Ин дар ҳолест, ки дирӯз 31 август давлатҳои Литва, Эстония ва Латвия дар бораи манъи вуруди раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ва инчунин 29 мансабдори дигари Беларус қарор қабул карда, алайҳи онҳо таҳрим эълон карданд.
Пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентии 9 августи Белорус ва баранда эълон шудани Александр Лукашенко мардум ба хиёбонҳо рехтанд ва аз натиҷаҳои эълоншуда норозигӣ намуда даст ба эътироз заданд. Эътирозгарон аз Лукашенко, ки 26 сол мешавад Белорусро идора мекунад, талаб доранд аз қудрат канор биравад ва барои шахси дигар фурсат диҳад.
Агентии омори назди президенти ҶТ, гуфтааст, аз моҳи январ то моҳи июли соли сипаригардида муомилоти мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон 148,4 млн долларро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо 7 моҳи соли 2019 11,3% кам шудааст.
Пулиси Маскав бо интишори як видио хабар дод, ки як нафар зодаи кишвари Осиёи Марказиро бо 7 килло героин боздошт кардааст, аммо аз кишвари боздоштшуда номбурда нашудааст, вале аз шиносномаи марди боздоштшуда маълум аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Гуфта шудааст, ки баргардонидани шаҳрвандон бо ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифтааст, ки бо парвози махсуси ширкати “Сомон Эйр” муталлиқ ба Ҳасанд Асадуллозода, додарарӯси Президент, анҷом пазируфтааст.
Қабалан низ чунин бозгардониҳо буданд, ки мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки бо дастур ва ҳидоятҳои Президент, муҳоҷирони дармонда дар марзи Қазоқистон ва Узбекистонро бар гардонидем. Вале баъдтар сафи дармондаҳо бештар шуд ва бо дахолат ва кумаки давлати Норвегия шаҳрвандони Тоҷикистон аз марз, ки рӯзҳои зиёде азоби сахтро аз сар гузаронида буданд, ба Ватан бозгардонида шуданд.
Вале як манбаъ аз Ҳукумати ноҳияи Шаҳритус ба “Аздо тв” ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, “Ин бозор ба ном ба ихтиёри Тоҷикматлубот қарор дорад ва дар тақсимоти ҷойҳои тоҷирон, на ба Тоҷикматлубот ва на Раиси ноҳия дахл дорад, онҳо ҳеҷ коре карда наметавонанд, зеро дар паси ҳамаи ин корҳо Муҳиб Асадуллозода додарарӯси раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки дар Шаҳритус бе иҷозаи ӯ касе як хасро аз ҷояш ҷумонда наметавонад”.
Шояд ба хотири интихоботи дар пешистода ҷойҳои тоҷиронро се чор метр неву ду метри тақсим кунанд, вале боз агар Ҳоҷи Муҳиб розиги диҳад, агар ӯ не гӯяд, касе коре карда наметавонад, мегӯяд манбаи мо.
Айни ҳол дар ноҳияи Шаҳритус ду бозор фаъол аст, бозори марказӣ ва бозори “Ином”. Чанд сол пеш моликони бозори “Ином” бар сари тақсими бозор бо Муҳибулло Саъдуллоев, ба таъбири худаш “номардбошу зинда бош” баҳс доштанд, ки дар натиҷа молики асосии бозори “Ином” Абдуллоев барои чанд сол равонаи зиндон шуд.
Оташсӯзӣ дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус 28-уми майи имсол рух дод. Тоҷирон мегӯянд, мақомот ба онҳо ваъдаи сабукӣ дар пардохти андозу баҳраҳои бонкӣ доданд, аммо нагуфтанд, ҷуброни зарарро кӣ пардохт мекунад. Мақомот зиёни сӯхтор дар бозори марказии ноҳияро беш аз 4 миллион сомонӣ (400 ҳазор доллар) ҳисоб карда буданд.