Қадам Исматов, фаоли ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик ва яке аз нафароне, ки ҳамчун мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шинохта шудааст, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар пайгарди байналмиллалӣ қарор дода шудааст.
Ӯ ки шарҳвандии Русияро дорад, акнун бояд шаҳрвандии русияаш лағв шавад ва ба Тоҷикистон истирдод гардад. Дар ин бора худи номбурда ба Аздо тв хабар дод. Ӯ бо як муроҷиати видеоӣ аз тамоми созмонҳио ҳуқуқи башар, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбу ҳаракaтҳои сиёсии Тоҷикистон дархост намудааст, ки ба қазияи ӯ дахолат намуда аз нигоҳи ҳуқуқӣ баҳо диҳанд. Қадам Исматов ин фишорҳо ва нияти истирдодаш ба Тоҷикистонро ба дигарандешӣ ва афкори сиёсию мавзеъгириҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон рабт дод.
Вакили дифоъи Исматов, Шуҳрат Қудратов дар сӯҳбат ба Аздо тв масъалаи истирдоди зерҳимояашро тасдиқ кард ва афзуд, ки аз соли 2005 Исматов шаҳрванди Русия мебошад ва аз ҳамон сол аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашидааст ва айни ҳол мақомоти Русия талош доранд то бо тариқи суд шаҳрвандии ӯро бекор ва ба Тоҷикистон истирдодаш кунанд. Ба гуфтаи ин вакили мудофеъ барои зерҳимояаш аз 24 ноябри соли 2016 аз тарафи РВКД Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда бо 6 моддаи қонуни ҷиноятии кишвар гунаҳкор эълон шудааст. Шуҳрат Қудрат бар ин назара аст, ки агар шаҳрвандии Исматов лағв шавад ӯро дар Тоҷикистон 15-20 соли зиндон ва ҳатто марг интизор аст.
Вазорати умури хориҷии Амрико ба матолиби баъзе аз мукотиботи дипломатӣ даст ёфтааст, ки оиди вазъияти Озмоишгоҳи биологии Вуҳони Чин пеш аз паҳншавии вируси оламгири COVID-19 нақл мекунад.
Ин мукотибаҳо марбути соли 2018 мебошанд ва баъзе аз онҳо дар бидояти соли ҷорӣ ифшо шудаанд. Мукотибаҳои мазкур метавонад заминасозе барои иттиҳомоти исботнашудаи давлати Амрико ва Конгрес алайҳи Чин бошад. Чандест Амрико иддао дорад ин вируси оламгир бо иҳтимоли зиёд аз озмоишгоҳе дар шаҳри Вуҳони Чин – хостгоҳи вируси COVID-19 бо сабаби камтаваҷҷӯҳии мутахассисон хуруҷ кардааст. Дар ин бора рӯзи якшанбе 19 июл хабаргузории CNN –и Амрико хабар дод.
Дар яке аз ин мукотабаҳои дипломатӣ омадааст: “Дар адади техникҳо ва муҳаққиқони ботаҷриба, ки дар идораи ин озмоишгоҳ зарурӣ ҳастанд, камбудии ҳақиқӣ дида мешавад”. Дар як номаи дигар, ки ба моҳи апрели соли 2018 рост меояд, гуфта шудааст: “Коршиносони фаронсавӣ роҳнамоиҳо ва омӯзишҳои худро дар бораи эминӣ ва ҳифзи саломатии биологии озмоишгоҳ ироа кардаанд”.
Ҳамзамон бо оғози интишори бемории ҳамагири короно дар авалҳои соли ҷорӣ, Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико ва раиси он Доналд Трамп тасреҳ карданд, ки далоиле дар даст доранд, нишон медиҳад вируси короно аз озмоишгоҳи Вуҳони Чин сар задааст.
Майк Пампео дар моҳи мой гуфта буд, ки “медонем вируси короно аз Вуҳон сар задааст, аммо дақиқ намедонем, ки аз куҷо, чӣ гуна ва бо фармони кӣ сар задааст. Инҳо масъалаҳои муҳимманд”.
Бояд гуфт, ки фарзияи хуруҷи вируси оламгири COVID-19 аз озмоишгоҳро пайваста мақомоти Чин рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин вирус аз бозори фурӯши гушти ҳайвонот дар шаҳри Вуҳон аз ҳайвон ба инсон гузаштааст. Ва аксари мутахассисони вирусшинос низ бар ин боваранд, ки ин вирус маншаи табиӣ дорад ва сарчашмаи аслияш кӯршапарак мебошад.
Моҳи феврали соли равон як ҳайат аз Созмон ҷаҳонии беҳдошт барои таҳқиқи сарчашмаи вируси COVID-19 ба Чин сафар карда буд ва он замон раиси ин ҳайат аз талошҳои Пекин баҳри пешгирии COVID-19 ситойш намуда гуфта буд, ки Чин дар хусуси мубориза бо ин вирус дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ аз шаффофият кор мегирад.
Абдуқодири Рустам, (акс аз саҳифаи шахсияш дар фейсбук)
Рӯзи 17 июли соли ҷорӣ Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки рӯзҳои наздик сохтумони биноҳои Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон бо сармоя ва мутахассисони чинӣ оғоз мегардад.
Дар пайи ин хабар байни равшанфикрон ва ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик баҳсҳои гарме ба вуҷуд омадааст. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки сохтани бинои Парлумон ва Ҳукумат дар ояндаи дур ё наздик бар зарари Тоҷикистон ва давлатдорони он тамом мешавад, аммо бархе мегӯянд, идоранишинон худашон беҳтар медонанд ва набояд ҳар гурӯҳе ба кори Ҳукумат ва қарорҳои он халал расонад.
Вобвста ба ин мавзӯъ донишманди тоҷик, Абдуқодири Рустам дар саҳифаи фейсбукаш матлабе навишта, ин қарорро интиқод кардааст. Ӯ бо пурсидани се суоли калидӣ ҳукуматдоронро ба фикр кардан водор намуда, ки қарор ғайримантиқӣ ва бемаврид аст.
Матлабро дар зер бихонед:
Чиниҳо ба 220 миллион дулор дар Душанбе барои тоҷикон бинои Порлумон ва Ҳукумат месозанд…… Эътирозҳо дар ин маврид ба гӯши касе надоромад ва тавофуқот дар ин бора ниҳоӣ шудааст….. Аммо ононе, ки хирад доранд, бояд биандешанд: 1) Чаро кишваре, ки бо ҳамҳамаю дамдама барои таҷлили 30-юмин солгарди истиқлолаш омодагӣ мегирад, мувофиқ аст, ки кишвари дигаре барояш бинои Порлумон ва Ҳукумат (ду асли меҳварии истиқлол)-ро бисозад. 2) Чаро Чин мувофиқ шуда, ки барои сохтмони ин биноҳо ёрии бебозгашт кунад? 3) Чаро Ҳукумати мо, ки камбағалтарини кишварҳои шӯравӣ буда ва аз ин лиҳоз дар миёни чанд кишвари африқоӣ қарор дорад, бинои ободи худро вайрон мекунад ва ба ҷойи он бо пули Чин бинои нав месозад?
Чиниҳо ба 220 миллион дулор дар Душанбе барои тоҷикон бинои Порлумон ва Ҳукумат месозанд…… Эътирозҳо дар ин…
Дар зери ин матлаб даҳҳо донишманд назарҳои худро коштаанд ва аксари онҳо бо навъе ояндаи ин биноҳоро таҳлил намуда, норозигии худро баён доштаанд. Абдуманнон Шералиев, нависанда ва иқтисоддони тоҷик навиштааст, ки ба сабаби ин биноҳо ё кишвар ба тамом моли Чин мешавад ва ё ин ки баъди тағйир ёфтани ҳукумати феълӣ аз байн бурда мешаванд.
“Бо технологияи пешрафтаи инзамона Чин метавонад ҳар нафареро, ки дохили ин биноҳо мешавад идора кунад. Масрафи 220 млн барои ба даст гирифтани идораи як кишвар камтарин масраф аст, ки мешавад тасаввур кард. Ин биноҳо ду оянда доранд: ё ба зудӣ бо кулли кишвар ба моликияти Чин мубаддал мешаванд, ё баъди тағйири ҳукумат тахриб мегарданд.”
Рӯзноманигори маъруфи тоҷик, Нуралӣ Давлат бар ин бовар аст, ки Чин ин биноҳоро, ки бо маблағи 220 млн доллар сохта мешаванд, туҳфа намекунад, балки аз дур истода раванди сиёсии кишварро назорат мекунад ва аз тамоми иттилооти муҳими сиёсӣ огоҳ хоҳад буд.
Якто ҳамин хелӣ бино соли 2012 дар Адис Абеба сохта ба Иттиходи Африқо, ки ба он 53 мамлакат шомил мешавад, Чин ба кишварҳои ин китъа туҳфа карда буд. Ҳар 2 сол дар ин бинои туҳфашуда саммити сарони кишварҳои 53 давлат доир мегардад. Баъди 5 сол маълум шуд, ки тамоми иттилоотеро, ки дар серверҳои компютерҳои ин бино ҳар рӯз чамъ мешавад, аз масофаи 8 ҳазор километр, яъне аз Шанхай ҳар шаб дар давоми 2 соат чиниҳо кашида мегирифтаанд. Баъди ифшо шудани сирри туҳфа африқоиҳо серверҳоро иваз карданд.”
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ қайд кардааст, ки ҳамкории муштарак дар чаҳорчӯби барномаи нави “Чин – Осиёи Марказӣ” ва абзори дигар муҳим арзёбӣ мегардад ва дар рушду тақвияти шарикони стратегии миёни кишварҳои минтақа нақши муҳим мебозад.
Бо ишора ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ бар асари интишори ҳамагирии COVID-19, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки барои пешгирии баъдии сирояти коронавирус ва барқарор кардани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа чораҳои муассир андешида шаванд.
Ӯ аз кишварҳои иштироккунанда даъват ба амал овард, то дар мубориза бо паёмадҳои ҳамагирӣ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда муттаҳид шаванд. Ӯ барои ёрӣ ва дастгирии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо шуюи коронавирус изҳори сипос кард.
Ҷаноби Аҳмадзода гуфтааст, сохтмони биноҳо давоми се сол ва ё чизе бештар аз он тӯл хоҳад кашид, зеро ин биноҳо хеле боҳашамат мебошанд:
Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт: “Биноҳо бисёр калон аст. Масоҳати бино аз 42 то 44 ҳазор метри мураббаъ, ки аст, то се –чор солро дар бар мегирад ва ба сифат низ аҳамияти зиёд медиҳем”.
Бар пояи қарордод бо ҷониби Чин 80% сохтмончиҳои ин биноҳоро кормандони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод. Ин ду бино бо дастгирии ҳукумати Чин ва бо маблағи 1-уним миллиард юани чинӣ муодили 270 миллион доллари амрикоӣ сохта мешаванд.
Тибқи қарордоди Тоҷикистон ва Чин, “масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Тоҷикистон наздики 11 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад”.
Бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз – 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.
Бо арзи салом ва эҳтиром, Ҳамагон хуб огаҳем, ки яке аз дастовардҳои муҳим ва таърихии миллати тоҷик дар замони бозсозии горбачёвӣ дар кишварамон мақоми давлатӣ гирифтани забони форсии тоҷикӣ буд.
Қонуни забон бо азму талош ва заҳмату ҷонбозиҳои нухбагони миллат ва мардуми Тоҷикистон 22 июли соли 1989 тасвиб шуд ва дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо боз кард. Мақому мартабаи забон дар Қонуни асосии кишвар бо ворид намудани як банди махсус тасбит гардид ва забони расмию давлатии Тоҷикистон “забони тоҷикӣ (форсӣ)” эълом шуд. Ин падидаи муҳимро дар таърихи сад соли ахири тоҷикон метавон ҳодисаи бесобиқае арзёбӣ намуд. Барои иҷрои қонуни мазкур он замон бо сарпарастии шоири тавонои миллат устод Лоиқи Шералӣ “Бунёди забони форсии тоҷикӣ” ва дар назди Риёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо сарпарастии ҳомиву пуштибони забон, академик Муҳаммадҷони Шакурӣ Кумитаи истилоҳот таъсис дода шуд ва раванди эҳёи дубораи ин рукни муҳимми миллат оғоз гардид.