5.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 85

Мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Эрон

0

Бо сафарҳои расмӣ Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Эрон рафту Алӣ Наҷафии Хушрудӣ, муовини аввали раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон омад.

Гуфта мешавад, сафари Собирзода ба Эрон рӯзи 14-уми апрел аз шаҳри Шероз ва мулоқот бо Ҳусейналӣ Амирӣ, раиси вилояти Форс оғоз шуд.

Бино ба навиштаи расонаҳои эронӣ, Амирӣ дар мулоқот бо ин мақомдори тоҷик бар мушобеҳоти зиёди фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон таъкид карда, бахшҳои ҳамкориҳои ду кишварро густурда хондааст.

Дар идомаи сафараш вазири дифои Тоҷикистон бо Абдураҳим Мусавӣ, фармондеҳи кулли артиш ва Азиз Носирзода, вазири дифои Ҷумҳурии исломии Эрон мулоқотҳои алоҳида намуда, ҷонибҳо бештар масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои дифоъ, амнит, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи аслиҳа ва ҷиноятҳои созмонёфтаро баррасӣ кардаанд.

Инчунин Собирзода бо Алиакбар Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфтугӯ намуда, Аҳмадиён аз равобити гарм ва бародаронаи ду кишвари ҳамзабон ва дорои собиқаи муштараки тамаддунӣ ва фарҳангӣ, сатҳи баланди равобити сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, дифоӣ, илмӣ ва фанноварӣ ва амниятии ду кишвар гуфтааст.

Бояд гуфтаи Эмомалӣ Собирзода, ки 3 моҳи пеш ба ҷойи Шералӣ Мирзо вазири дифои кишвар таъйин шуда буд, бори аввал аст, ки ба ҳайси вазир ба Эрон сафари расмӣ анҷом медиҳад. Ва то ҳол расонаҳои ҳукуматӣ сафари ӯро пушиш надода, аз ҷузъиёти мушаххаси гуфтугӯҳояш бо мақомдорони Эрон чизе нанавиштаанд.

Дар пасманзари сафари ин мақомдори тоҷик ба Эрон, рӯзи 15-уми апрел як ҳайат таҳти роҳбарии муовини аввали раисҷумҳури Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ бо сафари кории се рӯза ба Тоҷикистон омаданд.

Дар доираи ин сафар Алӣ Наҷафии Хушрудӣ бо Сарвазир ва муовини якуми Сарвазир, вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав мулоқот намуда масъалаҳои густариши ҳамкории Эрону Тоҷикистон дар соҳаҳои мазкурро баррасӣ хоҳанд кард.

Сафари намояндагони Тоҷикистону Эрон ба кишварҳои якдигар дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистону Эрон дар ин чанд соли ахир равобити печидае доштанд. Тира шудани муносибатҳои дипломатии ду кишвар аз зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ ва Қарзи “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”шуруъ шуда, бо бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 тиратар гашта буд.

Аммо соли 2019 пас аз сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ дар Эрон муносибатҳои ин ду кишвар нармтар шуд ва дар замони расиҷумҳурии Раисӣ миёни Тоҷикистону Эрон низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ду кишвар ҷорӣ шуд.

Инчунин дар моҳи январи соли равон сафари расмии Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури нави Эрон ба Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он сафар 23 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид ва дар ҷараёни он Форуми тиҷоратии кишварҳо дар Душанбе баргузор шуд ва маблағи зиёда аз 450 млн доллар санадҳои ҳамкорӣ имзо гардид.

Ҳамлаи Исроил ба бузургтарин беморхона дар Ғазза

0

Исроил танҳо беморхонаи боқимонда дар Ғаззаро бо ҳамлаи мушакӣ тарконд. Дар пайи ин ҳамла 21 нафар, аз ҷумла кӯдакону занон кушта шуданд.

Ба иттилои расонаҳо, аз субҳи дирӯз то ин лаҳзаҳо дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба хонаву паноҳгоҳҳо беш аз 30 нафар кушта шудааст.

Созмони Табибони бидуни марз бо нашри изҳороте гуфтааст, Исроил ягона беморхонаи фаъоли Ғазза бо номи “Ал-Аҳлӣ”-ро аз байн бурд ва дигар дар ин борика фаъолияте барои кумакрасонӣ ва наҷоти ҷони одамон боқӣ намондааст. Ин созмон гуфта, ки Исроил бо ҳамлаҳояш болои мардуми бегуноҳ Ғаззаро ба қабристон муубаддал кардааст.

Манобеъ мегӯянд, беморхонаи “Ал-Аҳлӣ” танҳо беморхонаи бузурги фаъол дар ин шаҳр ва дар ҳоли хидматрасонӣ ба маҷрӯҳону беморон буд.

Фодил Наим мудири беморхона мегӯяд, дар ҳамлаи Исроил ба онҷо 21 кас кушта шудаанд, ки чанде аз онҳо кӯдакони хурдсол буданд. Дар маҷмуъ бештар аз 100 нафар, аз ҷумла беморон, духтурону коргарон захмӣ шуданд.

Нерӯҳои дифоии Исроил иддао мекунад, ки онҳо дар ин амалиёт маркази фармондеҳӣ ва идораи тавассути ҲАМОС истифодамешударо задаанд дар ҳоле, ки ҳеҷ мадраке барои ин иддао ироа нашудааст.

Дар муқобил, ҲАМОС ин иддаоро, ки беморхона барои аҳдофи низомӣ истифода мешударо рад кардааст. Аммо Исроил аз оғози ҷанг бо баҳонаи вуҷуди низомиёни ҲАМОС тамоми мактабу идора ва беморхонаҳоро бомборон карда аз байн бурд.

Хабаргузории CNN мегӯяд, артиши Исроил амалиётҳои заминии худро ба умқи Ғазза густариш дода, даҳҳо ҳазор ғайринизомиро ба таври иҷборӣ дарёи Мадетирона муҳоҷир кардааст. Хеле аз сокинон барои дур мондан аз зарбаҳои мушакии Исроилӣ аз маҳаллаҳову биноҳои истиқоматӣ дур рафтаанд ва бар асоси гузоришҳо, баъзе сокинон ҳатто ба зуболадонҳо паноҳ бурда, онҷоро мақони истиқоматӣ интихоб кардаанд.

Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти Ғазза аз оғози ҳамлаҳои Исроил дар 7-уми октябри соли 2023 то имрӯз беш аз 163 ҳазор фаластинӣ, ки аксари онҳо кӯдакон ва занон мебошанд, кушта ё маҷруҳ шуданд ва зиёда аз 14 ҳазор нафар зери овораҳо бенишон гаштаанд. Коршиносон яке аз роҳҳои ҳалли низоъҳо байни Исроил ва Фаластинро эътирофи ҷаҳонии Фаластин ҳамчун кишвари мустақил медонанд ва гуфта мешавад, то кунун наздики 150 кишвари ҷаҳон давлати Фаластинро эътироф кардаанд. Танҳо дар соли 2024 кишварҳои Ирландия, Норвегия, Испания ва Словения ба ин рӯйхат пайвастанд.

Хатсайри нави ҳавоӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон

0

Ба зудӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон хатсайри нави ҳавоӣ кушода мешавад. Дар ин бора байни мақомоти дахлдори ду кишвар созишнома ба имзо расид.

Бино ба иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 15-уми апрел мулоқоти директори ин ниҳод бо Назарзода Ҳабибулло Темур бо Директори Агентии давлатии авиатсияи граждании назди Девони вазирони Қирғизистон Бостонов Данияр ва Директори генералии КД “Қирғизаэронавигатсия” Омуров Торокелди сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот “масъалаи зиёд намудани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Бишкек – Душанбе ва Хуҷанд – Бишкек – Хуҷанд”-ро баррасӣ кардаанд.

Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки намояндагони ду кишвар санадҳои муҳимеро дар робита ба кушодани парвозҳои нав дар хастайри Душанбе – Иссик Кул ва Хуҷанд – Иссик Кул ба имзо расондаанд.

Инчунин гуфта мешавад, зимни ин мулоқот масъулон дар робита ба таҳкими “ҳамкориҳои дуҷониба оид ба бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи гражданӣ” гуфтугӯ карданд.

Ба иттилои ин ниҳод, баъд аз анҷоми мулоқот байни ҷонибҳо “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии авиатсияи граждании назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон” ба имзо расид.

Шикояти як сарбози тоҷике, ки дар Украина қарор дорад

0

Як зодаи Тоҷикистон аз он шикоят дорад, ки бо вуҷуди ба охир расидани шартномааш бо Вазорати дифои Русия, ӯро аз ҷанг дар Украина рухсатӣ намедиҳанд.

Ин сарбози тоҷик бо шарти зикр нашудани номаш 15-уми апрели соли ҷорӣ ба Azda.tv гуфт, ки ӯ моҳи феврали соли 2024 бо Вазорати дифои Русия барои иштирок дар ҷанги зидди Украин ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар, шартномаи як сола баста буд.

Ба гуфтаи ӯ, ин шартнома дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба охир расид, аммо бо гузашти ду моҳ ва навиштани даҳҳо ариза ва нома ба прокуратура ва Вазорати дифои Русия ба ӯ иҷоза надодаанд, ки аз минтиқаи ҷангӣ берун барояд ва ҳатто иҷозаи рухсатиро ба ӯ надодаанд.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки вазъи руҳияш бад асту чашми чапаш хуб намебинад ва маълумотнома (справка)-и духтур ва тавсифнома (характеристика)-и муовини фармондеҳи дастаи низомӣ (командири рота)-яшро ба даст овардааст, ки дар онҳо гуфта мешавад, ҳаққи идома ширкат дар ин ҷангро надорад.

Вале, ба гуфтаи худаш, бо вуҷуди ин ҳама ӯро маҷбур доранд, ки боз барои идомаи иштирок дар ҷанги зидди Украина бо шиносномаи русияш шартномаи нав бандад.

Ин зодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки мисли ӯ чандин тоҷикистоние дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия қарор доранд, ки барои гирифтани шиносномаи ин кишвар ба ҷанги зидди Украина рафта, бо вуҷуди ба охир расидани шартномаҳояшон онҳоро намегузоранд аз минтақаи ҷанг берун бароянд.

Гуфта мешавад, мақомоти Русия пас аз ҳамлааш ба Украина дар соли 2022 то кунун садҳо зодаи Тоҷикистонро ба ҷанг фиристодааст ва хабари марги чандин тани онҳо расонаӣ шуда буд. Ҳоло мақомоти Русия бар ивази иштирок дар ин ҷанг ба муҳоҷирон ва зиндониёни хориҷӣ шиносномаи ин кишвар ва озод шудан аз ҷавобгариро пешниҳод мекунанд.

Дар сурати гирифтани рад мақомомоти Русия муҳоҷиронро аз хоки ин кишвар меронанд ва ё бо зӯру фишор ба ҷанг мефиристанд.

Дар Тоҷикистон иштироки шаҳрвандон дар ҷанги дигар кишварҳо ҷиноят ҳисобида мешавад ва созмонҳои ҳуқуқиву сиёсӣ борҳо аз зодагони Тоҷикистон хоста буданд, ки ба фиреби мақомоти рус дода нашванду худро ба куштан надиҳанд.

Оё Э.Раҳмон муҷозот мешавад? Ба ҷуз ӯ боз парвандаи киҳо ба ДБҶ рафт?

0

Парвандаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) рафтааст, танҳо худаш нест, балки баъзе наздикон ва дигар вазирони ӯ низ шомили он ҳастанд.

Дар пайи хабари ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ кашондани Эмомалӣ Раҳмон ва бархе аъзои ҳукумати ӯ аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Azda TV барои тафсилоти бештар ва рӯшанӣ андохтан ба раванди пешбурди парванда бо вакили дифои он Николас Лигнёл мусоҳиба анҷом дод. Дар поён шакли пурраи мусоҳиба оварда шудааст.

______________________

Azda TV: Шумо ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, ки мақарраш дар шаҳри Лоҳаи Ҳоланд аст, аз нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон шикоят бурдед ва ин шикоятҳо аз болои кадом мақомот ҳастанд, президент, вазирҳо ё додрасҳо?

Вакили дифоъ Николас Лигнёл (дар идома Вакил Н.Л.): Ин парванда ё шикояти бисёр калон шомили ҷиноятҳои зидди башарӣ аст, ки бо дасти мақомоти Тоҷикистон бар зидди шаҳрвандони ин кишвар сурат гирифта аст. Мо беш аз 60 парвандаи нақзи ҳуқуқи инсон, шиканҷа, таҷовуз ба номус, боздоштҳои худсаронаи мухолифин, таъқиб, фишор ва мусодираи молу дороиро ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ фиристодем. Додситони кули ин додгоҳ бар асоси факту далелҳо тасмим мегирад кадом мақомоти Тоҷикистонро, ки дар ин ҷиноятҳо даст доранд, дар пайгарди байналмилалӣ қарор диҳад. Дар раъси онҳо Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон, вазирон, намояндагони парлумон, дастгоҳи қазоӣ, додситонҳо, додрасҳои Додгоҳи олӣ, пулис ва нерӯҳои амниятиро дар бар мегирад.

Azda TV: Шумо аз кадом ҷиноятҳо ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ шикоят бурдед? Ҷиноятҳои зидди башарӣ?

Вакил Н.Л.: Албатта, аз ҷиноятҳои зидди башарӣ. Додситони ДБҶ масъули баррасии парвандаҳои ҷиноии зидди башарӣ аст. Чун мо далелҳои исботшуда дар бораи таҷовуз ба номус, қатлу куштор, боздоштҳои худсарона, шиканҷа ва дигар ҷиноятҳои тарҳрезишёфта бар зидди мухолифин аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар даст дорем. Бо ин далелҳо мо аз болои мақомоти ҷинояткори Тоҷикистон ба ДБҶ шикоят кардем.

Azda TV: Чӣ қадар замон мебарад то додситон парванда ва шикоятро баррасӣ кунад?

Вакил Н.Л.: Ин суоли душвор аст. Аввал додситон тасмим мегирад, ки парвандаро ба Додгоҳ пешниҳод кунад ё на. Агар тасмим гирифт, мо бар асоси моддаи 15-и Конвенсияи Рум кор мекунем. Ба ин маъно ки, ин парванда аз ҳимояти Шӯрои амнияти СММ ё ягон кишвари аъзои феълӣ ДБҶ бархӯрдор нест. Ин додситон аст, ки баъд аз баррасии санадҳо ва парвандаҳо тасмим мегирад парвандаро ба ДБҶ бифиристад ё на. Мо талош дорем, ки кишварҳои дигаро ҷалб кунем, то аз ин парванда ҳимоят кунанд. Дар сурати ҳимояти яке аз  кишварҳои узви ДБҶ, додситон маҷбур аст, ки онро баррасӣ кунад.

Azda TV: Шикоят ва сабти парванда ба ДБҶ чӣ таъсир ва паёмад дорад?

Вакил Н.Л.: Бубинед, ман адвокат ҳастам, на журналист ё таҳлилгар. Вале, умедворам, ки шикоят аз мақомоти Тоҷикистон дар ДБҶ таъсир хоҳад гузошт. Мақомоти Тоҷикистон дигар медонанд, ки ҷиноятҳои онҳо аз чашми ҷаҳониён пинҳон нахоҳад монд ва дар ДБҶ баррасӣ мегардад.

Azda TV: Фарз кунем, ки додситон ҳукми боздошти мақомоти ҷинояткоро содир кард. Оё танҳо он фарди ҷинояткор таҳти пайгард қарор хоҳад дошт, ё ин ки наздикон, фарзандонашон ва молу дороиҳояшонро низ дар бар мегирад?

Вакил Н.Л.: Суоли бисёр хуб аст. Аввалин таъсир ё паёмад ин аст, ки агар додситон тасмим бигирад барои боздошти ҷинояткорон, ӯ аз ДБҶ талаб мекунад, ки ҳукми таъқиб ва боздошти онҳоро содир кунад (Warrant of Arrest). Дар натиҷа, ҷинояткорон наметавонанд ба кишварҳои узви Конвенсия Рум, (125 кишвар узви ин Конвенсия ҳастанд) сафар кунанд. Ҳамчунин мо рӯи тарҳи наве кор дорем ва талош дорем, ки Додгоҳ моликияти онҳоро дар кишварҳои хориҷӣ мусодира кунад ва ба ҷабрдидагон ҷуброни хисорот пардохт кунуад аз ҳисоби молу дороиҳои ҷинояткорон.

Azda TV: Шумо гуфтед ба намояндагии аз 60 ҷабрдида ба ДБҶ шикоят бурдед. Дар ин парвандаҳо номҳои мақомоти мухталиф вуҷуд дорад? Масалан аз додситону муфаттиш гирифта то пулис ва дастгоҳҳои қозӣ? Агар бошад, оё Додгоҳ ҳамаи онҳоро дар пайгард қарор хоҳад дод?

Вакил Н.Л.: Бубинед, мо умедворем, ки ҳамаи касоне, ки дар ин ҷиноятҳо даст доштанд, мавриди пайгард қарор гиранд. Аммо ин раванд бисёр печида аст. Ҳамаи фактҳо ва санадҳоро додситон ва ДБҶ бо диққат баррасӣ мекунанд ва баъд тасмим мегиранд, ки кадом мақомотро дар пайгарди байналмилалӣ қарор диҳанд.

Ташакур барои мусоҳиба!

ЭЗОҲ: Ин вакили дифои фаронсавӣ, ки парвандаи ҷиноятҳои ҳукумати Тоҷикистонро ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дар Лоҳа (Гаага) супорид, кист в адар бораи ӯ чи медонем?

Николас Линёл (Nicolas Ligneul) профессори ҳуқуқшинос ва вакили дифои форонсавӣ аст. Ӯ мухассиси дар соҳаи ҳуқуқи иҷтимоӣ ва тиҷорат мебошад. Устоди аршади ҳуқуқ бо собиқаи касби пурсамари академӣ аст. Николас пеш аз анҷоми рисолаи доктории худ дар соли 1998 дараҷаи магистрро дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ касб кардааст ва унвони докторияшро дар мавзуи қонуни ҷамъиятии фаъолияти иқтисодӣ бо дипломи аъло гирифтааст. Ӯ устоди Донишгоҳи Париж-Эст ва дигар донишгоҳҳои фронсавӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Дар вазифаҳои муовини раиси бахши ҳуқуқи ҷамъиятӣ, муовини декани факултети ҳуқуқ вобаста ба муносибатҳои байналмилалӣ (аз 2008 то 2012), ҳамгироии касбӣ (аз 2012 то 2017) ва дар робитаҳои хориҷии факултет (аз 2017) кор кардааст. Никола Линёл ҳоло ҳуқуқшинос дар Додгоҳи кассатсионии Париж мебошад ва ба қонунҳои тиҷорат, ҳуқуқи ҷамъиятӣ ва қонуни арбитраж фаъолият дорад.

Ёдовар мешавем, ки ҲНИТ бо ХИБУ ва ОА дар як баёнияи муштараке иттилоъ доданд, ки “Се созмон – созмони ғайриҳукуматии Хазинаи ихтиёриёни байналмилалии Украина (FUVI), созмони ҷамъиятии Озодӣ барои Авруосиё ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тавассути вакили мудофеи худ Николас Лигнул ба Додситонии Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ аз болои Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ шикояти асмӣ ирсол карданд.

Мухолифони ҳукумати Эмомалӣ ин иқдомро хуш пазируфтанд ва умед доранд, ки ҷиноятҳои раисҷумҳури Тоҷикистон дар додгоҳи байналмилалие баррасӣ мешавад. Аммо то ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон ба ин қазия вокунише накардаанд.

Фиреби мардум бо ваъдаи Амрико фиристодан

0

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 14-уми апрел аз боздошти ҷавоне бо иттиҳоми фиреби мардум хабар дод.

Дар иттилоияи ин ниҳод омада, ки Ҳасанов Аҳмадҷон ҷавони 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “қаллобӣ дар ҳаҷми калон” боз шуда буду дар ҷустуҷӯ қарор дошт, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дастгир шудааст.

Аммо дар хабари ВКД-и шаҳри Душанбе гуфта нашудааст, ки ин ҷавон дақиқан кадом рӯз боздошт ва алайҳи ӯ кай парванда боз карда шудааст.

ВКД мегӯяд, тафтишот муайян карда, ки “гумонбаршаванда шаҳрвандонро фиреб дода, бо ваъдаи ба Амрико фиристодан аз ҳар кадоме беш аз 20-ҳазор долларӣ гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст.”

Аммо дар бораи ин ки чанд нафар ба доми фиреби ин ҷавон афтодаву дар умум чанд ҳазор доллари мардумро бо роҳи фиреб гирифтааст, чизе гуфта намешавад.

Ин ниҳод хабар дода, ки “айни замон Ҳасанов А. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, оид ба кирдорҳои қаллобонаи ӯ тафтишот идома дорад.”

То ба ҳол назари худи боздоштшуда ва ё наздикони ӯ дастрас нест. Ва ҳамзамон шикояти ҳеч ҷабридаде дар расонаҳо нашр нашудааст.

Боздошти ин ҷавон дар ҳолест, ки пас аз фишору ихроҷи зиёди муҳоҷирон аз Русия, аксари муҳоҷирони кории тоҷик кишварҳои дигарро барои ёфтани луқмаи нон ҷустуҷӯ доранд. Аксари онҳо талош доранд ба Куриёи Ҷанубӣ, кишварҳои аврупоӣ ва Амрико барои кор сафар кунанд, вале мутаассифона дар ин миён қаллобон ва фиребгароне пайдо шудаанд, ки бо ваъдаи таъмини ҷои кори хуб онҳоро фиреб медиҳанд.

Ҳукумати кишвар ҳам дар ростои таъмини ҷойҳои корӣ дар дохили Ватан чандон талоше надорад ва баракс, дида мешавад, ки бо кишварҳои хориҷӣ барои фиристодани муҳоҷирон шартномаҳои нав мебандад.

Мақомот барои гузоштани “лайк” дигар касеро зиндонӣ намекунад?

0

Беш аз 1,5 ҳазор нафар бо иттиҳоми гузоштани “лайк” дар зери навору гузоришҳои ба гуфтаи мақомот “мамнуъ”, дар зиндонҳои Тоҷикистон қарор доранд.

Ин эътироф бори аввал аз забони Умед Каримзода, муовини аввали додситони кул рӯзи 10-уми апрел замоне ки тарҳи ислоҳ ба ду банди Кодекси ҷиноиро ба вакилони парлумони Тоҷикистон пешниҳод кард, садо дод.

Каримзода дар тарҳи пешниҳод кардааш аз вакилон хост, ки ба моддаҳои 179 (терроризм) ва 307 (ифротгароӣ)-и Кодекси ҷиноӣ тағйиру иловаҳо ворид намоянд ва “ҷавобгарии ҷиноӣ барои гузоштани “лайк” дар навору гузоришҳо” пурра бардошта шавад.

Гуфта мешавад, ин тарҳ аз ҷониби ҳарду палатаи парлумон ба тасвиб расида, ҳоло онро бояд президент имзо кунад ва пас аз нашр мавриди амал қарор мегирад.

Қабули тағйиру иловаҳо ба ин моддаҳои Кодекси ҷиноӣ дар ҳолест, ки раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми октябри соли 2024 зимни чорабиние дар шаҳри Душанбе эътироф карда буд, ки муҷозоти шаҳрвандон ба хотири “лайк” гузоштан зери навору гузоришҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ беасос аст.

Ӯ ҳамзамон таъкид карда буд, ки баъзе намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои “лайк” гузоштани шаҳрвандон зери маводҳо дар интернет бар алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд ва бояд ба ин амал хотима дода шавад. 

Ҳоло маълум нест, ки пас аз қабули ин тарҳ нафарони зиндонишуда ба хотири “лайк”-у бознашр, ки миёни онҳо рӯзноманигору фаъолон ва ҳатто занон ҳастанд ва аксарашон барои гузоштани шарҳу “лайк” дар зери навору навиштаҳои мухолифону расонаҳои дар табъид қарор дошта зиндонӣ шудаанд, бегуноҳ дониста мешаванд ё хайр? 

Бояд гуфт, Тоҷикситон борҳо аз сӯи созмонҳои ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқ барои муҷозот намудани шаҳрвандон ба хотири “писандидану ба дигарон фиристодани наворҳо дар интернет” танқид шудааст.

Фавтидани як зодаи Тоҷикистон дар пайи ташдиди “рейдҳо” дар Русия

0

Давоми чанд рӯзи гузашта мақомоти амниятии Русия болои муҳоҷирони корӣ тафтишу бозҷӯиҳои сахтеро анҷом дод.

Ба гуфтаи расонаҳо, ин “рейдҳо”-ҳои мақомоти Русия чанд фоҷеа, аз ҷумла таҳқиру латтукӯби муҳоҷирони дар ҳаммомбуда ва марги як шаҳрванди Тоҷикистонро ба дунбол дошт.

Сомонаҳои хабарӣ бо нашри наворе гузориш медиҳанд, ки 11-уми апрели имсол мақомоти амниятии Русия бо қасди тафтиши муҳоҷирон ба як ҳаммоми умумие бо номи “Бодрость” дар шаҳри Маскав, ки муҳоҷирон дар он қарор доштанд, даромада, беш аз 20 нафарро дастгир карданд.

Мақомоти Русия мегӯянд, баъд аз тафтишу бозҷӯии муҳоҷирон маълум гашта, ки 4 нафари боздоштшудаҳо будубошашон ғайриқонунӣ буда ва бояд аз ин кишвар ихроҷ шаванд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд муҳоҷирон, ки аксар шаҳрвандони Қирғизистон будаанд дар ин тафтишот мавриди латтукӯб ва таҳқири маъмурони амниятии Русия қарор гирифтанд.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфта буд, ки ин қазияро баррасӣ мекунад ва дертар ин ниҳод дар робита ба ин масъала ба Русия эътироз кардааст.

То ҳанӯз маълум нест, дар байни ин муҳоҷирони боздоштшуда, ки тавассути маъмурони амниятӣ мавриди таҳқир ва латтукӯб қарор гирифтанд, чанд нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Аммо шабакаи “Pamir Inside”, ки ахбори Вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшонро пӯшиш медиҳад, бо пахши наворе дар шабакаи фейсбукии худ гузориш дод, ки Гулзор Шикорова, як шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон дар пайи тафтишоти полис бар асари ҳамлаи қалбӣ ҷон бохтааст.

Гуфта мешавад, ҳодисаи фавти зодаи Бадахшони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар истгоҳи метрои “Дмитрия Донского” -и шаҳри Маскав рух додааст. Дар макони ҳодиса шавҳар ва чанде аз наздикони ин зан низ ҳузур доштаанд.

Бино ба гузоришот, моҳҳои ахир тафтишу бозҷӯиҳои бедалели мақомоти Русия алайҳи муҳоҷирони корӣ, аз кишвар рондани онҳо ва ҳаминтавр сахттаркунии шароити будубош ва манъи ба ин кишвар ворид шудани шаҳрвандони хориҷие, ки ба қасди кор омадаанд, дар ин кишвар бо шиддат афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши Радиёи Озодӣ, 10-уми апрел мақомоти Русия баъди се рӯзи нигаҳдорӣ беш аз 20 муҳоҷири тоҷикро аз фурӯдгоҳи “Внуково”-и Маскав ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд.

Гуфта мешавад, назорат болои муҳоҷирон ва ихроҷи онҳо дар Русия баъд аз ҳодисаи хунин “Крокус Сити Холл”, ки гумонбарони он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, шиддат гирифт. Пас аз ин ҳодиса чораҳои назоратӣ сахттар шуда, маҳдудиятҳои нав дар бораи фаъолияти кории муҳоҷирон дар аксар минтақаҳои Русия ҷорӣ карда шуданд.

Танҳо дар соли 2024 бо қарори додгоҳҳои Русия беш аз 90 ҳазор муҳоҷир аз хоки Русия ихроҷ шудаанд, ки ин омор нисбат ба солҳои қаблӣ чанд баробар зиёд аст.

Зилзилаи шадид Тоҷикистонро такон дод

0

Субҳи рӯзи якшанбе, 13-уми апрел дар ноҳияи Рашт, қисмати шарқии Тоҷикистон заминларзаи шадид ба вуқуъ пайваст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, маркази заминларза 21 киломатер дуртар аз маркази ноҳияи Рашт дар ҳудуди Тоҷикистон рух дода, шиддати он дар марказаш 5.6 балл, дар минтақаи Рашт 4.5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил додааст.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар натиҷаи ин зилзила дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 94 хона пурра 50 хона қисман вайрон шуда, 61 хонаи дигар осебҳои андак дидаанд. Гуфта мешавад, инчунин ба 3 мактаб ва тақрибан 200 иншооти иҷтимоӣ зарар ворид шудааст.

Дар аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки баъзе хонаҳо валангор шуда, тақрибан аз истифода берун шудаанд.

Ҳамзамон ин ниҳояд мегӯяд, бар асари ин заминларза як кӯдаки сесолаи сокини деҳаи Уштурпасти ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт зери девор монда, ҷон бохтааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода, ки дар ин минтақа давоми рӯзи якшанбе се маротиба заминларза ба қайд гирифта шуд. Бори аввал дар марказаш 5.6 ва дар минтақаи Рашт 4.5 балл, бори дуюм дар марказаш 4 балл ва дар ноҳия Рашт 2-3 балл ва ҳамин тавр бори сеюм нисфирӯзӣ рух дод, ки дар марказаш 3 ва дар Рашт 2 балро ташкил дод.

Ба иттилои расонаҳои кишвар, субҳи рӯзи душанбе низ дар 18-киломатерии қисмати шарқии водии Рашт заминларза рух додааст, ки қуввати он 3-4 балл гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол бархе корбарон аз водии Рашт дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки бар асари ин заминларза 15 нафар дар водии Рашт ҷон бохтааст. Аммо ин маълумотро мақомоти расмӣ тасдиқ ё рад накардаанд.

Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки барои маълум кардани ҳаҷми хисорот ва кумакҳои фаврии зарардидагон як комиссияи ҳукуматӣ бо раҳбарии муовини сарвазири кившар, Сулаймон Зиёзода ташкил шуда, ба водии Рашт фиристода шуд.

ҶИРТ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост, ки сарбози диктатура нашаванд

0

Ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” бо нашри як изҳорот фиристодани иҷбории шаҳрвандони Тоҷикистон аз зиндонҳои Русияро ба ҷанги зидди Украина шадидан маҳкум кард.

Дар изҳороти ин созмони сиёсӣ, ки рӯзи 10-уми апрел нашр шудааст, гуфта мешавад, маъмурони Хадамоти махсус, кормандони Вазорати мудофиа ва Раёсати зиндонҳои Русия маҳбусони тоҷикро бо таҳдид, зӯроварии ҷисмонӣ, бо ҷойгир намудан дар утоқҳои муҷозотии зиндон барои ширкат дар ҷанги зидди Украина мефиристанд.

Инчунин дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки 3-уми апрели соли 2025 ҳашт маҳбус аз колонияи рақами 26-и Волгоград барои фиристодани минбаъда ба минтақаи ҷангӣ бурда шуданд ва ҳоло беш аз 50 нафари дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон зери фишору таҳдидҳо қарор доранд, то баъдан ба ҷанг фиристода шаванд.

ҶИРТ ин амали мақомоти Русияро терроризми фаромиллӣ, ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият номида, онро нақзи дағалонаи қавонини байналмилалии башардӯстона, аз ҷумла конвенсияҳои Женева ва Конвенсияи ҷилавгирӣ аз наслкушӣ медонад.

Ҳамзамон ин созмони мухоли режими Раҳмонов аз беамалии мақомоти расмии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, ки сарфи назар аз муроҷиат ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав, маҳбусон ҳеҷ гуна кумаке дарёфт накардаанд ва ин амал ба маънои ҳамдастӣ бо мақомдорони рус аст.

Дар ин изҳорот ҶИРТ аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, то баргардонидани шаҳрвандони ба ҷанг эъзомшударо тақозо кунанд ва аз ҳама гуна кумак ба ин амалҳо даст кашанд ва аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват карда, ки иштирокчии ҷанги каси дигар ва сарбози диктатура нашаванд.

Ҳамчунин аз ҷомеа ва созмонҳои ҷаҳонӣ даъват шуда, ки дар бораи фиристодани ғайриқонунии муҳоҷирон ва маҳбусон аз Русия ба ҷанг дар Украина тафтишоти фавриро оғоз кунанд.