12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 619

Тоҷикистон дар радабандии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар гурӯҳи бадтаринҳо қарор гирифт

0

Дар ҳоле, ки мақомот мегӯянд дар Тоҷикистон озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ таъмин аст, “Freedom House” ё Хонаи Озодӣ ин кишварро ба гурӯҳи бадтарини бадтаринҳо дохил кард.

“Freedom House” ё Хонаи Озодӣ рӯзи 3-юми март гузоришеро нашр кард, ки дар он Тоҷикистон аз миёни 54 кишвари ноозод дар гурӯҳи дувоздаҳ бадтарини бадтаринҳо дар як саф бо Туркманистону Куриёи Шимолӣ ва Сомали қарор дорад.

Ин созмон ҳамчунин гуфтааст, ки матлаби алоҳидаеро дар бораи Тоҷикистон ба зуддӣ нашр хоҳанд кард.

“Freedom House” дар гузориши худ дар соли 2020 режими Раҳмонро худкома номида гуфтааст, ки ӯ аз соли 1992 зимоми қудратро дар даст дорад ва дар ин муддат озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳдуд шудаанд.

“Оппозитсия аз маъракаҳои фишору саркӯби чанд соли охир осеб дида, мақомот озодиву фаъолиятҳои мазҳабиро таҳти назорати шадид гирифтаанд. Сарват ва қудрат ҳарчи бештар дар дасти президент ва аъзои оилааш тамаркуз меёбад”, – омадааст дар гузориши “Freedom House” дар соли 2020.

Ҳамчунин дар гузориши худ ин созмон аз пандемияи коронавирус, номуайяниҳои иқтисодӣ ва низоъҳо дар саросари ҷаҳон гуфта, қайд кардааст, ки ин ҳама сабаби маҳдуд шудани озодиҳо шудаанд.

Freedom House мегӯяд, дар 15 соли охир шумораи кишварҳои ноозод бештар шуда истодааст.

Ин созмон аз Қирғизистон ва Белорус мисол оварда гуфтааст, ки ин кишварҳо дар бахши озодиҳои сиёсиву маданӣ “бисёр чизро аз даст доданд”. Баръакс аз Мақдунияи Шимолӣ тавсиф шуда гуфта шудааст, ки баландтарин нишондодҳои озодиро ба даст овардааст.

Хонаи озодӣ дар гузоришаш навишта, ки “Ҳомиёни демократия дар муқобили душманони худкомаашон хеле ақибнишинӣ карданд ва тавозуни байналмилалӣ ба фоидаи зулму ситам буд”.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки раҳбарони кишварҳои худкома барои саркӯб ва аз байн бурдани мухолифини худ аз нерӯ истифода бурда, ба ҳукмҳои сангини зиндон, шиканҷа ва куштор даст мезаданд.

Пас аз Facebook ширкати Google низ ҷузъи андозсупорандагон шуд

0

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 4 март хабар дод, ки пас аз сабти ном кардани “Facebook” ҳамчун андозсупоранда, рӯзи 3 март ширкати маъруфи “Google” низ худро дар Кумитаи андоз ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ ба қайд гирифтааст.

Дар хабар омада, ки ба ғайр аз ширкатҳои бузурги “Google” ва “Facebook”, чунин ташкилотҳои хориҷӣ, ба монанди “Doodle inc”, “Novatech IT ltd” ва “Xsolla (USA) Inc” ба қайд гирифта шудаанд ва барои бақайдгирии субъектҳои хориҷии дигар Кумита бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) ва ширкатҳои интернетӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст.

Баъд аз баҳсҳои зиёд Тоҷикистон охири соли 2020 қонунеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он шахсони хориҷӣ аз хизматрасониҳои электронӣ бояд ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд.

“Амали Қонун ба шахсони хориҷие тааллуқ дорад, ки ба шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои рақамиро анҷом медиҳанд. Тибқи Қонун, ширкатҳои хориҷӣ уҳдадоранд на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз намудани хизматрасониҳои электронӣ дар мақомоти андоз ба қайд гиранд. Минбаъд, эъломияи ААИ ба мақомоти андоз тавассути утоқи шахсии андозсупоранда, ки бо забони англисӣ дастрас аст, пешниҳод карда мешавад.”

Чанд вақти ахир масъалаи андоз супоридани шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистн доғ шуд. Айнан, замоне, ки сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур, қудои раисҷумҳур ин масъаларо бардошт. Он замон ин мақомдори давлатӣ, хусусан аз ҷониби корбарони Фейсбук интиқоди зиёд мешуд.

Ҳукумат ба далели ин ки ин хидматрасонии электронӣ, аз ҷумла Фейсбук ва Гугл дар баъзе давлатҳо аз даромадашон андоз месупоранд, мехоҳад, дар қаламравӣ Тоҷикистон низ андоз супоранд, вале ин иқдом аз ҷониби корбарон ва коршиносон мавриди интиқод қарор гирифт.

Оғози таҳқиқот дар бораи масунияти аҳолӣ дар кишварҳои ИДМ

0

Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омӯзиши масунияти аҳолӣ ба COVID-19 оғоз ёфт, гузориш медиҳад кумитаи иҷроияи ИДМ.

Ин омузиш, ки масунияти аҳолиро ба вируси “SARS-CoV-2” (COVID-19) дар байни аҳолӣ арзёбӣ кард, авалин шуда дар Русия анҷом ёфт. Айни замон, марҳилаи сеюми омӯзиш ба охир мерасад.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дараҷаи шуюъ (серопревенсия) аз 21 – 74 дарсадро ташкил дода дар 6 минтақаи дигар бошад сатҳи он аз 60 дарсад боло аст. Чунин омӯзише дар Белорусия, Қазоқистон ва Қирғизистон низ оғоз ёфтааст.

Дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар мавриди мушкилоти ҳифзи беҳдоштии қаламрави кишварҳои ИДМ аз воридот ва паҳншавии бемориҳои махсусан хатарноки сироятӣ, ки 24 феврал баргузор гардид, аз зарурати идомаи омӯзиши масунияти аҳолӣ ба COVID- 19 дар кишварҳои ИДМ гуфта шуд.

Ба гуфтаи аъзои Шӯро, маълумоти дар натиҷаи омӯзиш ба дастомада барои муайян кардани хусусиятҳои раванди эпидемия, таҳияи дурнамои вазъи эпидемиологӣ дар як давлат ва дар маҷмӯъи кишварҳои Иттиҳод, инчунин банақшагирии тадбирҳои мушаххас кумак бикунад.

Дар нишаст намояндагони Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Дафтари минтақавии СҶБ дар Аврупо ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.

Коршиносон қайд карданд, ки шиддати раванди эпидемияи COVID-19 ҳам дар маҷмӯъ дар ҷаҳон ва ҳам дар ИДМ коҳиш меёбад, ки ин имкон медиҳад тадриҷан чораҳои маҳдудкунӣ бекор карда шаванд. Аз ҷумла, шумораи гирифторони COVID-19 дар кишварҳои узви ИДМ дар як моҳи охир ба ҳадди ақал расидааст, ки олудашавӣ дар Узбекистон (1,02 маротиба) ва дар Белорус (1,2 маротиба) кам шуда аст.

Дар Тоҷикистон ҳеч ҳолати нави олудашавӣ ба қайд гирифта намешавад. Олудашвӣ аз ҳама бештар, дар миқдори 100 ҳазор нафар аҳолӣ дар рӯз, дар як моҳи охир дар Белорус, Молдова ва Русия ба қайд гирифта мешавад.

Ҳамзамон гуфта шуда, ки айни замон дар кишварҳои узви ИДМ бемории сирояти шадиди роҳи нафас ва зуком ба қайд гирифта шудааст, ки миёни беморон ягон ҳолати сирояти зуком ва сирояти нави коронавирус сабт нашудааст.

Дар нишаст ба таҳияи ваксинаҳо алайҳи COVID-19 ва равишҳои эмгузаронии аҳолӣ бештар таваҷҷӯҳ дода шуд. Ҷониби Русия дар бораи таҳия ва истифодаи ваксинаҳои Гам-Ковид-Вак тамғаи (“Sputnik V”) ва “EpiVacCorona”, “CoviVac” маълумот пешниҳод намуд.

Ваксинзании оммавӣ бар зидди COVID-19 дар Русия аз 18 январ оғоз ёфт. Ваксинаи русии “Sputnik V” ҳоло дар Арманистон, Белорусия ва Қазоқистон ба кор бурда мешавад. Қарор аст, ки ваксинаи русӣ дар Қирғизистон ва Узбекистон низ истифода шавад.

Қазоқистон ваксинаи худро сохтааст, ки дар марҳилаи сеюми озмоиш қарор дорад. Ба гуфтаи мутахассисон, оғози эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар як қатор кишварҳо имкон дод, ки ба марҳилаи нави мубориза бар зидди сироят дар қаламрави узви Иттиҳод гузаранд.

Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз зарурати идома додани мубодилаи фаврии маълумотро дар бораи вазъи COVID-19, аз ҷумла табодули натоиҷи нави илмӣ оид ба эпидемиология, ташхиси лабораторӣ, табобат, пешгирии COVID-19, байни кишварҳои узви ИДМ-ро зарур донистанд.

Сокинон иддао доранд, ки раиси ҷамоат ва коркунони он ғайриқонунӣ замин мефурӯшанд

0

Дар ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара сокинон аз заминфурӯшии раиси ин ҷамоат ва дигар мақомдорон шикоят доранд.

Чанд сокини ҷамоати мазкур бо ирсоли аксу наворҳо ба “Аздо тв” гуфтанд, ки раисони собиқи ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара, Аҳмадов Обид ва Мусоев Субҳон ва раиси кунунии ин ҷамоат Аҳмадов Сарвар ва муовини ӯ Ҷумъаев Баҳодур чандин биноҳои давлатӣ, ки махсуси ин ҷамоат будаанд ва заминҳои дигарро ғайриқонунӣ фурӯхтаанд.

Ин сокинон мепурсанд, ки чаро то кунун аз ҷониби Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон пеши роҳи инҳо гирифта ва ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Бино ба гуфтаи манобеи “Аздо тв”, Аҳмадов Обид, собиқ раиси ҷамоати Сурх (аз соли 1995 то 2000) китобхонаи ҷамоатро фурӯхтааст ва то ба ҳол ин ҷамоат китобхона надорад.

Сокинони ҷамоати мазкур ба собиқ раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ариза навишта аз набуди мактаб шикоят карда, талаб намуда буданд, ки ба онҳо заминеро барои сохтани мактаб бидаҳанд.

Тибқи аризаи сокинон дар ин ҷамоат наздики 2500 донишомӯз будааст, ки дар ду мактаб таҳсил мекардаанд, дар ҳар синф аз 35 то 40 нафарро ҷой мекардаанд, ки ин ба талаботи таълим рост намеояд.

Сокинон дар аризаи худ навиштаанд, “Мактаби №29-и деҳа, ки барои 1200 нафар пешбинӣ шудааст, 1700 донишомӯз дорад ва мактаби №56-и ин ҷамоат, ки барои 500 нафар ҷой дорад, алҳол 713 нафар таҳсил доранд. Аз сабаби зиёд будани дошиомӯзон ҳуҷраҳои фаннӣ ва ошхонаҳо ба синфхона табдил дода шудаанд. Мувофиқи реҷаи омӯзиши азхудкунӣ бояд дар як синф то 25 нафар таҳсил кунад, вале аз сабаби камбуди ҷой дар мактабҳои мазкур дар як синф 35-40 нафар таҳсил доранд, ки ин ҷавобгӯйи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи маориф ва илми ҶТ” нест”.

Ба даъвои манобеи “Аздо тв” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтани мактаб дар деҳаи “Ҳазорчашмаи” ҷамоати Сурх замин ҷудо шуда буд, вале баъдтар онро раиси ҷамоат ғайриқонунӣ ба дигарон фурӯхтааст.

Сокинон ҳамчунин аз бедодгарии муовини раиси ин ҷамоат Ҷумъаев Баҳодур шикоят доранд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати “Аздо тв” Ҷумъаевро Саломзода Сиҷоуддин, собиқ раиси шаҳри Исфара соли 2018 бо сабаби дар ҳолати мастӣ ба маҷлиси шаҳрӣ ворид шуданаш аз кор озод кард, аммо баъд аз рафтани раиси шаҳри Исфара аз мансаб боз бо додани пора муовини раиси ҷамот таъйин шуд.

Ин сокин мегӯяд, на раиси феълии ҷамоат Аҳмадов Сарвар ва на муовинаш Ҷумъаев Баҳодур ҷое таҳсил накардаанд ва маълумоти олӣ надоранд. Аҳмадов Сарвар дар давоми чанд соли корияш ҳамчун раиси ҷамоати деҳоти Сурх, чандин маконҳо, аз ҷумла Кулуби деҳа ва замине, ки барои мактаб аз тарафи Ҳукумати шаҳри Исфара ҷудо шуда буд ва боз чанд замину масҷиду ғайраро фурӯхтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Аҳмадов Сарвар баъд аз фурӯхтани як биное, ки меҳмонхонаи масҷид будааст ва дар он дегу табақ ва дигар ашёи марбут ба масҷиди деҳа нигаҳдорӣ мешудааст, соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентии зидди фасоди вилояти Суғд боздошт мешавад, аммо чанде пас бо додани 10 ҳазор $ пора раҳо шуда боз ба кори худ баргаштааст.

Яке аз шикоятҳои дигари сокинони ин ҷамоат ин аст, ки Аҳмадов Ҳасан, амаки раиси ҷамоати деҳоти Сурх, Аҳмадов Сарвар барои муроҷиаткунандагон як варақчаи маълумотнома ва ҳар санадеро аз 7 то 10 сомонӣ мефурӯшад.

Барои бақайдгирии ақди никоҳ аз 500 то 1000 сомонӣ ва барои шаҳодатномаи таваллуд аз 200 то 400 сомонӣ аз сокинон мегирад. Ба гуфтаи манбаъ, дар аксар ҳуҷҷтҳо қасдан як ҳарфро ба ивази ҳарфи дигар ё таърихи рӯзро хато менависад ва вақте корафтодагон дуюмбора муроҷиат мекунанд, боз ҳамон маблағро талаб мекунад.

Хабарнигори “Аздо тв” ба ҷамоат деҳоти Сурх тамос гирифт, вале касе ба тамос посух надод. Тасдиқи ин маълумот то ҳол аз ҷониби раиси ҷамоат ва ё дигар масъулин дастрас нашудааст, дар ҳолати вокуниш ва ё дастрас шудани шикояти ҷониби дигар “Аздо тв” онро нашр хоҳад кард.

Кумаки навбатии 105 млн доллари БОР ба Тоҷикистон

0

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон 105 миллион доллари дигар қарзи бебозгашт медиҳад. Дар ин бора имрӯз 3-юми март Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар парлумон гуфт.

Гуфта мешавад, ин маблағ барои “рушди соҳаи энержӣ” ва “коҳиши талафоти нерӯи барқ” равона мешавад.

Ҳамчунин вазир қайд кард, ки аз ин ҳисоб хариду насби 398 ҳазор ҳисобкунакҳои муосир пешбинӣ шудааст. Аз ин гранти ҷудо намудаи Бонки Осиёии Рушд 70 миллион доллари он барои коҳиши талафоти барқ ва рушди низоми биллингӣ ва боқимонда ба бахшҳои дигари арсаи энержӣ харҷ мешавад.

Ин грант ба Ҳукумати ҶТ дар ҳоле ҷудо шуда истодааст, ки шаҳрвандони ин кишвар ба мушкилии норасоии барқ рӯбарӯ ҳастанд ва дар бештари манотиқи кишвар расман лимит ҷорӣ шудаст.

Шурӯъ аз моҳи июли соли 2018 чархаи аввалини нерӯгоҳи “Роғун” сохта ва ба истифода дода шуд. Он замон худи Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки дигар лимити барқ ба охир расидааст ва мардум бебарқиро ба хотираҳо хоҳанд супурд.

Аммо сокинони кишвар мегӯянд, имсол бебарқӣ аз солҳои пешин ҳам бадтар шудааст. Дар баъзе манотиқи кишвар дар як шабонарӯз чор то панҷ соат барқ доранду тамом.

Дар Тоҷикистон лаҷоми Фейсбук кашида мешавад?

0

Шуруъ аз 2 марти соли ҷорӣ шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистон ҳамчун ширкати андозсупоранда дар Кумитаи андоз сабт шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, аз ин ба баъд шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба Ҳукумати Тоҷикистон андоз месупорад. Тоҷикистон қарори дар ҷузъи андозсупорандагон ворид намудани хизматрасониҳои электронӣ дар қаламрави кишварро охири соли 2020 қабул намуд. Ва аз “Facebook”, “Google” талаб намуд, ки андоз бисупоранд. Акнун тибқи ин қарори нав ширкатҳои хизматрасонии электронӣ муваззафанд худро дар Кумитаи андоз сабтином кунанд ва андоз супоранд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки “мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 17 декабри соли 2020, № 1744, шахсони хориҷие, ки мустақиман ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, бояд дар асоси пешниҳоди ариза дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шаванд”.

Ба иттилои Кумита 2 марти соли 2021 ширкати “Facebook” худро дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анчом дода мешаванд, ба қайд гирифт.

Чанд вақти ахир масъалаи андоз супоридани шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистн доғ шуд. Айнан, замоне, ки сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур, қудои раисҷумҳур ин масъаларо бардошт. Он замон ин мақомдори давлатӣ, хусусан аз ҷониби корбарони Фейсбук интиқоди зиёд мешуд.

Ҳукумат ба далели ин ки ин хидматрасонии электронӣ, аз ҷумла Фейсбук ва Гугл дар баъзе давлатҳо аз даромадашон андоз месупоранд, мехоҳад, дар қаламравӣ Тоҷикистон низ андоз супоранд, вале ин иқдом аз ҷониби корбарон ва коршиносон мавриди интиқод қарор гирифт.

Додгоҳи Санкт-Петербург як ҷавони тоҷикро ба иттиҳоми терроризм зиндонӣ кард

0

Додгоҳи Санкт-Петербург нафареро, ки ба ҷалби террористон машғул буд равонаи зиндон кард. Дар ин бора “ТАСС” хабар медиҳад.

Бино ба иттилои ин сомона Додгоҳи Санкт-Петербург Исфандиёр Акрамовро бо иттиҳоми фиристодани ду нафар ба Сурия ва пайвастан ба созмони байналмилалии террористии “Давлати Исломӣ” гунаҳкор дониста, ба муҳлати 5.6 сол равонаи зиндон намуд.

Ҳамчунин дар як нишасти матбуотӣ аз идораи ФСБ дар шаҳр ва вилояти Ленинград гуфтанд, ки Исфандиёр Акрамов ҷазоро дар колонияи низоми умумӣ сипарӣ хоҳад кард.

Тавре, ки дар мурофиаи судӣ муайян карда шуд, Акрамов дар қаламрави Санкт-Петербург ду шаҳрванди Тоҷикистонро моил кард, ки ба Сурия раванд ва дар ҷангҳо ширкат варзанд. Исфандиёр барои кумак ба терроризм гунаҳгор дониста шуд.

Бино ба маълумотҳо Исфандиёр Акрамов зимистони соли гузашта аз ҷониби кормандони оперативии хадамоти махсус дар якҷоягӣ бо кормандони сарраёсати ВКД дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград боздошт шуда буд.

Ҳангоми боздошт ӯ ба гуноҳи худ иқрор шуд ва ба ҳабсаш дар додгоҳ эътироз накард. Кумитаи тафтишот қайд кард, ки ҳангоми кофтукоб аз ӯ 16 тир мусодира шудааст. Аммо адвокати ӯ Константин Тарасенко дар суҳбат бо “Коммерсант” аз қавли падари Акрамов гуфта буд, ки қаблан ҳангоми тозакунӣ ӯ дар ҳуҷраи писараш ҳеҷ тире наёфтааст.

Бародари Акрамов ҳамчун  ҷонибдори созмони террористӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

Тибқи иттилои расонаҳо Акрамов солҳои 2006-2008 дар сафи нерӯҳои десантӣ дар Тула хидмати ҳарбӣ кардааст, пас аз он ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекард, аммо ҳангоми боздошт ӯ дар ҳеҷ куҷо кор намекардааст.

Парвозҳои доимӣ байни Душанбею Кобул ва Алмато барқарор шуд

0

Мақомоти Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон 2-юми март хабар доданд, ки Тоҷикистон парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Қазоқистону Афғонистон барқарор кардааст.

Тибқи иттилои ироа кардаи “Радиои Озодӣ” аз ин ниҳоди ҳавонавардии кишвар ин парвозҳо аз Душанбе ба Кобулу Алмато дар ҳафтае як маротиба дар назар гирфта шудаа аст.

Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон, дар як ҷаласа дар Душанбе гуфтааст, “беҳбуди вазъи вобаста ба коронавирус дар кишвар” ба ин кор сабаб шуд. Дар ҷаласа намояндагони ширкатҳои “Сомон Эйр”-у “Эйр Остона”, “Кам Эйр” ва “Белавиа” ҳузур доштаанд.

“муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар барои барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда пайдарпай парвозҳои байналмилалӣ барқарор карда мешаванд.”

Ҳамзхамон мақомот хабар додаанд, ки бештар кардани парвозҳои чартериро дар хатсайри Душанбе – Минск – Душанбе баррасӣ доранд.

Тоҷикистон аз моҳи марти соли гузашта дар пайи густариши бемории ҳамагир парвзҳо бо кишварҳои дигарро  қатъ кард.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо Туркия ва Аморати Муттаҳидаи Араб парвозҳои мунтазамро ба роҳ мондааст. Аммо ончи бахши аъзами сокинон мунтазиранд, аз сар гирифтани парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия аст.

Икром Субҳонзода, раҳбари ниҳоди ҳавонавардӣ дар Тоҷикистон пештар дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш гуфта буд,

“Чанде пеш дар Русия оид ба барқарор намудани парвозҳои мунтазам гуфтушунид доштем. Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳои мунтазама аз 1 июн омода аст. Ин масъала ба вазъи эпидемиологӣ вобаста мебошад. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ дигар ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусу фавт аз он ба қайд гирифта намешавад. Ҷониби Русия ин масъаларо меомӯзад ва ҳалли масъала ба онҳо вобаста аст”.

Бо вуҷуди он ки Русия парвозҳои мунтазамро бо Қазоқистону Қирғизистон барқарор карда аст, аммо барои барқарор намудани парвозҳо бо Тоҷикистон шитоб намекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулон дар Тоҷикистон ва ҳатто расиҷмуҳур таъкид дорад, ки кишвар холӣ аз вируси корона аст, аммо Русия гуфта, чунин тасмимеро танҳо пас аз арзёбии вазъи эпидемиологӣ, марбут ба COVID-19 дар Тоҷикистон мегирад.

Дар пайи дархости сарвазир Қоҳир Расулзода дар сафари ахираш ба Маскав барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам масъулони рус гуфтанд, онҳо дар ибтидо гурӯҳеро аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон мефиристанд. Танҳо пас аз ин дар масъалаи ифтитоҳи парвозҳои мунтазам фикр хоҳанд кард. Аммо ҳанӯз ҳам маълум нест, ин гурӯҳ кай ба Тоҷикистон меояд.

Ҳар сол садҳо ҳазор нафар барои кору зиндагӣ аз Тоҷикистон ба Русия мерафтанд, вале имсол бо сабаби баста будани марзҳо қисми зиёди онҳо дар кишвар бекору даромад мондаанд.

Пашиниян ба муътаризон гуфт, омодааст интихоботи пеш аз мӯҳлат доир кунад

0

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 1-уми март дар миёни муътаризони тарафдораш розӣ шуд, ки барои поён додан ба бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар, интихоботи пеш аз мӯҳлат баргузор кунад.

Рӯзи 1-уми март Ереван пойтахти Ҷумуҳурии Арманистон якбора шоҳиди се роҳпаймоӣ шуд. Яке аз роҳпаймоиҳои шоми якуми март тарафдорони худи Пашинян буданд ва роҳпаймоии онҳо шабона идома ёфт ва шахсан аз ҷаноби Пашинян идора мешуд.

Пойгоҳи хабарии “Коммерсант” менависад, ки дар ин рӯз, сардори ҳукумати Арманистон ба мухолифон ҳамлаи ҷавобӣ нишон дод ва нишон дод, ки ӯ метавонад дар қудрат бошад ва ҳамзамон бар зидди мухолифон муборизаи комилан инқилобӣ барад.

Ба навиштаи “Коммерсант” Сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 1 март дар муқовимати хиёбонӣ бо оппозисиюн пирӯз шуд. Никол Пашинян муваффақ аст, ки дар сиёсат кори ғайриимконро ба анҷом расонад. Ҳам қудратро дар ихтиёр дорад ва ҳам дар ҳолати зарурӣ фавран ба нақши инқилобчӣ бармегардад.

Рӯзи 1 март бо даъвати ӯ даҳҳо ҳазор ҷонибдоронаш майдони марказии пойтахти ҷумҳуриро пур карданд. Гирдиҳамоии тарафдорони сарвазир дар ҳоле сурат гириф, ки дар ин рӯз аз ҷониби мухолифони ҳукумати Пешинян дар назди парлумон гирдиҳамоҳӣ идома мекард.

Ин гирдиҳамоиҳоро мухолифони муттаҳидшудаи ҳукумати Пашинян ба номи “Ҳаракат барои наҷоти Ватан” роҳандозӣ карданд ва дар он ҳазорҳо нафар тарафдорони ба истеъфо равон кардани сарвазир иштирок доштанд. Аммо расонаҳо навиштанд, ки ҷонибдорони Пашиня бештар буданд ва барои Никол Пашинян муҳим буд, ки нишон бидиҳад, аз пуштибонии мардум ҳануз ҳам бархӯрдор аст.

Пашинян дар миёни тарафдоронаш барои хатогиҳои содиркардааш узр пурсид. Ва гуфт “дар тӯли даҳ моҳи гузашта аз сӯи ҳукумати ӯ иштибоҳҳое сар зада ва мехоҳад аз ҳама арманиҳои Арманистон, Артсах (номи армании Қарабоғи Кӯҳӣ – “б”) ва диаспора узр пурсад. Ӯ гуфт, маро барои хатогиҳоям бубахшед! Ба ёди онҳое, ки дар ҷанги Қарабоғи ахир кушта шудаанд, ӯ аз ҳамагон хоҳиш кард, ки чароғҳои телефони мобилии худро фурӯзон кунанд.

Дар ҳамин ҳол ӯ афродеро, ки ба гуфтаи ӯ ҳадафашон заъиф кардани демократия аст, маҳкум кард. Пашиниян гуфт, рақибони қадимиаш мекӯшанд ҳукумати ӯро заъиф созанд ва афзуд, “фақат мардум метавонанд тасмим бигиранд, ки кадом фард ё ҳизбе дар қудрат боқӣ бимонад”.

Пашинян барои шеваи раҳбарии ҷанги ахир дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва имзои оташбас бо Озарбойҷон, аз сӯи мухолифонаш зери фишор қарор гирифт. Нерӯҳои арманӣ дар ин ҷанг шикаст хӯрданд ва маҷбур шуданд бахшҳое аз минтақаҳои таҳти назорати худ дар Қарабоғи Кӯҳиро ба Озарбойҷон баргардонанд.

Буҳрони сиёсӣ дар Арманистон тайи чанд ҳафтаи ахир идома мекунад. Пашиниён дар байни тарафдоронаш ҳамчунин таъкид кард, ки “агар мухолифони парлумонӣ бо баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат мувофиқат кунанд, мо низ мувофиқат хоҳем кард. Бигузоред, ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ биравем ва бубинем, ки аксарияти мардум воқеан тарафдори истеъфои чӣ касе ҳастанд”.

Пашинян низомиёне, ки истеъфои сарвазирро талаб мекарданд ба кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ айбдор кард. Ӯ ба муътаризони тарафдораш гуфт, ки дар паси талаби низомиён, сарвари собиқи Арманистон Серж Саркисян меистад. Пашинян таъкид кард, ки Серж Саркисян аз нуфузи худ ба генералҳо аз Ситоди Генералӣ истифода бурда, истеъфои маро талаб кард.

Барои ин, вай сардори Ситоди Генералӣ Оник Гаспарянро “хиёнаткор” номид ва ӯро дар иҷрои фармони Серж Саркисян айбдор кард. Никол Пашинян генералҳои дигарро, ки изҳоротро имзо кардаанд, даъват кард, ки аз ин кор даст бикашанд ва ба хидмат баргарданд, ва гуфт, ки бо онҳо чизе рух нахоҳад дод.

Кӣ мушкилоти муҳоҷиронро дар Русия бештар мекунад, худиҳо ё бегона?

0

Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия дар вилояти Свердловск кор мекарданд, ҳангоми бозгашт ба ватан ба мушкилот рӯбарӯ шудаанд. Ин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик ба хабаргузории русии “Вечерние ведомости” аз ҳамватанони худ шикоят кардаанд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон агар шахсони вобаста ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург набошанд, мушкиле барои бозгашт ба ватан вуҷуд надорад.

Ба иддаои ин муҳоҷирон кормандони Консулгарии Тоҷикистон аз онҳо барои парвозҳои махсус, ки бе ин ҳам нархи баланд доранд, талаб доранд, ки пули зиёдтар супоранд ва бояд аз пизишки мушаххас аз ташхиси “COVID-19” гузаранд.

Тибқи баъзе маълумотҳо муҳоҷирон аз Беҳрӯз Холиқов – намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Округи федералии Урал шикоят кардаанд. Ба гуфтаи онҳое, ки ба хабаргузории “Вечерние ведомости” муроҷиат кардаанд, Холиқов бо намояндагони ташкилоти тиббӣ, ки озмоиши COVID-19 мегузаронанд, муносибати дӯстона дорад.

Ёдовар мешавем, ки бе шаҳодатнома дар бораи надоштани коронавирус, шаҳрвандон ба рӯйхатҳои бозгашт ба Тоҷикистон дохил карда намешаванд. Барои дохил шудан ба рӯйхатҳо бояд санҷиш ба духтури мушаххас супорида шавад. Ин духтурони махсус ба ҷойи 1400 рубл аз нафароне, ки муроҷиат мекунанд 2000 рубл мегиранд.

Ин муҳоҷирон вақте барои харидани чиптаҳо ба кассаи ҳавопаймоии “Азия-Транс 24”, ки ба зодаи Тоҷикистон Манучеҳр Розиков тааллуқ дошта, бо Холиқов робита дорад, муроҷиат мекунанд, мефаҳманд, ки озмоишҳои дар лабараторияҳои арзонтар гирифтаашон ба кор намеомадааст.

Инчунин гуфта мешавад, ки чиптаҳои ҳавопаймо барои парвозҳо ба Душанбе танҳо тавассути ширкати Розиқов фурӯхта мешавад. Дар ҳоле, ки нархи воқеии билети ҳавопаймо 39 ҳазор рубл аст, дар идораи Розиқов аз муҳоҷирон тақрибан 44 ҳазор рубл талаб мекунанд.

Бо дарназардошти он ки ягон интихоби дигари баргаштан ба ватан вуҷуд надорад, муҳоҷирон маҷбуранд бо нархномаи баландкардаи ширкати Розиқов розӣ шуда, аз хешовандон ва дӯстонашон қарз гиранд.

Ҳамчунин муҳоҷирон аз он гуфтаанд, ки алайҳи Холиқов ва шахсони наздик ба ӯ ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург шикоятҳо ворид шудаанд, аммо аз ҷониби худи Консулгарӣ то ҳол вокунише нашудааст.

Раиси созмони ҷамъиятии минтақавии диаспораи тоҷикон “Дидор” Мастбегим Ошурбекова дар сӯҳбат бо хабарнигори “veved.ru” гуфт, ки набояд ҳеҷ мушкиле дар парвозҳо вуҷуд дошта бошад. Ошурбекова мегӯяд, ки ҳадди ақал дар таҷрибаи ӯ чунин мушиклоте вуҷуд надошт. Ба гуфтаи ӯ дар консулгарӣ ҳам ҷой доштани чунин мушкилотро рад кардаанд.

Фарух Мирзоев, раиси “Ассотсиатсияи иттиҳодияҳои миллию фарҳангӣ”-и вилояти Свердловск, мушкилотро қисман тасдиқ намуда қайд кард, ки қаблан аз боло будани нархи чиптаҳо шикоятҳо зиёд буданд, аммо ҳоло фурӯши чиптаҳо шаффофтар шудааст.

Тибқи ҳисобҳои тахминии Мирзоев, агар паҳншавии бемории ҳамагир авҷ нагирад, марзҳо охири моҳи март – аввали апрел кушода мешаванд. Дар баробари ин шумори зиёди муҳоҷироне ҳастанд, ки намехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд. Аз Тоҷикистон 80-90 ҳазор муҳоҷир омодаанд танҳо ба Екатеринбург парвоз кунанд.