор шунида мешавад, ки ин муҳоҷирон бо нишони эътироз барои озодии Иззат Амон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ омада буданд. Ин муҳоҷир мегӯяд, “моро тоҷикони худамон фурӯхтаанд ва пулис омада боздоштамон кард”.  

Дар идомаи ин наворҳо дида мешавад, ки ин гурӯҳи муҳоҷиронро ба шӯъбаи пулис овардаанд. Ба иддаои ин муҳоҷир ҳудуди 12 тоҷиқ боздошт шуда, бозпурсӣ мешаванд. Тақдири муҳоҷирони боздоштшуда то ҳол рӯшан нест.

Инчунин навори тозае ба дасти “Аздо тв” расид, ки гуфта мешавад, як ҷавонро, ки имрӯз дар назди сафорати Тоҷикистон на ҳамчун эътироз баро озодии Иззат Амон, балки барои тартиби аснодаш ба сафорат муроҷиат кардааст, кормандони сафорат ӯро зери мушту лагад қарор додаанд. Ба гуфтаи худи ӯ ба хотири ришаш ӯро чаҳор корманди сафорат лату кӯб кардаанд.

Ҷузъиёти ин хабар бо навораш баъдтар нашр мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Иззат Амон раиси “Маркази тоҷикон”, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 24-уми март боздошт шуда буд. Баъдан Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 27 март гузориш дод, ки Иззат Амон дар Душанбе аз ҷониби ин ниҳод боздошт шуда нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудааст.

Сафари ҳайати Украина ба Душанбе

0

Бори аввал бо даъвати расмии Тоҷикистон ҳайате аз Украина иборат аз муаллимон аз донишгоҳҳои ин кишвар бо сарварии вазири маориф Сергей Шкарлет ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Тибқи хабари “Азия плюс” дар ин ҳайат, ки 30 март ба Душанбе меояд, беш аз 80 нафар аз ректорони донишгоҳҳо аз манотики мухталифи ин кишвар шомиланд.

Мақсади ин сафар баргузории форуми таълимӣ “Дар Украина мехонем” (Study in Ukraine) мебошад.

Дар ин форум вазирони маорифи Тоҷикистон ва Украина, раҳбарони донишгоҳҳои ҳарду кишвар ширкат меварзанд.

Бар асоси ин барнома гузаронидани намоишгоҳи таълимӣ “Study in Ukraine”ки аз 30 март то 4 апрел доир мегардад, мадди назар аст.

Бар асоси ин форум ҳамчунин вохурии хатмкардагони донишгоҳҳои Украина, ки дар ҳама ҷанбахо дар Тоҷикистон кору фаъолият доранд баргузор мешавад. Ин вохури 30 март дар Донишгоҳи Аграрӣ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доир мегардад.

Қирғизҳо Ворухро гирифта бар ивазаш аз Бодканд замин доданиянд? (Видео)

0

Ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шуда, то ҷазирақаламрави Ворухро ба Қирғизистон бидиҳад ва дар ивазаш 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигирад. Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба хабарнигорон гуфт.

Тошиев, ки дар раъси ҳайати давлатии музокироти масоили сарҳадӣ бо Тоҷикистон қарор дорад, дар нишасти хабарие рӯзи 26-уми март гуфт: “Масъалаи асосӣ Ворух аст”.

Ба гуфтаи ин мансабдорои воломақоми Қирғизситон ин кишвар ҳоло бар асоси қонун, сарҳадҳои Ворухро андоза мегирад, то бузургтар нашавад. Аз тариқи қаламрави худ ба ворухиҳо фақат барои истифода як роҳ медиҳанд, то гузашта тавонанд.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд:

“Пешниҳоди дуввум сахттар аст. Мо омодаи иваз кардани Ворух ҳастем. Агар онҳо ин қаламрав бо масоҳати 12 ҳазор гектарро ба мо диҳанд, мо омодаем 12 ҳазор гектар аз дигар ноҳияҳои вилояти Боткандро ба онҳо диҳем. Мо ҳатто феҳрасти ин қитъаҳоро ба онҳо додем, вале тарафи Тоҷикистон ҳоло ба мо ҷавоб надодааст.”

Ҷамоати Ворух дар ноҳияи Исфара бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст ва дар ин минтақа бисёре аз гӯшаҳои марзи ду кишвар аломатгузорӣ нашудааст. Чизе, ки пайваста боиси ҷанҷоли сокинони ду тараф мешавад.

Барои ҳалли ин масоил музокирот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 15 то 18 март дар ш.Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид ва ба фарқ аз музокироти қаблӣ ин гутфушунид зери раҳбарии масъулони КДАМ-и ин ду кишвар доир шуд.

Ба назари коршиноси “Аздо ТВ” Сорбон Азимӣ, он музокирот чи натиҷа ба бор овард ва ҷониби Тоҷикистон то куҷо муваффақ барои иҷрои рисолаташ шуд, номаълум аст. Вале аз он ҷиҳат ки сокинони Қирғизистон дар заминҳои деҳоти наздимарзии Тоҷикистон, аз ҷумла Ворух ба шинонидани ниҳол шурӯъ кардаанд, бармеояд, ки қирғизҳо бартарии худро пинҳон намекунанд, гап дар сари он меравад, ки Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва раҳбари ҳайати гуфтушуниди ин кишвар қаблан бо нақзи тамоми муқаррароти байналмилалӣ ва урфи мулкдориву ҳусни ҳамҷиворӣ дар як сӯҳбати матбуотиаш вуҷуди Тоҷикистонро ба ҳайси як давлат ва мамлакат таҳти суол гузошта ва гуфта буд, ки кишвари Тоҷикистон дар хоки ду кишвар Узбакистон ва Қирғизистон ташкил шудааст. Ӯ гуфта буд, ки навоҳии Лахш, Мурғоб, Ҷиргатол ҳамагӣ қаламрави Қирғизистон ҳастанд, ки дар даврони шӯравӣ ба Тоҷикистон ворид карда шудаанд.

Ба гуфтаи коршинос Роҳбарии ҳайати музокиротии Қирғизистонро бар ӯҳдаи чунин шахсе, ки ҳатто вуҷуди Тоҷикистонро ба ҳайси як давлат таҳти савол қарор додааст, нишонаи он аст ки кишвари ҳамсоя ба ҳеҷ ваҷҳ мусолаҳа ва мудоро ва гузашт карданӣ нест.

Аммо суоли асосӣ, дар моҷарои баҳсҳои марзии Тоҷикистон бо Қирғизистонро ин аст, ки Тоҷикистон чи муттаҳамие ва ё вобастагие аз Қирғизистон дорад, ки мегузорад дар ҳақаш ин ҳама таҳоҷум ва ҳамалоти лафзӣ анҷом дода шавад? Ва ё инки Тоҷикистон дар баробари Қирғизистон нотавон аст ва дар он ҳадду мавзеъе қарор надорад, ки посухи сазовор бидиҳаду аз худ дифоъ кунад?

Коршиноси мо бар ин назар аст, ки бастани марзҳои Қирғизистон ба рӯи Тоҷикистон тайи ду се ҳафтаи ахир қимати колоҳо дар Тоҷикистонро ба ҳадди ташвишовар боло бурд. Худи ҳамин ҳолат нишон дод, ки Тоҷикистон то чӣ ҳад аз Қирғизистон вобаста аст. Ва нуктаи дигар ин аст, ки ҳамин чанд ҳафта баста шудани марзи Қирғизистон ба рӯи Тоҷикистон маълум кард, ки омору арқоми Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар робита ба воридоти молу маҳсулот аз Қирғизистон ба Тоҷикистон аз воқеият фарсахҳо дур аст.

Гузашта аз ин ҳаҷми воридоти молҳои қочоқӣ – контрабанда тавассути марзи ин кишвари ҳамсоя ба ҳадди боварнакарданӣ бузург аст.

Ба гуфтаи Азимӣ нафарони асосии манфиатбар аз ин марз, яъне контрабандистони асосӣ домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва сабаби асосии муттаҳамиву забонкутаҳии ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон дар баробари Қирғизистон ҳамин аст. Чизе, ки дар нишасти хабарӣ худи Қамчибек Тошиев болои он таъкид кард ва он ҳам қочоқи мол аз марзи ду кишвар.

“То замоне, ки мо масоили марзиро бо Тоҷикистон ҳал накунем, мо қочоқ, ё воридоту содироти ғайриқонии мол аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ё баръаксро манъ мекунем. Мо аз тамоми васоил ва имконоти худ истифода мебарем, то молҳои қочоқӣ, асосан аз тарафи мо нагузаранд. Агар аз тарафи Тоҷикистон ҳам хоҳанд, ки моли қочоқиро биёранд, мо пеши роҳашро мегирем. То ҳол мо қочоқи молу маҳсулотро нодида ва ё ҷиддӣ намегирифтем, вале аз ин баъд намешавад. Масалан ҳоло дигар ба Тоҷикистон як литр маводи сӯхт намегузарад. Аз Тоҷикистон ҳам ба тарафи мо ягон мол намегузарад. Ҳама қонунӣ мешавад. Баъди онки масоили марзиро бо Тоҷикистон ҳал кунем, он вақт сабукӣ мешавад ва корро оғоз мекунем. “, мегӯяд Қамчибек Тошиев раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон

Қарор аст, музокироти навбатӣ дар бораи марз дар шаҳри Бишкек сурат бигирад ва Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале 504 километр марз солҳост, ки таъйину аломатгузорӣ нашудааст.

Мақомоти Қирғизистон баъди сари қудрат омадани президенти нав, Содир Ҷаппаров дигарбора барои ҳалли масоили марзӣ гом ниҳоданд ва ба гуфтаи коршиносон аз ҳамин корти қочоқи колои домодҳои расиҷумуҳри Тоҷиктсон сахт истифода карда истодаанд. Аммо Тоҷикистон дар ивази иҷозаи қоҷоқ ба домодҳои раисҷумуҳр аз баҳри Ворух мегузарад ё хайр дар вохурии баъдӣ маълум хоҳад шуд. Мо аз Муҳиддин Кабирӣ мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пурсидем, ки ин қазия аз назари Шумо ба фоидаи кадом ҷониб меанҷомад ва ба ҷои онҳо агар Шумо мебудед чӣ кор мекардед? Ӯ чунин мегӯяд:

Вазирони хориҷии Туркия ва Эрон вориди Душанбе шуданд

0

Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу рӯзи 28 март вориди Душанбе шуд. Ин мақоми баландпояи Туркия дар сафҳаи твиттерии худ ҳадафи сафараш ба Тоҷикистонро барои ширкат дар нӯҳумин конфронси “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” арзёбӣ кард.

Қарор аст, вазири корҳои хориҷаи Туркия бо ҳамтои тоҷики худ ва инчунин бо раисҷумҳур Эмлмалӣ Раҳмон дар ин сафар дидору мулоқот кунад. Ӯ дар ин бора дар саҳифаи твиттериаш навишт, “Рӯзҳои 28-30 март мо бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот карда, муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун, масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳон баррасӣ хоҳем кард. Инчунин мо бояд бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунем.”

Дар ҳамин ҳол рӯзи шоми якшанбе сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон Саид Хатибзода эълом дошт, ки Ҷавод Зарифӣ вазири хориҷаи ин кишвар низ озими Тоҷикистон мешавад.

“Доктор Зариф барои мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон ва иштирок дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ҳамоиши “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” дар бораи Афғонистон, ки 29-30 март доир мешавад, озими Душанбе хоҳад шуд.”

Давраи нуҳуми нишасти вазирони хориҷии ҳамоиши “Қалби Осиё — Раванди Истанбул”, ки ба мавзӯъи субот ва пешрафти Афғонистон бахшида шудааст, қарор аст рӯзи 30-юми март дар Душанбе оғоз бишавад. Дар ин ҳамоиш вазирони корҳои хориҷии 15 кишвар ва президентҳои Тоҷикистону Афғонистон иштирок мекунанд.

Ҳамоиши аз соли 2011 инҷониб ҳама сола дар ҳар кишваре баргузор мешавад. Илова бар ҳузури вазирони хориҷии 15 кишвар боз намояндагони кишварҳо ва созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок мекунанд ва масъалаҳои сулҳу амният ва рушди иқтисодии Афғонистонро баррасӣ мекунанд.

Никол Пашинян аз мансабаш истеъфо медиҳад

0

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян 28 март дар мулоқот бо сокинони минтақаи Армавири Арманистон эълом дошт, ки моҳи апрел аз мақомаш эстеъфо медиҳад.

Аммо ӯ гуфт, истеъфояш на ба хотири ба куллӣ аз сиёсат рафтан аст, балки барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати парлумонӣ ӯ бояд истеъфо бидиҳад.

“Ман дар моҳи апрел истеъфо медиҳам, аммо на барои он ки мехоҳам биравам, балки барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлат. Дар ин муддат ман вазифаи сарвазирро иҷро хоҳам кард”, – гуфт Пашинян.

Акс аз: “verelq.am”

Тавре хабаргузории “Verelq” иттилоъ меидҳад, Сарвазир дар мулоқот бо сокинон муроҷиат карда, гуфта, ки дар сурати дастгирӣ ёфтан аз ҷониби интихобкунандагон, ба кишвар аз пештара ҳам беҳтару хубтар хидмат хоҳад кард. Ба гуфтаи худи ӯ, агар шаҳрвандон аз тими ӯ пуштибонӣ накунанд, дар он сурат қудратро ба дигаре интиқол хоҳад дод.

Интихоботи ғайринавбатии парлумонӣ дар Арманистон қарор аст рӯзи 20 июни соли ҷорӣ баргузор шавад. То он вақт Пашинян ҳамчун сарвазири ҳукумат кор хоҳад кард.

Пас аз даргириҳои қувваҳои низомии Арманистон ва Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ бо миёнҷигарии Русия Арманистон Қарабоғро ба Озарбойҷон супорид ва сокинони арманиро аз онҷо берун овард. Аммо ин кори ӯ мардуми арманро ба хашм овард ва онҳо даст ба тазоҳурот зада истеъфои Пашинянро талаб карданд. Мардум ӯро дар ин қарордод бо Озарбойҷону Русия шикастхӯрда дониста, аз қударат канор рафтанашро талаб карданд.

Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд

0

Субҳи имрӯз 29 март Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ барои иштирок дар давраи нуҳуми конфронси вазирони хориҷии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Ашраф Ғаниро дар Фурудгоҳи Душанбе Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон қарор аст имрӯз дар Қасри миллат президентҳои ду кишвар Афғонистон ва Тоҷикистон бо ҳам дидору мулоқот хоҳанд дошт.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки давоми имрӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар аст.