Хона блог саҳифа 623

Тоҷикистон мардуми Афғонистонро дар мубориза алайҳи тероризм пуштибонӣ хоҳад кард

0

Имруз 30-июн Мирраҳмон Раҳмони раиси Вулуси Ҷирга (Шурои миллӣ)-и Афғонистон, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада аст бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нооромиҳои дар Афғонистон идомадошта, шиддат гирифтани вазъи сиёсӣ ва низоми дар ин кишвар, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷахонӣ шуда аст ишора намуда ҳамкориҳои амалии ду кишварро дар соҳаи амният зарур донист.

Тибӣи навиштаи “Азия Плюс” раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки барои мубориза бо террористон ва гурӯҳҳоои муташаккили ҷиноӣ, ки дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доранд бояд чораҳои таъсиргузортар андешида шаванд.

Дар ин дидор равандҳои дигари ҳамкории кишварҳо ба хусус равобити парлумонӣ дар бахши сиёсат, мудофиа, иқтисод, савдо, илм, маориф, васоити ахбори омма ва тандурустӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон гуфт:

“Мо ҳамеша бо ибтикори сулҳу субот ва эҳёи иқтисоди ҷумҳурӣ ташаббус ва иқдомоти ҳукумат ва мардуми кишвари дӯстро, ки моро бо онҳо як забон ва фарҳанги муштарак баста аст, дастгирӣ хоҳем кард”.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои афзалиятнок ва барои ҳарду кишвар муфид ба монанди энергетика, ташкили коридорҳои нави нақлиётӣ ва иҷрои барномаҳо муштарак табодули назар карданд.

Изҳори назари Содир Ҷабборов дар мавриди мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон

0

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов баъд аз бозгашт ба ватанаш дар мавриди мулоқоти рӯ ба рӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 29 июн дар Душанбе беш аз 6-соат тӯл кашид, изҳори назар кард.

Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки “Мо қадамҳои минбаъдаро барои ҳалли ҳама масъалаҳои марзӣ ва фаъолона идома додани кор дар самти тавсифи хатҳои сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ кардем”.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, Ҷабборов изҳор доштааст, ки Қирғизистон ба рушди муносибатҳои гуногунҷаба бо Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва дар сиёсати хориҷии худ ба ҳама созишномаҳои қаблан ҳосилшуда дар таҳкими шарикии мутақобилан судманд дар асоси дӯстӣ ва ҳамсоягии нек содиқ мемонад.

Содир Ҷаббаров гуфт, ки дар ҷараёни музокирот табодули назар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон сурат гирифт. Ғайр аз ин, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар бахши обу энергетика баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Содир Ҷабборов барои ду рӯз, 28 ва 29 июн дар Тоҷикистон ҳузур дошт, аммо мулоқоти рӯ ба рӯи президентҳо ки беш аз 6 соат тӯл кашид, бе имзои кадом санаде ба охир расид.

Масъалаи асосии ин мулоқот баҳси мушкилоти марзӣ гуфта мешуд, аммо чунин ба назар мерасад, ки ҷонибҳо ба ҷуз суръат бахшидани кори комиссиюни байниҳукуматӣ дар мавриди таъйин ва аломатгузории хатти марзӣ дигар ба масъалаи мушаххасе тавофуқ ҳосил накарданд.

Расонаҳои тоҷикӣ аз он хабар доданд, ки дар охири нишаст ҷонибҳо танҳо иҳзороти муштарак дар 25 банд ба имзо расониданд.

Туркия парвозҳои ҳавоии худро бо 6- кишвар қатъ мекунад

0

Ба иллати паҳншавии навъҳои пешрафтаи коронавирус мақомоти Туркия парвозҳои ҳавоиро бо шаш кишвар манъ мекунад.

“Москва-24” аз қавли Вазорати умури дохилаи Туркия иттилоъ дод, ки парвозҳои ҳавоӣ бо Бангладеш, Бразилия, Непал, Ҳиндустон, Шри-Ланка ва Африқои Ҷанубӣ аз фардо 1-июл муваққатан катъ карда мешавад.

Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Туркия гардишгароне, ки ба Туркия омадаанд агар дар 14 рӯзи охир ба кишварҳои зикршуда сафар карда бошанд, бояд натиҷаи манфии озмоиши РСR-ро пешниҳод кунанд, ки ҳадди аксар 72 соат кқабл аз вуруд ба Туркия анҷом дода шуда аст, онгоҳ онҳо 14 рӯз дар қарантина нигоҳ дошта мешаванд.

Пештар намояндаи Созмони ҷахонии тандурустӣ дар Русия Мелита Буйнович гуфта буд, ки вазъи штамми коронавируси “Delta Plus” ташвишовар аст ва он суръат мегирад. Ба гуфтаи вай эмкунониӣ ва режими ниқоби тиббиро бояд риоят кард то иммунитети умумӣ ба вуҷуд ояд вагарна “куфлро пешгирӣ кардан мумкин нест”.

Тавре ки “Москва-24” хабар дода аст, дар Инглистон ҳолатҳои тасдиқшудаи ташхиси коронавируси “Lambada” ба қайд гирифта шудаанд. Вазорати тандурустии Инглистон тавсия дода аст, ки ба нишонаҳои ба мисли табларза, сулфаи доимӣ, гум шудан ё тағйирёбии ҳисси бӯёӣ ва мазза диққат дихед. Ба андешаи табибон дар ҳоли ҳозир мушкилоти ҷиддитар аз ин навъ ё коҳиш ёфтани самаранокии воксинаҳои мавҷуд алайҳи он вуҷуд надорад.

Мардум барои гирифтани воксин мераванд, вале воксин нест

0

Сокинони вилояти Суғд аз он шикоят доранд, ки ду рӯз боз ба назди дармонгоҳҳои вилоят барои гирифтани воксин мераванд, вале масъулони дармонгоҳҳо ба онҳо мегӯянд, ки воксин тамом шудааст.

Ба гуфтаи масъулон воксини зидди коронавирус дар вилоят тамом шудааст ва онҳо мунтазиранд, ки кай вояҳои нав аз марказ мерасад.

Бино ба навиштаи “Азия-Плюс” Маркази иммунопрофилактика низ таъйид карда, ки захираи воксинҳо дар вилоят тамом шудааст.

Таҷаммӯи мардум дар назди дармонгоҳҳо ва соатҳо навбатпоӣ барои гирифтани воксини зидди коронавирус дар ҳоле суръат гирифтааст, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ дар мариди пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 дар кишвар расман 21 июн аз мавҷи дигарбораи ин беморӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, дар вилояти Суғд танҳо воксини “Астразенека” ба шаҳрвандон тазриқ мешуд.

“Директори Филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар вилояти Суғд, Ҷаннатой Набиева субҳи 30-уми июн ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар амборҳои ин муассиса воксинаи “Астразенека” барои эмгузаронӣ боқӣ намондааст. Ӯ гуфт, рӯзе пеш танҳо 600 воя воксина боқӣ монда буд, ки ба эҳтимоли зиёд субҳи имрӯз тамом шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал зиёда аз 32 ҳазор воя ваксинаи “Астразенека” ворид шуда буд ва кормандони соҳаи тандурустӣ, гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ ва шахсони аз 60- сола боло тазриқ шуданд”, омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз ба Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи COVAX 192 ҳазор воя воксини “Астразенека” ва 300 ҳазор воя воксини “КоронаВак”-и чинӣ ворид шудааст. Тибқи иттилои ахири Вазорати тандурустии кишвар наздик ба 300 ҳазор шаҳрванд воксин гирифтаанд.

Кумаки бебозгашти навбатии Бонки ҷахонӣ ба Тоҷикистон

0

Маркази матбуотии Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Бонки ҷахонӣ барои амалисозии як қатор лоиҳаҳо ба Тоҷикистон кумаки молии бебозгашт мекунад.

Маблағҳо дар доираи тавофуқномаҳои имзошуда оид ба муосирсозии омори миллӣ, такмили идоракунии молияи давлатӣ, электриконидани деҳаҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҷудо карда мешаванд.

Санадҳоро Файзиддин Каҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Ян Питер Олтерс, намояндаи доимии Боки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Ба нақл аз “Спутник”, дар маҷмӯъ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 35 миллион доллар кумаки ройгон мекунад.

Аз ҷумла 10 миллион доллар ҷиҳати бозсозии системаи омори миллӣ ва электронидании нуқтаҳои аҳолинишин, 9 миллион доллар барои амалисозии барномаи мутобиқсозии тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал ва 6 миллион доллар барои татбиқи лоиҳаи идоракунии молияи давлатӣ.

Ёдовар мешавем, ки Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир 21 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумӣ 1,1 миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон қасди ҷони Маҳмадалӣ Ҳаитро кардаанд?

0

Сомонаи “Ислоҳ.нет” ки мудираш Муҳаммадиқболи Садриддин – яке аз мухолифони ҳукумати президенти 28-солаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов, дар матлабе аз нақшаи қатли Маҳмадалӣ Ҳаит аз сӯи мақомдорони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иддаои сомонаи “Ислоҳ”, амалиёти маҳви физикии Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мақомдорони тоҷик рӯйи даст гирифтаанд ва барои иҷрои ин кор Дониёр Сафаров – қотиле, ки дар гузашта дар куштори ду духтари ҷавон гунаҳкор дониста мешавад, вазифадор шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Донёр Сафаровро ҳамроҳ бо як нафари дигар бо ҷурми куштори ду ҷавондухтар дар моҳи декабри соли гузашта барои 22 сол маҳкум ба зиндон кард.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит, аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли 2016 ба ҳукми абад маҳкум шуда, дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Ба иддаои ин сомона, Дониёр Сафаров – ҳамон ронандаи мусофиркаши маҳкумшуда бо ҷурми қатли ду одамро бо Маҳмадалӣ Ҳаит дар як ҳуҷра ҷо кардаанд.

Манбаи “isloh.net” менависад:

“Як корманди баландрутбаи милисаи Душанбе бо номи Хусрав Аминов Нуриддинович, ки аз солҳо пеш бо Дониёр Сафаров рафиқӣ ва риштаи дӯстӣ дошт, ба Дониёр ваъда додааст, ки шарти раҳоии ӯ ба куштори Муҳаммадалӣ Ҳайитов марбут аст. Ҳоло маълум нест, ки дар пушти ин «заказ» шахсан худи Эмомалӣ Раҳмонов меистад ва ё афроде баландпояи дигар аз мақомоти Тоҷикистон”.

Дурустии ин хабар аз ҷои дигаре таъйид ё рад нашудааст, аммо пештар Радиои Озодӣ аз қавли ҳамсари М.Ҳаит, ки рӯзи 22-юми майи соли ҷорӣ бо ӯ дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе мулоқот кард, хабар дода буд, ки як нафари муттаҳам ба ду кушторро бо шавҳараш дар як ҳуҷра ҷой кардаанд.

Савринисо Ҷӯрабекова ба “Радиои Озодӣ” гуфт:

“Дар як утоқ бо зиндонии гунаҳкор дар куштори чанд зан нишондаанд. Ишора кард, ки ин зиндонӣ зуд-зуд оби ташнобро банд мекунад ва ё тавтеаҳои дигарро ба роҳ меандозад, то ӯ асабӣ шуда, вокуниши тунд нишон диҳад. Аз маъмурони зиндон мехоҳад ӯро бо зиндониёни дигар, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ нигоҳ доранд”.

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдони тоҷик дар Аврупо мегӯяд, Вазорати адлияи ҶТ худаш конунро дағалона вайрон мекунад.

“Тибқи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, зиндониёне, ки ба ҳукми абад маҳкум шудаанд, бояд ҷудогона аз дигар маҳбусон нигоҳ дошта шаванд. Дар моддаи 78-и ҳамин қонун омадааст, ки шахсони якумра аз озодӣ маҳрум аз дигарон ҷудогона нигоҳ дошта мешаванд. Ва касеро ба ғайр аз маҳкумшудаҳои якумра бо онҳо дар ҳуҷраҳо ҳамроҳ кардан мумкин нест.”

“Хатогии дуюм ва ё бемасъулиятии Ҳукумат он аст, ки якумра махкумшудагон набояд дар СИЗО нигох дошта шаванд. Дар СИЗО  дилхоҳ маҳкумшуда барои иҷрои ягон кори ёрирасонӣ ва ё ҳангоми гузаронидани ягон амали тафтишотӣ ҷой дода мешавад. Пас аз даҳ рӯзи ба қувваи конунӣ даромадани ҳукми суд, бояд маҳкумшуда ба колонияҳои махсус равон карда шавад”, – гуфт Ҷамшед Ёров ба “Аздо тв”

Додгоҳ дар Тоҷикистон паси дарҳои баста Маҳмадалӣ Ҳаитро дар соли 2016 бо иттиҳоми терроризму экстремизм ба ҳукми абад маҳкум кард. Ӯ ва наздиконаш қарори додгоҳро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид низ дар пайи тафтиши қазияи Маҳмадалӣ Ҳаит дар соли 2018 боздошти ӯро ғайриқонунӣ донист ва аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кард то ӯро бе ягон қайду шарт фавран озод кунанд.

Як микроавтобуси ҳомили муҳоҷирон дар Русия чаппа шуд

0

Дар вилояти Волгогради Русия микроавтобуси “Газел”, ки муҳоҷирони кориро мебурд, дар як тасодуф чаппа шуд. Дар натиҷаи тасодуфи микроавтобус дар вилояти Волгоград 13 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора вебсайти Сарраёсати ВКД-и Русия дар ин минтақа хабар дод.

Дар хабари ВКД-и Русия гуфта мешавад, дар дохили “Газел” 14 мусофир буданд, ки ба сӯи ҷои корашон мерафтанд, вале онҳо бо худ ҳуҷҷат надоштанд. Дар ҳоли ҳозир вазъи ду нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи тандурустии вилояти Волгоград қайд кард, ки пас аз садама даҳ мард ва ду зан бо ҷароҳатҳои гуногун, аз ҷумла захмҳо дар сар, шикасти сутунмӯҳра ва осеби шикам дар беморхона бистарӣ шуданд.

Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба Раёсати умури муҳоҷирати Русия менависад, ки муҳоҷирони дохили “Газел” шаҳрвандони Узбекистон буданд ва ҳамаи онҳо асноди заруриро бо худ доштанду қонунӣ кор мекарданд.

Киҳо дар Олимпиадаи Токио Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд?

0

Имрӯзҳо мусобиқаҳои интихобии бозиҳои олимпии 2020 дар ҳама намудҳои варзиш ба поён мерасанд ва тимҳои олимпӣ барои сафар ба Токио, ки бозиҳо дар онҷо аз 23 июл шуруъ мешаванд, омодагӣ мегиранд.

Тибки иттилои “Азия-Плюс” то ба имруз 8 варзишгар аз Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар бозиҳои олимпии Токио иҷозатнома ба даст овардаанд ва ин варзишгарон иборатанд аз:

  1. Сомон Маҳмадбеков дар вазни (73 кг)

2.  Акмал Муродов (81 кг)

3. Комроншоҳ Устопирён то (90кг)

4. Темур Раҳимов (100 кг)

Муштзанҳо:

  1. Баҳодур Усмонов (64 кг)

2. Шаббос Негматуллоев то (81 кг)

Ва варзишгарон Гулсунбӣ Шарипова ва Элдар Аҳмадиев.

Ҳамчунин бар асоси квотаи федератсияи байналмилалӣ, Тоҷикистон ду роҳхати шиноварӣ хоҳад дошт. Тибқи дархост як варзишгари мард ва як зан ки дар Ҷоми Ҷаҳонии 2019 ширкат кардаанд имкони иштирок дар бозиҳои олимпиро доранд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон то ҳол тасдик накарда аст, ки кадоме аз шиноварони точик дар олимпиада ширкат хоҳанд кард.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар пойтахти Ҷопон – Токио аз 23 июл то 18 августи соли 2021 баргузор мегарданд.

Ин бузургтарин мусобиқаи варзишии ҷахон аст, ки дар он тақрибан 11 ҳазор варзишгар аз 200 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Онҳо дар 33 навъи варзиш ба рақобат пардохта барои 339 маҷмӯаи ҷоизаҳо мубориза мебаранд.

Имзои тавофуқнома байни Русия ва Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи хӯроки мактабӣ

0

Тавофуқнома дар бораи маблағгузории лоиҳаи хӯроки мактабӣ дар Душанбе аз ҷониби намояндагони Русия ва Тоҷикистон ба имзо расид.

Музокиротро вазири молия Файзиддин Каҳҳорзода ва директори минтақавии фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Аврупо, ва Осиёи Марказӣ Дина Солех анҷом доданд, дар натиҷа тавофуқнома оиди маблағгузории барномаи хӯрокхурии мактабӣ ба имзо расид.

Хабаргузории Спутник иттилоъ дод, ки грант барои ин лоиҳа аз ҷониби Русия дода мешавад ва дар маҷмӯъ Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион доллар хоҳад гирифт.

Русия ба воситаи Барномаи Ҷаҳонии СММ ба таври мунтазам лоиҳаҳоро оиди беҳтар кардани сифати ғизо дар мактабҳо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад.

Аз соли 2013 бо дастгирӣ ва пуштибонии Русия дар Тоҷикистон воҳидҳои хӯрокворӣ таъмир карда шуданд ва барои кормандони наздики 60 мактаби тоҷикӣ омӯзиш гузаронида шуд.

Ҳафт нонвойхонаи мактабӣ сохта ё бозсозӣ шуданд, ки ҳоло 61 муассисаи таълимиро бо нон таъмин менамоянд. Дар саҳни ҳавлии 10 мактаб гармхона бунёд карда шуда ва китоби “дастурхони хӯрок дар мактаб” ба чоп расонида шуд.

Кумаки умумии молиявӣ то ба имрӯз наздик ба 80 миллион доллар  мерасад.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба ВКХ-и Русия нота дод

0

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар робита ба боздошти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Ҳусейнов, ки бо скинхедҳо (фашистон) дар яке аз кӯчаҳои Маскав занозанӣ кардааст, нота фиристод.

Бино ба навиштаи “Авесто” сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба расонаҳо гуфт, ки сафорат дар нотаи худ таҳқиқи мунсифона ва шаффофи ҳама ҳолатҳои ҳодисаро талаб кардааст.

Гуфта мешавад, ки сафорати Тоҷикистон дар Маскав сарнавишти ин шаҳрванди Тоҷикистонро зери назорати худ хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки шоми 23 июн скинхедҳо бо садои баланд дар кӯчаҳо шиори “Русия барои русҳо, Маскав барои масквагиҳо!” сар медоданд. Дар кӯчаи Толбухин байни скинхедҳо ва муҳоҷирон задухӯрд сурат гирифт, ки дар он доғистониҳо ва як шаҳрванди Тоҷикистон ширкат каданд.

Полис чанд иштирокчии занозанӣ, аз ҷумла Амиршо Хусейнов шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард.

Видеои корбарон

Пас аз чанд соати боздошт, ҳама скинхедҳо ва доғистониҳо аз боздоштгоҳ раҳо шуданд, ба истиснои Амиршо Хусейнов, ки нисбати ӯ тибқи моддаи 213 (авбошӣ)-и Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва ӯ барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло Амиршо Ҳусейнов дар боздоштгоҳи муваққатии Рублевское 5-и Маскав нигаҳдорӣ мешавад.