14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 723

Оё дар Қирғизистон инқилоби наве дар роҳ аст?

0
Денис Бердаков, акс аз: enw-fond.ru

Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон қарор аст 4 октиябр баргузор бишавад. Айни замон ҳудуди 40 ҳизби сиёсӣ омодагии худро ба интихобот эълон карданд. Аммо интишори вируси ҳамагири COVID-19 шояд дар раванди интихобот таъсири худро гузорад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” Денис Бердаков, коршиноси масоили сиёсии Қирғизистон гуфта, ки дар баробари бозиҳои сиёсии марбут ба интихоботи парлумонӣ суботи кишвар то ҳадде бо чолиш мувоҷеҳ аст. Метавон гуфт, бо сабаби интишори карона, омори ҷурму ҷиноят боло рафта ва даромади мардум як андоза поин хоҳад рафт. Ҳатто камшавии буҷаи давлат аз интизор дур нест, ки ин ҳама дар раванди интихобот бетаъсир намемонад.

Аммо ин коршинос дар робита ба масъалаи муборизаи Қирғизистон бо COVID-19 гуфт, давлат тавониста то андозае ба барномаҳои худ дар ин росто амал кунад, вале тамоми аҳдофашро бо ин имконоте, ки дорад пурра иҷро карда наметонад. Ба назари Бердаков, ба таври комил иҷро нагардидани аҳдофи ҳукуматҳои Осиёи Миёна дар мубориза бо вируси карона натиҷаи сиёсатҳои 30 соли қаблии онҳост. Зеро ин давлатҳо дар ин муддат ба зерсохторҳои беҳдоштӣ таваҷҷуҳи комил надоштанд. Ҳамзамон аз мушкилоти дигари Қирғизистон ва давлатҳои ҳамсоя ин ҷавобгӯ набудани беморхонаҳо ба меъёрҳои замони муосир ва инчунин кам будани музди меҳнати табибон мебошад.

Бердаков бар ин бовар аст, ки дар интихоботи навбатии парлумонӣ Қирғизистон ҳизбҳои хурди он чандон шонси пирӯз шуданро надоранд. Аҳзоби бузург бо далели иртиботи қавӣ доштан бо ҷомеа ва таҷрибаи бештар имкони баранда шуданро доранд ва дар ин давра аҳзоби хурдтар ба ҳизбҳои бузург аз роҳи эътилоф вориди интихобот хоҳанд шуд.

Ин коршинос гуфт: “Ба назари ман ҳатто бо таваҷҷуҳ ба шиддат гирифтани буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ вуқӯи сеюмин интиқилоб дар Қирғизистон кам аст, чун ин мавзӯъ ниёз ба раҳбарони фаъол дорад ва имрӯз чунин фаъолоне дар кишвар нестанд. Даргириҳои мухталиф сурат мегиранд, аммо мунҷар ба тағйироти асосӣ намешаванд”.

Дар Русия муҳоҷирон бо нишони эътироз як корхонаро хароб кардаанд

0

Дар шаҳри Свободныйи вилояти Амури ФР садҳо муҳоҷир дар як корхонаи коркарди газ тазоҳурот барпо карданд. Коргарон ба идораи ширкати туркии Renaissance Heavy Industries, ворид шуданд ва талаб карданд, ки ба онҳо музди меҳнаташон, ки се моҳ боз нагирифтаанд, пардохт шавад.

Ин ширкат барои Газпром корхонаи коркарди газро месозад, ки дар он 17 ҳазор муҳоҷир аз осиёи марказӣ кор мекардаанд. Гуфта мешавад дар байни онҳо шаҳрвандон аз Тоҷикистон низ кор мекардаанд.

Коргарон ба идораи ширкат омада, дар он ҷо ба тахрибкори даст задаанд. Онҳо тирезаҳои дафтарро шикастаанд ва мошинҳоро чаппа карда, мағозаи маҳаллиро сӯзонданд. Масъулони ширкат гуфтаанд, ки эътирози муҳоҷирон хушунатомез буд ва ба ширкат зараи зиёд расондаанд. Муҳоҷирон дар навбати худ гуфтаанд маоши муҳандисон пардохт шудааст, аммо аз коргарони оддиро то ҳол напардохтаанд.

Ин тазоҳуротро кормандони “Россгвардия” ва полис пароканда карда, кормандони амният якчанд муҳоҷирро боздошт намудаанд. Бар алайҳи онҳо аллакай парванда бо иттиҳоми авбошӣ боз карда шудааст ва ҳоло тафтишот идома дорад. Ҳоло коргарони ин корхона, ки асосан аз Тоҷикистону Узбекистон будаанд мумкин аст бекор бимонанд.

Дар ҳамин ҳол Каримҷон Ёров низ дар саҳифаи фейсбукии худ навори муҳоҷиронро нашр кард, ки онҳо аз напардохтани беш аз 30 дар сади маошашон шикоят доранд. Ин муҳоҷирон, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Жилищник»-и ноҳияи Левобережнийи шаҳри Маскав кор карда ба роҳрубӣ машғул буданд, ба ҷои 30 ҳазор рубл 20 ҳазорӣ ба онҳо маош додаадн. Муҳоҷирон бо нишони эътироз ба ин иқдоми масъулон корпартоӣ карда ва талаб доранд то маоши онҳо пурра пардохт бишавад. Дар идораи корхона ба онҳо гуфтаанд, ки агар бо ҳамин маоши 20 ҳазор кор накунанд, аризаашонро нависанд ва аз кор раванд.

Юсуф Раҳмон сабаби боздошти Иноятзодаро гуфт

0

Имрӯз 14 июл Додгоҳи олии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ дошт. Зимни ин нишаст ба чанд масъалаи марбут ба ҷинояту қонуншиканиҳо ишора шуд. Ба гуфти Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар давоми шаш моҳи ахир 513 мавриди ҷиноти марбут ба заминфурӯшию ғайриқонунӣ азхудкунии замин сабт шудааст.

Юсуф Раҳмон парвандаи раиси собиқи шаҳри Кулоб Баҳром Иноятзодаро низ ба ҷинояти марбут ба заминфурӯшӣ рабт дода афзуд, ки ӯ бо иттиҳоми “фасодкорӣ” дастгир шуда  парвандааш дар баррасӣ аст.

Бино бар гузоришҳои расмии ниҳодҳои қудратӣ бо вуҷуди дастгир шудану зиндонӣ шудани заминфурӯшони ғайриқонунӣ боз сафи онҳо меафзояд. Аксари ин заминфурӯшон аз масъулони боломақоми дониста шудаанд. Радиои Озодӣ менависад, ки як роҳи аз байн бурдан ва ё кам кардани заминфурӯширо коршиносон дар ташкили бозори қонунии замин дар Тоҷикистон мебинанд. Чун шумораи аҳолӣ торафт зиёд мешавад ва талабот ба замин зиёд аст ва масъуле, ки ҳуҷҷатҳои заминро омода мекунад, майли хеле баланди гирифтани ришваро дорад.

Насби ҳисобкунакҳои барқӣ бо кумаки Бонки осёии рушд

0

Ба гузориши Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Бонки осёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон 105 млн доллар грант барои амалисозии Лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон” кумаки бебозгашт ҷудо кардааст.

Низоми насби суратҳисобҳои барқии пешрафата дар шаҳру навоҳии Душанбе, Панҷикат, Исфарар, Конибодом, Бӯстон ва Данғара ҷорӣ мешавад. Дар ин бора имрӯз дар нишасти хабарӣ муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода хабар дод.

Азия-Плюс бо истинод аз қавли муовини вазири энергетика менависад: “Бо мақсади амалисозии ин лоиҳа БОР ба Тоҷикистон 105 млн доллар маблағ ҷудо мекунад, ки 70 млн доллари он ба тадбирҳои коҳиши талафоти нерӯи барқ, 15 млн доллар – ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва 20 млн доллар – ба дастгирии буҷети давлатӣ сарф мешавад”, – хабар доданд дар нишасти матбуотӣ.

Ҳамзамон Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ аз Лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика дар ТҶ” пуштибонӣ намуда, 25 млн доллар бо қарзи имтиёзнод кумак мекардааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки қарори мазкур бештар ба рӯпӯш намудану мусоидати қарзҳои ҳангуфти “Барқи Тоҷик” нигаронида шудааст. Қарзи ин ширкат то аввали соли ҷорӣ 26 млрд сомонӣ ё беш аз 2,6 млрд доллар расида буд. Дар гузашта ширкати “Барқи Тоҷик” варшикастатарин идора ба ҳисоб мерафт.

Дар Узбекистон қарантина аз нав ҷорӣ шуд

0
Акс аз KUN.UZ

Шурӯъ аз имрӯз 13-уми июл дар Узбекистон дар чаҳорчӯби шароити қарантинаи COVID-19 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шудааст. Сайти Podrobno.uz. хабар медиҳад, ки ин маҳдудиятҳои ҷоришуда аз 13-уми июл то 1-уми август дар бар мегирад.

Бар пояи шароити нави қарантина ҳамакнун: Кори сартарошхона ва кошонаҳои ҳусн боздошта шуданд ва тамоми равуои ҳавоӣ ва роҳи оҳани дохилӣ дар қаламрави кишвар қатъ карда мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки Идораи роҳи оҳани Узбакистон 5900 билети роҳи оҳанро пештар барои давраи аз 10-уми июля то 1-уми августи 2020 фурӯхта буд. Вале ҳоло қарор аст пули ин ҳама билетҳо ба мусофирон баргардонида шавад.

Uzbekistan airways ё Идораи ҳавопаймоии Узбакистон бошад 332 чиптаро ба парвози хатсайрҳои “Тошканд-Нуқус”,“Тошканд-Ургенҷ” ва “Тошканд-Термез” барои давраи аз 13 июля то1 августа фурухтааст. Ширкат мегӯяд,ки ин билетҳо тӯли як сол   метавонанд қобили истифода бошанд ва дар ҳамин муддат ҳақиқӣ ва қобили истифода хоҳанд буд.

Бо бозгашти шароити одии зиндагӣ ва бардошта шудани маҳдудиятҳо вобаста ба коронавирус, ки роҳҳои ҳавоӣ боз мешаванд, мусофирҳо метавонанд бо билетҳои дар даст доштаашон бемалол сафари худро ба анҷом расонанд. Аз ин ҷиҳат ширкат то як сол омода нест пули билетҳои фурӯхтаашро баргардонад. Ин дар ҳолест, ки Кумитаи зиддиинҳисории Узбакистон омӯзиши чунин шеваи муомила бо муштариҳоро, ки гуфта мешавад нақзи ҳуқуқҳои онҳо ба шумор меравад дар дастури кораш қарор дода аст.

Дар доираи чораҳои маҳдудкунӣ барои сокинони аз 65 сол боло тавсия шудааст, ки бидуни сабаб аз манзилҳояшон набароянд.

Маҳмурод Одинаев: Агар ин дафъа мақомот ба хонаам омаданд, медонам чӣ кор кунам

0
Маҳмурод Одинаев, акс аз “Озодӣ”

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ дар саҳифаи фейсбукияш аз таъқиби мақомот нисбати худ ва хонаводааш шикоят кардааст.

Даромадан ба манзилу тафтиши асноди он ва шиносномаи бошандагон аз тарафи маъмурони амниятӣ бидуни кадом иҷозатномаву сабабҳои амниятӣ дар Тоҷикистон Маҳмурод Одинаевро нигарон кардааст. Муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демоарат мегӯяд, рӯзи шанбеи гузашта соати 2:40 дақиқа чанд нафар аз кормандони мақомоти интизомӣ ба манзили ӯ даромада, хостанд ҳуҷҷатҳои манзилу бошандагони онро тафтиш кунанд. Одинаев аз он мепурсад, ки магар “паспортни режим” эълон шудааст? Ё чаро фарзанди ман Одинаев Муҳаммадтоҳирро тарсонда ва бо ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ айбдор карданд? Ба гуфтаи Одинаев мақомот пайваста ӯро таъқиб мекунанд ва ба воситаи пайвандонаш ба ӯ фишор меоранд.

Ӯ дар суҳбати телефонӣ ба Аздо тв гуфт:

“Ман аз таъқиби милисаҳо хаста шудаам ва намедонам, ки инҳо аз ман чӣ мехоҳанд? Рӯзи шанбе бидуни ҳеч огоҳие ба хонаам даромада дар набудани ман аз хонаводаам асноди хонаро талаб намуданд?”

Ӯ мегӯяд, агар ин дафъа ба хонаам омаданд, дар зарфе бинзин омода мекунам ва медонам, ки чӣ кор кунам.

Одинаев чандест аз ин таъқиби мақомот нисбати худ ва хонаводааш ба расонаҳо хабар медиҳад ва аз созмонҳои ҳуқуқи башар талаб намудааст, ки ба вазъияти ӯ расидагӣ кунанд.

Интихоботи Лаҳистон, кӣ бурду кӣ бохт?

0
Рафал Тшасковски (аз чап) ва Анджей Дуда (аз рост). Акс аз agencjagazeta.pl

Рӯзи якшанбе давраи дуюми интихоботи президентӣ дар Лаҳистон (Полша) баргузор гардид, ки дар он президенти кунунии ин кишвар Анджей Дуда ва шаҳрдории Варшава Рафал Тшасковский рақобат доштанд.

Бинобар маълумоти ғайрирасмии Комиссияи миллии интхоботи Лаҳистон баъди ҳисоби 99, 97% орои интихобкунандагон Анджей Дуда бо ба даст оавардани 51,21% овоз дигарбора рпезидент интихоб гардид. Дар ин бора рӯзи 13-уми июл расонаҳои Лаҳистон хабар доданд.

Ба гузориши Комиссияи милли интихобот аз шаҳрдори Варшава Рафал Тшасковский 48,79 % овоздиҳандагон аз ӯ пуштибонӣ кардаанд. Комиссияи миллии интихоботи Лаҳистон гуфт, дар интихоботи рӯзи якшанбе тақрибан ҳафтод дар сади интихобкунандаҳо дар овоздиҳӣ иштирок карданд. Интихобот зери чораҳои сахти беҳдоштӣ баргузор шуд.

Натиҷаҳои расмии даври дуюми интихоботи президентии рӯзи гузашта дар Лаҳистон аз ҷониби Комиссияи давлатии интихобот рӯзи сешанбе 14 июл эълон хоҳад шуд. Раиси Комиссияи миллии интихобот дар ин кишвар мегӯяд, бо вуҷуди он ки як қисме аз бюллетенҳои хориҷа то ҳол ҳисоб карда нашудаанд, ба натиҷаҳои интихобот  таъсири зиёд нахоҳанд расонд.

Бояд гуфт, ки барои курсии раёсатҷуиуҳрии Лаҳистон шаҳрдори Варшава аз ҳизби Эътилофи шаҳрвандӣ бо Президенти кунунӣ кишвари Лаҳистон аз ҳизби Қонун ва адолат рақобат карданд. Тшасковский аз ноябри соли 2018 шаҳрдори Варшав интихоб шуда аст.

Осорхонаи Аёсофия дигарбора масҷид шуд

0

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯзи 10-уми июл фармони аз осорхона дигарбора ба масҷид тағйир ёфтани Аёсофияро имзо кард. Дар ин бора расонаҳои туркӣ хабар доданд.

Бино бар гузориши “Анадолу” Додгоҳи олии Туркия рӯзи ҷумъа қарори ҳукумати пешинаи Туркия аз 24 ноябри соли 1934, ки бар асоси он Аёсофия аз масҷид ба осорхона табдил дода шуда буд, бекор кард.

Дар хабар омадааст, ки интиқоли идораи Аёсофия аз ниҳоди фарҳангӣ ба ниҳодҳои умури динии Туркия мувофиқи моддаи 35 Қонуни №633 мутааллиқ ба умури динии Туркия мебошад.

Аёсофия яке аз биноҳои фарҳангии дорои таърихи куҳан буда дар минтақаи Султон Аҳмади шаҳри Истанбул ҷойгир аст. Ин ибодатгоҳ баъд аз ғалабаи усмониҳо бар Бизантияи Шарқӣ аз 1453 ҳудуди 500 сол ҳамчун масҷид буд, аммо соли 1934 бо қарори ҳукумати онвақтаи Туркия аз масҷид ба осорхона табдил ёфт.

Фикри табдили дигарбораи Аёсофия ба масҷид аз дер боз сари забонҳо буд. Ва худи раисҷумҳури ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни имзои ин қонун гуфт, мо ба мухолифати хориҷиҳо эътибор намедиҳем, зеро табдили ин осорхона ба масҷид аз орзуҳои деринаи мардуми турк ва мусалмон буд.

Ҳамзамон Додгоҳи олии Туркия зимни бекор кардани қарори Шӯрои вазирони пешин таъкид кард, ки Аёсофия дар тамоми сандаҳо ба унвони масҷид сабт шуда дар ихтиёри ҷомеа гузошта шудааст ва ин қобили тағйир нест.

Қарор аст рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ баъд аз 86 сол аввалин намози ҷумъа бо ҳузури намояндагони ҳукумати Туркия ва мардуми зиёд баргузор гардад.

Дар ҳамин ҳол кишвари Юнон роҷеъ ба ин қарори ахири Анқара вокуниш карда ин иқдомро озори эҳсосости динии масеҳиён маънидод кардааст. Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳам аз Туркия хоста буд то аз тағйири мақоми Аёсуфия худдорӣ кунад. Аммо Туркия ин иқдомро сирф умури дохилии худ медонад ва дахолати кишварҳои дигарро дар ин амр қабул надорад.

Бояд гуфт, ин бинои таърихӣ замони Императории Бизантия ё Руми Шарқӣ соли 537 мелодӣ ҳамчун калисои усқуфи ортодокси юнонӣ сохта шуда аст. Юнон худро вориси ин имперотурӣ медонад ва ин бино барояшон аз ҳамин лиҳоз аҳмияти ақидавӣ дорад.

Муфтии собиқи Қирғизистон даргузашт

0
Акс аз kabarlar.org

Ба гузориши хабаргузории Радиои Азаттык қирғизӣ муфтии собиқи Қирғизистон Чубак Ҷалилов шаби 11 июл бо нишонаҳои илтиҳоби дутарафаи шуш дар Бемористони миллии шаҳри Бишкек бистарӣ шуд ва пас аз як соат даргузашт.

Муоинаи пештараи ин руҳонии маъруф нишон дода, ки ӯ ба илтиҳоби шуш гирифтор аст, аммо то лаҳзаҳои охир дар хона табобат мегирифтааст.

Чубак Ҷалилов 21 январи соли 1975 дар деҳаи Бай-Мундузи ноҳияи Базар-Қурғони вилояти Ҷалолобод таваллуд шудааст. Соли 1996 Донишгоҳи исломии Қирғизистонро хатм карда, пас аз он се сол дар Донишгоҳи Миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагин аз забони арабӣ ба донишҷӯён дарс гуфтааст.

Ин руҳонии шинохта аз соли 2000 то 2006 дар Арабистони Саудӣ, дар Донишгоҳи байналмилалии Умм-ул-Қуро таҳсил кардааст. Ва аз соли 2010 то 2012 роҳбарияти Идораи муфтиёти мусулмонони Қирғизистонро роҳбарӣ мекард. Чубек Ҷалилов яке аз бонуфузтарин шахсиятҳои мазҳабӣ дар Қирғизистон дониста мешуд.

Зиндониён аз илтиҳоби шуш фавтидаанд на аз бемории COVID-19

0
Акс аз Asia-Plus

Вазорати Адлияи Тоҷикистон рӯзи 13 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ки баъд аз интишори вируси COVID-19 даҳҳо нафар аз зиндониён ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуданд ва аз байни онҳо 11 тан фавтидааст.

Бино ба гуфтаи вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, дар байни зиндониҳо вируси COVID-19 мунташир нашудааст ва танҳо 98 зиндонӣ гирифтори бемории пневмония ё илтиҳоби шуш шудаанд, ки ин беморӣ ба COVID-19 шабоҳати зиёд дорад.

Аммо наздикони маҳбусон дар ин маврид дигар чиз мегӯянд. Пештар хабарҳо нашр шуда буд, ки маҳбуси сиёсӣ Раҳматуллоҳи Раҷаб ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор аст, аммо баъдтар писари ӯ Шуҳрати Раҳматуллоҳ гуфтаи мақомотро рад кард ва гуфт, ки ташхиси падарашро ба табибон нишон додааст ва табибон вуҷуди каронавирусро дар тани падараш тасдиқ карданд.

Ҳамзамон Абдулфайз Раҷабов, маҳбуси 47-сола, ки 9-уми май дар зиндони рақами 1-и Душанбе фавтид, мақомот гуфтанд аз илтиҳоби шуш даргузаштааст, аммо наздиконаш инро такзиб карданд ва гуфтанд, ки ӯ аз бемории COVID-19 даргузашт.

Дастарсӣ ба иттилои дақиқ оиди ҳолати зиндониён дар ин давраи интишори вируси COVID-19 бисёр мушкил аст. Танҳо хабарҳо аз тариқи наздикони маҳбусоне, ки ба ин бемории гирифтор шудаанд, метованад аз ҳолати баъзе зиндонон хабар диҳад, аммо ҳолати бақия норушан аст. Чун мақомот ба нашри ахбори дохили зиндон ба касе иҷозат намедиҳанд.