Муҳаммадиқболи Садриддин ба 21 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи низомии Русия Муҳаммадиқболи Садриддин, раҳбари Ҳаракати ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ва мудири пойгоҳи “Ислоҳ”-ро дар ғайбаш ба 21 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳукм ҳанӯз моҳи апрели соли 2026 аз ҷониби Додгоҳи дувуми ҳавзаи низомии ғарбӣ содир шудааст, аммо то охири моҳи август дар расонаҳо бозтоби густарда надошт. Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми август хабар дод, ки Садриддин ба тозагӣ аз содир шудани ҳукм огоҳ шудааст.

Бар асоси қарори додгоҳ, ҳашт соли аввали ҷазоро ӯ бояд дар зиндон ва бахши боқимондаи онро дар колонияи низомаш сахт адо кунад. Ҳамчунин ӯ ба пардохти 400 ҳазор рубл ҷарима ва баъд аз адои ҷазо ба чаҳор соли маҳрумият аз ҳаққи нашри иттилоъ ва идораи сомонаҳову саҳифаҳо дар интернет маҳкум шудааст. Гуфта мешавад, парванда дар ғайби ӯ баррасӣ шуда, Муҳаммадиқболи Садриддин ба пайгарди байналмилалӣ дода шудааст.

Мақомоти Русия ӯро ба иштирок дар фаъолияти созмоне, ки дар ин кишвар террористӣ эътироф шудааства паҳн кардани – ба гуфтаи онҳо – “маълумоти бардурӯғ” дар бораи артиши Русия муттаҳам кардаанд.

Дар маводи парванда гуфта шудааст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин аз моҳи сентябри соли 2022 то феврали соли 2026 дар шабакаи YouTube наворҳоеро нашр кардааст, ки мақомоти Русия онҳоро мухолифи амнияти ин кишвар арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла, сухан аз видеои моҳи ноябри соли 2022 меравад, ки ба иддаои ҷониби Русия дар он дар бораи истифодаи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҷанги Украина “маълумоти бардурӯғ” паҳн шудааст.

Муҳаммадиқболи Садриддин замони боз шудани парванда дар суҳбат бо Azda.tv гуфта буд, ки дар барномаҳояш масъалаи ҷанги Украина ва пешрафти артиши Украинаро ба таври густарда таҳлил накардааст ва ба идддаои ӯ, дар боз шудани парванда алайҳаш мақомоти Тоҷикистон низ манфиатдор будаанд.

Ӯ бар ин назар аст, ки яке аз ҳадафҳои чунин парвандаҳо дур кардани муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ва пешгирӣ аз ҳамкории онҳо бо фаъолони мухолиф дар хориҷ аз кишвар аст.

Мудири пойгоҳи “Ислоҳ” ҳамчунин таъкид карда буд, ки ҳукми додгоҳи Русия ба фаъолияти ӯ таъсир нахоҳад гузошт ва ӯ ба даъватҳояш аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои иштирок накардан дар ҷанги Русия алайҳи Украина идома хоҳад дод.

Ин дувумин мавриди маъруф дар тақрибан як соли охир аст, ки як намояндаи гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар барои изҳороташ дар бораи ҷанги Украина дар Русия ғоибона ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум мешавад.

Моҳи июли соли 2025 Додгоҳи Басманнийи Маскав Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро ғоибона ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум карда буд. Ӯро ба паҳн кардани маълумоте муттаҳам карданд, ки мақомоти Русия онро “бардурӯғ” дар бораи артиши ин кишвар медонанд. Гадоев айбномаро рад кард ва аз болои ҳукм шикоят бурд, аммо ҳукм бетағйир монд.

Муҳаммадиқболи Садриддин дар гузашта узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, аммо соли 2025 аз ин ҳизб хориҷ шуда, Ҳаракати ислоҳотхоҳони Тоҷикистонро таъсис дод.

Мақомоти Тоҷикистон низ алайҳи ӯ бо иттиҳоми тундгароӣ парванда боз карда, саҳифаҳои марбут ба ӯро мамнуъ ва ифротӣ эътироф кардаанд. Ҳамчунин Додситонии кулли Тоҷикистон нисбати ӯ бо иттҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) парванда боз карда, аз мақомоти Фаронса истирдоди ин мухолифро ба Душанбе талаб карда буд. Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин ин иттиҳомoҳоро “беасос” хонда, онро интиқоми мақомоти тоҷик барои фаъолиятҳои сиёсиаш номида буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Толибон дар корхонаи панири Беларус: чаро аксҳои сафари ҳайат пок шуданд?

Ҳайате аз намояндагони Толибони Афғонистон ба Белорус сафар карданд, аммо аксҳои боздиди онҳо аз расонаҳо пок карда шудааст.

Наҳзати исломии Тоҷикистон баъди тағйири ном рамзҳояшро низ иваз кард

Наҳзати исломии Тоҷикистон (НИТ) рӯзи 26-уми август аз қабули низомнома ва нишони нави худ хабар дод.

Пирӯзии ҳизби ҳоким дар Қазоқистон ва суолҳо дар бораи нақши мухолифин

Натиҷаҳои интихоботи парлумонии Қазоқистон нишон доданд, ки ҳизби ҳизби президенти кишвар Қосим-Жомарт Тоқаев бо ба даст овардани 70 дарсади оро мавқеи асосиро дар сохтори нави қонунгузорӣ соҳиб шудааст.

Тоҷикистон мехоҳад Чин роҳҳояшро бисозад. Вале бо чӣ имтиёзе?

Тоҷикистон ва Чин барои суръат бахшидани чанд лоиҳаи бузурги нақлиётӣ дар Тоҷикистон мувофиқа кардаанд. Аммо маълум нест, ки кадоме аз ин тарҳҳо кай ба анҷом мерасанд.