12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 621

Гази моеъ дар Тоҷикистон гаронтар шуд, роҳкиро низ гарон мешавад?

0

Аҳолии Тоҷикистон, ба хусус мошиндорон ва онҳое, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд аз гарон шудани гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нигаронӣ доранд.

Ба гуфтаи сокинон гази моеъ дар пойтахт ва дигар навоҳии кишвар якбора аз 4 ба 4,5 сомонӣ боло рафт. Мардум мегӯянд, давоми ду ҳафта аст, ки газ боло меравад ва аз он нигаронанд, ки боз ҳам гаронтар мешавад.

Ба навиштаи “Азия-Плюс” фурӯшандагони гази моеъ сабаби болоравии нархи онро афзоиши арзиши яклухти он дар кишварҳои содиркунанда маънидод мекунанд.

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон сабабҳои болоравии нархи газро таҳқиқ дорад. Вале коршиносон мегӯянд, ҳар боре, ки гази моеъ дар Тоҷикистон гарон мешавад Хадамоти зиддиинҳисорӣ чунин посух дорад ва пеши гароншавии онро гирифта наметавонанд.

Ба қавли ронандагони мусофиркаш нархи газ андак-андак ба нархи бензин баробар мешавад, аксари сокинон ба хотири аз бензин арзон будани он истифода мекарданд, аммо ҳоло қариб бо бинзин баробар шудааст.

Мусофиркашон мегӯянд, маҷбуранд ҳар вақт, ки газ гарон шавад, қиммати роҳкироро низ баланд бардоранд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 60%-и нақлиёти автомобилӣ ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Мансабдорони тоҷик аз ин пас аз дороиҳои худ ҳисобот медиҳанд

0

Мансабдорони тоҷик метавонанд эъломия дар бораи дороиҳои худро дар шакли электронӣ пешниҳод кунанд. Дар ин бора “Sputnik” хабар дод.

Бино ба иттилои ин сомона барои осон кардани пешниҳоди эъломияҳо Кумитаи андози Тоҷикистон чанде пеш барномаи компютериро таҳия ва ба кор даровард, ки имкон медиҳад, эъломияҳо дар шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд.

Ба иттилои Кумитаи андоз, дар вебсайти расмии шӯъба “Ҳисоби шахсии андозсупоранда” мавҷуд аст, ки тартиби пешниҳоди эъломияи даромади шахсони мансабдори Тоҷикистонро осон мекунад.

Ёдовар мешавем, ки мансабдорони тоҷик бояд то 1-уми апрели имсол дар бораи дороиҳои худ маълумот диҳанд.

Дар хабари расмӣ, ки дар сомонаи ҳукуматии “Ховар” нашр шудааст, ба мансабдорон ҳушдор дода шуда, ки дар сурати пешниҳод накардан ё нодуруст додани маълумот дар бораи дороиҳо, аз мақом барканор мешаванд.

Ҳамчунин Кумитаи андоз таъкид кардааст, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, инчунин шаҳрвандони кишвар, ки ба хизмати давлатӣ ворид мешаванд вазифадоранд, ки ин қоидаҳоро риоя кунанд.

Шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон тақрибан 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки тибқи қонунгузорӣ, вазифадоранд ҳар сол то аввали апрел ба мақомоти андоз дар бораи даромади солона ва манбаъҳои асосии худ ҳисобот диҳанд.

Бар асоси талаботи қонунгузорӣ қаблан дар эъломияи вазъи моликият, ба ҷуз аз амволи ғайриманқул ва мошинҳо, онҳо бояд шумораи ҳайвонот, паррандаҳо, пасандозҳо, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳоро низ нишон медиҳанд.

Соли гузашта шаклҳои нави эъломияҳо дар бораи даромадҳо ва амволи хизматчиёни давлатӣ қабул карда шуд, ки мансабдорони тоҷик вазифадоранд то даромадҳо аз фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ, даромад аз амволу заминҳои ба иҷора гирифташуда, даромад аз қитъаи шахсӣ, даромад аз пасандозҳои бонкӣ ва коғазҳои қиматнокро низ пешниҳод кунанд.

Тартиби пешниҳоди эъломия дар бораи дороиҳо ва амволи мансабдорони Тоҷикистон аз соли 2004 инҷониб амал мекунад, аммо дар муддати 17 сол ин маълумотҳо боре оммавӣ нашудаанд. Мақомот оммавӣ нашудани маълумот дар бораи амволи мансабдоронро чунин шарҳ дода мегӯянд, ки як сӯ хоҳиши худи онҳост ва аз тарафи дигар, ба қавли раиси Ожонсии хидмати давлатӣ, ҷомеаи Тоҷикистон барои қабули он омода нест.

Мақомот як додситонро дар шаҳри Душанбе дар ҷустуҷӯ қарор дод

0

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтаанд, алайҳи як дастёри додситони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд, вале худи ӯ, ки куҷое паноҳ бурдааст, то ҳол боздошт накардаанд ва дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Як манбаъ аз Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 26-уми феврал ба Радиои Озодӣ боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ин дастёри додситони ноҳияи Шоҳмансурро тасдиқ намуда ва аз ӯ Сайфиддин Баҳриддинзода ном бурдааст. Ба гуфтаи манбаъ ӯ ҳоло таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.

“Парвандаашро бо моддаи «қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон» калон таҳқиқ мекунанд ва парванда дар дасти Раёсати парвандаҳои махсусан муҳим аст. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ: “Маълум нест, ки Баҳриддинзода дар куҷо ҳаст, вале расман имрӯз дар ҷустуҷӯ қарор дода шуд.” Додситонии кулл расман қазияро шарҳ надодааст”, омадааст дар хабар.

Куштори Меҳроншоҳ: тасодуфӣ ё амдӣ?

0

Бо гузашти чанд ҳафта аз ҳодисаи куштори Меҳроншо Ҷумъаев, нозири минтақавӣ, лейтенанти калони ШКД-и ноҳияи Панҷ мақомоти вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин бора ҳеҷ тавзеҳи расмие мунташир накарданд. Дар сайтҳои ин ду ниҳоди давлатӣ низ хабаре роҷеъ ба ин ҳодисаи фоҷиавӣ ба назар наомад.

Ин ҳам дар ҳоле аст ки куштори ин ҷавони 25 сола дар дохили бинои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ва бо силоҳи ҷангии Калашников сурат гирифтааст. Бад-ин ҷиҳат ин ҳодиса ва ҷузъиёти он мебоист дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоби густарда касб мекард, вале ин тавр ҳам нашуд. Танҳо чизе, ки то ба ҳол маълум шудааст ин аст ки додситони ноҳияи Панҷ тафтиши ин ҳодисаро бар мабнои қисми 2-и моддаи 108-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан) шурӯъ кардааст.

Ҳодисаи куштори Меҳроншоҳ Ҷумъаев субҳи 7 феврали соли ҷорӣ дар дохили “оружейка”-и бинои ШКД-и ноҳияи Панҷ рух додааст. Дар ибтидо масъулини ШКД-и ноҳияи Панҷ талош карданд, ки кушторро пӯшонанд ва ҳатто бори дӯши худи Меҳроншоҳ кунанд. Гӯиё вай “аз беэҳтиётӣ” ҳадафи тири Калашников, ки дар даст дошт, қарор гирифта ва ҷон бохтааст.

Баъдан боз гапро “тоб” медиҳанду мегӯянд, ки “вақте ӯ силоҳро супорид ва хам шудаву ба дафтар қайд мекард” ҳамкораш аз беэҳтиётӣ куланги Калашниковро пахш мекунад ва як тир ба арши силоҳхона ва тири дигар аз ноҳияи миёни Меҳроншоҳ дохил ва аз китфи ӯ берун мешавад. Аммо бинобар навиштаи Холиқназар Ҷумъаев, рӯзноманигор ва амаки Меҳроншоҳ дар сафҳаи фейсбукиаш вақти шустани ҷасади ҷавони шаҳид манзара комилан баракс намоён мешавад:

“Вале баъзе коршиносон баъди дидани ҳарду сӯрохӣ (ҷои даромад ва баромади тир) шарҳ доданд, ки ҳодиса баръакс рух дода, тир аз китф даромада аз миён баромадааст. Зеро сӯрохии боло ниҳоят хурд буда, ба андозаи як тангаи даҳдирама низ нест, вале сӯрохии миён хеле васеъ буда, мисле, ки маҳз аз ҳамонҷо пӯстро канда баромада бошад”.

Дар идомаи навиштааш Холиқназар Ҷумъаев шубҳаи дигари худро доир ба фарзияи ин ки ду тир шиллик шудааст ва инки агар ду тир шиллик шуд, онро бар кадом асосе метавон тасодуфӣ ва беэҳтиётӣ донист, низ баён кардааст:

“Сардори ШКД дар сӯҳбат бо хабарнигорон иброз дошта, ки “тири яроқ ҳамчун далели шайъӣ аз бадани марҳум гирифта шудааст. Вале ҷасад нишон медиҳад, ки тир худ даромада, худ баромадааст. Агар ин тир аз бадани марҳум гирифта шуда бошад, паси тири ба берун баромада куҷо шуд? Агар воқеан ду тир парронида шуда бошад, пас оё ин метавонад тасодуфӣ бошад? Ба назари ман не”.

Воқеъан ҳам саволгузории муаллиф баҷо ва мантиқӣ аст. Беш аз ин, агар тир задаву баромада бошад, ки инро сардори ШКД ҳам таъйид кардааст, пас, чӣ тавр боз як тири дигар аз бадани марҳум пайдо мешавад? Яъне, се тир шиллик шудааст? Дар ин ҳолат кӣ ба фарзияи “беэҳтиётӣ” ва “тасодуфӣ” будани ин куштор бовар мекунад?

Бар пояи маълумоти мунташира феълан Амирзода Насим, ҳамкори Меҳроншоҳ, ки бо тири ӯ Меҳроншоҳ кушта гардид, дастгир шудааст ва мақомоти тафтишотӣ корҳои ташхиси тиббиву судӣ ва криминалистиро анҷом медиҳанд.

Ҳолати дигаре, ки шакку гумонҳоро дар мавриди ин ҳодисаи куштор ба бор овардааст, ин аст ки маҳз дар ҳамон шаби 7 феврал, шабе, ки ҳодиса ба амал меояд, камераҳои назоратӣ, дурусттараш “жесткий диск”-и компютер тахриб шудааст. Як мутахассиси арсаи техноложӣ тахриби худбахуди ба истилоҳ “жесткий диск”-диски сахтро кори ношуданӣ хонд. Вай гуфт, ки ин диск дар идораҳое мисли милисахона, ки бо компютер сару кор камтар аст, баъид аст ки бидуни дахолати берунӣ хароб шавад.

Ҳамакнун саволи асосӣ ин аст ки ин амал тасодуфӣ анҷом шудааст ё амдӣ? Агар амдӣ ва огоҳана буд, чаро? Магар он ҳамкораш ӯро барқасд куштааст? Дар ҳоле, ки хуб медонад, ки ин ҳодиса чӣ авоқибе дар пай хоҳад дошт? Ва, оё дар ҳақиқат Меҳроншоҳ аз дасти ҳамин ҳамкораш ва дар дохили “оружейка” ҳадафи тири Калашников қарор гирифтааст?

Яқин аст ки мақомот то анҷоми ниҳоии муоина ва ташхис чизе намегӯянд ва ташхис муваззаф аст муайян кунад, ки ин иттифоқи мусибатбор тасодуфу нохоста сурат гирифт ва ё огоҳонаву дониста? Зеро агар дидаву дониста бошад ҳукм, муҳлати ҷазо ва низоми зиндон иваз мешавад. Вале саволи дигаре, ки сари забони ҳар нафари як каме огоҳ аз кору фаъолияти мақомоти милиса давр мехурад ин аст ки чаро як “участковий”-нозири минтақаӣ, аз “оружейка” Калашников мегирад? Барои як нозири минтақаӣ Калашников чи лозим аст? Ва, аслан “участковий” чаро ва бар чи асосе дар пост меистад ва боз соати 2-и шаб онро ҳамроҳ бо ҳамкораш месупорад?

Ин ҳодисаи кушторро мо бо як нафар аз собиқ афсарони милисаи тоҷик дар миён гузошта ва ба истилоҳ версия –фарзияи тасодуфӣ будани онро суол кардем. Вай гуфт барои ӯ норӯшан ва номафҳум аст, ки чаро як нозири минтақаӣ (участковий) бинои ШКД-ро посбонӣ мекунад.“Нозири минтақавӣ набояд дар назди бинои ШВКД навбатдор истад. Барои ин кор Хадамоти муҳофизати ВКД ҳаст, ки муҳофизати тамоми биноҳои милиса дар саросари кишварро бар ӯҳда дорад.

Нозири минтақавӣ ҷавобгӯи минтақаи худ мебошад” Истихдом ва истифодаи нозири минтақаӣ ба гуфтаи ин афсари пешини умури дохилӣ аз сӯи сардори ШКД-и ноҳияи Панҷ маънои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматиро дорад. Зеро ҳеҷ зарурати ҷалби “участковий” барои посбонии милисахона вуҷуд надорад. Кадом ҳолати казармавӣ ва фавқуллода (ЧП) набуд. Аз тарафи дигар дастури эълон намудани шароити казарма ё омодабошӣ аз тарафи роҳбарият ва мақомоти марказии ВКД содир мешавад. Дар ҳоле, ки ҳолати фавқулодда дар н.Панҷ вуҷуд надошт.

Ҳамсӯҳбати мо дар идомаи сӯҳбаташ бо ин паҳлӯи масъала ҳам таъкид кард, ки дар шӯъбаҳои умури дохилӣ навбатдори қисми ҳарбӣ масъулияти “оружейник”-ро бар уҳда дорад.

”Вақте Меҳрон ва ҳамкораш вориди “оружейник” шуданд,навбатдори қисми навбатдорӣ ҳам бо онҳо бояд дар онҷо ҳузур дошта бошад. Тибқи қоида силоҳҳо дар “оружейник” бидуни ҷаъба-тирдон ва ё ҳамон магазин нигоҳ дошта мешаванд. Тирдонро ин ду нафар чи тавр гирифта ва ба силоҳ насб карданд? Вақте як корманди милиса ба Калашникови холӣ тирдонро насб кард, агар ӯ ҳатто маст ҳам буд, ҳушёр мешавад,ки автомат дигар тир дорад ва куланги онро ба ҳеҷ ваҷҳ барои шӯхӣ ва тасодуф пахш намекунад”.

Ин афсари собиқи корҳои дохили аз дастуруамали ВКД низ ёдовар шуд, ки дар чи шароите силоҳу муҳиммоти ҷангӣ дар ихтиёр як корманди дохилӣ гузошта мешавад:

“Дар вақти супоридани яроқ мувофиқи Дастурамали ВКД ҶТ дар бораи ба кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани силоҳҳои оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва лавозимоти махсуси хидматӣ барои нигаҳдорӣ ва интиқоли доимӣ бояд пас аз қабули яроқ аз Меҳроншоҳ аз Амирзода Насим яроқ қабул мекарданд. (Яъне аз ҳар кадом алоҳида-алоҳида, на инки баробар ва ҳамзамон). Маълум мешавад, ки ин дастурамал аз тарафи шахси масъули шӯъбаи навбатдории ШВКД н. Панҷи вилояти Хатлон риоя карда нашуд, ки сабаби ҳолати марги Меҳроншоҳ гардидааст. Умуман, афзуд ин корманди собиқи милиса “ҳама хабарҳое, ки дар рӯзи аввал аз тарафи мақомоти корҳои дохила нисбати ин ҳодиса паҳн гардид, дар оянда маълум гашт, ки дурӯғ будаанд. Сабаби асосии ин ҳодисаи фоҷиавӣ, ки боиси ба ҳалокат расидани як ҷавони ҳанӯз аз сад гул як гулаш ношукуфта гардид, хунукназарии кормандони шӯъбаи навбатдории ШВКД н. Панҷ ва шахсе, ки барои додан ва қабули яроқ мутассадӣ буд, мебошад.”

Ҳамсӯҳбати мо дар фароварди сӯҳбаташ аз таҷриба ва ҳолатҳои мушобеҳи рухдода дар гузашта, ёдоварӣ карда гуфт, ки ин ҳама гувоҳи он аст ки дар чунин ҳолатҳо масъулин талош мекунанд, бори масъулият ва ҷавобгариро аз дӯши худ раҳо кунанд:

“Дар бисёр ҳолатҳо, вақте ки дар муҳавватаи биноҳои ВКД, КДАМ ва дигар мақомоти қудратӣ куштор рух медиҳад, роҳбарият кӯшиш мекунад, ки ҳодисаи кушторро ҳамчун ҳодисаи тасодуфӣ нишон диҳад”.

Аммо боз ҳам саволҳои дигаре пеш меоянд, ки чаро як ҷавоне тоза ба маҳалли кори нав омадааст, бо чунин сарнавишти талх мувоҷеҳ шуд. Ӯ ҳамагӣ як милисаи “участковий” буд ва ҳоло 6 моҳ шудааст, ки ба Панҷ омадааст. Ва, ё шояд инҷо ҳадафу мақсад чизе дигар аст?

Меҳроншоҳ ҳанӯз ба он пояе нарасида буд, ки сари роҳи касе сабз шавад, дарди сар дуруст кунад. Аммо сардори милисаи ноҳияи Панҷ полковник Шамсулло Маҳмудзода аст. Шамсулло Маҳмудзода бародари Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқ ва раиси қаблии Маҷлиси Миллии Тоҷикистон мебошад. Ҳоло, ки афроди вафодор ба Убайдуллоевро яке, яке рӯфта истодаанд…

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Шоимзода: бахши тоҷикии CASA-1000 имсол ба анҷом мерасад

0

Татбиқи бахши тоҷикии лоиҳаи “CASA-1000” имсол ба итмом мерасад. Дар ин бора муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода хабар дод.

Ба гуфтаи Шоимзода, то имрӯз тақрибан 70% корҳои сохтмони хатти интиқоли барқ ​​ва зеристгоҳи конвертерӣ ба анҷом расидаанд.

Ҳамчунин муовини аввали вазир қайд кард, ки барои сохтани иншоот тамоми таҷҳизоти зарурӣ фармоиш дода шуда, 80% -и он ба кишвар оварда шудаанд. Барои корҳои сохтмонӣ 115 миллион доллар сарф шудааст.

Ба гуфтаи ӯ интизор меравад, ки лоиҳаи CASA-1000 то охири соли равон ё аввали соли оянда ба кор шурӯъ кунад.

“Лоиҳа дар тӯли 15 сол хароҷоти худро мебарорад. Харидорони нерӯи барқи Тоҷикистон Покистон ва Афғонистон мебошанд. Афғонистон метавонад ҳиссаи барқи худро тавассути хати 220 кВ гирад. Дар ин бора созишнома ҳаст”,- гуфт муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “CASA-1000” интиқоли нерӯи барқро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ дар назар дорад. Кишварҳои иштирокчии лоиҳаи “CASA-1000” Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд.

Дар бораи боздошти аъзоёни “Гурӯҳи 24” омори вазир нодуруст буд?

0

Масъулони “Гурӯҳи 24” изҳороти вазири дохилаи Тоҷикистон Рамазон Рамҳимзодаро дар бораи боздошти 8 узви ин гурӯҳ такзиб кардаанд. Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар мусоҳиба бо торнамои “Равзана” иддаои Раҳимзодаро, ки гӯё байни шаҳрвандони боздоштшуда 8 нафар аъзои ин ҳаракати сиёсӣ буддаанд, беасос донист.

Ӯ гуфта, ки ин омори бардурӯғро дарҳол муовини роҳбари ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Ҳусейн Ашӯров аз тариқи Радиои Озодӣ рад карда, онро беасос хонд ва таъкид намуд, ки соли гузашта 3 нафар аъзои ин гурӯҳи сиёсӣ дар Русия боздошт ва бо дархости Тоҷикистон ба кишвар истирдод шуданд.

Саидалӣ Ашӯров мегӯяд, ҳадаф аз чунин оморҳои бардурӯғи вазир таъсири манфӣ расонидан ба рӯҳияи шаҳрвандони кишвар ва пурзӯру тавоно нишон додани ҳокимият ва мақомот мебошад. Ӯ умедворӣ карда, ки мардуми кишвар бардурӯғ будани ин оморро мефаҳманд ва фирефтаи ин таблиғоти дурӯғин нахоҳанд шуд.

Ба гуфтаи ин масъули “Гурӯҳи 24”, бо вуҷуди он ки ин ҳаракат тибқи қонунгузории Федератсияи Русия дар қаламрави ин кишвар ҳамчун ҳаракати ифротӣ эътироф нашудааст, аммо се тан аз аъзои ин гурӯҳро истирдод кардаанд, ки ин кор мухолифи қонунгузории ин кишвар ва қонунҳои байналмилалӣ буда, поймолшавии ҳуқуқи инсон мебошанд.

Ашӯров дар рабуда шудани аъзоёни ин гурӯҳ баъзе аз сохторҳои Русия ва афроди ҷоҳталабро гунаҳгор донистааст, ки ба гуфтаи ӯ, барои манфиатҳои шахсии худ ва ба даст овардани маблағҳои зиёд ин амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсониро анҷом медиҳанд. Дар натиҷа Русияро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун  кишвари ноамн, фосид ва ғайридемократӣ муаррифӣ менамоянд.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол оид ба рабуда шудан ва истирдоди 3 нафар аъзои зикршудаи ин гурӯҳ ҳеч иттилое надоданд. Аммо Русия дар номаи расмӣ ба “Гурӯҳи 24” посух дода, ки Шобуддин Бадалов санаи 1-уми сентябри соли 2020 аз роҳи фурӯдгоҳи Домодедово ба Душанбе парвоз кардаст.

Ба огаҳии сӯхангӯи ин гурӯҳи сиёсӣ, Шобуддин Бадалов ба 7 сол, Холов Фахриддин ба 7 сол ва Қамаров Низомиддин ба 14 соли зиндон маҳкум шудаанд. “Гурӯҳи 24” ин ҳукмҳоро муғризона ва сиёсӣ донистааст.

Дар идомаи гузориш, ки торнамои “Равзан” омода кардааст, низ Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар мавриди боздошти Маҳмурод Одинаев назар додааст.

Ӯ дар робита ба гуфтаҳои вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки гуфт, Додгоҳ гуноҳи Маҳмурод Одинаевро исбот кардааст, мегӯяд, аз баски дар мурофиа иштирок надошт дар ин маврид чизе гуфта наметавонад, аммо таъкид кард, ки мурофиа на дар шаҳри Ҳисор, балки дар ноҳияи Рӯдакӣ доир гаштааст.

“То чи андоза ҷонибҳо, яъне айбдоркунандаю судшаванда ва шоҳидону дигар иштирокчиёни мурофиа аз ҳуқуқҳояшон озоду бо риояи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ истифода бурданд ва ба далелҳои асоснок чӣ вокуниш буду суд онҳоро ба инобат гирифт, ба мо ноаён аст”, – гуфт Шокирҷон Ҳакимов.

Ҳакимов ҳамзамон гуфта, ки бо мақсади сиёсӣ нашудани қазия мо кӯшиш кардем, ки ба рафти тафтишот ва мурофиа дахолат накунем ва умедвор будем, ки шояд барои кирдораш ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намуда, ӯро то як сол аз озодӣ маҳрум ё ба микдори муайян ҷарима мекунанд. Аммо новобаста аз синну сол ва ба ҷомеа хатарнок набудани ӯ мувофиқи мақсад донистанд, ки Одинаев Маҳмуродро ба муҳлати тӯлонӣ ҳабс кунанд.

Дар охир ӯ мегӯяд, гунаҳкории ҳар шаҳрвандро бо риояи усули эътирофи бегуноҳӣ бояд Суд дар муҳокимаи ошкору одилона ва шаффофу рақобатпазиру баробарии иштирокчиёни қазия муқаррар намояд.

Муовини ҲСДТ таъкид карда, ки зиндонӣ шудани Маҳмурод Одинаев на танҳо ба рӯҳияи аъзои ҳизб, балки ба шаҳрвандони огоҳу бедор низ таъсири манфӣ расонд.

Дар мавриди боздоштҳои ахир ва хусусан аъзоёни ҲНИТ сухангӯи ин ҳизб Бобоҷон Қаюмов ба “Аздо тв” чунин гуфт.  

Мақоми Тоҷикистон дар радабандии нави “рушди технологияҳои пешрафта”

0

Тоҷикистон дар радабандии нави “омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта” дар байни 158 кишвар мақоми 143-умро ишғол кардааст. Дар ин радабандӣ се мавқеи аввалро ИМА, Швейтсария ва Британияи Кабир соҳиб шудаанд.

Ҳамчунин Русия аз рӯи “омодагӣ ба таҳияи технологияҳои пешрафта” дар байни 158 кишвар дар ҷои 27-ум дар байни кишвари Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех қарор дорад.

Тибқи гузориши Конфронси тиҷорат ва тавсиаи Созмони Миллали Муттаҳид (UNCTAD), ки рӯзи панҷшанбе дар Женева нашр шуд, ИМА, Швейтсария ва Британияи Кабир дар се зинаи аввал қарор доранд ва Яман, Гамбия ва Ҷумҳурии Конго дар поёни ҷадвал.

Ҷадвали Бенчмаркингро Конфронси тиҷорат ва тавсиаи Созмони Миллали Муттаҳид (UNCTAD) дар асоси индекс таҳия кардааст, ки панҷ нишондиҳандаро ба назар мегирад ва “қобилияти татбиқ, қабул ва мутобиқсозии технологияҳои пешрафтаро” тавсиф мекунанд.

Ин нишондиҳандаҳо иборатанд аз: сатҳи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, малака ва дониш, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, фаъолияти саноатӣ ва имкониятҳои маблағгузорӣ.

Коршиносон шохиси Чинро 0,76 хол арзёбӣ карданд, ки он дар зинаи 25-ум қарор гирифт ва Исроил бо 0,84 хол ҷойи 20-ум ва Ҷопон бо 0,87 хол ҷойи 18-умро ишғол карданд. Ба даҳгонаи беҳтарин, ба ғайр аз ИМА, Швейтсария ва Британияи Кабир, Шветсия, Сингапур, Ҳолланд, Ҷумҳурии Корея, Ирландия, Олмон ва Дания шомил шуданд.

Дар байни кишварҳои пасошӯравӣ аз ҳама зинаи охиронро Тоҷикистон соҳиб шудааст. Украина дар ҷойи 53, Белорусия – 59, Қазоқистон – 62, Гурҷистон – 79, Молдова – 81, Арманистон – 83, Озарбойҷон – 100, Қирғизистон – 115, Тоҷикистон – 143 ҷойгир шудаанд.

Футболбозӣ тоҷик барои голи задааш ба дастаи “Индиан Эрроус” қадрдонӣ шуд

0

Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Комрон Турсунов голи панҷуми худро дар “Hero I-League” – дивизиони якуми Ҳиндустон зад.

Дар бозии даври даҳуми дивизиони якуми Ҳиндустон клуби “ТРАУ” -и Комрон Турсунов дар меҳмонӣ бар “Индиан Эрроус” ғалабаи калон ба даст овард, яъне 5:1. Футболбози тоҷик дар ин вохӯрӣ як гол зада, ду партофти головар дод.

Дар натиҷа, Турсунов бори дуввум дар ин мавсим беҳтарин бозингар дониста шуд. Ба ӯ чек барои 25 000 рупияи ҳиндӣ (345 доллари ИМА) тақдим карданд.

Стипендияи доншиҷӯёни мактабҳои олӣ зиёд мешавад?

0

Эмомалӣ Раҳмон фармони боло бурдани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии кишварро имзо кард. Дар ин бора “Sputnik” хабар дод.

Гуфта мешавад, ин фармон бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯён содир шудааст. Ҳамчунин бар асоси ин фармон стипендияи магистр, аспиранту докторантҳо низ боло хоҳад рафт.

Дар бораи боло бурдани стипендия Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш гуфта буд.

Бар асоси ин фармон, аз 1 сентябри соли 2021 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 дарсад зиёд карда мешавад.

Аммо стипендияи президентӣ, курсантҳои донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД боло бурда намешавад.

Қаблан президенти Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки на танҳо стипендия, балки нафақа барои гурӯҳҳои алоҳидаи маъюбӣ низ то 20 дарсад зиёд карда шавад.

Ҳамасола Раҳмон зимни паёмҳои солонаш аз боло бурдани маош, стипендия ва нафақа мегӯяду фармонҳо ба имзо мерасонад. Бештари шаҳрвандон аз он шикоят мекунанд, ки дар баробари фармонҳои раисҷумҳур нархи озуқаворӣ низ боло меравад. Аз ин сабаб он маошу нафақае, ки мегиранд барои зиндагиашон намерасад. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки баъд аз фармонҳои Президент маош, нафақа ва стипендия боло нарафта, балки ҳамон андозаи қаблиро ба шаҳрвандон медодаанд.

Роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд баста шудаанд

0

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикисотн бар асари боришоти барфи зиёд хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои мошингарди кӯҳии Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Дирӯз 24 феврал дар 67 клометрии роҳи Душанбе – Хуҷанд резиши тарма сабт шуд. Ва имрӯз 25 феврал дар 550 клометрии Душанбе – Хоруғ низ резиши тарма қайд гардидааст. Роҳҳои мазкур айни замон баста гардидаанд ва корҳо барои бартараф сохтани ин офати табии идома дорад.

“Барои тоза намудани роҳҳо аз барфтӯдаҳо хадамоти роҳи ширкати “IRS” ва наҷотбахшони КҲФ, ки шабонабарӯз навбатдоранд, талош ба харҷ медиҳанд.

Шабонарӯзи гузашта имдодгарони КҲФ ронандагон ва мусофирони 28 мошинро, ки дар километрҳои 65 ва 73 роҳи Душанбе – Айнӣ дармонда буданд, ба маконҳои амн интиқол доданд.”

Дар хабари Кумита омада, ки барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо дар фасли зимистон ва расонидани кӯмаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, наҷотдиҳандагони Кумита дар қитъаҳои гуногуни роҳҳо мунтазам навбатдорӣ мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз сокинон ва ронандагон хоста, ки дар ин рӯзҳои сарду пурбориш аз сафар ба минтақаҳои хатарноки кӯҳӣ худдорӣ кунанд.