Хона блог саҳифа 765

Президенти ояндаи Тоҷикистон муайян шуд. ҲХДТ номзад ба интихоботи президентиро пешниҳод кард

0

Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикисктон имрӯз 3- сентябр номзадии Президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи президентии 11 октябр пешниҳод кард. Дар ин бора сомонаи ҳукуматии “Ховар” хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин сомона, имрӯз дар Кохи Борбад Анҷумани XIV- ҲХДТ баргузор гардидааст. Дар ин анҷуман аз тарафи вакил Зубайда Шарипова номзадии президент Э.Раҳмон ба мансаби Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳамаи вакилони Анҷуман дастгирӣ ёфтааст. Намояндагони расонаҳои мустақил барои иштирок дар Анҷумани ҲХДТ, иҷозат наёфтаанд.

Ба гуфтаи масъулони ҲХДТ ин ҳизб 496 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 37% онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мухолифин мегӯянд, ин рақам дар натиҷаи истифода аз қудрат ба даст омадааст.  

Пеш аз баргузории анҷумани ҲХДТ, номзадии Э.Раҳмон барои ширкат дар интихобот аз ҷониби Иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.

То имрӯз 7 номзад аз иштироки худ дар интихобот хабар додаанд, ки 2 нафари онҳо аз тариқи худпешбарӣ мебошанд.

Ягона ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон аз иштирок дар интихобот даст кашида, интихоботи 11-уми октябрро ғайриқонунӣ номида онро бойкот кард.

Э. Раҳмони 68-сола, 28 сол шуд зимоми қудратро дар даст дорад. Тибқи Конститутсияи Тоҷикистон як нафар метавонад ду давраи ҳафтсола раҳбари давлат бошад, вале Президент Раҳмон қаблан бо тағйири Конститутсия, ҳаққи роҳбарии худро то соли 2020 тамдид кард ва соли 2016 бо дарёфти мақоми Пешвои миллат ҳамчунин ҳаққи пешбарии бидуни маҳдудият ба президентиро низ ба даст овард.

То пешбарии номзадии Э.Раҳмон ҳадсу гумонҳо дар бораи президенти ояндаи Тоҷикистон зиёд буд. Баъзеҳо бар ин назар буданд, ки номзадии шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлисӣ Олӣ Рустами Эмомалӣ дар интихоботи 11 октябр пешниҳод мегардад ва ба ин тариқ сенарияи интиқоли қудрат аз падар ба писар татбиқ мегардад. Пештар коршиносон гуфта буданд, ки бо муайян шудани номзади ҲХДТ исми президенти ояндаи Тоҷикистон низ муайян мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: вазъияти ҷаҳон торафт мураккабтар мешавад

0
Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Рӯзи 3 сентябр Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Гвардияи миллии Тоҷикистон суханронӣ намуда, хизматчиёни низомиро ба омодабошии ҳамешагии ҳарбӣ даъват кард. Инчунин Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳарбиёнро аз гурӯҳҳои террористӣ ва редикализми динӣ ҳушдор дод.

Ӯ гуфт Ҳукумат бо дарназардошти вазъияти ҷаҳони муосир, ки рӯз ба рӯз печида мегардад, барои омодабошии ҷангӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Гвардияи миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкониятҳо барои таъмин намудан бо силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ ба роҳ мондааст. Э.Раҳмон таъкид намуд, ки ҳукумати кишвар ба омодабошии ҷангӣ диққати бештар дидаистодааст.

Эмомалӣ Раҳмон Гузашти ҳарбии навбатӣ ва ҳузури ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳро дар ин Гузашти ҳарбӣ нишони садоқат ба Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон унвон кард.

Инчунин Рисҷумҳур зимни суханронияш хизматчиёни ҳарбиро аз ҳаракатҳои террористӣ ва радикализми динӣ ҳушдор дод:

“Дар шароите, ки сокинони сайёра ва минтақаҳои алоҳидаи он таҳти таъсири гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро, радикализми динӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, аз ҷумла қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои дигар торафт ноором шуда истодааст, ҳар як хизматчии ҳарбӣ – аз сарбози қаторӣ то афсари баландрутба вазифадор аст, ки барои ҳимояи истиқлолу озодии Ватан, амнияти давлат ва ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳушёру омода бошад.”

Коршиносон мегӯянд, чанд соли ахир Э.Раҳмон аз ҳаракатҳои сиёсии исломӣ ва табақаи рӯҳонияти кишвар интицоду ташаддуди бесобиқа доштааст ва дар аксари вохӯриҳо ва суханрониҳояш дар ин маврид сухан мегӯяд. Ба назари онҳо бастану террористӣ эълон кардани ҲНИТ ва маҳдудиятҳои зиёди динӣ дар Тоҷикистон далили гуфтаҳои болост.

Як ҷавони бадахшӣ барои шикасти зулму ситам номзадиашро ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кард

0
Иргашов Фаромӯз, акс аз навори видеоӣ

Иргашов Фаромӯз, як ҷавони ҳуқуқшиноси 30-сола аз шаҳри Хоруғ номзадиашро ба интихоботи президентии 11 октябр пешбарӣ кард. Ин ҷавон 2 сентябр бо нашри муроҷиати видеоӣ дар шабакаи Ютуб аз ин иқдомаш хабар додааст ва сомонаи “Ахбор” онро нашр кард.

Ӯ оиди ин тасмимаш мегӯяд, давоми 7 соли корияш ҳамчун ҳимоятчии ҳуқуқи шаҳрвандон дар шаҳри Хоруғ ва дигар навоҳии ВМКБ зиёд беадолатиҳоро дар мурофиаҳои судӣ ва зулму ситам аз ҷониби мақомоти қудратӣ нисбати шаҳрвандон мушоҳида кардааст ва мехоҳад бо иштирокаш дар интихобот ҳукуматро аз фасоду фасодкорон пок созаду зулму ситами мақомотро аз байн барад.

Ба гуфтаи Эргашов, аксари кормандони давлатии имрӯза ба фасодкорӣ машғуланд ва ҳокимиятро барои худ ҳамчун хонаи истиқоматӣ кардаанду касеро ба он ворид шудан намемонанд. Ӯ меафзояд: “ҳокимиятро бояд аз чунин одамон тоза намуд. Ин гуна кормандони давлатии фасодкор набояд дар давлат кор кунанд”.

Ин ҷавон дар суҳбати худ гуфт, ки касе ва ё гурӯҳу ҳизберо намояндагӣ намекунад ва худпешбар аст. То ҳол 38 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намудааст ва барои ба қайдгирии номзадияш аз мардум хост ӯро дастгирӣ намоянд то имзоҳои заруриро, ки 250 ҳазор аст, ҷамъоварӣ намояду номзадияшро ба қайд гирад.

Дар шабакаи иҷтимоӣ зери ин навор шарҳҳои зиёде навишта шуда, баъзеҳо ба ин ҷавон маслиҳат додаанд, ки аз ин рӯз ба баъд бояд бо муҳофизи шахсӣ гашту гузор кунад, чун ин ҷуръатро ҳукумати Тоҷикистон қабул намекунад ва шахси худпешбар эҳтимол зиндонӣ мешавад ва ё зери таъқибу фишори мақомот қарор мегирад.

Дар Тоҷикистон ин бори аввал аст, ки корманди давлатии ҷавон ва норозӣ аз низоми имрӯзаи ҳукумат ба тариқи худпешбар номзадиашро ба интихоботи президентӣ пешбарӣ менамояд. Коршиносон мегӯянд, ин таҷрибаи аввал аст ва эҳтимоли пирӯзшавии чунин худпешбарҳо дар интихоботҳои Тоҷикистон бисёр заиф аст ва ҳатто мешавад гуфт, қариб ки номумкин аст.

Анвар Иброҳимиён, коршиноси масоили сиёсӣ дар суҳбат ба “Аздо тв” гуфт, “Агарчи дар Тоҷикистон қонун иҷозат медиҳад, ки ҳар ҷавони 30-сола бо шарти 10 соли ахир дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан ва боз шартҳои дигар метавонад номзадиашро ба интихобти президентӣ пешбарӣ кунад, аммо дар воқеият ин амалишаванда нест. Ин қонун танҳо барои писари худи Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ метавонад татбиқ шавад. Шахсоне, ки берун аз доира ва фармони мақомот номзадиашонро пешбарӣ мекунанд, на танҳо дар интихобот ғолиб намеоянд, балки барои шахси пешбар низ авоқиби чандон хубе надорад”.

Ду раис дар як ҳизб, яке интихоботро қабул дорад дигарӣ онро ғайриқонунӣ ва ҷиноят медонад

0

Раиси ҷиноҳи дигари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Мирҳусейн Нарзиев, бо пахши як изҳорот гуфтааст, ҲСТ бинобар хилофи Конститутсия таъйин намудани интихоботи президентӣ, баргузор гардидани он ғайриқонунӣ мебошад.

Нарзиев бо далелҳое мисли: таҳти дахолати ҳукумат қарор доштани ҷараёни интихобот, набудани имкониятҳои баробар ба ҳизби ҳоким ва аҳзоби мухолифин, инчунин фурсати кам ҷудо кардан барои ҷамъоварии 5% имзои интихобкунандаҳо дар баробари ин, интихоботи президентиро бе номзадҳои алтернативии воқеӣ (яъне ҳизбҳои оппозитсионӣ) доир намудан, тасарруфи ҳокимияти давлатӣ ва ҷиноят меҳисобад. Ба назари ӯ интихоботи навбатии президентӣ бе истифодаи технологияи нав «саҳначаи» қаблан тарҳрезикардаи ҳукумат аст. Бо ин далоил, ҳизби ӯ ин интихоботро ғайриқонунӣ  унвон мекунад.

Мирҳусайн Нарзиев мегӯяд: “Рӯзи 6 август ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ хилофи талаботхои Конститутся тариқи оҷили интихоботи Президенти мамлакатро эълон намуданд. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон интизорӣ дошт, ки интихоботи навбатии Президентӣ бо истифода аз технологияи нав – интихоботи биометрӣ баргузор мегардад, ки чунин шакли овоздиҳӣ ба тақаллубкориҳо хотима мебахшад. Новобаста аз ба даст овардани суботи сиёсӣ дар Точикистон, интихоботҳои тақаллубкоронаи қаблии Президентӣ ва Порлумонӣ бо ширкати номзадҳо аз гурӯҳ ва ҳизбҳои ҳукуматисохт, Тоҷикистонро аз меъёрҳои демократӣ ба канор бурда, боиси: рӯшди бемайлони фасод, ки ба амнияти давлат таҳдид намуда истодааст;  хилофи Конститутсия ба Чин додани 1158 км мураббаъ масоҳати мамлакат, риоя нашудани адолати иҷтимоӣ (дар мисоли тақсими беадолатонаи моликияти Шӯравӣ инчунин нафақаи ночизтарин, ки боиси болоравии шиддати иҷтимоӣ ва хориҷи кишвар рахти сафар бастани садҳо ҳазор шаҳрвандон; аз байн бурда гуногунафкории сиёсӣ ва амалан ба яккаҳизбӣ раҳандозии аҳзоб; тасарруфи маблағҳои мизоҷон аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, набудани назорати мардумӣ аз болои харҷи маблағҳои бӯҷҷа ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд. Баргузории интихоботи Президентӣ тибқи “сахнача”-и қаблан тарҳрези намудаи ҳукумат (яъне танҳо бо ширкати ҲХДТ ва ҳизбҳои ҳукуматисохт, ки ба хотири фиреби назари интихобкунандагон ва ҷомеаи ҷаҳон тарҳрези шудаанд), мантиқи баргузории интихоботи демократиро комилан аз байн мебарад.”

Ба гуфтаи ин масъули ҷиноҳи ҲСТ, интихоботи президентӣ танҳо бо ширкати номзадҳо аз ҳизбҳои ҳукуматисохт (яъне ҲХДТ ва филиалҳои он) мантиқи интихоботи демократиро аз байн мебарад.

Мирҳусейн Нарзиев интихоботи президентии дар пешисотодаро аз номи ҷиноҳи ҲСТ таҳрим мекунад, “Барои гирифтани пеши роҳи тақаллубкориҳо ҳукумати Тоҷикистонро зарур буд, ки таҳти назари СММ, САҲА рестри ягонаи интихобкунандаҳоро бо усули биометрӣ то рӯзи интихобот омодаю баъдан дар ҷараёни интихобот истифода намояд. Чун фосила барои тайёр намудани руйхатти интихобкунандагон бо технологияи нав басанда нест, ҲСТ интихоботи Президентиро ғайриконунӣ, беэътибор аз рӯзи кабули қарори МН ва ММ ҳисобида, аз пешбарии номзади худ худорӣ ва интихобти Президентиро таҳрим менамояд”.

Аммо ҷониби ҷиноҳи дигари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуғаффор Ҳалимов на ин ки инихоботи президентро таҳрим мекунад, балки номзад ба курсии Президент пешниҳод шудааст.

Гуфтанист, ки ҲСТ дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта ва нахустин раҳбарии онро зан ба уҳда дошт. Дар соли 1997 раҳбарии ҳизбро Сафаралӣ Кенҷаев, раиси пешини Шӯрои Олӣ ба зимма гирифт. Соли 2000 пас аз  кушта гардидани  Кенҷаев, Мирҳусейн Нарзиев корманди Пажӯҳишгоҳи физики нуҷумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Соли  2004 дар миёни аъзо ва тарафдорони ин ҳизб ихтилоф ба миён омад. Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев дар моҳи июли ҳамон сол ҷаласа баргузор намуда  Мирҳусейн Нарзиевро аз роҳбарии ҳизб барканор карданд ва Абдуҳалим Ғаффоров роҳбар эълон шуд, вале  чанд сол мешавад, ки Нарзиев низ дар баробари Ғаффоров худро раиси ин ҳизб мешуморад.

Имсол барои ҷашни Истиқлол дар Тоҷикистон чорабиниҳои идона доир намешавад

0

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, ки дар қаламрави кишвар бахшида ба  ҷашни Истиқлол ҳамагуна чорабиниҳои тантанавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, конфронсу нишастҳои ҷашнӣ ва шабнишиниҳо мамнӯъ мебошад.

Сабаби баргузор нагардидани ҷашни Истиқлолро вобаста ба пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми каронавирус дар кишвар гуфтаанд. Аммо ба сайругашти мардум дар боғҳо ва маконҳои истироҳатӣ бо назардошти риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода шудааст.

Имсол дар Тоҷикистон 9 сенябр 29 солагии рӯзи Истиқлол ҷашн гирифта мешавад. Ҳамасола ҷашни Истиқлол бо ҷалби ҳазорҳо донишҷӯ дар тамоми гушаву канори кишвар бо тантана таҷлил мешуд. Ба хотири баргузории ҷашну маросимҳои давлатӣ ҳукумати Тоҷикистон миллионҳо сомонӣ аз буҷаи давлат сарф мекунад, ки ҳамеша зери танқиди коршиносон қарор мегирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи март дар баробари авҷи босуръати каронавирус дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯзӣ дар Хуҷанд бо тантанаи хос ва харҷи зиёда аз 3 миллион доллар баргузор гардида буд.

Қабалан Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки аз баргузории ҷашни Наврӯз худдорӣ намоянд, вале ҳукумати Тоҷикистон пофишорӣ намуда, ҷашни Наврӯзро баргузор кард, ки ба гуфтаи фаъолон ва мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон яке аз сабабҳои бештар паҳн гардидани коронавирус дар кишвар гардиданд. Муҳиддин Кабирӣ раҳбари гурӯҳи мухолифони табъидии ПМТ дар пайи ин амалкарди ҳукумати кишвар ба хотири зери хатар мондани чони зиёди шаҳрвандон, истеъфои Эмомалӣ Раҳмонро талаб карда буд.

Раиси комиссияи оид ба масоили марзӣ бо Қирғизистонро иваз шуд, оё вазъ беҳбуд меёбад?

0

Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷойивазкунонии мансабдорон Давлатшо Гулмуҳаммадзодаро раиси комисияи оид ба масолили марзӣ бо Қирғизистон таъин кардааст. То ин дам дар ин мақом Азим Иброрҳим собиқ муовини сарвазири Ҷумҳури Тоҷикистон кор мебурд.

Азим Иброрҳим, ки то ин вақт ба ҳайси муовини сарвизири Тоҷикистон ифои вазифа мекард, рӯзи 31 август бо фармони дигари Президент ба ҷойи Худоёрзода, собиқ вазири Нақлиёт, ки як моҳ қабл қасди худкушӣ карда буд, таъйин гардид.

Дар назар аст, дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Комиссия байни ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайян кардани хати гузариши сарҳад байни давлатҳо, доир гардад. Ҳайъати Тоҷикистонро муовини дигари сарвазир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ҳайси раис муаррифӣ мекунад.

Масъалаи аломатгузори марзҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки идома дорад ва то ба имрӯз ду кишвар дар ин ҷода ба мувофиқае нарасидаанд.

То ҳол дар пайи муноқишаҳои марзӣ, чанд нафар аз шаҳрвандони ду кишвар кушта ва захмӣ гардиданд. Коршиносон яке аз сабабҳои ба дарозо кашидани мушкилоти сарҳадиро ба сиёсатҳои нодурсти Тоҷикистон вобаста медонанд. Ба гуфтаи баъзе манобеи наздик ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, дар ин миён манфиатҳои тиҷоратии хонавода ва ё наздикони раисҷумҳур аст, ки худи ӯ намехоҳад онро ҳал кунад. Ба гуфтаи онҳо тамоми ҳуҷҷатҳо ва харитаҳо дар архив маҳфуз аст ва ҳалли ин мушкилот чандон кори сахте нест.

Як сол қабл Эмомалӣ Раҳмон бо Сооронбой Жээнбеков дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вохурӣ намуда буданд. Бисёриҳо интизор доштанд, ки баъди вохурии сарварони ду кишвар вазъият хуб мегардад, аммо чунин нашуд.

Давоми ду ҳафтаи 52 парвоз байни Тоҷикистону Русия анҷом меёбад

0

Шурӯъ аз дирӯз 1 сентябр то 15 сентяри соли ҷорӣ 52 парвози иловагӣ барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 1 сентябр хабар дод.  

Мақомот мегӯянд, парвозҳо дар мувофиқа бо ҷониби Русия тавассути ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон-Эйр” аз Маскаву Екатеринбург, Қазон, Санкт-Петербург, Краснодар, Новосибирск, Иркутск ва Сочи ба Душанбе анҷом  дода мешаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороти расмӣ  гуфтааст:   “Ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19) ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд.”

Рӯйхати  шаҳрвандонро барои роҳ додан ба парвозҳои чартерӣ комиссияҳои махсус дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии он дар дигар шаҳрҳои Русия тартиб  медиҳанд, гуфтааст, ВКХ.

Чанде пеш дар мавриди маҷбуран ба муҳоҷирон фурӯхтани маълумотномаҳо аз ҷониби сафорати Тоҷикистон ва ба мушкилӣ ба рӯйхат ворид кардани муҳоҷирон хабарҳо расонаӣ гардида буд. Муҳоҷирон гуфта буданд, ки дар сафорат онҳоро маҷбур мекунад, ки ба озмоишгоҳое, ки онҳо мехоҳанд ба онҷо раванд. Ба гуфтаи муҳоҷирон кормандони сафорат маълумотномаҳои озмоишгоҳои дигарро қабул надоранд.

Аз оғози парвозҳои маъмулӣ ё доимӣ байни Тоҷикистону Русия то ба имрӯз аз тарфи мақомоти расмӣ маълумоте дода нашудааст. Чанде пеш ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, ба дархости Русия дар бораи аз сар гирифтани парвозҳои маъмулӣ ҷавоби мусбат додааст, вале маълум нест роҳи доимӣ кай боз мешавад. Русия бо чанде аз кишварҳо, мисли Туркияв, Танзания, Бритониё ва ғайра аллакай парвозҳои доимиро ба роҳ мондааст. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон танҳо дар самти Дубай парвозҳои доимии худро барқарор кардааст.

Самтҳои парвозе, ки байни Тоҷикистону Русия то 15 сентябри соли ҷорӣ анҷом меёбад, аллакай муайян шудааст:

1 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

1 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

1 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;

1 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;

2 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

2 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

2 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

2 сентябри соли 2020, Краснодар-Душанбе;

3 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

3 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

3 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;

4 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

4 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

4 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

5 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

5 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

5 сентябри соли 2020, Иркутск-Душанбе;

6 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

6 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

6 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

6 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;

7 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

7 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

7 сентябри соли 2020, Сургут-Душанбе;

7 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;

8 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

8 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

8 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

9 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

9 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

9 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;

10 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

10 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

10 сентябри соли 2020, Сочи-Душанбе;

10 сентябри соли 2020, Красноярск-Душанбе;

11 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

11 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

11 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

12 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

12 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

12 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;

13 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

13 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

13 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

13 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;

14 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

14 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

14 сентябри соли 2020, Сургут-Душанбе;

14 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;

15 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

15 сентябри соли 2020, Маскав-Душанбе;

15 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе.

Узви фаъоли “Гурӯҳи 24” бори сеюм аст, ки дастгир мешавад

0
Акс аз саҳифаи фейсбуки Шобудин Бадалов

Шобуддин Бадалов як фаъоли “Гуруҳи 24” дар Русия боздошт шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии “Гуруҳи 24” хабар медиҳад. Ба навиштаи ин сомона Шобуддинро рӯзи 1-уми сентябр соати 9-и субҳ кормандони пулис дар шаҳри Нижний Новгороди Русия дар маҳалли зисташ дастгир кардаанд.

Масъулони “Гурӯҳи 24” мегӯянд, чанд нафар омада худро корманди шӯъбаи 5-уми Раёсати корҳои дохилӣ муаррифӣ намуда, Бадаловро бо мошин ба самти номаълум бурдаанд. Дар ҳоли ҳозир ҷойи боздошти ин фаъол маълум нест ва ба навиштаи сомонаи “Гурӯҳи 24” адвокатҳо дар ин самт кор карда истодаанд.

Пештар Шобуддин Бадалов бо Раҳматҷони Муҳаммад фаъоли дигари ин гурӯҳ баъд аз иштирок дар пикети эътирозӣ дар майдони Сурхи шаҳри Маскав боздошт шуда буданд. Онҳо бар зидди иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили 75-солагии Иди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ эътироз карда буданд. Додгоҳи Маскав ин фаъолони  “Гурӯҳи 24”-ро  ба 15 рӯзи ҳабс ва пардохти ҷарима дар ҳаҷми 15 ҳазор рубл маҳкум карда буд. Аммо пас аз адои ҳукм ва ба озодӣ баромадан худи ҳамон лаҳза дар назди дари маҳкама дигарбора онҳоро боздошт карданд ва боз ба 15 рӯзи дигар маҳкум шуданд.

“Гурӯҳи 24” соли 2012 дар Маскав аз ҷониби марҳум Умаралӣ Кувватов, ки 5-уми марти соли 2015 дар Истамбул кушта шуд, таъсис ёфтааст. Ин ҳаракати сиёсиро соли 2014 Додгоҳи олии Тоҷикистон бо як қарор мамнуъ ва экстремистӣ эълон кард. Раҳбарони “Гурӯҳи 24” ҳамагуна иттиҳомот алайҳашонро рад мекунанд ва қарори Додгоҳи олиро ғайриқонунӣ медонанд.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 02.09.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

БОЗДОШТИ ДИГАРБОРАИ ЯК УЗВИ «ГУРУҲИ 24» ДАР РУСИЯ.

52 парвози иловагӣ барои  баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия  ба роҳ монда мешавад.

Рақс бошад, суруд бошад, аммо на имсол. Тоҷикистон аз баругузории маъракаҳои бузурги оммавӣ даст кашид.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 01.09.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Шаҳрвандони бандмонади тоҷик аз гузаргоҳи “Жибек Жоли” ба Ватан оварда шуданд.

Нархи ҳобгоҳҳо боло рафт, дар чунин шароит  чаро ба донишҷуён тараҳум накарданд.

Боздошти шаҳрвандони тоҷик дар Қирғизистон. Инҳо чӣ гуна ва чаро дастгир шуданд?