ШБҲБ: Тоҷикистон озодиҳои инсонро маҳдуд кардааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” дар таҳрири нав озодиҳои инсон ва шаҳрвандро маҳдуд мекунад, мегӯяд, созмони Шарикии Байналмилалӣ барои Ҳуқуқи Башар.

Бино ба иттилои расмӣ, 19-уми августи 2024 созмони Шарикии Байналмилалӣ барои Ҳуқуқи Башар (International Partnership for Human Rights) бо нашри эломияе дар сомонаи худ гуфт, ки Тоҷикистон бар хилофи меъёрҳои байналмиллалии озодиҳои инсон ва озодиҳои диниро маҳдуд кардааст.

Созмони “Шарикии Байналмилалӣ барои Ҳуқуқи Башар” бо нигаронӣ аз Тоҷикистон хостааст, ки бандҳои ин қонун дар бораи тарзи либоспӯшӣ барои занону духтаронро бекор кунад, зеро дар онҳо нақзи ошкори меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва озодиҳои мазҳабӣ вуҷуд дорад.

Ин созмон гуфтааст: “Бар асоси қонунҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар ҳар кас ҳаққи озодии баён, озодии эътиқод ва пайравӣ аз дин дорад. Тарзи либос пӯшидани одамон метавонад баёнгари муҳиме аз ҳувият, боварҳои мазҳабӣ, фарҳангӣ ва ё шахсии онҳо бошад. Ба унвони як қоидаи умумӣ, ҳаққи озодии дин ва озодии баён ба ин маъност, ки мардум бояд дар интихоб озод бошанд, ки чӣ бипӯшанд ё чӣ напӯшанд?” 

Гуфта мешавад, 8-уми майи соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон ба моддаи 18-и Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ҷашну маросими миллӣ” тағйиру иловаҳо ворид кард. Нуктаи асосие, ки дар ин тарҳи нав ба қонуни мазкур ворид карда шуд, мамнуъ гардидани “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо” буд.

Сипас ин қонқун 19-уми июни соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбарияшро Рустами Эмомалӣ бар уҳда дорад, тасдиқ шуда, баъд аз имзои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба ҳукми иҷро даромад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.

Украина мегӯяд: 20 ҳазор шаҳрванди Осиёи Марказӣ барои Русия меҷанганд

Украина беш аз 20 ҳазор ҷангҷӯи ҷалбшуда ба артиши Русия аз кишварҳои Осиёи Марказиро сабт кардааст. Мақомоти Осиёи Марказӣ бошанд, мавқеи ягона надоранд.

Клинтон ояте аз Қуръон хонду шоҳ Чарлз меҳмонашро бо ҳадис пешвоз гирифт

Билл Клинтон, собиқ раисҷумҳури Амрико бо ишора ба Қуръон таҳқири мусулмононро маҳкум кард ва шоҳ Чарлзи III дар қабули султони Умон ҳадиси Паёмбар (с)-ро ба арабӣ хонд.

Оё синни нафақа дар Тоҷикистон тағйир меёбад?

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар оянда масъалаи боло бурдани синни нафақаро баррасӣ кунад.