Хона блог саҳифа 671

Бар асоси ҳукми раиси ҷумхурии Тоҷикистон аз 23 март воксиназанӣ оғоз шуд

0

Рӯзи 22-юми март Эмомалӣ Раҳмон қарореро ба имзо расонд, ки тибқи он аз ҳамин рӯз 23-юми март ваксинзанӣ бар зидди бемории COVID-19 оғоз мешавад. Дар ин қарор омадааст, ки “аз 22 марти соли 2021 иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида шавад.”

Ҳамчунин ниҳодҳои гуногун вазифадор шудаанд, ки дар раванди ваксинзанӣ ба Вазорати тандурустӣ кумак кунанд ва вазорат баъд аз 15 рӯзи ҳар марҳила ба ҳукумат гузориш бидиҳад.

Бар асоси ин қарор имрӯз аввалин шуда, Ҷамоллидин Абдуллозода вазири тандурустии Тоҷикистон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо ваксини “AstraZeneca” эм карда шуд.

Дар баробари вазир, ҳамчунин муовинони ӯ Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода низ ваксина зада шуданд.

Ба ҷуз аз вазиру муовинони ӯ, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Виктор Олшавский, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе дар ҳузури хабарнигорон эм карда шуданд.

Гуфта меавад, ки дар марҳилаи аввал кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60-сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм эмгузаронӣ мешаванд.

Дар Тоҷикистон дар ҳоле эмгузаронӣ оғоз ёфт, ки аксар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо лахта шудани хунро дар бадани касоне, ки аз ин ваксина зада шуданд, мушоҳида карданд ва бо ин далел истифодаи онро ҳоло мутаваққиф кардаанд. Аммо Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, ки ҳеч далели қавие вуҷуд надорад, ки алоқаи мустақими лахташавии хунро бар асари ваксинаи “АstraZeneca” исбот кунад. Аз ин рӯ, аз ин кишварҳо хост истифодаи онро бознадоранд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон шаби 9 марти соли равон дар чорчӯби барномаи “COVAX” 192 ҳазор воя аз ваксинаи зидди вируси COVID-19 АstraZeneca-ро дастрас намуд.

Дилшод Назаров бояд аз мақомаш истеъфо диҳад

0

Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук Себастян Коу ишора намуд, ки бояд гурзандози тоҷик Дилшод Назаров аз мақомаш истеъфо диҳад.

Ин нуқтаро Себастян Коу дар як нишасти матбуотӣ пас аз ҷаласаи Шӯрои ҷаҳонии варзиши сабук ишора намуд.

“Дар гузашта ҳолатҳое буданд, ки роҳбарони федератсия ё мансабдорони баландпоя, ки қоидаҳои зидди допингро вайрон карданд, баъдан истеъфо доданд. Аз ин рӯ, бояд интизор шуд, ки ин варзишгар ба ҳайси раҳбари федератсияи маҳаллӣ фаъолият нахоҳад кард”, – гуфт Коу.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаровгурзандози тоҷик ва қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро барои истифодаи моддаи мамнӯъ барои ду сол аз иштирок дар мусобиқаҳо  маҳрум карда шуд. Дар ин бора дар сомонаи расмии ниҳоди мустақил бар зидди падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU) хабар дода шуд.

Гуфта мешавад, ки натиҷаҳои варзишгар, ки тӯли ду сол аз 29 августи 2011 то 29 августи соли 2013 нишон дода буд, бекор карда мешаванд. Ҳамчунин Назаров аз  24 сентябри соли 2019 сар карда, барои ду сол аз мусобиқаҳои варзишӣ маҳрум карда шуд.

Дилшод Назаров, ягон медали олимпии худро аз даст надод, аммо иштирок дар Олимпиадаи соли 2020 дар Токиоро, ки моҳи июли соли 2021 оғоз мешавад, аз даст дод.

Қаҳрамони олимпӣ  дар вокуниш ба ин тасмим гуфт, ки ҳама талошҳояш барои рафъи иттиҳомот натиҷа надоданд ва мақсади ягона дур сохтани ӯ аз Олимпиадаи Токиё буд, зеро дар майдон ҳарифе пурқувваттар аз ӯ набуд.

Муроҷиат ва шикояти як узви ҲНИТ ба созмонҳои баналмиллалии ҳуқуқи башар

0

Бобоев Абдусаттор, узви раёсати олии ҲНИТ ва паноҳанда дар яке аз кишварҳои аврупоӣ зимни нашри наворе аз фишори мақмот болои хонавода ва наздиконаш дар Тоҷикистон аз ҷониби КДАМ шикоят мекунад.

Абдусаттор дар муроҷиати худ аз созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар дархост намуд, ки ба қазияи поймолшваии ҳуқуқи ӯ ва хонаводааш расидагӣ кунанд.

Ӯ мегӯяд, мақомот намегузоранд духтари бузургаш, ки соҳиби ду фарзанд аст ва дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад бо волидайнаш тамос бигирад. Ва ҳамчунин бародарон ва наздиконаш низ ҳаққи тамос бо ӯро надоранд.

Хабарнигори “Аздо тв” аз Бобоев Абдусаттор пурсид, ки чӣ чиз боис шуд, ки мақомот болои хонаводаи Шумо фишорро сахттар карда ва инчунин мардум бо нашри видеоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш нишон бидиҳанд?

Ба қавли Абдусаттор бародари бузургаш, ки бемор ва дар беморхона бистарӣ аст, маъмурони амният ӯро низ ба ҳолаш нагузоштанд, ки ин фишорҳо бемории ӯро бештар кардааст.

Чандест дар шабакаҳои иҷтимоӣ нафарони саршиносе ба монанди собиқ қумандони Фронти халқӣ, Саидшо Шамолов ва инчунин додмоди худи Абдусаттор Бобоев суханрониҳо намуда, аз ӯ хостаанд, ки даст аз суҳбатҳои зидди Ҳукумат бардорад.

Аммо Абдусаттор мегӯяд, бо вуҷуди фишорҳои мақомот болои ӯ ва хонаводааш даст аз муборизаи солими сиёсӣ кашиданӣ нест ва ҳатто ин фишорҳо бар рӯҳия муборазахоҳӣ ва ҳақиқатталабии ӯ таъсире нахоҳад гузошт.

Мақомот пайваста фишор овардан болои хонаводаҳои фаъолони сиёсии ҲНИТ тавассути Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро рад мекунанд.

Номаи хонаводаҳои зиндониёни сиёсии ҲНИТ ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

0

Як гурӯҳ аз хонаводаи зиндониёни сиёсии ҲНИТ ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нома ирсол намудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод. Дар муроҷиати худ хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ аз ваколатдор хостаанд, шарҳ бидиҳад, ки оё гирифтани кумаки молӣ аз фарзандонашон дар хориҷ ҷиноят ба ҳисоб меравад.

Зери ин ариза ҳадди ақал чаҳор нафар хонаводаи зиндониёни ҲНИТ аз ҷумла Фароғат Сангинова ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, Валамат Иброҳимзода ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, Ҷурабекова Савринисо ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит ва Резагул Розиқова ҳамсари Зубайдуллоҳи Розиқ имзо гузоштаанд.

Дар ин ариза, ки рӯзи 17-уми март ба дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон супурда шудааст, гуфта мешавад, ки “Аз шумо хоҳиш мекардем, ки ба мо фаҳмонида шавад, ки оё мо дар ҳақиқат бар асоси ягон санад, ё ҳуҷҷате қонунӣ аз гирифтани маблағҳои кумакпулии хориҷӣ маҳрумем ё не? Оё ба мо ирсол намудани кумакпулӣ барои он касоне, ки ба мо онро равон мекунанд, ин ҷиноят аст, ё не?”.

Фароғат Сангинова дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки шавҳараш Ҳикматулло Сайфуллозода узви ҲНИТ, ки ба 14 соли маҳбас маҳкум шудааст дар зиндон бемор аст ва ба дору эҳтиёҷ дорад, аз сабаби бад будани шароити молияш наметавонад ба шавҳараш кумак расонад. Сангинова мегӯяд, ки аз тарси онки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашаванд, наметавонанд аз наздокони дар хориҷ будаашон кумаки пулӣ дарёфт кунанд.

Ҳамчунин дар ин ариза омадааст, ки “Ягона кумаке, ки метавонад, зиндагонии моро дар як сатҳи камтарин ҳам бошад, нигаҳ дорад, ба наздикони дар маҳбас будаамон бурдани хӯрокаю либосу лавозимоти тиббӣ ва инчунин пардохти хароҷоти ҳатмии коммуналиро таъмин кунад – ин кумаки молиявии хешу табор, наздикон ва хайрхоҳони дар хориҷи кишвар буда мебошад.”

Дар идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ аризаи мазкурро гирифтаанд, вале баъди таътили наврӯзӣ онро  мавриди барраси карор хоханд дод.

Ҳамчунин дар нома омадааст, ки нусхаҳое аз ин нома ба унвони додситони кул, вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фиристода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки макомот то ин муддат ҳадди ақал чаҳор нафарро бо гуноҳи муомилоти молӣ бо гуруҳҳои “ифротгарову террористӣ” ва ё дарёфти кумак аз онҳо ба зиндон маҳкум кардаанд.  Аз ҷумла Асрориддин Розиқов, писари Зубайдулло Розиқов моҳи декабри соли гузашта ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар ин миён, ҳукми Дона Набиев, як пирамарди 80-сола сару садои зиёде барангехт, ки ӯро ҳам моҳи декабр бо гуноҳи ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик, аз ҷумла дар Афғонистон ба 7 соли зиндон маҳкум карданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2015 аз сӯи Суди олии Тоҷикистон ба феҳристи созмонҳои террористию экстремистӣ ворид карда шуда ва то ин замон раҳбарони ҳизб ва садҳо нафар ба иттиҳоми узвият дар ин ҳизб боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Раҳбарияти ҲНИТ иттиҳомоти ироа намудаи мақомотро нисбати ҳизб рад намуда, зиндонӣ намудани аъзоён ва терористӣ хондани ҲНИТ-ро сирф сиёсӣ медонанд.

Иҷозаи вуруди донишҷӯёни хориҷӣ аз 25 кишвар ба Русия

0

Вазорати маорифи Русия қарореро қабул намуд, ки тибқи он донишҷӯёни хориҷии 25 кишвар иҷозаи вуруд ба Русияро пайдо намуданд. Аммо дар ин рӯйхат донишҷӯёни Тоҷикистон нестанд.

Қарори мазкур рӯзи 16 марти соли ҷорӣ ба имзо расида, бар асоси он танҳо ба донишҷӯёне иҷозати вуруд ба Русия дода мешавад, ки вазъи эпидемиологӣ дар кишварашон нигаронкунанда нест. Ва ё “Роспотребнадзор” ба вазъи эпидемиологии он кишвар баҳои мусбат дода бошад.

Ба иттилои Вазорати маорифи Русия барои бозгаштани донишҷӯёни хориҷӣ ба дарсҳо бояд онҳо ҳадди аққал 10 рӯз пеш аз таърихи вурудашон ба ин кишвар тариқи почтаи электронӣ масъулони Донишгоҳро дар ҷараён бигузоранд. Ҳамаи донишҷӯёни дохилшаванда бояд аз намояндаи донишгоҳ тавассути почтаи электронӣ иҷозат ё тасдиқ гиранд ва на камтар аз се рӯз пеш аз омадан аз санҷиши коронавирус гузаранд. Ҳангоми назорати марзи дар Федератсияи Русия, хамчунин дар хобгоҳи донишгоҳ бояд шаҳодатнома дар бораи натиҷаи манфӣ ба забонҳои русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад.

Пас аз расидан ба Русия, донишҷӯён бояд дар давоми се рӯз аз рӯйхати пешниҳодкардаи донишгоҳ санҷиши коронавирусро дар маркази тиббӣ дубора супоранд. Сипас, қабл аз гирифтани натиҷаи манфии тест, донишҷӯ бояд дар хобгоҳ режими худидоракуниро риоя кунад. Ҳамзамон, донишҷӯ бояд ҳар рӯз дар бораи вазъи саломатии худ ба куратори донишгоҳ гузориш диҳад ва агар худро бад ҳис кунад, бояд фавран ба мутахассисон муроҷиат кунад. Ба таҳсили рӯзона танҳо онҳое роҳ дода мешаванд, ки ду санҷиши манфӣ доранд (пеш аз дохилшавӣ ва пас аз дохилшавӣ).

Иҷозаи вуруд ба Русияро дарёфт накардани донишҷӯёни тоҷик дар ҳолест, ки ҳафтае пеш намояндагони Пажӯҳишгоҳи “Микроб”-и “Роспотребнадзор” ба Тоҷикистон омада вазъи эпидемологии кишварро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Онҳо дар хулосаи худ ба вазъи эпидемиологӣ ва кори пизишкони тоҷик баҳои баланд дода Тоҷикистонро дар мубориза бо COVID-19 муваффақ донистанд.

Вале бо вуҷуди ин ба донишҷӯёни тоҷик ичозаи вуруд ба Русияро надоданд. Дар ҳамин ҳол сомонаи ҳукуматии “Ховар” дар матлабе ба ин қарори мақомоти Русия вокуниш нишон дода, навишта, ки чаро бо вуҷуди баҳои хуб гирифтани вазъи эпидемологии Тоҷикистон боз ба донишҷӯёни тоҷик иҷозати вуруд ба Русия дода намешавад? “Пас мушкил дар чист? Чӣ монеъ мешавад, ки донишҷӯёни Тоҷикистон ба Россия барои идомаи таҳсили рӯзона баргарданд?

“Рӯйхат, агар мулоим карда гӯем, нофаҳмост. Ба он хотир, ки тибқи маълумоти Кумитаи омори ИДМ, ки чанде пеш нашр шудааст (ниг. ба сомонаи АМИТ «Ховар», 12 марти соли 2021), маҳз аз нигоҳи солимии вазъи эпидемиологӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳод дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Дар ҷои дуюм Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Аммо, ҳарду кишвар ба рӯйхати Вазорати маълумоти олӣ ва илми РФ дохил карда нашудаанд. Аммо ба рӯйхат кишварҳое шомиланд, ки дар онҳо вазъи коронавирус, бо вуҷуди маҳдудиятҳои шадид ва оғози эмкунӣ, ташвишовартар аст.”- навишта аст “Ховар”.

Нишасту гуфтугӯ байни намояндагони Амрико ва Чин дар Аляска

0

Вазири умури хориҷаи ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки амалҳои Чин ба низоми асосёфта бар қавонине, ки суботи ҷаҳониро кафолат медиҳанд, таҳдид мекунад.

Дар ҳоле, ки Пекин таҳдид кард алайҳи дахолати Вашингтон чораҳои қатъӣ хоҳад дид. Ин гуфтумонҳо дар ҷараёни оғозёбии як нишасти дурӯза дар Аляска байни вазоратҳои хориҷии ду кишвар сӯрат гирифт.

Дар ин нишаст Блинкин аз нигаронии амиқи Амрико дар бораи аъмоли Чин дар Шинҷон хабар дод ва ҳамзамон гуфт, ки Вашингтон Пекинро дар содир кардани “наслкушӣ” алайҳи мусалмонони уйғур, инчунин дар Ҳонгконг ва Тайван, “ҳамлаҳои” Электронӣ алайҳи Иёлоти Муттаҳида айбдор медонад. Ҳамзамон Блинкин Чинро ба фишори иқтисодӣ алайҳи муттаҳидонаш гунаҳкор донист.

Ин иттиҳомот дар ҳузури дипломати аршади Ҳизби комунист Чин Янг Жиечӣ ва вазири корҳои хориҷӣ Ван И садо дод. Дар ҳамин ҳол Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Ҷо Байден дар маросими ифтитоҳи ин нишаст таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида дар пайи “муноқиша” бо Чин нест, балки аз рақобати шадид истиқбол мекунем.

Дар Аляска гуфтугӯҳо байни котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Ҷейк Салливан ва аз тарафи дигар мансабдори аршади Чин Янг Жиечӣ ва вазири корҳои хориҷӣ Ванг И идома доранд.

Аляска барои се нишасти тӯлонӣ, ки то субҳи рӯзи ҷумъа идома хоҳад ёфт, ҳамчун қаламрави бетараф интихоб шудааст.

Тибқи гузориши “Алҷазира” як мақоми амрикоӣ ба хабарнигорон гуфт, ки “ин нишастҳо аввалин қадамҳо барои дарки манофеъ, аҳдоф ва авлавиятҳои мо мебошад.”

“Мо дар раванди таҳияи стратегияи ҳамаҷонибаи Чин қарор дорем”, ин мулоқот “танҳо оғози ин раванд аст.” Ин макоми амрикоӣ дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки “мо баъзе масъалаҳои мушаххасеро пешниҳод хоҳем кард, ки ба назари мо Пекин бояд барои тағйири мавқеъияти худ коре бояд анҷом диҳад”.

Байден Путинро қотил хонд. Эҳтимоли шурӯъи сардии равобит байни Амрико ва Русия

0

Кремл дар равобит бо ИМА ҳамеша ба беҳтарин натиҷа умед мебандад, аммо худро барои бадтарин шароити муносибатҳо омода мекунад,- гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи эҳтимоли шуруъи “ҷанги сард” -и нави кишварҳо.

Тибқи гузориши “РИА Новости” гуфтаҳои Песков дар ҳоле садо дод, ки пештар Президенти ИМА ба як рӯзноманигор, ки оё Путин “қотил” аст, посухи мусбат дод.

Вақте, ки барандаи маъруфи телевизиони “ABC” Ҷорҷ Стефанопулос ҳангоми муколамаи рӯзи чоршанбе бо суоли мустақим аз Байден пурсид, ки оё вай президенти Русияро “қотил” мешуморад, Байден дар посух гуфт: “Бале, ман чунин мешуморам.”

Дар худи ҳамон мусоҳиба президенти ИМА гуфт, ки Путин ҷуброни “дахолат” -ро дар интихоботи солҳои 2016 ва 2020 пардохт хоҳад кард, ки онро Маскав ҳамеша рад мекунад.

Дар навбати худ Владимир Путин пас аз изҳороти шадиди президенти Амрико Ҷо Байден дар паёмаш ба ӯ пешниҳод кард, ки гуфтугӯи ошкоро ва оммавии ду раҳбар рӯзи ҷумъа ё душанбе ташкил карда шавад.

Дар посух Кохи Сафед гуфт, ки президентҳо аллакай сӯҳбат кардаанд ва ИМА бо раҳбарияти Русия дар тамос аст. Дар ҳоле, ки Кохи Сафед тасдиқ кард, ки Байден аз Путинро “қотил” номиданаш пушаймон нест.

Сухангӯи “Кремл” Димтирий Песков гуфт, ки дар гуфтугӯи ду раҳбар метавонист мавзӯъи иттиҳомоти беасоси Вашингтон алайҳи Маскав матраҳ шавад. Песков афзуд, ки технология имкон медиҳад, ки ин гуфтугӯ аз тариқи алоқаи баста бо тарзи аланӣ сурат бигирад.

“Бо пахши зинда – азбаски изҳороти муайяне аз ҷониби оқои Байден дода шуданд, изҳоротҳо хеле бесобиқаанд ва ба хотири он нагузорем, ки ин изҳорот ба муносибатҳои бе ин ҳам бади дуҷонибаи Русия ва Амрико осеб расонанд. Президент Путин пешниҳод кард, ки ин вазъро ба шакли оммавӣ баррасӣ кунанд, зеро барои мардуми ду кишвар ҷолиб хоҳад буд.”

Пас аз изҳороти Байден, Вазорати корҳои хориҷии Русия сафираш дар Амрико Анатолий Антоновро барои машварат ба Маскав даъват кард. Вазорат гуфта, ки онҳо мехоҳанд аз “таназзули бебозгашт” -и муносибатҳо ҷилавгирӣ кунанд. Вашингтон гуфт, ки сафири Амрико дар Русия боқӣ хоҳад монд.

Муваффақияти Тоҷикистон дар мубориза алайҳи COVID-19 ва ҷойгоҳи баланди пизишкони тоҷик дар ин амр

0

Намояндагони “Роспотребнадзор” баъд аз таҳқиқу омӯзиши вазъи эпидемиологии Тоҷикистон ба хулоса расиданд, ки Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 муваффақ будааст. Ва фаъолияти пизишкони тоҷикро баҳои баланд додаанд.

Гуфта мешавад, ҳайати пажӯҳишгоҳи “Микроб”и Хадамоти федерали назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (Роспотребнадзор), ки рӯзи 16 март ба Душанбе омада буд, баъд аз ба анҷом расондани вазифаҳои худ, имрӯз 19 март ба Русия баргаштанд.

Хабаргузории “Sputnik” аз қавли манбаъи худ навишт, ки дар ҷаласаи поёнии ҳайати “Роспотребнадзор”, ки намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳузур доштанд,  ҳайати русӣ аз зарфиятҳо ва омодагиҳои пизишкони тоҷик тавсиф кард.

Онҳо дар ҳузури намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба фаъолиятҳои пизишкони тоҷик баҳои баланд доданд, бахусус ба корҳои ташхисӣ-лабораторӣ, афзуд манбаъ.

“Аз нигоҳи онҳо, чораҳои зидди эпидемикие, ки Тоҷикистон дар замони пандемия гирифтааст, меъёрӣ буда, дар сатҳи баланд роҳандозӣ шудаанд. Аз ин хотир, ин кишвар дар мубориза бо COVID-19 муваффақ будааст”, – гуфт ин манбаъ.

Ҳадафи ин сафар тақвияти ҳамкориҳо байни Роспотребнадзор ва вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими некӯаҳволии санитарию эпидемиявии аҳолии ду кишвар арзёбӣ шуд.

Тасмим дар бораи сафари эпидемиологҳои Русия ба Тоҷикистон дар мулоқоти муовини сарвазири Федератсияи Русия Алексей Оверчук ва сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода дар доираи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 баргузор гардид гирифта шуд.

Қаблан гуфта мешуд, ки Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссияи махсус мефиристад ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар кишвар масъалаи вуруди шаҳрвандони Точикистон ба Русия бознигарӣ хоҳад шуд.

Ибрози омодагии ширкати “Сыловые машины” барои иштирок дар лоиҳаи ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳи Роғун

0

Ширкати “Силовые машины” омода аст дар лоиҳаи ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ширкат варзад. Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков дар мусоҳиба бо РИА Новости хабар дод.

Ин намояндаи рус гуфт ба шарте, ки лоиҳа маблағгузорӣ карда шавад, ин ширкат омода аст, бо пудратчиёни Русия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ ҳамчунин таъмини таҷҳизот барои агрегатҳои гидроэнергетикӣ – турбинаҳо ва генераторҳо саҳм гирад”

Коренков ҳамчунин қайд намуд  ки ширкатҳои истеҳсолкунандаи  таҷҳизоти гидравликии гидротехникӣ ва таҷҳизоти энергетикӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони нав ва азнавсозии нерӯгоҳҳои обии мавҷуда дар Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Намояндаи тиҷоратии Руссия дар сухбаташ бо РИА Новости иброз дошт ки онҳо масъалаи таъмини Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон “-ро бо 1000 вагони боркаш ва 100 вагони мусофирбар, аз ҷумла таҷҳизот ва асбобҳои барои нигоҳдории онҳо баррасӣ доранд.

Баргузории мизи гирд ҷиҳати муаррифии лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”

0

Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 18 март дар ин ниҳод мизи гирд дар мавриди муаррифии лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор гардид.

Завқизода Завқӣ Амин, вазири рушди иқтисод ва садои Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, ки дар барнома истифодаи пурраи тамоми захирахо ва имконти мавҷуда, манбаъҳои иловагии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва андешидани 765 тадбирҳои зарурӣ барои рушди кишвар пешбинӣ шуданд.

Бино ба гуфтаи раҳбари ин ниҳод, арзиши умумии барномаи мазкур 115,3 млрд. сомонӣ буда, аз он 51,3 млрд. сомонӣ (44,5 фоиз) аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, 35,1 млрд. сомонӣ (30,5 фоиз) маблағҳои шарикони рушд ва 28,9 млрд. сомонӣ (25 фоиз) маблағҳои бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, дар  ин нишаст ҳамчунин намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Мунео Такасака иштирок дошта ва барои маблағгузории лоиҳаи ин барнома изҳори омодагӣ намуданд.

Лоиҳаи БМР 2021-2025 барои қабул гардидан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.