Хона блог саҳифа 622

Кабирӣ: Ваҳдати миллӣ набояд шахсмеҳвар ва давлатмеҳвар бошад

0

5-уми июл, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ дар суҳбати онлайнии худ дар мавриди шинохти Ваҳдати миллӣ гуфт, ки Ваҳдати миллӣ набояд шахсмеҳвар ва давлатмеҳвар бошад, балки он бояд дар мабнои арзишҳои муштараки миллат сохта шавад.

Кабирӣ дар идома афзуд, ки агар ҳукумат ва раҳбарияти кишвар воқеан Ваҳдати миллӣ мехоҳанд, бояд миллатро ба худию бегона ва ҳукуматю мухолиф ҷудо накунанд ва биёянд дар чорчӯби як платформа арзишҳои муштаракро ба вуҷуд биёранд, чи мухолиф ва чи тарафдори ҳукуматро барои ба вуҷуд омадани як Ваҳдати миллии воқеӣ гириди он ҷамъ оваранд.

Ӯ барои тавзеҳи бештар аз вуҷуди Ваҳдати миллӣ дар Кореяи Шимоӣ ва кишвари Олмон мисол овард. Ба назари ӯ, намунаи Ваҳдати миллии Кореяи Шимолӣ, ки ҳама марбут ба як нафар аст ва шаҳрвандон ба қарорҳои ӯ ҳамеша розиянд, шояд аз нигоҳи худи онҳо барояшон ин муносиб бошад, аммо намунаи Ваҳдати миллии кишвари Олмон куллан фарқ мекунад ва он дар чорчӯби арзишҳо ва муштаракоти ягона сохта шудааст, ки ин метавонад воқеитар бошад.

Раҳбари ПМТ изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон як шинохти хоси худро аз Ваҳдати миллӣ дорад, агарчи ба Кореяи Шимолӣ монанд набошад, вале ба он наздик аст. Ва ин навъи фаҳмишро даъватгарони идеологии ӯ, ба таври ошкоро ҳам набошад, бо ҳар воситае доранд дар кишвар паҳн мекунанд. Ӯ шиорҳои ба монанди “Ҷамъ шудан дар гирди як нафар” ва “Тарафдорӣ аз сиёсати ҳукумат”-ро аз намунаҳои ин навъи таблиғот донист.

Муҳиддин Кабирӣ дар бораи тартиби платформаи муштарак барои фаҳмиши дуруст аз Ваҳдати миллӣ гуфт:

“мо бояд биёем аз он шиорҳо ва назарпрадозиҳои хушк бигзарем ба роҳкорҳои амалӣ ва бояд аз он чорчӯби қаблӣ (худию бегона, ҳукуматию оппозитсюн, тарафҳои ҷанг) берун биёем бо воқеиятҳои ҷадид, бо шинохти навин ва шинохти муосир вориди як раванди миллатсозӣ ваҳдатсозӣ биравем”.

Фавти ду нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон

0

5-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, дар асари мавҷи ҷадиди бемории COVID-19 ду нафар вафот кардааст. Аммо ҳувияти онҳоро ошкор накард.

Ин дар ҳолест, ки танҳо тайи ҳафттаи гузашта хабари марги дасти кам 6 нафар аз чеҳраҳои саршиноси кишвар бо шумули Узбекбӣ Асадуллоева, модараруси президент Эмомалӣ Раҳмон бо нишонаҳои бемории COVID-19 дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Бино ба иттилои дирӯзаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як шабонарӯзи гузашта дар тамоми ҷумҳурӣ 26 ҳолати нави мубтало шудани шаҳрвандон ба ин беморӣ сабт гаридида, 17 нафар пас аз муолиҷа шифо ёфта аст.

Тибқи омори расмӣ, то рӯзи 5 июл  дар кишвар 13623 нафар сироятёфта ба коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то 13382 нафар (98,2%) шифо ёфта, 146 каси дигар зери муолиҷа қарор доранд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 95 нафар фавтидааст.

Хушдомани Эмомалӣ Раҳмон даргузашт

0

Баъд аз зуҳри имрӯз хушдомани Эмомалӣ Раҳмон дар синни 88-солагӣ бар асари беморӣ аз дунё даргузаш. Хабар дод, сомонаи радиои “Озодӣ“.

5-уми июли соли 2021, хонум Узбекбӣ Асадуллоева, ки тайи чанд рӯзи ахир ба бемории коронавирус гирифтор шуда, дар шаҳри Душанбе бистарӣ буд.

Марҳум дар бемористони Пажҳишгоҳи гастроэнтология маъруф ба “клинакаи Мансуров воқеъ дар шаҳри Душанбе дунёи фониро падруд гуфт.

Арзиши билетҳо байни Тоҷикистону Русия арзон шудаанд?

0

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, арзиши билетҳои ҳавопаймо байни Тоҷикстону Русияро аз 1200-1400 доллар то ба 500 доллар поён овардааст. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳол аз гаронии билетҳо шикоят мекунанд.

Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба “Pressa.tj” гуфта, ки баъд аз барқарор шудани парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Русия билети парвоз дар ин самт то 1500 доллар гарон шуд ва онҳо тавонистанд, ки нархи билетро то 500 доллар поён биёранд.

Субҳонзода мегӯяд, агар то нимаи моҳи май 45 ҳазор нафар ба Русия сафар карда бошад, баъд аз арзон шудани билетҳо дар як моҳи охир (аз 26 май то 23 июн) наздики 81 ҳазор мусофир ба Русия парвоз кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, “Ба самти Москва бошад парвозҳои мунтазам ҳафтае ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа иҷро мешаванд ва нархи чипта вобаста ба санаи парвоз аз 4125 сомониву 30 дирам то 5638 сомониву 30 дирамро ташкил медиҳад”, – омадааст дар посухи Агентӣ ба “Pressa.tj”.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони зиёде аз гаронии билетҳо шикоят мекунанд. Ба гуфтаи баъзе шоҳидон, пайдо кардани билет бо нархе, ки мақомот муайян кардааст, бисёр душвор ва ҳатто номумкин аст. Корафтодагон арзиши билетҳоро аз 700 доллар боло мегӯянд.

Аммо дар интернет як билет барои рӯзи 11-уми моҳи ҷорӣ дар самти Душанбе-Маскав аз 36687 рубли русӣ (баробар бо 5700,46 сомонӣ) оғоз шуда, то 66454 ҳазор рубл (баробар бо 10325,68 сомонӣ) арзиш дорад. Нархҳо аз Маскав-Душанбе нисбатан арзонтар буда, аз 20539 ҳазор рубл (баробар бо 3191,37 сомонӣ) то 37739 рубл (баробар бо 5863,92) нархгузорӣ шудааст.

Хушдомани Эмомалӣ Раҳмон дар беморхона, вале ӯ барои муъолиҷаи вазираш аз хориҷ табиб овардааст

0

4-уми июли соли 2021, Генерал-майор Саидамир Розиқзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон бар асари бемории коронавирус аз дунё гузашт.

Ба навиштаи сомонаи радиои “Озодӣ”, Саидамир Розиқзода дар сини 64-солагӣ вафот кардааст. Наздикони ӯ сабаби фавти генералро гирифторӣ ба COVID-19 гуфтаанд. Вале мақомот расман, то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд.

Ҳамзамон  ”Радиои Озодӣ” дар истинод ба манобеи худ хабар дода, ки  модараруси Эмомалӣ Рамҳон хонум Узбекбӣ Асадуллоева низ бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология, маъруф ба “клиникаи Мансуров” бистарӣ шудааст.

Хушдомани Раҳмон 88-сола буда, ба гуфтаи огаҳони умур дар мақомгирии бархе аз пайвандони ҳамсараш дар ниҳодҳои давлатӣ нақши муҳим дошта аст.

Узбекбӣ Асадуллоева чанд рӯз зери дастгоҳи нафасдиҳӣ қарор дошта, дар ҳоли ҳозир ҳолаташ беҳтар арзёбӣ мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо бистарӣ шудани хонум Узбекбӣ Асадуллоева сомонаи “Азия Плюс” хабар дод, ки вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабиров низ ба ин беморӣ мубтало шуда, барои муъолиҷаи ӯ, аз хориҷи кишвар духтур овардаанд.

Пизишкон вазъи саломатии Шералӣ Кабирро дар ҳоли ҳозир хуб арзёбӣ кардаанд ва гуфтаанд, ки ӯ давраи буҳронии бемориро пушти сар карда ва ҳоло вазъаш хуб асту саломатияшро хатари ҷиддие таҳдид намекунад.

Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон зимни баёнияи расмӣ дар 3-4 июн аз фавти як нафар ва сирояти 49 шахс ба коронавирус дар ҷумуҳурӣ хабар медиҳад.

Ҳукумат аз аввали зуҳури ин беморӣ талош кард, то омори дақиқ ба расонаҳо роҳ наёбанд. Инчунин бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки торнамеро барои ёди фавтидагони коронавирус таъсис дода буданд, бо ишораи ҳукумат фаъолияти онро қатъ кардаанд.

Мақомоти расмӣ дар ҳоле адади гирифторони Ковидро 49 нафар мегӯянд, ки ин вирус қисме аз хонаводаи раисҷумуҳр ва аъзои ҳукуматашро низ сироят карда аст.

Тибқи иттилоъи расмӣ дар торнамои Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), ки аз сӯи вазорати Тандурустӣ роҳандозӣ шудааст, дар умум адади сироятёфтаҳо дар ҷумҳурӣ ба 13597 расида аст. Аз ин шумор 13365 шифо ёфта, то кунун 93 нафар фавтида аст. Тибқи ин маълумот дар дӯ рӯзи ахир 32 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Тоҷикистон Толибонро дигар нерӯҳои носолим намедонад?

0

Бо пешравии нерӯҳои Ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон мавқеъи ҳукумати Тоҷикистон нисбати ин ҳаркат тағйир карда, онро носолим намедонад.

Хабаргузории расмии кишвар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) “Ховар”, ки таблиғгари асосии мавқеъи ҳукумати Тоҷикистон дониста мешавад, дар робита ба мавзеъи худ нисбат ба ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон, ки дар гузашта онро ифротиву тундгаро ва ҷаҳолатпараст муаррифӣ мекард, тағйири мавзеъ кардааст.

Ин хабаргузорӣ дар охирин матлаби худ зери унвони “Вазири мудофиаи Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ Толибонро ба таслим шудан даъват кард”, шеваи муносибат бо ин ҳаракатро нармтар кард ва бидуни барчаспгузорӣ аз қабили ифротӣ, тундгаро, ҷаҳолатпараст ва ғайра ба ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон иктифо кард. Барои мисол:

“ДУШАНБЕ, 29.06.2021/АМИТ «ХОВАР». Вазири мудофиаи Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ҳаракти «Толибон»-ро  ба таслим шудан даъват кард: «Агар хоҳед, ки зинда бимонед, таслим шавед!». Ин муроҷиати вай ба толибон имрӯз дар сафҳаи фейсбукиаш интишор ёфтааст”.

Бо ин, ки дар зершарҳи ин матлаб Толибон ҳаркати мамнуъ дар Тоҷкистон ишора шудааст, аммо лаҳҷаи гуфтори ин хабаргазорӣ нисбат ба ин ҳаркат куллан тағйир карда аст.

АМИТ “ХОВАР” то соли 2019 мудом ин ҳаркатро бо тундгаро, даҳшатафкан, ифротӣ ва ҷаҳолатпараст ёд мекард. Аммо аз соли 2019 лаҳҷаи мақомоти тоҷик дар муносибат бо онҳо тағйир карда, танҳо “бо мамнуъ дар Тоҷикситон” иктифо карда аст.

“ДУШАНБЕ, 29.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Панҷ нафар ҷангии ҳаракати тундгарои «Толибон» (дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар натиҷаи ҳамлаи тайёраҳои бесарнишини амрикоӣ дар шарқи Афғонистон нобуд гардиданд,- хабар медиҳад агентии «Khaama Press» бо истинод ба изҳороти ҳарбиёни афғон.”

“ДУШАНБЕ, 23.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷануби Афғонистон бар асари зарбаҳои нерӯҳои ҳавоии ИМА на кам аз 63 нафар ҷангиёни ҳаракати ифротии «Толибон» /мамнӯъ дар Тоҷикистон/ маҳв гардиданд. Дар ин бора агентии «Пажвок» бо истинод ба полис хабар дод.”

Ҳамзамон президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар гузашта Ҳаракати Толибонро дар суханронӣ ва мавқеъгириҳои худ пайваста ҳамчун ҳаракат ва ё гурӯҳи даҳшатафкан, иртиҷоӣ, террорист, ифротӣ, ҷаҳолатпараст ва ғайра ном мебурд, аммо бо қудрат гирифтани Толибон дар Афғонистон лаҳҷаи ӯ ҳам куллан тағйир кардааст.

Торнамои расмии президенти Тоҷикистон, ки мавқе ва сухнарониҳои расмии Эмомалӣ Раҳмон нашр мекунад, ҳаммонанди АМИТ “ХОВАР” дар муносибат бо Ҳаракати Толибон тағйири мавзеъ кардааст.

Сомонаи президент Эмомалӣ Раҳмон дар охирин матлаби худ ин ҳаркатро бидуни кадом ишорае ба мамнуъ будан зикр кардааст. Дар он гуфта мешавад: “Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот ҷонибдорӣ менамояд. Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи Ҳукумати Афғонистон ва Ҳаракати Толибон ҳамаҷониба истиқбол мекунад.”

Поёни даври чорякниҳоии Чемпионати Евро-2020 оид ба футбол

0

Рӯзҳои 6-7 июли соли 2021 бозиҳои даври нимфиналии Чемпионати Евро-2020 дар майдони Уэмбли Лондон баргузор мегарданд.

Дар ин марҳила дастаҳои Италия-Испания ва Дания-Англия барои роҳ ёфтани ба даври ниҳоӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Пеш аз ин, рӯзи 2-юми июли моҳи равон ду бозии даври 1/4 ниҳоии Евро-2020 баргузор гардид, дар натиҷа ду даста ба даври 1/2 ниҳоии мусобиқа баромада, ҷуфти якуми нимфиналиро ташкил доданд.

Дар бозии аввали рӯз тими миллии Швейтсария бо тими миллии Испания вохӯрд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Газпром Арена” -и Санкт-Петербург баргузор шуд. Вақти асосӣ ва изофии бозӣ бо ҳисоби 1: 1 хотима ёфт. Дар задани силсилаи пеналтӣ испаниҳо моҳиртар баромаданд, ки бозӣ ба фоидаи онҳо – 3: 1 анҷомид.

Дар бозии дуюм дастаҳои мунтахаби Белгия ва Италия ба ҳам вохӯрданд. Бозӣ дар варзишгоҳи Аллианз Аренаи Мюнхени Олмон баргузор шуд ва бо пирӯзии итолиёвиҳо бо ҳисоби 2: 1 хотима ёфт. Ҳама голҳо дар нимаи аввали бозӣ зада шуданд. Барои Италия голҳоро Барелла ва Инсине заданд, голи ягонаи Белгияро Лукаку зад.

Рӯзи 3-юми июл ду бозии дигари 1/4 финалии Чемпионати Евро – 2020 баргузор гардид, ки дар натиҷа ду даста ба марҳилаи 1/2 ниҳоии мусобиқа баромада, ҷуфти дуввуми нимфиналиро ташкил доданд.

Дар яке аз бозиҳо дастаи мунтахаби Дания тими миллии Чехияро мағлуб кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи олимпии Боку (Озарбойҷон) баргузор шуд ва бо ҳисоби 2: 1 хотима ёфт.

Дар бозии дуюм дастаи мунтахаби Англия бар тими миллии Украина ғалаба кард (4: 0). Ин бозӣ дар варзишгоҳи Олимпикои Рим (Италия) баргузор шуд.

Ҳамин тариқ, ҳарду ҷуфти нимфиналии Евро-2020 муайян шуданд:

Италия – Испания;

Дания – Англия.

Чемпионати Евро – 2020 оид ба футбол бояд соли гузашта баргузор мегардид, аммо бо сабаби пандемияи коронавирус он ба як соли баъд гузошта шуд. Бозии аввали Чемпионати Евро – 2020 рӯзи 11-уми июни соли 2021 байни дастаҳои мунтахаби Туркия ва Италия баргузор гардид.

Нигаронии Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз вазъи марз бо Афғонистон

0

Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон бо интишори як баёния эълом кард, ки беш аз ҳазор сарбозу афсари Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд.

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, тайи рӯзҳои ахир, ин сарбозон дар набард бо нерӯҳои Ҳаракати Толибон тоб навоварда ба қаламрави Тоҷикистон ақибнишӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар давоми ду моҳи ахир ин бори сеюм аст, ки сарбозони давлатии Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ меоранд. КДАМ ин бор шуомри сарбозони паноҳанда ба Тоҷикистонро беш аз 1000 нафар мегӯяд.

Акс аз “Ховар”

Дар изҳороти манбаъ зикр гардида, ки дар муқовиматҳои мусаллаҳона бо “Толибон”, 1037 нафар низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, тавассути минтақаҳои сарҳадии “Шоҳон”-и ноҳияи Ш.Шоҳин (104 нафар), “Рузвай”-и ноҳияи Дарвоз (213 нафар), “Нулванд”-и ноҳияи Дарвоз (83 нафар), “Хумроғӣ”-и ноҳияи Ванҷ (173 нафар), “Тем”-и шаҳри Хоруғ (312 нафар), “Ишкошим”(102 нафар) ва “Лангар”-и ноҳияи Ишкошим (50 нафар) вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.

Нерӯҳои марзбонии кишвар вазъро дар марз ногувор арзёбӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Нерӯҳои марзбонии кишвар бори аввал 22 июн аз убури 134 ва бори дуюм 27 июн аз убури 17 сарбози нерӯҳои давлатии Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон хабар дода буд.

Бояд гуфт, ки давоми чанд рӯзи ахир байни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон даргириҳои шадид сурат гирифт, ки дар натиҷа Ҳаракати Толибон беш аз 100 навоҳии ин кишавар, аз ҷумла ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистонро тасарруф карданд.

Нашри аввалин маҷмӯаи шеърии фарзанди Зафари Суфӣ ба забони фаронсавӣ

0

Шоири тоҷик ва муассиси расонаи “Озодагон”, Зафари Суфӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз аввалин китоби маҷмуаи шеърии фарзандаш Некфар, ки ба забони фаронсавӣ ба табъ расид, хабар дод.

Шеърҳои Некфар ба забони фаронсавӣ аввалин эҷодиёти як шоири ҷавони тоҷики зодаи Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 18 сол умр ба ин забон ба ҳисоб меравад.

Матни комилро дар зер мутолиа кунед:

Акс аз саҳифаи Зафари Суфӣ

БЕҲТАРИН ХАБАР

Шукри Худо, китоби шеърҳои Некфар ба зевари чоп расид!Ин нахустин маҷмуаи шеърҳои як тоҷик ба забони фаронсавист. Албатта ҳамзабонони мо аз Эрон буданду ҳастанд, ки ба забони Бодлер, Аполлонер, Луи Арогон ва даҳҳо шоири беназири Фаронса, машқи шеър кардаву осорашон ба нашр расидааст. Аммо Некфар аввалин тоҷик аз Варорӯд аст, ки ба фаронсавӣ менависад ва дар синни 18 нахустин дафтари шеърҳояш ба ин забони зебо нашр шуд. Баргардони унвони китоб аз фаронсавӣ ба форсӣ шояд «Порае аз кӯҳ», «Бурида аз кӯҳ» ё «Ҷудоуфтода аз кӯҳ» мешавад. Мутмаинам дӯстон дарк карданд, ки мавзӯъи навиштаҳои Некфар дар ин китоб баёнгари чист, яъне аз хотирот, бардоштҳо, ностолживу пазмониҳои навҷавонест, ки ба иҷбор аз макони дӯстдоштааш, аз диёри домани кӯҳҳои сарбафалак ҷудо уфтода. Танҳо тақсире, ки ӯ дорад, фарзанди шахсест, ки натавониста хирсро Хизр бихонад ва қотилу дуздеро мадҳ бикунад, ҳамроҳи тудаҳои чоплус бошад ва ҳатто дар баробари расман «душман» эълон шудан ҳам талош карда ҳарфи дурӯғ нагӯяд…Шояд баъдҳо боз дар ин мавзуъ матлабе бинвисам. Ҳоло хеле хушҳолам ва ҷӯши эҳсосам намегузорад бештар аз ин чизе рӯи сафҳа бикорам…Дар зимн, хоҳишмандон метавонанд аз тариқи мо ва ё муроҷиат ба нишонии интишорот нусхаи китобро дастрас кунанд.Қаламат сабз ва умрат дарозу сарат баланд бошад Некфар.

Убайдулло Раҷабов даргузашт

0

Имрӯз 1 июл бозигари машҳури театр ва синамои Тоҷикистон, ҳаҷвнигори шинохта, Убайдулло Раҷабов дар умри 80-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук корбарони зиёде хабар доданд. Сабаби марги ин ҳунарманди шинохта гирифторӣ ба бемории “COVID-19” гуфта мешавад. Ҷаноза соати 16:30 ба вақти Душанбе баргузор шуд. Ва ӯро дар Лучоб ба хок супурданд.

Ҳайати эҷодии “Аздо тв” даргузашти ин чеҳраи шинохтаи синамои Тоҷикистонро зойиъаи бузурги миллати тоҷик дониста, барои наздикон ва ҳамкорону ҳампешагонаш таслият мегӯяд.