Хона блог саҳифа 735

Худкушӣ эътироз буд ё ҷазо?

0

Худкушии Шерафган Хоҷақулов, корманди фурудгоҳи Душанбе ҳукуматро тарсонд.

Худкушии корманди бахши бехатарии фурудгоҳи Душанбе ифодаи эътирозу фарёди ҷонкоҳи як ҷавонмарди дар чаҳорсӯи зиндагӣ сарсону ҳайрон ва бемуттакову бепуштупаноҳмондаи тоҷик аст, ки ҳарҷое даст андохт дасташ дар ҳаво муаллақ монд, дастгире наёфт ва ноилоҷ худро кушту аз махласҳои дунё халос кард. Аммо ба назар мерасад ин эътирозу исёну норизоиятии Шерафгани 38-сола ба мардумони давру бараш камтарин таъсире надоштааст ва паёми ӯро, ки “аз ин зиндагӣ марг авлотар аст” касе нашунид.

Ингор мардум ва ҷомеаи кишвар дар хоби сахтанд, дида наметавонанд ва ё инки гирифтории бадтар аз ин ҳолатро доранд. Ҳодисаи худкушии як ҳамватан ва як ҷавонмард онҳоро намеҷунбонад ва такон намедиҳад. Паёми ӯро намехонанд ва эътирози ӯро намешунаванд. Дуруст аст, ки мавориди худкушӣ дар Тоҷикистон зиёд иттифоқ меафтад. Аммо ин мавриди ахир, ки як ҷавонмарди фаҳмидаву огоҳ, соҳиби зану фарзанд гираду худро ҳадафи тир қарор бидиҳад, бисёр ҳам ғайриодӣ аст ва саҳлу сода набояд гуморид.

Ин ҷавонмард, ки дар айни авҷу ҷӯши зиндагист ва дар ҳоли лаззат бурдан дар канори зану фарзандаш аст, барои онки натавонист онҳоро серу пур созад худро кушт. Вай бекор набуд, ҷойи кор дошт. Вале натавонист пули иҷораашро бипардозад. Фоҷеаи ин ҳодиса ҳам дар ҳаминҷо нуҳуфтааст:

бепулӣ, фақру тангдастӣ. Маҳалли кори ӯ – фурудгоҳи Душанбе маоши 9 моҳаи ӯро надод. Ӯ дигар таҳаммул ва тоқати ҳамарӯза таҳқир шудан дар назди азизонашро аз даст дод. Кордиҳанда ӯро ночор кард, балки кордиҳанда ӯро ба худкушӣ расонд.

Ин як ҷинояти калон аст. Ин навъи дигари аломати давраи ғуломдорӣ аст, ки 9 моҳ кор фармоӣ, вале музди корро напардозӣ. Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои ба ҳолати “худкушӣ оварда расонидан” моддаи махсусеро пешбинӣ кардаасту муҷозоти аз 5 то 8 соли зиндони низомаш пурзӯрро дар назар гирифтааст. Додситонии нақлиёти Тоҷикистон ҳам эълон кардааст, ки қазияи Шерафган Хоҷақулов, корманди бахши бехатарии фурудгоҳро ба баррасӣ гирифтааст. Аммо ин тафтишу ин кор то ба охир бурда мешавад ва афроди муҷрим шиносоӣ ва маҳкум хоҳанд шуд, масъалаи дигар аст.

Зеро сардори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Исмат Абдуллоев мулаққаб ба Исмати дуллик баъид аст, ки дастгир ва ба маҳкама кашонида шавад. Вай аз наздикони худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ аст, ки боз ҳам барои 7 соли дигар дар курсии қудрат нишаст. Эмомалӣ Раҳмон ин бор низ аз зиндагии шоиста ва аз таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонҳо гуфт. Гуфт, ки мардумро хидмат ва ҳимоят хоҳад кард. Вале дар ҳамин тобистони соли ҷорӣ буд, як тоҷире, ки бо Идораи молияи шаҳри Кӯлоб ҳамкорӣ дошт дар заминаи даъвои моливу пулӣ бо ин идора худро дар назди бинои он оташ зад. Аммо то ба имрӯз кадом хатту хабаре, ки омилин ва мусаббибин дастгир ва муҷозот шуда бошанд, дар ҷое интишор нашудааст.

Мешавад боз аз даҳҳо мавориди дигар, ки ба маҳзи муносибати дурушту дағали масъулин инсонҳои одӣ даст ба худкушӣ задаандро ёдовар шуд. Бар фарзи мисол дар воҳидҳои низомии Неруҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки даҳҳо наваскар кушта мешаванд. Аммо ҳоло, ки аз ин корманди шӯъбаи амнияти фурудгоҳ мегӯем, ин пурсиш матраҳ хоҳад шуд, ки тайи 9 моҳи бемаошӣ худ ва фарзанду зани худро чӣ тавр хӯронду пӯшонд? Бо чӣ азоби алиме пули барқу пули маводди ғизоӣ ба даст овард? Вақте ӯ барои хариди нон ва ё шир бо мушкил дучор шуд, чӣ фикру хиёле зеҳни ӯро машғул дошт? Ва, ниҳоятан чӣ тавр шуд, ки ҳамчунин тасмим бигирад ва худро парронида зану кӯдакашро сарсону саргардон созад?

Дар бораи ба рухсатии бемузд фиристодани кормандони фурудгоҳи Душанбе ҳанӯз тобистони имсол маълумоти зиёде ба нашр расида буд. Инки имрӯз роҳбарияти ин фурудгоҳ мегӯяд маоши Шерафганро саривақт пардохтааст, дар ҳоле, ки воқеият баракс аст, ба чӣ ҷуръате ва ба чӣ далеле мегӯяд. Гурдаи пури масъули фурудгоҳи Душанбе кист ва ба кӣ такя задааст?

Ба назари мо масъули фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба ин хотир ин гапро мегӯяд, ки аз”боло” дилаш пур аст ва ӯро барои кадом як корманд муҷозот намекунанд. Чун вай, ки аз хешу ақориб аст барои ҳамин пушт ба девори бузург гузоштааст. Вагарна чаро Прокурори генералии Тоҷикистон як раҳ напурсид, ки чаро бар хилофи қонун 9 моҳ маоши кормандони фурудгоҳ пардохт намешавад, дар ҳоле, ки метавонист баъди ду моҳи напардохтан парванда боз ва тафтишот оғоз кунад.

Ин худкушӣ дар асл реша ба сиёсати қавму таборгароӣ (непотизм)-и Раҳмон дорад, ки авзоъро то ба ин ҳад печида ва буҳронӣ мекунад. Хешу таборҳо наметавонанд худиҳоро ва хешҳоро ба ҷавобгарӣ бикашанд. Агар ин тоифа дар назди қонун ва мардум масъулият ҳис мекард ин тавр намешуд. Ӯ (манзур дилхоҳ мансабдори масъул) мебарад ба аз худ калонтар ва калонтар ба калонтари боло ва ҳамин тавр мераваду мерасад ба Пешвову Пасвову духтараш. Вагарна имкон надорад, ки беш аз ду моҳ чӣ расад ба 9 моҳ як кормандро бидуни музд кор фармоӣ.

Бо ин вуҷуд, ки саъй мекунанд, вонамуд созанд, ки чизе нашудааст, аммо дар асл ҳодисаи “худкушӣ”-и мазкур ҳукуматро сахт тарсонидааст. Чунки ҳукумат бавузӯҳ медонад, ки кайҳост осебпазир аст ва камтарин ҷарақаи эътирозӣ метавонад аланга ба вуҷуд оварад. Ҳолу ҳолати Шерафганро дар ҳоли ҳозир ҳазорҳо ҳазор аз атбои кишвар доранд ва мурда-мурда таҳаммул карда истодаанд ва мунтазири камтарин шароит барои берун кардани эътирозу норозигӣ ва даст задан ба исёну қиёманд.

Ҳукумат шароит ва авзоъи мардум ва руҳияи онро хуб медонад. Барои ҳамин ҳарчи бештар такя мекунад ба ниҳодҳои қудратӣ ва барои онҳо имтиёз қоил мешавад, ҳамчуноне, ки чанд рӯзи пеш барои онҳо истифодаи ройгони нақлиёти ҷамъиро ба ҳукми қонун даровард. Чунки қарзи идороти давлатӣ дар баробари мардум аз миллион-миллион ҳам гузаштааст ва нафароне ба мисли Шерафган Хоҷақулов дар миёни онҳо кам нест.

Аз ин ҷост, ки худкушии Шерафган-як намунаи фиғону фарёд ва ё намояндаи садҳо ҳазор фиғону фарёди ҳоло дар роҳ ҳукуматро башиддат буҳтзада карду такон дод ва дафъатан дастбакор шуд. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо ташкили як Ситоди вижа аз ҳисоби тамоми ниҳодҳои марказӣ масъалаи саривақт пардохтани маош ва мушкилоти вобаста ба онро дар аввалин ҷаласа ба баррасӣ гирифт.

Дар ин ҷаласа иқрор карданд, ки масъалаи пардохти маош”ташвишовар” аст:

“Новобаста аз кӯшишҳо ва тадбирҳои андешидаи вазорат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо ҳолатҳои сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандони ташкилоти алоҳида мушоҳида карда мешавад, ки ин ташвишовар аст”.

Дар ҳукумат то худи болои боло медонанд, ки роҳбари фурудгоҳи байналмилалӣ ҳам барои ободу зебо гардонидани Душанбе даст ба сохтмони биноҳо задааст. Душанберо обод мекунанд то барои Рустами Эмомалӣ имиҷи роҳбари кордону муваффақро созанд. Аммо инки ҷони инсонҳо дар пайи бемаошиву бесарнавиштӣ дард мекунад, парво надоранд. Вале вақте ҳодисаи худкушӣ ба амал омад дигар зуд роҳи чора хоҳанд ҷуст. Чаро масъалаи пардохти маошро то ба ин ҳад ки “ташвишовар” шавад ба таъхир гузоштед? Ҳоло мунтазир хоҳем буд, ки Прокуратураи генералӣ ин ҳодисаро чӣ тавр тафтиш ва баҳо медиҳад.

Аз сӯи дигар вақте як корманди он ҳам бахши амниятӣ то ба ин ҳад афсурдаву ҷонбезор мешавад ва агар ошкоро бигӯем аз дасти гуруснагӣ даст ба худкушӣ мезанад, ҳангомаву воҳимаи татбиқи барномаи амнияти ғизоӣ, ки Раҳмон ҳамвора аз он мегӯяд, чӣ маъно хоҳад дошт.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар шохиси “Амнияти ҷаҳонии озуқаворӣ» (The Global Food Security Index), ки маҷалаи бритониёии The Economist таҳия кардааст, Тоҷикистон соли 2019 мақоми 93-юмро дар миёни 113 кишвар дар паҳлуи Лаосу Нигерия гирифта буд. Шохисеро, ки ин маҷалла муайян карда аз се ҷузъи асосӣ иборат буд:

сатҳи дастрасӣ ва талабот ба маҳсулоти хӯрокӣ; мавҷудият ва кифоягии маҳсулоти хӯрокӣ; сатҳи кайфият ва бехатарии маҳсулоти хӯрокӣ”.

Бо ин ҳол, агар ин ҳодиса, ки бояд фоҷеа унвон шавад дар кишваре дигар рух медод мардум ва ҷомеа сокиту бетафовут намеистод ва ҳатман, ки вокуниши оганда ба хашму ғазаб нишон медод ва нороҳатиашро дар шаклҳои мухталифи нофармониҳои маданӣ изҳор мекард. Ёдатон бошад  нахустин таҳаввулот дар кишварҳои арабӣ, ки баъдан “баҳори арабӣ” унвон гирифт, маҳз ангеза ва иллати молиявиву иқтисодӣ дошт.

Як нафар аз савдогарони хиёбонӣ ин ҳама шӯру шаафро роҳандозӣ кард ва раиси ҷумҳури худкомаи он Бен Алӣ баъди 20-у анд сол сарнагун карда шуд. Беҳуда нагуфтаанд, ки гушна ба шер задааст. Ҳол саволи дигар ин аст, ки худкушии Шерафган эътироз буд ва ё касеро ҷазо дод ва касе посух хоҳад дод ё хайр?

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Дар вилояти Хатлон маргу мир зиёд шудааст

0

Дар вилояти Хатлон тӯли нуҳ моҳи соли равон омори марг дар қиёс ба нуҳ моҳи соли гузашта як ҳазору 742 ҳолат зиёд гардидааст. Гуфта мешавад, ки фавти мардон нисбат ба занҳо дар минтақа зиёд ба назар мерасанд. Вале дар гузориш сабабҳои афзоиши омори марги дар ин минтақа гуфта нашудааст.

Азия Плюс бо такя аз манбааш дар Шуъбаи сабти асноди шаҳрвандии вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар 9 моҳи соли равон дар вилоят 10 ҳазору 277 нафар  вафот кардаанд, ки  соли сипари гарида  дар вилоят 8 ҳазору 535 нафар фавтида будаанд.

Дар идома зикр гардидааст, ки  дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷамъи умумии фавтидаҳо 5 ҳазору 524 нафарашро мардон ва 4 ҳазору 753 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Яъне 771 ҳолати фавти мардон нисбат ба занон зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин аз ҳама зиёд ҳолатҳои марг дар шаҳри Кӯлоб 973 ҳолат, Восеъ 771 ҳолат, Кӯшониён 698, Ёвон 690 ва Қубодиён 622 ҳолат  гуфта шудааст.

То ҳол мақомоти расмӣ дар мавриди сабабҳои марги сокинон чизе нагуфтаанд, назари масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон дар ин минтақа дастрас нест.

Ин дар ҳолест, ки баъд аз густариши  каронавирус дар минтақаҳои Тоҷикистон омори маргу мир зиёд гардидааст, вале Вазорати тандурустӣ танҳо дар омори тартибдодааш фавти   81 нафар  аз каронавирусро тасдиқ кардааст.

Коршиносони соҳа дар бораи маргу мири  шаҳрвандон аз коронавирусро ба ҳеҷ ваҷҳ баёнгари вазъи кунунии Тоҷикистон намедоанд, зеро ба гуфтаи онҳо ҳамарӯза дар шабкаҳои интернетӣ аз вазъи гирифтор гардидан ва ҷон додани сокинон аз каронавирус ё илтиҳоби шуш хабарҳо интишор мегардад, ки ин воқеиятҳо омори расмии мақомотро зери шубҳа қарор медиҳад.

Ҳумайро Бахтиёр: Раҳмон ҳанӯз савганд ёд накарда буд, ки нархи маҳсулоти ниёзи аввал гарон шуд

0

Ҳумайро Бахтиёр рӯзноманигори тоҷики муқими Аврпо дар саҳифаи фейсбукиаш дар робита ба маросими савгандёдкунии раисҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз 30 октябр дар “Кохи Сомон” сурат гирифт, матлабе навиштааст. Ӯ аз ваъдаҳои қаблии Раҳмон ёдовар шудааст, ҳамчунин хоксории Ангела Меркел, раҳбари Федеролии Олмон ва ҳавобаландии Эмомалӣ Рахмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро мавриди муқоисаву баррасӣ қарор додааст.

Матлаб аз саҳифаи фейсбук:

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури “тоза” интихоби Тоҷикистон барои 7 соли оянда қасам ёд кард. Ҳангоми қасамёдкунӣ ҳамон ваъдаҳои 29 соли қаблро дод -ташкили ҷойи кор, хидмати содиқона ва шароити мусоиди зист фароҳам овардан.

Раҳмон ҳанӯз қасам нахурда буд, ки нарху навои ғизо ва маҳсулоти ниёзи аввал ба ҳаво париданд. Қурби доллар боло рафт ва муҳочирони мо сарсон дар Русия, Қазокистон ва Тоҷикистон ҳастанд.

Ин ҳама шаҳомати маросими савгандёдкуниро дида, пеши назарам ҷаласаи изтирории Ангела Меркел омад, ки ду рӯз қабл баргузор гардид.

Дар он ҷаласаи изтирори Ангела Меркел аз роҳбарияти 16 сарзамини Олмон ва вакилон даъват овард, ки пешниҳодоти ӯ барои пешгирӣ аз куруно вирусро қабул кунанд.

Баҳси ҷолибе шуд. Ангела Меркел дар Бундестаг ҳануз сухани худро шуруъ накарда буд, ки ҳозирин бо сару садо ва луқмапартоӣ аз сиёсатҳои пандемии ӯ изҳори нигаронӣ карданд.

Дар натиҷаи ҷаласа масъулони Олмон тасмим гирифтанд, ки аз рӯзи душанбе 2.11.2020 то охири ноябр карантини нармро ҷори кунанд.

Ба фарқ аз тобистон, ин дафъа муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои давлатӣ дари худро намебанданд.

Бахши хидматрасонӣ ва фароғатӣ -синамо, теотр, варзишгоҳ, клуб, ресторан ва қаҳвахона, солонҳои зебои ва макони шиноварӣ барои 4 ҳафта ҳаққи фаъолиятро аз даст доданд.

Ангела Маркел аз мардум даъват ба амал овард, ки танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ аз хона бароянд, сафари дохили кишварро маҳдуд кунанд ва ҳадди аксар кушиш намоянд, ки аз хона фаъолияти худро идома диҳанд. Дари ҳотелҳо боз, аммо корафтодагон танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва зарурӣ метавонанд утоқ киро кунанд.

Давлати Олмон ин дафъа аз буҷаи худ 10 миллиард доллар ҷудо кард. Соҳибкорони хурду миёна 75% имтиёзи бебозгашт дарёфт хоҳанд кард.

Ногуфта намонад, ки баҳори соли чорӣ, ҳукумати Олмон ба маротиб бештар пул ҷудо карда, нагузошт, ки тиҷорати хурду миёна аз байн биравад. Барои ҳар як соҳибкор то 80% маблағи даромадаш барои 3 моҳ пешакӣ пардохт шуда буд.

Талоши мақомоти Олмон барои беҳтар кардани шароити шаҳрвандонаш бозгӯйи волоияти қонун аст. Мақомоти Олмон хидматгори мардум ҳастанд. Шаҳрвандони Олмон иҷоза намедиҳанд, ки ҳукумат барои ин корҳо миннатгузорӣ кунад. Зеро, шаҳрвандон аз ҳаққи худ огоҳанду медонанд, ки буҷа ин маблағи онҳо аст.

На Ангела Меркел ва на хонаводаи ӯ бунёдҳои кумакрасон надоранд ва нахоҳанд дошт.

Дар Тоҷикистон бошад, баръакс. Сарқонун қувваву эътиборе надорад. Мардум аз ҳуқуқҳои худ ноогоҳанд ва барои ҳамин ҳам ҳукумати Раҳмон дар симои шаҳрванди комилҳуқуқаш як хидматгорро мебинад. Андозҳои мардум ба буҷа мераванд ва аммо он маблағ дар ихтиёри раисчумҳур ва хонаводаи ӯст.

Эмомалӣ Раҳмон на танҳо худаш, балки духтараш, писараш, домодҳояш ва ҳамакнун наберагонаш ҳам бунёдҳои шахсӣ доранд. Инҳо аз куҷое мерос пайдо кардаанд ва ҳар кадоме дар як сол ба як хонавода “кумаке” мерасонад ва бо ҳамин худро бовиҷдону бомасъулият намоиш медиҳанд.

PS: Ангела Меркел дар хоксорӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар хавобаландӣ ҳамто надоранд.

PSS: Онҳое, ки аз қасамхурии Эмомалӣ Раҳмон табли шодӣ мезананд ва тамаллуқкорона аксҳои ӯро мегузоранд, гаштаву баргашта ба чашмони бачаҳои нимгурусна ва ҳамсояҳои муҳтоҷатон назаре кунед…

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Ҳукумат дар фикри ҷустуҷӯи сарчашмоҳои маблағгузорӣ барои сохтмони Роғун шудааст

0

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурим Тоҷикистон, барои идомаи сохтмони НОБ “Роғун” Раҳбарияти Тоҷикистон ба гурӯҳи кории дахлдор супориш додааст, ки дар мавриди ҷустуҷӯи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар соли 2021 тадбирҳои мушаххас андешад.

Моҳи октябри соли равон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо бунёдкорони нерӯгоҳ изҳор дошта буд, ки аз аввали корҳои барқарорсозии иншооти нерӯгоҳ, яъне аз соли 2008 то ба ҳол барои ин корҳо 25 млрд 340 млн сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Ба гуфтаи Эмомали Раҳмон “танҳо дар соли 2020 барои сохтмони он аз ҳисоби буҷети давлат равона гардидани қариб 3 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст”.

Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аз буҷет ҷудо гардидани 2,1 млрд сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида буд”.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, маблағгузорӣ ба сохтмони иншооти нерӯгоҳ дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар ҳаҷми 1,3 млрд сомонӣ сурат гирифтааст.

Ба ҷуз лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун”, айни замон дар бахши энергетикаи ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 13,3 млрд сомонӣ боз 12 лоиҳаи дигари давлатии сармоягузорӣ мавриди амалишавӣ қарор доранд.

Айни замон ба сохтмони иншооти нерӯгоҳи “Роғун” шабонарӯзӣ дар ду баст бо истифода аз 3824 мошину техника ва механизмҳо беш аз 12,7 ҳазор нафар ба кор машғуланд.

Чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун моҳи ноябри соли 2018 ва чархаи дуюм – моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд. Аз оғози истифода то моҳи сентябри соли ҷорӣ дар натиҷаи фаъолияти ин чархаҳо зиёда аз 1,7 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Дар нерӯгоҳ насби 6 чархаи иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Пас аз анҷоми сохтмони нерӯгоҳ иқтидори он 3 ҳазору 600 МВт-ро ташкил хоҳад дод, ки бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Миёна аст. Анҷоми пурраи сохтмони неругоҳ соли 2033 дар назар аст.

Сарбанди 335-метрии гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат қувваи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёд аст.

Оморҳо дар бораи рушди иқтисоди Тоҷикистон аз ҳам фарқ мекунанд. Чаро чунин аст?

0
Сурат: medt.tj

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал тариқи видеоконфронс  мулоқот анҷом додааст. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар сомонаи худ хабар дод.

Бино ба навиштаи ин Вазорат, дар мулоқот масъалаҳои иқтисодӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои макроиқтисодӣ дар 9 моҳи соли 2020, таъсири пандемияи коронавирус дар иқтисоди ҷаҳон, ислоҳоти анҷомдодашуда ва чораҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон ва масоили дигарро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта шудааст, бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ таъсири пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус соҳаҳои молия, савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла боркашонию мусофиркашонӣ зиёд дида мешавад.

Дар идмоа мулоқот рушди иқтисоди Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2020 мавриди таҳлил қарор гирифтаст. Тибқи гуфтаи Завқизода рушди иқтисоди Тоҷикистон давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 4,2 дарсад будааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 банди фоизӣ кам гардидааст, ки дар сурати сари вақт роҳандозӣ нагардидани чораҳои зиддибӯҳронӣ рушди иқтисоди миллӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 эҳтимол ба 1,2 фоиз ба ҷои 4,2 фоиз баробар мегардидааст.

Ҳамчунин қайд гардидааст, ки ХБА дар асоси натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дурнамои худро оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон бозбинӣ намуда, онро аз 2 дарсад таназзули қаблӣ то ба 1 дарсади рушд баланд намудааст.

Ин дар ҳолест, ки  моҳи июни соли равон ХБА дурнамои рушди иқтисодии кишварҳои ҷаҳонро нашр намуда, рушди Тоҷикистонро – 2 дарсад пешбинӣ карда буд.

“Virus shut out” вирускуш ё фиреби мардум?

0
Сурат: e.vnexpress.net

Дар вилояти Суғд мақомоти тандурустӣ ҳудуди 600 адад блокатор ё масдудкунандаи вирусро мусодира ва як занро бо гумони тақсимкунанда боздошт кардаанд.

Тоҷикистон аввалин кишваре нест, ки “Virus shut out” вирускуш ё блокатор, фурӯхта мешавад, дар Узбекистон ва Русия низ ин мавод дар фурӯш қарор доштааст.

Дар Узбекистон аз 6 то 24 доллари амрикоӣ, муодили 60 то 240 сомонӣ ё Русия аз 1 то 1 ҳазору 200 рубл, ҳудуди 140 то 200 сомонӣ арзиш доштааст.

Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Абдумавлон Абдуллозода, ба “Sputnik Тоҷикистон” гуфтааст:

“Ин мавод ягон ҳуҷҷату сертификат надорад, тайи чанд рӯз дар бозору  дорухонаҳо кормандони мо онро мусодира карданд. Аз сӯи идораҳои зидахли вазорати тандурустӣ барои воридоташ тавсия нашудааст. Онро ғайриқонунӣ вориди бозор кардаанд. Мо ба прокуратура ва раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд ҳам маълумотнома пешниҳод кардем”.

Аз руйи маълумоти интишор гардида гуфта мешуд, блокатор ё масдудкунандаи вирус таҳти унвони “Virus shut out” ё “вирускуш” ҳудуди як ҳафта аст, ки дар  шаҳри Хуҷанд, ба яке аз молҳои серхаридори дорухона, ҳатто бозору дастфурӯшиҳо табдил ёфта буд, ки аз 10 то 15 сомонӣ  арзиш дошт.

Мардум онро ба унвони “бейҷик ё биркаи каронавирус” харидорӣ намуда, ба ин боваранд, ки ин “бейҷик” онҳоро то як моҳ аз “вируси корона” ҳимоя мекунад ва онро то 1,5 метр дар ҳаво маҳв месозад.

Ба гуфтаи сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ҳоло ба истилоҳ блокаторҳо ё вирускушро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, маълум гардидааст, ки онҳо зоҳиран моли кишвари Ҷопон мебошанд.

Абдумавлон Абдуллозода мегӯяд, дар навиштаҷоте, ки бо ҳуруфи ҷопонӣ навишта шудааст, бо ҷалби мутахассисон онро тарҷума карда, маълум кардаанд, ки гӯё аз хлориди натрий иборат аст. “Ҳамзамон гуфта шудааст, ки онро бачаҳои то 9-сола набояд истифода кунанд, ё агар ба чашм расад, зарар мерасонад. Чӣ зарар? Маълум нест. Ҳоло ин ҳамаро таҳти таҳқиқ қарор додаем”, – гуфтааст Абдуллозода.

Дар муаррифиномаҳои ширкатҳои фурӯшанда, блокатори “Virus shut out” моли ширкати Tao Sangyo-и Ҷопон буда, аз диоксиди хлор (CLO2), ки хусусияти зиддиуфунӣ карданро дорад, иборат ва комилан эмин, корбурдиву роҳат мебошад ва пӯсти инсонро аз вирусҳо, бактерияҳо ва микробҳо муҳофизат мекардааст.

Ба гуфтаи мақомоти тандурустии вилояти Суғд “вирускуш” – е, ки вориди Хуҷанд шудааст, тамоман чизи дигар будааст.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом Пӯлодзода, сардори Саррраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, гуфтааст,    ҳангоми таҳқиқи ин блокатор дар озмоишгоҳ маълум шуд, ки хлориди натрий, худи хлор ё калсий хлор дар таркиби он аслан нест.

Ба гуфтаи Пӯлодзода “Маълум нест, ки он чӣ аст. Муайян карда нашуд. Мо фақат маълум кардем, ки он як маводи ғайристандартӣ буда, он гуна, ки муаррифӣ шудааст, намебошад. Ин ки дар таркиби он чӣ ҳаст, пас аз машварат ва озмоишҳои тамоми ниҳодҳои масъул дақиқ карда мешавад. Мо тамоми кормандонамонро ба мағозаву дорухона ва бозорҳо фиристодем, то ба фурӯшандаҳо ва мардум фаҳмонанд, ки эҳтиёт шаванд”.

Андозсупорандагони бузург чаро андозҳояшонро пардохт намекунанд?

0

Аз ҳисоби ҷамъоварии андоз дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон зиёда аз 646 млн сомонӣ (ҳудуди 63 млн доллар) камтар маблағ ворид шудааст.

Аз Кумитаи андоз назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфтаанд, даромадҳо ба буҷет аз ҳисоби ҷамъоварии андоз дар ин давра ба ҷойи беш аз 8,1 млрд сомонии пешбинишуда наздики 7,5 млрд сомониро ташкил додаанд, ки 7,9% камтар аст.

Гуфта мешавад, камшавии даромад аз ҳисоби андоз пеш аз ҳама, ба андозсупорандагони бузург вобаста будааст, ки маблағи даромад аз онҳо ҳамагӣ 53% аз нишондиҳандаҳои нақшавиро ташкил кардааст.

Дар идома гуфтаанд, дар робита ба пандемияи коронавирус ҳаҷми хизматрасониии ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо кам шуда, чанде аз корхонаҳо дар вазъияти душвори молиявӣ қарор доранд.

Дар натиҷа, бақияи қарзҳо аз андоз дар соли равон 440 млн сомонӣ афзуда, ҳаҷми умумии он (бо назардошти солҳои пешин) то 1 октябри соли ҷорӣ зиёда аз 1 млрд сомонӣ расидааст.

Ҳамчунин гуфта шуда, ки афзоиши қарз аз андоз дар соли ҷорӣ дар навбати аввал аз ҳисоби андозсупорандагони бузурге чун ҶСК “НБО Сангтӯда-1” (115,6 млн сомонӣ), ҶСК “НБО Роғун” (43,2 млн сомонӣ), ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (22 млн сомонӣ), ҶСК “Тоҷиктелеком” (18,8 млн сомонӣ), фурудгоҳу ширкатҳои ҳавопаймоӣ (67,8 млн сомонӣ) будааст, ки натавонистаанд андозҳояшонро сари вақт пардохт кунанд.

Дар идома зикр гардидааст, ки қисмати зиёд ё пурраи бастаҳои назоратии саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” (95%), ҶСК “ТАЛКО” (100%), ҶСК “Тоҷиктелеком” (95%), фурудгоҳҳо (100%), ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” (100%) дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор доранд.

Дар сармояи оинномавии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” 75% (тарҳи 1 саҳмия) ба ширкатҳои русиягӣ тааллуқ дошта, ҳиссаи Ҳукумати Тоҷикистон ба 25% баробар аст. Лекин қобили зикр аст, ки аз ҳисоби интиқоли барқ ШСХК “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” зиёда аз 1,6 млрд сомонӣ қарздор буда, бастаи пурраи саҳмияҳои ширкат ба Ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад, – омадааст дар хабар.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз якуми моҳи ноябр метавонанд барои адои Умра сафар кунанд

0
Сурат: afp

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз якуми ноябр метавонанд барои адои Умра ба Арабистони Саудӣ сафар намоянд. Давлати Саудӣ Тоҷикистонро шомили кишварҳое кардааст, ки шаҳрвандонашон ҳақ доранд маросими Умраро аз моҳи оянда шуруъ кунанд.

Афшани Муқим сухангуйи Кумитаи дини Тоҷикистон ба “Азия- Плюс” гуфтааст:

“Мо дар расонаҳо хондем, ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи Умра карданро додааст. Дар ҳоли ҳозир раҳбарии ширкатҳои “Расул” ва “Ормон”, ки ба ҳамлу нақли шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои Умра сару кор доранд, машғули омода кардани санадҳои лозим барои сафарбар кардани гурӯҳи аввал ҳастанд”.

Ин тасмим пас аз оне гирифта шуда, ки Арабистони Саудӣ барои пешгирии аз паҳншавии бемории COVID-19 марзҳои худро бар рӯйи ҳама давлатҳо баст ва баъд аз моҳи (июн) ба тадриҷ Умра намуданро барои мусалмонони дунё иҷозат дод.

Тибқи маълумоти Кумитаи дин, соли гузашта 3 ҳазору 273 шаҳрванди Тоҷикистон ибодати Умраро анҷом дода буданд.

Вазорати Ҳаҷ ва Умраи Саудӣ хабар додааст, ки зоирин бояд қарантини серӯзаро ҳангоми расидан ба ин кишвар пушти сар кунанд. Мувофиқи  қоидаҳои давраи ҳамагирии коронавирус зоирин бояд пеш аз 72 соати расидан ба Саудӣ тест супорида бошанду маълумотномаи гирифтор набудан ба коронавирусро бо худ дошта бошанд.

Ҳамчунин мувофиқи қоидаҳои нав дар ин марҳила танҳо ба шаҳрвандони аз 18 то 50-сола иҷозаи адо кардани маросими Умра дода мешавад.

Гуфта мешавад, зоирини хориҷӣ дар ин давра ба гурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд, ки набояд як гурӯҳ бештар аз 50 нафар бошад. Баъд аз хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла,Тоҷикистонро ба кишвараш барои адои Умра муваққатан боздошта буд.

Назари Шӯрои уламои Тоҷикистон дар бораи ҳоводиси ахири Фаронса

0

Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон баъд аз ҳодисаи кушта шудани муаллими таърихе, ки барои донишомӯзон корикотураи Паёмбари ислом Муҳаммад (с)-ро ҳамчун озодии баён нишон медод, гуфт, ки расми корикотураҳои Паёмбар Муҳаммад (с)-ро идома медиҳад ва бештар ба намоиш мегузорад.

Дар пайи қарори президенти Фаронса барои идомаи нашри корикотурҳои Паёмбар Муҳаммад (с) аксар давлатҳои арабӣ ва исломӣ дар сатҳҳои гуногун онро маҳкум карданд ва дар давлатҳои исломӣ ва мусалмоннишин таблиғоти таҳрими молу маҳсулоти фаронсавӣ ба роҳ монда шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон то кунун дар ин қазия мавқеи худро изҳор надоштааст.

Дар ин мавзӯъ хабаргузории “Asia Plus” бо Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон суҳбате анҷом дод.

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфтааст, ки масъалаи диннӣ, масхараву таҳқир кардани чӣ шиорҳои исломӣ бошад чӣ шахсиятҳои олами ислом, бисёр мавзӯи ҳассос аст. Пайғамбар Муҳаммад (с) шахсияти муҳими исломӣ ҳаст ва дарку фаҳми Қуръон тавассути Паёмбар шудаасту Муҳаммад (с) миёнарав байни башарият ва Худованд аст.

Абдулқодирзода мисол овардааст, ки агар падару модар ва ё ҳамсари ягон раҳбари давлатро масхара кунанд, он раҳбари давлат, коре мекунад, он нафари масхара кардаро то паси панҷара мебарад ва ҳатто намегузорад ҷон ба саломат барад. Паёмбари ислом барои мусалмонҳо, аз ҳама наздиконашу ҷонашон болотар ва намояндаи Парвардигор дар рӯйи замин, шахсияти муққадас ва бузург аст.

“Барои ҳамин мо кори он ҷавонеро, ки аз ҳаёт чизе надида буд, таъйид намекунем, дар ҳақиқат нодуруст кардааст. Зиёдаравӣ кардааст. Вале зиёдаравии ӯ дар асоси нодурустии кори он муаллим буд, ки шахсияти бузурги исломро таҳқиру масхара кардааст. Ба ақида ва эътиқоди динии мардум, фарқ намекунад хоҳ яҳудӣ аст, хоҳ мусалмону маҷусиву масеҳӣ иҳонат кардан, кори бисёр хатарнокест, ки пайомадҳои ҷиддӣ дорад”.

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар суҳбат бо “Asia Plus” гуфтааст,  ки исломро бо терроризм айбдор кардан ё муттаҳам донистан муд шудааст. Ҳоло он ки Ислом дини сулҳ аст.

Абдулқодирзода мегӯяд, ки бибинед аз соли 2009 исломро ба терроризм ва тундгароӣ туҳмат карданд, чӣ қадар хунрезӣ ва нооромӣ ба вуҷуд омад.

“Барои ҳамин ин оқибати хуб надорад. Бояд инсон аз ин гуна рафторҳо ҳазар кунад, чунки ақли солим инро намепазирад. Инсон тарзе рафтор кунад, ки на ба худ ва на бадигарон зарар бирасонад”.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи панҷшанбе 16 октябр як ҷавони 18-солаи чечентабор дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса муаллими таърих Самуэля Патро барои намоиш додани корикотурҳои таҳқиромез зидди Паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар назди мактаб ба қатл расонда сари ӯро аз танаш ҷудо кард. Ҳангоми расидани пулис ӯ низ кушта шуд. Ҳодисаи куштори муаллимро ҳама мусалмонон маҳкум карданд.

Барои сабукӣ овардан ба муҳоҷирон қонуни наве дар Русия баррасӣ мешавад

0

Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 26 октябр тарҳи ислоҳи қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия” -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо фаъоляит намоянд. Тибқи ин пешниҳод,  рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

Коршиносони умур ба ин назоарнд, ки дар сурати қабул гардидани ин пешниҳод барои муҳоҷирони тоҷик, хело субакиҳо мешавад, зеро ҳоло   бештари маблағи пайдо кардашон ба патент ва гузоштани қайд масраф мегардад.

Як коршиноси масоили муҳоҷират ба шарти бурда нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт:

“ Агар ин пешниҳоди вазорати корҳои дохилии Русия қабул гардад, барои муҳоҷирон хело сабукиҳо меовард, вале  фикр мекунам, чунин пешниҳод барои Русия созгор нест, Ҳукумати Русия бубинед, солона аз ҳисоби пули патент чанд қадар фойда ба даст меорад.”

Бояд як чизи дигарро дар ин маврид зикр кард, ки имкон дорад, ин пешниҳод қабул гардад, бубинед, ки ҳоло дар намояндагони Расмии ҳукумати Русия набудани муҳоҷиронро эҳсос карданд,  чанд ширкатҳову чанд коргоҳо аз коргар танқисӣ мекашанд, шояд ба ин хотир дигар ба муҳоҷирон сабуки пешниҳод намоянд. Мегӯяд, ҳамсуҳбати мо.

Дар Русия  муҳоҷирон метавонанд, ки аз ин пас ройгон аз тести каронавирус, ВНМО (СПИД)ва дигар беморҳо гузаранд,   тамоми маълумҳояшон махфӣ нигоҳдори карда мешавад.

Ин иқдом аз ҷониби   фонди Viva Glam, маркази федералии ВНМО (СПИД) ва гурӯҳи коршиносии минтақавӣ доир ба сиҳатии муҳоҷирони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар заминаи бунёди хайриявии “Шаги” (“Қадамҳо”) лоиҳаи башардӯстона ҷиҳати пешгирии бемориҳои ВНМО (СПИД) ва COVID-19 “Қадам ба солимӣ” роҳандозӣ шудааст.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо нашри эъорн аз муҳоҷирони  меҳнатӣ  хостааст, барои гузоштан  аз тести   муроҷиат намоянд, ташхис ройгон буда, тамоми маълумотҳояшон  махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамчунин  дафтари матбуоти намояндагӣ, ҳадафи асосии барномаи мазкур солим нигоҳ доштани муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи пандемияи COVID-19 унвон кардааст.

Дар доираи лоиҳа хоҳишмандон метавонанд ройгон ва ба таври махфӣ ташхиси таъҷилиро барои муайян кардани бемориҳои ВНМО, гепатити В, С ва сифилис гузаранд ва маводи зарурии пешгирикунандаи бемориҳои ВНМО ва COVID-19 гиранд, зикр гардидааст, дар хабарномаи дафтари намояндагӣ.

Дар идома гуфта шадаст, ҳамзамон дар ҳолати зарурӣ, тариқи платформаи маҷозӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои фонд ба муҳоҷири меҳнатӣ машварати мутахассиси бемориҳои сироятӣ, генетикӣ, равоншинос ва коршиноси наркология дода мешавад.

Тамоми машваратҳо ройгон ва махфӣ, буда аз рӯзҳои душанбе то ҷумъа, аз соати 14:00 то 19:30, бо телефонҳои +7967-079-71-45, +7915-462-55-21, +7915-452-83-92 сурат мегиранд.