Хона блог саҳифа 702

Маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистону афзоиши содироти он ба Афғонистон

0

Афғонистон барои афзоиши ҳаҷми воридоти нерӯи барқи Тоҷикистон бо мақомоти ин кишвар дар ҳоли гуфтушунид аст.

Ширкати таъминкунандаи барқи Афғонистон “Breshno” гуфта, ки сухан дар бораи зиёд кардани ҳаҷми воридоти нерӯи барқи Тоҷокистон ба Афғонистон меравад, ки онҳо мехоҳанд он аз 80 МВт соат ба 120 МВт соат расонида шавад.

Хабаргузории “Авесто” зимни нашри ин хабар навишта, ки ҳоло назари масъулони ширкати “Барқи тоҷик” дар ин бора дастрас нашуда аст.

Сухнагӯи ширкати “Брешна”, пештар хабар дода буд, ки интиқоли нерӯи барқи Узбекистон дар 13 вилояти Афғонистон ва ҳамзамон дар пойтахти кишвар Кобул қатъ шудааст.

Воҳидуллоҳ Тавҳидӣ, сухангӯи ин ширкат далелеи норасоии барқ дар Афғонистонро мушкилоти техникӣ дар нерӯгоҳи барқии Узбекистон гуфтааст.

Расонаҳо афғонӣ навиштанд, ки дар ҳоли ҳозир Афғонистон тақрибан ба 1600 мегаватт нерӯи барқ ​​ниёз дорад, ки 70 дарсади онро аз Узбекистону Туркманистон ва Тоҷикистону Эрон ворид мекунад.

Хабари бештар кардани содироти нерӯи барқ аз Тоҷикситон ба Афғонистон дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои кишвар, ки биноҳои баландошёна надоранд, лимити барқро ҷорӣ карда аст.

Пештар масъулони ширкати “Барқи тоҷик” чанд дафъа содироти барқи кишварро ба давлатҳои хориҷ рад карданд. Масъулон иддао карданд, ки “Айни замон вазъ душвор аст ва эҳтимол дорад, ки захираҳои об то баҳор нокифоя бошанд. Аз ин рӯ, чанд муддат зарур аст, ки интиқоли нерӯи барқ ​​дар он минтақаҳое, ки биноҳои баландошёна надоранд, маҳдуд карда шавад”, – омадааст дар муроҷиати “Барқи тоҷик”.

Ҷорӣ шудани лимити барқро ширкати “Барқи тоҷик” ба кам шудани сатҳи об дар обанбори “Норак” рабт медиҳад. Тибқи маълумоти ин ширкат сатҳи оби обанбори “Норак” нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 метр камтар аст. Аммо дархости ширкати афғонистонии “Брешно”, ки мехоҳад Тоҷикистон ба онҳо барқро аз ҳаҷми муқарраршуда бештар содир кунад, яъне аз 80 МВт ба 120 МВт расонад, ҳама гуфтаҳои мақомоти тоҷикро зери суол мебарад.

Ҳамзамон дар баёнияи расмии ширкати барқрасони Афғонистон Брешна омада, ки “Ҳайати Афғонистон бо Тоҷикистон гуфтугӯ кард ва то ҳалли мушкили барқи Узбекистон Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 мегаватт соат содироти барқашро ба ин кишвар меафзояд.

Чизе, ки коршиносон ва мунтақидон пайваста бар он таъкид мекунанд, ин аст, ки барқ дар кишвар аз ончи барои дохил лозим аст бештар тавлид мешавад. Ва “сабаби аслии ҷорӣ шудани лимит он аст, ки ҳукумат тарҷеҳ медиҳад онро ба хориҷ бифурӯшад”. Чун пулҳои барқи ба хориҷ фурӯхташуда на ба Тоҷикистон, балки ба хориҷа, ба ҳисоби офшории нафарони маълум интиқол дода мешаванд”.

Ин суханҳоро Мухиддин Кабриӣ раҳбари ПМТ чанде пеш дар паёме тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ арз карда буд.

Таваҷҷӯҳи масъулон ба занҳои мардикорбозор. Оё занҳо ба кор таъмин мешаванд?

0

Акрам Сулаймзода муовини раиси вилояти Хатлон ба мардикорбозори занонаи шаҳри Бохтар рафтааст.

Бино ба иттилои сомонаи “Азияи-Плюс” муовини раиси вилоят ба хотири шиносоӣ бо вазъи корҷӯён ва пайдо кардани роҳҳои ҳал ва инчунин бо кор таъмин кардани онҳо ба мардикорбозор рафтааст.

Гуфта мешавад, ҳамроҳи муовини раиси вилоят чане аз роҳбарони ноҳияҳо ва  Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва шуъбаҳои он дар шаҳри Бохтар, Левакант ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон ва Вахш қарор доштаанд.

Гуфта мешавад, Сулаймонзода ба масъулин дастур додааст, ки занҳои мардикорбозорро ба кор таъмин кунанд, вале ин дастурот то куҷо амалӣ мешаванд вақт нишон хоҳад дод.

Муовини раиси вилояти Хатлон гуфтааст:

“Мо мехоҳем, ки бо Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо як махзани умумии корҷӯёнро ташкил кунем ва ҳамкориро бо корфармоён ба роҳ монад. Мақсад аз ин андеша дар он аст, ки Шумо омада дар ин сармо наистед ва дар хонаи гарми худ бо фарзандон бошед ва вақте ба кори Шумо талабот пайдо шуд шуморо тариқи телефон ба кор даъват кунанд. Бо ин роҳ ҳам Шумо азоб намекашед, ҳам назди фарзанодон мемонед ва ҳам саломатиятонро эмин нигоҳ медоред”.

Занони корҷӯй дар навбати худ ба Сулаймонзода арз намудаанд, ки барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳои камбизоатӣ ва ҳуҷҷатҳои маъюбӣ дар мақомотҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳояшон ба мушкилӣ рӯбарӯ мешаванд ва мақомоти маҳаллӣ омода нестанд мушкилоти онҳоро рафъ кунанд ва маҷбуран ба мардикорбозор барои пайдо кардани нон раванд.

Гуфта мешавад, Сулаймонзода ба масъулон супоришҳо додааст, ки ба мушкилоти занҳо расидагӣ кунанд, вале таҷриба нишон дода, ки ҳама супоришу фармонҳои вазирону кабирон дар ҳамон макон ва ё дар рӯи варақ мемонанду ба ҳамин кор таомом мешавад. Ва шояд ҳам ҳангоми гузоришҳои солона масъулон ҳамчун фаъолияти кории худ онро гузориш бидаҳанд бидуни ин ки коре анҷом дода бошанд.

Мушклии пайдо кардани кор дар Тоҷикистон ба як мавзӯи доғ табдил ёфтааст. Чандсоли ахир аз сабаби паст будани шароити зиндагӣ дар баробари мардон занон ҳам барои пайдо кардани луқмаи ноне кор меҷӯянд. Сарфи назар аз гармӣ ва сардии ҳаво занҳо дар ин макон дар интизори пайдо кардани кор аз субҳ то шом мунтазир мемонанд.

Гуфта мешавад, як рӯза музди меҳнати ин занон аз 30 сомон то 35 сомониро дар бар мегирад, ки бархе аз занҳо бо ҳамроҳии фарзандони худрсолашон низ кор мекунанд то зиндагониашонро пеш баранд.

Ҳалокати 5 хешу табори наздик дар як садамаи мудҳиш

0

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дирӯз 7-уми январи соли равон дар 80 километрии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ, мавзеъи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоб як мошин ба ҷарии 400 метр сарозер шудааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса 5 нафаре, ки дохили мошин будаанд, бо шумули ронанда ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд.

Дар хабари Кумитаи фавқулода омада, ки мошини сарозершуда тамғаи “Opel Astra G” буда, аз ҷониби як марди 62-сола, сокини деҳаи Қалъаи Дӯстии ноҳияи Деваштич идора мешуд.

Ҳамаи ҳалокшудагон сокинони деҳаи Қалъаи Дӯстии ноҳияи Деваштич буда, хешу табори наздик будаанд ва ронанда ҳамсояи онҳо будааст. Бузургсолтарини онҳо ронанда ва хурдсолтарини онҳо Сайида ном духтарчаи ҳафтсола будааст.

Наҷотдиҳандагони ин ниҳод дар Вилояти Суғд ба макони ҳодиса ҳозир шуда бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ ҷасади ҳамаи қурбониёни ин садамаи маргборро аз умқи 400 метр берун оварданд.

Ба гуфтаи наҷотдиҳандагон ҳангоми баровардани ҷасадҳо яке аз онҳо зинда буд ва ӯро ба дастаи имдодрасони тиббӣ супурдаанд, аммо баъдтар ҷон бохтааст.

Кумита аз ронандагони ин роҳи пурхатар дархост намуданд, ки ҳангоми ҳаракат эҳтиёткор бошанд.

Аз баски Тоҷикистон маноитиқи кӯҳии бештар дорад, роҳҳои мушкилгузар ҳам зиёд дорад. Солона чандин мошинҳо дар чунин роҳҳо ба ҷарӣ сарозер мешаванд ва нафарони зиёд ба ҳалокат мерасанд.

Агарчи роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ роҳи пулакӣ аст ва онро ширкати IRS – мутааллиқ ба наздикони раисҷумҳур идора мекунанд ва бояд бехатарии онро таъмин кунанд, аммо мутаассифона чунин минтақаҳои хавфнок солҳост, ки дуруст ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмиллалӣ сохта намешаванд.

Се шаҳрванди тоҷик дар Литва бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир шуданд

0

Се шаҳрванди Тоҷикистон марзи Литваро ғайриқонунӣ убур карда, аз ин кишвар паноҳандагӣ хостаанд. Онҳоро дар вилояти Шалчининкай боздошт кардаанд, ки аз Белорус ба онҷо омадаанд.

Хадамоти давлатии марзбонӣ ба расонаи русӣ “Спутник” хабар дода, ки ҳодиса дар аввали ҳафтаи ҷорӣ дар наздикии рустои Аладишкес, ноҳияи Варенский рух додааст.

Сарҳадбонон мушоҳида карданд, ки се нафар аз ҷониби Белорус тариқи ҷангал ба марзи Литва расида, онро убур карда, мехостаанд ба дохили кишвар бираванд.

Мард ва ду наврас, ки каме русӣ ҳарф мезадаанд, худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ карда, бо худ нусхаҳои шинсосномаи шаҳрвандии Тоҷикистонро доштаанд.

Гуфта мешавад, ки мард худро падар ва ду наврасро писарони худ муаррфӣ кардааст. Ин хориҷиён аз Литва дархости паноҳандагӣ кардаанд. Марзбонон онҳоро ба гузаргоҳи Шалчининкай бурданд, ки дар он ҷо ҳуҷраҳои махсус барои онҳое, ки паноҳгоҳ меҷӯянд мавҷуд аст.

Гуфта мешвад, ки кормандони Раёсати муҳоҷирати Хадамоти марзбонии Варена марҳилаи аввалини расмиёти паноҳандагиро оғоз карданд. Пас аз ташхиси онҳо аз коронавирус қарор дар бораи ҷойгиркунии минбаъдаи онҳо қабул карда мешавад.

Шуруъ аз соли 2015, вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бадтар шуд ва фаъолону мухолифони зиёде маҷбур шуданд кишварро барои ҷойҳои амнтаре тарк бикунанд. Бар асоси оморҳои гуногун наздик ба панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Урупо дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, аксари онҳо бар асари фишори ҳукумат ба хотири ақида ва мавқеи сиёсиашон ба Урупо паноҳ бурдаанд.

Фарзандони Маҳмурод Одинаевро ҳам ба авбошӣ муттаҳам карданд

0

Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистонро додситонии шаҳри Ҳисор ба авбошӣ муттаҳам кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Додситонии Ҳисор Ризоевро бо иттиҳоми ҳаракатҳои қасдона барои нишон додани муқобилият ба кормандони интизомӣ тибқи моддаи 237, қисми 2, бандҳои “б” ва “в” (авбошӣ) айбдор кардааст.

Пайвандони Ҳабибулло Ризоев ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ӯ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ аст, аммо парвандааш барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст. Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари дигари Маҳмурод Одинаев низ бо ҳамин иттиҳом дар боздошт қарор дорад.

Ҳабибулло Ризоевро барои гуё ба бетартибӣ дар назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор айбдор кардаанд. Аз ҳодисае, ки мақомот мегӯянд, моҳи октябри соли гузашта ва замоне ки Ҳоҷиакбар, писари дигари Маҳмурод Одинаевро ба артиш бурданӣ буданд, иттифоқ афтода буд.

Пештар аз ин Додситонии кулли Тоҷикистон сабаби боздошти Маҳмурод Одинаевро дар он гуфта буд, ки моҳи октябри соли 2020 дар назди комиссариати ҳарбии Ҳисор гуё “дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст.”

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешаванд, Маҳмурод Одинаев моҳи октябри соли гузашта дар назди комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор иддао кард, ки писараш Ҳоҷиакбар Одинаев биноии чашмаш заиф аст ва ӯро ғайриқонунӣ ва зуран бо услуби одамрабоӣ (Облава) барои хидмат дар сафи Қуваҳои низомӣ бурдаанд.

Худи Маҳмурод Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Ӯ пеш аз боздошт мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва моҳи ноябри соли 2020 дар саҳифаи фейсбукиаш мардумро ба тазоҳурот даъват кард.

Ӯро пас аз даъвати гирдиҳамоӣ ба шӯъбаи ВКД шаҳри Ҳисор даъват карданд ва ба гуфтаи пайвандонаш баъд аз ҳозир нашудани Одинаев ба шӯъбаи ВКД-и Ҳисор ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд. Одинаев аз таърихи 20 ноябр ба муддати ду ҳафта бедарак буд ва ҷои будубошашро касе намедонист.

Ду ҳафта ғайб задани Маҳмурод Одинаев ҳадсу гумонҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард. Чун чанд рӯз пеш аз бедарак шуданаш ин мухолифи ҳукумат дар саҳифаи фейсбукиаш аз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои гирдиҳамоӣ дар назди Қасри Президент иҷозат хоста буд.

Давоми ду ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзияҳои гуногуни ғайб задани муовини раиси ҲСДТ пайдо шуд. Баъзе аз корбарон бар ин назар буданд, ки Маҳмурод Одинаев дар яке аз таҳхонаҳои шӯъбаҳои ВКД дар пойтахт нигоҳдорӣ мешавад ва раҳбарияти ВКД ин ҳамаро аз ҷомеа пинҳон медорад.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дошт. Ӯ вақтҳои ахир аз фишори мақомот алайҳи худу хонаводааш бисёр мегуфт.

Айни ҳол Маҳмурод Одинаев дар СИЗО-и рақами яки Душанбе қарор дорад. Ба гуфтаи пайвандонаш танҳо баъди се ҳафта ҷойи нигаҳдории ӯро дақиқ карданд.

Пештар мақомот хабар дода буданд, ки Маҳмурод Одинаев дар боздоштгоҳи Ҳисор аст ва парвандаи ӯро мақомоти ин шаҳр баррасӣ мекунанд.

Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон кай ваксиназанӣ бар зидди коронавирус оғоз мешавад

0

Оҷонсии Авесто аз қавли Наврӯз Ҷаъфаров масъули Вазорати тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон навишта, ки ваксинзанӣ бар зидди вируси корона дар Тоҷикистон дар доираи механизми байналмилалии “COVAX” амалӣ карда мешавад.

Аммо ба гуфтаи ин масъули вазорати тандурустӣ интиқоли ваксина ба ҷумҳурӣ метавонад танҳо дар нимаи дуюми соли 2021 оғоз шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари кишварҳои дунё аз ҳоло ваксинзании шаҳрвандонашонро оғоз кардаанд.

Ҳамин тавр, аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ як гурӯҳи кории техникӣ таъсис дода шуда, ки рӯйхати 20% аҳолии кишварро, ки ба ваксина таъмин мешавнд, тартиб додаанд.

“Афзалият ба кормандони соҳаи тандурустӣ, намояндагони соҳаи иҷтимоӣ, шахсони аз 50-сола боло ва шаҳрвандони гирифтори бемориҳои музмини ғайри сироятӣ дода мешавад”- мегуяд, Наврӯз Ҷаъфаров масъули вазорати тандурустӣ.

“COVAX” як ташаббусест дар назди СҶБ барои истеҳсол ва хариди ваксинаҳои COVID-19 фаъол шуда, то ваксинаҳо барои кишварҳои сарватманд ва ҳам камдаромад дастрас бошанд.

СҶБ пештар хабар дода буд, ки дар доираи ташаббуси “COVAX” ҳудуди 2 миллиард доз ваксинаро захира кардаанд. Ин ваксинаҳо байни кишварҳои узви ширкаткунанда дар ташаббуси байналмиллалии “COVAX” тавзиъ мешаванд. Ҳамаи 190 кишвари дунё шомили ин ташаббус буда бештар аз 1 млрд 300 млн-и ин дозаҳо байни 92 кишвари даромадашон поин ва миёна тақсим мешаванд.

Ҳамзамон СҶБ эълон карда, ки интиқоли ваксина зимни ташаббуси “COVAX” дар семоҳаи аввали соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, ки барои ҳифзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ равона шуда, ба кишварҳое фиристода мешавад, ки шомили ташаббуси “COVAX” ҳастанд ва аллакай дархости бадаст овардани онро кардаанд.

Дар маҷмӯъ, тибқи нақша то охири соли 2021 дар доираи ташаббуси “COVAX” “то 20 фоизи аҳолӣ” -и кишварҳои иштироккунанда дар ин ташаббуси байналмилалӣ ба ваксина фаро гирифта мешаванд.

Дар аввали ҳамин ҳафта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон хариди ваксинаи навъи “Спутник V”-и истеҳсоли Русияро рад карда буд. Дар ҳоле, ки чанде пеш сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба хабаргузории русии “РИА Новости” гуфта буд, ки Тоҷикистон барои воридоти воксинаи навъи “Спутник V”-и истеҳсоли Русия бо мақомоти кишвараш вориди гуфтугӯ шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ сабаби харидорӣ накардани воксинаи навъи “Спутник V”-и истеҳсоли Русияро дар он гуфта, ки он аз ду марҳилаҳои озмоишҳои клиникӣ нагузаштааст.

Дар ҳамин ҳол низ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иброз дошта, ки дар масъалаи воридоти воксина бо Вазорати тандурустӣ ҳамкорӣ мекунанд ва шарту шароити ворид кардани онро ин ниҳод хубтар медонад.

Ҷамолиддин Абдуллозода Вазири тандурустии Тоҷикистон чанде пеш гуфта буд, ки Тоҷикистон дар доираи як механизми Иттиҳоди ҷаҳонии воксин ва масунсозӣ (GAVI) бо номи “COVAX” ҳамкориро оғоз карда, ки қарор аст дар доираи ин 1,8 миллион ё 20 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо воксинаи ройгон таъмин шаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ 3 миллион доллар барои харидории ваксинаи зидди коронавирус барои Тоҷикистон ҷудо гардида, иловатан ҷудо намудани 5 миллион доллари амрикоӣ дар назар гирифта шудааст”- гуфтаанд, дар Вазорати тандурустӣ.

Ёдовар мешавем, ки то 7 январ дар Тоҷикистон 13305 сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Аз ин беморӣ 13 ҳазору 152 нафар, ё 98,8% -и сироятёфтагон шифо ёфтанд.

Ҳамзамон 90 нафар аз COVID-19 фавтидаанд. Ғайр аз ин, 62 нафар бо нишонаҳои сабуки коронавирус дар хона таҳти назорати табибон дар табобати амбулаторӣ қарор доранд.

Бояд гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон дар доираи дастгирии соҳаи тандурустӣ дар соли 2020 аз бисёр донорҳои байналмилалӣ кӯмаки молиявӣ гирифтааст. Аз ҷумла, моҳи майи соли гузашта Сандуқи байналмилалии пул ба ҷумҳурӣ ба миқдори 189,5 миллион доллар қарзи имтиёзнок дода буд.

Инчунин аз Фонди Аврупоии Тавсеа ва Рушд ба маблағи 50 миллион доллар Тоҷикистон қарз гирифтааст. Иттиҳоди Аврупо моҳи апрели соли гузашта аз ҷудо намудани 48 миллион евро барои дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар самти муқовимат бо паҳншавии коронавируси нав хабар дод.

Бо ин мақсад грантҳо аз дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки Рушди Осиё ва Бонки Ҷаҳонӣ гирифта шудаанд. Аммо ҳукумат чи дар омори гирифторони ин беморӣ ва чи дар сарфу харҷи кумакҳои байналмилӣ шафоф набуд. Тазеъи кумакҳо аз номи ширкатҳои наздик ба хонаводаи раисҷумуҳури кишвар ва фурӯши онҳо аз сӯи мақомодорон на як бору ду бор расонаӣ шудааст.

Ифтитоҳи гузаргоҳи нав байни Тоҷикистону Узбекистон

0

Барои интиқоли молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон як гузаргоҳи дигар ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи гумруки давлатии Самарқанд, гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар марзи ноҳияи Ургут бо Панҷакенти Тоҷикистон дубора ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Ин гузаргоҳ барои интиқоли молу маҳсулот боз шудааст, ки аз ин баъд тоҷирони тоҷику узбек барои содироту воридоти молу маҳсулот метавонанд роҳат аз ин гузаргоҳ истифода баранд.

Гуфта мешавад, ки рафту омади шаҳрвандони ду кишвар тариқи ин постгоҳи назоратӣ, то ҳол барқарор нагардидааст.

Аз 1 октябри соли гузашта Узбекистон марзҳои заминияшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои беҳдоштии муайян боз карда буд.

Пас аз дубора ҷорӣ шудани лимити барқ дар Тоҷикистон ангишт ҳам гарон шуд

0

Пас аз дигарбора ҷорӣ шудани лимити барқ дар деҳоти Тоҷикистон якбора нархи ангишт боло рафтааст.

Ба “Аздо тв” чанд нафар аз сокинони ноҳияи Панҷ, Шаҳритӯс ва Қубодиён хабар доданд, ки пас аз ҷорӣ гардидани лимит дар деҳот нархи ангишт гарон шуд. Ба қавли манобеи мо фурӯшандагон сабабҳои боло рафтани нархи ангиштро дар гарон шудани он дар конҳо рабт медиҳанд.

Як сокини ноҳияи Панҷ ба шарти бурда нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт, пеш аз лимит як кило ангиштро бо нархи 1.8 – 2 сомонӣ харидорӣ мекардем, пас аз лимит ҷорӣ шудан як кг ангишт аз 2.5 то 2.8 сомонӣ гарон шудааст.

“Вақте ба фурӯшандагон муроҷиат мекунем, ки чаро нарх гарон шуд? Онҳо мегӯянд, дар конҳо нархи ангиштро боло бурданд”, – мегӯяд манбаъ.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, мардум дигар маҷбуранд барои гарм кардани хонаҳояшон гарон ҳам бошад, бихаранд, зеро зимистон имсол сард омадааст ва дигар чорае надоранд.

Ба гуфтаи баъзе манобеъ, конҳои ангишт дар Тоҷикистон тобеъи ширкати “Фароз”, ки моликаш Шамсуллоҳ Соҳибов ва ширкати “Талко Ресурс” мутааллиқ ба Ҳасан Асадуллозода ва низдикони дигари Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ки бе иҷозаи онҳо дар Тоҷикистон касе ҳаққи коркарди ангиштро надорад.

Ширкати “Барқи тоҷик” расман аз 5 январи соли равон эълон кард, ки интиқоли барқ аз соати 23 то 6-и субҳ дар деҳаҳо қатъ мешавад.  

Дар як сӯхтор дар ноҳияи Ашт як нафар ҷон бохт

0

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофияи граждании Ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамоати Ориёнои ноҳияи Ашт дар манзили истиқоматии як сокин сӯхтор ба амал омадааст, ки дар натиҷа марди 76 сола ба ҳалокат расидааст

Сабаби сарзадани сӯхтор дар ин манзил риоя нагардидани қойдаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи бухорӣ (печка) гуфта шудааст.

Ин рӯзҳо дар Тоҷикистон сармо ҳукмфармост ва шабона ҳам интиқоли барқ ба манзили сокинон дар деҳот қатъ мешавад. Дар чунин шароит сокинони деҳот барои гарм кардани манзил аз бухорӣ истифода мекунанд.

Феълан мақомоти дахлдор сабабҳои аслии сӯхтор ва ҳам ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд.

Ҳуҷуми тарафдорони Трамп ба Конгресси Амрико, 4 нафар кушта шуд

0

Вакилони мардумии Амрико дар ҷаласаи муштарак дар Конгресс натиҷаҳои орои ҳайатҳои интихоботиро тасдиқ карданд ва ҳамингуна Ҷо Байден пирӯзи интихоботи президентии ИМА дар рӯзи 3-уми ноябр эълон шуд.

Натиҷаҳои ин ҷаласа бояд баҳсро дар бораи он ки кӣ расман барандаи интихобот аст, хотима бахшад.

Ҷаласаи муштараки палатаҳо, ки рӯзи чоршанбе оғоз ёфт ва шаби панҷшанбе ба поён расид, бинобар эътирози аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳ дар робита ба натиҷаҳои интихобот дар якчанд иёлот ду маротиба қатъ карда шуд.

Рӯзи чаҳоршанбе, намояндаи ҷумҳурихоҳ Пол Госар, узви Маҷлиси Намояндагон аз Аризона, зидди тасдиқи натиҷаҳои интихобот дар ин иёлот баромад кард ва ӯ ҳамроҳ бо 60 ҳамкораш эътироз баён кард. Эътирози ӯро сенатор Тед Круз (ҷумҳурихоҳ аз Техас) дастгирӣ намуд.

Рӯзи панҷшанбе, пас аз нимашаб ба вақти маҳаллӣ, ҷумҳурихоҳон барои натиҷаи интихобот дар Пенсилвания бори дигар эътироз карданд. Ташаббускори эътироз намояндаи ҷумҳурихоҳ Скотт Перри буд, ки онро 80 ​​нафар ҳамкоронаш дастгирӣ карданд.

Сенатор Ҷош Хоули (аз Миссури) низ ба тарафдории ӯ сухан гуфт. Дар ҳарду ҳолат, эътирозҳо ҳам аз ҷониби Сенат ва ҳам аз палатаи намояндагон рад карда шуданд. Ҳамзамон на танҳо демократҳо, балки аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳ низ ба ин эътирозҳо раъйи мухолиф доданд.

Тартиби ҷамъбасти натиҷаҳои интихоботи президентии ИМА якчанд ҳафта тӯл мекашад. Трамп дар тӯли ин ҳафтаҳо шикасти худро эътироф накард ва ба додгоҳ муроҷиат кард, ки натиҷаҳои шумориши овозҳоро дар чанд иёлот бознигарӣ кунанд.

Ҷаласаи муштараки Сенат ва Палатаи намояндагон оид ба тасдиқи натиҷаҳои интихобот дар бинои Конгресс дар теппаи Капитолий дар Вашингтон соати 21:00 ба вақти Маскав оғоз ёфт. Дарҳол он бо сабаби эътирозҳои ҷумҳурихоҳон ба ҳисоби овозҳо аз вилояти Аризона қатъ карда шуд.

Баъд аз ин Конгресменҳо ба монеаҳои ҷиддитаре дучор шуданд. Тақрибан пас аз як соати оғози мулоқот, садҳо ҷонибдори Трамп ба бино ворид шуданд. Маҷлис қатъ карда шуд ва конгресменҳо аз дохили толор бароварда шуданд.

Эътирозгарон чор соат дар дохили он монданд. Онҳо ба утоқи раёсат ва утоқҳои кории сенаторон ва аъзои палатаи намояндагон ворид шуданд. Дар задухӯрдҳо дар дохили бинои Конгресс як зан тир хӯрда кушта шуд.

Дар маҷмӯъ, бино ба маълумоти полиси музофоти Колумбия, дар вақти бетартибӣ чор нафар ҳалок шуданд, 14 корманди полис ҷароҳат бардошта, зиёда аз 50 нафар боздошт шуданд. Бомбаҳои худсохт дар наздикии қароргоҳи ҳизбҳои демократ ва ҷумҳурихоҳ, ки дар наздикии бинои Конгресс ҷойгиранд, ёфт шуданд.

Сурат: REUTERS/Shannon Stapleton

Дар пойтахти ИМА то 21 январ ҳолати изтирорӣ ҷорӣ шудааст. Эътироз чанд соат баъд аз он сурат гирифт, ки Доналд Трамп дар назди тарафдоронаш дар Кохи Сафед суханроние кард ва аз онҳо хост, ба самти Капитол раҳпаймоӣ кунанду хашми худро аз ҷараёни интихобот баён намоянд. Ӯ ба тарафдоронаш гуфт, ки ба мақомоти интихоботӣ фишор биёранд ва “биҷанганд” то натиҷаҳоро беэътибор кунанд.

Пас аз чанд соат тартибот барқарор карда шуд. Амалиёти раҳоии бино аз тазоҳуркунандагон аз ҷониби Гвардияи миллӣ анҷом дода шуд. Президенти тозаинтихоби ИМА Байден ин рӯйдодҳои Вашингтонро ва ҳамла ба Капитолийро “ҳамлаи бесобиқа ба демократия” ва исён номид.

Бо таъйиди натиҷаҳои интихобот аз ҷониби Конгресс муҳлати президентии Трамп камтар аз ду ҳафта боқӣ мондааст. Маросими савгандёдкунии Байден бояд рӯзи 20 январ дар ҳамон теппаи Капитолий баргузор шавад. Бо вуҷуди ин, дар Иёлоти Муттаҳида, ҳатто пас аз тасдиқи натиҷаҳои интихобот аз ҷониби Конгресс, на ҳама боварӣ доранд, ки президент Трамп омода аст таслим шавад.

Худи Трамп пас аз тасдиқи пирӯзии Байден аз ҷониби Конгресс, зимни як изҳорот ваъда дод, ки интиқоли қудратро “ба таври лозима” рӯзи 20 январ анҷом хоҳад дод, гарчанде ки ӯ бори дигар такрор кард, ки ба натиҷаҳои интихобот розӣ нест.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:  Доналд Трамп Кохи Сафедро тарк мекунад?