22.9 C
Dushanbe

Мулоқоти намояндагони нозирони ИДМ бо мақомоти тоҷик

Акс: parlament.tj

Мудири шуъбаи мониторинги интихоботии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Юлия Анисимова ва ташхисгари ин созмон Станислав Ткаченко барои оғози кори назорати раванди интихоботи 11 октябр дар Тоҷикистон бо Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ дидору гуфтугӯ намуданд. Дар ин бора “Ховар” бо такя ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар мулоқоти намояндагони нозирони ИДМ бо мақомоти тоҷик масоили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, равандҳои интихоботӣ, имкониятҳои ҳизбҳои сиёсӣ, нақшаву барномаҳои номзадҳо, мавқеи ҳизбҳо доир ба вазъияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва муносибатҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни мулоқот Саидмурод Фаттоҳзода гуфтааст,

“имконоти воситаҳои ахбори омма ба таври шаффофу баробар дар ихтиёри номзадҳо қарор дошта, ҳеҷ монеае барои ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди таблиғоти интихоботӣ вуҷуд надорад”.

Гуфта мешавад, ки намояндагони нозирони ИДМ Юлия Анисимова ва Станислав Ткаченко ҳамзамон бо номзадҳои интихоботи президентӣ Рустам Қудратов ва Рустам Латифзода мулоқот намуданд.

Акс: parlament.tj

Аммо гурӯҳи нозирони байналмиллалӣ, ки аз САҲА иборат аст, чанде пеш дафтари матбуоти он дар Душанбе хабар дода буд, ки то рӯзи 13 сентябр даъватномаи расмие аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон барои назорати интихоботи 11 октябр дастрас накардааст, аммо  як рӯз пас аз нашри ин хабар рӯзи 14 сентябр иттилоъ дод, ки номаи расмиро дарёфт карда ва барои интихоби нозирон корро шуруъ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки 11 октябри соли равон дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад, ки дар он 5 номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ иштирок мекунанд. Дар рафти пешбарии номзадҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҲСДТ номзад пешниҳод накард ва интихоботро таҳрим кард.

Инчунин номзади худпешбар Фаромуз Иргашов, як ҳуқуқшиноси ҷавон аз шаҳри Хоруғ низ ба сабаби кам имзо ҷамъ кардан аз ин маърака берун рафт. Ҳамзамон Саидҷаъфар Усмонзода бо вуҷуди он ки имзоҳои лозимаро ҷамъоварӣ намуда буд, аммо бо сабабҳи номаълум аз иштирок дар интихобот ҳамчун номзад маҳрум шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Dushanbe Expo 2025: Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии саёҳӣ шуд

Имрӯз, 18 сентябри соли 2025, дар маҷмааи «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид.

Афзоиши рейди муҳоҷирон дар Русия

ОМОН-и Русия дар яке аз хобгоҳҳои наздикии метрои Строгинои Маскав беш аз 500 муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро тафтиш кардаанд.

Ҷузъиёти куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ шаби 5 ба 6-уми сентябр як куштори ваҳшиёнае рух дод, ки Тоҷикистонро такон дод.

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.