16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 610

Заминларзаи 4-балӣ дар миқёси рихтер дар Тоҷикистон

0

Субҳи имрӯз Пойгоҳҳои байналмилалии зилзиласанҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларзаи чаҳор балларо ба қайд гирифт. Дар ин бора “Sputnik” хабар дод.

Заминларзаи 4 балла субҳи 25-уми март тақрибан соати 07:10 ба вақти Душанбе ба қайд гирифта шудааст.

Тахмин зада мешавад, ки манбаи заминларза дар умқи 23 километр сар задааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ин бора то ҳол шарҳе надодааст. Дар бораи талафот ва хисорот низ то ҳол маълумоте нест.

Ҳалокати ду зан дар Маскав дар натиҷаи тасодуфи як ронандаи тоҷик

0

Шоми 23 март як мошини сабукрави Мерседес дар чорроҳаи Конаковский ва кӯчаи Пулковскаяи шаҳри Маскав тасодуф кард. Мошини мерседес пас аз бархӯрд бо як мошини дар ҷояшистода ба тарафи пиёдагардон лағжида ду занро пахш кард. Пас аз садама, ронанда аз ҷои ҳодиса ғайб зад.

Он ду зан дар беморхона бистарӣ шуданд, аммо баъдтар ба иллати маҷруҳияти вазнини ҷисмонӣ ҳарду ба ҳалокат расидаанд.

Ронанда пас аз як рӯзи ҳодиса боздошт шуд. Аз гумонбар Ҳусейни Сомон ном бурда мешавад, ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Дар навори бозпурсии ин ҷавони тоҷик, ки аз тарафи ВКД-и Русия пахш шуд, дида мешавад, ки ҷавон ба даст доштанаш дар ин тасодуф эътироф мекунад.

Қаблан расонаҳои русӣ гуфтанд, ронанда машруби алкулӣ истеъмол карда буд, аммо худи ӯ ҳангоми бозпурсӣ инро рад мекунад.

Ҷавони тоҷик ҳангоми бозпурсӣ гуфт, “дар вақти садама тормози мошин аз кор монд, ба мошини сабукрав бархӯрд, сипас лағжид”.

Боздоштшуда изҳор дошт, дар вақти бархурд бо суръати 60-70 км / соат ҳаракат мекардааст. Пас аз садама, ронанда, ба гуфтаи худаш, дар ҳолати шок қарор дошт ва аз тарс таксӣ даъват карда, ҷои ҳодисаро тарк кардааст.

“Ман мехостам худро таслим кунам, аммо хостам аввал ба беморхона равам”, мегӯяд боздоштшуда.

Ба иттилои ТАСС, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 264 қисми 6-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандаи автомобил, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва ё зиёда нафар мегардад) оғоз гардидааст.

Раҳмон, Ятимов ва ҲНИТ

0

Мақомоти амниятии Тоҷикистон барои идомаи мубориза бо ҲНИТ қасд ва нақша доранд, ки тавассути Афғонистон як ҷабҳа-фронти наверо ташкил диҳанд.

Сафарҳои муқаррари раиси КДАМ Тоҷикистон ба Афғонистон ва сафарҳои мақомоти Афғонистон ба Тоҷикистон, аз ҷумла Раиси Вулуси Ҷирга ва сӯҳбатҳои телефонии руасои ҷамоҳири ҳарду кишвар ва бахусус дар ин авохир изҳори назари Аҳмадзиё Сироҷ, раиси Раёсати умумии амнияти миллии Давлати Исломии Афғонистон роҷеъ ба ҳузури “ҷангиёни ҲНИТ” дар қаламрави Афғонистон аз бозиҳои пасипардагие дар созмондеҳии ин ҷабҳа дарак медиҳанд.

Раҳбарияти ҲНИТ дар Аврупо бо интишори як баёнияи расмӣ изҳороти ин мақоми амниятии Давлати Исломии Афғонистонро такзиб кард. Дар баёния таъкид шудааст, ки ин ҳизби сиёсӣ дар ҳеҷ яке аз кишварҳои дунё, аз ҷумла Афғонистон нерӯи низомӣ надорад ва муборизаи ин ҳизб алайҳи режими Душанбе мусолиматомез ва дар чавкоти мавозини байналмилалӣ давом хоҳад кард.

Вале инки як мақоми аршади хадамоти амнияти миллии Афғонистон аз ҳузури ҷангиёни ҲНИТ дар қаламрави ин кишвар сӯҳбат мекунад, танҳо як ҳарфи тасодуфӣ ва бидуни ҳисоб нест. Мусалламан, барои онки як чунин изҳори назар аз забони ин мақоми амниятии Афғонистон берун ояд, сӯҳбатҳое, музокираҳое, муомилаҳое, масъалаҳое, тавофуқоте байни мақомот ва ё шояд мансабдорони алоҳидаи Тоҷикистон ва Афғонистон ба амал омадааст.

Дар ҳоле, ки кадом афрод ва гурӯҳи низомии ҲНИТ вуҷуд надорад, як чунин изҳори назар ба чӣ маъно аст ва чунин баёнияи иғвогарона бар суди кӣ хоҳад буд? Вақте ба ин паҳлуи қазия мутаваҷҷеҳ мешавем, дурусту дақиқ пай мебарем, ки ин мақоми амниятии Афғонистон дар ин ҷабҳаи ташкилдода бар зидди ҲНИТ масъулият ва рисолати вижаеро бар дӯш гирифтааст.

Муддао инҷост ки мақомоти амнияти Тоҷикистон, бахусус тарроҳони барномаҳои берун рондани ҲНИТ аз арсаи сиёсии Тоҷикистон, ки муаллифони Протоколи 32/20 низ ҳамонҳоянд, ҳоло ҳам аз ҳадафи асосии худ, шомили листи гурӯҳҳои террористӣ кардани ҲНИТ даст накашидаанд. Тамоми талошҳо ва барномаҳои дар ин росто иҷрокардаи онҳо, ташкили ба ном ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим, куштори ҷаҳонгардони хориҷии дучархасавор, кушторҳо дар зиндонҳои Душанбеву Хуҷанд, ҳамла ба постгоҳе дар ноҳияи Рӯдакӣ самар надод.

Ҳеҷ яке аз давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилалӣ ҳозир нашуд, пешниҳоди мақомоти Тоҷикистон барои террористӣ шинохтани ҲНИТ-ро қабул кунад ва инак соли шашум аст, ки КДАМ-и Тоҷикистон ва бахусус раиси он тамоми фикру хиёлаш ба ҳамин масъала банд аст, ки чи роҳу усуле ва воситаву василае пайдо кунад, ки орзуи худро амалӣ бисозад. С. Ятимов бо тамоми ҳастӣ захира ва зарфиятҳои давлатро бар муқобала ва мубориза бо ин ташаккули бузурги миллӣ сафарбар карда истодааст.

Аз як сӯ тавассути фермаи ҷавобу навиштани мақолаҳои бемоя ва намоиши филмҳои музҳик дар телевизионҳои кишвар ва бознашру бозпахши онҳо тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет ва аз сӯи дигар бо фишорҳо болои зиндониҳои ин ҳизб ва идомаи зиндонсозиҳои аъзои он ва тазйиқу таарруз ва зӯроварӣ болои наздикони наҳзатиҳои дар хориҷ, аз сӯе ҳам тавассути муколамаву музокара бо мақомоти кишварҳои аврупоӣ барои бозгардонидани онҳо ба ватан ва дар ин авохир тавассути мавъизаҳои намози ҷумъа тамоми талошу кӯшишро барои бадном карани ҲНИТ шиддат бахшида истодаанд.

Аммо чуноне ба назар мерасад, бо ин ҳама зӯргӯиву тарсонидану задану кӯфтану зиндоникарданҳо ҳамоно дилашон ва пушташон хунук намешавад. Чуноне гуфтем, ҳеҷ давлате ва ҳеҷ созмоне ҲНИТ-ро террористӣ ва экстремистӣ намешиносад ва нашинохт.

Аз ҳақ набигзарем, муваффақ шуданд, ки ҳузури расмиву физикии ҲНИТ-ро дар кишвар, барои як фурсат ва як муддат бошад ҳам қатъ кунанд. Вале ҳеҷ яке аз иттиҳому айби боркардаи онҳо болои ҲНИТ ва наҳзатиҳоро ба ҷуз аз худашон касе қабул ва эътироф накард. Балки баракс, СММ, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои абарқудрати олам ба мисли Амрико ҳабси як нафар аз аъзои Раёсати Олии ҲНИТ-ро қонунӣ наҳисобид.

Бо тақозо ва тавсияҳоеҳое ин созмону давлатҳои муътабар раҳоии фаврӣ ва бидуни қайду шарти онҳоро талаб карданд. Яъне ин нишона ва далели муваҷҷаҳи он аст, ки иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон болои ҲНИТ тӯҳмату бӯҳтоне беш нест, кадом ошӯбе дар ин миён набуд ва ин ташаккули милливу мардумӣ кадом коре хилофи қонун анҷом надодааст.

Дигар барои тамоми мардуми тоҷик ва кишварҳову созмонҳои зидахл маълум шудааст, ки ин ҳама ошӯби ҳоҷиҳалимсозиҳову террористнавозиҳои ҲНИТ бо мақсади аз рақиб халос шудан, барпоии ҳокимияти хонаводагиву авлодиву қабилавӣ ва тақвияту таҳкими султа ва бақои як диктатор дар қудрат аст.

Тамоми Тоҷикистонро об бубарад, 2 млн, ки чӣ, 5 миллион аз атбои ин кишвар муҳоҷир ва муздури корӣ бишавад, парво надоранд. Ҳар касе сар боло кард, ҳар касе дар талаби ҳақ уфтод, мегиранду зиндонӣ мекунанд, асос ва муҳим он аст, ки ҳокимият хонаводаӣ ва маврусӣ бишавад ва ин қабила фармонравоӣ бикунанд ва мулку моликиятро аз они худ созанд.

Ба ин ҷиҳат мақомоти бахусус амниятии Тоҷикистон ва шахси раиси он барнома ва нақшаҳоеро барои идомаи торумор ва комилан аз рӯи замин барчидани ҲНИТ рӯи даст гирифтааст, балки дар он барнома ва нақша –чорабиниҳо, ки чанд солест рӯи даст дорад, банду сархатҳои наверо ворид карда истодаанд.

То онҷо ки ҳатто дар ҳамин мулоқот бо шуморе аз маъмурони Иттиҳодияи Аврупо дар чанд рӯзи пеш раиси КДАМ-и Тоҷикистон мусоидат дар бозгардонидани аъзои дар кишварҳои урупоӣ қарордошта ҲНИТ-ро дар меҳвари ин сӯҳбатҳош қарор дода ва онҳоро террорист ва экстремист муаррифӣ кардааст. Бо ин умед ва ният, ки ҳамватан ва ҳаммиллатҳои худро, тоҷикҳои фирории худро аз Аврупо биоварад ва зиндагӣ надиҳад, зиндонӣ кунад. Ҷиҳати анҷоми ин ҳадаф на аз тавтиа ва на аз туҳмат ва на аз дасиса ва на аз фитнаву иғво даст нахоҳад бардошт.

Ин ҳама часпу талошҳои Ятимов гувоҳ аст, ки агар бо тӯҳмату бӯҳтон садҳазор тоҷик террорист шинохта бишавад, бештар хурсанд мешавад. Чунки ният ва орзуи ӯ ҷомаи амал мепӯшад. Маълум нест, ки ин изҳори назари мақоми амниятии Афғонистон бар пояи чи асос ва мадраке садо додааст, вале наметавон тардид накард, ки дар пушти он сабки ҳамин дасисасоз ва фитнагари моҳир намудор аст. Зеро то ҳамин ҳоло ҳеҷ аҳаде аз шумори ҷангиёни тоҷики дар суфуфи гурӯҳҳои мухолиф ба давлати Афғонистон худро аъзо ва ё ҳаводори ҲНИТ нагуфтаанд.

Инки мақомоти афғонӣ чӣ гуна дар шасти мақомоти тоҷик, аз ҷумла амният дармондаанд, инҷо кадом шантаже ҷо дошта бошад ва ё муомилоти пуливу молӣ дар миён аст, ки дертар рӯ хоҳад зад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ин гуна таҷрибаро аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ андӯхтааст. Барои Павел Грачев, вазири мудофиа ва Андрей Козирев, вазири хориҷии Русия дар он солҳо дар Варзоб чи қадар базиҳову “живая музика”-ву духтарҳоро барои истироҳаташон ташкил карда буданд.

Он вақт чунин ҷуръат надоштанд, ки онҳоро пинҳонӣ ба навор гиранду сипас шантаж ва забонкутоҳ созанд. Вале ҳоло ки дар ин корҳо сахт малака ҳосил кардаанд ва шояд ҳам кадом мақоми баландпояи кишвари ҳамсоя дар “наворҳои ташкилӣ” гир уфтода бошад? Вале ба назар мерасад дар ин ҷабҳа – фронти тозаи ташкилкардаашон алайҳи ҲНИТ дар Афғонистон каллаву пӯст хоҳанд зад. Шояд ҳатто чандин афродро бо шиносномаҳои тоҷикӣ дар онҷо “пайдо” кунанд ва аз забони онҳо боз ҳам барои бадном ва сияҳсозии ҲНИТ “улика” ба даст оваранд.

Аммо ин ҳама бозиҳо ва каззобиҳо деру дур пинҳон намемонад ва чизеро иваз нахоҳад кард. Чуноне шаҳид Сайидқиёмиддини Ғозӣ ва домулло Айёмиддинро маҷбур ва ночор карданд, ки аз машқу таълим дар пойгоҳҳои низомии барои тарафдорони Наҳзат дар шаҳрҳои Эрон бигӯянд. Афзун бар ин, чандин сол талош карданд, ки ҲНИТ-ро бо Эрон ва Сипоҳи Посдорони Исломӣ бичаспонанд ва даҳҳо мисолу далелҳои сохтаву бофтаро парванда карда фиристоданд.

Ҳамаро омӯхтанд ва диданд ва тамоман бар хилофи майлу муроди онҳо дар сатҳи ИА, СММ ва давлатҳои алоҳидаи олам ҳамин ҳоло ҳам бо роҳбарияти оппозитсиони дар хориҷ дидору мулоқот анҷом дода мешавад. Як моя ва асоси рашку ҳасодати Раҳмон ва Ятимов аз ҲНИТ ҳамин аст, чун табъан ки аз ин ҳама огоҳ мешавад ва ба хашму ғазаб меояду дарду алам мекашанд. Вале аз сӯи дигар Ятимов ва Раҳмонов бо онки тавонистанд ҲНИТ-ро бишкананд ва мутафарриқ бисозанд хеле по фарохтар гузошта истодаанд ва дигар доранд шердилтар мешаванд. Чунки ҲНИТ ду даҳсола қабл Раҳмон ва дар пушти ӯ Русияро ба зону шинонида буд барои Раҳмонов хеле ҳам арзон ва осон шикаста шуд.

Ин нақша танҳо таълифи стратегҳо ва ястребҳои дохилӣ буд ва ё инки ҳаммуаллифони хориҷӣ дошт, марбут ба пажӯҳандаҳост. Воқеияти имрӯзи кишвар ин аст ки феълан дар баробари Раҳмон дар дохил ҳеҷ нерӯи мухолиф вуҷуд надорад ва ӯ айни фиръавн даъвои худоӣ (муаззам, маҳбуб, роҳнамо, доҳӣ) дорад. Дар ҳамон хутбаҳое, ки тавассути амниятиҳо дар даҳони имомхатибон андохта мешаванд Раҳмонро бо лақабу рутбаҳое ситоиш мекунанд, ки ӯ соҳиби хонаи Худо шудаасту худо дар он “квартирант”, чун исми ӯро аз Худо бештар такрор мекунанд. Вале аз ҷониби дигар ҲНИТ, бо онки шикаста ва мутафарриқ шуд мисли ахгар аз хокистар дигарбора афрӯхт.

ПМТ ва муборизаҳои иттиллоотии он пояҳои ҳокимияти хонаводагиву авлодӣ ва қабилавии Раҳмон ва Ятимовро ба ларза даровардааст. Бахусус, ки иртибот ва пайванди ҷомеаи кишвар, муҳоҷирони корӣ бо онҳо беш аз пеш “оборот” мегирад, Раҳмон ва Ятимовро шадидан нороҳат ва дар ҳолати ҷунун қарор додааст. Гумонашон хато баромад, ки агар ҲНИТ-ро бишкананд нобуд мешавад. Баракс шуд. Махсусан барои Ятимов хеле вазнин афтодааст, ки натавонист нақшаи маҳву нобудии ҲНИТ-ро ба анҷом бирасонад.

Барои ҳамин мисли мурғи посӯхта меравад Афғонистон ва талош мекунад роҳи чорае ёбад. Масъулинеро меҷӯяду пайдо мекунад, ки дар ивази пул ва дигар чизҳо “заказ” иҷро кунанд. Шояд муомиларо бар сари қочоқи маводи мухаддир ва ҳамвор кардани роҳ барои вуруд ва фароҳам кардани тронзити он бошад? Шояд ҳам тиҷоратҳои ғайриқонунӣ ҳаст. Имрӯзҳо ҳодисаи боздошти 90 кг тилло ва 15 миллион доллар, ки гуфта мешавад аз они муовини раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон будааст, ба баҳси муҳимми байни ду давлат табдил шудааст.

Дар ин қазия саволи асосӣ ин аст, ки кӣ мусоидат кард ва дар пояи кадом муомила ин қадар моли миллионҳо долларӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шавад? Магар назорати марз бар дӯши нерӯҳои марзбони КДАМ нест? Дар баробари бозпас гирифтани ин миқдори сарват як изҳороти бардурӯғеро аз забони як масъули амният бар зидди ҲНИТ берун овардан кори душворе нест.

P.S Дар ҳар сурат инҷо аз ин бозӣ боз бозиҳои дигаре дорад зоҳир мешавад. Сафари Ятимов ба Афғонистон ва қиссаи 90 кило тиллову 15 миллион доллар ва ташрифи раиси Вулуси Ҷиргаву муовини он (соҳиби эҳтимолии тилло ва миллионҳо доллар) ва дидору мулоқоташон бо Раҳмон ва дар ин васат эълони ҳузури “ҷангиёни ҲНИТ дар Афғонистон” ҳамагӣ бо риштаҳои нонамоёне ба ҳам гиреҳ хӯрдаанд. Шояд Ятимов ваъда дод, ки агар ҳамин гуна изҳори назар кунед, тиллову миллионҳоятонро бозпас мегиред? Баъид аст, ки афғонҳо бидуни “гарантия”-и аъзои хонаводаи Раҳмон ин миқдор дороиро дохили Тоҷикистон бикунанд. Ва баъид аст, ки ҳамаи ин тиллову доллар танҳо ба як шахси муовини Вулуси Ҷирга тааллуқ дошта бошад.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Ширкатҳои миёнаву хурди Русия аз ҷалби муҳоҷирони корӣ барои сохтмон манъ шуданд

0

Ҳукумати Русия ба тиҷоратҳои хурд иҷозат надод, ки муҳоҷиронро барои сохтмон ҷалб кунанд. Танҳо ширкатҳои калон метавонанд аз онҳо истифода баранд.

Шояд Русия мехоҳад бо ҳамин роҳ шароити кори коргарони кирояро, ки аллакай ба иқтисоди Русия табдил ёфтаанд, назорат кунад. Аммо аз чунин тарзи назорат хавф барои сохтмонҳо вуҷуд дорад.

Ширкатҳои хурду миёнаи сохтмонӣ наметавонанд муҳоҷирони корие, ки аз ҳамсоякишварҳо вориди Русия мешаванд, ба кор ҷалб кунанд. Чунин тавзеҳро Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия дар посух ба дархости Ассотсиатсияи бинокорони Урал дод. Дар ин бора маҷаллаи “Вестник” хабар медиҳад.

Вазорат мегӯяд, он ширкатҳое калон ҳисобида мешаванд, ки ба ҳисоби миёна беш аз 250 корманд дошта, даромади онҳо беш аз ду миллиард рубл бошад.

Аммо маҳз тиҷоратҳои хурд ва миёна аксар вақт бо ҷалби коргарон машғуланд ва ҳамчун ташкилоти пудратии як корхонаи калон фаъолият мекунанд. Аз ин рӯ, маҳдудиятҳо метавонад боиси таъхир дар сохтмон гардад.

Эҳтимол дорад Вазорати сохтмон кӯшиш кунад, ки шароити кор ва ҳифзи саломатии меҳмононро таҳти назорат қарор диҳад, гуфт коршинос оид ба муҳоҷирати меҳнатии маркази “Мемориал” Андрей Якимов дар мусоҳиба бо сомонаи “360”. Ба гуфтаи Якимов ширкатҳое, ки сармояи оинномавии калон доранд, метавонанд ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб дода, муҳоҷиронро бо шароити муқаррарии кор таъмин кунанд.

Ҳамзамон коршинос таъкид кард, ки дар иқтисоди Русия тақрибан дар ҳамаҷо ниёз ба муҳоҷир вуҷуд дорад.

“Ба назари ман акнун ба мо лозим аст, ки марзҳоро оҳиста боз кунем. Муҳоҷирон мунтазири пайвастан ба иқтисоди мо ҳастанд. Ва иқтисодиёти мо ба таври назаррас ғарқ шуд, вақти он расидааст, ки иқтисод рушд кунад. Аз куҷо рушд кардан чандон равшан нест. Азбаски бо роҳи тиҷорат нашуда истодааст, бигзор он бо муҳоҷирон рушд кунад”, – гуфт Якимов.

Ин коршиноси рус илова кард, ки захираҳои меҳнатии Русия дар як қатор соҳаҳо дигар кофӣ нестанд. Ин аз он сабаб аст, ки шумораи зиёди одамон маълумоти олӣ гирифтанд.

Чаро Қирғизистон дар бахши маводи нафтӣ танзим ҷорӣ кард?

0

Муовини сардори Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Қирғизистон Кенешбай Тайлаков имрӯз дар як ҷаласа дар парлумони Қирғизистон гуфт, ки дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Қирғизистон 80% талаботи сӯзишвориро бензини тамғаи 92 ва дизел ташкил медиҳад.

“Имрӯз нархи миёна тақрибан 45 сомро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти охирин, арзишии он бо назардошти тамоми хароҷот 50 сому 50 тыйынро ташкил медиҳад. Инчунин саҳмияҳо мавҷуданд. Бо назардошти ин, мо ба савдогарони нафт талабот муқаррар кардем – болоравии шадиди нархҳо нахоҳад буд. Дар охири моҳи март, нархи моҳи апрел муайян карда мешавад. Мо меомӯзем ва ҷамъбаст хоҳем кард”, – афзуд ӯ.

Тайлаков гуфт агар болоравии нархҳо дар давоми моҳ аз 20% зиёд бошад, пас вазорати иқтисод ва молия масъалаи ҷорӣ кардани танзимро баррасӣ мекунад.

Ҳамчунин муовини вазири иқтисод Элдар Алишеров илова кард, ки агар як кишварро бо чунин шароити иқтисодӣ гирем, масалан Тоҷикистонро, маълум мешавад, ки нархи сӯзишворӣ дар он ҷо то ба 70 сом афзоиш дошта аст ва дар Қирғизистон нарх ҳатто ба 50 сом нарасида, тақрибан 45 сум нарх дорад.

Дар идома Алишеров гуфт, ки “Агар мо як кишварро дар доираи ЕАЭС гирем, пас дар Русия АИ-92 беш аз 50 сом аст …”. Дар посух ба гуфтаҳои муовини Вазир, Р.Туманбоева гуфт, ки ҳар як кишвар музди меҳнати худро дорад.

Инчунин Алишеров қайд кард, ки ин моли биржавӣ аст ва Қирғизистон нафт кам истеҳсол мекунад. Вазир мегӯяд, ки агар мисли Туркманистон ё Венесуэла, онҳо бо нафт таъмин мешуданд, вазъ дигар буд.

.

Дархости Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз Тоҷикистон барои озодии як узви фирқаи “Шоҳидони Яҳво”

0

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид 19 марти соли 2021 аз Тоҷикистон дархост кард, ки барои ҳифзи саломатии Шамил Ҳакимови 70-сола, узви фирқаи масеҳии “Шоҳидони Яҳво” чораҳои фаврӣ андешад.

“Шамил Ҳакимов, ки ҳоло бемор аст, аз моҳи феврали соли 2019 барои сулҳу осоиштагӣ ба эътиқоди худ зиндонӣ шудааст”, менависад ин кумита.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дархост кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон Хакимовро ба муассисаи махсусгардонидашудаи тиббӣ интиқол диҳанд ва ӯро дар ҳолати баррасии парвандааш дар назди Кумиати ҳуқуқи башари СММ шартан аз зиндон раҳо кунанд.

Дар ҳамин ҳол Комиссияи баналмиллалии озодиҳои динии ИМА аз ҳукумати Тоҷикистон хоста, ки дархости Кумитаи ҳуқуқи башари СММ-ро ҳарчи зудтар анҷом бидиҳад ва Ҳакимовро аз зиндон раҳо кунад.

Бояд гуфт, ки чанде пеш Комиссияи баналмиллалии озодиҳои динии ИМА, Шомил Ҳакимовро, ки барои 7,5 зиндон маҳкум шудааст зери ҳимояти худ қарор дода буд.

Шамил Ҳакимов, узви яке аз фирқаҳои насронии дар Тоҷикистон мамнуи “Шоҳидони Яҳво”, бо ҷурми барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ сентябри соли 2019 ба 7.5 соли ҳабс маҳкум шуд.

Ба гуфтаи мақомот Ҳакимов ҷашни Наврӯзро мазаммат карда, онро “мероси даврони оташпарастӣ”, номидааст.

Коҳиши назарраси муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия

0

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, шумори хориҷиёне, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба қайд гирифта шудаанд, дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 нисбат ба соли 2020 ду баробар кам шудааст.

Тавре аз хулосаи нишондиҳандаҳои асосии вазъи муҳоҷират дар Федератсияи Русия дар моҳҳои январ-феврали соли 2021, ки Вазорати корҳои дохилӣ интишор кардааст, бармеояд, дар ин давра 1,083 миллион шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2020 ин рақам беш аз 2,2 миллион нафар гуфта мешуд.

Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба манобеаш аз Вазорати дохилии Русия менависад, ки аз аввали сол тақрибан ду маротиба камтар патент барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дода шудааст. Соли ҷорӣ 112,3 ҳазор муҳоҷир патент (иҷозати корӣ) гирифт, аммо соли гузашта 203,7 ҳазор нафар иҷозатномаи корӣ ба даст овардааст.

Тибқи хулоса, дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 шумораи даъватномаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ (15,8 ҳазор) ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ҳоле, ки соли 2020 шумораи онҳо 56,3 ҳазорро ташкил карда буд.

Ғайр аз ин, шумораи раводидҳои додашуда ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ (аз 31,4 ҳазори соли гузашта ба 18,2 ҳазор) коҳиш ёфтааст.

Оғози сафарҳои Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон

0

Бино ба иттилои сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 24 март Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои кории худро ба шаҳри Бохтар ва дигар навоҳии вилояти Хатлон оғоз кард.

Мақсади ин сафарҳо шиносоӣ ба ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалишавии барномаҳои давлатӣ, корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ғайра гуфта шудааст.

Карор аст Раҳмон дар ин сафари худ бо фаъолони ҷомеа ва қишрҳои мухталифи аҳолӣ дидору мулоқот анҷом бидиҳад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон тибқи гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мебоист рӯзи 22 март анҷом мешуд, аммо ду рӯз ба таъхир афтодани сафари Раҳмон ҳадсу гумонҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барпо кард.

Дода шудани 23 гектар замин ба ширкати Avesto Group

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори ҳукуматро дар бораи додани зиёда аз 23 гектар замин ба ширкати “Avesto Group” имзо кард. Дар ин бора портали ҳуқуқии Вазорати адлия хабар дод.

Гуфта мешавад замини ҷудошуда барои сохтмони як корхонаи нави паррандапарварӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон истифода мешавад.

Бо қарори ҳукумат, ширкат муваззаф шудааст, ки зарари хориҷ кардани ин заминҳоро аз гардиши кишоварзӣ пурра ҷуброн кунад ва ба буҷаи давлат 2,1 миллион сомонӣ (183,9 ҳазор доллар) пардохт кунад.

Қаблан вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиезода гуфта буд, ки дар ду-се соли оянда ниёзҳои кишвар ба гӯшти парранда тавассути истеҳсоли ватанӣ пурра қонеъ карда мешаванд.

Бино ба маълумотҳои тасдиқ нагардида гуфта мешавад, ширкати “Avesto Group” ба Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси Олӣ ва Раиси шаҳри Душанбе таалуқ дорад.

Вазири умури хориҷии Русия: Дустии Маскав ва Пекин алайҳи касе нест

0

Сергей Лавров, вазири умури хоричаи Русия  рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарии муштарак бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван И изҳор дошт, ки тамоми инфрасохтори муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо бо амалҳои якҷонибаи Брюссел хароб карда шуд. Бинобар ин Маскав бо ин иттиҳод робитае надорад.

Лавров қайд кард, ки Маскав ва Пекин бар зидди касе нестанд.

Дар идомаи сухбаташ гуфт: “Агар Аврупо ин равобитро бо хароб кардани ҳамаи механизмҳои дар тӯли солҳои зиёд эҷодшуда канд ва мо танҳо бо баъзе кишварҳои аврупоӣ ҳамкорӣ дорем, ки мехоҳанд манфиатҳои миллии худро ҳимоят кунанд, пас ин ба он оварда мерасонад, ки муносибатҳои мо бо Чин дар ҳоли рушд аст ва нисбат ба он чизе, ки аз муносибатҳо бо кишварҳои Аврупо боқӣ мондааст, зудтар рушд мекунад.”

Ба гуфтаи Лавров Русия вақте барои ҳамкорӣ бо ИА омода хоҳад буд, ки худи Брюссел рафъи норасоии муносибатҳои дуҷонибаро зарур шуморад. Ва таъкид кард, ки Русия ҳамеша ба ҳамкорӣ бо ҳамсоягонаш омода аст.