32.9 C
Dushanbe

Мо террорист набудем ва нестем. Гумонбарон иттиҳоми бар зиддашон эълоншударо рад мекунанд

Акс: regiony.tvp.pl

Рӯзи 28 сентябр дар расонаҳои кишвари Лаҳистон ва баъд аз он дар расонаҳои дигар хабаре нашр шуд, ки 5 шаҳрванди Тоҷикистонро Мақомоти амниятии ин кишвари аврупоӣ бо иттиҳоми “терроризм” дастгир карда, 3 тани онҳоро ба Тоҷикистон истирдод кардаанд ва муҳокимаи ду танаи дигари гумонбарон идома дорад.

Дар хабар гуфта мешуд, ки авоили моҳи майи соли равон чаҳор нафари онҳо аз сӯи нерӯҳои марзбонӣ ва Хадамоти амнияти дохилӣ боздошт шуданд. Ва нафари панҷуми ин гурӯҳ охири моҳи июн боздошт шуд.

Бино ба гуфтаи муфаттишон, ин гурӯҳ, навмусалмононро барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Лаҳистон ташвиқ мекардаанд. Дар моҳи декабри соли 2019 манзили иҷоравии сардори ин гӯруҳро кофтукоб карданд.

Хадамоти амнияти дохилии ин кишвар мегӯяд, онҳо робитаи ин гурӯҳи тоҷиконро бо созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” исбот намуда, ҳамзамон ҳайати гурӯҳ ва аҳдофу фаъолияти онҳоро низ муайян кардаанд.

Дар натиҷаи таҳқиқи хабари мазкур ба “Аздо тв” муяссар шуд бо як нафари онҳо, ки ҳоло ихроҷ шудаву дар Душанбе қарор дорад, суҳбат кунад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо яке аз айбҳое, ки дар парвандаи онҳо дарҷ гардидааст, ин бар зидди фаъолони мухолифин, ки ҳоло дар ин кишвар паноҳандаанд, фаъолияти ҷосусӣ бурдан аст.

Аммо худи ӯ инро рад мекунад ва мегӯяд, ки чунин қасде надошт ва инро худи тоҷикони Лаҳистон медонанд. Ӯ ҳамчунин мегӯяд баъд аз бозгашт чанд рӯзе дар боздоштгоҳ қарор дошт ва баъд аз онки Лаҳистон расман иттиҳомномаро ба мақомоти Тоҷикистон фиристод ӯро озод карданд. Барои ихроҷи онҳо Сафорати Тоҷкистон дар Олмон низ кӯмак карда будааст.

Ӯ ба иттиҳомоти мақомоти амниятии Лаҳистон розӣ нест ва мегӯяд амали тарҳрезӣ шуда бар зидди онҳо будааст. Ӯ мегӯяд, дар Душанбе дар озодист ва мушкил надорад. Ва ду нафари дигари ин гурӯҳ низ дар озодӣ буда яке аз онҳо дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ таҳсили худро идома медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.