Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳварндони тоҷике, ки дар донишгоҳҳои олии ҷумҳуриҳои Украина ва Беларус таҳсил доранд, ё қабул шудаанд, ҳангоми хариди билети бозгашт бояд ҳуҷҷати донишҷуйии худро нишон диҳанд.
Гуфта мешавад, барои дарёфти билет онҳоро зарур аст, ки мустақиман ба намояндагии ширкати «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд. Дар назар аст шуруъ аз 30 август тавассути хатсайри «Сомон Эйр» парвозҳои чартерии Душанбе-Минск ба роҳ монда мешаванд.
Рӯзи 27 август Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 парвозҳои чартерӣ дар самтҳои Душанбе-Минск ва Минск-Душанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» қарор қабул намуд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, хостааст, талаботи санитарию эпидемиологиро дар кишварҳо риоя намоянд.
Ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон сафоратҳои Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Беларус ва Украина дастур додааст, ки дар таъмини транзит аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд.
Муҳаммадмурод Одинаве муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш бо як навиштае аз ҳукумати Тоҷикистон ва аз шахси президент Эмомалӣ Раҳмон интиқод намуда, вазъияти муҳоҷирон ва ғайриқонунӣ таъйин шудани рӯзи интихоботро ба миён гузоштааст.
Ӯ бар ин бовар аст, ки бо баргузории интихоботи президентӣ ва онҳое, ки ҳамчун номзад ба ин мақом аз ҷониби ҳизбҳояшон пешбарӣ шудаанд, чизе дар сиёсати давлатдорӣ тағйир намеёбад ва мушкилии асосии миллати тоҷик ин муҳоҷират аст, ки дар ин давра низ ҳали худро намеёбад.
Ҳамчунин дар назар аст дар соли 2020 кумаки маҷмӯии БОР ба Тоҷикистон 320 миллион доллар дар шакли грант, ба шумули лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии бахши давлатӣ, маориф ва энергетика хоҳад буд.
Инчунин як бастаи вокуниши таъҷилӣ ба COVID-19 дар ҳаҷми 52,5 миллион доллар низ шомил мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 ба узвияти Бонки Осиёии Рушд шомил гардидаааст. Аз он замон то ҳол аз бонки мазкур дар ҳаҷми зиёда аз 1,9 миллиард доллар кумак гирифтааст, ки 1,4 миллиард доллари онро грантҳо ташкил медиҳанд.