Ҳамчунин рӯзи 8-уми феврал Назирбек Борубоев, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон дар масоили сарҳадӣ низ дар мусоҳибае бо расонаҳои дохилии ин кишвар гуфтааст, ки “Қаламрави обанбори Торткӯл ва наҳри он то ҳол мувофиқа нашудааст ва корҳо дар ин замина идома дорад.”
На тарафи Тоҷикистон ва на аз Қирғизистон дақиқ нагуфтаанд, ки ин чӣ наҳресту чӣ ном дорад ва аз куҷо мегузарад, аммо зоҳиран сухан дар бораи наҳри печидае меравад, ки аз дохили ноҳияи Исфара низ ҷорӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки танишҳо байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ин ду кишвар солҳост, ки идома дорад ва ин муноқишаҳо дар нуқтаҳои номуайянии марзҳо сар мезанад, ки то ҳол даҳҳо захмӣ ва кушта аз ду ҷониб ба ҷо гузоштааст.
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак вуҷуд дорад, ки аз ин шумор танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Боқӣ 472 километри дигари марзи давлатии миёни ду кишвар аломатгузорӣ нашуда номуайян боқӣ мондааст.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди шахсони дастгиршуда дар хусуси парвандаи ҷойхонаи “Харбуза” тафсилоти бештар надода, танҳо аз ҳукми 7 сол зиндонӣ шудани директори он ёдовар шудааст.
Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шуда буд, ки аз вазъияти бади таъмирии ин сохтмони боҳашамат мегуфтанд. Дар асл бинои мазкур бояд ба як тафреҳгоҳи бо шукуҳе табдил меёфт, вале баъд аз як соли ба итмом расидани бино, на ба тафреҳгоҳ, балки ба як харобазор мубаддал шуд.
Мутахассисон маълум карданд, ки ин иншоот бо сифати хеле паст сохта шуда ҷавобгӯи меъёрҳои ба нақша гирифташуда нест.
Ба навиштаи “Sputnik” сохтмони “Харбуза” бо фармоиши Корпоратсияи “Баракат” – и марбути Алимардоновҳо аз сӯи ширкати “Шаҳрофар” – и марбут ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2014 шурӯъ шуд ва дар муддати як сол ба охир расид ва он соли 2015 дар ҷашни 3000 солагии шаҳри Ҳисор ба истифода дода шуд, аммо бо гузашти андаке ҳолати бино таъмирталаб шуд, чун сифати паст дошт.
Корпоратсияи “Баракат”, ширкати таҳти раҳбарии Пардаалӣ Алимардон, бародари Муродалӣ Алимардон мебошад. Муродалӣ дар гузашта аз афроди калидии ҳукумати Тоҷикистон буд, ки дар мақомҳои гуногун аз ҷумла раиси Бонки миллӣ ва ноиби нахуствазир кор карда, аз соли 2015 то ҳол раёсати “Агроинвестбанк” – ро бар дӯш дорад.
Бино ба иттилои дарёфтии “Sputnik”-и Тоҷикистон, Пардаалӣ Алимардон низ ба иттиҳоми тасарруфи маболиғи бузург моҳи апрели соли равон аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад. Ӯ ва даҳҳо нафари дигар ба хотири ҳайфу майли миллионҳо сомонӣ маболиғи “Агроинвестбонк” боздошт шудаанд, ки тафсилоти он ба ҷуз мақомот ба каси дигаре маълум нест.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон танҳо аз зиндонӣ шудани Исматулло Ҳаёев, раиси ширкати “ХИМА” бо иттифоқи се нафари дигар барои тасарруфи 80 миллион сомонии “Агроинвестбонк” ба муҳлати 11 сол ва Илҳом Ҳотамов, маъруф ба “Илҳом командир”, ба муҳлати 9 сол хабар дод. Маблағи тасарруфкардаи Ҳотамов дақиқ нест.
Бино ба иттилои дарёфтии “Sputnik”-и Тоҷикистон, дар маҷмӯъ беш аз 30 ширкат дар тасарруф ва ҳайфу майли маболиғи “Агроинвестбонк” дахил буда, онҳоро мӯҷиби дар ҳадди варшикастагӣ қарор гирифтани бонк медонанд.
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, “Агроинвестбонк” аз муштариён садҳо миллион сомонӣ қарздор аст. Бонки миллӣ дар гузашта эълон дошта буд, ки “Агроинвестбонк” – ро варшикаста эълон намекунад, балки ҳама талошҳои ҳукумат барои дигарбора беҳбуд бахшидани вазъи он равона шудааст.
Ба гӯфтаи ин коршинос ширкат бо чунин камбудиҳо дар фаъолияташ эътимодм мардумро аз даст додааст.
Ширкати ТВЕА-и Чин бо харҷи 349 миллион доллар дар соли 2016 сохтмони Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”-ро ба анҷом расонид. Аз ин ҳисоб танҳо 17 миллион доллараш саҳми Тоҷикистон аст. Маблағи боқимонда қарзи “Эксимбонк”-и Чин буда ширкати ТВЕА барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” гирифтааст.
Дар иваз Конҳои “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло” моҳи августи соли 2012 тибқи як созишнома байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА»-и Чин тибқи шартномаҳои махфӣ ба ихтиёри ин ширкати чинӣ гузошта шуда аст.
Бояд гуфт, “Барқи тоҷик” аз қарздортарин ширкатҳои Тоҷикистон аст, ки қарзи он ба беш аз 2,5 миллиард доллар мерасад ва он солҳост, наметавонад худкифо шавад. Амонуллои Асадулло, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон арсаи фурӯшу таъминоти ин ширкатро бар ӯҳда дорад ва ба гӯфтаи огаҳони умур солҳост, ки дар ин ширкат ҳарфи аввалу охирро мезанад.
Дар ҳамин ҳол Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, қарзи истифодабарандагони нерӯи барқ ва гармӣ дар назди ширкати “Барқи тоҷик” ба се миллиарду 52 миллион сомонӣ расида аст. Ва дар сурати ҷамъоварии ҳамаи ин балағ аз сокинон қарзи ширкат боз ҳам, ҳангуфт боқӣ мемонад.
Ширкати “Барқи тоҷик” солҳост, ки дар буҳрони қарзӣ гирифтор шудааст. Масъулони ширкат ин гирифториҳои молии худро ба пардохт нашудани маблағи нерӯи барқ аз ҷониби сокинон медонанд. Аммо аҳолии кишвар ҳамеша маблағи барқро сари вақт пардохт мекунанд ва бо вуҷуди он солҳост аз норасои нерӯи барқ ранҷ мебаранд.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон расиҷумуҳури кишвар дар паёми солонааш дар мавриди ин мушкилиҳо чизе нагуфт ва ҷои он барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” батафсил сӯҳбат ва онро ҷузъ, ҷузъ баррасӣ кард. Фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мегӯянд, гӯё мушкил ва кори асосии раиси давлат ҳамон буда бошад.
Бузургтарин қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз Вазорати молия аст, ки 18.5 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Аз ду нерӯгоҳи Сангтӯда ширкат беш аз 1 млрд ва аз андоз 66 млн сомонӣ қарздор аст. Аммо бо сабабҳои номаълум қарзи “Барқи тоҷик” аз Ориёнбонк, ки гуфта мешавад бонки додараруси дигари раисҷумҳур, Ҳасан Асадуллозода аст, ифшо намешавад.
Ахиран Бонки осиёии рушд барои кӯмаки арсаи энержии Тоҷикистон 150 миллион доллар грант тахсис дод ва ин маблағ қарор аст барои насби ҳисобкунакҳо ва навсозии бархе аз таҷҳизоти ин ширкат масраф бишавад. Аммо шарики кории Бонки осиёии рушд барои масрафи 150 миллион доллар гранти ҷудошуда, ҳатто на худи ширкати “Барқи тоҷик”, балки фирмаи “Авестогрупп” мебошад, ки молики асосии он ба гуфтаи огаҳони умур Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон аст.
Боздошти Навалний ӯро қаҳрамони матбуот ва азҳони мардуми Русия сохт. Агар низоми путинӣ ӯро нодида мегирифт, то ин ҳад маъруфият пайдо намекард…
Ҳамин тур садҳо нафаре дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳастанд, ки ҳеч кас шояд онҳоро ба дурустӣ намешинохт. Аммо боздошти онҳо, парвандасозиҳои махфиёна ва ҳукмҳои паси дарҳои баста боис шуд, ки ҷомеа онҳоро бишносад ва номашон дар расонаҳои хориҷӣ ва дафтари созмонҳои гуногуни ҷаҳонӣ ҳамчун “зиндониёни сиёсӣ!” бо такрор зикр шавад.
Ин боздошту зиндонкуниҳо боис гардид, ки борҳову борҳо номи Тоҷикистон дар листи кишварҳои низоми саркӯбгар ёд шавад ва нуфузи сиёсату ҳукуматдории он хадшадор шавад.
Гунаҳкори то ба инҷо расидани кори як кишвар киву киҳо ҳастанд? Пушти ин ҳама гиру дорҳо чи ғаразҳое, чи барномаҳое ниҳон аст?
Ин суолҳо ва садҳо суоли дигар ҳамеша дар зеҳни мардум хоҳад чархид ва посухи рушани он ҳам дер ё зуд ба онҳо мерасад.
Шак нест, низоми ҳукуматдорӣ ва қонунгузории ҳар кишваре ба худ иҷоза медиҳад, ки дар баробари ҷиноёт ва омилони ҷиноят бархурди қонунӣ анҷом диҳад. Аммо ин бархурд то куҷо қонунӣ сурат мегирад? – суолест, ки бихоҳему нахоҳем мақомоти як кишвар ва сарони онҳоро ба чолиш мекашад. Чолишҳое фаротар аз дохили як кишвар ва сару садоҳое баландтар аз ҳаҷми ҳанҷараи як кишвар…
“Душмансозӣ”-и сунъӣ ва ба ин васила нигоҳдории бархе аз низомҳои давлатдорӣ дар кишварҳои гуногун кори наве нест. Барои ба мардум аз “хафву хатар”-и як “душмани вайронгар” гуфтан ва сиёсати ҳукуматдории худро ба ин васила бақо бахшидан, “ҳилаи шаръӣ”-и нав нест.
“Хатари руҳоният” дар системи Шӯравӣ коркард шуда буд ва пайравони ҳамаи адён зери назорати КГБ-и Шӯравӣ қарор доштанд. Аммо он ҳама чунон пинҳон сурат мегирифт, ки ҷомеа тақрибан онро дарк намекард ва аҳаммияте ҳам ба он намедод.
“Душмансозӣ” ва “хатар ба амнияти давлатӣ ва манофеъи миллӣ” сохтаву пардохтаи танҳо низоми имрӯзии Тоҷикистон нест, балки рӯбардошт аз низоми давлатдориҳои абарқудрати ҷаҳон аст.
Масалан ба бофтори ҳаракати “Толибон”, бархостгоҳи аввалия, хатти ҳаракат ва расидан ба “давлатдорӣ”-и онҳо то ба имрӯз таваҷҷуҳ кунед. Инфиҷори ду бинои баландро дар торихи 11-уми септомбр ва бо ин баҳона ба Хуросон юриш овардани Омрикоро ба ёд оваред. Оё дар воқеъ Хуросон ба Омрикои ҳазорҳо килуметр дур аз худ хатаре дошт? Маълум ки на ва ҳеч гоҳ!!!
“Хатар” ба “манофеъи Омрико дар минтақа” вуҷуд дошт ва низоми идории он кишвар ду инфиҷори сохтаро роҳ андохту барои гирифтани “қасд” ба Кобул ворид шуд. Танҳо на, бо ҳамдастии чандин кишвари ҳамтои хеш! Ҳамин тур онҳо “Доъиш”-ро сохтанд ва пеш аз ин ҳаракатҳои зиёдеро зери парчаму номи ислом сохтаанду баъд аз ин ҳам хоҳанд сохт!
Воқеият ин аст, ки то дине бо номи Ислом ва мактабҳои фиқҳии он вуҷуд доранд, баҳонаи юриш ба кишварҳои исломӣ вуҷуд дорад, то модоме, ки худи сокинони кишварҳои ғосиб ин динро бипазиранд ва аз ин ҳуҷумҳо ҷилавгирӣ намоянд.
Интизор набошед, ки дини ислом ё дини буддоӣ ё дини масеҳӣ аз миён хоҳанд рафт. На, ҳаргиз! Баръакс, агар ҳатто мусулмонон аз дини хеш бихоҳанд даст бардоранд, ҳуҷуми дигар болояшон барои тарки дин кардан сурат хоҳад гирифт!
Ҳамчунон ки агар динҳои дигарро дар кишварҳои худ бипазиранд бо баҳонаи дифоъи онҳо боз ҳам он кишвар мавриди тохтан қарор мегирад. Хуллас, метавон рӯи ин мавзуъ зиёд истоду баҳс кард, аммо манзури мо ин нест ва ин даромаде содда, баёне барои дарки матлаби аслӣ буд.
Матлаби аслӣ ин аст, ки ҲНИТ агар вуҷуд надошт чизе ҳамонанди онро дар Тоҷикистон падид меоварданд то баҳонаи ҳуҷум ба “душман” вуҷуд дошта бошад! Дар воқеъ ҳаракатҳои мамнуъа ва дар воқеъ маснуъисохти хориҷии “салафия” ва амсоли инҳо баҳонаҳои хубе барои низомҳои нокоромаду саркӯбгаранд, то бақои хешро таъмин намоянд.
ҲНИТ амалан аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон хунсо ва берун андохта шудааст, аммо мубориза муқобили он ҳамоно идома дорад ва то даме, ки ин ҳизб бо номи хеш вуҷуд дорад, беҳтарин баҳонаи тохтан ва ба ҳаёти сиёсии хеш идома додани низом дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.
Ба фарз, агар ҲНИТ бо эъломе мавҷудияти хешро барҳам диҳад, боз ҳам мубориза зери шиори “аъзои собиқи ҲНИТ” будан ба муқобили касоне, ки боястӣ саркӯб шаванд ва ё бо наҳве изҳори норизоиятӣ аз низом кардаанд, идома пайдо хоҳад кард.
Яъне амалан худи низом мавҷудияти ҲНИТ-ро дар саҳнаи сиёсӣ муҳофизат мекунад ва хостори аз саҳна ғайб задани он нест! Чун ба фарз агар чунин коре сурат бигирад ва дигар касе ҲНИТ-ӣ боқӣ намонад, “салафӣ” боқӣ намонад, “ҳизбуттаҳрирӣ” боқӣ намонад, ин ҳама мушкилоти иқтисодиву сиёсиву фарҳангӣ, фасоди идориву амсоли инро бо чи баҳонае метавон рӯпӯш кард?
Аз дидгоҳи худи ман ҲНИТ ва ҳизбҳои диние ҳамонанди ин дар ҷомеаи ояндаи башарӣ зарурате надоранд. Дин бояд бо дасти худи тарафдоронаш муҳофизат шавад, чунонки забонро худи халқ бо гуфтору навиштораш зинда нигоҳ медорад.
Масҷид ҳам на ҷои мавъизаҳои қарни ҳаҷар, балки ҷои ибодати холисона, на ҷои ошхӯриву суҳбатҳои кӯчагӣ, на ҷои “дуъо дар ҳаққи подшоҳи одил” ва дар умум мисдоқи масали “масҷид ҷои гузидан нест!” бояд бошад.
Дар кишварҳое чун Олмон Калисо агарчи аз давлат ҷудост, аммо дар ҳаёти мардум дахолати созандаи хешро дорад. Калисо молиёт дарёфт мекунад (чун масҷидҳои кишвари мо молиёт намесупорад, балки дарёфт мекунад!) ва аз ин ҳисоб ба кишварҳои фақрзада кумак мерасонад, бемористонҳоро сарпарастӣ мекунад, атфоли ятимро тарбият мекунад, паноҳандагони ҷангу амсоли инро қабул мекунад, ибодатгоҳҳои бостониро таъмир ва побарҷо нигоҳ медорад, маҷаллаву рӯзномаву китобҳо чопу тавзеъ мекунад.
Агар ба торих миллати хеш нигарем, бахше аз ин масоилро хонақоҳҳои арбоби ирфону тасаввуф иҷро мекарданд. Хонақоҳҳои кишварҳои исломӣ дар воқеъ вазифаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро бар дӯш доштанд, ки шарҳи он аз маҷоли ин баҳс хориҷ аст.
Масҷид ҳам метавонад дар кишварҳое чун Тоҷикистон рисолатҳое инчунинро дошта бошад! Аммо бе дахолати пулис, амният, низом. Дуруст аст, ки тафаккури таъассубзадаи диндорони мо мушкил аст, ки чунин чизеро, ки комилан замонавӣ бошад, ба худ ва ҷомеа иҷоза бидҳанд, аммо чорае ҷуз ин нест ва бояд дину масҷиду аҳли он бо донишҳои замонавӣ, аз ҷумла дониши сиёсӣ ва торихӣ мусаллаҳ бошанд.
Ҳамчунин ҳизбҳое чун ҲХДТ, ки амалан амволи ҲКТ ҶШСТ-ро тасарруф намуд ва сарону аъзоёнаш низ аз кумунистони собиқанду берун аз он тавони тасаввурро надоранд, низ зарурате барои мавҷудият надоранд.
Дар умум Тоҷикистон бо ин вазъу ҳоле, ки дорад ба ҳеч як аз ҳизбҳое, ки аз онҳо ном бурда мешавад, ниёзе надорад ва бояд ин ҳама барҳам дода шаванд.
Дар сурати зарурат доштан ҳизб дар ҳаёти сиёсии кишвар, боястӣ ду ҳизби тоза таъсис ёбад, ки дар кори таъсису роҳбарии он на афкори пайравони ҳизбҳои кунунӣ, на вуҷуди онҳо камтарин ҷойу арзише надошта бошад. Ду ҳизбе, ки барои пешрафти кишвар, чун дар кишварҳои пешрафта рақобатҳои солиму созанда дошта бошанд. Аммо бо тафаккуре, ки акнун ба он рӯ ба рӯ ҳастем, мавҷудияти чунин ҳизбҳо орзуву ормоне беш нахоҳад буд!
Инак вақте бо ҳар василае ҲНИТ дар саҳнаи сиёсӣ ва азҳони мардуми кишвар “зинда” нигоҳ дошта мешавад, табиъист, ки бояд марди куҳансоле чун Дониёр Набиев, бо ҷурми расонидани кумак ба хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ барои 7 сол равонаи зиндон шавад! Он ҳам пире, ки “собиқ аъзои ҲНИТ” ном бурда мешавад!
Ва табиъист, Шермуҳаммади Шоҳиён, ки раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон асту мардум аз раиси додгоҳ буданаш бештар аспдориву асптозияшро беҳтар медонанд(!!!), дар баробари чунин ҳукме эътироз намекунад, балки аз рӯи барномаи клишашуда онро “ҳимоят” мекунад ва эълом медорад, ки: “синну сол ба шахс иҷозат намедиҳад ҷиноятҳои экстремистӣ содир кунад”.
Имрӯзро на, фардоро андешида бояд фикр кард, сухан гуфт ва амал кард!Хулоса: зиндон кардани пири фонӣ ва мавқеъи Шоҳиён ва низ баёни бехабарӣ аз қазия кардани омбудсмен Бобозода – маҳкуманд!
И. Назар, Олмон 09.02.2021
Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.