25.9 C
Dushanbe

Нархи иҷораи китобҳои дарсӣ дар мактабҳои Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо интишори нархномаи иҷораи китобҳои дарсӣ дар мактабҳо гуфтааст, ки нархи иҷораи “Таърихи халқи тоҷик” аз ҳама зиёдтар аст.

Имрӯз, 30-уми августи соли 2022, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нархномаи иҷораи китобҳои дарсӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро нашр кард ва танҳо маблағҳои гардони китобҳои синфи 1-умро зиёда аз 12 миллион сомонӣ ташкил медиҳад.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ин нархномаи худ номгӯи 68 китобро барои синфҳои 1 то 11 ва аз фанҳои мухталиф зикр кардааст, ки арзонтарин китоби дарсӣ яке аз чопҳои китоби “Ботаника” дар синфи 6 аст. Нархаш 7,72 сомонӣ ва қимати иҷораи солонаи он дар соли аввали 2,62 сомонӣ ва дар солҳои 2 ва 3 2,55 сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Аммо чопи дигари ин китоб 24,97 сомонӣ ва қимати иҷорааш ҳам аз 8, 49 оғоз мешавад.

Инчунин дар ин нархнома қимати аз ҳама баланди иҷораро асосан китоби дарсии “Таърихи халқи тоҷик” ба забони русӣ барои синфи 8 ишғол кардааст. Нархи “Таърихи халқи тоҷик” 56,10 сомонӣ ва иҷораи он дар соли аввал 19,07 сомонӣ ва дар солҳои 2 ва 3 18,51 сомонӣ гуфта шудааст. Дар ҷои дуюм китоби “Адбиёти тоҷик” барои синфи 11 аст, ки нархаш 35, 20 ва қимати иҷораи он дар соли аввали хониш 11,97 сомонӣ ва дар ду соли баъдӣ 11,62 нархгузорӣ шудааст.  

Дар ин нархнома таъкид шудааст, ки тибқи банди 8 “Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимӣ”, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоташон ба забони тоҷикӣ маблағи китобҳои дарсӣ барои синфи 1-ум пурра, яъне яклухт пардохт мешавад.

Дар ин феҳристи китобҳои дарсии ба иҷорадодашавандаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои синфҳои 1-ум се китоб: Алифбо (22 сомонӣ ва 36 дирам), Суруд ва мӯсиқӣ (18 сомонӣ ва 87 дирам) ва Санъат ва меҳнат (16 сомонӣ ва 25 дирам) ном бурда шудааст, ки дар маҷмуъ маблағи онҳо 57 сомониву 48 дирам арзёбӣ шудааст.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 3940 мактаб фаъолият мекунад ва дар онҳо 2 миллиону 195 ҳазору 619 хонанда дарс мехонанд ва танҳо касоне, ки имсол ба синфи 1 мераванд, теъдодашон зиёда аз 200 ҳазор нафар аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.