13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 649

Раиси нав ободонӣ кард. Барои мардум хоҷатхона барои худ хонаи баландошёна

0

Як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ дар мавриди бемасъулиятии раиси ноҳия ва аз дигар ҳисоб ба манфиати худ ҷамъовардани маблағҳову сохтани хонаи бо ҳашамат шикоят кардаанд.

Ин гурӯҳи сокинон бо ирсоли аксҳо ба сомонаи хабарии “Бомдод” арз намуданд, ки раиси ноҳияи Масчоҳ Бобозода Хайруллои Бобо аввал ободониро аз худ оғоз намуда дар мавзеи Каргтӯдаи деҳаи Оббурдон дар даромадгоҳи маркази ноҳия қариб ним гектар заминро гирифта, хонаи замонавии дуошёна барои худ бунёд намудааст.

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода. Сурат: kuhiston.tj

Сокинон мегӯянд, ки раиси нав тӯли як соли раисиаш дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамагӣ як ҳоҷатхона сохтааст, ки “он ҳам нотамом монда, на ягон қоидаҳои санитарӣ дораду на таҷҳизоти равшанидиҳанда ва на дару на бомпӯши дуруст. Аҷибаш ин, ки дар ин ҳоҷатхона 62 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои буҷаи давлат хароҷот карда аст.”

Ба навиштаи сокинон раиси ноҳияи ҳамагӣ 0,11 г. замини корами обӣ доштааст, вале ба таври расмӣ ягон тиҷорат надорад, чӣ гуна тавониста бо 2 ҳазор сомонӣ маоши раисиаш дар муддати камтар аз як сол хонаи дуошёна бисозад?

“Даромади солонааш тахминан 26 то 30 ҳазор сомонӣ мебошад, ки он барои бомпӯши хона мерасаду халос. Оё ин ҳайратовар нест?» –  навиштаанд, сокинони норозӣ.

Ҳамчунин сокинон дар мавриди то ҳол ба вазифаҳои холи таъин нашудан аз ҷониби Раиси ноҳия навиштаанд, «Бобозода Х.Б дар як вақт Раиси ноҳия, муовини аввали Раиси ноҳия, муовин оид ба корҳои идеология, мудири шуъбаи молия, раиси буҷаи идораи молия, раиси комиссия оид ба тақсимоти заминҳои наздихавлигӣ ва ғайра мебошад, чунки ин вазифахо ҳамааш вакант мебошанду ин вазифаҳо як сол боз ҳеҷ не ки харидори дилхоҳ пайдо кунанд.

“Дар шуъбаи кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ариза ва ҳуҷҷатҳои мукаммали 75 нафар мутахассиси болаёқат барои таъмин намудан ба ҷойи кор ба қайд гирифта шудаанд ва ин дар ҳолест, ки дар қайди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 26 воҳиди корӣ (вазифаи холӣ) ба қайд гирифта шудаанд. Ба ақл бар намеояд, ки аз ин 75 мутахассис дар давоми як сол 26 нафарашон лаёқат надошта бошанд, ки ба ин вазифаҳо таъин шаванд”,- омадааст, аз шикояти сокинон.

Сокинон ҳамчунин аз дағалӣ ва нописандии Бобозода ибрози нигаронӣ намудаанд, ки ӯ худро намояндаи Президент муарифӣ намуда, ба касе ҳарфи хуб намегӯяд, ҳатто таҳдид кардааст, ки касе берун аз ноҳия ариза фиристад, ӯро “мешиканад”.

Шикояткунадагон навиштаанд, ки “Агар ин гуфтаҳои мо дурӯғ ва ё туҳмат бошанд, бигзор Бобозода ба таври ВОКУНИШ бо далел, яъне як ба як расм, навор, номи иншоот ва дар кадом деҳа сохта шуданашро пешниҳод намояд”.

Гуфта мешавад, ки Бобозода Хайрулло Бобо 27 январи соли 2020 раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъйин гардид. Пеш аз ин ӯ раҳбарии шуъбаи молияи ҳукумати ин ноҳияро ба душ дошт ва пеш аз он дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургӣ дарс мегуфтааст.

То ҳол дар ин маврид вокунише аз ҷониби ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Мастчоҳ дар расонаҳо нашр нашудааст.

Сарбозҳо куҷо мешванд? Боз гум шудани як сарбози дигар дар Тоҷикистон

0

Як сарбози тоҷик бо номи Ҳасанов Сафархон Ҳисайнович бедарак шудааст. Гуфта мешавад, номбурда рӯзи 25-уми декабри соли ҷорӣ аз хонаи худашон баромада ба қисми низомӣ рафтааст, вале то ҳол аз ӯ хабаре нест. Дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии фейсбук баҳсҳои гарме шуруъ шудааст.

Модари ин сарбоз барои ҷустуҷӯйи фарзандаш аз сокинони кишвар кумак хостааст.

Ба гуфтаи модари сарбоз фарзандаш рӯзи 25-уми декабри соли равон аз хонаашон аз ноҳияи Фархор баромада, ба қисми низомии 0307, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритӯс раҳсипор шудааст, вале тайи чанд рӯз аст, ки аз ӯ нишоне нест.

Модари сарбоз мегӯяд, фарзандаш рӯзи 25 декабр занг зада гуфтаааст, ки ба қисми низомӣ рафта расидааст, вале то ҳол аз ӯ дигар хабаре нест ва тамос ҳам нагирифтааст.

То ҳол назари масъулони қисми низомие, ки Ҳасанов С. онҷо адои хидмат мекард, дар ин маврид дастрас нест.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон сарбозҳо ба куҷое ғайб мезананд. Чанде пеш Радиои Озодӣ аз ғайб задани Иброҳим Абдузоиров, сокини 20-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки моҳи апрели имсол довталабона (ихтиёрӣ) ба артиш рафта буд, навишт, ки тӯли ҳафт моҳ аст, волидонаш ӯро ҷустуҷӯ доранд.

Ҳамчунин чанде пеш волидони Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов аз он шикоят мекарданд, ки гӯё фарзандони сарбозашон ғарқ шуданду ҷасади онҳоро мақомот пайдо накардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, сарбозони қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 30-юми сентябри имсол барои наҷоти як хонандаи мактаб худро ба дарё андохта ғарқ шуданд. Вале падари С.Ятимов дар сӯҳбат бо “Аздо тв” ин фарзияи моқомотро бо чанд далел рад карда ва шубҳанок хонда буд. Ӯ гуфта буд, ки ҳодиса на ба он шаклест, ки масъулони қисмҳои низомӣ мегӯянд.

Ба ҳамин монанд ҳодисаҳои зиёде дар қисмҳои низомии ҷумҳурӣ сурат мегирад, ки рӯз то рӯз адои хизмат намудани ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро душвортар мекунад. Бадрафторӣ нисбати сарбозон дар қисмҳои низомӣ ба як мушкилии доимӣ табдил ёфта ва боис шуда, ки сокинон камтар майли хидмати ҳарбӣ дошта бошанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ду сарбози ғарқшуда дар Тоҷикистонро чаро то имрӯз пайдо накарданд? (САДО)

Оё Тоҷикистон аз ваксинаи зидди коронавируси Русия мехарад?

0

Игор Лякин-Фролов сафири Русия дар Тоҷикистон зимни нишасти хабариаш дар Душанбе оиди гуфтушунидҳои Тоҷикистону Русия барои харидани ваксинаи зидди коронавирус бо номи «Спутник V” хабар додааст.

РИА Новости аз қавли Лякин-Фролов менависад, ки “Масъалаи таъмини ваксинаи зидди коронавируси нав дар сатҳи вазоратҳои тандурустии ду кишвар баррасӣ мешавад. Ҳоло гуфтушунидҳо идома доранд.”

Вале то ҳол аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар мавриди харидории ваксинаи зидди коронавирус ба таври расмӣ эълон нагардидааст.

Чанде пеш расонаҳо аз қавли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон навишта буданд, ки ваксинаи коронавируси истеҳсоли Русия ҳамаи марҳилаҳоро гузарад, Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар мавриди таъсири он иҷозатнома диҳад, баъд Тоҷикистон онро харидорӣ мекунад.

Русия бо сохти воксинаи “Спутник V” мӯътақид аст, ки ин ваксинаи сохтааш бар зидди коронавирус фаъол мебошад ва агарчи аз ҳамаи озмоишҳо гузашта бошад ҳам, вале то ба имрӯз аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт мавриди таъйид қарор нагирифтааст.

Ҷониби Русия ваксинаро ҳамчун “василаи бехатару муассир ва дар дарозмуддат бидуни паёмадҳои манфӣ” тавсиф карда, таъкид мекунад, ки ин ваксина “нахустин ваксинаи дар ҷаҳон сабтиномшуда барои пешгирӣ аз COVID-19 мебошад”.

Аммо кишварҳои Ғарбӣ ва Амрико ба ваксинаи истеҳсолгардида аз ҷониби ширкати дорусозии амрикоии “Pfizer” ва озмоишгоҳи олмонии “BioNTech”, бартарӣ медиҳанд.

Боздоштҳои такрории собиқ аъзоёни ҲНИТ ба чӣ маъност? (Садо)

0

Гадоев Мазҳариддин собиқ масъули шуъбаи ҳуқуқии ҲНИТ дигарбора равонаи зиндон шуд. Дар ин бора ба “АЗДО ТВ” яке аз аъзоёни паноҳбурдаи ҲНИТ дар Аврупо, Саидисоқ Бобоев хабар дод.

Ба гуфтаи Бобоев, Мазҳариддин Гадоевро баъд аз 4 моҳи озод шудан аз зиндон дигарбора боздошт намуда, ба 3 соли зиндон маҳкум кардаанд. Гадоев ҳанӯз соли 2015 дар пайи парвандаи пурсарусадои ҲНИТ барои 3 сол равонаи зиндон шуда буд. Вале баъд аз анҷоми муҳлат, бо сабабҳои номаълум ӯ 1 соли дигар дар зиндон нигоҳдорӣ шудааст.

Сабаби боздошти Гадоевро ба фаъолияташ дар солҳои 2010, ки имоми яке аз масҷидҳои ноҳияи Қубодиён будааст, рабт додаанд. Гуё ӯ дар масҷид ба наврасон дарси Қуръон дода, мардумро ба ифротгароӣ ташвиқ мекардааст. Ҳукми суди Мазҳариддин Гадоев дар додгоҳи шаҳри Бохтар хонда шудааст.

Ин бори аввал нест, ки аъзоёни собиқи ҲНИТ дубора пас аз озод шудан боз равонаи зиндон мешаванд. Пештар аз ин Юсупов Зайниддин, масъули бахши ҲНИТ дар н.Фархорро пас аз озод шудан боз ба як соли зиндон маҳкум кардаанд.

Ӯ дар соли 2015 дар пайи парвандаи пурсарусадои ҲНИТ барои 10 сол паси панҷара рафт ва моҳи феврали соли гузашта ба озодӣ баромада буд.

Ҳамин гуна чанде пеш дар Тоҷикистон Ҷалолиддини Маҳмуд узви собиқи Раёсати олии ҲНИТ-ро дубора барои 6 солу 8 моҳ равонаи зиндон карданд. Ӯ соле пеш бар асоси қонуни авф озод шуд.

Ҷалолиддин Маҳмуд моҳи феврали соли 2015 бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ дастгир ва ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Боздошти як мақомдори ҳукумати шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубораза бо фасод дар ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошт шудани як мақоми баландпояи ҳукумати шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ хабар медиҳад.

Тибқи иттилоъи ин агентӣ шаҳрванд, Мухторов Беҳруз Муҳтоҷович, ки дар вазифаи сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кор мекарда,  аз шаҳрванд Сониева Ш.М. 24 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.

Ба иддаои Агентӣ ин мансабдори зертобеи Шаҳрдорӣ, ки раёсаташро писарбузурги расиҷумуҳури кишвар Рустами Эмомалӣ бар уҳда дорад, аз шаҳрванд Сониева моҳи феврали соли 2019 бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ, яъне тавассути музояда шахсӣ карда додани манзили истиқоматии коммуналии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, маблағи 24.000 сомонӣ талаб карда гирифта аст.

Ҳамзамон Агентии зидди фасод  Мухторовро низ дар гирифтани 225.370 сомонӣ муттаҳам мекунад. Гуфта мешавад номбурда ба тарзу усули дар боло зикргардида, моҳи апрели соли 2019 аз шаҳрванд Қудратов Н.А. барои шахсӣ карда додани манзили истиқоматии коммуналӣ, ин маблағро гирифтааст.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Раёсати мубориза бо фасод, нисбати Мухторов Б.М. Оиди ҳолатҳои мазкур бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуда аст. Дар ҳамин ҳол назари муттаҳам дар ин қизия ё вакили дифои ӯ маълум нест ва Агентӣ дар ин бора ҳеҷ ишора накарда аст.

Мушкилии фасод ва ришваситонӣ дар Тоҷикстон ба таври густурда доман паҳн карда, дар се даҳсолаи ахир, ки Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ мекунад, ба яке аз кишварҳои фасодзадаи дунё табдил шудааст.

Соли 2019 Тоҷикистон дар шохис (индекс)-и пазириши фасод, ки ҳамсола созмони Transparency International таҳия мекунад, дар миёни 180 кишвар мақоми 152-юмро касб кард. Тоҷикистон дар шохиси фасод бо кишварҳое чун Никарагуа, Мадагаскар ва Камерун ҳамҷивор аст.

Тайи тамоми солҳои кишвародории Эмомалӣ Раҳмон фасод аз мушкилии асосии кишвар буда, дар соли 2007 бо мақсади муқовимат бо фасод дар Тоҷикистон Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод таъсис дода шуд. Аммо коршиносон  бар ин назаранд, ки фаъолияти ин оҷонсӣ барои васеъ шудани доираи фасод бештар мусоидат мекунад.

Номи  Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дар соли 2017 дар сархати расонаҳо бо расвоии бузурге ҷой гирифта буд, ки он замон 17 корманди ин ниҳод барои сӯистифода аз мақом зиндонӣ ва 40 нафар бо гумони даст доштан боздошт шуданд.

Агентии зидди фасод сари чанд вақт аз бозтошт шудани кадом омӯзгор ва ё корманди ҷамоат барои гирифтани ришва ва ҳангоми додани пора дастгир шуданаш хабарҳо нашр мекунад. Аммо ба андешаи коршиносон шикори чунин “моҳичаҳо” барои аз байн бурдани фасод дар кишвар муваффақ буда наметавонад ва танҳо барои хок пошидан ба чашми мардум аст, ки бигӯянд масъулон кор мекунанд.

Дар миёни мардум чунин гапҳое ҳам ҳаст, ки “об аз боло лой аст” ё барои аз байн бурдани фасод шикори наҳангони бузург лозим аст. Ба гуфтаи огоҳони умур, тамоми “наҳангҳои бузург” аз наздикону хешовандони расиҷумуҳаранд.

Ахиран Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлоб ба 12 соли зиндон маҳкум шуд, коршиносон дастгиру зиндонӣ шудани ӯро ба интиқод аз қудои раисҷумҳур Бег Сабур рабт доданд.

Бек Сабур, қудои раисҷумҳур бо ин ки борҳо бо суистифода аз мақоми давлатӣ дар сархати расонаҳо қарор гирифт ва Хадамоти алоқа зери роҳбарии ӯ рукуд кард, ҳамоно дар мансаби сардори Хадамоти алоқа аз соли 2011 боқӣ монда аст.

Раиси ҷамъияти “Пайванд” дар Русия боздошт ва шаҳрвандияш лағв карда шуд

0

Мирзоев Саидасрор Давлатович, роҳбари ҷамъияти тоҷикони Самара бо номи “Пaйванд” ва узви Шӯрои ҷамъиятии сафорати Тоҷикистон дар Русия, боздошт гардида, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Толятти қарор дорад. Дар ин бора сомонаи “ТАҶИНФО” хабар дод.

Бино ба навиштаи ин сомона, шаҳрвандии роҳбари ҷамъияти тоҷикони Самараро ҳанӯз 23-юми декабри соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Самара бекор кардааст. То ҳол маълум нест, ки Мирзоев Саидасрор бо кадом иттиҳом боздошт шудааст.

Аммо як манбаъ бо шарти зикр нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт, “бо эҳтимоли зиёд як гурӯҳи муҳоҷирони аз миллатҳои гуногун ва ҳатто баъзе тоҷикон ба мақомоти Самара пора додаанд то Саидасрорро дастгир ва аз Русия ихроҷ кунанд”.

Дар идома манбаи “Аздо тв” гуфт, ҳукми иҷборан ихроҷ намудани Мирзоев аз Русияро додгоҳ содир кардааст, вале ҳимоятгари ӯ ба ин қарор розӣ нашудааст. Мирзоев Саидасрор дар байни муҳоҷирон бо лақаби “Ганс” маъруф буда, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Самараро идора мекард.

Ёдовар мешавем, ин бори аввал нест, ки раҳбарони ҷамъияти тоҷикон дар шаҳрҳои Русия боздошту ҳабс ва ё ихроҷ мешаванд. Пештар аз ин Каромат Шарипов раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик” соли 2017 аз ҷониби мақомот боздошт гардида, шаҳрвандияш бекор карда шуд. Баъдан ӯро ба Тоҷикистон истирдод карданд. Роҳбарони ҷамъияти тоҷикони Владимир ва Перм то ҳол дар маҳбас қарор доранд

СҶБ гуфт, ки кай бемории ҳамагир ба охир мерасад

0

Аз ин ба баъд ҳар сол моҳи декабр рӯзи байналмиллалии пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 таҷлил мешавад.

Бино ба навиштаи хабаргузории (DW) Роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Тедрос Аданом Гебрейесус дар нишасти ахири ин созмон гуфта, ки ҷаҳон он вақт аз хатари бемории ҳамагир комилан халос шуда метавонад, ки инсоният ба масъалаҳои мубрами сайёра таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Вагарна, ба гуфтаи ӯ, инсониятро пандемияҳои аз ин ҳам бештару бадтар дар интизор аст.

Ба андешаи Тедрос пайдоиш ва интишори бемории COVID-19 охирин вабои аср нахоҳад буд, ки ҷомеаи инсонӣ бо он рӯ ба рӯ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи пешгӯиҳои олимон башарият дар оянда низ бо вабоҳои муҳлике дучор хоҳад шуд.

Раҳбари ин созмон дар паёми видеоии худ ба муносибати рӯзи байналмиллалии пешгирӣ аз пандемия гуфт, “Таърих ба мо меомӯзад, ки инсоният бо пандемияҳои гуногун сару кор дорад”.

Вай гуфт, ки қаблан коршиносон пайдошавии пандемияи вируси коронаро пешгӯӣ карда буданд ва ҷаҳонро ҳушдор доданд, аммо ҳушдори онҳо нодида гирифта шуд.

Ӯ мегӯяд, “бисёр кӯтаҳандешӣ” аст, ки агар ҷаҳон барои мубориза бо ин пандемия маблағҳои зиёд харҷ кунад, вале дар фикри хатарҳои оянда набошад.

Ба назари ӯ, ҳукуматҳо ва ҷомеаи инсонӣ бояд системаҳои тандурустиро тақвият диҳанд, “то фарзандон ва наслҳои баъдии мо дар ҷаҳони амнтар ва устувортар зиндагӣ кунанд.”

Раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар ин паёми худ афзуд, агар мардуми ҷаҳон ба тағирёбии иқлим ва хатарҳои экологии сайёра ҷиддӣ муносибат накунанд, ҳама талошҳо барои беҳбуди саломатӣ барбод хоҳад рафт.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар гузориши худ мегӯяд, пандемияи COVID-19 моро ба ин зудӣ тарк карданӣ нест. “Давоми 30 соли ахир ин аввалин бор аст, ки иқтисод ва рушди башарӣ зарбаи муҳлик мебинад ва шояд ҳудуди 1 миллиард инсон дар рӯи замин ба ҳолати фақр рӯ ба рӯ шаванд”.

Дар нишасти ин созмон гуфта шуд, ки исоният дар ин аср бар зидди худ ҷанг эълон кардааст ва ин натиҷаи ҳамон ҷангест, ки мо мебинем.

Ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистону Узбекистон камтар шудааст

0

Тиҷорати Тоҷикистону Узбекистон ба асари буҳрони мавҷуда кам шудааст. Хабаргузории “Азия-Плюс” аз қавли Агентии омори назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, ки давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Узбекистон 300 млн долларро ташкил додааст, ки он 7% камтар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Гуфта мешавад, тайи 4 соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Узбекистон зиёда аз 30 баробар афзуд: аз 12 млн доллар аз рӯйи натиҷаҳои соли 2015 то ба 362 млн доллар дар соли 2019 афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин зикр гардида, ки тай 2 соли охир сохтори молу маҳсулоти додугирифтшуда байни Тоҷикистону Узбекистон ба таври назаррас тағйир ёфтааст.

Солҳои 2016-2018 дар ҳаҷми умумии савдои дуҷониба ҳиссаи маҳсулоти Тоҷикистон бартарӣ дошта, аз соли 2019 қисмати асосӣ ба воридоти молу маҳсулот аз Узбекистон ба Тоҷикистон рост омадааст.

Тайи 11 моҳи сипаригардида гардиши молу маҳсулоти дуҷониба 75% (225 млн доллар)-ро воридоти маҳсулот аз Узбекистон ва 25% (75 млн доллар)-ро содирот аз Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя ташкил додааст.

Баъд аз сари қудрат омадани Шавқат Мирзиёев сиёсати Узбекистон дар қиболи Тоҷикистон ба кулли тағйир ёфт, марзҳо бар рӯи ҳамдигар боз шуданду доду гирифт дар бахши тиҷорат рушд кард.

Аз кишвари ҳамсоя Узбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузоти ранга, таҷҳизоти барқиву механикӣ ва ғайра ворид мешавад.

Аммо аз Тоҷикистон ба Узбекистон ашёи хом: алюминии аввалия, нерӯи барқ, нахи пахта, маъдан, семент, пӯсти коркарднашуда, пилла, матоъи гуногун, нӯшокиҳои машруботӣ, қолин ва дигар маҳсулот содир мешавад.

Соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон 830 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ ворид мешавад

0

Бино ба иттилои хабаргузории ҳукуматии “Ховар” соли 2021 аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон 830 ҳазор маводҳои сӯхти гуногуни нафтӣ бидуни пардохти боҷи гумрукӣ оварда мешавад.

Аз Хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Ховар” гуфтаанд, ки ин маҳсулоти нефтӣ аз 260 ҳазор тонна сӯзишвории бензин, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории ҳавопаймо, 30 ҳазор тонна равғани гармидиҳанда, 40 ҳазор тонна битуми нафтӣ, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тонна гази моеъ иброат аст.

Вале маълум нест, ки баъди ворид гардидани ин миқдор маводҳои сӯзишворӣ ба Тоҷикистон оё нархи сузишворӣ тайғир меёбад ё не, чизе дар ин маврид гуфта нашудааст.

Бино ба иттилои расман тасдиқ нагардида 80 дарсади воридоти сӯзишвории Тоҷикистонро ширкати “Фароз” – мутаалиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди Президенти Тоҷикистон ворид мекунад, ё воридоти маҳсулоти нафтиро назорат мекунанд, ки ҳар як ширкати воридкунанда барои ворид кардан аз “Фароз” иҷозатнома мегирад.

Вале мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид ҳамеша хомӯширо ихтиёр намуда, касе чизе намегӯяд.

Ҳамчунин яке аз дигар воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон ширкати “Газпуромнефт”-и Русия мебошад, ки то чанд сол қабл яке аз воридкунандагони асосии маҳсулоти нефтӣ ба шумор мерафт ва бештари ширкатҳо аз “Газпром” харидорӣ мекарданд.

Шаҳрвандони Узбекистон барои кор ба Русия даъват шуданд, тоҷикистониён чӣ?

0

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Узбекистон 196 шаҳрванди ин кишвар бо парвози чартерӣ барои кор ба вилояти Амури Русия фиристода шуданд.

Рӯзи 25 декабри соли равон ин Вазорат бо нашри як хабар гуфт, ки “дар мувофиқа бо корфармоёни Русия ва созмонҳои масъул, шаҳрвандони Узбекистон барои кори муваққатӣ ба Федератсияи Русия фиристода мешаванд”.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки муҳоҷирон пас аз гузаронидани 14 рӯзи карантин бо назардошти талабот ва маҳдудиятҳои муқарраршудаи эпидемиологӣ, дар сохтмонҳо ба кор шурӯъ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш масъулни сохтмонҳо дар Русия аз набдани қувваи корӣ шикоят карда буданд, ҳамунин аз Ҳукумат дархост карда буданд, ки ба муҳоҷироне, ки дар сохтмонҳо фаъолият мекунанд, иҷозаи вуруд дода шавад.

Вале то ба имрӯз маълум нест, ки оё муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳам даъват мешаванд ё хайр.

Дар сурати даъват гардидани муҳоҷирон садҳо ҳазор нафар омодаанд, ки барои кор аз Тоҷикистон ба Русия раванд, чун дар кишвар ҷои кор надоранд.