Хона блог саҳифа 670

Ширкатҳои миёнаву хурди Русия аз ҷалби муҳоҷирони корӣ барои сохтмон манъ шуданд

0

Ҳукумати Русия ба тиҷоратҳои хурд иҷозат надод, ки муҳоҷиронро барои сохтмон ҷалб кунанд. Танҳо ширкатҳои калон метавонанд аз онҳо истифода баранд.

Шояд Русия мехоҳад бо ҳамин роҳ шароити кори коргарони кирояро, ки аллакай ба иқтисоди Русия табдил ёфтаанд, назорат кунад. Аммо аз чунин тарзи назорат хавф барои сохтмонҳо вуҷуд дорад.

Ширкатҳои хурду миёнаи сохтмонӣ наметавонанд муҳоҷирони корие, ки аз ҳамсоякишварҳо вориди Русия мешаванд, ба кор ҷалб кунанд. Чунин тавзеҳро Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия дар посух ба дархости Ассотсиатсияи бинокорони Урал дод. Дар ин бора маҷаллаи “Вестник” хабар медиҳад.

Вазорат мегӯяд, он ширкатҳое калон ҳисобида мешаванд, ки ба ҳисоби миёна беш аз 250 корманд дошта, даромади онҳо беш аз ду миллиард рубл бошад.

Аммо маҳз тиҷоратҳои хурд ва миёна аксар вақт бо ҷалби коргарон машғуланд ва ҳамчун ташкилоти пудратии як корхонаи калон фаъолият мекунанд. Аз ин рӯ, маҳдудиятҳо метавонад боиси таъхир дар сохтмон гардад.

Эҳтимол дорад Вазорати сохтмон кӯшиш кунад, ки шароити кор ва ҳифзи саломатии меҳмононро таҳти назорат қарор диҳад, гуфт коршинос оид ба муҳоҷирати меҳнатии маркази “Мемориал” Андрей Якимов дар мусоҳиба бо сомонаи “360”. Ба гуфтаи Якимов ширкатҳое, ки сармояи оинномавии калон доранд, метавонанд ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб дода, муҳоҷиронро бо шароити муқаррарии кор таъмин кунанд.

Ҳамзамон коршинос таъкид кард, ки дар иқтисоди Русия тақрибан дар ҳамаҷо ниёз ба муҳоҷир вуҷуд дорад.

“Ба назари ман акнун ба мо лозим аст, ки марзҳоро оҳиста боз кунем. Муҳоҷирон мунтазири пайвастан ба иқтисоди мо ҳастанд. Ва иқтисодиёти мо ба таври назаррас ғарқ шуд, вақти он расидааст, ки иқтисод рушд кунад. Аз куҷо рушд кардан чандон равшан нест. Азбаски бо роҳи тиҷорат нашуда истодааст, бигзор он бо муҳоҷирон рушд кунад”, – гуфт Якимов.

Ин коршиноси рус илова кард, ки захираҳои меҳнатии Русия дар як қатор соҳаҳо дигар кофӣ нестанд. Ин аз он сабаб аст, ки шумораи зиёди одамон маълумоти олӣ гирифтанд.

Чаро Қирғизистон дар бахши маводи нафтӣ танзим ҷорӣ кард?

0

Муовини сардори Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Қирғизистон Кенешбай Тайлаков имрӯз дар як ҷаласа дар парлумони Қирғизистон гуфт, ки дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Қирғизистон 80% талаботи сӯзишвориро бензини тамғаи 92 ва дизел ташкил медиҳад.

“Имрӯз нархи миёна тақрибан 45 сомро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти охирин, арзишии он бо назардошти тамоми хароҷот 50 сому 50 тыйынро ташкил медиҳад. Инчунин саҳмияҳо мавҷуданд. Бо назардошти ин, мо ба савдогарони нафт талабот муқаррар кардем – болоравии шадиди нархҳо нахоҳад буд. Дар охири моҳи март, нархи моҳи апрел муайян карда мешавад. Мо меомӯзем ва ҷамъбаст хоҳем кард”, – афзуд ӯ.

Тайлаков гуфт агар болоравии нархҳо дар давоми моҳ аз 20% зиёд бошад, пас вазорати иқтисод ва молия масъалаи ҷорӣ кардани танзимро баррасӣ мекунад.

Ҳамчунин муовини вазири иқтисод Элдар Алишеров илова кард, ки агар як кишварро бо чунин шароити иқтисодӣ гирем, масалан Тоҷикистонро, маълум мешавад, ки нархи сӯзишворӣ дар он ҷо то ба 70 сом афзоиш дошта аст ва дар Қирғизистон нарх ҳатто ба 50 сом нарасида, тақрибан 45 сум нарх дорад.

Дар идома Алишеров гуфт, ки “Агар мо як кишварро дар доираи ЕАЭС гирем, пас дар Русия АИ-92 беш аз 50 сом аст …”. Дар посух ба гуфтаҳои муовини Вазир, Р.Туманбоева гуфт, ки ҳар як кишвар музди меҳнати худро дорад.

Инчунин Алишеров қайд кард, ки ин моли биржавӣ аст ва Қирғизистон нафт кам истеҳсол мекунад. Вазир мегӯяд, ки агар мисли Туркманистон ё Венесуэла, онҳо бо нафт таъмин мешуданд, вазъ дигар буд.

.

Дархости Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз Тоҷикистон барои озодии як узви фирқаи “Шоҳидони Яҳво”

0

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид 19 марти соли 2021 аз Тоҷикистон дархост кард, ки барои ҳифзи саломатии Шамил Ҳакимови 70-сола, узви фирқаи масеҳии “Шоҳидони Яҳво” чораҳои фаврӣ андешад.

“Шамил Ҳакимов, ки ҳоло бемор аст, аз моҳи феврали соли 2019 барои сулҳу осоиштагӣ ба эътиқоди худ зиндонӣ шудааст”, менависад ин кумита.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дархост кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон Хакимовро ба муассисаи махсусгардонидашудаи тиббӣ интиқол диҳанд ва ӯро дар ҳолати баррасии парвандааш дар назди Кумиати ҳуқуқи башари СММ шартан аз зиндон раҳо кунанд.

Дар ҳамин ҳол Комиссияи баналмиллалии озодиҳои динии ИМА аз ҳукумати Тоҷикистон хоста, ки дархости Кумитаи ҳуқуқи башари СММ-ро ҳарчи зудтар анҷом бидиҳад ва Ҳакимовро аз зиндон раҳо кунад.

Бояд гуфт, ки чанде пеш Комиссияи баналмиллалии озодиҳои динии ИМА, Шомил Ҳакимовро, ки барои 7,5 зиндон маҳкум шудааст зери ҳимояти худ қарор дода буд.

Шамил Ҳакимов, узви яке аз фирқаҳои насронии дар Тоҷикистон мамнуи “Шоҳидони Яҳво”, бо ҷурми барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ сентябри соли 2019 ба 7.5 соли ҳабс маҳкум шуд.

Ба гуфтаи мақомот Ҳакимов ҷашни Наврӯзро мазаммат карда, онро “мероси даврони оташпарастӣ”, номидааст.

Коҳиши назарраси муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия

0

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, шумори хориҷиёне, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба қайд гирифта шудаанд, дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 нисбат ба соли 2020 ду баробар кам шудааст.

Тавре аз хулосаи нишондиҳандаҳои асосии вазъи муҳоҷират дар Федератсияи Русия дар моҳҳои январ-феврали соли 2021, ки Вазорати корҳои дохилӣ интишор кардааст, бармеояд, дар ин давра 1,083 миллион шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2020 ин рақам беш аз 2,2 миллион нафар гуфта мешуд.

Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба манобеаш аз Вазорати дохилии Русия менависад, ки аз аввали сол тақрибан ду маротиба камтар патент барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дода шудааст. Соли ҷорӣ 112,3 ҳазор муҳоҷир патент (иҷозати корӣ) гирифт, аммо соли гузашта 203,7 ҳазор нафар иҷозатномаи корӣ ба даст овардааст.

Тибқи хулоса, дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 шумораи даъватномаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ (15,8 ҳазор) ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ҳоле, ки соли 2020 шумораи онҳо 56,3 ҳазорро ташкил карда буд.

Ғайр аз ин, шумораи раводидҳои додашуда ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ (аз 31,4 ҳазори соли гузашта ба 18,2 ҳазор) коҳиш ёфтааст.

Оғози сафарҳои Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон

0

Бино ба иттилои сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 24 март Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои кории худро ба шаҳри Бохтар ва дигар навоҳии вилояти Хатлон оғоз кард.

Мақсади ин сафарҳо шиносоӣ ба ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалишавии барномаҳои давлатӣ, корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ғайра гуфта шудааст.

Карор аст Раҳмон дар ин сафари худ бо фаъолони ҷомеа ва қишрҳои мухталифи аҳолӣ дидору мулоқот анҷом бидиҳад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон тибқи гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мебоист рӯзи 22 март анҷом мешуд, аммо ду рӯз ба таъхир афтодани сафари Раҳмон ҳадсу гумонҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барпо кард.

Дода шудани 23 гектар замин ба ширкати Avesto Group

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори ҳукуматро дар бораи додани зиёда аз 23 гектар замин ба ширкати “Avesto Group” имзо кард. Дар ин бора портали ҳуқуқии Вазорати адлия хабар дод.

Гуфта мешавад замини ҷудошуда барои сохтмони як корхонаи нави паррандапарварӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон истифода мешавад.

Бо қарори ҳукумат, ширкат муваззаф шудааст, ки зарари хориҷ кардани ин заминҳоро аз гардиши кишоварзӣ пурра ҷуброн кунад ва ба буҷаи давлат 2,1 миллион сомонӣ (183,9 ҳазор доллар) пардохт кунад.

Қаблан вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиезода гуфта буд, ки дар ду-се соли оянда ниёзҳои кишвар ба гӯшти парранда тавассути истеҳсоли ватанӣ пурра қонеъ карда мешаванд.

Бино ба маълумотҳои тасдиқ нагардида гуфта мешавад, ширкати “Avesto Group” ба Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси Олӣ ва Раиси шаҳри Душанбе таалуқ дорад.

Вазири умури хориҷии Русия: Дустии Маскав ва Пекин алайҳи касе нест

0

Сергей Лавров, вазири умури хоричаи Русия  рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарии муштарак бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван И изҳор дошт, ки тамоми инфрасохтори муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо бо амалҳои якҷонибаи Брюссел хароб карда шуд. Бинобар ин Маскав бо ин иттиҳод робитае надорад.

Лавров қайд кард, ки Маскав ва Пекин бар зидди касе нестанд.

Дар идомаи сухбаташ гуфт: “Агар Аврупо ин равобитро бо хароб кардани ҳамаи механизмҳои дар тӯли солҳои зиёд эҷодшуда канд ва мо танҳо бо баъзе кишварҳои аврупоӣ ҳамкорӣ дорем, ки мехоҳанд манфиатҳои миллии худро ҳимоят кунанд, пас ин ба он оварда мерасонад, ки муносибатҳои мо бо Чин дар ҳоли рушд аст ва нисбат ба он чизе, ки аз муносибатҳо бо кишварҳои Аврупо боқӣ мондааст, зудтар рушд мекунад.”

Ба гуфтаи Лавров Русия вақте барои ҳамкорӣ бо ИА омода хоҳад буд, ки худи Брюссел рафъи норасоии муносибатҳои дуҷонибаро зарур шуморад. Ва таъкид кард, ки Русия ҳамеша ба ҳамкорӣ бо ҳамсоягонаш омода аст.

Тибқи як таҳқиқоти нав, паҳншавии вирус COVID-19 пештар аз оне шуруъ шуда, ки Чин мегӯяд

0

Гурӯҳе аз олимон бо роҳбарии зистшиноси эволютсионӣ Ҷоэл Вертхайм аз Донишгоҳи Калифорнияи Сан-Диего таърихи пайдоиши сирояти коронавируси COVID-19 дар шаҳри Вуҳони Чинро ҳисоб кард.

Ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот, пайдоиши ин вирус ба эҳтимоли зиёд аз он таърихе, ки гуфта шудааст, якчанд моҳ пештар интишори он шуруъ шудааст.

“Тибқи фарзияи расмӣ, аввалин ҳолатҳои сироят бо коронавируси нав дар охири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳон ба қайд гирифта шудааст. Аммо Sars-CoV-2 эҳтимолан якчанд ҳафта қабл ба одамон сироят карда. Ин фарзияро ҳоло таҳқиқоти нави гурӯҳи олимони амрикоӣ ба воқеият наздик меҳисобад, – менависад нашряи олмонии “Süddeutsche Zeitung”.

Дар ин таҳқиқоти худ донишмандон таҳлилҳои генетикӣ ва моделҳои компютериро дар мавриди паҳншавии вирус ҳамроҳ намуданд. Бино ба таҳқиқи ин гурӯҳи олимон, шаҳри Вуҳон, ки дар он 11 миллион нафар одамон зиндагӣ мекунанд, маконе набуд, ки вирус бори аввал аз ҳайвонот ба одам мунтақил шавад. Баръакс, эҳтимолан ҳолатҳои аввалини паҳншавии сироят чанд ҳафта баъд аз сироят ёфтан аз як намуд ба намуди дигар рух додааст.

Муаллифон менависанд, ки имкон дорад коронавирус аллакай дар вилояти Хубэй дар атрофи Вуҳон аз моҳӣ октябри соли 2019 паҳн шудааст. Аммо то он даме, ки интишори васеи он дар бозори Ҳуанан дар Вуҳон дар охири моҳи декабр ба амал наомад, расман мушоҳида нашудааст.

То он вақт, ҳолатҳои бемориҳои нави шуш дар одамон аллакай дар дигар нуқтаҳои шаҳр пайдо шуда буданд. Ин нишон медиҳад, ки вирус эҳтимолан хосташро барвақттар иваз карда, ба метрополия, аз афташ, дар ҳайвонот не, дар бадани инсон расидааст, менависад муаллифи мақола.

Эҳтимол дорад, ки патоген аз кӯршапаракҳо ба ҳайвоноти номаълуме воситашаванда дар деҳот гузашта бошад. Муаллиф пешниҳод мекунад, ки ҳайвоноте, ки аз ҷониби одамон ба таври оммавӣ парвариш карда мешаванд, воситаи интиқоли вирус аз манбаи аслияш мебошанд, ки вирус дар бадани онҳо мутатсияҳои заруриро ҷамъ овардааст.

Қамчибек Тошиев, Саймумин Ятимов, Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва музокироти марзӣ

0

Музокироти миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз 15 то 18 март дар ш.Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид, ба фарқ аз музокироти қаблӣ зери раҳбарии масъулони КДАМ-и ин ду кишвар доир шуд.

Аммо он чи натиҷа бор овард ва ҷониби Тоҷикистон то куҷо муваффақ барои иҷрои рисолаташ шуд,номаълум аст. Вале аз он ҷиҳат ки сокинони Қирғизистон дар заминҳои деҳоти наздимарзии Тоҷикистон аз ҷумла Ворух ба шинонидани ниҳол шурӯъ кардаанд, бармеояд, ки қирғизҳо бартарии худро пинҳон намекунанд, гап дар сари он меравад, ки Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва раҳбари ҳайати гуфтушуниди ин кишвар қаблан бо нақзи тамоми муқаррароти байналмилалӣ ва урфи мулкдориву ҳусни ҳамҷиворӣ дар як сӯҳбати матбуотиаш вуҷуди Тоҷикистонро ба ҳайси як давлат ва мамлакат таҳти суол гузошта ва гуфта буд, ки кишвари Тоҷикистон дар хоки ду кишвари Узбакистон ва Қирғизистон ташкил шудааст.

Вай афзуда буд, ки навоҳии Лахш, Мурғоб, Ҷиргатол ҳамагӣ қаламрави Қирғизистон ҳастанд, ки дар даврони шӯравӣ ба Тоҷикистон ворид карда шудаанд.

Роҳбарии ҳайати музокиротии Қирғизистонро бар ӯҳдаи чунин шахсе, ки ҳатто вуҷуди Тоҷикистонро ба ҳайси як давлат таҳти савол қарор додааст, нишонаи он аст ки кишвари ҳамсоя ба ҳеҷ ваҷҳ мусолаҳа ва мудоро ва гузашт карданӣ нест.

Тӯли тамоми мавҷудияти Тоҷикистони шӯравӣ ва даврони соҳибиистиқлолии он касе ба мардум ва давлати тоҷик чунин иҳонат ва тавҳин накарда буд. Ҳатто Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии собиқи Узбакистон, ки сарҳанги ёғӣ Маҳмуд Худойбердиевро мусаллаҳ ва дар ноябри соли 1998 юриши ӯ ба қисмати шимоли Тоҷикистонро сарпарастӣ кард, ҳеҷ гоҳ чунин баёнияҳои хушунатангезе содир накарда буд.

Аммо сӯҳбатҳои саропо таҳқири раиси КДАМ-и Қирғизистон,ки феълан раҳбарии ҳайати музокиротии давлати Қирғизистонро бар дӯш дорад, бидуни онки пас гирифта шавад, ҳамоно ҳамчун мавзеъгирии давлати ҳамсоя метавонад талаққӣ бишавад.

Аммо чаро мақомоти тоҷик ва аз ҷумла роҳбари ҳайати музокиротии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар даҳон об гирифтаву чизе посух надоданду намедиҳанд?

Саймумин Ятимов, ки даст бар сина зада худро масъули амнияти 9-ним миллион тоҷикистонӣ мешуморад ва дар баробари нафаре нишасту  бо ӯ вориди музокира шуд, ки давлат ва кишвари ӯро таҳқир кардааст. Аммо Ятимов чизе ба забон наёвард, сукут кард ва тавре вонамуд кард,ки ингор нашунидааст. Ва, ё инки сукут аломати ризо аст?

Ба ҳар ҳол бо гузашти чанд рӯз аз ин музокирот роҳбари ҳайати давлати Тоҷикистон чизе нагуфтааст, ки умедворкунанда барои мардумаш бошад.Аммо чуноне гуфтем, қирғизҳо аз роҳбари гурӯҳи музокиротии худ қонеъ ба назар мерасанд ва аз инҷост ки дилпурона дар даруни хоки Тоҷикистон ба бунёди боғ шурӯъ кардаанд.

Қамчибек Тошиев дар як сӯҳбати дигараш бо сокинони деҳаи Самарқандаки ноҳияи Лайлак қабл аз шурӯи музокирот бо қотеият баён дошт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ омода нестанд, ки барои убур ба Ворух долонеро таҳти назорати мустақими Тоҷикистон иҷозат бидиҳанд. Набуди ин долон, ки мушкилоти асосии Исфара аст ва Ворухро дар воқеъ табдил ба анклав кардааст. Аммо Саймумин Ятимов на танҳо ба иддаоҳои пешини Қамчибек Тошиев посух дод ва на дар баробари мавзеъгириҳои ӯ дар қиболи мушкилоти Ворух. Аммо, мардуми Исфара ва бахусус ворухиҳои он аз Ятимов шинохти возеҳу рӯшан доранд, чун ҳамин ҳоло садҳо нафари онҳо бо иттиҳомоти бофтаву сохтаи кормандони амнияти азоби зиндон мекашанд.

Ба назар мерасад, ки кору рафтори раҳбари ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон ҳамон кори ҳамватанони шӯрапушту дуздаконеамонро мемонад,ки дар дохили поездҳо ва ё маҳалли сохтмону кор танҳо болои ҳаммиллатони худ зӯргӯӣ ва муштамзӯрӣ мекунанду пулу молашонро кашида мегиранд вале дар баробари бегонаҳо зуд сустии камари худро нишон медиҳанду даст боло мекунанд.

Манзури мо ин аст ки Ятимов  тайи чанд сол аст ки бо баҳонаҳои салафиву наҳзативу гурӯҳи 24-у  дар Эрон хондагиву … аз ин даст иттиҳому айбҳои бофтаву сохта зӯраш фақат ба тоҷикони худаш мерасад. Онҳоро зиндонӣ мекунаду фирорӣ медиҳаду ҳатто нобуд месозад. Ҳатто то ба хориҷ аз кишвар онҳоро таъқиб мекунаду фишор меоварад. То онҳо аслан дар бораи сиёсати нодуруст ва зиддихалқии режими як диктотур чизе нагӯянд. Фарз кардем агар касе воқеияти кишварро гуфт, масалан мисли Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ, ки гуфт бояд ба хидмати аскарӣ писари ҳама равад, аз ҷумла писари Эмомалӣ Раҳмон, ӯро бурданду 14 сол зиндонаш карданд ва ду писарашро ҳам  аз озодӣ  маҳрум ва як писари дигарашро 58.000 сомонӣ ҷарима бастанд. Инҷо Ятимов ва дору дастааш бо тамоми зарфият болои як ҳамватану ҳаммиллати худ иқтидори давлатро истифода мекунад.

Аммо ҳоло бо нафаре, ки Тоҷикистонро давлат наҳисобиду тоҷикро халқ нашуморид гуфтушунид доир карданд. Инҷо мебоист, ки мақомоти Тоҷикистон тақозо мекард, ки давлати ҳамсоя нафари дигареро маъмури музокирот таъйин кунад на Қамчибек Тошиевро, ки пешопеш мавзеъгирии ӯ маълум аст ки мусолиҳа ва тафохумро намехоҳад.

Соли гузашта дар моҳи май,вақте вазири хориҷии Русия дар иртибот ба моҷарои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон изҳори назар ва омодагии миёнаравиро кард,доду войи ҳукумати Тоҷикистон баланд шуд ва бо ирсоли як нота-номаи эътирозӣ мушкилоти марзиро “кори дохилии ду давлат” хонд ва дахолати “кишвари сеюм”-ро ғайриқобили қабул донист.

Вале ҳоло сукут ихтиёр кардааст. Ин сукут ва ин гӯш ба карӣ андохтанҳо шубҳаовар нест?

Барои ҳар нафаре ҳам ки ин моҷароро пайгирӣ кардааст, моҷарои баҳсҳои марзии Тоҷикистон бо Қирғизистонро ин саволу андешаҳо пеш меояд,ки магар Тоҷикистон чи муттаҳамие, чи кутаҳие, чи вобастагие аз Қирғизистон дорад, ки мегузорад дар ҳақаш ин ҳама таҳоҷум ва ҳамалоти лафзӣ анҷом дода мешавад? Ва, ё инки Тоҷикистон дар баробари Қирғизистон нотавон аст ва наметавонад ва дар он ҳадду мавзее қарор надорад,ки посухи сазовор бидиҳад ва аз худ дифоъ кунад?

Бастани марзҳои Қирғизистон  ба рӯи Тоҷикистон тайи ду се ҳафтаи ахир қимати колоҳо дар Тоҷикистонро ба ҳадди ташвишовар боло бурд. Худи ҳамин ҳолат нишон дод,ки Тоҷикистон то чӣ ҳад аз Қирғизистон вобаста аст. Ва, нуктаи дигар ин аст ки ҳамин чанд ҳафта баста шудани марзи Қирғизистон ба рӯи Тоҷикистон маълум кард, ки омору арқоми Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар робита ба воридоти молу маҳсулот аз Қирғизистон ба Тоҷикистон аз воқеият ба фарсахҳо дур аст.

Гузашта аз ин ҳаҷми воридоти молҳои қочоқӣ -контрабанда тавассути марзи ин кишвари ҳамсоя ба ҳадди боварнакарданӣ бузург аст ва нафарони асосии манфиатбар аз ин марз. Яъне контрабандистони асосӣ  домодҳои Эмомалӣ Раҳмон,раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва сабаби асосии муттаҳамӣ ва забонкутаҳии ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон дар баробари Қирғизистон ҳамин аст.

Аз ин рӯст, ки мақомоти Қирғизистон,баъди сари қудрат омадани президенти нав, ин бор аз ҳамин вобастагӣ  барои ҳалли масоили марзӣ сахт истифода карда истодаанд. Бар замми ин Русия ҳам Қирғизистонро ночор кард,ки дигар экспорти маводди сӯхтро барои кишварҳои хориҷ аз ин Иттиҳод қатъ кунад. Чун қирғизҳо дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз Русия бо нархи ду баробар арзон аз Тоҷикистон онро дастрас мекунанд. Инки дар паси чунин мавзеъгириҳои Қирғизистон Русия истодааст ва ё хайр, баҳси дигаре аст.

Вале мавзӯи баҳси мо ин аст ки бо нафаре, ки аз қабл фикри  андешаи ӯ, мавзеъгириҳои ӯ рӯшан аст нишастан дар сари мизи музокирот чи чизеро ҳал хоҳад кард? Чизи дигар ин аст ки вақте раиси КДАМ-и Қирғизистон дар мавриди Тоҷикистону давлати он ва қаламрави он чунин мавзеъгирии возеҳу рӯшан дорад, чаро масъулони давлати  Тоҷикистон дар даҳан об гирифтаанд. Ба масал қирғизҳо мисли шери нар наъра кашида майдонро тасоҳуб кардаанд аммо масъули амнияти 9-ним миллион тоҷик ва Пешвои муаззами миллат, ки ба гуфтаи Ятимов “баъди 1000 сол мисли Исмоили Сомонӣ давлатдории тоҷиконро поягузорӣ кард”, ба лаб муҳри хамушӣ задаанд? Ва, афроде назири Абдуқодири Абдуқаҳҳорро “пур” карда ба фейсбук баровардаанд, ки дар масъалаи баҳси марзӣ ҳам айбро болои наҳзатиҳо бигзорад. Ҳатто ҳамин Абдуқодири Абдуқаҳҳорро чунон “пур” кардаанд, ки талош мекунад таҳқиру дашноми ба давлат,миллат ва мардуми тоҷик раводидаи ӯ Қамчибек Тошиевро нодида бигирад, балки ӯро дуруст бароварад. Бадтар аз ин дар ин ҷо ҳам наҳзатиҳоро гунаҳкор карда истодааст, ки гапҳои чанд моҳ (???) пешгуфтаи Тошиевро оварда мехоҳанд, ки моро бо қирғизҳо ҷанг андозанд. ”Мову қирғизҳо садсолаҳо ҳазорсолаҳо бо ҳам ҳамсояем”.

“Адвокатӣ”-и Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз як нафаре, ки ошкоро ва публично миллат ва давлати Тоҷикистонро ҳақорат кардааст, аз ҳамин ҳоло мавзеъи давлати Тоҷикистонро дар ҳалли баҳси марзи ва ҳифзи манофеи миллати тоҷик маълум кардааст. Дар воқеъ ин тоифа ҳамон дуздакони даруни поезданд, ки танҳо ҳаммилатони худро ғорат мекунанд.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ ва раҳбари ҳайати музокиротии Қирғизистон, ки навори  мусоҳибаи ӯ дар арафаи баргузории ин музокирот дигарбора дар интернет давр мезанад айнан чуунин гуфтааст: “Ҳангоми таъсиси Иттиҳоди шӯравӣ, дар вақти тақсимот, намояндагони аз Маскав омада, Ҷиргатолу Мурғоби Қирғизистонро ба Тоҷикистон ҷудо карда доданд, то ки Тоҷикистон ҳам ташкил ёбад. Дар асл Тоҷикистон як вилояти тобеъи Ӯзбекистон буду халос. Аз замини Ӯзбекистону Қирғизистон ҷудо карда, Тоҷикистон сохтанд. Акнун имрӯз, ҳамин кишвари сохтаамон заминҳои моро талош дораду чаро бояд хомӯш бошем?”

Воқиан ҳам чаро қирғизҳо, аз ҷумла ҳамин Тошиев ошкоро ва бидуни кадом бозие бо шаҳрвандони худ аз ҷараёни музокирот сӯҳбат мекунанд, мавқеашонро изҳор менамоянду аммо аз мо не?

Ба назари мо сабаби асосӣ он аст ки дар Қирғизистон ҳокимият аз мардум вобаста аст,дар мо баракс. Дар Қирғизистон ҳукумат ва ҳокимият бо мардумаш ҳисоб мекунад, чун агар ҳисоб накунад,наметавонад давом биёварад, дар мо ҳокимият мардумро ба эътибор намегирад, “западло” медонад, ки ба мардумаш гузориш бидиҳад. Тафовути асосӣ ва аслӣ ҳамин аст ки давлат ва роҳбарияти Қирғизистон демократӣ аст, дар натиҷаи интихоботи халқӣ раиси ҷумҳурии он баргузида мешавад. Барои як қирғизе, ки курсии роҳбариятро мегирад, рафтан аз ҳокимият проблема нест.

Аскар Акаев, Қурмонбек Боқиев, Роза Отунбоева. Алмосбек Отамбоев, Сооронбей Жеенбеков ва ҳоло Садир Жаппаров. Аммо дар мо мисли гӯшти гандида ва оби бӯгирифта ҳамоно ҳамон як нафар аст: Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳоле ки руасои ҷумҳурии Қирғизистон ончиро ки халқаш тақозо мекунад, дар асноди мизи музокирот мегузоранд ва ошкору шаффоф аст дар мо ҳама чизҳо пинҳониву дуздӣ-дуздӣ.

Ба фарқ аз Қирғизистон дар кишвари мо тамоми масоили сиёсиву иҷтимоиву иқтисодӣ дар доираи манофеи хонаводаи Раҳмон баркашида мешавад. Манфиати миллат, мардум ва Ватан баъд,дар ҷойи сонӣ аст. Аввал манфиати хонавода ва бақои вай дар қудрат. Чунки солҳои тӯлонист, ки мудирияти кишварро дар даст гирифта ва давлатро “моликияти хусусӣ” меҳисобад.

Дар мағзу шуури Ятимов ҳифзи манфиати Раҳмон ва оилаи вай асосӣ ва усулӣ аст. Чунки вай як ҳеҷбудае аст, ки туфайли Раҳмон ба ин мақому ба ин ҷоҳу пулу ҷойгоҳи иҷтимоӣ даст ёфтааст. Ва, Раҳмон инро мукаррар эълон кардааст.

Вале, чуноне гуфтем, барои ҳамин Камчибек Тошиев ва ё Садир Жаппаров курсиву қудрат онгуна ки барои Ятимов ва Раҳмон ҳаётӣ ва усулӣ аст, нест. Вагарна дар баробари як Раҳмон 6 нафар дар Қирғизистон иваз намешуд.

Ҳамбастагиву алоқаи мардум бо ҳукуматҳои қирғиз ва баракс аз ҳам дуру тамоман ноошнову балки бегона будани мардум бо ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамин  иттифоқоти ду соли ахир дар марз боз ҳам рӯшантар шуд. Давлати Қирғизистон ба атбои худ ҷиҳати дифоъ аз марзу бумашон аз душман (тоҷикҳо) ордену медалу пул дод, аммо аз мо бурданду истинтоқ карданду ҳатто зиндонӣ намуданд.

Дар ҳар сурат мавзеи тарафи қирғиз мушаххас ва мафҳум аст. Вале ин ҷониби мо аст ки махфикорӣ карда истодааст. Махфикорие, ки бисёр ҳам машкук ва ҳавлангез аст.

Солҳо пеш Иззатулло Ҳаёев, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон,ки Раҳмон ӯро “пири давлат”-и худ мешуморад дар як баҳси марзӣ бо ширкати намояндаи Маскав гуфтааст, ки ман хоки ватанамро намефурӯшам,”гирӣ ҳамин вазифаатро мегирӣ вале ман заминамро намефурӯшам”, гуфта ба даҳони Маскав мушт фаровард.

Аммо ҳоло ба назар мерасад,ки дар ҳайати музокиротии Тоҷикистони мустақил чунин шермардеро ёфтан душвор аст. Агар чунинро медоштем, ҳарф дар даҳони Камчибек Тошиев хушк нашуда ҷавоби муносиб мегардонд.

Ва, дар пушти нафаре чун Абдуқодири Абдуқаҳҳор пинҳон шудану ӯро “пур” карда ба майдон баровардан, ва бадтар аз ин, тавассути вай як кегебешники қирғизро, ки тоҷик ва Тоҷикистонро ҳеҷ ҳисобидааст, табраа кардан ба ин маъност, ки худамон ҷуръат ва ҷасораташро надорем.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Кушта шудани 10 нафар дар натиҷаи ҳамлаи як муҳоҷим ба супермаркете дар Колорадаи Амрико

0

Марде ба супермаркете дар иёлоти Колорадои ИМА ворид шуда, ба сӯи муштариён тир холӣ кард ва ҳадди ақалл 10 нафарро кушт. Гуфта мешавад, ки як афсари полис дар байни қурбониёни ҳамлаи хунин низ будааст. Ҳамлагар боздошт шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории (DW) cардори полиси Боулдер Марис Ҳеролд тайид карда, ки яке аз афсарони ӯ ҳангоми мубодилаи оташ байни ҳамлагар ва полис кушта шудааст.

Пас аз тирпарронӣ дар як филиали шабакаи супермаркетҳои “Кинг” полис барои боздошти ҳамлагар даст ба амалиёт зад ва хамлагарро боздошт намуд. Ин ҳамла баъд аз зӯҳри рӯзи душанбеи 22 март бо вақти маҳаллӣ сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамлагар аз ноҳияи пой маҷрӯҳ шудааст. Полиси шаҳри Боулдер дар бораи ин ҳамла тавзеҳи бештаре ба расонаҳо надодааст.

Сухангӯи Кохи Сафед Ҷен Псаки дар Твиттер навишт, ки Ҷо Байден аз ин ҳодиса огоҳ аст ва қазияро зери назорат гирифтааст. Губернатори полиси Колорадо Ҷаред ин ҳамларо “офати бемаънӣ” номид.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳафтаи гузашта низ шоҳиди чунин ҳамла буд. Марде ба як толори массаж оташ кушод, ки боиси кушта шудани ҳашт нафар шуда буд, шаш нафар аз қурбониён занони осиёитабор буданд.