13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 90

Музокироти навбатии Амрико ва Русия

0

Имрӯз, 24-уми март дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ пушти дарҳои баста ва бидуни иштироки рӯзноманигорон музокироти ҳайатҳои Русия ва Амрико оғоз шуд.

Дар ин музокирот ҷониби Русияро раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба корҳои байналмилалӣ Григорий Карасин ва мушовири директори ФСБ Сергей Беседа намояндагӣ мекунанд.

Ба ҳайати ИМА директори аршади Аврупо дар Шӯрои амнияти миллии ИМА Эндрю Пик, директори тарҳрезии сиёсати департаменти давлатӣ Майкл Антон, инчунин ёвари фиристодаи вежаи Украина Кит Келлогг ва мушовири амнияти миллӣ Майкл Уолтс шомиланд.

Дар ин мулоқот масоили поён додани ҷанг дар обҳои баҳри Сиёҳ (созишномаи ғалла) ва қатъи бештари хушунатҳо дар қаламрави Украина баррасӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, созишномаи ғалла моҳи июли соли 2022 дар Истамбул миёни Русия, Украина, Туркия ва СММ дар бораи содироти ғалла аз бандарҳои Украина тавассути баҳри Сиёҳ баста шуда буд. Аммо моҳи июли соли 2023 созишнома аз ҷониби Русия қатъ гардид. Ҳафтаи гузашта Дмитрий Песков, сухангӯи Путин гуфта буд, ки барои аз сар гирифтани созишномаи ғалла (баҳри Сиёҳ) бояд баъзе нозукиҳо баррасӣ гардад, зеро шартҳои созиш нисбат ба Русия иҷро нашуда буданд.

Мулоқоти намояндагони Амрико ва Русия дар ҳоле баргузор мегардад, ки як рӯз пеш чунин мулоқоти ҷониби Амрико бо Украина низ баргузор гардида буд. Вазири дифои Украина Рустам Умаров, ки дар ин музокирот ширкат дошт, онро “созанда ва пурмуҳтаво” номида, гуфааст, ки ҳайатҳо масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла дар соҳаи энержиро баррасӣ кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ҷониби Украина музокирот дар як миз бо Русияро рад кардааст.

Гуфта мешавад, аз ҳамлаи Русия ба Украина ва ҷанг миёни онҳо беш аз се сол гузашт ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пас аз пирӯз шудан дар интихоботи кишвараш талош дорад ин ҷангро хомӯш созад.

Бо вуҷуди суҳбатҳои телефонӣ ва музокироти намояндагони Амрико, ду ҷониби даргир, Украина ва Русия то ҳол ба натиҷаи назаррасе дар мавриди хотимаи ҷанг ноил нагаштаанд ва ҳамоно ҳамлаҳои Русия ва Украина ба қаламрави якдигар идома дорад.

Авфи садҳо зиндонӣ дар Тоҷикистон

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон фармони авфи 897 зиндониро содир кард.

Фармон рӯзи 20-уми марти соли ҷорӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ба имзо расидааст ва ҳамаи ин афрод якбора аз зиндонҳо ба озодӣ мебароянд.

Гуфта мешавад, ин фармон нисбат ба маҳкумшудагоне татбиқ мегардад, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Номи афроде, ки шомили авфи раисҷумҳур шудаанд маълум нест.

Қаблан Эмомалӣ ба муносибати ҷашну маросимҳо фармони афви зиндониёнро содир мекард. Аммо ба назари мунтақидон, дар чунин фармонҳо зиндониёни сиёсӣ ва рӯзноманигорону чеҳраҳои рӯшанфикри ҷомеаи тоҷикистон шомил намешаванд.

Боздошти мубаллиғи Ҳукумат бо иттоми таҷовузи ноболиғ

0

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе аз боздошти Додихудо Шарифзода, роҳбари ташкилоти “Маркази рушди зеҳнӣ” ва собиқ муовини гурӯҳи “Авангард” бо иттиҳоми “таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ” хабар дод.

Бино ба навиштаи ин ниҳод, Додихудои 24-сола аз моҳи ноябри соли 2024 то ин ҷониб бо як духтари ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонидоштаро анҷом медодааст.

Инчунин ӯ нисбати боз 3 нафар ноболиғ ва занони дигар ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст.

Ҳоло ин мубаллиғи Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ” (моддаи 141 КҶ) парванда боз шудааст, ки ин банди қонун ҷазо аз 2 то 5 соли зиндон ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайянро пешбинӣ мекунад.

Назари худи боздоштшуда ва вакили дифоу пайвандонаш дар ин бора дастрас нест.

Раёсати ВКД дар Душанбе дар ҳоле аз боздошти раҳбари “Маркази рушди зеҳнӣ” Додихудо Шарифзода хабар медиҳад, ки ин марказ ба раҳбари ВКД дар Душанбе генерал Шоҳрух Саидзода ҷоизаи “100 чеҳраи муваффақ”-ро дода буд.

Инчунин Додихудо дар гузашта муовини гурӯҳи “Авангард”-и вобаста ба ВКД-и кишвар буд. Ин гурӯҳ асосан аз ҷавонон иборат буда, ба таблиғи ташвиқи режими Эмомалӣ Раҳмон ва танқиду таҳқири мухолифон машғул буданд.

Муовини раиси шаҳри Ҳисор бо иттиҳоми ришва боздошт шуд

0

Муовини раиси шаҳри Ҳисор Гулзода Сангалӣ Бурӣ аз ҷониби Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон бо иттиҳоми ришва ва фасод боздошт шудааст.

Рӯзи панҷшанбе, 20-уми март як манбаъ бидуни зикри ном ба Azda TV гуфт, Ожонии зидди фасод муовини раиси шаҳри Ҳисорро аввалҳои моҳи март боздошт карда буданд, вале то ҳол хабари боздошташ расонаӣ нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, Гулзода “бо гирифтани як миллион сомонӣ аз як сохибкори биносоз бо миёнаравии сардори Раёсати сохтмони ш.Хисор ва инчунин бо додани 15 хазордолари амрикоӣ ба кормандони Ожонсии зидди фасод боздошт шудааст.”

Манбаъ афзуд, ки Гулзода ҳамзамон раиси Комиссияи тақсимоти замин дар шаҳри Ҳисор буд ва мардумро барои гирифтани замин бисёр озор медод. “Ҳангоми тақсимоти замин шахрвандоро ба ҷон оварда буд.”, мегӯяд манбаъ.

Ҳамчунин манбаъ мегӯяд, Гулзода бо соҳибкор як миллион сомонӣ маслиҳат карда будаанд. Кормандони Ожонсии зидди фасод ҳангоми гирифтани 200 ҳазор сомонӣ Гулзодаро дастгир карда, нисбати ӯ ва сардори шуъбаи сохтмони шаҳрдорӣ бо моддаи 319 (гифтани пора аз сӯи шахси мансабдор) ва 320 (додани пора) парванда кушоданд.

Azda TV аз роҳҳои худ натавонист ин хабарро таъйид кунад. Ва ҳамчунин назари муттаҳам ва наздикони ӯ ва ё шаҳрдории Ҳисор дар ин маврид дастрас нест.

Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи шаҳрдории Ҳисор нашр шудааст, гуфта мешавад, Гулзода Сангалӣ Бурӣ 12-уми январи соли 2025 ба ҳайси муовини раиси шаҳри Ҳисор таъйин шуда ва то ҳол дар ин симат кор мекунад.

Боздошти шаҳрдори Истанбул ва тазоҳуроти хиёбонӣ дар Туркия

0

Бо фармони Додситонии кулли Туркия 19-уми марти соли ҷорӣ шаҳрдори Истанбул Акрам Имомуғлу ва беш аз 100 мансабдору чеҳраҳои маъруф боздошт шуданд.

Мақомоти додситонӣ Имомуғлу ва дигар боздоштшудаҳоро ба фасод, ташкил ва раҳбарии гурӯҳи ҷиноятӣ, тамаъҷӯӣ, дасткорӣ дар тендерҳо ва қаллобӣ муттаҳам мекунад.

Инчунин додситонӣ Имомуғлуро ба “ҳимоят ва дастгирии ғайримустақим” аз Ҳизби коргарии Курдистон (PKK), ки Туркия онро “созмони террористӣ” мешуморад, айбдор кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ дар сохторҳои шаҳрдорӣ аъзои ин созмонро ба кор гирифтааст.

Ба гуфтаи додситонӣ, Имомоғлу дар чорчӯби ду парвандаи алоҳидаи Раёсати таҳқиқи ҷиноятҳои “террористӣ” ва “ташкилоти ҷиноӣ” боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ҳоло шаҳрдори Истанбул ба муҳлати 4 рӯз боздошт шудааст, агар тафтишот зарур донист боз ҳукми боздошти муваққатияш дароз карда мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар пайи боздошти шаҳрдори Истанбул ҳазорҳо ҷонибдор ва мухолифи ҳукумати феълии Туркия ба хиёбонҳо баромада, озодии ӯро талаб карданд.

Боздошти шаҳрдори Истанбул дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор буд чанд рӯз баъд интихоботи пешакӣ дар дохили Ҳизби халқии ҷумҳурӣ (CHP) сурат бигирад. Имамоғлу яке аз номзадҳои асосӣ дар муқобили президенти кунунӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, дар интихоботи ояндаи президентии ин кишвар шуморида мешуд.

Мунтақидони ҳукумати Туркия мегӯянд, боздошти Имомуғлу барои саркӯби дигарандешон ва чеҳраҳои наву пурнуфузи сиёсӣ аст, ки ҳизби ҳоким намехоҳад дигарон сари қудрат биёянд.

Раиси Ҳизби халқии ҷумҳурӣ (CHP) Ӯзғур Ӯзел ин боздоштро “кудатои зидди демократия” хонд ва ҳукуматро барои барканор кардани Имомоғлу ва канор задани мухолифон аз саҳнаи сиёсӣ муттаҳам кард.

Аммо мақомоти додситонии Туркия ин иттиҳомро рад карда, гуфтаанд, ки шаҳрдор аз қонун боло нест ва агар бегуноҳ бошад ҳатман озод мешавад ва дар акси ҳол бояд назди қонун ҷавоб бигӯяд. Ва низ боздошти чандин масъули дигарро, аз ҷумла раиси ноҳияи Шишлӣ, муовини ӯ ва раиси Пажӯҳишгоҳи ислоҳот ва чеҳраҳои шинохта, ки баъзе онҳо аъзои ҳизби ҳокиманд, далели мақсаднок набудани ин боздоштҳо мегӯянд.

Баргузории аввалин нишасти вакилони нави парлумони Тоҷикистон

0

Рӯзи 19-уми марти соли ҷорӣ аввалин нишасти вакилони нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни нишасти аввали намояндагони нави парлумони кишвар раис ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд.

Ҳаминтариқ Раиси нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 интихоб карда шуд.

Тавре расонаҳои ҳукуматӣ хабар медиҳанд, раванди интихоби раис “тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ бо овоздиҳии ҳаммаи вакилон таҳти назорати Комиссияи муваққатии баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби роҳбарони сохторҳои Маҷлис анҷом шуд.”

Пас аз ин, ба ҳайси муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон, Шермуҳаммад Шоҳиён вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб шуда ва муовинони раиси Маҷлис Мавсума Муинӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд рақами 13 ва Гиёзода Азиз, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 41 аз Хоруғ интихоб гардиданд.

Ба назари таҳлилгарон, интихоб шудани раиси Маҷлиси намояндагон аз минтақаи Рашт шояд табиӣ ба назар расад, аммо раванди интихоб шудани раҳбарони маҷлисро систематик ва аз пеш маълумшуда унвон мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, ин як қонуни нонавишта аст, ки раиси Маҷлиси намояндагон ҳамеша аз ноҳияи Рашт ва муовинони ӯ аз Хоруғ, Хатлон ва Хуҷанд интихоб мешаванд. Ба ин тарз интихоб шудани раису муовинони парлумон мустақил ва соҳибраъй будани вакилонро зери суол мебарад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2-уми марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт ва ин аввалин интихоботи парлумоние буд, ки Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ҳеҷ курсие дар парлумон ба даст наовард.

Дар интихоботи парлумонии кишвар аз рӯйхати ҳизбӣ, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 51,9%-и овозҳоро ба даст оварда, дар парлумон 12 курсиро соҳиб гашт ва ҳамин тариқ пирӯзи мутлақ ҳизби ҳоким дониста шуд.

Аммо дигар ҳизбҳо, аз ҷумла Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо ба даст овардани 21 дарсади овозҳо 5 курсӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон бо 5,1 дарсади овозҳо 1 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо 12,7 дарсади овозҳо 3 курсӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бо 5,3 дарсади овозҳо 1 курсиро ба даст оварданд. Аммо Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бо 1,9 дарсади овозҳо ҳеҷ курсие ба даст наовард.

Ба гуфтаи мунтақидон, ин аввалин интихоботе буд, ки бидуни назорати нозирони байналмилалӣ гузашт ва пештар аз баргузории маъракаи интихобот намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хабар дода буданд, ки мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи надодани аккредитатсия нагузоштанд раванди интихоботро назорат кунанд.

Ба гуфтаи онҳо, тақаллуб дар интихоботҳои президентӣ ва парлумонии Тоҷикистон кори роиҷ аст. Ҳатто замоне ки ҳизбҳои мухолифи фаъол, монанди ҲНИТ ва ҲСДТ дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур доштанд ва нозирони созмонҳои байналмилалӣ, монанди САҲА дар дохили кишвар раванди интихоботро назорат мекарданд, боз ҳам садҳо ҳолати тақаллуб фош мешуд.

Ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Лаҳистон

0

Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ карданд.

Рӯзи душанбе, 18-уми март ҳавопаймои низомии Каса аз фурӯдгоҳи Краков-Балисе бо 14 шаҳрванди хориҷие, ки аз Лаҳистон ихроҷ шудаанд, парвоз кард.

Гуфта мешавад, миёни ихроҷшудагон 4 шаҳрванди Гурҷистон, 7 шаҳрванди Узбекистон ва 3 шаҳрванди Тоҷикистон будаанд.

Мақомоти Лаҳистон аз ин афрод ном набурдаанд, аммо онҳо ба вайрон намудани қоидаи роҳ, аз ҷумла дар ҳолати мастӣ рондани мошин, терроризм ва хатар ба амнияти миллӣ, инчунин содир намудани дуздиву ҷиноятҳои дигар гумонбар мебошанд.

Пас аз муроҷиати Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон ба раҳбарони вазоратҳои умури дохилӣ ва адлия барои таҳияи нақшаи сареъ барои вокуниши фаврӣ ба ҷиноятҳои созмонёфтаи хориҷиён, нерӯҳои марзбонии Лаҳистон барои баргардонидани ҳам ихтиёрӣ ва ҳам иҷбории хориҷиён пайваста амалиёт мегузаронанд.

Тибқи иттилои расмии мақомоти Лаҳистон, аз аввали соли 2024 маъмурони нерӯҳи марзбонии ин кишвар фармони ихроҷи тақрибан 3000 хориҷиро содир кардаанд.

Тошиев: Агар Қирғизистон мехост барои гирифтани Мурғоб қувваи кофӣ дошт

0

Рӯзи 19-уми марти соли ҷорӣ нишасти вакилони қирғиз баргузор гардид ва Жогорку Кенеш (парлумони Қирғистон) ҳам созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ба тасвиб расонид.

Аз 85 вакиле, ки дар овоздиҳӣ иштирок доштанд, танҳо як нафар ба муқобили ин созишнома овоз додааст.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон зимни ироаи созишнома назди вакилони қирғиз иддао кард, ки агар Тоҷикистон пофишориро барои музокирот дар асоси харитаҳои солҳои 1924-1927 идома медод, ҷониби Қирғизистон даъвоҳои мутақобил ба қаламрави Тоҷикистон, бахусус барои Мурғобро мекард ва барои гирифтани он қувваи кофиро доштанд.

Дар баробари созишномаи марзии ду кишвар, вакилони қирғиз созишнома дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ ва созишнома дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, беҳбудбахшӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингардро ба тасвиб расониданд.

Пас аз овоздиҳӣ ва тасвиби созишномаҳо, Нурланбек Тургунбек уулу, раиси порлумони Қирғизистон ин тасмимро “таърихӣ” номид ва изҳори умедворӣ кард, ки он дӯстии чандинасраи ду халқро боз ҳам мустаҳкамтар намуда, ба ихтилофоти ҷонибҳо хотима мебахшад.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз, 18-уми март порлумони Тоҷикистон низ ин созишномаро ба тасвиб расонда буд. Ба фарқ аз парлумони Қирғизистон раванди тасдиқи созишнома дар парлумони Тоҷикистон расонаӣ нашуд ва то ҳанӯз ин масъала муҳри махфӣ дорад.

Инчунин ҳамтои қирғизи Саймумин Ятимов, Қамчибек Тошиев пеш аз овоздиҳӣ дар назди вакилони қирғиз суханронӣ кард ва чанд нуқтаи ин созишнома, аз ҷумла сабабҳои ба Тоҷикистон додани деҳаи Достуки вилояти Бодкандро шарҳ дод.

Ба гуфтаи Тошиев, ин тасмим ба далели мушкили таъмини об ва дур будани деҳа аз маҳаллаҳои Қирғизистон гирифта шудааст. Гуфта мешавад, оби деҳаи Дустук аз Тоҷикистон таъмин мешавад.

Ҳукумати Қирғизистон барои сокинони ин деҳа, ки кучонида мешаванд хонаҳои нав месозад ва дар дигар минтақаи кишвар 30 сотиқӣ замин хоҳад дод.

Тошиев ҳамчунин таъкид кард, ки сару садоҳо дар бораи интиқоли мавзеи Олтин Мазор ба Тоҷикистон ба воқеият рост намеояд.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон қаблан ба 210 ҳазор гектар қаламрави Қирғизистон, аз ҷумла 70 дарсади Лайлак ва нисфи вилоятҳои Бодканд даъво карда буд. Қирғизистон пофишорӣ кард, ки музокирот дар асоси шартномаи соли 1991 сурат бигирад, на харитаҳои солҳои 1924-1927.

“Гуфтам, ки агар онҳо даъвои худро ба заминҳои мо идома диҳанд, мо ҳам ба даъвои худамон, масалан, дар масъалаи Мурғоб шуруъ мекунем, ки мо ба ин заминҳо ҳак дорем ва барои гирифтани онҳо қувваи кофӣ дорем. Танҳо пас аз ин ҷониби Тоҷикистон ба тавофуқ розӣ шуд ва протоколи №44-ро, км муайян кардани сарҳад дар асоси эъломияи соли 1991 сурат мегирад, имзо кардем” – гуфтааст Тошиев дар назди вакилон.

Гуфта мешавад, дарозии умумии марзи Қирғизистону Тоҷикистон 1006,84 километрро ташкил медиҳад ва раванди муайн ва аломатгузории он аз соли 2002 оғоз шуда, то соли 2011 ҳамагӣ 519,9 километри он муайян карда шуд ва пас аз гузашти ҷониби Тоҷикистон 486,94 километри марз танҳо дар се соли охир муайян шудааст.

Дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангез солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар, беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чандин соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Дертар 21-уми феврали соли ҷорӣ раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии қитъаҳои муайяншудаи марзи муштаракро имзо карданд.

Ва ҳамин тавр Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми март марҳилаи ниҳоии созишномаи марзиро бо Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар Бишкек ба имзо расонид.

Одамкушӣ бар асари истеъмоли маводи мухадир

0

Пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки бар асари истеъмоли маводи мухаддир як занро куштааст.

Шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 18-уми март аз боздошти ин марди 35-сола хабар дод. Гуфта мешавад, ин ҷавон сокини шаҳри Душанбе буда, бо гумони “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гаштааст”, боздошт шудааст.

Ба иттилои ШКД 1-и ноҳияи Сино, гумонбар Алишер Туманов ном дошта, “8-уми марти соли соли ҷорӣ дар манзили истиқоматиаш бо зани 29-сола маводи нашъадори навъи “метамфетамин” (кристал) истеъмол карда, баъд аз эҳсоси рашк ин занро латтукӯб кардааст.” Дар натиҷа, ҷабрдида, кӣ аз вай З. Абдуллоева ном бурда шудааст, бо ҷароҳатҳои вазнин 11-уми марти соли 2025 дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Вазорати корҳоди дихили мегӯяд, таҳқиқи бештари ин ҳодиса идома дорад.

Мақомот ҳамеша аз зиёд шудани истеъмол ва истифодаи маводи мухаддир дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Аммо мунтақидон сабаби асосии зиёд шудани истифодаи маводи мухаддир ва машруботи спиртӣ дар байни ҷавононро бекорӣ, паст будани саҳти савод ва дур кардани ҷавонон аз масҷиду таълимоти дурусти динӣ медонанд.

Парлумони Тоҷикистон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро тасвиб кард

0

Рӯзи сешанбе, 18-уми марти соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон созишномаи марзӣ бо Қирғизистон ва ду ҳуҷҷати дигари марбут ба масъалаҳои марзиро ба тасвиб расонид.

Гуфта мешавад, ин охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон аст, ки пас аз он давраи вакилии баъзе вакилон поён меёбад ва аз фардо аввалин иҷлосияи даъвати ҳафтуми парлумони Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд.

Тавре дафтари матбуотии парлумони Тоҷикистон иттилоъ дод, дар ин нишасти поёнӣ, ки бо ҳузури аксари вакилон баргузор гардид, дар канори дигар фаъолиятҳо, шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон вобаста ба тавофуқоти марзӣ ба имзо расид.

Дар зимн вакилон ду санади дигари вобаста ба марз – созишнома байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ ва созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, беҳбудбахшӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингардро ба тасвиб расониданд.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми феврали соли ҷорӣ раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии қитъаҳои муайяншудаи марзи муштаракро имзо карданд.

Рӯзи 27-уми феврал Тошиев дар парлумони Қирғизистон аз раванди ин музокирот ва натиҷаҳои он гузориш дод ва вакилон созишномаро баррасӣ карданд. Аммо то ҳол маълум нест, ки Ятимов дар назди вакилони тоҷик гузориш додааст ё на, инчунин то чӣ ҳад содиқона баррасӣ шудани ин масъала аз ҷониби вакилони Тоҷикистон низ ҷойи суол аст.

Ва ҳамин тавр Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми март марҳилаи ниҳоии созишномаи марзиро бо Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ба имзо расонид.

Ба гуфтаи мунтақидон, Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи марзӣ ва ҳудудӣ гузашти зиёде кардааст. Аз ҷумла, вақте Қамчибек Тошиев созишномаро дар парлумони Қирғизистон муаррифӣ мекард, гуфта буд, ки ҷонибҳо хати марзро бар асоси харитаи соли 1991 кашидаанд на ба маводи солҳои 1924-1927, ки қаблан истифода мешуданд ва Тоҷикистон исрор дошт, ки аз рӯи он марзҳо муайян шаванд.