Хона блог саҳифа 626

110-миллион доллар кумак ба Тоҷикистон ҷиҳати навсозии шабакаи барқи ин кишвар

0

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки рушди Осиёӣ ҷиҳати навсозии шабакаҳои барқи Тоҷикистон 110 миллион доллар ихтисос додаанд.

Тибқи гузориши хабаргузории “Форс”, ин иқдом иборат аз қарзи 25 миллион доларии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва кумаки молии 85 миллион доларии Бонки рушди Осиё мешавад, ки заминаи бакоргирии системаҳои пешрафтаи ҳисоби барқ ва беҳбуди вазъияти шабакаҳои барқ дар 7 шаҳри Точикистонро фароҳам мекунад.

Бар асоси ин гузориш, ин тарҳ ҳамчунин насби системаҳои суратҳисоб ва кумак ба навсозии шабакаҳои энержиро дар шаҳрҳои Душанбе, Бутон, Данғара, Конибодом, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент дар назар дорад.

Интизор меравад, ки ин тарҳ партовҳои энержиро ҳудудан 30 гигабатт кам карда ва партовҳои СО2-ро дар як сол барои Тоҷикистон тақрибан 2000 тона коҳиш диҳад.

То кунун Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба мизони 765 миллион евро ҷиҳати иҷрои 140 тарҳ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда аст.

Боздошти чанд зан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон (Видео)

0

Дар ноҳияи Лейлеки вилояти Ботканди Қирғизистон як гурӯҳ занон, ки шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешаванд, аз ҷониби “дифои мардумӣ”-и Қирғизистон боздошт шудаанд.

Ин занҳо бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон боздошт шудаанд. Дар ин бора намояндагони “дифои мардумӣ”-и Қирғизистон ба хабаргузории “24.kg” хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо, чанд зан аз Тоҷикистон марзро ғайриқонунӣ убур карда, дар саҳроҳои рустои Кулунда кор мекарданд.

“Мо онҳоро дар деҳаи Ак-Арик боздошт кардем. Онҳоро як шаҳрванди Қирғизистон бо “Портер” -и худ овардааст. Занони тоҷик ҳар сол дар саҳроҳои деҳоти Қирғизистон пули иловагӣ ба даст меоранд. Аммо имсол, пас аз рӯйдодҳои баҳорӣ, марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон комилан баста шудааст.”

Раёсати корҳои дохилии Бодканд хабар дода, ки ин маълумот санҷида мешавад, аммо шарҳи бештаре ироа нагардидааст. Ҳамчунин мақомоти тоҷик дар ин бора расман чизе нагуфтаанд.

Баъд аз даргириҳои хунини марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ аз 24 майи соли ҷорӣ марзҳои ду кишвар бар рӯи ҳамдигар баста шуд. Ва дар натиҷа сафарҳои заминӣ ва ҳавоӣ куллан қатъ гардид. Аммо аз боздошт шудани шаҳрвандони ду кишвар барои убури ғайриқонунии марз хабарҳо мерасад.

Ин дар ҳолест, ки сафари расмии Содир Ҷабборов рӯзҳои 28 ва 29 июни соли равон ба Душанбе дар назар аст.

Тоҷикистон имкони пазириши то 10 ҳазор паноҳҷӯи афғонро дорад

0

Ёдгор Файзов раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ибороз дошт, ки Тоҷикистон имкони пазириши 10 ҳазор паноҳҷӯи афғонӣ дар ин минтақа дар сурати шиддат гирифтани даргириҳоро дорад.

Тибқи хабари сомонаи “Tajweek” раиси ВМКБ бо ишора ба марзи тӯлонии вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон ва шиддат гирифтани даргириҳо баён дошт, ки омодаи пазириши 10 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ ҳастем.

Ёдгор Файзов таъкид карда, ки дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон мақомоти вақти давлати Афғонистон ба теъдоди зиёди паноҳандагони тоҷик заминаи истиқоматро дода буданд ва акнун вазифаи тоҷикҳост, ки дар сурати вуруди сокинони вилояти Бадахшони Афғонистон дар пайи даргириҳои шадид миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи толибон ба афғонҳо паноҳ диханд.

Бинобарин мақомоти вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба дунболи мушаххас кардани макони эҳтимолии пазириши паноҳҷӯёни афғонӣ, захирасозии сӯхт, маводи ғизоӣ ва дигар имконот барои ин афрод мебошанд.

Ёдгор Файзов афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба инки гурӯҳҳои мухолифи давлати Кобул дар фармондориҳои Баҳорак, Зебок ва Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон рӯбарӯи марзи Тоҷикистон қарор доранд, зарур аст, ки амнияти марз ва тавони размии нерӯҳои марзбонони Тоҷикистон ҷиҳати муқобила бо ҳар навъ таҳаррукоти гурӯҳҳои террористии фаъол дар вилояти Бадахшони Афғонистон тақвият шавад.

Бисёре аз коршиносони масоили сиёсӣ бар ин назаранд, ки бо оғози хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон таҳаррукоти гурғҳҳои террористӣ дар минтақаҳои шимолии ин кишвар ва дар наздикии марз бо Тоҷикистон афзоиш ёфта аст.

Афзоиши мушкилот ва навбатпоиҳои тӯлонии муҳоҷирон дар назди (ФМС)-и Русия (Видео)

0

То ҳол дар назди марказҳои муҳоҷират дар шаҳрҳои Русия муҳоҷирон барои тартиби аснод ва гирифтани иҷозатномаҳои корӣ рӯзҳо ва ҳафтаҳо навбатпоӣ мекунанд, вале корашон ба сустӣ пеш меравад.

Як гурӯҳ аз корбарон рӯзи 23 июн бо ирсоли аксу наворҳо ба “Аздо тв” хабар доданд, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунанд ва барои гирифтани иҷозатномаи корӣ (патент) чандин маротиба назди Хадамоти федералии муҳоҷират (ФМС) рафтаанд, аммо аз сабаби зиёд будани одамон ва навбатпоиҳои тӯлонӣ наметавонанд аснодашонро ба тартиб дароранд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи муқаррароти қаблии ҳукумати Русия 15 июн муҳлати қонунӣ кардани асноди будубоши муҳоҷирон ба охир расид. Ва мебоист онҳое, ки натавонистанд асноди будубоши худро ба даст оранд, аз Русия ихроҷ шаванд.

Видео: аз муҳоҷирони корӣ. WhatsApp 2021-06-24 at 11:07:43 

Аммо аз сабаби зиёд будани мардум дар назди марказҳои муҳоҷират ҳама натавонистанд, ки асноди худро қонунӣ кунанд. Президенти Русия Владимир Путин боз барои муҳоҷирон 90 рӯзи дигар муҳлат дод.

Муҳоҷирон дар тамос ба “Аздо тв” мегӯянд, ки дар назди Хадамоти муҳоҷират хеле одамон зиёданд ва раванди тартиби қонунӣ кардани асноди будубошу ба даст овардани иҷозатномаҳои корӣ хеле сахт шудааст.

“Чанд бор аст, ки меравем, одам беҳад зиёд аст, патент (иҷозатномаи корӣ) гирифтан бисёр мушкил шудааст. Ҳаво гарм, навбати зиёд, хулоса одам болои одам”,- мегӯяд як муҳоҷир.

Президенти Қирғизистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

0

Имрӯз 24 июн Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзҳои 28 ва 29 июн ба Душанбе ташриф меорад.

Аммо дар хабар аз барномаи сафар, ки кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд ва имзои кадом созишномаҳо дар назар аст, чизе гуфта намешавад.

Бояд гуфт, ки ин аввалин сафари расмии Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон хоҳад буд.

Баъд аз даргириҳои хунини марзӣ дар охири моҳи апрел гуфта мешуд, ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки Содир Ҷабборов барои нишасти рӯ ба рӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ва ҳалли мушкилоти марзӣ ба Душанбе ташриф меорад. Аммо таърихи сафар муайян нашуда буд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати хориҷа аз рӯзноманигорони дохилӣ ва хориҷии дар Тоҷикистонбуда хоста, ки барои иштирок дар вохӯриҳо ва пӯшиши сафари Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон худро то 25 июн сабти ном кунанд.

Мулоқоти сарони ҳайатҳои ширкаткунанда дар 16 -умин ҷаласаи СҲШ бо Эмомалӣ Раҳмон

0

Раиси Ҷумхурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 23-уми июн сарони ҳайатҳои ширкаткунанда дар 16- умин ҷаласаи СҲШ-ро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои бахши матбуотии раёсатҷумҳурӣ дар ин вохӯри масоили ҳамкорӣ дар бахши мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, экстремизм, сепаратизм, радикализми динӣ, хатари афзоиши ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла силоҳи ғайриқонунӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуданд.

Сурат: Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон

Дар ин нишаст таъкид гардид, ки сохтори минтақавии зидди террористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай метавонад дар таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳо байни кишварҳои узв дар мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои ҷахони муосир нақши муҳим дошта бошад.

Дар ин мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории кишварҳои узв дар бахши таъмини амнияти бо эътимоди иттилоотӣ, муборизаи муштарак бо ҷиноёти киберӣ, инчунин масоили амнияти биологӣ ва озуқаворӣ дар робита бо пандемияи коронавирус баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибхо ба вазъи сиёсӣ-низомии Афғонистон низ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карданд.

Интихоби Терҳи Ҳакала ба унвони намояндаи вижаи ИА дар Осиёи Марказӣ

0

Терҳи Ҳакала намояндаи вижаи Иттиходи Аврупо дар Осиёи Марказӣ таъйин гардид. Вай кори ҷадидашро аввали моҳи июли соли 2021 шуруъ хоҳад кард.

Бар асоси навиштаи хабаргузории “Азия-Плюс” Вазорати умури хориҷаи Финляндия рӯзи душанбе дар як баёнияи матбуотӣ эълом дошт, ки Терҳи Ҳакала таҳти роҳбарии намояндаи олӣ оид ба умури хориҷа ва сиёсати амният Ҷозеп Борелл фаолият хоҳад кард ва кори ӯро дар самти татбиқи сиёсати умуми ҷаҳонии амният ва (CFSP) дастгирӣ хоҳад намуд.

Вазорати умури хориҷаи Финляндия гуфт, масъулияти “EUSP” дар Осиёи Марказӣ ба идомаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ИА бо кишварҳои минтақа – Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон равона гардида аст. Ин ҳамкорӣ доираи васеи соҳаҳоро дар бар мегирад, аз ҷумла амният, волоияти қонун, муҳити зист, захираҳои об, тағйирёбии иқлим, маориф ва ҳуқуқи инсон.

Дар ин баёния ҳамчунин гуфта мешавад, ки мутобиқи стратегияи ИА барои Осиёи Марказӣ, фароҳам овардани муҳити соҳибкорӣ, ҳавасманд кардани сармоягузорӣ ва мусоидат ба пайвасти устувор муҳим аст. Аҳамияти стратегия аз ҳисоби Афғонистони ҳамсоя низ меафзояд.

Терҳи Ҳакала ҳоло сафири таҳдидҳои гибридӣ дар Департаменти сиёсии Вазорати умури хориҷаи Финландия мебошад.

Қаблан ӯ дар вазифаҳои гуногуни дипломатӣ, аз ҷумла роҳбари намояндагии доимии Финландия дар Женева, сафири Финландия дар Ҳиндустон ва роҳбари миссияи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо САҲА дар Гурҷистон кор мекард.

Терҳи Ҳакала як дипломати касбии Финландия мебошад, ки дар кишварҳои ҳамсояи шаркии ИА ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар заминаи САҲА дорои таҷриба аст. Вай дар масъулиятҳои гуногуни дипломатӣ дар хориҷа, ба вижа Русия, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷанубу Шарқӣ ва Женева хидмат карда аст.

Ба наздики вай сафири гибридӣ, технология ва амният дар Вазорати умури хориҷаи Финландия буд.

Нигаронии Кремл аз даргириҳо дар марзи Афғонистону Тоҷикистон

0

Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, Русия аз шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ва пайдоиши як минтақаи нави ноамн дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон нигаронӣ кардааст. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия, Дмитрий Песков хабар дод.

“Дар маҷмӯъ, албатта, нооромии вазъ дар Афғонистон, хусусан баъд аз хуруҷи артиши Амрико ва нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар барои мо нигаронкунанда аст. Ва Тоҷикистон барои мо шарики наздик ва муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад. Воқеан, пайдоиши макони нави ташаннуҷ, таҳдидҳо моро ба ташвиш меорад”, – гуфт сухангӯи Кремл.

Чанд рӯзи ахир даргириҳои шадиди Толибон бо нерӯҳои давлатии Афғонистон вазъро дар ин кишвар вахим кардааст. То дирӯз Толибон то Шерхон Бандар – нуқтаи гумрукӣ байни Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф карда буданд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон вазъро дар марз ногувор арзёбӣ мекунанд.

ИНТИХОБОТИ ЭРОН ВА ТАБРИКОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИНТИХ{С}ОБОТ

0

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Амруллоҳи Низом

18-уми июни соли 2021 дар Ҷумҳурии исломии Эрон маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар ин интихобот чор нафар бо ҳам рақобат карданд. Оятуллоҳ Сайид Иброҳим Раисӣ дар ин маърака пирӯзи интихобот эълон гардид.

Оятуллоҳ Сайид Иброҳим Раисӣ, президенти тозаинтихоб ва ё ба қавли бархе мухолифонаш тозаинтисобе, ки тавассути Шӯрои Нигаҳбони Эрон тамоми рақибони ҷиддии ӯ пеш аз баргузории интихобот канор зада шудаанд, то вай ба осонӣ ба ин маснад бирасад, барои 4 соли оянда ва ё агар умраш боқӣ бошад ва дар интихоботи баъдӣ ҳам баранда шавад, барои 8 соли оянда зимоми қудратро ба даст хоҳад гирифт.

Ҳасан Рӯҳонӣ, ки пеш аз Раисӣ ба муддати 8 сол раҳбарии давлати Эронро бар уҳда дошт, нисбатан мушкилоти зиёдеро дар ду давраи раҳбариаш таҷриба кард.

Дар муддати 8 соли президентии ӯ муносибатҳо ва равобити хориҷии Эрон бо хеле аз кишварҳои дунё ба раҳбарии Омрикову ҳампаймононаш дар Ғарб ва Ховари Миёна тира шуд. Дар Осиёи Марказӣ низ парчамбардори эҷоди тирагии равобит бо Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва режимаш буданд.

ЯХБАНДӢ

Тоҷикистон бо даъвати Арабистони Саудӣ ва ташфиқи сафораташ дар Душанбе дар солҳои 2013-2014 замони оғози даргириҳо дар Яман ва ҳамлаҳои мусаллаҳона ба он ба сафи ҳампаймонони ИМА дар Ховари Миёна пайваст ва дар Осиёи Марказӣ алайҳи Эрон мавзеъ гирифт. Яхбандӣ дар муносибатҳои дуҷониба байни Душанбе ва Теҳронро оғоз кард.

Дар соли 2015 “шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим” (Абдуҳалим Назаров, собиқ муъовини вазири мудофиа) ва дидори раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон дар Теҳрон низ баҳонаеҳои бештареро дар ихтиёри кохнишинони Душанбе гузоштанд, то дар нафратпароканӣ ва сард кардани доду гирифт ва муносибатҳои дуҷониба алайҳи Теҳрон гомҳои ҷиддитареро бардоранд.

Дар соли 2017 Риёз сарони кишварҳои исломиро ба нишасте даъват кард, ки Доналд Тромп, собиқ президенти ИМА низ ҳузур дошт. Бо раҳнамоии Тромп якҷоя алайҳи Эрон эъломи мавзеъгирӣ шуд.

Ба эҳтимол, он замон Душанбе гумон мекард, ки аз ворид шудан дар эътилофи Саудӣ алайҳи Эрон бо раҳбарии Тромп, собиқ фоидаҳои зиёдеро касб мекунад, аммо бо гузашти чанд сол, акнун мебинад, он эътилофе, ки теъдоди артиши низомии кишварҳояш беш аз 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд  ва таҷҳизоти ҳарбиашон даҳҳо миллиард доллар арзиш доранд, дар баробари як ҳампаймони кӯчаки Эрон дар Яман-Ҷамоати Ҳӯсиҳои Яман нотавону бечора ва ба қавле “ба халосгар зор шудаанд.”

Аммо асли баҳси мо сари ин мавзӯъ нест, чун он бештар марбути Эрон аст, вале ин ҷо мехоҳам дар бораи Тоҷикистон зиёдтар суҳбат кунам. Зеро дар ин авохир мақомоти қудратии кишварамон, ки то чанд рӯзу моҳе пеш Эронро дар чашми мардум ва сокинони Тоҷикистон ба қавли Эмомалӣ Раҳмон ва режимаш кишвари ба мо “дӯст” (душман,-А.Н.), “ба ҳама маълум”, “ҳомӣ ва маблағгузори гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароҳои хушунатталаб”,  ва ғайра тарғиб ва таблиғ менамуданд, инак ба назар мерасад, дар рафторҳои худ таҷдиди назар ва дар муносибот тағйири масир карданд.

Тоҷикистон тайи беш аз ду солу ахир тармим ва таъмири муносибот ва робитаҳо бо Эронро оғоз кардааст. Торихи оғози гармшавии ин робитаҳо шояд аз санаи шурӯъи музокироти Эрон ва Арабистони Саудӣ, ки тибқи бархе расонаҳо тайи ду соли ахир бо миёнҷигарии Ироқ аз сар гирифта шудааст, фосилаи зиёде надорад.

ЯХШИКАНӢ

Дар ҳоли ҳозир сатҳи нафратпарокании худи Эмомалӣ Раҳмон алайҳи Эрон ъаланан коҳиш ёфтааст. Тайи ин марҳилаи “яхшиканӣ”-и муносибатҳо, дастикам се мақоми баландпояи режим, аз ҷумла вазири об ва энергетика, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ба Теҳрон сафар карда, “яхшиканӣ” шурӯъ гардид.

Аз ҷониби дигар Эрон ҳам дар ин робита эълом кард, “Тоҷикистон хостори сафари ҳайъатҳои Душанбе ва мулоқотҳои мақомҳои баландпояаш будааст.” Теҳрон шояд барномаи ҷиддие дар ин марҳила дар бораи беҳтар кардани муносибатҳои хориҷии худ бо Душанберо рӯи даст надошт ва ё дар авлавияти кори худ қарор надода буд, вале чун Тоҷикистон хост, ба сафари вузарои тоҷик ва пазироӣ аз онҳо ризоият дод.

Аз тарафи дигар дар ин марҳила, чанд тан аз мақомоти баландпояи Эрон ҳам, аз ҷумла Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар чорчӯби баъзе барномаҳо озими Душанбе шуда, мулоқотҳое доштанд. Бо ин вуҷуд, ҳанӯз сардии равобити ду кишвар пурра аз байн нарафта, пиряхи азиме байни муносибатҳои дуҷониба вуҷуд дорад, ки об шудани он замони бештар ва дар равобити дуҷониба гармии зиёдтаре мехоҳад.

ТАЪХИР

Раисӣ барандаи интихобот эълон шуд. Аксари кишварҳо ва созмонҳои дунё дар рӯзҳои аввал ва дувум Раисиро ба ин мақом табрик карданд, Русияву Чин, Қазоқистону Ӯзбекистон, Чину Ироқ аз аввлинҳо буданд.

Аммо сомонаи президент Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотии ӯро асри якшанбеи 20-уми июн, соати 17:55 (18:25 ба вақти Теҳрон) чоп кард. Бо таъхир ва дар айни замон вақти номуносиб, яъне баъд аз соатҳои корҳои расмӣ ҷиддияти ин паёмро то андозае зери суол бурдааст.

Дар ъурфи дипломатӣ ҳамагуна таъҷил ва таъхир метавонад чанд паёми мусбат ва ё бори манфӣ дошта бошанд. Ба назар мерасад чопи барқияи табрикотии асронаи Эмомалӣ Раҳмон, он ҳам дар рӯзи якшанбе бори манфтиаш аз паёмҳои мусбаташ камтар будааст.

БАРҚИЯ

Матни барқияи табрикотии нашр шудаи вай чунин аст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба Шумо табрикот ва таманниёти неки хешро ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз менамоям.

Тоҷикистону Эронро арзишҳои безаволи фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.

Дар ин зимн мо ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳастем.

Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон дар маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу дорам».

ТАФСИР

Бо хондани ин барқияи табрикотии ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва се усули он, ки мани хонанда ва шояд хелеҳои дигар низ онҳоро ба навъе шартгузорӣ кардани ӯ барои беҳтар кардани муносибатҳо дарк мекунад, чунинанд:

а) “ҳусни тафоҳум”.

б) “некхоҳӣ”.

в) “эътимоди холисона”.

Дар ҳоли ҳозир режимҳои Тоҷикистону Эрон ҳанӯз дар хеле аз мавридҳо ба “ҳусни тафоҳуме”, ки ҳар ду ҷониб мехоҳанд, ба тавофуқ нарасидаанд. Ҷонибҳо барои таъбир ва ё истилоҳ тафсирҳои хосси худро доранд, ки дар хеле аз мавзӯъҳо ба мисли терроризму экстримизм ҷои “ҳусн” ба “қубҳ” табдил шудааст ва решаи хеле аз ихтилофоти Душанбе ва Теҳрон низ аз ҳамин ҷо оғоз шудааст. Ё шояд корбурди ин истилоҳ бештар ҷанбаи иқтисодӣ дорад ва Эмомалӣ Раҳмон аз Раисӣ мехоҳад, ки миллиардҳо сомонӣ пули НОБи “Сангтуда 2” ва миллиардҳо доллари Бобак Занҷониро, ки режим пардохт на кардааст, суроғ накунад…

Асли дигар ва ё шарти дувуми Эмомалӣ Раҳмон ба Иброҳим Раисӣ “некхоҳӣ” таъриф шудааст, ки бо вуҷуди паҳлӯҳои мусбати калима, як навъ бори манфӣ ё тамаъ ҳам дар пай дорад. Раисӣ ҳам чун додситон аз хеле аз парвандаҳои иқтисодии кишвараш дар робита ба Тоҷикистон ва бахусус хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон огоҳ аст. Гуфтанист, режими Душанбе аз Теҳрон бо раҳбарии Раисӣ сад дар сад дилпур нест, эҳтимол эҳсоси хатар ҳам мекунад.

Асли савум ва шарти ахири Эмомалӣ Раҳмон дар калима ва ё ибораву истилоҳи таъкидӣ “эътимоди холисона” баён шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтан мехоҳад, ки ба ҳукумати Раисӣ ва давлати ҷадиди Эрон бовар надорад. Ба ин хотир таъкид мекунад, ки то “холисона” ба мисли Рӯҳониву Аҳмадинажод, ки ҳар коре хост дар аҳди онҳо анҷом дод, муносибат накунад, ба вай эътимод нахоҳад кард ва муносибот байни ду кишвар ба сатҳе, ки 10-12 соли пеш буд, барқарор нахоҳад шуд…

ЭҲСОСИ ХАТАР

Покистон яке аз муассисони гурӯҳи Толибон, Эрон яке аз ҳомиёни он. Ҳукумати Ъайну ҒАЙН дар Кобул чӣ қадри дигар умр дорад, номаълум. Ҳузури густардаи Толибон дар манотиқи назди сарҳадии Афғонистон ва тасарруфи манотиқи калидӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистон чанд суоли дигареро халқ мекунанд. Акнун, давутози мақомоти Тоҷикистон ба самти Кобул, Теҳрон ва Исломобод дар ин авохир чӣ маъно дошт, ки Толибонро иҷоза доданд ба осонӣ дар он сӯи Омӯ дар рӯ ба рӯи марзҳои Тоҷикистон паҳлӯ бигиранд, мавзӯъи дигаре аз ин баҳсҳост, ки Душанберо нигарон ва ба эҳтимол сабаб дар таърихи ирсоли барқия табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба Иброҳим Раисӣ шудааст.

Ва Худо беҳтар медонад, боз чӣ гапу хабарҳое инҷо вуҷуд дорад.

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор 23.06.2021

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Фирори беш аз 100 сарбози нерӯҳои давлатии Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон

0

Дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 22 июн хабар дод, ки 134 сарбози давлатии Афғонистон ҳангоми ҷанг бо Толибон тоб наоварда ба қаламрави Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.

Дар баёния чунин омадааст:

“Дар натиҷаи задухўрди мусаллаҳона, ки то соати 09:00-и санаи 22-юми июн идома ёфт, 134 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба муқовимат тоб наоварда, маҷбур шуданд сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намоянд”.

Гуфта мешавад, дар байни сарбозони фирории Афғонистон захмишудаҳо низ ҳастанд, ки дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун табобат мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки давоми чанд рӯзи ахир байни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон даргириҳои шадид сурат гирифт, ки дар натиҷа Гурӯҳи Толибон чандин вилояту ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияҳои вилояти Балху Бағлон ва Қундӯзу Тахорро зери тасарруфи худ дароварданд. Ҳатто то Шерхон Бандер – гузаргоҳи гумрукии Тоҷикистону Афғонистон ба дасти Толибон афтод.

Дар ҳамин ҳол имрӯз Вазорати дифои Ағонистон хабар дод, ки давоми ду рӯзи ахир вилоятҳои Балху Бағлон, чанд навоҳии Қундуз ва Шерхон Бандарро аз дасти Толибон бозпас гирифтаанд.

Баъзе аз намояндагони парлумони Афғонистон иллати аслии нооромиҳои ахирро дар раҳбарии нодурусти давлат ва ниҳодҳои дахлдор медонанд. Аммо Ҳомид Карзай, собиқ президенти ин кишвар ба хабаргузории “Associated Press” (Ассошиэйтед Пресс) гуфт, сабаби аслии нооромиҳо дар Афғонистон вуҷуди нерӯҳои амрикоӣ мебинад. Вай гуфт:

“Бо хотири ҳузури онҳо, мо имрӯз бо чунин вазъият дучорем. Мо намехоҳем, ки ин бадбахтиҳое, ки имрӯз ба он рӯбарӯ ҳастем, идома ёбад.”