Хона блог саҳифа 625

Таъкид бар ҳифзи муҳити зист

0

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо мудири минтақавии барномаи тавсеаи созмони милали муттаҳид дидору гуфтугӯ кард. Дар ин мулоқот паёмадҳои тағйири иқлим ва зарурати ҳифзи пиряхҳои табии мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Хабаргузории “Форс” аз Душанбе гузориш дод, ки Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Миряна Сполярич Эггер, мудири минтақавии БРСММ барои Аврупо ва ИДМ дар мавриди мавзӯъҳо ва чашмандози тавсеаи ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид табодули назар ва ҳамкории мутақобил дар бисёре аз заминаҳо, монанди тавсеаи пойдори иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зистро мусбат арзёбӣ кардаанд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба талошҳои давлати Тоҷикистон дар заминаи манобеи об, таваҷҷӯҳ ба мавзӯи паёмадҳои тағйири иқлим ва зарурати ҳифозат аз пиряхҳои табииро муҳим арзёбӣ кард. Вай дар ин замина бар зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар чорчуби “Оби Душанбе ” таъкид намуд.

Тайи ин дидор мудири минтақавии БРСММ низ бар алоқамандӣ ва омодагии ин созмон барои густариши ҳамкориҳо ва иҷрои барномаҳои муштарак дар робита бо масоил ва мавзӯъҳои мавриди алоқаи муштарак таъкид намуд.

Митч Макконнелл: афғонҳо ҳақ доранд бипурсанд, ки чаро Амрико аз ҷанг бо Толибон даст бардошт?

0

Дирӯз 24 июн раҳбарони Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Вошингтон дар Маҷлиси Сино бо раҳбарони ҳизбҳои ҷумҳурихоҳ ва демократҳо дидору гуфтугӯ анҷом доданд.

Бино ба иттилои хабаргузории ВВС пас аз ин умлоқот сенатор Митч Макконнелл эъломияе пахш карда ва ибрози умедворӣ намуд, ки идораи Раисҷумҳур Ҷо Байден раванди хуруҷи нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон ба таъхир меандозад. Ба гуфтаи ӯ, хатари терроризм ҳанӯз ҳам маҳор нашудааст.

Сенатор Макконнелл гуфта, ки раҳбарони Афғонистон ва дар умум афғонҳо ҳақ доранд бипурсанд, ки чаро Амрико аз ин ҷанг даст бардошт ва роҳро барои таҳдидоти бештари террористӣ ҳамвор кард?

Қарор аст то 11 сентябри соли равон нерӯҳои амрикоӣ ва хориҷии мустақар дар Афғонистон хоки ин кишварро тарк кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз 24 июн Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии ин кишвар, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ва дигар шахсони масъули ҳукумати Афғонистон бо сафари расмӣ ба Амрико рафтанд.

Бар асоси эъломи пешакӣ ҳайати Афғонистон бо Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ва дигар шахсони масъул дидору гуфтугӯ хоҳанд кард. Баррасии масъалаҳои таҷҳиз ва ҳимоят аз нерӯҳои амниятӣ, муборизаи муштарак бо терроризм, рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ва дигар маосил дар назар аст.

Густариши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия

0

Намояндагони Русия ва Тоҷикистон барои гуфтугӯи муфассал оиди густариши робитаҳои тиҷорӣ мулоқот намуданд.

Ба нақл аз “Спутник” Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо вазири рушди иқтисодии Русия Максим Решетников дидору гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои намояндагии тиҷории Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, музокирот дар ҳошияи Форуми иқтисодии СҲШ, ки рӯзи 23 июн дар Душанбе баргузор гардид сурат гирифт.

Ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки барномаи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2021-2023-ро ба имзо расонанд.

Мушаххас шуда аст, ки ин стратегия ба тақвияти ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон равона шуда аст.

Дар ҷараёни ин дидору гуфтугӯ намояндагони Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки лоиҳаи сохтмони маркази яклухт дар ҷумҳури татбиқ карда шавад, ки он бояд ҷиҳати ташкили мева ва сабзавот кумак расонад.

Убури беш аз 50 сарбози афғонӣ ба қаламрави Узбекистон

0

Рӯзи чоршанбе Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон аз убури 53 низомии афғон аз марз ба ин кишвар хабар дод. Ин ниҳод гуфт, пас аз амалҳои тафтишотӣ, онҳо ба ватанашон баргардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, ки 53 сарбози мусаллаҳи марзбонии Афғонистон ва низомиёни маҳаллӣ рӯзи чоршанбе дар ҷанг бо Толибон тоб наоварда ақибнишинӣ карда, вориди қаламрави ин кишвар шудаанд.

“23 июни соли 2021 53 хизматчии ҳарбии сарҳадбонони Афғонистон ва ҷангиёни милисаи маҳаллӣ бо силоҳ дар қаламрави ноҳияи Шортепа ба Узбакистон гузаштанд. Пас аз гузаронидани расмиёти зарурии тафтишот ва амалҳои тафтишотӣ, ин шаҳрвандони Афғонистон ба ватани худ баргаштанд”, – гуфта мешавад дар изҳороти рӯзи панҷшанбеи ВКХ Узбекистон.

Ин дар ҳолест, рӯзи сешанбе Маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон низ аз убури 134 сарбози давлатии Афғонистон ба қалавмрави худ хабар дода буд.

Гуфта мешавад, ки сарбозони Афғонистон пас аз ҳамлаи мусаллаҳонаи Толибон дар Шерхон Бандар – нуқтаи гумрукӣ байни Тоҷикистону Афғонистон ақибнишинӣ карда, ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон рӯзи чоршанбе Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон зимни як гуфтугӯи телефонӣ вазъи марз бо Афғонистонро “хело ҳам шиддатнок” арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои муштаракро барои дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу амният дар Афғонистони ҳамсоя идома диҳанд.

Боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ҳамкори Иззат Амон

0

Мақомоти интизомии шаҳри Панҷакент алайҳи ҳомии ҳуқуқ ва ҳамкори Иззат Амон дар “Маркази тоҷикон”-и шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 307 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли Бахтовар Ҷумъаев иттилоъ дод.

Парвандае, ки алайҳи Ҷумъаев боз шудааст, яъне қисми 2-и моддаи 307 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, “Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет” маҳрум сохтан аз озодӣ аз 5 то 10 солро пешбинӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Ҷумъаев рӯзи 25-уми июн гуфта, ки рӯзи панҷшанбе Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Панҷакент падарашро даъват намуда, аз боз шудани парванда алайҳи ӯ огоҳ кардаанд.

Падари Бахтовар Ҷумъаев, Умрибой Ҷумъаев мегӯяд, рӯзи панҷшанбе ба шӯъбаи муборизаи ҷиноятҳои созмонёфта даъват шуда, аз ӯ баёнот гирифтаанд.

“Ман гуфтам, ки писарам на тундгаро ҳасту на экстремист ва ин айбномаҳо дар нисбати вай тӯҳмат аст. Муфаттиш номаш Хуршед гуфт, ки ин парвандаро ба ӯ супоридаанд, бояд тафтиш кунад, аз модари Бахтовар ва аз ҳамсояҳо забонхат бигирад”-, иброз дошт Умрибой Ҷумъаев.

Худи Бахтовар ин ҳама иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки ӯ ҷинояте накардааст ва танҳо дар Маскав ҳамроҳи Иззат Амон ба мушкилоти муҳоҷирон расида мекарданд ва аз ҳуқуқҳои онҳо дифоъ мекарданд.

Баъд аз боздошти ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон мақомоти интизомӣ алайҳи ҳамкорони ӯ, ки дар “Маркази тоҷикон” дар Маскав кор мекарданд, парванда боз карда, хонаводаҳои онҳоро зери таъқибу фишор қарор додааст.

Таъкиди намояндаи Тоҷикистон бар зарурати ҳалли мушкилоти терроризм дар Афғонистон

0

Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бар зарурати ҳалли буҳрони терроризм дар Афғонистон изҳори назар кард.

Тибқи гузориши хабаргузории “Спутник” Парвиз Муҳаммадзода, муовини Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии “Бист соли Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ): хотираҳо ва дурнамо”, ки рӯзҳои 24-25 июн дар режими гибридӣ баргузор гардид ба мавзӯи шиддат гирифтани нуфузи Толибон дар Афғонистон ва тахдидхои созмонхои террористии мустақар дар шимолу шарқ ва шимолу ғарби Афғонистон ишора карда, изҳор дошт, ки ҳарчи зудтар механизми вокуниши бисёрҷонибаро таҳия намоянд.

Ҳамчунин таъкид кард, ки баррасии ташаббуси раисҷумхури Точикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таъсиси маркази зидди маводи мухаддири СҲШ зарур аст.

Муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ аз СҲШ даъват ба амал овард, ки мониторинг ва таҳлили муштараки рушди эхтимолии вазъ пас аз оғози хуруҷи нерӯхои ИМА аз Афғонистонро анҷом диҳанд.

Ҳамчунин таҳияи имкони ҷорӣ кардани механизми сареъ ба мушкилоти дохилии сиёсӣ байни кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумлаи пешниҳодоте буд, ки Муҳаммадзода дар ин нишаст ироа кард.

Дар Душанбе аз 18-сола боло воксини зидди COVID-19 мегиранд

0

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шуруъ аз 24 июн дар шаҳри Душанбе тамоми сокинони аз 18-сола боло зидди бемории COVID-19 воксин мезананд.

Вазорати тандурустии кишвар таъкид мекунад, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 маъракаи воксиназанӣ дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шудааст.

“Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Тоҷикистон то кунун ҳудуди 492 ҳазор воя ваксинаҳои “Астразенека”-и бритониёӣ ва “КоронаВак”-и чинӣ гирифтааст. Баъди ворид кардани воксини чинӣ Вазорати тандурустӣ гуфта буд, ки дар навбати аввал сокинони аз 60-сола болоро воксин мезананд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт (COVAX) 192 ҳазор воксини “Астразенека” ва аввали моҳи июн 300 ҳазор воксини “КоронаВак”-и чинӣ дастрас кардааст.

Гуфта мешуд, ки дар марҳилаи аввали маъракаи воксиназании сокинон, ки аз 23 моҳи марти соли ҷорӣ оғоз ёфт, пеш аз ҳама кормандони соҳаи беҳдоштӣ,  соҳаи маориф ва илм ва шахсони аз 60- сола бар зидди бемории коронавирус эмгузаронӣ мешаванд.

Маъракаи густардаи воксиназании сокинон дар шаҳри Душанбе дар ҳоле оғоз мегардад, ки 21 июн Ситоди ҷумҳириявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир мавҷи дигарбораи онро дар кишвар эътироф кард.

Пеш аз ин, бо вуҷуди навиштани расонаҳо ва иттилои пизишкону сокинон, Вазорати тандурустии кишвар қотеъона вуҷуди онро рад мекард. Чуноне, ки соли гузашта дар аввали пайдоишаш хуруҷи онро низ қотеъона рад карда буд.

Толибон дар марз бо Тоҷикистон чӣ меҷӯянд?

0

Бознашр аз саҳифаи рӯзноманигор, Амруллоҳи Низом

Зарфи як моҳи ахир ҳузури Толибон, гурӯҳе, ки Тоҷикистон онро ҳаросафкан мешиносад, дар он сӯи омӯ, дар манотиқи назди сарҳадии Афғонистон ба таври камсобиқа густариш ёфтааст.

Толибон дар чор вилояти ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон: Балх, Кундӯз, Тахор ва Бадахшон аксари ноҳияҳоро тасарруф карда, бузургтарин гузаргоҳи байни ду кишвар Панҷи Поён-Шерхонбандарро низ аз қабзаи нерӯҳои ҳукумати Кобул, ки бо ҳукумати Ъайну Ғайн (Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ) низ маъруф аст, забт карда гирифтанд.

НИГАРОНӢ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам пас аз суқути Шерхонбандар ба дасти Толибон эълон кард, ки 134 сарбозу марзбони Афғонистон, ки аз тарси Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд, паноҳ додааст.

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон низ бо таваҷҷӯҳ ба вазъи ба вуҷуд омада дар он сӯи марзҳо ҳушдор дод, ки назорат дар марзҳо ҷиддитар карда шавад ва ҳамзамон таъкид кард, ки бояд барои вуруди эҳтимолии паноҳҷӯёни Афғонистон дар сатҳи ин вилоят омодагӣ бигиранд.

МАРЗҲО НООРОМ

Тоҷикистон дар чор моҳи ахир чанд бор шуд шоҳиди нооромӣ дар марзҳо ва ё он сӯи марзҳояш аст. Нооромиҳо аввал дар манотиқи назди сарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон оғоз шуд. Хатҳои номуяни марз яке аз баҳонаҳо буд. Аммо асли гап шояд ҷои дигаре дур аз чашму гӯши расонаҳо ва ҷомеа пинҳон боқӣ монд. Ва он чӣ дар Ворӯх, Хоҷаи Аъло, Ҷирғатол ва ғайра рӯх дод, дар воқеъ барои ҳар ду ҷониб даҳшат буд.

Осор ва оқибати ин даҳшатҳо ва ё пешандешии чунин нооромиҳо буд, ки фаврӣ пойи вазирони корҳои дохила, мудофиа ва амнияти миллиро ба Кобулу Теҳрон ва пойи Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскаву Исломобод кашонд.
Акнун ҳузури Толибон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон ин зеҳниятро ба вуҷуд меорад, ки агар ҳадаф кашондани доманаи низоъҳо ба Тоҷикистон бошад, пас мақомоти Тоҷикистон аз ин қазия пешакӣ хабар доштан ва маҳз ба ин хотир пайи ҳам ба Кобулу Теҳрон ва Исломободу Маскав сафар карда, вазъиятро фаҳмонданд.

БАҲОНА

Омрико ва НОТУ ба муддати 20 сол ба баҳонаи саркӯби Толибон ва овардани сулҳу субот дар Афғонистон ҷангиданду хеле аз силлоҳҳои сақила ва таҷҳизоти ҳарибиашонро дар ин кишвар озмӯданд, вале чун ҳадафҳояшон халал доштанд, натавонистанд алайҳи Толибон дар ин кишвар пирӯз шаванд. Саранҷом як соли пеш пас аз анҷоми “рисолат” дар Қатар бо Толибон созишномаи сулҳеро имзо карда, қавл доданд, ки хоки Афғонистонро тарк мекунанд.

Аммо дар ин авхир Омрико ба баҳонаи бозгашти нооромиҳо ба Афғонистон намехоҳад тарки минтақа кунад. Пентагон мехоҳад пойгоҳҳои низомиашро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Покистон таъсис диҳад, чизе, ки на кишварҳои Осиёи Марказиро аз ҳузури низомии Омрико дар минтақа хушашон меояду не Покистон.

Ё БА ЗОРӢ, Ё БА ЗӮР?

Расонаҳои Омрикоӣ борҳо аз қавли мақомоти ин кишвар эълом кардаанд, ки пас аз хурӯҷ аз Афғонистон хоҳони таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва дар ин замина гуфтушунидҳоеро оғоз кардаанд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои интихоб шуда барои таъсиси пойгоҳҳои низомӣ шинохта шудааст.

Тибқи хеле аз таҳлилҳо дар Осиёи Марказӣ заъифтарин режим аз нигоҳи доштани пуштибонии мардумӣ ва ё режими муҳлати масрафаш ба поён расида режими Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон шинохта мешавад. Мухолифини режими Тоҷикистон низ нисбат ба мухолифини дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бедортар, вале берун аз Ватан.

Аммо мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмон ҳам агар сари қудрат биоянд, гумон аст, ки манофеъи Русия дар Тоҷикистонро аз манофеи Омрико дар ин кишвар ва дар минтақа болотар гузоранд, зеро ба назар мерасад ҳанӯз ҳеч гурӯҳе қудратталаб дар Осиёи Миёна ба ин натиҷа нарасида аст, ки аз Русия ба осонӣ халос шаваду дарди саре ҳам надошта бошад, пас чора чист?

ТАҲДИДУ ФИШОР

Таҳлилгарони Ғарбӣ ва Омрикоӣ низ шояд ба ин натиҷа расида бошанд, ки ҳар киро бо макру найрангҳои худаш замингир кардан осонтар аст, ба ин хотир аз истифодаи ҳалукҳои нав дар марҳилаи аввал худдорӣ мекунанд.
Гуфтанист, мехоҳанд кореро дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон анҷом диҳанд, ки режимаш алайҳи мухолифин ва мардуми кишвар истифода мекунад, яъне бо таҳдиду фишор ва тарс додан аз ҷангу хунрезӣ розӣ кардани вайро барои розӣ шудан ба таъсиси пойгоҳи низомӣ осонтарин роҳ шинохтаанд!

ФАРЗИЯҲО

Бо ин вуҷуд, ҷалби Толибон ба Шимоли Афғонистон аз ҷануби ин кишвар ба самти марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вежТоҷикистон чандин фарзияҳоеро ба вуҷуд меорад:

Фарзияи аввал, ба сафҳо кашондани Толибон дар он сӯи Омӯ ва фароҳамсозии роҳу василаҳои ҳузури нисбаҳтан камхарҷ ва муқовиматҳои камтар дар баробари онҳо дар ноҳояҳои ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо ҳадафи таҳдид ба ҷанг ва тарс додани сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бурӯзи ноамниҳо роҳандозӣ шудааст.

Фарзия дувум, Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Покистон, ки ҳама узви ШОС (Созмони Шонхай) ҳастанд, бо маслиҳати Пекин ва Кремлин хоҳони ҳузури низомии Омрико дар минтақа на шудаанд, ва ин хезиши камсобиқаи Толибон ва юриши онҳо ба вилоятҳои шимолии Афғонистон бо чароғи сабзи Омрико оғоз шудааст, то ба ҳампаймонони Русия ва Чин бигӯяд, ки вақте барои таъсиси пойгоҳҳои низомӣ иҷозат намедиҳед, ноамниҳоеро интизор бошед.

Фарзияи сеюм, дар баҳори соли ҷорӣ Маскав меҳмондори Толибон буд ва маълум мешавад, ки заминаи ин меҳмондорӣ солҳо қалб тарҳерезӣ ва равобити мустақиме байни онҳо барқарор шудааст. Русҳо борҳо эълон кардаанд, ки мехоҳанд ду бора ба марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон баргарданд, вале Душанбе розӣ намешуд ва инак бо “баракат”-и ҳузури Толибон вазъиятро мувофиқ дониста, сару каллаашон дар сарҳад пайдо шуд.

Фарзияи чорум, фишори мустақим ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ва домодҳову вузарои наркомофия ӯст. Тавассути мақомоти Бишкек масири содироти молу колоҳои қочоқиашонро бастанд ва аз ин тараф тавассути Толибон масири воридоти онҳоро.

Гуфтанист, ширкати “Фароз” солҳои дароз аз масири хеле аз Қирғизистон фаровардаҳои нафтиро қочоқӣ ворид ва дар ҳамкорӣ бо шарикони афғонистониаш қочоқӣ тавассути лӯлаи зериобӣ дар минтақаи Панҷи Поён ба Афғонистон содир мекард. Инҳо на ба Тоҷикистон молиёт медоданду на ба Афғонистон.

Рустами Эмомалӣ низ натанҳо наркоман, балки наркобизнес ҳам дар бархе доираҳо муаррифӣ мешавад, ки бар асоси бархе иттилоот борро аз Афғонистон мегирифта ва тавассути масирҳое аз хоки Қирғизистон ба хориҷ мефиристодааст.

Биноан, ҳузури Толибон ҷудо ҳадафҳои афғонистониашон агар таъмингари ҳар яке аз ин фарзияҳо ба истиснои фарзияи ахир бошад, бар зарари Тоҷикистон ва зери суол бурдани суботи ҷомеъа ва дар дарозмуддат таҳдид ба истиқололияти давлатӣ дониста мешавад. Аз тарафи дигар, агар Толибон ҳам дар оянда дар Афғонистон сари қудрат биоянд, аз ҳоли ҳозир бояд донанд, ки чанд ҳамсояи хуби худро дар Осиёи Марказӣ алакай аз даст додаанд. Ман дидгоҳҳои худро гуфтам, Шумо чӣ назар доред?

Амуруллоҳи НИЗОМ, 24-06-2021 Варшава

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: ИНТИХОБОТИ ЭРОН ВА ТАБРИКОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН…

Дар Тоҷикистон ду ниҳоди дигар низ барои мубориза бо терроризм вазифадор шуданд

0

Парлумони кишвар рӯзи 23 июн дар ҷаласаи навбатияш ба Додситони кул ва Ожонси мубориза бо маводи нашъаовари Тоҷикистон салоҳияти мубориза бурдан бар зидди терроризмро дар қатори ниҳодҳои дахлдор дод.

Гуфта мешавад, аз ин ба баъд ин ду ниҳод ба хотири тақвияти мубориза бо терроризм ҳамроҳ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазифадор гардиданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Шараф Каримзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар назди вакилон гуфт, тибқи қонунҳои амалкунанда, “Прокуратураи генералӣ вақолатҳои муайянро дар ин самт дошт, вале дар қонун он ҳамчун субъекти бевосита бо тероризм муқовиматкунанда пешбинӣ нашуда буд. Ваколатҳояш нишон дода шудааст. Умуман тамоми ваколатҳо мушаххас шуданд”.

Дар хабар гуфта мешавад, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон омори дастгиршудаҳо бо иттиҳоми терроризм дар як соли гузашта 271 нафар гуфтааст. Мақомоти кишвар роҳҳои паҳншавии тероризмро бештар ба фазои иттилоотӣ ва роҳҳои муосир марбут медонанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон бештар бо баҳонаи терроризм ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол мекунад ва нафароне бо ин иттиҳом зиндонӣ мешаванд, ки рабте ба гурӯҳҳои террористӣ надоранд.

Шуруъ аз соли 2015 баъд аз террористӣ эълон шудани ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” садҳо шаҳрванд бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз ин гурӯҳҳо боздошт ва зиндонӣ шуданд.

Соли гузашта даҳҳо омӯзгору донишмандони соҳаи маориф бо иттиҳоми узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд, ки наздикони онҳо ин иттиҳомотро рад карданд. Аммо ҳукумат ин ҳамаро мубориза бо терроримз унвон мекунад.

Бознишастагони Русия бар ивази муҳоҷирон дар сохтмонҳо кор хоҳанд кард

0

Сурат: Oksana Shufrych/shutterstock.com

Ба нафарони бознишаста дар Русия пешниҳод карда шуд, ки муҳоҷиронро дар сохтмонҳо иваз кунанд. Ин пешниҳодро муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин пешниҳод кардааст. Дар ин бора Ожонси иттилооти иқтисодии “Prime” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, барои сафарбар кардани қувваи корӣ дар саноати сохтмонии Русия бознишастагоне ҷалб карда мешавад, ки дигар кор намекунанд.

Минтақаҳои Русия “амалан барои захираҳои меҳнатӣ мубориза мебаранд”, – гуфт муовини сарвазири Русия.

“Мо ба шикасти демографии солҳои 90-ум ва аввали солҳои 2000-ум дучор шудем. Аз ин рӯ, ба мо лозим аст, ки сиёсати салоҳиятдори ҷалби мутахассисонро таҳия намоем. Ин ҳам таълим аст ва ҳам сафарбаркунии нафақахӯронест, ки кор намекунанд”,- таъкид кард Хуснуллин.

Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия, тақрибан панҷ миллион муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба соҳаи сохтмон дар Русия то соли 2024 ҷалб карда шаванд.

Ин пешниҳоди Хуснуллин дар ҳолест, ки қаблан хабарҳо дар мавриди ҷалби маҳбусон ва донишҷӯён дар кори сохтмон бар ивази муҳоҷирони меҳнатӣ нашр гардида буд.

Русия пас аз хуруҷи пандемияи коронавирус ва баста гардидани марзҳо кишварҳо ба норасоии нерӯи корӣ дучор омад.

Тибқи маълумоти Вазорати сохтмони ин кишвар, дар аввали моҳи март дар сохтмонҳо 1 миллиону 200 ҳазор коргар намерасид.

Қаблан Вазорати кишоварзӣ ва ҶСК “Роҳи оҳани Русия” мехостанд муҳоҷирони кориро бо қаторҳои чартерӣ ба Русия барои корҳои мавсимӣ дар заминҳои корам ҷалб кунанд. Тахмин меравад, ки ин кор мушкилоти норасоии қувваи кориро барои эҳтиёҷоти маҷмӯи агросаноатӣ ҳал хоҳад кард.