6.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 80

Ҷанги Русия ва Украина ба поён мерасад?

0

Москва пешниҳод кард, ки музокирот бидуни ягон шартҳои муқаддамотӣ оғоз шавад, аммо Киев аввал мулоқоти рӯбарӯ бо Путинро талаб кард.

Шаби 11-юми май Владимир Путин, расиҷумҳури Русия дар изҳороте гуфт, ки бо пешниҳоди Амрико барои оташбас бо Украина розӣ аст, аммо “бидуни шартҳои муқаддамотӣ.”

Путин ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар ду моҳи охир Русия се бор – аз 18 март барои 30 рӯз, аз 19 то 21 апрел ва аз 8 то 11-уми май ба муносибати 80-солагии Ҷашни Ғалаба пешниҳоди оташбаси муваққат додааст, аммо Украина ба ин пешниҳодот пойбанд набуд.

Раисҷумҳури Русия афзуд, ки дар музокироти қарибулвуқуе, ки қарор аст дар Истамбули Туркия доир гардад, мумкин аст дар бораи оташбаси воқеӣ, ки ҳам аз тарафи Русия ва ҳам аз тарафи Украина риоят шавад, мувофиқат кунанд. Ӯ таъкид намуд, ки ин музокирот метавонад қадаме “ба сӯи сулҳи дарозмуддат ва устувор” бошад.

Дар навбати худ Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина эълом кард, ки омодааст 15-уми май барои дидори рӯбарӯ бо Путин ба Истанбул сафар кунад. Ӯ гуфт: “Дигар далиле барои идомаи куштор вуҷуд надорад. Ман шахсан рӯзи панҷшанбе дар Туркия мунтазири Путин хоҳам буд.”

Ризоияти Путин дар бораи сари мизи музокирот нишастан бо ҷониби Украина дар Истамбул чанд соат пас аз он садо дод, ки гурӯҳе аз раҳбарони кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла нахустзирони Британия Кир Стармер, Олмон Фридрих Мертс, Лаҳистон Доналд Туск ва раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба Киев сафар карда, онҷо тарҳи музокиротии худро пешниҳод карданд.

ٌКишварҳои ғарбӣ барои сулҳ ва эълони оташбас байни Русия ва Украина чунин пешниҳод кардаанд:

. Аз 12-уми май “оташбас пурра ва бе ягон шарт барои ҳадди ақал 30 рӯз” ҷорӣ шавад. Дар ин муддат фурсат дода шавад, то байни ҷонибҳо гуфтугӯҳои дипломатӣ сурат бигирад ва ба сулҳ розӣ шаванд.

. Назорат бар раванди оташбас ва халал ворид нашудан ба он аз тариқи ҳаво, баҳр ва замин бояд дар ҳамоҳангӣ бо ИМА сурат гирад;

. Кафолатҳои амнияти Украина бояд дар шакли гурӯҳи сулҳбон бошад;

. Агар Русия ин тарҳро рад кунад, зидди системаҳои бонкию энергетикии он “тадбирҳои сахти манъкунанда” ҷорӣ мешавад.

Ба гуфтаи Макрон, Амрико омодагии пурраи худро барои пуштибонӣ аз ташаббус баён дошта ва Доналд Трамп ҳам пешниҳод дода, ки назорати оташбас “асосан аз ҷониби ИМА таъмин шавад ва дар ин раванд тамоми кишварҳои аврупоӣ иштирок хоҳанд кард”.

Шабакаи амрикоии NBC бо такя ба манобеи ғарбӣ хабар дод, ки Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Украина тарҳи оташбасро, ки 22 бандро дар бар мегирад, барои ҳалли низоъ байни Украина ва Русия таҳия кардаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сурати рад кардани оташбас аз ҷониби Русия, кишварҳои аврупоӣ омодаанд ҳам кумакҳои молиявӣ ва ҳам низомии худро ба Украина идома диҳанд ва ҳамзамон ҷорӣ кардани таҳримҳоро болои низомиёни Русия шиддат бахшанд.

Ёдовар мешавем, ки Русия аз 22-юми феврали соли 2022 ҳамлаи худро ба Украина оғоз кард. То кунун шаҳрҳои Донетск ва Луганск ва қисмате аз шаҳрҳои Запарожеро таҳти тасарруфи худ даровардааст. Ва яке аз шартҳои асосии Русия барои поён додани ҷанг, ин бознагардондани заминҳои тасарруфкардааш мебошад.

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

0

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, сабаби бекоркунии ҳуҷҷати ин муҳоҷири тоҷик надоштани имкониятҳои молиявии кофӣ барои таъмини худ ва аъзои оилааш бидуни ёрии давлатӣ арзёбӣ шудааст.

Тавре Додгоҳи вилояти Самара хабар медиҳад, иқомаи доимӣ ба ӯ дар соли 2021 аз ҷониби Раёсати ВКД Русия дар вилояти Самара дода шуда буд, аммо дар соли 2024 он бо қарори ҳамин ниҳод бекор карда шуд.

Пас аз ин муҳоҷири тоҷик аз болои қарори РВКД-и Русия дар вилояти Самара ба Додгоҳи ноҳиявии Октябр шикоят бурдааст. Вале дар моҳи майи соли ҷорӣ додгоҳ низ бо ишора ба надоштани даромад, набудани ҷойи кори расмӣ, моликият дар қаламрави Федератсияи Русия, маълумот дар бораи пардохти андоз ва далелҳои пардохти алимент барои фарзанд ба таври муқарраргардидаи қонун, аз қарори ВКД ҷонибдорӣ кардааст.

Дар қарори додгоҳ ҳамчунин зикр гардида ки бекор кардани иҷозаи иқомат ҳуқуқи шаҳрванди Тоҷикистонро барои зист дар Русия поймол намекунад, зеро ӯ имкони будубош дар асоси дигар шаклҳои қонунӣ ва кору зиндагӣ дар қаламрави ин кишварро дорад.

Номи ин зодаи Тоҷикистон ва назари ӯ дар ин бора дастраси расонаҳо нест. Инчунин тақдирии баъдии ӯ рушан нест.

Бояд гуфт, чандест дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, мақомоти ин кишвар бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронда, нисбати муҳоҷирон бадрафторӣ карда истодаанд ва ҳуҷҷати зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунад.

Инчунин дар ин муддат чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам бади корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

0

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ, ки ҳамасола баргузор мешавад, намояндагони зиёда аз 30 кишвар, аз ҷумла роҳбарони Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва бархе кишварҳои африқоӣ ва арабӣ ширкат карданд.

Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар остонаи сафараш ба Русия, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳифзи ҳақиқати таърихии Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва нақши ҳалкунандаи Чин ва Шӯравӣ дар шикасти фашизм даъват кард. Ӯ ҳамчунин бар зарурати риояи муколама, шарикӣ ва манфиати мутақобила дар муносибатҳои байналмилалӣ таъкид намуд.

Дар ин режаи ҳарбӣ бори аввал аст Русия ҳавопаймоҳои бесарнишинеро, ки дар ҷанги Украина истифода мешаванд, ба намоиш гузошт. Аз ҷумла, паҳподҳои Шоҳид-136 сохти Эрон, ки барои зарбаҳои амиқ дар қаламрави Украина истифода мешаванд, дар ин Майдони Сурх намоиш дода шуд.

Гуфта мешавад, ин бесарнишинҳои эроние, ки Русия ба намоиш гузошт, нақши муҳим дар ҷанги Русия ва Украина бозӣ мекунанд ва қаблан дар ҳамла ба зерсохторҳои энергетикӣ ва ҳамчунин ба нерӯҳои низомӣ дар майдонҳои ҷанг истифода шудаанд.

Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба хотири фурӯши ин бесарнишинҳо ба Русия, зидди Эрон таҳрим ҷорӣ кардаанд. Ҷумҳурии исломии Эрон мегӯяд, ки бесарнишинҳои интиҳорӣ (ҳамлагар)-ро қабл аз оғози ҷанг ба Русия фурӯхта буд.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

0

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки пас аз заминларза дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Чанд рӯз пеш, рӯзноманигори собиқи телевизиони давлатии “Сафина” Орзу Исоев дар як навори видеоӣ, ки дар канали YouTube-и худ нашр кард, аз вазъи хатарноки мактаби рақами 110 дар деҳаи Ҳулаки ҷамоати Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт хабар дод. Навор, ки баъди заминларзаи шадид дар ноҳияи Рашт омода шудааст, аз зарари сахти биноҳо, ки баъзе дар ҳолати хатарнок қарор доранд, қисса мекунад.

Орзу Исоев дар навори худ мегӯяд, дар ин мактаб зиёда аз 40 талаба таҳсил мекунад ва бинои мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Бо вуҷуди ин, комиссияи ҳукуматӣ ин мактабро ба рӯйхати биноҳои садамавӣ ворид накардааст.

Як сокини деҳа дар навор мегӯяд: “Комиссияе, ки аз тарафи ҳукумати ноҳия ташкил шуда буд, ин мактаби ибтидоиро дида, гуфтанд, то агар девор чаппа шудагӣ набошад, муассисаро мо таъмир намекунем.” Ӯ таъкид мекунад, ки мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва таҳсил кардан дар он хатарнок аст.

Як рӯз баъд аз пахши ин видео, ки аз вазъи хатаноки мактаб хабар медод, Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вокуниш нишон дода, Орзу Исоевро ба “дурӯғгӯӣ ва иғвогарӣ” айбдор кард. Вазорати маориф ва илм менависад: “Рӯзноманигор боғаразона сохтмони синфхонаҳои иловагиро дар шафати муассиса нодида гирифта, вобаста ба ин дар навор ҳарфе намегӯяд.”

Орзу Исоев то баҳол ба ин суханони Вазорати маориф ва илми кишвар ҷизе нагуфтааст.

Ба иттилои вазорат, муовини вазир Бадриддин Музаффарзода рӯзи 6-уми май аз ин мактаб дидан кардааст. Вазорат иддао мекунад, ки дар мактаб на 40, балки 21 хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ барои 21 хонанда бо дастгирии Вазорати маориф ва бо ҳашари сокинон аз соли 2023 оғоз шудааст ва то ҳол идома дорад.

Аммо дар аксҳое, ки худи Вазорати маориф ва илм аз ин сохтмон нашр кардааст, дида мешавад, ки раванди сохтмон қатъ шудааст, дохили бино алаф сабзида ва ҳеҷ коргари сохтмонӣ дида намешавад. Аз соли 2023 то имрӯз, ҳатто 50 дарсади сохтмони синфхонаҳо барои 21 хонада, ки як мактаби хело хурд ба ҳисоб меравад, ба анҷом нарасидааст.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

0

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми ӯро рӯзи 30-уми апрел дар як мурофиаи пӯшида содир кардааст ва он ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст.

Бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, Тӯхтасунзода ба “қаллобӣ” “дар ҳолати махсусан хавфнок ва ба миқдори махсусан калон” ва “гирифтани пора ба миқдори калон”, ки тариқи гурӯҳи муташаккил сурат гирифтааст, айбдор шудааст.

То ҳол назари худи собиқ раиси Конибодом, пайвандон ва вакили дифоаш дар ин бора дастрас нест ва маълум нест, ки аз болои ҳукм шикоят мебарад ё на. Мақомоти расмӣ низ то ҳол аз боздошти ӯ ва ҳукмаш чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Абдусалом Тухтасунзода пас аз се соли раисӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ бо далели ба кори дигар гузаштан аз мансаби раиси шаҳри Конибодом барканор ва дар охири моҳи феврал дар Узбекистон дастгир ва ба Тоҷикистон оварда шуд.

Дар баробари Абдусалом Тухтасунзода чанд мақомдори дигар, ки то ҳол номи ду нафари онҳо расонаӣ шудааст, аз ҷумла Суҳроб Умарзода, муовини пешини сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ ва Усмон Ҳайдар, мудири собиқи амволи ҳукумати Конибодом низ дастгир шудаанд. То ҳол маъоум нест, онҳо барои чанд сол зиндонӣ гаштаанд.

Боздошти ин афрод баъди ба Конибодом расидани як комиссияи вежа барои таҳқиқи кушторҳои пайиҳам дар охири соли гузашта матраҳ шудааст. Гуфта мешавад, аъзои ин комиссия сохтмони чанд хонаро дар заминҳои обӣ пайдо карда, ба Душанбе гузориш додаанд ва аз онҷо дастур шудааст, ки кори мақомоти Конибодом пурра санҷида шавад, чун онҳо ҳодисаҳои кушторро ҷиддӣ таҳқиқ накардаанд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

0

Мақомоти Тоҷикистон аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти – ба гуфти худашон – “ғайриқонунии динӣ” изҳори нигаронӣ карданд.

Ин нигаронии мақомот рӯзи 6-уми майи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки бо иштироки роҳбарони вазорату кумитаҳо, намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ва дигар сохтору идораҳо баргузор гардид, садо додааст.

Дар ин нишаст вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ тавассти ноболиғон дар давраи солҳои 2023-2024 ва семоҳаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар мавриди ба талабот ҷавобгӯ набудани раванди таълим ва рафтору кирдори баъзе хонандагоне, ки даст ба ҷиноят мезананд, гуфта шудааст. Дар ин нишаст мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон вазифадор шудаанд.

Инчунин мақомдорон дар ин ҷаласа ба роҳҳои пешгирии ба “таълимоти ғайриқонунии динӣ” ҷалб кардани ноболиғон, ки ба иддаои онҳо яке аз омилҳои шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад, таъкид кардаанд. 

Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз шаҳри Кӯлоб бо шарти фош нашудани номаш ба Azda.tv гуфт, ки чунин ҷаласаҳо дар ин минтақа ҳамроҳи сокинон, бахусус ҷавонону донишҷӯён баргузор шуда истодааст. Мақомот аз ҷалб шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, дарсҳои динӣ, рафтани ноболиғон ба масҷид ва ғайра бо мардум “фаҳмондадиҳӣ” мегузаронанд. Ташкили чунин нишасту мулоқотҳо дар дигар минтақаҳои кишвар низ гузориш мешавад.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, ҳатто дар шаҳри Исфара омӯзгорон дар вақти гардиши хона ба хона аз сокинон забонхат гирифтаанд, ки фарзандонашонро аз рафтан “ба таълимоти динии ғайрирасмӣ, рафтан ба масҷиди панҷвақта ва намози ҷумъа”, баромадан баъди соати 18 аз хона, иртибот бо шахсони шубҳанок ва бегона ва ба мактаб бурдани телефони мобилӣ боздоранд.

Мақомдорони кишвар омӯхтани таълимоти динӣ ва рафтани ноболиғон ба масҷидҳоор омили асосии шомилшавии қишри ҷавонони кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ медонанд. Аммо коршиносон мегӯянд, баръакс, дур кардани ҷавонон аз таълимоти динӣ сафи ҷинояткорӣ ва пайвастани онҳоро ба гурӯҳҳои террористӣ, ба мисли ДИИШ бештар кардааст.

Ҳамзамон баъзе ҷомеашиносон ва равоншиносони тоҷик бар ин назаранд, ки маҳз мамнуъ сохтани таълимоти динӣ ва ба таври расмӣ ва маҳдуд сохтани он дар кишвар аз ҷониби мақомот боиси афзоиши ҷиноятҳои навзуҳур, ба монанди худкушӣ, нашъамандӣ, таҷовузи ҷинсӣ бадрафторӣ дар дохили хонавода, дар мактабҳо ва ғайра байни ҷавонони кишвар гаштааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дод.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар маросими таҷлил аз 80-умин солгарди Ҷашни Ғалаба сурат мегирад. Ин чорабинӣ 9-уми май дар Майдони Сурх баргузор мешавад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дар ҳолест, ки дар ҳафтаҳои ахир мавҷи фишор болои муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия афзоиш ёфтааст. 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн шудаанд, ки пулиси Русия дар минтақаҳои сермуҳоҷир бо истифодаи зӯр муҳоҷиронро боздошт ва латукӯб мекунад. Яке аз чунин наворҳо, ки боздошти муҳоҷирони қирғизро нишон медиҳад, боиси вокуниши расмии Бишкек гардид. Ҳатто Қирғизистон сафири Русияро эҳзор ва нотаи эътирозӣ тақдим кард.

Инчунин муовини вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бобур Усмонов рӯзи 2-юми май бо сафири Русия Олег Малгинов мулоқот карда, дар мулоқот бо сафири Русия масъалаи афзоиши нақзи ҳуқуқ ва ҳолатҳои бадрафторӣ бо муҳоҷирони корӣ дар ин кишварро матраҳ кардааст. Тошканд аз мақомоти Русия даъват кардааст, ки масъалаҳои поймол кардани ҳуқуқи муҳоҷирони узбекро бодиққат омӯхта, нигарониҳои Узбекистонро дар ин бора ба мақомоти дахлдори Федератсияи Русия расонанд.

Мақомоти Тоҷикистон бошад то ба ҳол дар робита ба чунин амалкардҳо ягон изҳорот надода ва хомӯширо пеш гирифтаанд.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ки ҳангоми вуруд ба қаламрави Русия соатҳо бозпурсӣ мешаванд, телефонҳояшонро месанҷанд ва дар сурати ошкор шудани камтарин қонуншиканӣ барои муддати тӯлонӣ ихроҷ мешаванд.  

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба таври назаррас аз даромади муҳоҷирон вобаста аст ва чунин муносибат метавонад пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба бор оварад.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

0

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад дар моҳи декабри гузашта дар аввалин сафари худ ба кишвари ғарбӣ вориди Фаронса шуд.

Раисҷумҳури Сурияро рӯзи чоршанбе, 7-уми май ҳамтои фаронсаияш Эммануэл Макрон дар қасри Элисей пешвоз гирифт.

Шаръ дар ин сафараш бо Макрон масоили мухтафлиф, аз ҷумла дахолат ва ҳуҷумҳои Исроил ба хоки Сурияро баррасӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, барои ба эътидол овардани вазъ байни кишвараш ва Исроил тавассути миёнаравон музокироти ғайримустақим ҷараён дорад. Ин изҳороти ӯ дар ҳолест, ки бо баҳонаи ҳимоят аз ақаллиятҳои дурзӣ ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Сурия давоми яе ҳафтаи ахир шиддат гирифтааст.

Дар гуфтугӯ бо расонаҳо Шаръ гуфт, ки ӯ бо раисҷумҳури Фаронса дар робита ба масоили амниятӣ дар марзҳои Сурия, ҳамлаҳои доимии Исроил ва вазъияти марз бо Лубнон ҳам гуфтугӯ карданд. Ӯ афзуд: “Мо нишон додем, ки шарики ҷиддӣ дар мубориза бо маводи мухаддир ҳастем ва бо Созмони маҳдудсозии силоҳи кимиёвӣ ҳамкорӣ кардем”, инчунин “дарҳоро ба рӯйи Кумитаи тафтишоти байналмилалӣ оид ба ҳамлаҳои мақсаднок боз намудем”.

Ӯ таъкид дошт, ки ояндаи Сурия дар пушти дарҳои баста таҳия нахоҳад шуд ва дар пойтахтҳои дур ҳам қабул нахоҳад гашт. Шаръ ҳамзамон ба таҳримҳои ғарбӣ ишора карда, афзуд, ки барои идомаи таҳримҳо алайҳи кишвараш “ҳеҷ далеле вуҷуд надорад”, зеро таҳримҳои ҷорӣ намегузоранд ҳукумати нав мушкилоти зиёди ин кишвари ҷангзадаро ҳал кунад.

Аз сӯи дигар, раисҷумҳури Фаронса ба зарурияти тадриҷӣ бардоштани таҳримҳои Аврупо алайҳи Сурия ишора намуда, таъкид кард, ки ба таври куллӣ аз байни бардоштани онҳо вақти бештар талаб мекунад. “Ман ба раисҷумҳури Сурия гуфтам, агар ӯ ба ин роҳ идома диҳад, мо низ ин корҳоро мекунем: аввал таҳримҳои аврупоииро тадриҷан бекор мекунем ва сипас ба шарикони амрикоиамон фишор меорем, ки аз таҷрибаи мо пайравӣ кунанд”.

Макрон афзуд, ки “музокирот бо раисҷумҳури Сурия зарурӣ аст ва мо бояд кори муштаракро давом диҳем”. Ӯ таъкид кард: “Барои мо беҳтар аст, ки дар паҳлуи Сурия бошем, зеро ин ба манфиати мост”.

Аҳмад Шаръ дар қасри Элисей зимни суханронияш дар ҳузури хабарнигорон ба чанд нуктаи муҳим ишора кард, аз ҷумла гуфт:

1. Сурия ва Исроил тавассути миёнаравҳо (аз ҷумла, тавассути Имороти Муттаҳидаи Арабӣ) дар музокироти ғайримустақим қарор доранд, то вазъият оромтар шавад ва сулҳу субот таъмин гардад.

2. Амнияти марзӣ бо Лубнон ва Исроил. Ӯ гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба қаламрави Сурия ҳоло ҳам идома дорад ва ҳукумати нав барои ҳифзи марзҳо бо Лубнон ва назорати хатари тундгароӣ ҳамаҷониба чораҷӯӣ мекунад.

3. Шаръ аз ҳамкории Сурия бо Фаронса ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи маҳдудсозии силоҳи кимиёвӣ ва мубориза бар зидди тиҷорати маводи мухаддир ёдовар шуд.

4. Раисҷумҳури Сурия пешниҳод кард, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи кишвараш бояд бардошта шаванд.

5. Шаръ дар мулоқот бо Макрон масъалаҳои барқарорсозӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаҳои энержӣ ва ҳавонавардиро низ баррасӣ кард.

Даъвати Барзу ба ВКД пас аз нашри муроҷиаташ дар Azda TV

0

Барзу Бобоев, собиқ корманди Вазорати корҳои дохилӣ пас аз муроҷиати видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашри он дар Azda TV ба ВКД даъват ва бозпурсӣ шудааст.

Ҳафтаи гузашта Azda TV хабареро нашр кард, ки дар он аз муроҷиати як ҷавони тоҷик Барзу Бобоев сокини шаҳри Душанбе ба Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ гуфта мешуд. Ба нақли ин ҷавон, масъулони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба хотири вазни зиёдаш ӯро аз кор рондаанд. 

Барзу мегӯяд, Донишкадаи ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Русияро дар шаҳри Белград хатм кардааст. Ӯ пас аз хатми Донишкада ба Ватан баргашта, дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон корро оғоз кардааст. Аммо, ба нақли худаш, ӯро моҳи июли соли 2024 ба сабаби “гаронвазнияш” аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карданд.”

“Азия-Ппюс” бино ба суҳбате, ки бо Бобоев дошта, менависад, ки ин собиқ корманди Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД пас аз он ки дар соли 2024 аз кор ихроҷ шуд, то ҳол кори муносиб надоштааст ва муроҷиатҳояш ба ин Вазорат бе натиҷа будаанд. Танҳо пас аз муроҷиати оммавияш дар фазои маҷозӣ, ки Azda TV низ онро пӯшиш дода буд, ӯро дубора ба вазорат даъват намуда, бо ӯ суҳбат кардаанд.

Бобоев дар идомаи суҳбатҳояш бо ин расона гуфтааст, ки соли гузашта дар саҳни Вазорати корҳои дохилӣ тамоми “гаронвазнҳоро” ҷамъ кардаанд ва вазири корҳои дохили Рамазон Раҳимзода ба шаройиташ нигариста, ӯро аз вазифа озод кардааст ва баъд аз як моҳ номаи вазир омадааст, ки дар он Барзу Бобоев аз мақомот ронда шудааст.

Номбурда эътироф мекунад, ки дар он ҳангом вазнаш 125 кг буд, вале ба ӯ муҳлат надодаанд то вазни худро кам кунад.

Ҳоло ӯ бо тамрин кардан вазни худро ба 105 кг расонидааст. Дар суҳбати ахираш бо РВКД ба ӯ гуфтаанд, ки 6-10 кг дигар вазн фарорад ӯро ба кор қабул мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД мегӯяд, тибқи стандардҳо кормандон бояд аз лиҳози қад ва вазн шароити лозимро дошта бошанд. Қад барои мардон ҳадди ақал 168 см ва барои занҳо 160 см мебошад. Вазни афрод бояд бо қад ва сину солашон мутобиқат дошта бошад.

“Кормандони “гаронвазн” барои ширкат дар чорабиниҳои давлатӣ ва байналмилалӣ мутобиқат намекунанд. Аз ҳисоби он ки либос шинам нест, симои зоҳирӣ хуб нест, чустучолок нестанд ва ғайра. Симои зоҳирии онҳо аз тарзи солим ё носолим зистанашон хабар медиҳад ва ин тасмим барои ташвиқи онҳо ба варзиш гирифта шудааст.” – омадааст дар изҳорот сухангӯи ВКД.

Аммо корбарон дар фазои маҷозӣ аз Барзу Бобоев ҳимоят ҳимоят карда, мегӯянд, ки кормандоне бо дубаробари вазни ӯ ва ҳам надоштани савод дар вазоратҳо кор мекунанд ва касе онҳоро ба хотири “гаронвазнӣ”-яшон аз кор намеронад.

Бархе дигар аз корбарон менависанд, ки мақомот одамони босаводро дар сафи худ дидан намехоҳанд ва инро баҳонае барои ихроҷи шахсони саводдор медонанд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукуматаш шароитро чунон сохтаанд, ки шаҳрвандони тоҷик медонанд ҳеч ниҳоди қазоие наметавонад мушкилоти онҳоро ҳал кунад, магар бо як ишораи худи раисҷумҳур ва ё фарзандону наздиконаш. Бинобар ҳамин, шаҳрвандон аксаран барои додхоҳӣ аз худи ӯ кумак талаб мекунанд, вале дар аксар ҳолат ин додхоҳии онҳо низ бепосух мемонад ва ҳақ ба ҳақдор намерасад. 

Баррасии истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар нишасти Додситони кул

0

Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода низ аз пешгирии истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он гуфтааст.

6-уми майи соли ҷорӣ, ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо иштироки мақомдорони кишвар, ба мисли Мансурҷон Умаров, раиси низоми зиндонҳои Тоҷикистон, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар ва раиси КДАМ Саймумин Ятимов баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа Воҳидзода таъкид кардааст, ки яке аз омилҳои асосии рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ва сохтани зиндагии шоиста барои мардум, ин бо нерӯи барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ба шумор меравад.

Ва ба аъзои Шӯро дастур шудааст, ки моҳияту муқаррароти қонунгузории навро вобаста ба вазнинии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ истифода намудани нерӯи барқ ба таври комил ба самъи аҳолӣ расонанд.

Мақомдорони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳоле аз истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар кишвар мегӯянд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи кишвар аввал дар як ҷаласаи васеи Ҳукумат аз таъйини ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ гуфта буд ва дар давоми камтар аз даҳ рӯз тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро Вазорати адлия таҳия намуда, онро вазири ин ниҳод Музаффар Ашӯриён дар назди вакилони парлумон муаррифӣ кард.

Ин қонун 2-юми апрели соли ҷорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар баррасӣ ва қабул гардида, худи раисҷумҳур Раҳмонов ва палатаи болои парлумон бо раҳбарии Рустами Эмомалӣ онро тасвиб карданд. Дар қонун гуфта мешавад, афроде, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон мекунанд, аз 27000 то 90000 сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол ба зиндон маҳкум мешаванд.

Пас аз қабули ин қонун чандест хабарҳои зиёд дар мавриди ба ҷавобгарӣ кашида шудани сокинон барои истифодаи ғайриқонунии барқ нашр мешавад. Ба гуфтаи сокинон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам дар манотиқи гуногуни кишвар хона ба хона гашта, корҳои назоратӣ ва “рейд” мегузаронанд.

Гуфта мешавад, дар ҳоле мақомдорон бо раҳбарии раисҷумҳури худкома Раҳмон ҳамеша аз сарфаҷӯии дар истифодаи нерӯи барқ мегӯянд, ки дар Тоҷикистон маҳудиятҳои зиёде дар истифодаи он амал мекунад. Аз ҷумла, муштариёне, ки зиёда аз 10 ҳазор киловат соат дар як моҳ барқ истифода мебаранд, арзиши барқ бо нархи корхонаҳои тиҷоратӣ барояшон ҳисоб карда мешавад.

Инчунин тибқи қарори нави Ҳукумати кишвар, аз 1-уми апрели соли 2025 арзиши нерӯи барқ низ боло рафт. Сокинон барои ҳар киловат соат барқ ба ҷойи 30,37 дирам 35,36 дирам пардохт хоҳанд кард.

Вале дар баробари ин ҳама маҳдудияту гаронӣ сокинони кишвар аз камбуди барқ ранҷ мекашанд ва маълум нест раисҷумҳур ва масъулин дар баробари ҷазову маҳдудиятҳо барои бартараф намудани ин мушкилот чӣ иқдоме пеш гирифтаанд.