Хона блог саҳифа 734

150 муҳоҷири бандамондаи тоҷик аз Қазоқистон ба Тоҷикистон оварда шуданд

0

Бо мусоидати Созмони байналмиллалии муҳоҷират (СБМ) дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва диаспораҳо ҳудуди 150 нафар муҳоҷирони тоҷики дар вазъияти душвор қарордошта аз Қазоқистон ба ватан баргардонида шуданд.

Намояндагии СБМ дар Осиёи Марказӣ хабар додааст, ки 150 нфар муҳоҷирони тоҷике, ки дар вазъияти душвор қарор доштанд, рӯзи 1 ноябр тариқи қаларави Узбекистон ба Тоҷикистон фиристода шуданд.

Ба навиштаи “Азия Плюс”, муҳоҷирон бо 4 автобус тавассути постгоҳи назоратии Жибек-Жолаи Қазоқистон ва убури қаламрави вилояти Туркистони Узбекистон ба вилояти Суғд расонида шуданд.

Созмони байналалии муҳоҷират гуфтааст:

“Ба сурати умум, дар муқоиса бо аҳолии маҳаллӣ муҳоҷирон дар кишварҳои таъинот нисбатан камтар аз ҷониби ҷомеаҳо дастгирӣ ёфта, ба ҳуқуқҳои худ низ дастрасии кам доранд. Онҳо бо хавфи бештар зиёди дучор шудан ба рафтори бераҳмона, истисмор ва мавридҳои хариду фурӯши одамон дар робита ба осебпазирии баландро доранд. Дар дурнамои дарозмуҳлат муҳоҷирон ҳамчунин бо сабаби камшавии ҷойҳои корӣ, дастрасии маҳдуд ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ ва тамғазанӣ ҳам дар кишварҳои хориҷӣ ва ҳам дар зодгоҳашон ба гурӯҳҳои бештар осебпазир мансуб хоҳанд шуд”.

Дар идома зикр гардидааст, ки СБМ ният дорад, минбаъд низ ба шахсоне, ки ихтиёрӣ ба ватан баргаштанианд, мусоидат намуда, онҳоро аз душвориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва маҳдудияти дастрасӣ ба ҳуқуқҳояшон, ки бо сабаби хуруҷи пандемия ба ин ҳолат дучор шудаанд, раҳо созад.

Кумитаи андоз эътироф кард, ки аз болои кормандонаш шикоятҳо бисёр мешавад

0

Шикояти сокинон аз болои кормандони Кумитаи андози Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта  зиёд гардидааст. Дар ин бора хабаргузории “Спутник” аз манбааш аз Кумитаи андоз иттилоъ медиҳад.

Бино ба иқрори худи масъулони Кумитаи андоз шикоят аз болои кормандони ин иниҳод бештар шудааст. Ин ниҳод дар суҳбат бо “Спутник” гуфтанд,

“таҳлили муроҷиатҳои андозсупорандагон шаҳодат медиҳад, ки сарфи назар аз талаботи қонунгузорӣ, таъкидҳои роҳбарияти Кумитаи андоз, ҳоло ҳам кормандони мақомоти ҳудудии андоз дар муносибат бо шаҳрвандон ва андозсупорандагон дар баъзе ҳолатҳо талаботи муқарраршуда ва одоби хизматиро риоя наменамоянд”.

Тавассути рақами телефонии “151” ва рақами телефони боварии Раиси Кумитаи андоз дар нуҳ моҳи соли 2020, 185 адад арзу шикоят ворид шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 адад ва ё 38,4% кам гардидааст, – гуфтаанд, аз кумитаи андоз.

Бино ба гуфтаи ин ниҳод, “Шикоятҳо бештар оид ба масъалаҳои сари вақт иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз ва дағалона рафтор намудани онҳо, шикоятҳои беном оиди бе қайди мақомоти андоз анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ва аз тарафи соҳибкорон ҳангоми муомилоти пулӣ истифода нашудани мошинҳои назоратӣ – хазинавӣ, инчунин, мавҷуд будани ҳолатҳои ришваситонӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз ворид гаштаанд”.

Шумораи  шикоятҳои воридгардида ба мақомоти ҳудудии андози шаҳри Душанбе 45 адад (24,3%), вилоятҳои Суғд 39 адад (21,1%), Хатлон 57 адад (30,8%), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 38 адад (20,5%) ва дастгоҳи марказии Кумитаи андоз 6 адад (3,2%) рост омадааст.

Ба навиштаи Спутник  “ҳамчунин , дар ин давра аз ҷониби андозсупорандагон нисбати 11 корманди мақомоти андоз думаротибагӣ шикоят ворид гардидааст”.

Дар нуҳ моҳи соли 2020 барои дар сатҳи дахлдор риоя ва иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, дағалона вайрон намудани муқаррароти Кодекси одоби касбии кормандони мақомоти андоз ва роҳ додан ба дигар камбудиҳо, дар асоси 100 арзу шикоят ба 58 корманди мақомоти андоз муҷозоти гуногуни интизомӣ татбиқ карда шудааст”. – иброз доштаанд дар Кумитаи андоз.

Тоҷикистон ширкатҳио “Google, Microsoft, Facebook”-ро андоз мебандад

0

Дар Тоҷикистон ба хизматрасониҳои электронӣ андозбандӣ пешбинӣ гардид, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту илова ба Кодекси андозро ҷонибдорӣ намуд.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, зимни муаррифии тағйирот дар парлумон гуфт, боби алоҳида барои ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони хориҷӣ равона шудааст, ки тавассути интернет дар Тоҷикистон хизмат мерасонанд.

Ба гуфти Қаҳорзода бо рушди технология хариду фурӯши молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои электронӣ тавассути шабакаҳои интернет аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ зиёд шуда истодааст.

Вазири молияи Тоҷикистон дар идома иброз дошт, ки тибқи моддаи 193 замимаи 1, Кодекси андоз шахсони хориҷие, ки мустақиман ё тавассути шахсони миёнарав ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд ва маҳали чунин хизмат­расониҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳамчун андозсупоранда эътироф карда мешаванд.

“Садои Мардум” аз қавли Қаҳҳорзода навиштааст:

“Ҳамчунин, тибқи моддаи 193 замимаи 2 шахсони хориҷӣ уҳдадор мегарданд, ки на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз намудани хизматрасониҳои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми ваколатдори давлатӣ аз тариқи реҷаи онлайн ариза пешниҳод намуда, ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шаванд”.

Ҳамчунин дар идома иброз доштааст, ки барои дақиқ намудани амалиёти андозбандишаванда дар моддаи 193 замимаи 5 мафҳуми хизматрасониҳои электронӣ шарҳ дода шудааст ва 16 ҳолати пешбинигардида аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд.

“Ворид намудани тағйироти мазкур барои боз ҳам мукаммал гардидани қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар самти андозбандӣ намудани даромади ширкатҳои хориҷӣ аз ҳисоби хизматрасонии электронӣ, ба тадриҷан зиёд гардидани даромадҳо ба буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад намуд”, –  гуфтааст вазир.

Қабули ин тағйирот дар ҳолест, ки чанде қабл Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, гуфта буд, ки дар назар доранд аз хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди Google, Apple, Microsoft, Facebook ва дигарҳо андоз аз арзиши иловашуда ситонанд.

Ба гуфтаи раси кумитаи андоз интернет на танҳо барои ба даст овардани иттилоот истифода мешавад, балки бо истифода аз он хизматрасонии зиёди пулакӣ расонда мешавад.

Ҳамчунин, Давлатзода афзуд:

“Аз ҷумла фурӯши бозиҳои электронӣ, филмҳо, китобҳо, барномаҳои мусиқӣ, чиптаҳои ҳавопаймоӣ, иҷораи меҳмонхонаҳо, манзил, барномаҳои сафар ва дигар хизматрасониҳою мол, ки ҳамаи инро мо ҳамарӯза истифода мебарем. Чунин хизматрасониҳо асосан аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ расонда мешавад, ки бо сабаби номукаммал будани қонунгузорӣ худро дар мақомоти андоз ба қайд намегиранду аз андозсупорӣ берун мемонанд”.

Ба гуфтаи ӯ дар Русия пас аз ҷорӣ шудани андоз аз арзиши иловашуда ба хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди Google, Apple, Microsoft ва Facebook ва ғайра дар 9 моҳи соли 2019 ҳудуди 60 миллиард рубл ба буҷаи ин кишвар ворид шудааст.

Вазири молияи Тоҷикистон  дар мавриди аз ширкатҳои интернети андоз ситониро ба чанда мисол аз кишварҳо ёдовар шуд ба гуфтаи ӯ  омӯзиши қонунгузории андози шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ дар ин самт нишон дод, ки бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ намудани хизмат­расониҳои электронии шахсони хориҷӣ дар қонунгузории андози Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Беларус ва як қатор кишварҳои Аврупо (Испания, Юнон ва Венгрия) пешбинӣ шудааст.

“Айни ҳол ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва як қатор давлатҳои мутараққӣ, аз қабили Япония, Франсия ва Ҳиндустон вобаста ба андоз­бандӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ, ки фарогири тамоми бахшҳои иқтисодиёт гардидааст, чораҷӯӣ намуда истодаанд”, –  гуфт, вазир.

Эътирозҳо дар Гурҷистон баъди интихоботи парлумонӣ

0

Иттиҳоди мухолифини Гурҷистон тақрибан ду ҳазор нафарро барои гирдиҳамоӣ дар назди бинои парлумон дар Тбилиси рӯзи 1 ноябр ҷамъ оварданд. Роҳбарони тақрибан ҳамаи ҳизбҳо тасдиқ карданд, ки онҳо натиҷаҳои интихоботи парлумонии 31 октябрро эътироф намекунанд ва интихоботи навро талаб мекунанд.

То соати шаши бегоҳ, эътирозгарон ба сӯи маркази тиҷории олигарх Бидзина Иванишвили ва раҳбари ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” равона шуданд. Бисёриҳо дар Гурҷистон ва берун аз он ӯро “раҳбари дар сояи”-и ин кишвар меноманд.

Намояндагони аҳзоби мухталифи мухолифин иддао доранд, ки интихобот аз ҷониби мақомот тақаллуб шудааст.

Мухолифон мегӯяд, ки нақша доранд бо ду талаб: таъини интихоботи қабл аз вақт ва истеъфои раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Тамар Жвания бо тағир додани ҳайати комиссия, эътирозҳоро оғоз кунад.

Мухолифин ба нақша гирифтаанд, ки гирдиҳамоии навбатиро пас аз як ҳафта – 8 ноябр баргузор кунад. Интизор меравад, ки намояндагони мухолифин минтақаҳо ба фаъолони Тбилиси ҳамроҳ шаванд.

Ин гирдиҳамоиҳо баъд аз интихоботи парлумонӣ дар Гурҷистон, ки дар он ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” бо гирифтани 48% овозҳо баранда эълон шуд, сар зад. Ҳизби “Ҳаракати ягонаи миллӣ”, ки гурӯҳи аслии мухолифон дар ин кишвар аст, тибқи эъломи Комиссияи интихобот, беш аз 27 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст.

Ҳизби “Гурҷистони Аврупо”, ки раҳбарии онро бархе аз аъзои пешини “Ҳаракати ягонаи миллӣ” дар даст доранд, низ камтар аз чор дарсади раъйи мардумро ба даст овард ва панҷ ҳизби дигар низ якҷо бо номзадҳои мустақил раъйҳои боқимондаро аз худ карданд.

Раисҷумҳури ин кишвар Саломе Зурабишвили интихоботи кишварашро “демократӣ” хонд.

Ҳамчунин САҲА интихоби парлумонии Гурҷистонро пуррақобату озодона хонд ва аз ҷонибдории расонаҳо ва иддаоҳо дар бораи фишор ба раъйдиҳандагон хабар дод.

Михаил Саакашвили, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар ва аз аъзои ҳизби Ҳаракати ягонаи миллӣ, ки солҳост дар берун ба сар мебарад, мегӯяд, ки ҳизби ҳоким ба таври густурда дар интихобот “тақаллуб” кардааст. Раҳбари ин ҳизб низ изҳор дошт, ончи баргузор шуд, “интихобот набуд, ҷанг буд”.

Интихоботи парлумонӣ дар Гурҷистон рӯзи 31 октябр баргузор гардид. Аз 150 курсии порлумон 120 курсӣ барои намояндагони ҳизбҳо ва 30 курсӣ барои намояндагони мустақил ҷудо шудааст.

Ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Венаи Утриш, чанд кушта ва захмӣ ба ҷо гузошт

0
Акс аз (Reuters LEONHARD FOEGER)

Шоми рӯзи душанбе мақомоти Утриш (Австрия) аз як ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Вена хабар доданд. Гуфта мешавад, ки ҳамла дар 6 макони мухталиф дар назди бузургтарин канисаи яҳудиён ба амал омадааст. Бо таъйиди пулиси ин кишвар, бар асари ин ҳамла 7 нафар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шудаанд.

Вазири корҳои дохилии Утриш Карл Неҳаммер тасдиқ кард, ки дар ин ҳамла 7 нафар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд ва аз ҳамлагарони як нафар кушта ва чанде дигар боздошт шуданд. Неҳаммер дар суҳбат бо телевизиони маҳаллии (ORF) иброз дошт, ки “ин ҳуҷуме, ки дар шаҳри Вена сурат гирифт, мақомот бовар доранд, ин амалиёти террористӣ аст”.

Неҳаммер афзуд, ки амалиёт ҳанӯз ҳам идома дорад, зеро як идда аз ҳамлаварон фирор кардаанд. Ӯ гуфт, ки ҳамларо як ду нефар не, балки гурӯҳе аз одамон анҷом додаанд.

Полис хабар дод, ки дар минтақаи якуми Вена амалиёти густарда анҷом медиҳанд ва қайд кард, ки “тамоми нерӯҳои мавҷудбуда”-ро барои бартарафсозии вазъ сафарбар кардааст ва аз мардум хоста шуд, ки хунсард бошанд ва аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва фиристодани наворҳо ба дигарон худдорӣ кунанд. Ва ҳатто аз хонаҳо берун набароянд.

Хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба Вазорати корҳои дохилии Утриш хабар дод, ки бар асари ин ҳамла як пулис захми сангин бардоштааст ва ҳолаташ вазнин арзёбӣ мешавад.

Сухангӯи Хадамоти наҷотдиҳии Утриш гуфт, “Ҳоло наметавонем адади осебдидагонро дақиқ баён кунем, мо айни замон аз паси таҳқиқи ин ҳодиса ҳастем.”

Дар ҳамин ҳол шоми душанбе сухангӯи Вазорати дохила гуфт, қувваҳои зиёди пулис дар шаҳри Вена мунташир гардида дар ҳоли ҷустуҷӯ ҳастанд.

(Хабар дар ҳоли такмилёбист)

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, нархи маҳсулоти хӯрока боз ҳам гарон мешавад

0

Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, дар баробари паст шудани нархи баъзе аз маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, арзиши маҳсулоти воридотӣ боло хоҳад рафт.

Ба иттилои Бонки миллӣ, пайдо шудани монеаҳо дар содироти баъзе аз маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввал дар ҷумҳурӣ, бахусус маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ то андозае ба пастшавии нархи маҳсулот дар бозорҳои ватанӣ сабаб гардидааст.

Дар идома зикр гардидааст, ки дар семоҳаи 4-ум вобаста ба кам гардидани истеҳсоли молҳои ниёзи аввал бахусус, маҳсулотҳои равғанӣ, шакар ва болоравии нархи онҳо дар кишварҳои содиркунанда, инчунин афзоиши фишорҳои қурбӣ эҳтимолияти болоравии сатҳи нархҳо дар бозорҳои кишвар дар назар аст.

“Ҳамзамон, эҳтимоли хотима ёфтани пандемияи коронавирус (COVID-19) дар давоми соли оянда, боиси яку якбора афзоиш ёфтани даромаднокии аҳолӣ ва талаботи маҷмӯӣ дар ҳамаи кишварҳо гардида, ба сатҳи нархҳо таъсири манфӣ хоҳад расонд”, навиштааст, сомонаи Бонки миллӣ.

Тибқи тадқиқотҳои дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ гузаронида шуда, интизории аҳолӣ оид ба тағйирёбии сатҳи умумии нархҳо дар 12 моҳи минбаъда то 7,9 фоиз баҳодиҳӣ гардидааст,

Ҳамчунин қайд гардидааст,  ки  паҳншавии босуръати пандемияи коронавирус (COVID-19) дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон, бахусус шарикони асосии савдо, ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ бинобар зиёд шудани омилҳои берунӣ, аз ҷумла маҳдуд гардидани равобити марзӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти тиҷоратӣ таъсири манфӣ расонида истодааст ва идома ёфтани паҳншавии он метавонад боз ҳам таъсири худро ба иқтисодиёт зиёдтар намояд.

Ба гуфтаи Бонки миллӣ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи нафт то 16-уми октябри соли ҷорӣ барои 1 барел 42,8 доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 35,2фоиз коҳиш ёфтааст.

“Рушди воқеии иқтисодиёт ва қурби пули миллии (рубли) Федератсияи Русия аз тағйирёбии нархи нафт вобастагии зиёд дошта, метавонад ҳамчун шарики асосии стратегӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро расонад”,- навиштааст ин ниҳоди молии кишвар.

Ба навиштаи Бонки миллӣ, бо назардошти омилҳои зикргардида ва инчунин боқӣ мондани номуайяниҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон ва эҳтимолияти зиёдшавии хавфҳои берунӣ, аз ҷониби Кумита пешниҳод гардид, ки меъёри бозтамвил, ҳамчун фишанги асосии сиёсати пулию қарзӣ бетағйир дар сатҳи 10,75 фоиз нигоҳ дошта шавад.

Эмомалӣ Раҳмон баъд аз савгандаш қарори аввалашро дар барои авфи 378 зиндонӣ имзо кард

0

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 октябр баъди расман ба сари мансаби Президент омаданаш, фармони аввали худро дар бораи бахшидани 378 нафар маҳкумшуда ба имзо расонид.

Хадамоти матбуоти Президент хабар дод, ки “Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд” дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.

Дар бораи дигар ҷузъиёти фармони мазкур маълумот дода нашудааст.

Ҳамчунин моҳи октябри соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсия Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”-ро имзо карда буд, ки дар он дар нисбати зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ шуд.

Дар баробар ин моҳи майи соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дархостҳо дар бораи бахшиши ҷазои 99 нафар шахсонеро, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, рад кард. Зикр шуда буд, ки дархости ин шахсон баъди баррасӣ бо таваҷҷуҳ ба хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳои содирнамудаи онҳо рад карда шуд.

Оё дар ин авф маҳкумшудаҳои пурсару садо ба монанди Зайд Саид, Бузургмеҳр Ёров ва аъзоёни ҲНИТ шомил мешаванд ё не то ҳол маълум нест, вале коршиносон бар ин назаранд, ки ҳар маҳкумшудае, ки ба гуноҳи худ эътироф кунад ва шахсан аз Президент Раҳмон бахшиш пурсад, он шомили чунин авфҳо мегардад. Дар ҳамин ҳол Радио Озодӣ менависад:

“Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ борҳо аз Тоҷикистон талаб кардаанд, ки Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов ва аъзои боздошшудаи Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро озод кунад. Вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, номи ҳеч яке аз ин афрод дар рӯйхати афвшудаҳо шомил нашудааст, чун бисёри онҳо аз президент талаби бахшиш накардаанд”.

Беш аз 200 муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи Домодедов дармонданд

0

Шаби 31-уми октябр ва 1-уми ноябр беш аз 200 муҳоҷир дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав дармонданд, дар баробари доштани чиптаи парвоз натовнистанд ба Душанбе парвоз кунанд. Масъулини Вазорати нақлиёт Русияро дар ин маврид, гунаҳкор медонанд, ки дар лаҳзаҳои охир иҷозаи парвоз надодааст.

Муҳоҷирон дар баробари доштани чиптаи парвоз аз фурудгоҳи Домодедово натавонистаанд ба Тоҷикистон парвоз кунанд, гуфта мешуд, ду ҳавопаймои ширкати “Сомон-эйр” мебоист муҳоҷиронро ба Душанбе биоваранд, вале ин ширкат аз ҷониби Русия иҷозаи парвоз дарёфт накардааст.

Муҳоҷирон ба “Азда тв” гуфтанд:

“Мо чунин умед надоштем, ки чанд дақиқа мондан ба парвоз ҳамакор якбора дигар мешаваду иҷоза парвоз намедиҳанд, барои дастарс кардани чипта як моҳ зиёд сарсон будем, вале дар баробари ин боз натавонистем ба Ватан баргардем.”

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ аз манбааш дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон навишааст, ки  бо Русия музокира ҷараён дошт, вале дар охирин лаҳза навтавонистанд ба мувофиқа расанд.

Дар идома иброз доштааст, ки касе интизор надошт, ки Русия чунин тасмим мегирад, шарти ҷониби Русия барои идомаи парвозҳо ин буд, ки бояд бештар ширкатҳои русӣ муҳоҷиронро ба Тоҷикистон баранд.

“Ширкатҳои Тоҷикистон дар ҳолати бисёр бад қарор доранд. Онҳо шарт гузоштанд, ки аз панҷоҳ дарсад бештар ширкатҳои русӣ ба Тоҷикистон парвоз кунанд. Ин аз чанд ҷиҳат барои Тоҷикистон хуб нест ”,-гуфтааст, манбаи Озодӣ.

Парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистон ва Русия аз охири моҳи март қатъ шуда буд, то ба имрӯз танҳо тариқи парвозҳои чартерӣ афроди ниёзмандро аз Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Мақомоти Русия дар чанд давра иҷоза дод, ки парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон сурат гиранд. Бори охир, аз 9-ум то 31-уми октябр барои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия 107 парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ иҷозат шуда буд.

Парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистон ва Русия аз 20-ум март инҷониб бинобар хуруҷи пандемияи короновирус қатъ шудаанд. Ба иттилои мақомот, дар ин давра тавассути парвозҳои чартерӣ ҳудуди 70 ҳазор шаҳрванд аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Барномаи хабарии “ҲАФТА” |AZDА TV| برنامه ای خبری هفته اخبار تاجیکستان

0

● Ваъдаҳои расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини ҳифзи амнияти озуқаворӣ, рушд додани соҳаҳои иқтисодии кишвар, инҳо ҷумлаҳои такрории Раҳмон, ки солҳост пайи ҳам мешунавем

● Як гурӯҳи ҷавонони тоҷик, ки то ба имрӯз дар ҳеч вазорату ниҳоди давлатие дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст

● Заминҷубии шадид дар Измири Туркия рух дод, ки даҳҳо биноҳои истиқоматӣ фурӯ рафтааст

Нимаи дуюми рӯзи ҷумъа, дар ғарби Туркия заминларза бо шиддати 6,6 рух дод, ки маркази он дар баҳри Эгей дар наздикии шаҳри Сафариҳисори вилояти Измир гуфта шуд. Заминларзаро дар ҷазираҳои наздики Юнон низ эҳсос карданд, ки зилзилашиносони юнонӣ шиддати онро 6,9 арзёбӣ карданд.

Ин зилзила тсунамиро ба вуҷуд овард, ки кӯчаҳои соҳилии Сафариҳисорро зери об гузошт. Тибқи маълумоти охирин, 25 нафар фавтида ва беш аз 800 нафар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти Туркия нигаронанд, ки шумори қурбониҳо метавонад боз ҳам биафзояд.

Тафсилоти бештар дар видео: ⤵️

Макрон: “Мусалмонон суханонамро нодуруст фаҳмиданд”

0

Шабакаи хабарии “Ал-Ҷазира” имрӯз 31 октябр бо президенти Фаронса Эмануэл Макрон мусоҳибаи рӯ ба рӯ анҷом дод. Ин мусоҳиба 50 дақиқа буда, дар он атрофи баҳси карикатураҳои масхараомез, ки Паёмбари ислом Муҳаммад (с)-ро изтеҳзо карданд ва таъйиди Макрон аз он, ки боиси ғазаби шадиди давлатҳои исломӣ ва дар умум мусалмонони дунё гардид, гуфтугӯ сурат гирифтааст. Ва мо фишурдаи ин суҳбатро тақдими шумо мегардонем.

Имрӯз президенти Фаронса Эмануэл Макрон дар суҳбаташ гуфт, ки мақсадаш аз суҳбат дар ин шабакаи арабии машҳур ин аст, ки мехоҳад ба мусалмонони дунё бигӯяд, ки суханони ӯро нодуруст фаҳмидаанд, ва ӯ аз ин ки гуфт,

“мо аз кашидани карикатураҳо ҳеҷгоҳ даст намекашем”, мақсадаш ҳимояи аз карикатураҳои кашида шуда дар бораи Паёмбари ислом набуд, балки “мақсади ман ин буд, ки мо озодии баёнро ҳимоя мекунем ва ҳақ надорем касеро маҷбур созем, ки чизе нагӯ ва ё чизе нанавис”.

Эмануэл Макрон таъкид дошт, ки истеҳзо ва карикатураҳои Паёмбар (с) баёнгари мавқеи шахсии президенти Фаронса ва ё ҳукумати он нест ва ин амал ҳосили дасти рӯзномаи ғайри ҳукуматист, ки мавқеи чунин рӯзномаҳо ба ҳеч ваҷҳ баёнгари мавқеи ҳукумат шуда наметавонад.

Макрон дар идома афзуд, Фаронса давлаест, ки бо ҳеч дину эътиқоде мушкилӣ надорад, аз ҷумла бо дини ислом. Ӯ мегӯяд,

“мақсади ман танҳо ҳимоят аз озодии эътиқод ва озодии баён буд ва ба карикатура шудани Паёмбар мувофиқ нестам, вале бо мувофиқ набуданам ба амале, наметавонам пеши роҳи озодии баёнро бигирам”.

Макрон бар ин назар аст, ки расонаҳои арабӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханони ӯро баъзе нодуруст ва баъзе қасдан бар ғалат тарҷума намуданд, ки ин боиси ғазаби мусалмонон шудааст.

Ӯ дар идома таъкид намуд, ки мо ҳеҷгоҳ ва ҳеҷгуна мушкилӣ бо мусалмонон ва дини ислом надоштем ва надорем. Афзуд, ки давлати Фаронса аз аввалин давлатҳои (ғайри мусалмонӣ) аст, ки Қуръонро дар асри XVII мелодӣ ба фаронсавӣ тарҷума кардааст. Ва ҳамчунин аз аввалин давлатҳоест, ки дар маркази пайтахташ бузургтарин ва зеботарин масҷидро бино кардааст.

“Шумо ин гуфтаҳои маро аз олимон ва муфтиёни мусалмони фаронсавӣ пурсед, айнан ҳамин суханони манро таъйид хоҳанд кард”.

Макрон мегӯяд, муборизаи онҳо бар зидди ифротгароӣ аст на бар зидди дин. Ӯ аз тамоми мусалмонони дунё хост, мафҳуми “озодии баён”-ро ба маънои манфӣ нафаҳманд, он чизе нест, ки бар зидди мусалмонон бошад ва ё эҳсосоти онҳоро ҷариҳадор кунад. Ӯ гуфт:

“Шумо дар гузашта таъми ин озодиҳоро чашидаед ва ҳоло шояд фаромӯшаш кардед. Чизе зеботар аз он нест, барои ҳимояи он моро кумак кунед”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбе 16 октябр як ҷавони 18-солаи чечентабор дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса муаллими таърих Самуэля Патро барои намоиш додани корикотурҳои таҳқиромез зидди Паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар назди мактаб ба қатл расонда сари ӯро аз танаш ҷудо кард. Ҳангоми расидани пулис ӯ низ кушта шуд. Ҳодисаи куштори муаллимро ҳама мусалмонон маҳкум карданд.

Рӯзи баъд Эмануэл Макрон дар ҷанозаи муаллим ширкат намуд ва ин суханашро гуфт: “мо аз кашидани карикатураҳо ҳеҷгоҳ даст намекашем”, ки ин боиси ғазаби тамоми мусалнони дунё гардид.

Дар пайи ин гуфтаи президенти Фаронса (дар барои идомаи нашри корикотурҳои Паёмбар Муҳаммад (с) аксар давлатҳои арабӣ ва исломӣ дар сатҳҳои гуногун онро маҳкум карданд ва дар давлатҳои исломӣ ва мусалмоннишин таблиғоти таҳрими молу маҳсулоти фаронсавӣ ба роҳ монда шуд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешуд, ки дар Покистон, Миср, Кувайт, Қатар, Лубнон, Арабистони Саудӣ ва боз даҳҳо давлати дигар мағозаҳоро аз молҳои истеҳсоли Фаронса пок мекунанд. Ҳамзамон ниҳодҳои фатвову ҷамъиятҳои исломӣ ҳукм содир карданд, ки молу маҳсулоти Фаронса ба хотири ҳимоят аз Паёмбари ислом Муҳаммад (с) таҳрим карда шавад.

Дар пайи ин таҳримоти густардаи давлатҳои исломӣ аз маҳсулоти фаронсавӣ, рӯзи якшанбе Вазорати корҳои хориҷаи Фаронса изҳороте пахш кард, ки дар он аз ҳокимони давлатҳои исломӣ хоста буд, ки пеши роҳи ин таҳримотро бигиранд ва нагузоранд молҳои Фаронса дар давлатҳояшон аз тарафи тоҷирону ниҳодҳои фатво мавриди таҳрим қарор бигиранд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки суханони президенти Фаронса ба он саддагие набуд, ки худи ӯ мегӯяд, Макрон тарзе сухан гуфт, ки ҳама мусалмонон тавҳиномез будани онро эҳсос карданд. Ба назари онҳо, шояд Макрон дарк намуд, ки ин ғазаби густардаи масулмонон аз мардуми оддӣ то баъзе ҳукуматдорон барои сиёсатҳои ояндаи ин кишвар ҳатман асари манфии худро хоҳанд гузошт ва аз ҷумла муносибатҳояш бо давлатҳои арабӣ бад шудан ба манфиати ӯ нахоҳад буд, ба қавле аз гуфтааш “қафо” гашт. Ва оҳанги суханонашро тағйир дод.